Jump to content

Мунозираи Имом Ризо бо Ҷосалиқ

Аз wikishia

Мунозираи Имом Ризо бо Ҷосалиқи насронӣ (форсӣ: مناظره امام رضا با جاثلیق نصرانی) гуфтугӯи каломӣ аст, ки дар он аз мавзуъҳое чун нубуввати Пайғамбари Ислом (с) ва башар будани ҳазрати Исо баҳс шудааст. Ин гуфтугӯ дар ҷалсае сурат гирифт, ки дар он бо хоҳиши Маъмун халифаи аббосӣ, олимон ва мутакаллимони адиёни яҳудӣ, насронӣ, зардуштӣ ва собеӣ бо Имом Ризо (а) мунозира карданд.

Ҳадиси ин мунозира аввал дар китобҳои "Тавҳид" ва "Уюну ахбор-ир-Ризо", навиштаи Шайх Садуқ омадааст. Ба ривояти Ҳасан ибни Муҳаммад Навфалӣ, Имом Ризо (а) бар асоси Инҷил, китоби динии насоро, бар нубуввати ҳазрати Муҳаммад (с) истидлол мекунад. Ҳамчунин бо истинод ба Инҷил, иброз мекунад, ки Исо Худо нест ва башар аст.

Бар асоси ин ривоят, Ҷосалиқ дар ин мунозира шикаст мехӯрад ва посухе барои ишколоти Имом Ризо (а) пайдо намекунад.

Заминаи ташаккул

Мунозираи Имом Ризо (а) бо Ҷосалиқ, дар ҳадисе омадааст, ки дар он ӯ бо олимон ва мутакаллимони насронӣ, яҳудӣ, зардуштӣ ва собеӣ мунозира кардааст.[1] Ба гузориши Ҳасан ибни Муҳаммад Навфалӣ, мунозира бо хоҳиши Маъмун халифаи аббосӣ ташаккул ёфтааст. Ҳангоме ки Имом Ризо (а) аз Мадина ба Марв назди Маъмун меравад, Маъмун аз олимон ва мутакаллимони адиёни гуногун хоҳиш мекунад, ки ҷамъ шаванд ва бо Имом Ризо гуфтугӯи каломӣ кунанд.[2] Навфалӣ ҳадафи Маъмун аз баргузории ин ҷалсаро озмудани Имом Ризо иброз кардааст.[3]

Ҷосалиқи бузурги насороҳо аввалин касе аст, ки дар ин ҷалса бо Имом Ризо (а) мунозира мекунад. Ғайр аз ӯ, Раъсулҷалут (бузурги яҳудиён), бузургони собиён, Ҳирбиз (бузурги зардуштиён) ва Имрон Собӣ низ дар ҷалса ҳозиранд ва мунозира мекунанд.[4]

Равиши Имом Ризо (а) ва эҳтироми озодии баён

Дар оғози мунозира, Ҷосалиқ ба Маъмун, ки аз ӯ хоҳиш мекунад мунозираро оғоз кунад, мегӯяд: «Бо назардошти он ки ман китоби динии шумо ва пайғамбари шуморо қабул намекунам, чӣ гуна бо ӯ мунозира кунам?» Имом Ризо (а) ҷавоб медиҳад, ки дар баҳс бо ӯ ба Инҷил, китоби динии насоро, истинод хоҳад кард ва Ҷосалиқ қабул мекунад, ки дар ин ҳолат онро рад накунад.[5] Ба ин тартиб, Имом Ризо дар ин гуфтугӯ дар бисёр мавридҳо аз Инҷил барои дурустии суханҳояш шаҳодат меорад.[6] Имом Ризо (а) дар маҷлиси мунозира расман эълон кард, ки ҳар кас мухолифи Ислом аст ва ҳар саволе дорад, бидуни тарсу ваҳм ва бо назардошти мавқеияти худ (ки дар дарбори Маъмун ва валиъаҳди ӯ аст), саволашро пешниҳод кунад.[Ёддошт 1] Ҳамин итминонбахшие, ки Имом ба мухолифон дод, сабаб шуд, ки онҳо низ бо хотири оcӯда саволҳояшонро пешниҳод карданд ва худашон низ таъкид карданд, ки агар ин кафолати Имом набуд, онҳо саволе пешниҳод намекарданд.</nowiki>[7] Аз нуқтаҳои муҳимми дигар дар мунозираҳои Имом Ризо (а) бо мухолифон ва соҳибназаронҳои гуногун, идома додани баҳс то расидан ба натиҷа ва нимкор ва нопурра раҳо накардани баҳс аст, то он ҷое ки ҳатто агар муваққатан мунозира барои иқомати намоз қатъ шуда бошад, фавран пас аз намоз идома ёфтааст.[8]

