Үндана:Низоми Ҷумҳурии исломии Эрон
Низоми Ҷумҳурии исломии Эрон (форсӣ: نظام جمهوری اسلامی ایران) низоми сиёсии Эрон аст, ки пас аз инқилоби исломӣ (1979) тавассути раъйдиҳӣ ҷойгузини низоми шоҳаншоҳии Паҳлавӣ шуд. Бунёнгузори ин низом Имом Хумайнӣ аст, ки раҳбарии инқилоби исломиро бар ӯҳда дошт. Бар асоси Қонуни асосии Ҷумҳурии исломӣ (мусавваби 1979), мазҳаби расмии низоми Ҷумҳурии исломӣ ташайюъ аст ва раҳбарии онро фақеҳе бар ӯҳда дорад, ки бо раъйи намояндагони Маҷлиси хубрагон интихоб мешавад.
Анҷоми раъйдиҳӣ
Низоми Ҷумҳурии исломӣ, низоми ҳокими кишвари Эрон пас аз инқилоби 1979 аст. Ин низоми сиёсӣ дар раъйдиҳии рӯзҳои 30 ва 31 марти 1979, бо ширкати 98.2% умуми дорои шароити раъй додан, ки беш аз 97% онон ба ҷумҳурии исломӣ раъй доданд, расмият ёфт. Дар ин раъйдиҳӣ, аз маҷмӯи 20,422,438 раъй, 20,054,834 раъйи мувофиқ ва 367,604 раъйи мухолиф буд. Бо поён ёфтани раъйдиҳӣ, Имом Хумайнӣ дар паёме рӯзи 12 фарвардинро рӯзи ҳукумати Ҳаққ хонд ва расман истиқрори ҷумҳурии исломиро эълом кард.[1]

Ҷойгоҳи Ислом ва ташайюъ дар низоми Ҷумҳурии исломӣ
Қонуни асосии низоми Ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси омӯзаҳои мазҳаби ташайюъ ва ҳокимияти дини Ислом тадвин шудааст. Исломӣ ва ҷумҳурӣ будани ҳукумат, интихоби фақеҳ ба унвони раҳбарии ҷомеа аз ҷумлаи усули қонуни асосии Эрон ҳастанд. Барпоии адл, истиқлол ва ҳамбастагии миллӣ аз аҳдофи олии низоманд.
Мазҳаби расмии Ҷумҳурии исломӣ шиаи исноашарӣ аст.[2] Бо ин вуҷуд пайравони дигар мазоҳиби исломӣ ва адёни Илоҳӣ, дарбаргирандаи зардуштиён, калимиён ва масеҳиён, ки ба унвони аҳли китоб шинохта шудаанд, дар анҷоми маросими динӣ дар ҳудуди қонун, амал ба аҳволи шахсӣ ва таълимоти динӣ бар асоси оини худ, эҷоди ташкилотҳои динӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва рафоӣ, намояндагӣ дар Маҷлиси шӯрои исломӣ, ва ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва монанди он[3] ақаллиятҳои ғайри аҳли китоб низ ба шарте, ки бар зидди Ислом ва ҷумҳурии исломӣ тавтиа накунанд, аз ҳуқуқҳои муайян[4] ва қисту адли исломӣ бархурдоранд.[5]
Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар
Дар низоми Ҷумҳурии исломӣ амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, ба мисоли шевае барои «назорати ҳамагонии мутақобил», пазируфта шудааст. Ҳайати зимомдорӣ (Раҳбарӣ ва қувои сегонаи ҳокимият) иҷрои ин усулро, аз роҳи назорати калони Раҳбарӣ ва тадвини сиёсатҳо ва қонунҳои ислоҳи иҷтимоӣ ва назорати иҷроӣ ва амали қазоӣ, бар ӯҳда дорад. Дар низоми Ҷумҳурии исломӣ, бо фарзи салоҳияти ахлоқии зимомдорон ва бо фарзи ҳокимияти мардум дар таъйини сарнавишти хеш дар моддаи ҳаштум, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар вазифаи дусӯяи мардум аст. Равиши анҷом додани он, тазаккур(панду андарз)-и дуҷониба аст, аммо иқдоми амалӣ ва муҷозот вазифаи ҳоким аст на мардум.[6]
Усул ва мабонии низоми Ҷумҳурии исломӣ
- Зимомдорӣ ва идораи кишвар, чи дар интихоби Раҳбар (бо раъйи ғайри мустақим) ва чи дар интихоби раисҷумҳурӣ (бо раъйи мустақим) ва низ расмият додан ба давлат (раъйи эътимоди Маҷлиси шӯрои исломӣ), бар асоси муроҷиа ба раъйдиҳии умумии мардум аст;
- Давраи зимомдории раисҷумҳурӣ ду давраи чорсола аст;
- Раҳбар, раисҷумҳур ва дигар шахсони зимомдор бо боқияи мардуми кишвар дар баробари қонун баробаранд;
- Масъулияти ҳуқуқӣ (то ҳадди муҳокима ва маҳкумият) ва масъулияти сиёсӣ (то ҳадди азл) барои мақоми Раҳбарӣ ва раисҷумҳурӣ ва вазирон вуҷуд дорад.[7]
Сиёсати хориҷӣ
Усули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломӣ, иборатанд аз: тафаввуқи ҳокимияти миллӣ дар эъмоли сиёсати хориҷӣ (сиёсатҳои ҳифзи истиқлол ва тамомияти арзии кишвар ва нафьи салтанаҷӯӣ ва салтанапазирӣ барои таъмини ин усул пайгирӣ мешавад); иттилоф ва ҳамзистии байналмилалӣ тавассути ғайри тааҳҳуд дар баробари қудратҳои салтанагар ва муносиботи сулҳомез бо давлатҳои ғайри муҳориб; иттилоф ва иттиҳоди мулаки исломӣ бо ҳадафи наилуни ваҳдати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷаҳони Ислом (уммати ҷаҳони ислом); ҳимоятҳои инсонӣ дар сатҳи байналмилалӣ, дарбаргирандаи ҳимоят аз мусалмонон ва мустазъафон ва маҳрумон ва паноҳандагон.[8]
Мудирияти олии сиёсати хориҷӣ бар ӯҳдаи Раҳбарӣ аст, ки тавассути таъини сиёсатҳои куллии низом дар умури хориҷӣ ва эълони ҷангу сулҳ ва басиҷи нерӯҳо ва назорати раҳбарӣ бар умури хориҷии кишвар (монанди таъйиди мусавваботи Шӯрои олии амнияти миллӣ ва иршод дар мавриди масоили муҳим) анҷом мепазирад.
