Ояти 140 сураи Оли Имрон
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | Оли Имрон |
| Шумораи оят | 140 |
| Ҷузъ | 4 |
| Шаъни нузул | Ҷанги Уҳуд |
| Дар бораи | Дилдорӣ ба мусулмонон ва парҳез аз ноумедӣ дар шикастҳо ва талхиҳои рӯзгор |
| Оёти муртабит | Оятҳои 139 • 141 сураи Оли Имрон • ояти 104 Нисо |
Ояти 140 сураи Оли Имрон (форсӣ: آیه ۱۴۰ سوره آلعمران) ба дилдорӣ додани мусулмонон ва тақвияти рӯҳии онон пас аз шикаст дар ҷанги Уҳуд аз мушрикон мепардозад. Дар ин оят бо муқоисаи осебҳои воридашуда ба мусулмонон дар ҷанги Уҳуд ва осебҳои воридашуда ба мушрикон дар ҷанги Бадр, ҳамзамон бо дилдорӣ ба мусулмонон, аз сустӣ, андӯҳ ва ноумедӣ парҳез дода шудааст.
Ин оят ишора ба яке аз сунатҳои Илоҳӣ дорад, ки тибқи он зиндагӣ пур аз фарозу нишеб ва талхию ширинӣ аст. Аз ҷумлаи осори ин сунати Илоҳӣ дил набастани мусулмонон ба лаззатҳои дунёвӣ дониста шудааст ва ин ки имони муъминон бояд мантиқӣ ва аз рӯйи ихлос бошад. Дар қисмати дигари оят, шинохти муъмин аз ғайримуъмин аз дигар осори гардиши рӯзгор дониста шудааст.
Дилдорӣ додан ба мусулмонон пас аз ҷанги Уҳуд
Ояти 140-уми сураи Оли Имронро дар мақоми тасаллӣ ва дилдорӣ додан ба мусулмонон[1] ва тақвияти рӯҳияи онҳо пас аз шикаст дар ҷанги Уҳуд донистаанд.[2] Аллома Таботабоӣ ин оятро сабаби тавсияе медонад, ки дар ояти пешин ба мусулмонон шудааст, ки сустӣ накунед ва андӯгин набошед ва эътиқод дорад, ки ин оят тавассути баён кардани ҳоли муъминон ва душманони онҳо ва баёни баъзе ҳикматҳову маслиҳатҳои гардиши рӯзгор, мусулмононро аз сустӣ ва андӯгин шудан боздоштааст.[3]
Ба нақли Абулфутуҳи Розӣ, аз муфассирони шиа, дар ҷанги Уҳуд ҳафтод ё 75 нафар аз мусулмонон кушта ва ҳафтод нафар маҷрӯҳ шуданд; дар ҷанги Бадр низ ҳафтод нафар аз мушрикон кушта ва ҳафтод нафар асир шуда буданд.[4] Аз ин рӯ, дар ин оят ба мусулмонон тавсия шуда, ки ноумед нашаванд; ва кӯшиш кунанд, ки шикасти худро ҷуброн кунанд.[5]
| “ | «Агар ба шумо захме расидааст, ба он қавм низ захме монанди он расидааст ва мо ин рӯзҳо[-и шикаст ва пирӯзӣ]-ро дар миёни мардум навбат ба навбат мегардонем [то онон панд гиранд] ва Худо касонеро, ки [воқеан] имон овардаанд, маълум медорад ва аз миёни шумо гувоҳоне мегирад ва Худо ситамкоронро дӯст намедорад.» (сураи Оли Имрон, ояти 140) |
” |
Нақл шуда, ки ҳангоме Пайғамбари Акрам (с) аз ҷанги Уҳуд бозгашт, бо занону кӯдаконе рӯ ба рӯ шуд, ки барои кушташудагони худ азодорӣ мекарданд. Дар ин ҳангом, Пайғамбар (с) арз кард: «Худоё, бо пайғамбарат чунин рафтор кунанд!» Сипас ин оят нозил шуд.[6]
Фарозу фуруд зиндагӣ аз суннатҳои Илоҳӣ
Дар бахше аз ояти 140-уми Оли Имрон омадааст, ки рӯзҳо дар миёни мардум ба таври доимӣ дар гардиш ва тағйир аст.[7] Ба назари баъзе муфассирон ин ибора ба яке аз суннатҳои Илоҳӣ ишора дорад, ки зиндагии одамон пур аз фарозу фуруд ва рӯйдодҳои талху ширин мисли шикастҳову пирӯзиҳо аст ва ҳамеша ба коми касони муайяне нест.[8] Аз он ҷо ки фарозу фуруд ва талху шириниҳои зиндагӣ пойдор нест, шикаст дар ҷангро набояд пойдор талаққӣ кард ва бояд бо баррасии омилҳои шикаст дар пайи пирӯзӣ буд.[9] Гуфта шуда, агар бар асари гардиши рӯзгор, ситамгарон ва мушрикон бар муъминон мусаллат шаванд, ин ба хотири нусрат ё муҳаббати Худо ба ситамгарон нест; балки ба хотири баъзе маслиҳатҳо аз ҷумла омурзиши гуноҳҳои муъминон аст.[10]
Илми Худо ба муъминон
Дар ҷумлаи «وَ لِیَعْلَمَ اللَّهُ الَّذِینَ آمَنُوا/валлазина оману» аз илми Илоҳӣ ба афроди муъмин сухан рафта[11] ва гуфта шуда, ки бо гардиши рӯзгор, муъминон аз ғайримуъминон шинохта мешаванд.[12] Аллома Таботабоӣ эътиқод дорад, ки мақсуди ин ҷумла ин аст, ки Худованд гарчи илм ба имони муъминон дорад, аммо ирода кардааст, ки имони онон, ки пинҳон буд, зоҳир шавад. Ӯ бар он аст, ки имони муъминон бар асоси суннати Илоҳӣ ва низоми асбоб ва мусаббабот, тавассути умуру рӯйдодҳо зоҳир мешавад.[13] Баъзе муфассирон гуфтаанд, ин ибора дар садади исботи илми Илоҳӣ нест; балки исботи маълум (имони муъминон) аст.[14] Баъзе муфассирон низ гуфтаанд, мақсуд аз ин ҷумла он аст, ки авлиёи Илоҳӣ муъминонро бишносанд; на ин ки Худо ононро бишносад ва нисбат додани ин огоҳӣ ба Худо, бо ҳадафи бузургдошти авлиё будааст.[15]
Манзур аз "шуҳадо" дар оят
