Имомия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шиаи исноъашарӣ)
Ин навиштор дар бораи шиаи дувоздаҳимомӣ аст. Барои мазҳаби шиа мадхали шиаро бубинед.

Имомия (арабӣ: الإمامية) ё шиаи дувоздаҳимомӣ ё шиаи исноашарӣ бузургтарин шохаи мазҳаби шиа аст. Ба бовари шиаёни имомӣ, раҳбарии ҷомеа пас аз Пайғамбар бар уҳдаи имом аст ва имом аз сӯи Худо таъйин мешавад. Шиаёни имомӣ бино бар аҳодисе чун ҳадиси Ғадир, Алӣ ибни Абутолибро ҷонишини Пайғамбари Ислом (с) ва нахустин имом медонанд, ба дувоздаҳ имом эътиқод доранд ва бар ин боваранд, ки имоми дувоздаҳум, Маҳдӣ, зинда буда, дар ғайбат ба сар мебарад. Зайдия ва исмоилия, ду фирқаи дигари шиа, ба ҳамаи дувоздаҳ имоми мавриди назари шиаёни имомия бовар надоранд ва ҳамчунин шумори имомонро маҳдуд ба дувоздаҳ тан намедонанд.

Усули эътиқодии шиаёни имомӣ панҷ чиз аст; онҳо монанди дигар мусулмонон, тавҳид, набувват ва маодро аз усули дини худ дониста, афзун бар он, ба ду асли имомат ва адл эътиқод доранд, ки онҳоро аз аҳли суннат ҷудо месозад. Раҷъат аз эътиқодоти вижаи имомия аст, ки бар асоси он, бархе аз мурдагон пас аз зуҳури Имоми Замон ба дунё бозмегарданд.

Шиаёни имомия бисёре аз умури зиндагӣ монанди ибодатҳо, муомилот ва пардохти вуҷуҳоти шаръиро тибқи аҳкоми шаръӣ анҷом медиҳанд. Онҳо барои андешаҳои каломӣ, фиқҳӣ, ахлоқӣ ва ғ. худ, ба чаҳор манбаи Қуръон, ривоёти Пайғамбари Ислом (с) ва дувоздаҳ имом, ва ҳамчунин ақл ва иҷмоъ истинод мекунанд. Шайхи Тӯсӣ, Аллома Ҳиллӣ ва Шайх Муртазо Ансорӣ аз барҷастатарин фақиҳон ва Шайхи Муфид, Хоҷа Насируддини Тӯсӣ ва Аллома Ҳиллӣ аз мутакаллимони маъруфи имомия ҳастанд.

Дар соли 907ҳ.қ., шоҳ Исмоил бо таъсиси ҳукумати Сафавия мазҳаби имомияро дар Эрон расмӣ кард. Ин ҳукумат нақши зиёде дар густариши мазҳаби имомия дар Эрон дошт. Ҷумҳурии Исломии Эрон низоми сиёсии феълии кишвари Эрон аст, ки худро муттакӣ ба усули мазҳаб ва фиқҳи шиаи дувоздаҳимомӣ муаррифӣ мекунад.

Иди Ғадир, мелоди Алӣ ибни Абутолиб, мелоди Фотима духтари Пайғамбар ва нимаи Шаъбон, муҳимтарин аъёди мазҳабии вижаи шиаёни имомия аст. Азодорӣ барои маъсумон ба вижаи сӯгворӣ барои Ҳусайн ибни Алӣ ва ёронаш дар моҳи муҳаррам аз дигар маносики муҳими онҳост.

Омори дақиқе аз адади шиаёни дувоздаҳимомии ҷаҳон дар даст нест ва омори мавҷуд, шиаёни зайдӣ ва исмоилиро ҳам шомил мешавад. Ҷамъияти шиаёни ҷаҳон бинобар бархе оморҳо байни 154 то 200 миллион нафар, баробар бо 10 то 13 дарсади мусулмонони ҷаҳон ва бинобар бархеи дигар аз оморҳо, беш аз сесад миллион, яъне 19 дарсади ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон баровард шудааст. Бештари шиаён, яъне байни 68 то 80 дарсади онон, дар чаҳор кишвари Эрон, Ироқ, Покистон ва Ҳинд зиндагӣ мекунанд.

