Үндана:Ҳаққи ҳамхобӣ
Ҳаққи ҳамхобӣ (форсӣ: حقِّ همخوابی) ё ҳаққи қасм (форсӣ: حق قَسْم) тақсими шабҳо байни ҳамсарон аз тарафи шавҳар аст. Бар асоси ин масъала, марде ки чанд ҳамсар дорад, вазифадор аст шабҳои худро байни ҳамсарони худ тақсим кунад. Масалан, агар чор ҳамсар дорад, вазифа дорад ин чаҳор шабро баробар байни ҳамсаронаш тақсим кунад ва ҳар шаб пеши яке аз онҳо бихобад.
Дар вуҷуби ҳаққи қасм, байни фақеҳон ихтилофе нест. Фақеҳон мурод аз ҳаққи қасмро фақат ҳамхобагӣ ва ҳамбистарӣ медонанд ва наздикӣ бо ҳамсарро лозим намедонанд. Ҳаққи қасм аз ҳуқуқи завҷа дар издивоҷ аст ва мегӯянд бо ҳадафи риояи адолат байни ҳамсарон ва эҷоди унсу улфат ва устувории оила ташреъ шудааст.
Таърифи ҳаққи қасм ва ҷойгоҳи он дар фиқҳ
«Ҳаққи қасм» ба маънои ҳаққи ҳамхобагӣ дар шаб барои ҳамсарони як мард аст.[1] Мурод аз ҳаққи қасм ин аст, ки мард шабҳои худро байни ҳамсаронаш тақсим кунад.[2] Дар манобеи фиқҳи имомия, ҳаққи қасм аз ҳуқуқи зан дар ақди никоҳ маҳсуб мешавад, ки ба сабаби он мард фазифадор аст ба маҳзи ихтиёр кардани чанд ҳамсар, ба тақсими шабҳои худ байни ҳамсарони хеш бипардозад.[3] Ҳаққи қасм аз муҳимтарин мавзуот дар боби ҳуқуқи хонавода ва ба хусус ҳуқуқи зан аст.[4] Ин масъала, дар китобҳои фиқҳӣ, боби махсус дорад.[5] Дар масъалаи фарз будани ҳаққи қасм байни фақеҳон ихтилофе нест.[6]
Иллати ташреъи ҳукми ҳаққи қасм
Шаҳиди Сонӣ, фақеҳи қарни даҳуми қамарӣ, ҳукми ҳаққи қасмро бар асоси адолат ва бархоста аз ривоятҳо ва ояти 19 сураи Нисо донистааст.[7] Ҳамчунин гуфтааст ин кор боиси эҷоди унс байни ҳамсарон ва дурии онҳо аз озори якдигар мешавад.[8] Соҳиби Ҷавоҳир, фақеҳи қарни сенздаҳуми қамарӣ, ҳам ҳусни муошират ва барқарории адолат миёни завҷайнро ғарази аслии ташреъи ҳаққи қасм донистааст.[9] Ба бовари бархе пажӯҳишгарон ҳам, ҳадафи ташреъи ҳаққи қасм устувории муҳаббат дар робитаи миёни ҳамсарон аст.[10]
Истисно шудан Паёмбар (с) аз ҳаққи қасм
Ҳамсарони Паёмбар (с) аз ҳаққи қасм истисно шуда буданд ва ин яке аз аҳкоми махсуси Паёмбар аст,[11] ки дар Қуръон, дар ояти 51 сураи Аҳзоб ҳам баён шудааст.[12] Муфассирон гуфтаанд Пайғамбари Ислом (с) то ҳадди мумкин баробариро дар тақсими рӯзҳои худ риоят мекард; ҷуз дар мавридҳое ки шароити хос нобаробариро талаб мекард.[13] Дар ривояте омадааст Пайғамбар (с) ҳамвора баробарӣ дар ҳамхобагӣ миёни ҳамсаронашро ҳатто дар давроне ки беморие дошт риоят мекард.[14] Дар ҳадисе, аз Паёмбар чунин нақл шудааст: «اللهم هذا قسمی فیما اَملکُ و انت اعلم بما لا اَملک Худоё, ин тақсими одилона (ҳаққи ҳамхобагӣ) коре аст, ки дар ихтиёри ман аст ва он чиро дар ихтиёри ман нест Ту беҳтар медонӣ.» Соҳиби Ҷавоҳир дар тавзеҳи ин ривоят гуфта мақсуди Пайғамбар аз он чи дар ихтиёраш нест майлу муҳаббати қалбӣ будааст.[15]
Чигунагии иҷрои ҳукми ҳаққи қасм
Ба фатвои фақеҳон, агар мард беш аз як зан дошта бошад, воҷиб аст байни онҳо ҳамхобагиро тақсим кунад;[16] ба ин сурат ки агар чор зан дошта бошад, бояд ҳар шаб назди яке аз онҳо бошад. Агар ҳар чор шаб тамом шуд, дубора бо яке аз онҳо аз ибтидо шурӯъ кунад. Агар ду зан дошта бошад, ду шаб барои занон ва ду шаб барои худаш аст ва агар се зан дошта бошад, се шаб барои онҳо ва изофӣ барои худаш аст.[17]
