Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром (китоб)

Аз wikishia
Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром
НависандаМуҳаққиқи Ҳиллӣ
МавзуъФиқҳи фатвоӣ
Забонарабӣ
Теъдоди ҷилд4 ҷилд
НоширИсмоилиён


Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром (арабӣ: شَرایعُ الاسلام فی مسائل الحَلال و الحَرام) машҳур ба Шароеъ, китобе дар фиқҳи фатвоӣ, навиштаи Муҳаққиқи Ҳиллӣ (ваф.676ҳ.қ.) - фақеҳи барҷастаи қарни ҳафтуми қамарӣ. Ин китоб аз замони таълиф, ҳамвора конуни тавваҷуҳи фақеҳон ва аз мутуни дарсии ҳавзаҳои илмия будааст ва шарҳҳову ҳошияҳои бисёре бар он навишта шудааст.

Хусусияти муҳими Шароеъро он донистаанд, ки дар он, масоили фиқҳ дар як чорчӯби мантиқию мураттаб ироа шудааст. Дар ин китоб, ҳамаи аҳкоми шаръӣ, дар чаҳор бахши куллии ибодот, уқуд, иқоъот ва аҳком баён шудааст.

Машҳуртарин шарҳҳои шароеъ иборат аст аз: Ҷавоҳир-ул-калом, Масолик-ул-афҳом ва Мадорик-ул-аҳком.

Нусхаҳои хаттии бисёре аз Шароеъ дар даст ҳаст. Бархе аз ин нусхаҳо қадимӣ аст ва барои худи Муҳаққиқи Ҳиллӣ хонда шудааст ва ӯ бо хатти худ, онҳоро тасдиқ кардааст. Ҳамчунин ин китоб борҳо дар кишварҳои мухталиф чоп шудааст.

Нависандаи китоб ва ангезаи таълиф

Мақолаи аслӣ: Муҳаққиқи Ҳиллӣ

Муҳаққиқи Ҳиллӣ (ваф.676ҳ.қ.) - фақеҳи бузурги шиа аст. Ӯ тағо ва устоди Аллома Ҳиллӣ буд.[1] Аллома Ҳиллӣ вайро бузургтарин фақеҳи замони худ донистааст.[2] Илова бар Аллома Ҳиллӣ, Ибни Довуди Ҳиллӣ, Фахрулмуҳаққиқин - фарзанди Аллома Ҳиллӣ ва Алӣ ибни Юсуфи Ҳиллӣ - бародари Аллома Ҳиллӣ аз шогирдони ба номи ӯ будаанд.[3]

Муҳаққиқи Ҳиллӣ дар фиқҳ, усули фиқҳ ва калом китоб навиштааст, ки бархе иборатанд аз: ал-Мухтасар-ун-нофеъ (дар фиқҳ), ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар (дар фиқҳ), Наҳҷ-ул-вусул ила маърифати илм-ил-усул (дар усули фиқҳ) ва ал-Маслак фи усул-ид-дин (дар калом).[4]

Ба гуфтаи нависандаи китоб, китоби Шароеъро бо пешниҳоди яке аз шогирдонаш таълиф кардааст, ки аз ӯ хоста дар навиштае мухтасар, аҳкоми аслии фиқҳиро барои ӯ баён кунад.[5]

Ҷойгоҳи китоб

Гуфтаанд, пеш аз Шароеъ, китоби Ниҳоя навиштаи Шайхи Тусӣ ба муддати ду қарн, муҳимтарин матни дарсии фиқҳӣ буд, аммо баъд аз таълифи Шароеъ, ин китоб бо истиқболи фаровоне рӯбарӯ шуд ва ба тадриҷ, ҷои Ниҳояро гирифт.[6]

Соҳиби Ҷавоҳир дар муқаддимаи китобаш - Ҷавоҳир-ул-калом, ки шарҳи Шароеъ аст, китоби Шароеъро «Қуръоне дар аҳкоми шаръӣ» ва «фурқоне дар улуми фиқҳӣ» (фурқон: абзори ташхиси дуруст аз нодуруст) муаррифӣ карда, ҷомеъияту диққаташро сутуда ва онро улгӯе барои китобҳои баъдӣ донистааст.[7]

Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ, Шароеъ аз назари наҳваи танзими мабоҳиси фиқҳӣ, аз беҳтарини мутуни фиқҳист.[8] Ин китоб аз асри нависанда ҳамвора мавриди тавваҷуҳи фақеҳони шиа ва меҳвари гуфтугӯҳои илмӣ ва дарсу баҳс будааст.[9]