Таърихчаи пайдоиш

Дар бораи таърихи пайдоиши шиа, дидгоҳҳои мутафовите вуҷуд дорад; аз ҷумла аз замони ҳаёти Пайғамбари Ислом (с), пас аз моҷарои Сақифа, баъд аз қатли Усмон ва пас аз моҷарои ҳакамият ба унвони таърихи пайдоиши шиа ном бурда шудааст.[1] Ба бовари Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, файласуф ва муффасири қарни понздаҳум, оғози пайдоиши шиа, ки дар ибтидо «шиаи Алӣ» хонда мешуданд, аз замони ҳаёти Пайғамбар Ислом будааст.[2]

То чанд қарн баъд аз пайдоиши Ислом, калимаи шиа танҳо дар бораи касоне ки ба имомати илоҳии имомон эътиқод доштанд, ба кор намерафт, балки ба дӯстдорони Аҳли Байт, ё касоне ки ҳазрати Алӣ (а)-ро бар Усмон муқаддам медонистанд ҳам, шиаи Алӣ мегуфтанд.[3] Бештари асҳоби Аҳли Байт (а) ҷузви ду дастаи ахир буданд.[4]

Гуфтаанд, ки аз замони ҳазрати Алӣ (а) ҳам шиаи эътиқодӣ вуҷуд доштааст; яъне бархе аз пайравони ӯ, мӯътақид буданд, ки ӯ аз сӯи Худованд ба имомат мансуб шудааст.[5] Албатта шумори ин гурӯҳ бисёр андак буд.[6]

Дар давраи Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) ҳам бо он ки теъдоди шиаёни имомӣ бештар шуд, ҳануз ба андозае намерасид, ки битавон онҳоро фирқаи динӣ номид.[7] Дар он замон Аҳли Байт шиаён ва дӯстдорони фаровоне доштанд, вале бархе ривоёт, шумори касоне ки барои онҳо мансаби илоҳӣ қоил буданд, камтар аз панҷоҳ нафар ҳам медонанд.[8]

Аз авохири қарни сеюми қамарӣ, шиаи имомӣ аз дигар фирқаҳои шиъӣ ҷудо шуд. Пас аз шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ (а), гурӯҳе аз шиаён, ки мӯътақид буданд замин ҳеҷ гоҳ бе имом боқӣ намемонад, ба вуҷуди имоми дувоздаҳум ва ғайбати ӯ эътиқод пайдо карданд. Ин гурӯҳ ба шиаи имомӣ ё дувоздаҳимомӣ шинохта шуданд.[9] Аз ин замон ба тадриҷ, шумори ин фирқаи шиа зиёд шуд; ба гунае, ки ба гуфтаи Шайхи Муфид, дар замони ӯ яъне соли 373 қамарӣ, ташайюъи дувоздаҳимомӣ, бештарин пайравонро байни дигар фирқаҳои шиа доштааст.[10]

Боварҳо

Усули эътиқодии шиаёни имомӣ панҷ чиз аст. Онҳо монанди дигар мусулмонон, тавҳид, набувват ва маъодро усули дини худ медонанд ва афзун бар он ба ду асли имомат ва адл эътиқод доранд, ки онҳоро аз мазҳаби аҳли суннат ҷудо мекунад.[11] Ба эътиқоди онҳо, пас аз Пайғамбар, лозим аст шахсе ба номи имом дар ҷойгоҳи ӯ қарор гирад ва маъмурияти ӯро идома диҳад. Онҳо таъйини имомро монанди таъйини Пайғамбар аз сӯи Худо медонанд ва мегӯянд: Худо аз тариқи Пайғамбар имомро ба мардум муаррифӣ мекунад.[12]

Шиаёни дувоздаҳимомӣ, бартибқи ривоёте, ки аз Пайғамбари Ислом (с) нақл мекунанд, мӯътақиданд, ки ӯ ба фармони Худо, Имом Алиро ба унвони ҷонишини худ ва нахустин имом муаррифӣ кардааст.[13] Онҳо бар пояи аҳодисе чун ҳадиси Лавҳ, ба дувоздаҳ имом эътиқод доранд.[14] Имомони дувзодаҳгонаи имомия, ба тартиб иборатанд аз:

  1. Алӣ ибни Абутолиб
  2. Ҳасан ибни Алӣ
  3. Ҳусайн ибни Алӣ
  4. Алӣ ибни Ҳусайн (Имом Саҷҷод)
  5. Муҳаммад ибни Алӣ (Имом Боқир)
  6. Ҷаъфар ибни Муҳаммад (Имом Содиқ)
  7. Мусо ибни Ҷаъфар (Имом Козим)
  8. Алӣ ибни Мусо (Имом Ризо)
  9. Муҳаммад ибни Алӣ (Имом Ҷавод)
  10. Алӣ ибни Муҳаммад (Имом Ҳодӣ)
  11. Ҳасан ибни Алӣ (Имом Аскарӣ)
  12. Ҳуҷҷат ибни Ҳасан (Имом Маҳдӣ)[15]

Ба бовари шиаёни дувоздаҳимомӣ, имоми дувоздаҳум, Маҳдӣ, зинда аст ва дар ғайбати кубро ба сар мебарад ва замоне қиём хоҳад карда, адолатро дар замин барқарор хоҳад сохт.[16]

Адл монанди имомат аз усули мазҳаби шиа аст ва шиаёнро низ монанди муътазила ба хотири эътиқод ба он, адлия мегӯянд. Тибқи омӯзаи адл, Худованд файзу раҳмат ва ҳамчунин бало ва неъмати худро бар асоси шоистагиҳои зотӣ ва қаблӣ медиҳад.[17] Раҷъат ва бадоъ аз боварҳои махсуси шиаи имомия аст.[18] Раҷъат ба ин маъност, ки пас аз зуҳури Имом Маҳдӣ (а), бархе аз муъминон, шиаён ва душманони Аҳли Байт (а) ки мурдаанд, дубора зинда хоҳанд шуд ва бадкорон ба сазои аъмолашон хоҳанд расид.[19] Тибқи омӯзаи бадоъ, Худованд гоҳ бинобар маслиҳатҳое, амреро бар пайғамбар ва имом ошкор мекунад, аммо пас аз он, амри дигареро ҷойгузини он мекунад.[20]

Китобҳои Авоил-ул-мақолот, Тасҳеҳ-ул-эътиқод, Таҷрид-ул-эътиқод ва Кашф-ул-мурод, аз муҳимтарин китобҳои каломии шиаи имомия аст.[21] Шайхи Муфид (336 ё 338 - 413ҳ.қ.), Шайхи Тӯсӣ (385 - 460ҳ.қ.), Хоҷа Насируддини Тӯсӣ (597 - 672ҳ.қ.) ва Аллома Ҳиллӣ (648 - 726ҳ.қ.) аз барҷастатарин мутакаллимони имомия ҳастанд.[22]

Фарқи имомия бо дигар фирқаҳои шиа

Ҳамчунин бубинед: Зайдия ва Исмоилия

Зайдия, исмоилия ва дигар фирқаҳои шиа ҳамаи имомони дувоздаҳгонаро қабул надоранд. Онҳо ҳамчунин адади имомонро ба дувоздаҳ тан маҳдуд намекунанд. Зайдия муътақиданд, ки Пайғамбар танҳо ба имомати се тан, яъне Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а), тасреҳ кардааст.[23] Баъд аз онон дар ҳар замоне агар фарде зоҳид, шуҷоъ ва саховатманд аз насли ҳазрати Заҳро, ба дурустӣ қиём кунад, имом аст.[24] Зайд ибни Алӣ, Яҳё ибни Зайд, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан (Нафси Закия), Иброҳим ибни Абдуллоҳ ва Шаҳиди Фах аз ҷумлаи имомони зайдия ҳастанд.[25]

Исмоилия имомати имоми дувуми имомия; яъне Имом Ҳасани Муҷтабо (а)-ро қабул надоранд.[26] Имомати дигар имомони шиаёни имомиро ҳам танҳо то Имом Содиқ (а) мепазиранд.[27] Онон пас аз Имом Содиқ (а) ба имомати Исмоил фарзанди ӯ ва Муҳаммад писари Исмоил, эътиқод доранд.[28] Бар тибқи мазҳаби исмоилия, имомат, давраҳои мухталифе дорад ва дар ҳар давра ҳафт имом имомат мекунанд.[29]

Аҳком

Дар мазҳаби имомия, ҳамчун дигар мазҳабҳои исломӣ, бисёре аз умури зиндагӣ монанди ибодатҳо, муомилот, пардохти вуҷуҳоти шаръие ҳамчун хумс, закот, издивоҷ ва тақсими ирс, бояд бар тибқи аҳкоми шаръӣ анҷом шаванд.[30] Қуръон ва ривоёти имомони дувоздаҳгона, ду манбаи аслии аҳкоми динии имомия аст.[31] Аҳком бо кумаки улуме чун дироя, риҷол, усули фиқҳ ва фиқҳ ба даст меояд.[32]

Китобҳои Шароеъ-ул-Ислом, ал-Лумъат-уд-димашқия, Шарҳ-ул-Лумъа, Ҷавоҳир-ул-калом, Макосиб ва ал-Урват-ул-вусқо аз машҳуртарин китобҳои фиқҳии шиаи имомия аст.[33] Шайхи Тӯсӣ, Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Аллома Ҳиллӣ, Шаҳиди Аввал, Шаҳиди Сонӣ, Кошифулғито, Мирзои Қумӣ ва Шайх Муртазо Ансорӣ ҳам аз барҷастатарин фақеҳони ин мазҳаб ҳастанд.[34]

Марҷаи тақлид

Мақолаи аслӣ: Марҷаи тақлид

Имрӯза аҳкоми шаръӣ дар китобҳое ба номи Тавзеҳ-ул-масоил, ироа мегардад, ки тавассути мароҷеи тақлид навишта мешаванд.[35] Марҷаи тақлид муҷтаҳиде аст, ки дигарон аз ӯ тақлид мекунанд; яъне аъмоли динии худро бар асоси назариёти фиқҳӣ(фатвоҳо)-и ӯ анҷом медиҳанд ва вуҷуҳоти шаръии худро ба ӯ ё намояндагонаш мепардозанд.[36]