Ҷумлаи «و يَتَّخِذَ مِنْكُمْ شُهَداءَ/ва яттахиза минкум шуҳадо» яке аз натиҷаҳои шикаст дар ҷанги Уҳуд шумурда шудааст.[16] Муфассироне чун Шайхи Тӯсӣ ва Носири Макорими Шерозӣ вожаи «шуҳадо»-ро ба маънии шаҳид ва кушташуда дар роҳи Худо донистаанд.[17] Аз назари Макорими Шерозӣ, яке аз натиҷаҳои ин шикаст ин буд, ки мусулмонон шаҳидоне дар роҳи Ислом доданд, пас бояд таваҷҷӯҳ дошта бошанд, ки Исломро арзон ба даст наовардаанд, то дар оянда арзон аз даст диҳанд.[18] Ба назари Аллома Таботабоӣ, дар Қуръон шаҳид ба маънии кушташуда дар ҷанг наёмадааст. Балки ин истилоҳи наве аст, ки дар ҷомеаи исломӣ роиҷ шудааст.[19] Бар ин асос, ӯ мисли баъзе дигар аз муфассирон, монанди Абулфутуҳи Розӣ, маънии «шуҳадо»-ро гувоҳ ва шоҳид донистааст.[20] Бо ин фарз гуфтаанд, ки Худованд ба хотири қадру манзалати муъминон, ононро гувоҳ ва шоҳид бар аъмол ва гуноҳони мардум қарор додааст[21] ё ин ки Худованд мехост бо шикаст дар ҷанг, гувоҳоне аз мусулмонон барои нофармонии баъзе дигар аз мусулмонон ва ояндагон бигирад.[22]
Эзоҳ
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.2, саҳ.600
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.107
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.27
- ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон ва рӯҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.84; Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.2, саҳ.133
- ↑ Кошифӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.345; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.108
- ↑ Воҳидӣ, Асоб нузул-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.128; Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон ва рӯҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.84
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.28; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.109
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.28; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.109
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.109
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.845; Кошифӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.346; Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.2, саҳ.134
- ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон ва рӯҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.85
- ↑ нигаред ба: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.844; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.109
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.28-29
- ↑ Кошифӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.347
- ↑ ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.844; Кошифӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.347
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.109
- ↑ ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.2, саҳ.602; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.109; Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.2, саҳ.134
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.109
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.29
- ↑ нигаред ба: Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон ва рӯҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.86; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.ق., ҷ.4, саҳ.29; Кошифӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.347
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.845
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.109-110
Сарчашма
- Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва рӯҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Муҳаммадмаҳдии Носиҳ ва Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони қудси разавӣ, 1408ҳ.қ.
- Воҳидӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асоб нузул-ил-Қуръон, таҳқиқи Камол Басюнии Зағлул, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, маншуроти Муҳаммад Алӣ Байзун, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Кошифӣ, Мулло Фатҳуллоҳ, Манҳаҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, китобфурӯшӣ ва чопхонаи Муҳаммадҳасани Илмӣ, 1336ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
- Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ат-Тафсир-ул-кабир; тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, Урдун-Ирбид, Дор-ул-китоб-ис-сақофӣ, чопи аввал, 2008м.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ ва Сайид Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи севум, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъломии ли-л-матбуот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Аҳмади Ҳабиби Омилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, бетаърих