Ояти 142 сураи Нисо
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | Нисо |
| Шумораи оят | 142 |
| Ҷузъ | 5 |
| Мавзуъ | Нифоқ |
| Дар бораи | Хусусиятҳои мунофиқ |
| Оёти муртабит | Ояти 9 сураи Бақара ва ояти 54 сураи Тавба |
Ояти 142 сураи Нисо (форсӣ: آیه ۱۴۲ سوره نساء) баъзе хусусиятҳои мунофиқон ҳамчун фиребгарӣ нисбат ба Худо ва риёкориро баён мекунад. Муфассирони шиа эътиқод доранд, ки мунофиқон бо анҷоми ибодатҳои зоҳирӣ мекӯшиданд, зимни ҳифзи ҷону моли худ, Пайғамбар ва мусалмононоро фиреб диҳанд.
Дар тафсирҳои шиа найранги Илоҳӣ нисбат ба мунофиқон, навъе муҷозоти мутаносиб бо аъмоли онон баён шудааст. Ин найранг метавонад ба шаклҳои гуногун зоҳир шавад; аз ҷумла ин ки Худованд лутфи худро аз онон дареғ медорад, вале монеи риёкорияшон намешавад, ё гоҳе неъматҳои фаровоне ба онҳо мебахшад, аммо сипас ба таври ногаҳонӣ он неъматҳоро гирифта ва мунофиқонро кайфар медиҳад.
Муаррифии оят
Дар ояти 142 сураи Нисо чор хусусияти мунофиқонро баён намудааст: найрангбозӣ нисбат ба Худо, бо танбалӣ намоз хондан, риёкорӣ дар ибодат ва ёди андаки Худо.[1] Ҳамчунин дар ин оят гуфта шуда, Худо низ дар баробари найранги мунофиқон ононро мефиребад.[2]
| “ | Мунофиқон бо Худо найранг мекунанд ва ҳол он ки Ӯ бо онон найранг хоҳад кард ва чун ба намоз истанд бо танбалӣ бархезанд, бо мардум риё мекунанд ва Худоро ҷуз андаке ёд намекунанд. (Нисо, 142) |
” |
Ба гуфтаи Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, ин оят дар идомаи оёти пеш аз ин монанди ояти 139 ва ояти 141 сураи Нисо ки ба мавзуи мунофиқон пардохта, чор хусусияти ононро баён мекунад.[3] Ҳамчунин дар ояти 143 натиҷаи ин нифоқро ин гуна шарҳ медиҳад, ки мунофиқон на дар зумраи муъминони ростин ҳастанд ва на аз ҷумлаи кофирони ошкор, балки дар ботин дар зумраи кофирон қарор доранд.[4] Худъаи мунофиқон бо Худо дар ояти 9 сураи Бақара[5] ва бо танбалӣ намоз хондани онҳо дар ояти 54 сураи Тавба низ такрор шудааст.[6]
Бархе аз фақеҳон бар асоси иборати [قَامُوا كُسَالَى/қому кусоло] (бо танбалӣ ба намоз меистанд) дар ин оят, намоз хондан бо танбалиро аз макруҳоти намоз донистаанд.[7] Ҳамчунин ин оят далели қуръоние бар нописанд будани нифоқ[8] ва риёкорӣ[9] дар баҳсҳои ахлоқӣ матраҳ шудааст.