Мавзуъ

Дар гуфтугӯи байни Имом Ризо (а) ва Ҷосалиқ, баҳс асосан дар бораи ду масъала аст: яке исботи нубуввати ҳазрати Муҳаммад (с) ва дигаре ин масъала, ки ҳазрати Исо Худо аст ё башар. Миёни ин ду баҳс, аз масъалаҳое чун шумори ҳавориёни ҳазрати Исо[9] ва гум шудани нусхаи аслии Инҷил низ сухан рафтааст.[10]

Имом Ризо (а) барои исботи нубуввати Пайғамбари Ислом, ибораҳое аз Инҷил ва Тавротро шаҳодат меорад, ки дар онҳо ба омадани пайғамбаре бо нишонаҳои ҳазрати Муҳаммад (с) башорат дода шудааст. Масалан, мегӯяд дар Инҷил омадааст, ки Яҳёи Дайламӣ гуфт: «Масеҳ маро бо дини Муҳаммади арабӣ огоҳ кард ва башорат дод, ки пас аз ӯ хоҳад омад ва ман низ ба ҳавориён башорат додам ва онҳо ба ӯ имон оварданд».[11] Ҳамчунин Исо дар Инҷил гуфтааст: «Ман ба сӯйи Худои шумо ва Худои худ хоҳам рафт ва Фориқлито хоҳад омад».[12]

Дар ишкол ба ин боварии насороҳо, ки Исо Худо аст, ду истидлол пешниҳод мекунад:

Яке он ки агар Исо Худо мебуд, набояд намоз мехонд ва рӯза мегирифт; зеро ибодатҳои Исо бо ин савол рӯбарӯ мешавад, ки касе, ки Худо аст, барои кӣ намоз мехонад ва рӯза мегирад.[13]

Истидлоли дуввум ба ин сухани Ҷосалиқ нигаронида шудааст, ки мегӯяд Исо ба ин далел Худо аст, ки мурдагонро зинда мекард ва кӯрон ва гирифторони писиро шифо медод.[14] Имом Ризо ишкол мекунад, ки пайғамбарони дигар низ чунин кардаанд. Пас онҳоро низ бояд Худо донист; ҳол он ки насороҳо онҳоро Худо намедонанд. Масалан, Ясаъ низ мурдагонро зинда мекард ва кӯрон ва гирифторони песиро шифо медод. Ҳамчунин Ҳизқили набӣ низ 35 ҳазор нафарро шаст сол пас аз маргашон зинда кард.[15]

Натиҷа

Ба гузориши ровии ҳадис, Ҷосалиқ дар чанд ҷои ин гуфтугӯ посухе барои ишколоти Имом Ризо (а) пайдо намекунад ва сокит мемонад. Масалан, он ҷое ки Имом Ризо (а) мепурсад: «Агар Исо Худо мебуд, барои кӣ намоз мехонд ва рӯза мегирифт?», Ҷосалиқ сокит мемонад ва посуҳ намедиҳад.[16]

Ҳамчунин, вақте ки Имом Ризо (а) аз Инҷил бар нубуввати Пайғамбари Ислом (с) ва башар будани Исо шаҳодат меорад, Ҷосалиқ аз ӯ иҷозат мехоҳад, ки ба ин савол посуҳ надиҳад.[17] Дар охири мунозира низ Ҷосалиқ ба Имом Ризо мегӯяд: «Фаҳмида намешуд, ки дар байни олимон ва мутакаллимони мусулмон касе монанди Имом Ризо вуҷуд дошта бошад».[18]

Манбаъҳои ҳадис

Матини мунозира бори аввал дар китобҳои "Тавҳид"[19] ва "Уюну ахбор-ир-Ризо",[20] навиштаи Шайх Садуқ (305-381ҳ.қ.) ривоят шудааст. Дар "Иҳтиҷоҷ", навиштаи Аҳмад ибни Алӣ Табарсӣ (зиста дар қарни шашум ҳиҷрӣ) хулосаи он омадааст.[21] Аллама Маҷлисӣ низ дар "Биҳор-ул-анвор" ҳадисро аз ду китоби "Тавҳид"-и Садуқ ва "Уюну ахбор-ир-Ризо"-и Шайх Садуқ ривоят кардааст.[22]