Ҳаққи қасми яккаҳамсар
Дар хусуси ҳаққи қасми яккаҳамсар ду дидгоҳ миёни фақеҳони шиа ҳаст: бархе мегӯянд зан, чи яке бошад чи беш аз яке, ҳаққи қасм дорад ва бар шавҳар лозим аст як шаб аз чор шаб бо ӯ ҳамбистар шавад.[18] Бархе низ муътақиданд ҳаққи қасм дар яккаҳамсарӣ мавзуият надорад. Шаҳиди Сонӣ, Соҳиби Ҷавоҳир , Муҳаққиқи Сабзаворӣ ва Имом Хумайнӣ аз ин ҷумла фақеҳонанд.[19]
Аҳкоми ҳаққи қасм
Дар китобҳои фиқҳӣ, аҳкоме барои ҳаққи қасм баршумурдаанд:
- Ҳаққи қасм ба воситаи нушуз ва мусофират, соқит мешавад ва риояташ лозим нест.[20]
- Вуҷуби қасм махсуси шаб аст.[21]
- Ҳаққи қасм махсуси ҳамсари доимӣ аст ва дар издивоҷи муваққат, зан ҳаққи қасм надорад ва фарқе нест ки яке бошад ё чандто.[22]
- Барои зан ҷоиз аст, ки аз ҳаққаш бигзарад[23] ва метавонад дубора ҳаққашро талаб кунад.[24]
- Ҳаққи қасм фақат марбут ба ҳамхобагӣ ва ҳамбистарӣ бо зан аст, на наздикӣ ва омезиш бо ӯ.[25]
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.112
- ↑ Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-содиқ, 1414ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.216.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.148; Субҳонӣ, Низом-ун-никоҳ фи-ш-шариат-ил-исломият-ил-ғарро, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.290
- ↑ Қодирӣ, «Пажӯҳише фиқҳӣ дар масоили ҳаққи қасм (музоҷиа)», саҳ.113
- ↑ Саманӣ, «Музоҷиа ва чолишҳои он дар фиқҳи имомия», саҳ.116; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.146; Шайхи Ансорӣ, Китоб-ун-никоҳ, Турос аш-Шайх ал-Аъзам, саҳ.470
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Китоб-ун-никоҳ, Турос аш-Шайх ал-Аъзам, саҳ.470; Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.90; Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.556.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқиҳ Шароеъ-ил-ислом, Муассисат-ул-маориф-ил-исломия, ҷ.8, саҳ.310-311.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқиҳ Шароеъ-ил-ислом, Муассисат-ул-маориф-ил-исломия, ҷ.8, саҳ.309.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.148
- ↑ Пурабдуллоҳ ва Муҳаммадҳасанӣ, «Ҷойгоҳи ҳаққи қасм дар таҳкими киёни хонавода», саҳ.27
- ↑ Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.58
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.336
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.387
- ↑ Шайх Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, Бейрут, ҷ.15, саҳ.85
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.151
- ↑ Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.128
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1379ҳ.ш., саҳ.746
- ↑ Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.128; Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солиҳин, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.105. Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқия, Дор-ул-фикр, саҳ.173.