Маносики мазҳабӣ

Тасвире аз азодории шиаёни имомӣ дар Арбаин

Афзун бар иди Фитр, иди Қурбон, иди Мабъас ва мелоди Пайғамбар (с) ки аъёди динии ҳамаи мусулмонон ҳастанд, иди Ғадир, мелоди Имом Алӣ (а), мелоди ҳазрати Фотима (с) ва нимаи Шаъбон муҳимтарин идҳои мазҳабии шиаёни имомия аст. Онҳо мелоди дигар имомони худро низ ҷашн мегиранд.[37]

Дар мазҳаби имомия барои ҳар як аз аъёд, аъмоли мазҳабии хоссе тавсия шудааст; барои мисол, дар рӯзи иди Қурбон, аъмоле монанди ғусл, намози иди Қурбон, қурбонӣ кардан, зиёрати Имом Ҳусайн (а) ва хондани дуои нудба мустаҳаб аст.[38]

Шиаён дар бархе аз рӯзҳои сол, барои ибрози муҳаббат ба маъсумон ва изҳори ғаму андӯҳ дар мусибати онон, маросими азодорӣ баргузор мекунанд.[39] Бештари азодориҳои шиаён дар сӯги Имом Ҳусайну ёронаш дар моҳи муҳаррам анҷом мешавад. Муҳимтарин оинҳои сӯгвории шиаён дар даҳаи аввали муҳаррам, даҳаи охири сафар, арбаъин ва айёми Фотимия, баргузор мешавад.

Зиёрати Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт (а), аз муҳимтарин оинҳои мазҳабии шиаёни имомия аст.[40] Онҳо ҳамчунин зиёрати имомзодаҳо ва дигар бузургон ва олимони диниро муҳим мешуморанд.[41] Дар ривоёти шиа, ба ниёиш ва тавассул тавсияи фаровон шуда ва дуоҳову зиёратномаҳои бисёре муаррифӣ шудаанд.[42] Бархе аз машҳуртарини дуоҳо ва зиёратномаҳои имомия, иборат аст аз: дуои Кумайл[43], дуои Арафа[44], дуои Нудба,[45] муноҷоти шаъбония,[46] дуои тавассул,[47] зиёрати Ошуро,[48] зиёрати Ҷомеъаи кабира[49] ва зиёрати Аминуллоҳ.[50]

Манобеи андешаи имомия

Шиаён барои андешаҳои каломӣ, фиқҳӣ ва ахлоқии худ ба чаҳор манбаи Қуръон, ривоёти Пайғамбару имомон, ақл ва иҷмоъ истинод мекунанд.[51]

Қуръон

Мақолаи аслӣ: Қуръон

Шиаёни имомӣ, Қуръонро нахустин ва муҳимтарин манбаи омӯзаҳои динӣ ва маориф медонанд. Аҳамияти Қуръон назди онон ба гунаест, ки агар ривояте бо он дар тазод бошад, эътибор нахоҳад дошт.[52] Ба гуфтаи Муҳамадҳодии Маърифат, шиаён ҳамагӣ Қуръонеро ки имрӯза дар даст аст, дуруст ва комил медонанд.[53]

Ривоёти Пайғамбар ва имомон

Мақолаи аслӣ: Ҳадис

Имомия ҳамчун дигар мазоҳиби исломӣ, суннати Пайғамбари Ислом (с), яъне гуфтор ва рафтори ӯро ҳуҷҷат медонад.[54] Шиаёни имомӣ бар асоси аҳодисе чун ҳадиси Сақалайн ва ҳадиси Сафина, ки ба муроҷиа ба Аҳли Байт (а) ва пайравӣ аз онон амр кардаанд, ривоёти Аҳли Байтро ҳам аз манобеи аслии андешаи динии худ медонанд.[55] Онҳо аҳамияти зиёде бар сабти аҳодиси Пайғамбар ва имомони дувоздаҳгонаи худ доштаанд.[56]

Муҳимтарин китобҳои ривоии шиаи имомӣ, Кофӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, Истибсор ва Ман ло яҳзур ҳастанд, ки онҳоро кутуби арбаа ё усули арбаа меноманд.[57] Дигар ҷавомеъи ҳадисии машҳури шиа иборат аст аз: ал-Вофӣ, Биҳор-ул-анвор, Васоил-уш-шиа,[58] Мустадрак, Мизон-ул-ҳикмат, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, ал-Ҳаёт ва Осор-ус-содиқин.[59]

Шиаён ҳар ҳадисеро муътабар намедонанд. Онон меъёрҳое чун мухолифи Қуръон набудан, мавриди эътимод будани ровиён ва тавотурро дар эътибори аҳодис дар назар мегиранд ва барои ин кор аз улуме чун дироя ва риҷол баҳра мебаранд.[60]