Эътибори санди ҳадис

Риҷолшиносон дар хусуси силсилаи ровиёни ин ҳадис ихтилофи назар доранд. Гурӯҳе ҳамаи онҳоро сиқа донистаанд ва касоне дигар баъзе аз онҳоро ғайрисиқа ҳисоб кардаанд.[23] Илова бар ин, санади ҳадис "мурсал" аст; яъне баъзе аз афроди силсилаи ровиёнаш зикр нашудаанд. Аз ин рӯ, ҳадисро аз ҷиҳати санад заиф меҳисобанд.[24] Бо вуҷуди ин, баъзе бар ин боваранд, ки ин ҳадис "заифи мақбул" аст; яъне ҳарчанд дар санад заиф аст, аммо бар асоси он амал мешавад; зеро олиме боэътимод монанди Садуқ онро ривоят кардааст ва ӯ танҳо ривоятҳоеро нақл мекард, ки ба содир шуданашон аз маъсум итминон дошт.[25]

Матн ва тарҷумаи мунозира

Маъмун рӯ ба Ҷосалиқ карда гуфт: Эй Ҷосалиқ, ин шахс Алӣ ибни Мусо ибни Ҷаъфар, писарамаки ман ва аз насли Фотима, духтари Паёмбарамон ва Алӣ ибни Абӯтолиб (салом ва дуруди Худо бар онҳо бод) мебошад. Мехоҳам бо ӯ гуфтугӯ кунӣ, баҳс намоӣ, далел биёварӣ ва инсофро риоя кунӣ. Ҷосалиқ гуфт: Эй амири муъминон, чӣ гуна бо касе баҳс кунам, ки ба китобе истинод мекунад, ки ман онро қабул надорам ва ба сухани Паёмбаре истидлол мекунад, ки ман ба ӯ имон надорам? Ҳазрат фармуданд: Эй марди насронӣ, агар ман аз Инҷил бароят далел биёварам, оё мепазирӣ? Ҷосалиқ гуфт: Оё метавонам он чиро, ки дар Инҷил омадааст, инкор намоям? Ба Худо савганд, ҳатто агар нохоҳам ҳам, онро мепазирам. Ҳазрат фармуданд: Пас, ҳар чизе ки мехоҳӣ, бипурс ва ҷавобатро бигир. Ҷосалиқ пурсид: Дар бораи пайғамбарии Исо ва китоби ӯ чӣ назар дорӣ? Оё онро инкор мекунӣ? Ҳазрат фармуданд: Ман ба пайғамбарии Исо ва китоби ӯ ва ба он чи ки умматашро ба он башорат дода ва ҳаввориён низ онро пазируфтаанд, имон дорам. Аммо ба ҳар Исое, ки ба пайғамбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва китоби ӯ имон наёварда ва уммати худро ба ӯ башорат надода бошад, кофир ҳастам. Ҷосалиқ гуфт: Магар ҳар ҳукме ба ду шоҳиди одил ниёз надорад? Ҳазрат фармуданд: Бале. Ҷосалиқ гуфт: Пас, ду шоҳиди одил аз ғайри ҳаммазҳабони худ, ки масеҳиён низ онҳоро мепазиранд, муаррифӣ кун ва ҳамчунин аз мо низ ду шоҳиди одил аз ғайри ҳаммазҳабонамон бихоҳ. Ҳазрат фармуданд: Акнун суханат ба инсоф наздик шуд. Оё шахси одилеро, ки назди ҳазрати Масеҳ мақому манзилате дошт, қабул дорӣ? Ҷосалиқ гуфт: Ин шахси одил кист? Номи ӯро бигӯ. Ҳазрат фармуданд: Дар бораи Юҳаннои Дайлмӣ чӣ мегӯӣ? Ҷосалиқ гуфт: Офарин! Аз маҳбубтарин афрод назди Масеҳ ном бурдӣ. Ҳазрат фармуданд: Туро ба Худо савганд, оё дар Инҷил чунин наомада, ки Юҳанно гуфтааст: «Масеҳ маро ба дини Муҳаммади Араб огоҳ кард ва башорат дод, ки пас аз ӯ хоҳад омад ва ман низ ба ҳаввориён башорат додам ва онҳо ба ӯ имон оварданд»? Ҷосалиқ гуфт: Бале, Юҳанно чунин суханеро аз Масеҳ нақл кардааст ва башорат ба нубуввати марде дода, инчунин аҳли байт ва васии ӯро ёдовар шудааст, вале муайян накардааст, ки ин воқеа чӣ вақт рӯй медиҳад ва онҳоро ба таври ошкор барои мо муаррифӣ нанамудааст, то онҳоро бишносем. Ҳазрат фармуданд: Агар касеро, ки метавонад Инҷилро бихонад, дар ин ҷо ҳозир кунам ва ӯ бароят