Ояти нафси мутмаинна

Аз wikishia
Ояти нафси мутмаинна
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОяти нафси мутмаинна
Воқеъ дар сураиФаҷр
Шумораи оят27-30
Ҷузъ30
Макони нузулМакка
Дар бораиНафси мутмаинна


Ояти нафси мутмаинна (арабӣ: آية النفس المطمئنة) ё оятҳои нафси мутмаинна чаҳор ояти поёнии сураи Фаҷр аст, ки дар онҳо вижагиҳое барои нафси мутмаинна баён ва муждаи вуруд ба биҳишт ба соҳиби он нафс дода шудааст.

Олимони мусулмон нафси мутмаиннаро инсоне медонанд, ки дар имони ба Худо ба яқин ва оромиш расидааст ва ба гуноҳ гароиш надорад. Розия ва марзия ду хусусияти ин нафас ҳастанд: розия ба ризояти ӯ аз аҷрҳои илоҳӣ ё ризояти ӯ аз қазову қадари Илоҳӣ ва марзия ба ризояти Худованд аз нафси мутмаинна маъно шуда аст.

Бар асоси ривоёти мухталиф, Имом Алӣ (а), Имом Ҳусайн (а) ва шиъаён аз масодиқи нафси мутмаинна ба ҳисоб меоёнд.

Матн ва тарҷумаи оят

Оёти 27 то 30 сураи Фаҷр ба оят ё оятҳои Нафси мутмаинна шинохта мешаванд:

Таърифи Нафси мутмаинна

Навиштори аслӣ: Нафси мутмаинна

Нафси мутмаинна(арабӣ:نفْس مُطمَئِنّه)-ро ҳолате аз нафс таъриф кардаанд, ки дар он, инсон оромиш дорад ва ба самти гуноҳ намеравад.[1] Олимони мусулмон маротиб ва ҳолоте барои нафс дар назар гирифтаанд, ки поёнтарини он, нафси аммора аст ва дар он, инсон ба гуноҳ гароиш дорад. Рутбаи болотар аз он, нафси лаввома аст, ки агар кори баде анҷом диҳад, пушаймон мешавад ва худро сарзаниш мекунад. Болотарин мартабаи нафс низ нафси мутмаинна аст.[2]

Тафсир

Муффасирон манзур аз «Нафси мутмаинна» дар ояти 27 сураи Фаҷрро муъминоне донистаанд, ки ба яқину тумаънина (оромиш) расидаанд ва шакке дар имонашон роҳ надорад.[3] Аллома Таботабоӣ нафси мутмаиннаро касе медонад, ки бо такя бар Худо ба оромиш расида, ба ризои Худо розӣ аст ва фарозу фуруди зиндагӣ таъсире бар ӯ надорад. Чунин фарде дар убудийят комил аст ва аз сироти мустақим мунҳариф намешавад.[4]

Тафсири Маҷмаъ-ул-баён, нафси мутмаиннаро нафсе оромёфта дар партави имон медонад, ки ба мартабаи имон ва яқин расида аст ва подошу барангехта шудан дар қиёматро тасдиқ мекунад ва онро ҳақиқати имон дониста аст.[5] Аз дидгоҳи имом Хумайнӣ нафси мутмаинна, яъне нафсе, ки ҳеҷ хоҳише надорад.[6]

Табарсӣ дар Маҷмаъ-ул-баён «розия» ва «марзия»-ро ба тартиб ингуна маъно карда аст: соҳиби нафси мутмаинна аз подоши Худо розӣ ва Худо низ аз аъмоли ӯ розӣ аст.[7] Аллома Таботабоӣ ҳам гуфта нафси мутмаинна аз ин ҷиҳат ба «розия» ва «марзия» муттасиф шуда аст, ки итминон ба Худо мӯҷиби ризояти нафс аз қазову қадар мешавад. Бинобарин, ҳеҷ рӯйдоди баде ӯро хашмгин намекунад ва ба гуноҳ олуда намешавад. Ба ҳамин далел ҳам «марзия», яъне мавриди ризояти Худо мешавад; чароки Худо замоне ба касе хашм мегирад, ки аз убудийяту бандагӣ хориҷ шавад.[8]

Бино бар тафсири Намуна, таъбири «розия» нишон медиҳад, ки инон ҳамаи ваъдаҳои Худоро таҳаққуқёфта мебинанд ва ба он ризоят доранд. Ин, мақоми ризо ва таслими комилро нишон медиҳад; мақоме, ки дар он, дар роҳи Худо аз ҳама чиз мегузаранд. «Марзия» ҳам ба ин маъно аст, ки инон низ мавриди ризояти Худованд қарор гирифтаанд.[9]

