Jump to content

Ояти 102 сураи Нисо

Аз wikishia
Ояти 102 сураи Нисо
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиНисо
Шумораи оят102
Ҷузъ5
Дар бораиНамози хавф


Ояти 102 сураи Нисо (форсӣ: آیه ۱۰۲ سوره نساء) баёни намози хавф аст, ки ба шакли ҷамоат ва дар миёни набард бо душман хонда мешавад. Пайғамбари Ислом (с) дар яке аз ғазваҳо, пеш аз шуруи ҷанг бо нерӯҳои худ ба намоз истод. Душманон ин фурсатро барои ҳамла муносиб дида, қарор гузоштанд, ки дар намози баъдӣ ҳамла кунанд. Барои намози баъдӣ Ҷабраил нозил шуд ва ин оятро бар Пайғамбар нозил кард. Пайғамбар нерӯҳои худро ба ду гурӯҳ ҷудо кард ва як гурӯҳ ба намоз ва гурӯҳи дигар ба муҳофиза истоданд.

Мувофиқи ояти 102 сураи Нисо, имоми ҷамоат дар намози хавф танҳо як намози дуракъатӣ мехонад. Гурӯҳи аввал, ракъати аввалро ба ҷамоат ва ракъати дуввумро танҳо мехонанд. Сипас дастаи дуввум ба имом иқтидо мекунанд. Ракъати аввали худро бо имом ва ракъати дуввумро танҳо мехонанд.

Ояти 102 сураи Нисоро дар мақоми таълими ин нукта донистаанд, ки мусулмонон бояд бар намоз ҳатто дар майдони ҷанг, исрор дошта бошанд. Макорими Шерозӣ муфассири шиа дар тафсири ин оят зикр кардааст, ки намози ҷамоат бо ин ки воҷиб нест, аз мустаҳабҳое аст, ки таъкиди зиёд бар он шудааст ва ин оят нишон аз ин аҳамият аст.

Ояте барои намоз дар вақти ҷанг

Ояти 102 аз сураи Нисо дар бораи намози хавф аст[1], ки ба сурати ҷамоат хонда мешавад.[2] Ин оят бо оятҳои пешина, ки дар бораи ҷиҳод сухан мегуфтанд, марбут аст.[3]

Бинобар оятҳои қаблӣ, вуҷуби намоз ба хотири сафар ё ҷиҳод бардошта намешавад[4], ва танҳо шумораи ракаатҳои он кам карда мешавад.[5]

Дар ин оят тарзи хондани намози хавф шарҳ дода шудааст[6], ки чӣ тавр Пайғамбар (с) лашкарашро ба ду даста ҷудо кард ва намозро бо ҳайати ҷамоат хонд.[7]

Шаъни нузүл

Бинобар шаъни нузуле, ки дар Тафсири Қумӣ барои ояти 102 сураи Нисо нақл шудааст, Пайғамбари Ислом (с) ҳамроҳи мусулмонон қасди сафар ба Макка барои иҷрои умра доштанд. Қурайш гурӯҳеро барои муқобилат бо онҳо фиристод. Пайғамбар (с) ҳамроҳи мусулмонон ба намози пешин истоданд ва душманон фурсатро мусоид дида, қарор гузоштанд, ки дар вақти намози баъдӣ ба онҳо ҳамла кунанд. Ин оят нозил шуд ва Пайғамбар (с) бар асоси он, мусулмононро ба ду гурӯҳ ҷудо кард: як гурӯҳ ба намоз ва гурӯҳи дигар ба муҳофиза истоданд.[8] Баъзе дигар аз муфассирони шиа[9] ва инчунин муфассирони аҳли суннат ҳамин шаъни нузулро бо андак тафовут зикр кардаанд.[10]

Баъзе уламои шиа монанди Шайх Тӯсӣ (ваф.460ҳ.қ.)[11] ва Аллома Маҷлисӣ (ваф.1110ҳ.қ.)[12] ва баъзе аз аҳли суннат монанди Табарӣ (таърихнигори қарни сеюм)[13] ва Алӣ ибни Аҳмади Воҳидӣ (олими қарни панҷум)[14] гузоришҳоеро нақл кардаанд, ки ин шаъни нузүл ба ғазваи Усфон марбут будааст. Баъзе нақл кардаанд, ки ҳамин воқеа боиси мусулмон шудани Холид ибни Валид шудааст[15], зеро ӯ фаҳмид, ки танҳо Худованд метавонад Пайғамбари Исломро аз қасди онҳо огоҳ карда бошад.[16]

Намози хавф

Яке аз ҳолатҳои намози хавф, вуҷуди тарс ва ҳашамати зиёд ё муборизаи шадид бо душман аст, ки фурсати хондани намоз бо риояи тамоми ҷузъҳо ва шароити он набошад.[17]

Дар ҷанг, муҷоҳидон барои хондани намози хавф ба ҳайати ҷамоат ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд.[18] Намози хавф ба ҳайати ҷамоат ба ду тарз хонда мешавад:

  • Имоми ҷамоат як намози дуракъатӣ мехонад. Гурӯҳи аввал ракъати аввалро бо иқтидои ӯ мехонад ва дар ракъати дуюм, имом дар ҳолати қироат мемонад, то онҳо ракъати дуюмро ба сурати танҳоӣ хонда, намозро тамом кунанд. Сипас дастаи дуюм ба имом иқтидо мекунад ва то ташаҳҳуди имоми ҷамоат, ӯро ҳамроҳӣ мекунанд. Сипас имом дар ташаҳҳуд сабр мекунад, то онҳо ракъати дуюми худро хонда ба ӯ ҳамроҳ шаванд ва намозро ба анҷом расонанд.[19] Ба ин намоз Зоту-р-риқоъ низ мегӯянд.[20]
  • Имоми ҷамоат ду намози дуракъатӣ мехонад; як бор намози дуракъатии воҷиби худро бо дастаи аввал ва бори дигар намози дуракъатии мустаҳаббиро бо дастаи дуюм мехонад. Ин намоз бар асоси назари касонест, ки иқтидои намози воҷиб ба намози мустаҳабро ҷоиз медонанд.[21]

Зарурати доштани аслиҳа дар намоз

Ояти 102 аз сураи Нисо ба ҳарду гурӯҳи намозгузор фармон медиҳад, ки дар вақти намоз аслиҳаи худро бо худ дошта бошанд.[22] Агар ба сабаби борон ё беморӣ қодир набошанд аслиҳаро бо худ дошта бошанд, иҷозат доранд, ки аслиҳаро рӯи замин гузоранд, аммо тавсия карда мешавад, ки эҳтиётро тарк накунанд.[23] Баъзе олимон аслиҳаро дар ин маврид ба воситаҳои ҳифз аз худашон, ба монанди зиреҳ ва сипар, тафсир кардаанд.[24]

Аз ин оят чунин бармеояд, ки беҳтарин рафтор барои муҷоҳид он аст, ки аслиҳаи худро дар ҳеҷ вазъияте аз худ ҷудо накунад.[25]

Таъкид бар арзиши намози ҷамоат

Ояти 102-юми сураи Нисоро фаротар аз ин донистаанд, ки танҳо барои баён кардани ҳукми фиқҳии намози хавф нозил шуда бошад.[26] Макорими Шерозӣ, муфассири шиа, дар тафсири ин оят таъкид мекунад, ки ҳарчанде намози ҷамоат воҷиб набошад, вале аз мустаҳабҳое аст, ки ба он таъкиди зиёд шудааст. Ин оят бо тасреҳ ба намози ҷамоат дар майдони ҷанг низ нишондиҳандаи ҳамин аҳамият аст.[27] Баъзе муфассирон низ дар баровардани маънои ин оят нақл кардаанд, ки намози ҷамоат дар ҷанг ҳатто бо як ракъат низ барпо мегардад, ки ин худаш нишондиҳандаи аҳамияти намози ҷамоат аст.[28]

Эзоҳ

  1. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.463
  2. Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.425
  3. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.364
  4. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.364
  5. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.204
  6. Макарими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.100
  7. Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.425
  8. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.150; Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.544
  9. Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.544
  10. Саълабӣ Нишопурӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.375
  11. Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, ҷ.3, саҳ.311
  12. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.175
  13. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.164
  14. Воҳидӣ, Асбоби нузұл-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.182
  15. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.175
  16. Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, ҷ.3, саҳ.311
  17. Шайх Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.167,164
  18. Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.169
  19. Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.120,121
  20. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.169
  21. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.163,164
  22. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.156-157
  23. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.157
  24. Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, 1336ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.103
  25. Қозӣ Нуъмон Мағрибӣ, Даоим-ул-ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.371
  26. Сайид Қутб, Фи зилоли-л-Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.748
  27. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.102-103
  28. Қироатӣ, Тафсири нур, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.146

Сарчашма

  • Воҳидӣ, Aлӣ ибни Аҳмад, Асбоби нузул-ил-Қуръон, таҳқиқ: Камол Басюнӣ Зағлул, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Кошонӣ, Мулло Фатҳуллоҳ, Тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин фи злом-ил-мухолифин, Теҳрон, Китобфурушии Муҳаммад Ҳасан илмӣ, 1336ҳ.ш.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, чопи ёздаҳум, 1383ҳ.ш.
  • Қозӣ Нуъмон Мағрибӣ, Даоим-ул-ислом ва зикр-ул-ҳалол ва-л-ҳаром ва-л-қазоё ва-л-аҳком, муҳаққиқ ва мусаҳҳиҳ: Осиф Файзӣ, Қум, Муассисаи Оли Байт алайҳимуссалом, чопи дувум, 1385ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳиҳ: Сайид Таййиб Мусавӣ Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъ лиаҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Интишороти Носир Хусрав, чопи аввал, 1364ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Nosир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломӣ, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳар-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ил-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломӣ, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор муҳиб-ил-ҳусайн, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Наҷмуддин Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-ислом, Қум, Муассисаи Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шарои-ил-ислом, тасҳеҳ: Аббос Қучонӣ ва Aлӣ Охундӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Сайид Қутб, Иброҳим Ҳусайни Шозалӣ, Фи зилол-ил-Қуръон, Бейрут, Қоҳира, Дор-уш-шуруқ, чопи ҳабдаҳум, 1412ҳ.қ.
  • Саълабӣ Нишопурӣ, Абуисҳоқ Аҳмад ибни Иброҳим, ал-Кашфу ва-л-баён ан тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммадибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷавод Балоғӣ, Теҳрон, Носир Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Ал-мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дар Интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Ҳувайзӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, таҳқиқ: Сайид Ҳошими Расулӣ Маҳаллотӣ, Қум, Интишороти исмоилӣ, чопи чорум, 1415ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, муҳаққиқ ва мусаҳҳиҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дар Интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия лиэҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, 1387ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, бо муқаддима: Шайх Оқобузург Теҳронӣ, таҳқиқ: Аҳмад Қасиромилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, биё то.