Шӯрои стратегии робитаҳои хориҷӣ утоқи фикр ва ниҳоди машваратии Раҳбарӣ бо рӯйкарди стратегӣ дар ҳавзаи робитаҳои хориҷӣ аст, ки дар июни 2006, бо ҳукми Сайид Алии Хоманаӣ Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ва бо ҳадафи нақшофаринӣ дар тасмимгириҳои калон, нишон додани уфуқҳои нав дар робитаҳои хориҷӣ, баҳрамандӣ аз назароти нухбагон ва тадвини шохисҳо дар ростои ноил шудан ба аҳдофи санади чашмандози кишвар ташкил гардид. Раёсати ин шӯро бар ӯҳдаи Сайид Камоли Харрозӣ (вазири умури хориҷаи давлатҳои ҳафтум ва ҳаштум дар ҷумҳурии исломӣ) аст. [9]Пас аз Раҳбарӣ, раисҷумҳурӣ, ба унвони мазҳари ҳокимияти миллӣ ва болотарин мақоми сиёсии кишвар ва масъули барқарор кардани робитаҳои хориҷӣ (тавассути ирсол ва пазируфтани сафирон ва бастани қарордодҳои байналмилалӣ), раёсати олии сиёсати хориҷии кишварро бар ӯҳда дорад. Маҷлиси шӯрои исломӣ, тавассути назорат бар муоҳидоти байналмилалӣ, вазъи қонунҳои сиёсати хориҷӣ, кумиссиюни сиёсати хориҷӣ, ва намояндагон (тавассути изҳори назар дар бораи масоили сиёсати хориҷӣ, тазаккур, суол ва истизоҳ дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ аз раисҷумҳур ва вазири умури хориҷа) дар сиёсати хориҷии кишвар эъмоли назар мекунад.[10]
Ниҳодҳо ва сохторҳои ҳукуматӣ
Ҳокимият дар қонуни асосии Ҷумҳурии исломӣ, илоҳӣ ва инсонӣ аст. Ҳокимияти илоҳӣ баргирифта аз ин омӯза аст, ки ҳокимият ва қонунгузорӣ махсуси Худост ва ҳеҷ кас ҷуз ба изни Худо ҳаққи тасарруф дар амвол ва нуфус ва низ қонунгузориро надорад. Бино бар мабоҳиси каломӣ ва фиқҳӣ, дар давраи ғайбат, фақеҳи ҷомеъушшароит аз ҷониби имоми маъсум иҷозат дорад, то ҳам бар асоси сарчашмаҳои аслии дин, аҳкоми ташреиро истинбот кунад ва ҳам дар умуре, ки шореъ иҷоза додааст дахолат кунад. Бо ин мабно, вазъи куллияи муқаррарот бар асоси чорчӯби таълимоти исломӣ, дар зери назорати вилояти фақеҳ, зомини ҳокимияти илоҳӣ аст.
Ваҷҳи инсонии ҳокимият, баромада аз имон ба Худо ва бовар ба ҳокимияти мутлақи ӯ бар ҷаҳон ва инсон аст ва ин ки ӯ инсонро бар сарнавишти хеш ҳоким кардааст. Бинобар ин, ҳокимияти мардум бар сарнавишти иҷтимоӣ ва сиёсии хеш ҳаққе илоҳӣ аст ва ширкати амалӣ ва ҳамаҷонибаи ононро металабад. Зомини ин ваҷҳ аз ҳокимият, роҳҳои мутааддиди ҳуқуқӣ (ширкати мустақим ва ғайри мустақими мардум дар интихоби раисҷумҳур, намояндагони Маҷлиси шӯрои исломӣ ва ғайра) ва сиёсӣ (ҳаққи озодии ташкилотҳо, аҳзоб ва анҷуманҳои сиёсӣ ва синфӣ) аст.[11]
Шакли ҳукумат
Шакли ҳукумат дар низоми Ҷумҳурии исломӣ, се қувваӣ (муқаннина, муҷрия ва қазоия) мустақил аз якдигар ва дар зери назорати Раҳбарӣ (валии фақеҳ) аст ва аз ин рӯ намунаи тафкики қуво дар он бо мисоли он дар низомҳои урфӣ тафовути ҷавҳарӣ дорад.[12] Ҳукумат нимараёсатӣ ва нимапарлумонӣ аст. Нимараёсатӣ аст, зеро раисҷумҳуриро мардум интихоб мекунанд ва нимапарлумонӣ аст, зеро аъзои давлатро раисҷумҳурӣ ба Маҷлис пешниҳод ва Маҷлис ононро тасдиқ мекунад. Ҷомеият ва якпорчагии низом иқтизо мекунад, ки байни қувои сегона, бо вуҷуди тафкики қуво, ҳамоҳангӣ барқарор бошад. Ба ин манзур, робитаҳои қувои сегона ва ҳудуди истиқлоли онҳо равшан гардида ва асли манъи ҷамъи машоғил пешбинӣ шудааст.[13] Илова бар қувои сегона дар зери назорати Раҳбарӣ, ниҳодҳои хос дар эъмоли ҳокимияти ҷумҳурии исломӣ вуҷуд дорад; ниҳодҳое чун шӯроҳои исломӣ, садову симо (радиову телевизион), Шӯрои олии амнияти миллӣ, Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ, ва Маҷмаи ташхиси маслаҳати низом.[14]
Аркони ҳукумат
Аркони ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон иборатанд аз:
Вилояти фақеҳ ва раҳбарӣ
Нахустин рукни ҳукумати Ҷумҳурии исломӣ вилоят ва раҳбарӣ аст.