Хусусиятҳо

Ба гуфтаи Мударрисии Таботабоӣ, Муҳаққиқ сохторе мунсаҷиму мантиқӣ аз фиқҳи шиа ироа дод ва онро аз парокандагӣ даровард.[10] Дар Шароеъ, барои нахустин бор масоили фиқҳӣ дар чаҳор бахши ибодот, муомилот, уқуд ва аҳком матраҳ шуданд ва фақеҳони баъдӣ аз ӯ пайравӣ карданд.[11] Бархеи дигар аз вижагиҳои китоб ба шарҳи зер аст:

  • Дар ин китоб, масоили фиқҳие ки корбурд ё фоидаи каме доштаанд, матраҳ нашудаанд.
  • Адабиёте дақиқ, кӯтоҳ, бе зиёдагӯӣ ва дар айни ҳол равон ва расо дорад.
  • Ин китоб, бештар фиқҳи фатвоӣ аст, аммо гоҳ дидгоҳҳои фиқҳии мухолифи худро ҳам овардааст ва ба оёти Қуръон, аҳодис ва иҷмоъ истидлол кардааст.
  • Истилоҳоте чун «ал-авло» (дидгоҳе, ки тарҷеҳ дорад), «ал-ансаб» (он чи бештар бо далелҳои фиқҳӣ ҳамоҳанг аст) ва «ал-ашҳар» (машҳуртар) нахустин бор дар ин китоб барои баёни фатвои пазируфта матраҳ шуд ва фақеҳони баъдӣ аз ӯ пайравӣ карданд.[12]

Сохтор

Китоби Шароеъ дар чаҳор бахш танзим шудааст:

  1. Ибодот: таҳорат, салот, закот, хумс, савм, эътикоф, ҳаҷ, умра, ҷиҳод, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар.[13]
  2. Уқуд: тиҷорат, раҳн, ифлос (варшикастагӣ), ҳаҷр (мамнуъият аз тасарруф дар амволи шахсӣ), зимон, ҳавола, кафолат, сулҳ, ширкат, музориба, музореъа ва мусоқот, вадиъа, ория, иҷора, ваколат, вақф, ҳиба, сабқу римоя, васият ва издивоҷ.[14]
  3. Иқоъот: талоқ, зиҳор, ило, лиъон, итқ, тадбир, мукотиба, истило, иқрор, ҷаъола, имон ва назр.[15]
  4. Аҳком: сайду забоҳа, атъимаю ашриба, ғасб, шуфъа, эҳёи мавот, луқата, фароиз, қазо, шаҳодот, ҳудуд, таъзирот, қисос ва диёт.[16]

Шароеъ бо китоби таҳорат ва баҳсе дар бораи ақсоми сегонаи таҳорат (вузуъ, ғусл ва таяммум) ва баёни ақсоми воҷибу мустаҳаби онҳо шурӯъ шуда ва бо китоби диёт ва мулҳақоташ дар қолаби чанд масъала хотима ёфтааст.[17] Оғози Шароеъ бо тақсими аҳком ба чаҳор меҳвари ибодот, уқуд, иқоъот ва аҳком аст ва даҳ китоб зермаҷмӯаи ибодот қарор гирифтааст, ки таҳорат нахустини онҳост.

Нависанда бо тақсими таҳорат ба вузуъ, ғусл ва таяммум мавориди вуҷуб ва истиҳбоби ҳар якро ингуна баён кардааст: мавориди вуҷуби вузуъ иборатанд аз: намоз, тавофи воҷиб ва ламси навиштаҳои Қуръон. Вузуъ барои ғайри ин маворид мустаҳаб аст. Мавориди вуҷуби ғусл иборатанд аз: тамоми мавориди вузуъ ба илова барои дохил шудан ба масҷидҳо, хондани сураҳои азоим, барои вуруд ба рӯзи моҳи рамазон вақте ки фақат ба андозаи ғусл кардан то сапедадам барои ҷунуб фурсат монда бошад ва барои рӯзаи зани мустаҳозаи касира ва ғусл барои ғайри ин маворид мустаҳаб аст.