Ақл

Мақолаи аслӣ: Ақл

Ақл ҷойгоҳи хоссе дар мазҳаби имомия дорад. Шиаёни имомӣ барои исботи усули ақоиди худ ба ақл истинод мекунанд.[61] Онҳо ҳамчунин ақлро аз манобеи аҳкоми шаръӣ медонанд ва бархе аз қавоиди фиқҳию усулӣ ва аҳкоми шаръиро бо ақл исбот мекунанд.[62]

Иҷмоъ

Мақолаи аслӣ: Иҷмоъ

Иҷмоъ аз манобеи чаҳоргонаи истинботи аҳкоми шаръӣ аст ва дар илми усули фиқҳ аз ҷиҳоти гуногун мавриди баҳс қарор гирифтааст.[63] Фақеҳони имомӣ, бар хилофи аҳли суннат, иҷмоъро далели мустақилле дар канори Қуръону суннату ақл, ба шумор намеоваранд, балки онро аз он рӯ, ки аз назари маъсум, хабар медиҳад, муътабар медонанд.[64]

Ҳукуматҳо

Дар ҷаҳони Ислом, ҳукуматҳои шиъии бисёре ташкил шудааст, ки ҳукуматҳои алавиёни Табаристон, Оли Бӯя, Фотимиён, исмоилия ва сафавия аз он ҷумлаанд. Ҳукумати алавиёнро зайдиён таъсис карданд,[65] ҳукуматҳои Фотимиён ва исмоилияи Аламут бар мазҳаби исмоилия буданд,[66] аммо дар хусуси Оли Бӯя ихтилофи назар ҳаст. Бархе муътақиданд онҳо зайдимазҳаб будаанд, ҷамъе онҳоро имомӣ медонанд ва гурӯҳе мегӯянд дар оғоз зайдимазҳаб буда ва сипас ба мазҳаби имомия рӯ овардаанд.[67]

Султон Муҳаммади Худобанда машҳур ба Улҷойту(ҳукумат 703 - 716ҳ.қ.)-ро нахустин ҳокиме медонанд, ки имомияро мазҳаби расмӣ эълом ва талош кард дар сатҳи васеъе онро нашр диҳад.[68] Албатта ӯ ба иллати мухолифатҳои ташкилоти давлатии он рӯз, ки бар мазҳаби аҳли суннат буд, аз ин кори худ ақибнишинӣ кард, аммо ҳамчунон шиа боқӣ монд.[69]

Аз ҳукумати Сарбадорон дар Сабзавор низ ба унвони ҳукумати шиъӣ ёд мешавад.[70] Мазҳаби раҳбарон ва ҳокимони сарбадорон дақиқан маълум нест, аммо мусаллам аст, ки раҳбарони мазҳабии онҳо суфиёне будаанд, ки гароишҳои шиъӣ ҳам доштаанд.[71] Бо ин ҳама Хоҷа Алии Муаййид, охирин ҳокими сарбадорон[72] имомияро мазҳаби расмии давлати худ эълом кард.[73]

Сафавиён

Мақолаи аслӣ: Сафавиён

Шоҳ Исмоил ҳукумати сафавияро дар соли 907 ҳиҷрии қамарӣ таъсис ва имомияро мазҳаби расмии Эрон эълом кард.[74] Ӯ ва шоҳони дигари сафавӣ бо иқдомоте монанди даъват аз уламои шиа барои муҳоҷират ба Эрон, таъсиси марказҳо ва мадрасаҳои илмии шиа дар Эрон ва баргузории маросими азодории муҳаррам,[75] мазҳаби имомияро байни эрониён густариш доданд ва Эронро ба кишваре комилан шиъӣ табдил карданд.[76]

Ҷумҳурии исломии Эрон

Мақолаи аслӣ: Ҷумҳурии исломии Эрон

Ҷумҳурии Исломии Эрон, пас аз пирӯзии Инқилоби исломии Эрон дар 22 баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ ба раҳбарии Имом Хумайнӣ, дар Эрон ташкил шуд.[77] Ин низоми сиёсӣ бар пояи усули мазҳаб ва фиқҳи шиаи дувоздаҳимомӣ шакл гирифтааст.[78] Вилояти фақиҳ муҳимтарин рукни Ҷумҳурии исломии Эрон аст ва бар ҳамаи қувои ҳукуматӣ назорат дорад.[79] Бар тибқи қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, қонунҳои ин кишвар дар сурате, ки бо дини Ислом мутобиқ набошанд, эътибор надоранд.[80]

Ҷуғрофиё

Омори дақиқе аз шумори шиаёни дувоздаҳимомии ҷаҳон дар даст нест. Оморе ки ҳаст шиаёни зайдӣ ва исмоилиро ҳам шомил мешавад. Дар гузориши «Анҷумани дин ва зиндагии умумии ПИВ», теъдоди шиаёни ҷаҳон, байни 154 то 200 миллион нафар тахмин зада шудааст, ки баробар бо 10 то 13 дарсади мусулмонони ҷаҳон аст,[81] аммо мутарҷими ин гузориш, ин оморро ғайривоқеъӣ дониста, ҷамъияти воқеии шиаёнро беш аз сесад миллион, яъне 19 дарсади ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, баровард кардааст.[82]