Бинобар муқаддимаи қонуни асосӣ ва моддаҳои 5 ва 57-уми он, вилояти мутлақаи фақеҳ пояи исломияти ҳукумати Ҷумҳурии исломӣ аст. Исломияти ҳукумат ба ин маъност, ки қонунҳои ҷорӣ дар он, аз ҳар ҷиҳат, бар асоси муқаррароти исломӣ аст ва машруияти қонуни асосӣ машрут ба интибоқи он бо шаръ аст (Моддаи 4; Шаъбонӣ, саҳ.79-83).
Мафҳуми вилояти фақеҳ дар қонуни асосӣ (Моддаи 5) ба шакле ниҳодина пешбинӣ шудааст. Фақеҳ бояд дорои ин сифатҳо бошад: салоҳияти илмии лозим барои фатво додан дар бобҳои гуногуни фиқҳӣ, адолат ва тақво, биниши саҳеҳи сиёсӣ ва иҷтимоӣ, тадбир, шучоат, мудирият, ва қудрати кофӣ барои раҳбарӣ (Моддаи 109; Ҳошимӣ, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.45). Аъламият дар масоили фиқҳӣ ва сиёсӣ ва мақбулият дар назди умуми мардум аз шароити асосии интихоби раҳбарӣ тавассути Маҷлиси хубрагон аст (Эрон. Қонуни асосӣ, Моддаҳои 107 ва 109).
Ихтиёрот ва вазифаҳои Раҳбарӣ
Қувои ҳукуматӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон дар зер назари Раҳбарӣ фаъолият мекунанд (Моддаи 57) ва дар воқеъ, Раҳбарӣ болотарин мақом ва марҷаи ҳукуматӣ аст. Ихтиёрот ва вазифаҳои муҳиме, ки бар ӯҳдаи ӯ ниҳода шуда, нозир ба аҳаммияти ин мақом аст.
Баъзе аз вазифаҳои раҳбарӣ ба ҳифзи исломияти низом марбут мешавад, мисли таъйини сиёсатҳои куллии низом, назорат бар ҳусни иҷрои ин сиёсатҳо, азлу насб ва қабул ё радди истеъфои фақеҳони Шӯрои нигаҳбон ва раиси қувваи қазоия.
Баъзе аз вазифаҳои Раҳбарӣ бо қувои сегонаи ҳокимият иртиботи чандон надорад, мисли азлу насб ва қабули истеъфои фармондеҳон ва сарони нерӯҳои мусаллаҳ ва интизомӣ ё раёсати Созмони садову симо, зеро асосан вуҷуди он ихтиёрот дар дасти яке аз қуво метавонад зиёнбор бошад.
Баъзе дигар аз вазифаҳои Раҳбарӣ, эълони ҷанг ва басиҷи нерӯҳо, содир кардани фармони раъйдиҳӣ, ва ҳалли ихтилофоти қувои сегона ва танзими робитаи онҳост.
Ба ин тартиб, Раҳбарӣ дар айни назорат бар қувои ҳукуматӣ, сиёсатҳои калони онҳоро мушаххас мекунад ва мушкилоти онҳоро дар ифои вазифа бартараф менамояд.