Мавориди вуҷуби таяммум иборатанд аз: таяммум барои намози фарзе, ки фурсати вузуъ гирифтан ё ғусл кардан нест ва касе ки дар Масҷид-ул-ҳаром ё Масҷид-ун-набӣ ҷунуб шуда ва бихоҳад аз он ҷо хориҷ бишавад. Ва таяммум барои ғайри ин маворид мустаҳаб аст. Албатта таҳорат гоҳе бо назру монанди он воҷиб мешавад.[18]

Охирин масъалаи китоби Шароеъ дар бораи ҳукми мусулмоне аст, ки парандаеро бо тир нишона гирифта ва баъд аз он муртад шуда ва тираш ба мусулмоне хӯрдааст. Шайхи Тусӣ[19] қоил аст, ки дия на бар уҳдаи бастагони мусулмони ӯст ва на бар уҳдаи куффор.[Ёддошт 1] Соҳиби Шароеъ бар ин бовар аст, ки агар гуфта шавад, ки дия бар уҳдаи бастагони мусулмони ӯст, сухан некуест; чун бинобар қавли саҳеҳтар бастагони мусулмонаш аз ӯ ирс мебаранд.[20]

Шарҳ, ҳошия ва тарҷумаи Шароеъ

Ҷавоҳир-ул-калом, навиштаи Муҳаммадҳасани Наҷафӣ, аз шарҳҳои машҳури Шароеъ
Мақолаи аслӣ: Феҳристи шарҳҳои Шароеъ-ул-Ислом

Шарҳҳо ва ҳошияҳои бисёре бар Шароеъ-ул-Ислом навишта шудааст.[21] Хулосаҳо ва тарҷумаҳое ҳам аз он дар даст аст. Китоби ан-Нофеъ фи мухтасар-иш-шароеъ машҳур ба Мухтасар-уш-шароеъ, хулосае аст, ки худи Муҳаққиқи Ҳиллӣ аз Шароеъ ироа додааст.[22] Ӯ шарҳе ҳам бар ҳамин хулоса ба номи ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар навиштааст.[23]

Бархе аз шарҳҳои машҳури китоб ҳам иборатанд аз:

Муҳаққиқи Каракӣ, Сайид Муҳаммадмаҳдӣ Баҳрулъулум, Шаҳиди Сонӣ ва Ҷамолиддини Хонсорӣ ҳам аз фақеҳонеанд, ки бар Шароеъ ҳошия навиштаанд.[25]

Нусхашиносӣ

Ба гуфтаи Сайид Муҳсини Амин, нусхаҳои хаттии бисёре аз Шароеъ-ул-Ислом вуҷуд дорад.[26] Дар китоби Феҳрествораи дастнавиштаҳои Эрон, аз 853 нусхаи хаттӣ дар Эрон ном омадааст.[27] Шуморе аз ин нусхаҳо бисёр қадимӣ аст, ба гунае ки барои худи нависанда[28] ё фақеҳони машҳури ҳамасри ӯ чун Аллома Ҳиллӣ[29] ҳам хонда шудааст.

Оқобузурги Теҳронӣ дар аз-Зариъа нусхаҳоеро, ки худ дидааст, ба шарҳи зер овардааст:

  • Нусхае ба хати шахсе ба номи Муҳаммад ибни Исмоили Ҳерқалӣ. Ин нусха нимаи аввали китобро дарбар гирифта ва дар соли 670ҳ.қ., навишта шудааст. Котиби ин нусха, онро барои Муҳаққиқи Ҳиллӣ хонда ва ӯ онро ба хати худ таъйид кардааст.
  • Нусхаи нимаи дувуми китоб ба хати Муҳаммад ибни Исмоили Ҳерқалӣ. Ин нусха дар соли 703ҳ.қ., навишта шудааст.
  • Нусхаи мавҷуд дар китобхонаи Маҷдуддини Насирӣ дар Теҳрон, ки дар соли 674ҳ.қ., навишта шудааст. Таъйидияи Муҳаққиқи Ҳиллӣ бар итмоми ин нусха, ба хат ва имзои худи ӯ, дар ин нусха дида мешавад.
  • Нусхаи китобхонаи Оли Толиқонӣ дар Наҷаф. Ин нусхаро шахсе ба номи Муҳаммадкозими Яздӣ дар соли 1105ҳ.қ. нигоштааст.[30]

Вазъияти нашр

Шароеъ борҳо дар Эрон, Ҳинд, Миср ва Ироқ чоп шудааст. Эҳтимол додаанд, қадимитарин чопи он, дар соли 1255ҳ.қ., дар Калкаттаи Ҳинд сурат гирифта бошад.[31] Нахустин чопи он дар Эрон низ дар соли 1267ҳ.қ., ба сурати сангӣ анҷом шудааст.[32]

Бархеи дигар аз чопҳо:

  • Чопи Қоҳира дар соли 1376ҳ.қ.[33]
  • Чопи чопхонаи Хуршед ва Мактабат-ул-илмийят-ул-исломийя, соли 1377ҳ.қ.
  • Чопи Наҷаф бо тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммад Алӣ Баққол, дар соли 1389ҳ.қ.[34]
  • Чопи муассисаи Исмоилиён дар Қум дар соли 1408ҳ.қ., бо тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммад Алӣ Баққол
  • Чопи интишороти Истиқлол, Теҳрон, 1409ҳ.қ.