матолиби марбут ба Муҳаммад ва аҳли байти ӯ ва уммати ӯро тиловат кунад, оё имон меоварӣ? Ҷосалиқ гуфт: Ин сухани хубест. Ҳазрат ба Настосси Румӣ фармуданд: То чӣ андоза «Сифри севум»-и Инҷилро аз ёд медонӣ? Гуфт: Тамоми онро аз ёд медонам. Сипас рӯ ба Раис-ул-яҳуд (сардори яҳудиён) карда, фармуданд: Оё Инҷилро хондаӣ? Гуфт: Бале. Ҳазрат фармуданд: Ман «Сифри севум»-ро мехонам. Агар дар он ҷо чизе дар бораи Муҳаммад ва аҳли байти ӯ (салом ва дуруди Худо бар онҳо) ва ҳамчунин уммати ӯ бошад, шаҳодат диҳед, ва агар чизе дар ин бора набошад, шаҳодат надиҳед. Сипас ҳазрат ба қироати «Сифри севум» оғоз карданд ва вақте ба матолиби марбут ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) расиданд, таваққуф намуда, фармуданд: Туро ба ҳаққи Масеҳ ва модараш савганд медиҳам, оё донистӣ, ки ман ба Инҷил огоҳ ҳастам? Гуфт: Бале. Сипас ҳазрат матолиби марбут ба Муҳаммад, аҳли байти ӯ ва уммати ӯро тиловат карданд. Гуфт: Ҳоло чӣ мегӯӣ? Гуфт: Ин айнан сухани Масеҳ (алайҳиссалом) аст. Ҳазрат фармуданд: Агар матолиби Инҷилро такзиб кунӣ, пас Мусо ва Исоро (алайҳимассалом) низ такзиб кардаӣ. Ва агар инро инкор кунӣ, қатлат воҷиб аст, зеро ба Худо, Паёмбар ва китоби худ кофир шудаӣ. Шумо, ки Исоро Худо медонед, бояд Ясаъ ва Ҳизқиёлро низ Худо бидонед, зеро онҳо низ монанди Исо мурдагонро зинда мекарданд ва дигар муъҷизоти ҳазрати Исоро анҷом медоданд. Ҳазрат идома доданд: Ҳамчунин гурӯҳе аз Банӣ Исроил, ки шумораашон ба ҳазорон нафар мерасид, аз тарси тоъун аз шаҳри худ хориҷ шуданд, вале Худо дар як лаҳза ҷони онҳоро гирифт. Аҳли он шаҳр атрофи онҳо ҳасоре кашиданд ва он мурдагонро ба ҳамон ҳол раҳо карданд, то устухонҳояшон пӯсид. Паёмбаре аз паёмбарони Банӣ Исроил аз он ҷо мегузашт. Аз касрати устухонҳои пӯсида тааҷҷуб кард. Худованд азза ва ҷалла ба ӯ ваҳй намуд, ки: Оё дӯст дорӣ онҳоро барои ту зинда кунам, то онҳоро инзор кунӣ ва дини худро таблиғ намоӣ? Гуфт: Бале. Худованд ваҳй намуд, ки онҳоро садо бизан! Он пайғамбар низ чунин нидо кард: Эй устухонҳои пӯсида, ба иҷозати Худо бархезед! Ҳама зинда шуданд ва дар ҳолате, ки хокҳоро аз сари худ метаконанд, бархостанд. Ҳазрати Иброҳим (халилурраҳмон) низ он замон паррандагонро гирифт, онҳоро пора-пора кард ва ҳар қисмашонро бар кӯҳе гузошт. Сипас онҳоро фаро хонд ва онҳо зинда шуда, ба сӯи ӯ ҳаракат карданд. Ҳамчунин ҳазрати Мусо ибни Имрон (алайҳиссалом) ва ҳафтод нафар ҳамроҳонаш, ки аз миёни Банӣ Исроил баргузида буданд, ба кӯҳ рафтанд ва гуфтанд: Ту Худоро дидаӣ, ӯро ба мо низ нишон деҳ! Ҳазрат гуфтанд: Ман ӯро надидаам. Аммо онҳо исрор карда, гуфтанд: "ЛАН НУЪМИНА ЛАКА ҲАТТО НАРОЛЛОҲА ҶАҲРАТАН" (Мо суханони туро тасдиқ намекунем, магар он ки Худоро ошкоро бубинем.) (Бақара, 55) Дар натиҷа, соиқае (барқе) бар онҳо фуруд омад ва ҳамаи онҳоро сӯзонд ва нобуд сохт. Мусо танҳо монд ва ба Худо арз намуд: Худоё, ман ҳафтод нафарро аз миёни Банӣ Исроил интихоб кардам ва бо худ овардам. Ҳоло танҳо бармегардам. Чӣ гуна имкон дорад, ки қавмам суханони маро дар бораи ин воқеа бипазиранд? Агар