Бештари шиаён, яъне байни 68 то 80 дарсади онон, дар чаҳор кишвари Эрон, Ироқ, Покистон ва Ҳинд зиндагӣ мекунанд. Дар Эрон 66 то 70 миллион шиа зиндагӣ мекунанд, ки баробар бо 37 то 40 дарсади кулли шиаёни ҷаҳон аст. Ҳар як аз кишварҳои Покистон, Ҳинд ва Ироқ ҳам беш аз 16 миллион нафар шиа доранд.[83]

Дар чор кишвари Эрон, Озарбойҷон, Баҳрайн ва Ироқ, шиаён аксари ҷамъияти кишварро ташкил додаанд.[84] Дар манотиқе чун Ховаримиёна, Шимоли Африқо, минтақаи Осия - Уқёнусия, Туркия, Яман, Сурия, Арабистони Саъудӣ, Амрико ва Канада ҳам шиа зиндагӣ мекунад.[85]

Эзоҳ

  1. Муҳаррамӣ, Таърихи ташайюъ, 1382ҳ.ш., 43, 44; гурӯҳи таърихи пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ, Таърихи ташайюъ, 1389ҳ.ш., 20-22; Файёз, Пайдоиш ва густариши ташайюъ, 1382ҳ.ш., саҳ.49 - 53.
  2. Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1379ҳ.ш., саҳ.25.
  3. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон аз оғоз то тулӯъи давлати Сафавӣ, 1390ҳ.ш., саҳ.22, 27.
  4. Файёз, Пайдоиш ва густариши ташайюъ, 1382ҳ.ш., саҳ.61.
  5. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон аз оғоз то тулӯъи давлати Сафавӣ, 1390ҳ.ш., саҳ.29, 30.
  6. Файёз, Пайдоиш ва густариши ташайюъ, 1382ҳ.ш., саҳ.61.
  7. Файёз, Пайдоиш ва густариши ташайюъ, 1382ҳ.ш., саҳ.63 - 65.
  8. Файёз, Пайдоиш ва густариши ташайюъ, 1382ҳ.ш., саҳ.62.
  9. Файёз, Пайдоиш ва густариши ташайюъ, 1382ҳ.ш., саҳ.109, 110.
  10. Сайиди Муртазо, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.321.
  11. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.96.
  12. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.14.
  13. Аллома Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1379ҳ.ш., саҳ.197, 198.
  14. Аллома Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1379ҳ.ш., саҳ.197, 198.
  15. Аллома Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1379ҳ.ш., саҳ.198, 199.
  16. Аллома Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1379ҳ.ш., саҳ.230, 231.
  17. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.96.
  18. Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.273; Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.106.
  19. Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.273.
  20. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.381; Шайхи Муфид, Тасҳеҳ-ул-эътиқод, 1413ҳ.қ., саҳ.65.
  21. Кошифӣ, Каломи шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.52.
  22. Кошифӣ, Каломи шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.52.
  23. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.86.
  24. Аллома Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1379ҳ.ш., саҳ.167.
  25. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.90.
  26. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.119.
  27. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.110.
  28. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.110.
  29. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.151, 152.
  30. Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.65 - 69.
  31. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.54, 64.
  32. Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176, 323 - 330.
  33. Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.261 - 264.
  34. Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.260 - 264.
  35. Яздонӣ, “Муруре бар рисолаҳои амалия”, саҳ.292
  36. Раҳмони Ситоиш, «Тақлиди 1», саҳ.789.
  37. Мусопур, “Ҷашнҳои ҷаҳони Ислом”, саҳ.373 - 376.
  38. Маҷлисӣ, Зод-ул-маъод, 1389ҳ.ш., саҳ.426, 427.
  39. Мазоҳирӣ, «Азодорӣ», саҳ.345.
  40. Фулодӣ ва Наврӯзӣ, “Ҷойгоҳи зиёрат дар оини католик ва мазҳаби шиа; баррасӣ ва муқоиса”, саҳ.29, 30.
  41. Мафҳуми зиёрат ва ҷойгоҳи он дар фарҳанги исломӣ, сайти Росихун, 13 дайи 1394ҳ.ш., дидашуда дар 16 урдибиҳишти 1396ҳ.ш.