- ↑ Шубайрии Занҷонӣ, Китоби никоҳ, 1377–1385ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.7491; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1379ҳ.ш., саҳ.745
- ↑ Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқия, Дор-ул-фикр, саҳ.174
- ↑ Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқия, Дор-ул-фикр, саҳ.174.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.135; Систонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.105
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1379ҳ.ш., саҳ.745
- ↑ Қумӣ, Ҷомеъ-уш-шатот фи аҷвибат-ис-суолот, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.163
- ↑ Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.128; Хӯӣ, Минҳоҷ-ус-солиҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.281
Сарчашма
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ ат-тобиа ли Ҷамоат-ил-мударрисин би Қум, 1419ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1379ҳ.ш.
- Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоид, Қум, Муассисаи Ол-ул-Байт, 1414ҳ.қ.
- Қодирӣ, Муҳаммадалӣ, «Пажӯҳише фиқҳӣ дар масоили ҳаққи қасм (музоҷиа)» Дастовардҳои навин дар мутолиоти улуми инсонӣ, №42, соли чорум, Обони 1400ҳ.ш.
- Қумӣ, Мирзо Абулқосим, Ҷомеъ-уш-шатот фи аҷвибат-ис-суолот, Теҳрон, Кайҳон, 1371ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Китоб-ун-никоҳ, Қум, Мадраса ал-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1424ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.ш.
- Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни ал-Ҳасан, Шароеъ-ул-ислом, Теҳрон, Истиқлол, 1409ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Домод, Сайид Мустафо, Қавоиди фиқҳ, Теҳрон, Маркази нашри улуми исломӣ, 1406ҳ.қ.
- Нақибӣ, Сайид Маҳдӣ ва Сиддиқа Муҳаммадҳасанӣ, «Нақду баррасии таърифи ҳаққи қасм дар орои фуқаҳои имомия», Пажӯҳишномаи ҳуқуқи исломӣ, №2, соли бисту дувум, поиз ва зимистони 1400ҳ.ш.
- Наҷафӣ, Муҳаммад Ҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, таҳқиқ: Маҳмуд Қӯчонӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Пурабдуллоҳ, Кубро ва Сиддиқа Муҳаммадҳасанӣ, «Ҷойгоҳи ҳаққи қасм дар таҳкими киёни хонавода», Фиқҳ ва ҳуқуқи хонавода (Нидои Содиқ), №66, соли 22, баҳор ва тобистони 1396ҳ.ш.
- Рӯҳонӣ, Сайид Муҳаммадсодиқ, Фиқҳ-ус-содиқ, Қум, Муассисаи Дор-ул-китоб, 1414ҳ.қ.
- Саманӣ, Лайло, «Музоҷиа ва чолишҳои он дар фиқҳи имомия», Мутолиоти фиқҳӣ ва ҳуқуқии зан ва хонавода, №2, соли аввал, 1397ҳ.ш.
- Систонӣ, Сайид Алӣ, Минҳоҷ-ус-солиҳин, Қум, Мактаб Оятуллоҳ ас-Сайид ас-Систонӣ, 1415ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Низом-ун-никоҳ фи-ш-шариат-ил-исломият-ил-ғарро, Қум, Муассиса ал-Имом ас-Содиқ (а), 1416ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
- Хӯӣ, Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солиҳин, Қум, Нашри Мадинат-ул-илм, 1410ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммадҳасан, Васоил-уш-шиа, таҳқиқ, тасҳеҳ ва поварақӣ: Абдурраҳим Раббонӣ Шерозӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ./1983
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ун-никоҳ, бемакон, Турос аш-Шайх ал-Аъзам, бетаърих
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Лумъат-уд-димишқия, бемакон, Дор-ул-фикр, бетаърих
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Нуриддин Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқиҳ Шароеъ-ил-ислом, Қум, Муассисат-ул-маориф-ил-исломия, бетаърих
- Шубайрии Занҷонӣ, Мӯсо, Китоби никоҳ, Қум, Муассисаи пажӯҳишии Ройпардоз, 1377–1385ҳ.ш.