мехостӣ, ҳам ман ва ҳам онҳоро пеш аз ин ҳалок мекардӣ. Оё моро ба сабаби амали беақлона (ҷоҳилона)-и баъзеҳо нобуд месозӣ? (Мазмуни ояти 155 сураи Аъроф) Худованд низ пас аз маргашон онҳоро зинда намуд. Сипас ҳазрат идома доданд: Ҳеҷ як аз мавридҳое, ки барои ту зикр кардам, рад карда наметавонӣ, зеро ҳамаи онҳо мазмуни оятҳои Таврот, Инҷил, Забур ва Қуръон мебошанд. Агар ҳар касе, ки мурда зинда мекунад, нобино ва мубтало ба песиро шифо медиҳад, Худо бошад, пас инҳоро низ Худо бидон! Ҳоло, чӣ мегӯӣ? Ҷосалиқ гуфт: Бале, сухан, сухани шумост ва маъбуде нест, ҷуз Аллоҳ! Сипас ҳазрат рӯ ба Раис-ул-яҳуд карда, фармуданд: Туро ба даҳ ояте, ки бар Мусо ибни Имрон нозил шуд, савганд медиҳам, ки оё хабар дар бораи Муҳаммад ва умматаш дар Таврот вуҷуд дорад? (Ва он хабар чунин аст:) "Он замон, ки уммати охирон, пайравони он шутурсавор, биёянд ва Худовандро бисёр, бисёр тасбеҳ гӯянд; тасбеҳе ҷадид дар маъбадҳои нав. Дар он замон, Банӣ Исроил бояд ба сӯи онҳо ва ба сӯи подшоҳи онҳо равон шаванд, то дилҳояшон ором гирад. Зеро онҳо шамшерҳое ба даст доранд, ки ба василаи онҳо, аз кофирон (муҳорибон) дар ҳар гӯшаи замин интиқом мегиранд." Оё ин матлаб ҳамин гуна дар Таврот мактуб нест? Раис-ул-яҳуд гуфт: Оре, мо низ онро ҳамин гуна дар Таврот ёфтаем. Сипас ҳазрат ба Ҷосалиқ фармуданд: Оё ту бо китоби Шаъё (Ишаъё/Исайё) то чӣ андоза ошно ҳастӣ? Гуфт: Ман онро ҳарф ба ҳарф медонам ва ёд дорам. Ҳазрат фармуданд: Оё қабул доред, ки ин матлаб аз гуфтаҳои ӯст: "Эй мардум, ман симои он шахси савор бар харро дидам, ки либосҳое аз нур бар тан дошт ва он шутурсаворро дидам, ки нураш чун нури моҳ буд!" Он ду посух доданд: Бале, Шаъё чунин чизе гуфтааст. Ҳазрат фармуданд: Оё бо ин гуфтаи ҳазрати Исо (алайҳиссалом) дар Инҷил ошно ҳастӣ: "Ман ба сӯи Худои шумо ва Худои худ хоҳам рафт ва Форқлит (Порқлит, Параклет) хоҳад омад. Ва ӯст, ки ба манфиати ман ва ба ҳақиқат шаҳодат хоҳад дод, ҳамон тавре ки ман барои ӯ шаҳодат додам. Ва ӯст, ки ҳама чизро барои шумо тафсир хоҳад кард. Ва ӯст, ки расвоии умматҳоро ошкор хоҳад кард. Ва ӯст, ки сутуни хаймаи куфрро хоҳад шикаст!" Ҷосалиқ гуфт: Ҳар чизе, ки аз Инҷил бихонед, ман онро қабул дорам. Ҳазрат фармуданд: Оё қабул дорӣ, ки ин матлаб дар Инҷил мавҷуд аст? Гуфт: Бале. Ҳазрат идома доданд: Он замон, ки Инҷили аввалро гум кардед, онро назди чӣ касе ёфтед ва чӣ касе ин Инҷилро барои шумо таълиф намуд? Ҷосалиқ гуфт: Мо танҳо як рӯз Инҷилро гум кардем ва сипас онро тару тоза пайдо кардем. Юҳанно ва Матто онро барои мо пайдо карданд. Ҳазрат ба ӯ гуфтанд: Чӣ қадар ту аз қиссаи Инҷил ва уламои он бехабарӣ! Агар ин матлаб ҳамон тавре бошад, ки ту мегӯӣ, пас чаро дар бораи Инҷил ихтилоф пайдо кардед? Ин ихтилоф дар ҳамон Инҷиле аст, ки имрӯз дар дасти шумост. Агар мисли рӯзи аввал буд, дар он ихтилоф намекардед. Вале ман барои ту матлабро равшан мекунам: Он замон, ки Инҷили аввал гум шуд, масеҳиён назди уламои худ ҷамъ шуданд ва гуфтанд: "Исо ибни Марям кушта шудааст ва Инҷилро низ гум кардаем. Шумо уламо чӣ назди худ доред?" Алуқо ва Марқабӯс гуфтанд: Мо Инҷилро аз ёд медонем ва ҳар рӯзи якшанбе як сафҳа аз онро барои шумо хоҳем овард. Ғамгин нашавед ва калисоҳоро холӣ нагузоред. Ҳар якшанбе, як сафҳа аз онро барои шумо мехонем, то тамоми Инҷил ҷамъоварӣ шавад. Сипас Алӯқо, Марқабӯс, Юҳанно ва Матто нишаста, Инҷилро пас аз гум шудани Инҷили аввал барои шумо навиштанд. Ин чор нафар шогирдони шогирдони нахустин буданд. Оё ин матлабро медонистӣ? Ҷосалиқ гуфт: То имрӯз инро намедонистам. Имрӯз, ба баракати огоҳии шумо нисбат ба Инҷил, ин масъала бароям равшан шуд. Ва дигар маъориферо, ки шумо медонистед, аз шумо шунидам. Дилам шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҳақ ҳастанд. Аз суханони шумо бисёр истифода бурдам. Ҳазрат фармуданд: Ба назари ту, шаҳодати инҳо чӣ гуна аст? Ҷосалиқ гуфт: Шаҳодати инҳо комилан қобили қабул аст. Инҳо уламои Инҷил ҳастанд ва ҳар чиро тасдиқ кунанд ва ба он шаҳодат диҳанд, ҳақ аст. Ҳазрат ба Маъмун, аҳли байт ва дигар ҳозирон фармуданд: Шумо шоҳид бошед! Ҳама гуфтанд: Мо шоҳидем! Сипас ҳазрат ба Ҷосалиқ фармуданд: Туро ба ҳаққи писар (Исо алайҳиссалом) ва модараш (Марям алайҳассалом) савганд медиҳам, оё медонӣ, ки: Матто гуфтааст: Масеҳ фарзанди Довуд ибни Иброҳим ибни Исҳоқ ибни Яъқуб ибни Яҳудо ибни Хизрон аст ва Марқабӯс дар бораи насаби Исо ибни Марям (алайҳимассалом) гуфтааст: Ӯ "Калима" (Калом)-и Худост, ки Худованд ӯро дар ҷасади инсонӣ қарор дод ва ба сурати инсон даромад." Алӯқо гуфтааст: "Исо ибни Марям (алайҳимассалом) ва модараш инсонҳое буданд аз гӯшт ва хун, ки Руҳулқудс дар онҳо ҳулул кард." Ва ҳамчунин қабул дорӣ, ки Исо дар бораи худ чунин гуфтааст: "Эй ҳаввориён, ба ростӣ ва садоқат барои шумо мегӯям: Ҳеҷ кас ба осмон нахоҳад рафт, магар он ки аз он фуруд омада бошад, магарам он шутурсавор, Хатамуланбиё, ки ӯ ба осмон сууд мекунад ва фуруд меояд." Назари ту дар бораи ин сухан чист? Ҷосалиқ гуфт: Ин сухани Исо аст ва мо онро инкор намекунем. Ҳазрат фармуданд: Назари ту дар бораи шаҳодат ва гувоҳии Алӯқо, Марқабӯс ва Матто дар бораи Исо ва насаби ӯ чист? Ҷосалиқ гуфт: Ба Исо туҳмат бастаанд! Ҳазрат ба ҳозирин фармуданд: Оё ҳамин ҳозир покӣ ва садоқати онҳоро тасдиқ накард ва нагузошт, ки онҳо уламои Инҷил ҳастанд ва суханашон ҳақ аст? Ҷосалиқ гуфт: Эй донишманди мусалмонон, мехоҳам маро дар бораи ин чор нафар муъоф дорӣ! Ҳазрат фармуданд: Қабул аст, туро муъоф кардем. Ҳоло ҳар чӣ мехоҳӣ, суол кун! Ҷосалиқ арз кард: Беҳтар аст дигарӣ суол кунад. Ба ҳаққи Масеҳ савганд, гумон намекардам, ки дар миёни уламои мусалмонон шахсе мисли шумо вуҷуд дошта бошад! [26]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.417-441; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154-175
  2. Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.417-418; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154-155
  3. Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.419; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.155