Эзоҳ

  1. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.47.
  2. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.90; ҷ.4, саҳ.89.
  3. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.90; ҷ.4, саҳ.91 - 92.
  4. Афандӣ, Риёз-ул-уламо, , 1431ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.105 - 106; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.90; ҷ.4, саҳ.92.
  5. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.2.
  6. Афрохта, «Шароеъ-ул-Ислом», саҳ.738.
  7. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.2.
  8. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.47 - 48.
  9. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.47 - 48; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.90.
  10. Мударрисии Таботабоӣ, Муқаддимае бар фиқҳи шиа, 1368ҳ.ш., саҳ.54.
  11. Мударрисии Таботабоӣ, Муқаддимае бар фиқҳи шиа, 1368ҳ.ш., саҳ.21.
  12. Афрохта, “Шароеъ-ул-Ислом”, саҳ.737 - 738.
  13. Ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.3 - 310.
  14. Ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.3 - 209.
  15. Ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.3 - 144.
  16. Ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.154 - 224; ҷ.4, саҳ.3 - 228.
  17. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.8, ҷ.4, саҳ.1056.
  18. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.8.
  19. Шайхи Тусӣ, Мабсут, ҷ.7, саҳ.183.
  20. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1056.
  21. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.48 - 49; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.90.
  22. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.49.
  23. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.58.
  24. Ансории Қумӣ, “Китобшиносии шуруҳи Шароеъ-ул-Ислом”, саҳ.92.
  25. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.106 - 108.
  26. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.90; ҷ.4, саҳ.90.
  27. Дироятӣ, Феҳрествораи дастнавиштаҳои Эрон, 1389ҳ.ш., саҳ.363 - 389.
  28. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.48.
  29. Афрохта, “Шароеъ-ул-Ислом”, саҳ.739.
  30. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.48 - 49.
  31. Афрохта, “Шароеъ-ул-Ислом”, саҳ.739.
  32. Афрохта, “Шароеъ-ул-Ислом”, саҳ.739.
  33. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.50.
  34. Афрохта, “Шароеъ-ул-Ислом”, саҳ.739.

Ёддошт

  1. فلا يعقل عنه المسلمون لأنه أصابه و هو مرتد و لا يعقل عنه الكفار لأنه أرسله و هو مسلم، فتكون الدية في ماله ;зеро тир вақте исобат кардааст ки муртад буда пас мусулмонон вазифае надоранд ва ҳангоме тирро раҳо кардааст, ки мусулмон буда пас куффор ҳам вазифае надоранд ва дия бар уҳдаи худи ӯст. Шайхи Тусӣ, Мабсут, ҷ.7, саҳ.183.

Сарчашма

  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1403ҳ.қ.
  • Ансории Қумӣ, Носириддин, “Китобшиносии шуруҳи Шароеъ-ул-Ислом”, Мироси шаҳоб, № 68 ва 69, 1391ҳ.ш.
  • Афандӣ, Абдуллоҳ, Риёз-ул-уламо ва ҳиёз-ул-фузало, таҳқиқи Аҳмад Ҳусайнии Ашкурӣ, Бейрут, муассисатул-таърихил-арабӣ, 1431ҳ.қ./2010м.
  • Афрохта, Муҳаммадҳусайн, “Шароеъ-ул-Ислом”, дар донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1398ҳ.ш.
  • Дироятӣ, Мустафо, Феҳрествораи дастнавиштаҳои Эрон, Теҳрон, китобхона, музей ва маркази асноди маҷлиси шӯрои исломӣ, 1389ҳ.ш.
  • Мударрисии Таботабоӣ, Сайидҳусайн, Муқаддимае бар фиқҳи шиа (куллиёт ва китобшиносӣ), Машҳад, Бунёди пажуҳишҳои исломӣ, 1368ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммадалӣ Баққол, Қум, Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.