Назорати Раҳбарӣ бар қувои сегона
Назорати Раҳбарӣ бар қувваи муҷрия, аз ду тариқ 1- имзои (ё танфизи) ҳукми раёсати ҷумҳурӣ пас аз интихоби мардум. 2- азли ӯ, дар сурати ҳукм ба тахаллуф аз вазифаҳои қонунӣ аз сӯи Девони олии кишвар ё раъйи Маҷлис ба адами кофияти ӯ, сурат мегирад. Назорат бар қувваи муқаннина ва тазмини исломияти қонунҳо ва мусавваботи он, ба василаи насби фақеҳони Шӯрои нигаҳбон аст. Раъйи фақеҳон дар Шӯрои нигаҳбон, дар боби татбиқ бо мавозини шаръӣ, қотеъ аст. Назорат бар қувваи қазоия низ тавассути насбу азли болотарин мақоми ин қувва сурат мегирад (Моддаҳои 91, 96, 110).[15]
Раҳбар дар анҷом додани вазифаҳо, илова бар машварати худ, аз кумаки фикрӣ ва дидгоҳҳои тахассусии Маҷмаи ташхиси маслаҳати низом низ баҳра мегирад. Ин маҷмаъ, ки ҳамаи аъзои онро Раҳбар мансуб мекунад, илова бар машварат додан ба Раҳбарӣ барои таъини сиёсатҳои куллии низом, марҷаи рафъи ихтилофоти Шӯрои нигаҳбон ва Маҷлиси шӯрои исломӣ низ мебошад. Ҳамчунин, маҷмаъ дар Шӯрои бознигарии қонуни асосӣ ва низ дар Шӯрои интихоби Раҳбарӣ ширкат дорад.[16]
Интихоби раҳбар
Интихоби раҳбар бар ӯҳдаи Маҷлиси хубрагон аст. Ин маҷлис аз уламои тарози аввал (муҷтаҳидон) саросари кишвар ташкил мешавад. Онҳо бар корҳои Раҳбарӣ ва боқӣ будани шароит дар ӯ назорат мекунанд ва дар сурати нотавониаш бар анҷоми вазифа, ӯро барканор менамоянд. Дар сурати барканории раҳбар ё канорагирӣ ё фавти ӯ, то замони интихоби раҳбари нав тавассути Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ, вазифаҳои ӯ ба Шӯрои муваққати Раҳбарӣ супурда мешавад. Ин шӯро аз раисҷумҳурӣ, раиси қувваи қазоия ва яке аз фақеҳони Шӯрои нигаҳбон ташкил мегардад.[17]
Қувваи муқаннина
Дувумин рукни ҷумҳурии исломӣ, қувваи муқаннина аст. Ин қувва бар пояи низоми якмаҷлисӣ ва мураккаб аз ду рукни комилан мутамоиз аст: Маҷлиси шӯрои исломӣ ва Шӯрои нигаҳбон. Ҳар як аз ин аркон вазифаҳое дорад. Маҷлиси шӯрои исломӣ муташаккил аз намояндагонест, ки бо раъйи мустақим ва махфии мардум, барои чор сол, интихоб мешаванд. Онҳо пас аз тасвиби эътиборномаашон ва адои савганд дар баробари Қуръони карим , метавонанд ба кор бипардозанд.[18] Вазифаи асосии Маҷлис, вазъи қонунҳо дар ҳамаи умур ва масоил дар маҳдудаи қонуни асосӣ аст. Ин ҳудуд, муғойират надоштан бо мавозини шаръӣ дар мазҳаби расмӣ ва қонуни асосӣ аст ва ташхиси он бар уҳдаи Шӯрои нигаҳбон аст.[19]
Маҷлиси шӯрои исломӣ, илова бар тасвиби қонунҳо ва муқаррарот, вазифаи назоратӣ низ дорад, ки мушаммал аст бар:
а) назорати таъсисӣ (назорат бар ташкили давлат, назорат бар тағйироти давлат ва ҳал ва фасл ихтилофоти давлат).
б) назорати иттилоъӣ (шикоёти мардум аз тарзи кори қувои сегона, ибтикори намояндагон дар касби иттилоъ наҳви амалкард аз вазир ё раисиҷумҳурӣ, ибтикори Маҷлис дар касби иттилоот (таҳқиқ ва тафаҳҳус дар тамоми умури кишвар).
ҷ) назорати истисвобӣ, ба ин маънӣ, ки Маҷлис бар аъмоли муҳими давлат, мисли инқоди қарордодҳои байналмилалӣ, тағйири хатҳои марзӣ, эълони ҳолати фавқулода, сулҳ дар даъвоҳои молӣ ё ирҷои онҳо ба доврӣ, додани имтиёзи ташкили ширкатҳо ва муассисот ба хориҷиён, ва баъзе дигар аз аъмоли давлатӣ чун истиқроз ва кумаки блааваз ва истихдоми коршиноси хориҷӣ назорат мекунад.
д) назорати молӣ (тадвин, таҳия ва тасвиби буҷҷаи солонаи кишвар ва назорат бар хазина кардани буҷҷа тавассути Дивони муҳосаботи кишвар).
ҳ) назорати сиёсӣ (истизоҳи вазирон ва раисиҷумҳур).[20] Ҳамчунин, чун Маҷлис ҳаққи вазъи қонунҳоро дар ҳамаи умур дорад, ихтиёри тағйири қонунҳои одӣ, ва лизо салоҳияти тафсири қонунҳои одӣ, низ дорад.[21] Ташкилоти дохилии Маҷлис, ки оинномаи дохилии онро мушаххас мекунад, дарбаргирандаи кумиссиюнҳои гуногун ва ҳайати раисия аст, ки ба сурати солона интихоб мешаванд. Дар оғоз шумораи намояндагони Маҷлис 270 тан буд, ки мувофиқи пешбинии қонуни асосӣ, бо афзоиши ҷамъият, дар ҳар даҳ сол имкони афзоиши ҳадди аксар бист намоянда вуҷуд дорад.[22]
