Саҳифаи аслӣ
Фотима (саломуллоҳи алайҳо) машҳур ба Фотимаи Заҳро (арабӣ: فاطِمَةُ الزَّهراء) (панҷуми беъсат – 11ҳ.қ.), духтари Паёмбари Ислом (с) ва Хадиҷаи Кубро (с) ва ҳамсари Имом Алӣ (а) аст. Ӯ яке аз панҷтани Оли Або (асҳоби кисо) аст, ки шиаёни дувоздаҳимомӣ онҳоро маъсум медонанд. Имоми дуввум ва сеюми шиаён, Зайнаб (с) ва Умикулсум аз фарзандони ӯ ҳастанд. Заҳро, Батул, Сайидату нисоилъоламин аз алқоби вай ва Уммиабиҳо кунияи машҳури ӯст. Фотима танҳо зани ҳамроҳи Паёмбар (с) дар рӯзи мубоҳила бо масеҳиёни Наҷрон будааст. Сураи Кавсар, ояти татҳир, ояти маваддат, ояти итъом ва аҳодисе чун ҳадиси Базъа дар шаъну фазилати Фотима нозил ва нақл шудаанд. Дар ривоёт омадааст, ки Паёмбар (с), Фотима (с)-ро бартарин зан дар ду олам муаррифӣ карда ва хашму хушнудии ӯро хашму хушнудии Худованд донистааст.
Дар бораи даврони кӯдакӣ ва навҷавонии Фотима (с) гузоришҳои каме вуҷуд дорад. Аз ин даврон фақат гузоришҳое дар бораи ҳамроҳии ӯ бо Паёмбар (с) дар муқобили хушунатҳои мушрикон, ҳузури ӯ дар шиъби Абитолиб ва ҳиҷрат ба Мадина ҳамроҳи Имом Алӣ (а) нақл шудааст. Фотима (с) дар соли дувуми ҳиҷрат бо Имом Алӣ (а) издивоҷ кард. Анҷоми фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва ҳамроҳӣ бо Паёмбари Ислом (с) дар бархе аз ҷангҳо аз ҷумлаи фатҳи Макка аз ҷумлаи корҳои ӯ баъд аз ҳиҷрат буд.
Дигар мақолаҳои тавсифшуда: Адолати саҳоба – Мадрасаи илмияи Ҳуҷҷатия (Қум) – Интифозаи шаъбонияи Ироқ
- ...Бухтуннаср (ҳукумат: 605 то 562 пеш аз мелод) се бор ба Уршалим ҳамла кард ва ҳар бори он ҷоро фатҳ карда ва фарде аз яҳудиёнро ба подшоҳӣ мегумошт, аммо пас аз муддате, подшоҳ дубора шӯриш мекард?
- ...Қабристони Водиюссалом дар шаҳри Қум (дар тасвир) ба тақлид аз қабристони водиюссаломи Наҷаф тавассути Оятуллоҳ Буруҷердӣ сохта шуд?
- ...Нӯҳ (а) 950 сол барои ҳидояти қавмаш талош кард?
- Нузули тадриҷӣ «нозил шудани Қуръон дар муддати 23 соли рисолати Пайғамбари Ислом ба сурати як оят ё теъдоде аз оёт дар шароити замонӣ ва маконӣ мухталиф аст.»
- Намози зиёрат «намози мустаҳабиест, ки ҳангоми зиёрати маъсумон хонда мешавад.»
- Масҷид-ул-ақсо «аз масоҷиди шаҳри Байт-ул-муқаддас ва нахустин қиблаи мусулмонон аст.»
- Макка «муқаддастарин шаҳри мусулмонон ва зодгоҳи Ислом ва Пайғамбари Акрам (с), воқеъ дар нимҷазираи Арабистон.»
- Намози ҷамоат «намозе аст, ки дастаҷамъӣ хонда мешавад ва аз бофазилаттарин ибодатҳо шуморида шудааст.»
- Тавҳид «бунёдитарин асли эътиқодӣ дар Ислом, ба маънои якто ва бемонанд донистани Худованд, ва ҳамчунин бешарик будани Ӯ дар халқи ҷаҳон.»
- Мусалмон «ба касе гуфта мешавад, ки ба таълимоти дини Ислом муътақид буда ва бар асоси он амал мекунад.»
- Аввалин мусулмон «нахустин фарде, ки ба Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) имон овард.»