Бархе гуфтаанд хитоби Худо ба нафси мутмаинна, «ارْجِعِي إِلَىٰ رَبِّكِ» (ба сӯи Парвардигорат бозгард), дар рӯзи қиёмат аст, ки муъминон мехоҳанд вориди биҳишт шаванд. Касоне ҳам бар ин боваранд, ки ин хитоб ҳангоми марг сурат мегирад.[10] Аллома Таботабоӣ назари дувумро пазируфта аст.[11] Ҳамчунин аз дидгоҳи ӯ, «فَادْخُلِي فِي عِبَادِي» нишон медиҳад, ки нафси мутмаинна ба мақоми убудийяти комил расида аст; яъне мақоме, ки дар он ҷуз ончи Худо мехоҳад, чизеро ирода намекунад.[12] Ба гуфтаи ӯ дар иборати «وَادْخُلِي جَنَّتِي» (ва ба биҳишти ман вориди шав), такрими хоссе ба кор рафта аст; чун танҳо ояти Қуръон аст, ки Худо дар он, биҳиштро ба худ нисбат додааст.[13]

Тафсири ривоии нафси мутмаинна

Дар китобҳои тафсирии ривоии ва дигар китобҳои ҳадисӣ, масодиқе барои ояти Нафси мутмаинна баён шудааст. Тибқи ҳадисе аз Имом Содиқ (а) дар тафсири Фуроти Кӯфӣ[14] ва Шавоҳид-ут-танзил,[15] Имом Алӣ (а) мисдоқи ин оят аст. Бар асоси китоби Тафсири Қумӣ, Имом Содиқ (а) мурод аз нафси мутмаиннаро Имом Ҳусайн (а) донистааст.[16] Дар Биҳор-ул-анвор ҳам омадааст сураи Фаҷр сураи Ҳусайн аст; зеро Ҳусайн дорои нафси мутмаинна буд. Дар ин ҳадис ёрони Имом Ҳусайн ҳам мисдоқи розия ва марзия муаррифӣ шудаанд; чароки дар қиёмат, онҳо аз Худо розианд ва Худо ҳам аз онҳо розӣ аст.[17]

Дар китоби Кофии Кулайнӣ ривоят шуда, ки Имом Содиқ (а) оёти нафси мутмаиннаро ин гуна тафсир кардааст: «Эй нафсе, ки ба Муҳаммад ва Аҳли Байташ (а) итминон (яқин) дорӣ, ба сӯи Парвардигорат баргард, дар ҳоле ки ба вилояти Аҳли Байт розӣ ҳастӣ ва бо подоши илоҳӣ розӣ хоҳӣ шуд. Пас дар зумраи бандагони Ман, яъне Муҳаммад ва Аҳли Байташ ворид шав ва ба биҳишт даро!».[18]

Эзоҳ

  1. Мисбоҳи Яздӣ, Оини парвоз, 1399ҳ.ш., саҳ.27.
  2. Мисбоҳи Яздӣ, Оини парвоз, 1399ҳ.ш., саҳ.26 – 27/ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуъаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.595 - 596.
  3. Барои намуна нигоҳ кунед ба Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.742/ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.475 - 477.
  4. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.285.
  5. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.742.
  6. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1378ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.206.
  7. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.742.
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.285.
  9. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.475 - 477.
  10. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.742.
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.285.
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.285 - 286.
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.286.
  14. Фуроти Кӯфӣ, Тафсири Фуроти Кӯфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.555.
  15. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.429.
  16. Қумӣ, Тафсир ал-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.422.
  17. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.93.
  18. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.127 - 128.

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Саҳифаи нур, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1378ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбори аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Оини парвоз, талхиси Ҷавод Муҳаддисӣ, Қум, интишороти Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имоми Хумайнӣ, чопи нуҳум, 1399ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуъаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, 1389ҳ.ш.
  • Табарсӣ, тафсири Маҷмаъ-ул-баён, Дор-ул-маърифат [бе ҷо] [бе то]
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Фуроти Кӯфӣ, Фурот ибни Иброҳим, тафсири Фурот ал-Кӯфӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммади Козим, Теҳрон, Муассисаи чоп ва нашри вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир ал-Қумӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Таййиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, ‏Дор-ул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил лиқавоъид-ит-тафзил, таҳқиқ ва тасҳеҳ: Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Теҳрон, Маҷмаъи эҳёи фарҳанги исломӣ вобаста ба вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1411ҳ.қ.