Адлия
Адлия як истилоҳи каломӣ барои ишора ба шиа ва муътазила аст. Сабаби ин номгузорӣ, ин эътиқоди шиа ва муътазила аст, ки ба лиҳози ақлӣ, ҳусн ва қубҳ ё хубӣ ва бадӣ вуҷуд дорад ва Худованд бар асоси он амал мекунад ва ба ин хотир одил шуморида мешавад. Бар ин асос, адл аз усули мазҳаби шиа ва усули панҷгонаи муътазила аст.
Дар муқобили адлия, ашоира қарор доранд, ки қоил ба ҳусн ва қубҳи шаръиянд; яъне бар ин боваранд, ки дар воқеъ, ҳусну қубҳе вуҷуд надорад, балки ҳарчӣ Худо ба он амр кунад, хуб ва ҳарчӣ аз он наҳй кунад, бад мешавад. Тибқи сухани Муртазо Мутаҳҳарӣ, ҳамаи мазоҳиби исломӣ Худовандро одил медонанд ва фақат дар тафсири адолати Ӯ дучори ихтилофи назаранд.
Натиҷаи эътиқоди адлия ба ҳусн ва қубҳи ақлӣ ин аст, ки онҳо дар канори Қуръон, суннат ва иҷмоъ, ки пазируфтаи ҳамаи мусулмонон аст, ақлро низ ҳуҷҷат медонанд ва аз он, ба унвони яке аз адиллаи шаръӣ барои истинботи аҳкоми шаръӣ баҳра мебаранд.
Адли Илоҳӣ; масъалае муҳим дар каломи исломӣ
Мақолаи аслӣ: Адли Илоҳӣ
Масъалаи адлро аз масоили муҳими каломи исломӣ медонанд ва мегӯянд, аҳамияташ чунон аст, ки мутакаллимони мусулмон, бар асоси мавзеашон дар баробари ин масъала, ба ду дастаи адлия ва ғайриадлия тақсим шудаанд.[1] Асли адл яке аз усули панҷгонаи мазҳаби шиа аст.[2] Ҳамчунин асли дувум аз усули панҷгонаи муътазила, аз мазоҳиби каломии аҳли суннат аст.[3]
Масъалаи аслӣ дар адли Илоҳӣ
Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, дар масъалаи адл, суол ин нест, ки Худо одил аст ё хайр; зеро ҳамаи уламои мусулмон ба адолати Худо бовар доранд ва ҳеҷ фирқае мухолифи адли Худо нест. Сухан бар тафсири онҳо аз адолати Ӯст.[4] Масъала ин аст, ки оё мизон ва милоке барои адл вуҷуд дорад ва қавонини Худо бар ҳастӣ ва ҳамчунин шариати Худо; яъне амр ва наҳйҳои Ӯ аз он табаият мекунад ё хайр, милоке барои адл вуҷуд надорад ва ҳар коре, ки Худо анҷом диҳад, мисдоқи адл аст.[5]
Ба иборати дигар, аввал хубию бадӣ, маслиҳату мафсада ва ҳаққу ноҳаққе вуҷуд доштаасту баъд, Худо дастурҳои худро бар асоси онҳо танзим кардааст ё инҳо набудаанд, балки ибтидо дастурҳои Худо эҷод шудаанд ва сипас, бар пояи ин дастурҳо, хубию бадӣ ва ҳаққу ноҳақ шакл гирифтааст.[6]
Барои мисол Худо ба амонатдорӣ амр мекунад, чун воқеан хуб аст ва маслиҳате дар он вуҷуд дорад ва аз хиёнат наҳй мекунад, чун воқеан бад асту муфсадае дар он вуҷуд дорад ё на, маслиҳат ва мафсадаи воқеӣ вуҷуд надорад ва чун Худо ба бархе аъмол амр кардааст, хуб шудаанд ва чун аз бархе аъмол наҳй кардааст, бад шудаанд.[7]
Адлия киҳо ҳастанд?
Аз миёни мазоҳиби каломии исломӣ, шиа ва ҳамчунин муътазиларо адлия меноманд.[8] Мутакаллимони шиа ва муътазила қоил ба ҳусн ва қубҳи ақлианд; яъне мегӯянд, аъмол бо қатъи назар аз инки Худо ба ҳусн ё қубҳашон ҳукм кунад, ба лиҳози ақлӣ, ба ҳусну қубҳ тақсим мешаванд; яъне ақл ба некуӣ ва зиштии бархе умур ҳукм мекунад ва Худо аз ин ҷиҳат одил аст, ки бар хилофи ҳусн ва қубҳе ки ақл ташхис медиҳад, амал намекунад.[9]
Мухолифони адлия
Ашоира - гуруҳе аз мутакаллимони мусулмон, дар нуқта муқобили шиаёну муътазила, ҳусн ва қубҳи ақлиро намепазиранд ва ба ҳусн ва қубҳи шаръӣ бовар доранд. Инҳо мегӯянд, ақл қодир ба ташхиси хубӣ ва бадии умур нест; ба иборати дигар хубу бади воқеӣ вуҷуд надорад ва ҳарчӣ шореъ ба он амр кунад, хуб ва ҳарчӣ аз он наҳй кунад бад мешавад ва агар шаръ набуд, ҳусну қубҳе вуҷуд намедошт.[10]
Ҳуҷҷияти ақл назд адлия
Бар пояи сухани Муртазо Мутаҳҳарӣ, адлия ба хотири онкии ҳусн ва қубҳи ақлиро мепазиранд, дар канори Қуръон, суннат ва иҷмоъ, ки пазируфтаи ҳама мусулмонон аст, ақлро низ ҳуҷҷат медонанд; яъне онро аз адиллаи шаръӣ мешуморанд ва барои иҷтиҳод ва истинботи аҳкоми шаръӣ ба он истинод мекунанд.[11] Ин бархилофи назари ғайриадлия аст, ки мегӯянд, ақл наметавонад роҳнамои мо барои расидан ба қавонини шариъат бошад.[12]
Эзоҳ
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.811.
- ↑ Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи ақоиди исломӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.99.
- ↑ Субҳонӣ, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.51.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.73.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.811 - 812.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.813.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.811 - 812.
- ↑ Ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Истиқсо-ун-назар фи-л-қазои ва-л-қадар, 1418ҳ.қ., саҳ.34; Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.333.
- ↑ Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., саҳ.302 - 303.
- ↑ Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., саҳ.302.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.815.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.814.
Сарчашма
- Машкур, Муҳаммадҷавод, Фарҳанги фирақи исломӣ, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1375ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, 1384ҳ.ш.
- Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи ақоиди исломӣ, Қум, Дорул-ҳадис, 1385ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, Қум, Тавҳид, чопи аввал, 1373ҳ.ш.
- Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Истиқсо-ун-назар фи-л-қазои ва-л-қадар, таҳқиқи Муҳаммад Ҳусайнии Нишобурӣ, Машҳад, Дору анбоил-ғайб, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
- Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, тасҳеҳи Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ, Қум, Ҷамоъатул-мударрисин фил-ҳавзатил-илмия би Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.