Шӯрои нигаҳбон муташаккил аз шаш фақеҳ ва шаш ҳуқуқдоност, ки фақеҳони онро раҳбарӣ мансуб мекунад ва ҳуқуқдонони он ба пешниҳоди раиси қувваи қазоия муаррифӣ ва бо раъйи намояндагони Маҷлис баргузида мешаванд. Ин шӯро, илова бар баррасии интибоқи қонунҳои мавзӯъӣ бо шаръ ва қонуни асосӣ, вазифаи тафсири қонуни асосӣ ва назорат бар интихобот ва ҳамапурсиро низ бар уҳда дорад.[23]
Қувваи муҷрия
Севумин рукни ҷумҳурии исломӣ қувваи муҷрия аст. Ин қувва дар ҷумҳурии исломии Эрон, аз ҷиҳати ҷойгоҳи мардумӣ, нимараёсатӣ ва нимапарлумонӣ аст ва аз ҷиҳати таркиби унсурҳои ҳоким дар аъмоли қувваи муҷрия, дуруконӣ (раҳбарӣ ва раёсати ҷумҳурӣ) аст ва куллияи созмонҳо ва умури иҷроӣ (кишварӣ ва лашкарӣ) аз ин аркон носи мешаванд. Раисиҷумҳурӣ болотарин мақоми расмии кишвар, баъд аз мақоми раҳбарӣ, аст.[24] Номзадҳои ин мақом бояд эрониюласл, муътақид ба мазҳаби расмии кишвар ва аз риҷоли сиёсӣ ва мазҳабӣ бошанд (усули 115). Раисиҷумҳурӣ ба муддати чор сол ва бо раъйи мустақими мардум интихоб мегардад ва интихоби дубораи ӯ, ба сурати мутаволӣ, барои як давра мумкин аст (усули 114). Ӯ пас аз интихоб шудан ва танфиз тавассути раҳбарӣ, дар Маҷлиси шӯрои исломӣ дар пешгоҳи Қуръон савганд мехӯрад, ки аз низоми ҷумҳурии исломӣ, қонуни асосӣ ва мазҳаби расмии кишвар посдорӣ кунад ва бо истионат аз Худованд ва пайравӣ аз паёмбар ва имомон (а) бо парсоӣ ва фидокорӣ ҳофизи амонат миллат бошад. (усул 117 ва 121). Ӯ дар муқобили Маҷлис ва раҳбарӣ посухгӯст ва дар сурати тасмим ба истеъфо, истеъфои худро тақдими раҳбарӣ мекунад.[25]
Вазифаҳо ва ихтиёроти раисиҷумҳурӣ мушаммал аст бар: идораи он чи, ки аз умури олияи кишвар маҳсуб мешавад, мисли иҷрои қонуни асосӣ, раёсат ва масъулияти шӯроҳои олии кишвар (Шӯрои олии амнияти миллӣ, Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ, Шӯрои иқтисод, Шӯрои бознигарии қонуни асосӣ ва ҷуз он), умури байналмилалӣ (дарбаргирандаи имзои қарордодҳо ва ирсол ва пазируфтани сафирон). Раёсат бар ҳайати вазирон, раёсати олии созмонҳои вобаста (чун муҳити зист, тарбияти баданӣ, энержии атомӣ ва мудирият ва барномарезӣ), ва аътои нишонҳои давлатӣ. Раисиҷумҳурӣ, ҳамчунин вазифаҳо ва ихтиёроте дар иртибот бо қувваи муқаннина (дарбаргирандаи имзои қонунҳо, пешниҳод барои ҳамапурсӣ ва имзои ҳамапурсӣ, насб ва узли вазирон ва раъйи эътимод ба давлат, таваққуфи интихобот, ҳузур ва ихзор ба Маҷлис, ва тақозои ташкили ҷаласаи ғайриалании Маҷлис) ва қувваи қазоия (таъйини вазири додгустарӣ аз миёни афроди пешниҳодшуда аз ҷониби раиси қувваи қазоия ва муаррифии ӯ ба Маҷлис барои касби раъйи эътимод) дорад.[26]
Илова бар раисиҷумҳурӣ, вазирон низ аз ҷумлаи аъмолкунандагони қувваи муҷрияанд, ки бо ду ҷилваи мутамоизи ҷамъӣ (ҳайати вазирон) ва фардӣ, мавҷудияти ҳуқуқӣ доранд.[27] Ҳайати вазирони давлат, аз раисиҷумҳурӣ, муовинони ӯ (муовини аввал дар ғайбати раисиҷумҳурӣ раёсати ҳайати вазиронро бар уҳда дорад.)[28] ва вазирон ташкил мешавад ва ба унвони як ниҳоди ҳуқуқӣ, бо ҳуқуқҳо ва такофифи мушаххас, мухотиби қонуни асосӣ мебошад. Вазирон, пас аз он ки раисиҷумҳурӣ ононро интихоб кард, барои касби раъйи эътимод ба Маҷлис муаррифӣ мешаванд. Баъзе аз вазифаҳо ва ихтиёроти вазирон иборат аст аз: идораи вазоратхона, узвият дар ҳайати вазирон, қайюмият бар созмонҳои вобаста ба вазоратхона, узвият дар маҷомии умумии ширкатҳои давлатӣ ва вазъи оиннома ва содири баҳшнома. Шумора ва сохтори вазоратхонаҳо собит ва қатъӣ нест ва бар ҳасиби адвор ва таъкид бар ҷанбаҳои гуногун, дар барномарезиҳои калон, мутафовит аст. Вазифаи ҳайати давлат, таҳия ва танзими лоиҳаҳои қонунӣ ва тақдими онҳо ба Маҷлис, тадвини оинномаҳои иҷроӣ барои қонунҳои мусувваби Маҷлиси шӯрои исломӣ, тасмимоти сиёсии куллӣ ва мавридӣ, ҳалли ихтилоф байни дастгоҳҳои иҷроӣ, тасвиби сулҳи даъвоҳо ё ирҷоъ ба доврӣ аст.[29]