  4. Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.417-441; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154-175
  5. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.156
  6. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.157-163
  7. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, ҷ.1, саҳ.168; 1404ҳ.қ., 1984м, ҷ.2, саҳ.150
  8. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, ҷ.1, саҳ.172
  9. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.158
  10. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.162-163
  11. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.157
  12. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.162
  13. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.159
  14. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.159
  15. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.159
  16. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.159; Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.421
  17. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.163-164; Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.426-427
  18. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.164; Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.427
  19. Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.417-441
  20. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154-175
  21. Табарсӣ, Ал-Иҳтиҷоҷ, 1403қ, ҷ.2, саҳ.415-425
  22. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403қ, ҷ.10, саҳ.299-318
  23. Қоидон, «Баррасӣ ва таҳлили санади мунозироти Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», саҳ.112-113, 116-125
  24. Қайдон, «Баррасӣ ва таҳлили санади мунозироти Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», саҳ.126
  25. Қайдон, «Баррасӣ ва таҳлили санади мунозироти Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», саҳ.126
  26. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.156-164. Шайх Садуқ, Тарҷумаи Уюну ахбор-ир-Ризо, 1372ш, саҳ.317-332.

Ёддошт

  1. فَقَالَ الرِّضَا(ع)يَا قَوْمِ إِنْ كَانَ فِيكُمْ أَحَدٌ يُخَالِفُ الْإِسْلَامَ وَ أَرَادَ أَنْ يَسْأَلَ فَلْيَسْأَلْ غَيْرَ مُحْتَشِمٍ ف

Сарчашма

  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анворул-ҷомеъати ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Иҳтиҷоҷ ала аҳл-ил-лаҷоҷ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммадбоқир Хирсон, Машҳад, Нашри Муртазо, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Тарҷумаи Уюну ахбор-ир-Ризо, тарҷумаи Алиакбар Ғаффорӣ ва Ҳамидризо Мастафид, Теҳрон, Нашри Садуқ, чопи аввал, 1372ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо, таҳқиқ ва тасҳеҳи Маҳдӣ Лоҷурдӣ, Теҳрон, Нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тавҳид, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳошим Ҳусайнӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1398ҳ.қ.
  • Қойидон, Асғар ва дигарон, «Баррасӣ ва таҳлили санади мунозироти Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», дар Пажӯҳишҳои Қуръон ва Ҳадис, №1, 1397ҳ.ш.