  42. Ниг.: Шайхи Аббоси Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷанон, феҳристи китоб.
  43. Ҳошимӣ Ақдам, “Асрор-ул-орифин бо шарҳи дуои Кумайл”, саҳ.32.
  44. Маҳаллотӣ, “Баррасии татбиқии дуои Арафаи Имом Ҳусайн ва Имом Саҷҷод”, саҳ.107.
  45. Р. к: Маҳдипӯр, “Бо дуои Нудба дар пагоҳи ҷумъа”.
  46. Ҳайдарзода, “Дар маҳзари муноҷоти шаъбония”, саҳ.160.
  47. Фазилат ва кайфияти дуои Тавассул, сайти бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон, 22 озари 1395, дидашуда дар 16 урдибиҳишти 1396.
  48. Ризоӣ, “Пажӯҳише дар аснод ва нусхаҳои зиёрати Ошӯро”, 153.
  49. Наҷафӣ, “Нигариши мавзӯӣ бар зиёрати Ҷомеъаи кабира” саҳ.150.
  50. Нигоҳ кунед ба Шайх Аббоси Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷанон, зайли зиёрати Аминуллоҳ.
  51. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, 51.
  52. Ниг.: Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.115, 116.
  53. Маърифат, ат-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.342.
  54. Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.115, 124.
  55. Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.115, 133 - 135.
  56. Маҳдавии Род, “Сайри интиқоли мероси мактуби шиа дар оинаи феҳристҳо”, саҳ.140.
  57. Муаддаб, Таърихи ҳадис, 1388ҳ.ш., саҳ.86.
  58. Муаддаб, Таърихи ҳадис, 1388ҳ.ш., саҳ.129.
  59. Муаддаб, Таърихи ҳадис, 1388ҳ.ш., саҳ.148 - 152.
  60. Аллома Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1379ҳ.ш., 128, 129.
  61. Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.139.
  62. Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.144, 145.
  63. Нигоҳ кунед ба Шайхи Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.179 - 229.
  64. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.103.
  65. Чилунигар ва Шоҳмуродӣ, Давлатҳои шиъӣ дар таърих, 1395ҳ.ш., саҳ.51.
  66. Чилунигар ва Шоҳмуродӣ, Давлатҳои шиъӣ дар таърих, 1395ҳ.ш., саҳ.155 - 157.
  67. Чилунигар ва Шоҳмуродӣ, Давлатҳои шиъӣ дар таърих, 1395ҳ.ш., саҳ.125 - 130.
  68. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон (аз оғоз то давлати Сафавӣ), 1390ҳ.ш., саҳ.694.
  69. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон (аз оғоз то давлати Сафавӣ), 1390ҳ.ш., саҳ.694.
  70. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон (аз оғоз то давлати Сафавӣ), 1390ҳ.ш., саҳ.776.
  71. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон (аз оғоз то давлати Сафавӣ), 1390ҳ.ш., саҳ.777 - 780.
  72. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон (аз оғоз то давлати Сафавӣ), 1390ҳ.ш., саҳ.778.
  73. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон (аз оғоз то давлати Сафавӣ), 1390ҳ.ш., саҳ.781.
  74. Ҳойнс, Ташайюъ, 1389ҳ.ш., саҳ.156 ва 157.
  75. Фурӯғӣ, Коркарди маросими сӯгвории Ошӯро дар расмӣ шудани мазҳаби шиа, 67 - 68
  76. Чилунигар ва Шоҳмуродӣ, Давлатҳои шиъӣ дар таърих, 1395ҳ.ш., саҳ.276, 277.
  77. Қосимӣ ва Каримӣ, “Ҷумҳурии Исломии Эрон”, саҳ.765.
  78. Қосимӣ ва Каримӣ, “Ҷумҳурии Исломии Эрон”, саҳ.766.
  79. Қосимӣ ва Каримӣ, “Ҷумҳурии Исломии Эрон”, саҳ.768.
  80. Қосимӣ ва Каримӣ, “Ҷумҳурии Исломии Эрон”, саҳ.768.
  81. Анҷумани дин ва зиндагии умумии ПИВ, нақшаи ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, 1393ҳ.ш., саҳ.19.
  82. Анҷумани дин ва зиндагии умумии ПИВ, нақшаи ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, 1393ҳ.ш., саҳ.11.
  83. Анҷумани дин ва зиндагии умумии ПИВ, нақшаи ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, 1393ҳ.ш., саҳ.19.
  84. Анҷумани дину зиндагии умумии ПИВ, нақшаи ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, 1393ҳ.ш., саҳ.20.
  85. Анҷумани дин ва зиндагии умумии ПИВ, нақшаи ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, 1393ҳ.ш., саҳ.19, 20.