Нерӯҳои мусаллаҳ мушаммаланд бар артиш, бо ҳадафи посдорӣ аз истиқлол ва тамомияти арзии кишвар; Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ , ба унвони ниҳоди чандманзура (низомӣ, интизомӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ) ва баромада аз инқилоб, бо ҳадафи нигаҳбонӣ аз инқилоб ва дастовардҳои он; ва нерӯҳои интизомӣ, бо ҳадафи истиқрори низом ва амният, таъмини осоиши умумӣ ва фардӣ, ва нигаҳбонӣ аз дастовардҳои инқилоби исломӣ. Фармондеҳии кулли нерӯҳои мусаллаҳи кишвар бар уҳдаи раҳбарӣ аст.[30]
Қувваи қазоия
Чаҳорумин рукни ҷумҳурии исломӣ қувваи қазоия аст. Ин қувва мутакаффили умури қазоӣ ва иҷрои адолат , ва марҷаи муқобила бо ҷаром ва ҳимоят аз ҳуқуқи афрод ва иҷтимоъ аст. Дар раъси ташкилоти ин қувва, раиси қувваи қазоия қарор дорад, ки бояд муҷтаҳид бошад. Ӯ ба муддати панҷ сол аз тарафи раҳбарӣ мансуб мешавад.[31] Раиси қувва вазифаи таҳияи лоиҳаҳои қазоӣ ва узл ва насби қузотро бар уҳда дорад ва метавонад баъзе ихтиёроти худро ба вазири додгустарӣ вогузор намояд. Вазири додгустарӣ ба танзими робитаҳои қувои муҷрия, муқаннина ва қазоия мепардозад.[32]
Қувваи қазоия, барои ифои вазифаҳои хеш, созмонҳо ва ташкилоте дорад, ки аз он ҷумлаанд:
- Вазорати додгустарӣ, ки марҷаи шикоёт ва тазаллумоти мардум аст ва ба ҷароими одӣ ва умумӣ расидагӣ мекунад.[33]
- Дивони адолати идорӣ, ки барои баррасии шикоятҳо ва эътирозҳо дар бораи маъмурон ва воҳидҳои давлатӣ ба вуҷуд омадааст ва ҳамчунин метавонад оинномаҳои давлатиро, ки бо қонунҳои исломӣ муғойиранд ё хориҷ аз ҳудуди ихтиёроти қувваи муҷрияанд, ботил кунад.[34]
- Додстонӣ ва додгоҳҳои низомӣ, ки барои расидагӣ ба ҷароими низомӣ ё интизомии нерӯҳои мусаллаҳ ташкил шудааст.[35]
- Созмони бозрасии кулли кишвар, ки барои назорати раиси қувва бар иҷрои саҳеҳи қонунҳо дар ташкилоти идорӣ эҷод шудааст.[36]
- Дивони олии кишвар, ки назорат бар иҷрои саҳеҳи қонунҳо дар маҳоким ва эҷоди ваҳдат дар равияи қазоии кишварро бар уҳда дорад ва раиси онро раиси қувваи қазоия мансуб мекунад.[37]
- Додстонии кулл, ки ба дифоъ аз ҳуқуқи ҷомеа дар муқобили ҷароими умумӣ мепардозад.
Қузот аслитарин унсурҳои ташкилоти қазоӣ ҳастанд ва сифот ва шароити онҳо баргирифта аз фиқҳ аст. Қозӣ , муфассири қонунҳои одӣ ва мудаван аст ва дар сурати наёфтани ҳукми масъала, бояд ба мутуни фиқҳӣ муроҷиа кунад.[38] Муҳокимот метавонад аланӣ бошад, магар ба хостори тарафайни даъво ё ба далели махдуш шудани иффати умумӣ.[39]
Сохтори баъзе ниҳодҳо дар ҳокимияти ҷумҳурии исломӣ ба гунаест, ки ҳам аз назари табиати кор ва ҳам аз лиҳози ташкилот наметавон онро ҷузъе аз ниҳоди раҳбарӣ ё яке аз се қувва донист. Ин ниҳодҳои хос иборатанд аз: шӯроҳои исломӣ, садо ва симо, Шӯрои олии амнияти миллӣ, Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ, ва Маҷмаи ташхиси маслаҳати низом.[40]
Ҳуқуқ ва озодиҳо
Дар ҳукумати ҷумҳурии исломии Эрон асл бар мусоват байни афрод ва баробарӣ дар муқобили қонун аст, ки ба таваҷҷуҳ ба мавозини шаръ, мардон ва занонро дарбар мегирад.[41] Ҳуқуқ ва озодиҳои мардум ба ду даста тақсим мегардад: фардӣ ва гурӯҳӣ. Манзур аз ҳуқуқ ва озодиҳои фардӣ, ҳаққи моликият ва озодиҳои марбут ба зиндагии хусусӣ аст. Моликияти хусусӣ, ки зоҳиран маҳдудияти хоссе бар он аъмол нашудааст, бояд аз роҳи машрӯъ фароварда шуда бошад;[42] вагарна давлат мукаллаф аст онҳоро ба соҳибони аслияшон баргардонад.[43]
Ҳуқуқ ва озодиҳои зиндагии хусусии афрод марбут ба интихобҳо, алоиқ ва салоиқи фардӣ аст. Дар ҷумҳурии исломӣ, озодии интихоби шуғл[44] ва маҳалли сукунат (усули 33) ва озодии ақоиду оро (усули 23) ба расмият шинохта шуда ва мавриди ҳимояти қонун қарор гирифтааст (усули 22). Ҳуқуқ ва озодиҳои гурӯҳӣ, ҳуқуқест, ки ба василаи ҳузур дар арсаи умумӣ ба афрод ва гурӯҳҳо тааллуқ мегирад ва дарбаргирандаи се даста аст: озодии андеша ва баёни ақоиде, ки мухилл ба мабонии ислом ва ҳуқуқи умумӣ набошад ва инъикоси онҳо дар озодии матбуот ва манъи тафтиши ақоиде мушоҳида мешавад; озодии иҷтимоот, ки ба гирдиҳамоиҳо ва фаъолиятҳои эътирозӣ ва тазоҳурот марбут мешавад ба шарте он ки мухилл ба мабонии ислом набошад; ва озодии ташкилотҳо ва аҳзоб, ки бар асоси он, ташкили анҷуман ва ҳизб ва асноф барои гурӯҳҳои мухталиф ва ақаллиятҳои динӣ ба расмият шинохта шудааст машрут ба он ки усулҳои истиқлол, озодӣ, ваҳдати миллӣ, мавозини исломӣ ва асоси ҷумҳурии исломиро нақз накунанд.[45]
