Ояти 53 сураи Аҳзоб
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | Аҳзоб |
| Шумораи оят | 53 |
| Ҷузъ | 22 |
| Шаъни нузул | Нишастани тӯлонии бархе аз саҳоба пас аз маросими издивоҷи Пайғамбар бо Зайнаб духтари Ҷаҳш ва озурда шудани Пайғамбар |
| Макони нузул | Мадина |
| Дар бораи | Ҳифзи ҳурмати хусусии Пайғамбар (с) ва эҳтироми ҳамсаронаш |
| Оёти муртабит | Ояти 55 сураи Аҳзоб |
Ояти 53 сураи Аҳзоб (форсӣ: آیه ۵۳ سوره احزاب) ё Ояти ҳиҷоб (форсӣ: آیه حجاب) дастуроте дар бораи риояти ҳурмати Пайғамбар (с) ва эҳтиром ба ҳамсарони ӯ ироа мекунад ва одоби рафтуомад ба хонаи Пайғамбар ва тарзи иртиботи урфӣ бо ҳамсаронашро баён менамояд.
Бахши дигаре аз оят низ озор додани Пайғамбар (с) ва издивоҷ бо ҳамсарони ӯ пас аз вафоташро мамнуъ эълон мекунад; ҳукме, ки муфассирон онро аз аҳкоми махсуси Пайғамбар шумурдаанд ва Шаҳиди Сонӣ онро шомили ҳамсарони ҷудошуда низ медонад.
Барои ин оят шаъни нузулҳои мутаъаддиде гузориш шудааст. Яке аз онҳо ба воқеаи даринг ва гуфтугӯи тӯлонии чанд тан аз саҳоба дар маросими валимаи издивоҷи Пайғамбар бо Зайнаб бинти Ҷаҳш бозмегардад, ки боиси озурда шудани Пайғамбар (с) гардид.
Дар ин оят вожаи ҳиҷоб ба маънои ҳоил ба кор рафтааст ва дар бораи овехтани парда ё фосилае дар гуфтугӯ бо ҳамсарони Пайғамбар аст. Бо ин ҳол бархе пажӯҳишгарон онро муқаддимае барои ташриъи ҳукми пӯшиши исломӣ медонанд.
Одоби ҳузур дар хонаи Пайғамбар
Ояти 53 сураи Аҳзоб дар миёни муфассирон ба ояти ҳиҷоб шинохта мешавад; ҳарчанд вожаи ҳиҷоб дар ин оят ба маънои ҳоил ва парда аст ва бо пӯшиши исломӣ ва мафҳуми сатр дар фиқҳ тафовут дорад.[1] Бо ин ҳол, Абдулкарим Баҳҷатпур, муаллифи Тафсири ҳамқадам бо ваҳй, онро муқаддимае барои ташриъи ҳукми пӯшиш дар Ислом медонад.[2]
Дар бахши нахусти оят, бархе одоби муошират бо Пайғамбар баён шудааст. Мусалмонон аз вуруди бе иҷоза ба манзили Пайғамбар, ҳузури зудтар аз мавъид ва интизори пӯхта шудани таом дар меҳмонӣ наҳй шудаанд ва ба зуд пароканда шудан ва ташкили маҷлиси гуфтугӯ надодан пас аз сарфи таом дастур дода шудаанд.[3] Сипас оят мегӯяд, ки ин гуфтугӯ ва нишасти тулонӣ Пайғамбарро озор медод, аммо ӯ ба хотири шарм аз шумо дархости рафтани шуморо намекард; бо ин ҳол Худо дар баёни ҳақ, шарм надорад.[4]
| “ | Эй касоне ки имон овардаед, ба утоқҳои Пайғамбар ворид нашавед, магар он ки барои [хӯрдани] таоме ба шумо иҷоза дода шавад [он ҳам] бе он ки дар интизори пӯхта шудани он бошед. Вале ҳангоме ки даъват шудед, дохил гардед ва вақте таом хӯрдед, пароканда шавед, бе он ки машғули гуфтор гардед. Ин [рафтори шумо] Пайғамбарро меозорад, вале ӯ аз шумо шарм медорад; ва ҳол он ки Худо аз ҳақгӯӣ шарм намекунад. Ва чун аз занон[-и Пайғамбар] чизе хостед, аз пушти парда аз онҳо бихоҳед, ин барои дилҳои шумо ва дилҳои онон покизатар аст. Ва шумо ҳақ надоред Расули Худоро биёзоред ва мутлақан [набояд] занонашро пас аз [марги] ӯ ба никоҳ дароред, зеро ин [кор] назди Худо ҳамеша [гуноҳи] бузург аст. |
” |
Аҳкоми марбут ба ҳамсарони Пайғамбар
Оят ду нуктаеро дар бораи ҳифзи ҳурмати ҳамсарони Пайғамбар (с) баён мекунад:
- Мусалмонон ҳангоми сухан гуфтан бо ҳамсарони Пайғамбар[5] ё ория гирифтани василае[6] бояд аз пушти ҳоиле монанди парда,[7] дар ё девор[8] онро дарёфт кунанд. Маслиҳати ин ҳукм дар ҳифзи покии дилҳои мусалмонон ва ҳамсарони Пайғамбар аз олудагии ҷинсӣ ва ҳавс баён шудааст.[9] Ба гуфтаи Тафсири намуна ин дастур махсуси ҳамсарони Пайғамбар (с) буд ва дар бораи дигар занони мусалмон, танҳо ҳифзи пӯшиши исломӣ кофӣ аст.[10] Ояти 55 ҳамин сура гурӯҳҳоро муаррифӣ мекунад, ки ниёзе ба риояти ҳоил ҳангоми сухан гуфтан бо ҳамсарони Пайғамбар надоранд.[11]
- Издивоҷ бо занони Пайғамбар пас аз вафоти ӯ ҳароми абадӣ аст.[12] Бо таваҷҷуҳ ба шароит ва шаъни нузули оят, ин ҳукмро аз аҳкоми хоси Пайғамбар шумурдаанд.[13] Шаҳиди Сонӣ, фақеҳи шиа бо истинод ба умумияти наҳй дар оят, ҳаром будани издивоҷи дигарон бо занони Пайғамбарро ҳатто шомили заноне донистааст, ки бо талоқ ё фасх ҷудо шудаанд.[14]
Шаъни нузул
Барои ояти 53 Аҳзоб чандин шаъни нузул гузориш кардаанд. Ба гуфтаи Табарсӣ, пас аз маросими издивоҷи Пайғамбар (с) бо Зайнаб бинти Ҷаҳш ва поёни зиёфат, чанд нафар аз саҳоба дар утоқи Пайғамбар монданд ва ба гуфтугӯ пардохтанд; тулонӣ шудани ин ҳузур боиси нороҳатии Пайғамбар шуд ва оят нозил гардид.[15]
Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, гоҳ ҳамсоягон ва дигарон барои ория гирифтани ашё ба бархе занони Пайғамбар муроҷиат мекарданд. Ин оят барои ҳифзи ҷойгоҳ ва ҳурмати ҳамсарони Пайғамбар нозил шуд ва муъминонро дастур дод ҳар гоҳ мехоҳанд чизе аз онҳо бигиранд, аз пушти парда дарёфт кунанд.[16] Ҳамчунин дар нақле дигар, ду нафар аз саҳоба дар бораи издивоҷи Пайғамбар бо бархе занони бева изҳори тааҷҷуб карданд ва гуфтанд: «Пас аз вафоти ӯ мо бо ҳамсаронаш издивоҷ хоҳем кард.» Ин сухан низ заминаи нузули оят ва эълони ҳаром будани издивоҷ бо ҳамсарони Пайғамбар пас аз вафоти ӯ шуд.[17]
Иртибот бо ояти 61 сураи Нур
Муфассирони шиа ояти 53 сураи Аҳзобро носихи ояти 61 сураи Нур надонистаанд.[18] Бо ин ҳол, Ҷуббоӣ, муфассири муътазилӣ, муътақид аст, ки ҳукми ҷавози хӯрдани ғизо бе иҷоза дар бархе хонаҳо дар ояти 61 Нур, бо нузули ояти 53 Аҳзоб ва наҳй аз вуруди бе иҷоза ба хонаи Пайғамбар (с) насх шудааст.[19] Бар асоси ин дидгоҳ, ҳатто ҳамсарони Пайғамбар барои вуруд ба манзили Пайғамбар бояд иҷоза бигиранд, дар ҳоле ки ояти сураи Нур вуруд ва сарфи ғизо дар хонаи фарзандон, бародарон ва хоҳаронро бе монеъ медонад.Ниёзманди манбаъ
Макорими Шерозӣ бо истинод ба ояти 27 сураи Нур мегӯяд, набояд бе иҷоза вориди ҳеч хонае шуд ва ин ҳукм хоси хонаи Пайғамбар (с) нест.[20]
Эзоҳ
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор (фиқҳ ва ҳуқуқ), Қум, ҷ.19, саҳ.498–499; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1367ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.574; Ибни Саъд, ат-Табоқот-ул-кубро, 1369ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.84
- ↑ Абдулкарим Баҳҷатпур, Сири фарҳангсозии пӯшиши исломӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.41
- ↑ Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.8, саҳ.356–357; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.399–400; Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, 1352ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.337
- ↑ Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, 1352ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.337; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.400
- ↑ Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, 1352ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.337
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1367ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.576; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.401
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.401
- ↑ Сайфӣ Мозандаранӣ, Далил Таҳрир-ил-васила, 1417ҳ.қ., саҳ.16
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1367ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.576
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.401
- ↑ Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.8, саҳ.358
- ↑ Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.371; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1367ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.576–577
- ↑ Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.371
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқиҳ шароеъ-ил-ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.79–80
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1367ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.574
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.398
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1367ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.574
- ↑ Фозил Козимӣ, Масолик-ул-афҳом, бетаърих, ҷ.3, саҳ.26
- ↑ Қутби Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.33
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.399
Сарчашма
- Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табоқот-ул-кубро, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1369ҳ.ш./1990 м.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Мударрисӣ, Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор муҳибб-ул-Ҳусайн, чопи аввал, 1419ҳ.қ./1999 м.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор (фиқҳ ва ҳуқуқ), Қум, Интишороти Садро, чопи аввал, бетаърих.
- Сайфӣ Мозандаранӣ, Алиакбар, Далил Таҳрир-ил-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1367ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, 1352ҳ.ш.
- Фозил Козимӣ, Муҳаммад, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, муқаддимаи Оятуллоҳ Мараъшии Наҷафӣ, Теҳрон, Муртазавӣ, бетаърих.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқиҳ шароеъ-ил-ислом, Қум, Муассисаи маорифи исломӣ, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Қутби Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Фиқҳ-ул-Қуръон, Қум, Интишороти китобхонаи Оятуллоҳ Мараъшии Наҷафӣ, чопи дувум, 1405ҳ.қ.