Сарчашма

  • Анҷумани дин ва зиндагии умумии ПИВ, нақшаи ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, тарҷумаи Маҳмуд Тақизодаи Доварӣ, Қум, интишороти шиашиносӣ, чопи аввал, 1393ҳ.ш.
  • Ансорӣ, Муртазо, Фароид-ул-усул, Қум, маҷмаи ал-Фикр-ул-исломӣ, чопи нуҳум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, Таърихи ташайюъ дар Эрон, аз оғоз то тулӯъи давлати Сафавӣ, Теҳрон, илм, чопи чаҳорум, 1390ҳ.ш.
  • Чилунигар, Муҳаммадалӣ ва Сайидмасъуди Шоҳмуродӣ, Давлатҳои шиъӣ дар таърих, Қум, пажӯҳишгоҳи улӯм ва фарҳанги исломӣ, чопи аввал, 1395ҳ.ш.
  • Ҳайдарзода, Аббос, “Дар маҳзари муноҷоти шаъбония”, фаслномаи илмии фарҳангии Паём, шумораи 1, 06, 1390ҳ.ш.
  • Раҳмони Ситоиш, Муҳаммадкозим, «Тақлиди 1», дар донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, бунёди доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, Қум, маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо, чопи чаҳорум, 1392ҳ.ш.
  • Ризоӣ, Муҳаммадҷаъфар, “Пажӯҳише дар аснод ва нусхаҳои зиёрати Ошӯро”, улуми ҳадис, шумораи 49, 50, 1387ҳ.ш.
  • Сайиди Муртазо, ал-Фусул-ул-мухтора мин-ал-уюн ва-л-маҳосин, Қум, ал-Муътамарулъоламӣ лиалфият аш-Шайх-ул-Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Фурӯғӣ, Асғар, Коркарди маросими сӯгвории Ошӯро дар расмӣ шудани мазҳаби шиа дар замони Сафавия, маҷаллаи Мишкот, шумораи 81, зимистони 1382
  • Фулодӣ, Муҳаммад, Муҳаммадҷаводи Наврӯзӣ, “Ҷойгоҳи зиёрат дар оини католик ва мазҳаби шиа; баррасӣ ва муқоиса”, маърифати адён, шумораи 25, 1394ҳ.ш.
  • Файёз, Абдуллоҳ, Пайдоиш ва густариши ташайюъ, тарҷумаи Сайидҷаводи Хотамӣ, Сабзавор, интишороти Ибни Ямин, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
  • Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷанон, Қум, нашри Усва.
  • Кошифӣ, Муҳаммадризо, Каломи шиа, моҳият, мухтассот ва манобеъ, Теҳрон, созмони интишороти пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, чопи сеюм, 1387ҳ.ш.
  • Гурӯҳи таърихи пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ, Таърихи ташайюъ, Қум, маркази мудирияти ҳавзаҳои илмияи хоҳарон, чопи сеюм, 1389ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти Исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, Шиа дар Ислом, Қум, Исмоилиён, чопи аввал, 1379ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Зод-ул-маъод, Қум, ҷилваи камол, 1389ҳ.ш.
  • Муҳаррамӣ, Ғуломҳасан, Таърихи ташайюъ аз оғоз то поёни ғайбати суғро, Қум, муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, чопи дувум, 1382ҳ.ш.
  • Маҳаллотӣ, Ҳайдар “Баррасии татбиқии дуои Арафаи Имом Ҳусайн ва Имом Саҷҷод”, Ояти бустон, шумораи 1, 1395.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Омӯзиши ақоид, Теҳрон, Амиркабир, чопи ҳаждаҳум, 1384ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, чопи понздаҳум, 1389ҳ.ш.
  • Мазоҳирӣ, Муҳсини Ҳисом, «Азодорӣ», фарҳанги сӯги шиъӣ, Теҳрон, хайма, чопи аввал, 1395ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, интишороти Исломӣ, Қум, чопи панҷум, 1430ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, Қум, мадрасатул- Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи аввал, 1427ҳ.қ.
  • Маҳдавии Род, Муҳаммади Алӣ ва Рӯҳуллоҳи Шаҳидӣ, “Сайри интиқоли мероси мактуби шиа дар оинаи феҳристҳо”, шумораи 44, 1386ҳ.ш.
  • Маҳдипӯр, Алиакбар, “Бо дуои Нудба дар пагоҳи ҷумъа”, мавъуд, шумораи 16, 1378ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Нафиса, “Нигариши мавзӯӣ бар зиёрати Ҷомеъаи кабира”, Сафина, шумораи 26, 1389ҳ.ш.
  • Мусопӯр, Иброҳим, “Ҷашнҳои ҷаҳони Ислом”, донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, бунёди доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1385.
  • Муаддаб, Ризо, Таърихи ҳадис, Қум, маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо, чопи дувум, 1388ҳ.ш.
  • Ҳошимӣ Ақдам, Лаъё, “Асрор-ул-орифин бо шарҳи дуои Кумайл”, китоби моҳи дин, шумораи 120, 211, 122, 1386ҳ.ш.
  • Яздонӣ, Аббос, “Муруре бар рисолаҳои амалия (2)”, ковише нав дар фиқҳ, шумораи 15 ва 16, 1377ҳ.ш.
  • Ҳолм, Ҳойнс, Ташайюъ, тарҷумаи Муҳаммадтақии Акбарӣ, Қум, нашри адён, чопи дувум, 1389ҳ.ш.