Дар ҷумҳурии исломии Эрон ҳуқуқи пайравони адёни илоҳӣ ба расмият шинохта шуда ва бар ҳуқуқи мусовии ҳамагон таъкид гардидааст ва ин афрод дар анҷом додани вазифаҳо ва маносики динӣ ва низ ҳифзи ақоиду ойинҳои хеш мухторанд ва ҳамчунин барои истифода аз забон ва адабиёти хеш дар канори забони расмӣ озоданд.[46][Ёддошт 1]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи нур, ҷ.3, Теҳрон 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.486; Рӯзҳо ва рӯйдодҳо, Теҳрон: Нашри Ромин, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.81
- ↑ Ниг.: Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, нашри Ҳудо, 1388ҳ.ш., Моддаҳои 4, 5, 8, 12, 19, 20, 26, 61, 64, 67, 72, 91, 94, 109, 115, 157, 162, 163, 167
- ↑ Қонуни асосӣ, нашри Ҳудо, 1388ҳ.ш., Моддаҳои 3, 13, 19, 20, 26
- ↑ Ниг.: Қонуни асосӣ, нашри Ҳудо, 1388ҳ.ш., Моддаҳои 19, 42
- ↑ Ниг.: Ҳошимӣ, Ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.161-166
- ↑ Ниг.: Ҳошимӣ, Ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.222-226, 228-234
- ↑ Қонуни асосӣ, нашри Ҳудо, 1388ҳ.ш., Моддаҳои 6, 87, 107, 111, 114, 133, 142
- ↑ Ниг.: Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, нашри Ҳудо, 1388ҳ.ш., Моддаҳои 3, 11, 152, 154, 155
- ↑ آشنایی با شورای راهبردی روابط خارجی, Сомонаи расмии Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷӣ
- ↑ Ниг.: Ҳошимӣ, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.412-433; Шафеифар, «Ҷойгоҳи вилояти фақеҳ дар ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон», саҳ.84-86
- ↑ Ҳошимӣ, Ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.17
- ↑ Ҳошимӣ, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.89; низ ниг.: Мансурнажод, «Тафкики қуво, вилояти мутлақаи фақеҳ ва истиқлоли қуво», саҳ.56
- ↑ Ҳошимӣ, Ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.12-17, 19-25
- ↑ Ҳошимӣ, Ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.10-11
- ↑ Маданӣ, 1360-1369ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.132-138; низ ниг.: Шафеифар, «Ҷойгоҳи вилояти фақеҳ дар ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон», саҳ.69-83
- ↑ Шаъбонӣ, Ҳуқуқи асосӣ ва сохтори ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон, Теҳрон 1379ҳ.ш., саҳ.196-197
- ↑ Қонуни асосӣ, нашри Ҳудо, 1388ҳ.ш., Моддаҳои 108-109, 111; низ ниг.: Маданӣ, Ҳуқуқи асосӣ ва ниҳодҳои сиёсии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1360-1369ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.84-98
- ↑ Қонуни асосӣ, усул 62, 63, 67, 91; Ҳошимӣ, 1374ҳ.ш., ҷ. 2, саҳ. 104-105.
- ↑ нигаред ба Қонуни асосӣ, нашри Ҳудо, 1388ҳ.ш., усул 71, 72, 94.
- ↑ нигаред ба Ҳошимӣ, 1374ҳ.ш., ҷ. 2, саҳ. 187-268.
- ↑ Қонуни асосӣ, нашри Ҳудо, 1388ҳ.ш., усули 73.
- ↑ Қонуни асосӣ, нашри Ҳудо, 1388ҳ.ш., усули 64; низ нигаред ба Маданӣ, 1360-1369ҳ.ш., ҷ. 3, саҳ. 121-155.
- ↑ Қонуни асосӣ, нашри Ҳудо, 1388ҳ.ш., усул 91, 98 ва 99; низ нигаред ба Маданӣ, ҳуқуқи асосӣ дар ҷумҳурии исломии Эрон, 1360-1369ҳ.ш., ҷ. 4, саҳ. 16, 18, 41, 42; Ҳошимӣ, 1374ҳ.ш., ҷ. 2, саҳ. 266 ва 320.
- ↑ (Эрон. Қонуни асосӣ, усули 113).
- ↑ усул 122 ва 130.
- ↑ нигаред ба Ҳошимӣ, 1374ҳ.ш., ҷ. 2, саҳ. 342-370; Маданӣ, 1360-1369ҳ.ш., ҷ. 5, саҳ. 165-186.
- ↑ усули 60; Ҳошимӣ, 1374ҳ.ш., ҷ. 2, саҳ. 371.
- ↑ нигаред ба Эрон, қонуни асосӣ, усул 124 ва 131.
- ↑ Қонуни асосӣ, усул 74, 123, 133, 138; низ нигаред ба Маданӣ, 1360-1369ҳ.ш., ҷ. 5, саҳ. 242-289; Ҳошимӣ, 1374ҳ.ш., ҷ. 2, саҳ. 371-397, 403-409.
- ↑ Эрон. Қонуни асосӣ, усул 143, 145, 150-151; Ҳошимӣ, 1374ҳ.ш., ҷ. 2, саҳ. 423, 426, 428; низ нигаред ба Маданӣ, 1373ҳ.ш., саҳ. 328-338.
- ↑ Қонуни асосӣ, усули 157.
- ↑ усул 158 ва 160.
- ↑ усули 159.
- ↑ усул 170 ва 173.
- ↑ усули 172.
- ↑ усули 174.
- ↑ усули 161.
- ↑ Қонуни асосии ҷумҳурии исломии Эрон, нашри Ҳудо, 1388ҳ.ш., усули 167.