Найранги мунофиқон ва худъаи Илоҳӣ
Бархе аз муфассирони шиа бар ин боваранд, ки фиребу найранги мунофиқон нисбат ба Худованд ҳамвора вуҷуд дорад; аммо аз он ҷо ки наметавонанд Худовандро бевосита фиреб диҳанд,[10] найранги онон ба дин,[11] оёти Илоҳӣ,[12] Пайғамбар (с) ва муъминон бармегардад.[13] Мунофиқон бо анҷоми ибодатҳои зоҳирӣ[14] ва риёкорӣ,[15] мекӯшанд илова бар ҳифзи ҷону моли худ,[16] боварии мардумро ҷалб карда[17] ва Пайғамбару муъминонро фиреб диҳанд.[18] Аз ин рӯ фиреби Пайғамбар (с) дар ҳукми фиреби Худо шумурда мешавад.[19] Дар тафсири Айёшӣ омада, ки Пайғамбар (с) ибодат барои ғайри Худоро навъе фиребгарӣ нисбат ба Худованд донистааст.[20]
Тафсирҳои шиӣ дар бораи фиреби Илоҳӣ нисбат ба мунофиқон дидгоҳҳои гуногуне баён намудаанд. Аз ҷумла:
- Худъаи Илоҳӣ ҳамон муҷозоти мунофиқон аст;[21]
- Худованд лутфи худро аз онон дареғ карда ва ононро ба ҳоли худ вомегузорад;[22]
- Худованд монеи риёкории онон намешавад ва ин вокуниш навъе фиреб аст;[23]
- Худованд ба онҳо фурсат медиҳад, то дар неъматҳои Илоҳӣ ғарқ шаванд ва сипас ба таври ногаҳонӣ онҳоро аз ин неъматҳо маҳрум месозад.[24]
Хусусиятҳои мунофиқон
Дар ояти 142 сураи Нисо, фиребгарии мунофиқон нисбат ба Худо, риёкорӣ, танбалӣ дар ибодат ва кам ёд кардани Худо аз хусусиятҳои мунофиқон шумурда шудааст. Ба гуфтаи бархе муфассирони шиӣ, аз он ҷо ки мунофиқон ибодатро холисан лиллоҳ анҷом намедиҳанд, бо беҳолӣ ва танбалӣ намоз мехонанд.[25] Бо вуҷуди ин, ҳамин ашхос барои ҷалби таваҷҷуҳи мардум[26] ва бо ангезаи риёкорӣ[27] ибодатҳоеро ки барояшон душвор аст бо шӯру шавқ анҷом медиҳанд.[28]
Ҷаводии Омулӣ бар ин бовар аст, ки мурод аз "зикри андак"-и мунофиқон дар ин оят на заъфи имон аст ва на ин ки бахше аз зикрҳошон барои Худо анҷом мешавад, балки мурод ин аст, ки ба хотири надоштани тақво зикри онон арзише надорад ва қабули даргоҳи Ҳақ таоло намешавад.[29] Мунофиқон чун имони ҳақиқӣ ба Худо ва дин надоранд, ҳаргиз дар хилват ба ёди Худо намепардозанд, агарчи дар миёни мардум бисёр аз зикри Худо сухан мегӯянд.[30]
Эзоҳ
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1394ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.187
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.255
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1394ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.187
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1394ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.200
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.252
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, ҷ.34, саҳ.235
- ↑ Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.104; Мусавии Омилӣ, Мадорик-ул-аҳуком, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.470; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.58
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.69, саҳ.173 ва 175
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.69, саҳ.265
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1394ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.188
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1394ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.187
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1394ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.188
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.117; Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1394ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.188
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.117
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1394ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.187
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.365; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.198
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1394ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.187
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.117
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1394ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.188
- ↑ Айёшӣ, Тафсир ал-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.283
- ↑ Қумӣ, Тафсир ал-Қумӣ,1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.157; Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.365
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1394ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.188
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.117; Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.365
- ↑ Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, ҷ.2, саҳ.229
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.198; Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.365
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1394ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.187
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.178
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1394ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.187
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1394ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.194
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1394ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.189; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.501
Сарчашма
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир ал-Айёшӣ, таҳқиқи Сайид Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, ал-Матбаат-ул-илмия, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
- Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон фи шарҳи иршод-ил-азҳон, таҳқиқи Оқомуҷтабо Ироқӣ, Алипаноҳи Иштиҳордӣ ва Оқоҳусайни Яздии Исфоҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, Чопи аввал, 1403ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, таҳқиқи Муҳаммадтақии Ереванӣ ва Саид Абдурраззоқи Мақрам, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир ал-Қумӣ, таҳқиқи Тайиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, чопи севум, 1363ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор: ал-ҷомеа ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор (а), Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор муҳибб-ил-Ҳусайн, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Мусавии Омилӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Мадорик-ул-аҳуком фи шарҳи ибодоти шароеъ-ул-ислом, тасҳеҳ Муассиса Ол-ил-байт, Бейрут, Муассиса Ол-ил-байт, 1411ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи севум, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чапи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним, Қум, Исро, чопи шашум, 1389ҳ.ш.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним, Қум, Исро, чопи чаҳорум, поизи 1394ҳ.ш.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Қасиромилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, бетаърих