- ↑ Қонуни асосии ҷумҳурии исломии Эрон, нашри Ҳудо, 1388ҳ.ш., усули 168; низ нигаред ба Маданӣ, ҳуқуқи асосӣ дар ҷумҳурии исломии Эрон, Теҳрон 1360-1369ҳ.ш., ҷ. 6, саҳ. 272-301.
- ↑ Ҳошимӣ, ҳуқуқи асосии ҷумҳурии исломии Эрон, 1374ҳ.ш., ҷ. 2, саҳ. 10-11.
- ↑ Қонуни асосӣ, усул 3, 20-21.
- ↑ нигаред ба усули 47.
- ↑ усули 49.
- ↑ нигаред ба усули 28.
- ↑ Қонуни асосии ҷумҳурии исломии Эрон, нашри Ҳудо, 1388ҳ.ш., усул 23-24, 26-27; низ нигаред ба Ҳошимӣ, ҳуқуқи асосии ҷумҳурии исломии Эрон, 1384ҳ.ш., саҳ. 345-349, 402-428.
- ↑ усул 12-13, 15; низ нигаред ба Ҳошимӣ, 1384ҳ.ш., саҳ. 584-600.
- ↑ Назарпур, ошноӣ бо қонуни асосии ҷумҳурии исломии Эрон, нашри маориф, 1396ҳ.ш., саҳ. 247.
Ёддошт
- ↑ усули 12 қонуни асосии ҷумҳурии исломии Эрон: Дини расмии Эрон, ислом ва мазҳаби ҷаъфарии исноашарӣ аст ва ин усул то абад ғайри қобили тағйир аст ва мазоҳиби дигари исломӣ азм ҳанафӣ, шофеӣ, моликӣ, ҳанбалӣ ва зайдӣ дорои эҳтироми комил мебошанд ва пайравони ин мазоҳиб дар анҷоми маросими мазҳабӣ, тибқи фиқҳи худ озоданд ва дар таълим ва тарбияти динӣ ва аҳволи шахсия (издивоҷ, талоқ, ирс ва васият) ва даъовии марбут ба он дар додгоҳҳо расмият доранд ва дар ҳар минтақае, ки пайравони ҳар яке аз ин мазоҳиб аксарият дошта бошанд, муқаррароти маҳаллӣ дар ҳудуди ихтиёроти шӯроҳо бар тибқи он мазҳаб хоҳад буд, бо ҳифзи ҳуқуқи пайравони дигар мазоҳиб. Усули 13 қонуни асосии ҷумҳурии исломии Эрон: Эрониёни зардуштӣ, калимӣ ва масеҳӣ танҳо ақаллиятҳои динӣ шинохта мешаванд, ки дар ҳудуди қонун дар анҷоми маросими динӣ озоданд ва дар аҳволи шахсӣ ва таълимоти динӣ тибқи ойини худ амал мекунанд. [47]
Сарчашма
- Имом Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, саҳифаи нур, ҷ. 3, Теҳрон 1371ҳ.ш.
- «Дар ҳамапурсии қонуни асосӣ миллионҳо нафар раъйи оре доданд», иттилоот, ш. 16016, 12 озари 1358;
- рӯзҳо ва рӯйдодҳо, таҳия ва танзими Дафтари ақидатии сиёсии фармондеҳии муаззами кулли қувва, ҷ. 1, Теҳрон: нашри Ромин, 1378ҳ.ш.;
- Қосими Шаъбонӣ, ҳуқуқи асосӣ ва сохтори ҳукумати ҷумҳурии исломии Эрон, Теҳрон 1379ҳ.ш.;
- Муҳаммад Шафеъифар, «ҷойгоҳи вилояти фақеҳ дар ҳуқуқи асосии ҷумҳурии исломии Эрон», ҳукумати исломӣ, соли 4, ш. 3 (тирамоҳи 1378);
- «Матни комили пешниҳодии пешнависи қонуни асосӣ», иттилоот, ш. 15880, 26 хирдоди 1358;
- Ҷалолуддини Маданӣ, ҳуқуқи асосӣ дар ҷумҳурии исломии Эрон, Теҳрон 1360-1369ҳ.ш.;
- Ҷалолуддини Маданӣ, ҳуқуқи асосӣ ва ниҳодҳои сиёсии ҷумҳурии исломии Эрон, Теҳрон 1373ҳ.ш.;
- Ғуломҳасани Муқимӣ, «даромаде бар мафҳуми ҷумҳурӣ», улуми сиёсӣ, соли 1, ш. 4 (баҳори 1378);
- Муҳаммад Мансурнежад, «тафриқаи қуво, вилояти мутлақаи фақеҳ ва истиқлоли қуво», ҳукумати исломӣ, соли 4, ш. 1 (баҳори 1378);
- «Наҳви вогузории 80 дарсади саҳоми бонгоҳҳои бузурги давлатӣ таъйин шуд», ҳамшаҳрӣ, соли 14, ш. 404, 12 тири 1385;
- Муҳаммад Ҳошимӣ, ҳуқуқи асосии ҷумҳурии исломии Эрон, ҷ. 1, Теҳрон 1374ҳ.ш., ҷ. 2, Қум 1374ҳ.ш.;
- Муҳаммад Ҳошимӣ, ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосӣ, Теҳрон 1384ҳ.ш.
Пайванд ба берун
- манбаи мақола: донишномаи ҷаҳони ислом
- фаслиномаи улуми сиёсӣ: нақши аҳзоб дар сиёсат пас аз инқилоби исломӣ
- фаслиномаи улуми сиёсӣ: таъсири инқилоби исломии Эрон бар таҳаввулоти сиёсии минтақаи Қафқоз