Тасҳиҳ-ул-эътиқод (китоб)

Аз wikishia
Тасҳиҳ-ул-эътиқод
НависандаШайхи Муфид
Мавзуъақоиди шиа
Сабккаломӣ
Забонарабӣ
Маҷмуа1 ҷилд
Ноширгуногун
Санаи нашргуногун
Тарҷумаи форсӣ
Номи китоб ба хатти ниёгонتصحیح الإعتقاد
Номи тарҷумонСайид Алӣ Мударрисии Яздӣ (аз арабӣ ба форсӣ)

Тасҳиҳ-ул-эътиқодот-ил-имомия ё Тасҳиҳ-ул-эътиқод (арабӣ: تَصحیحُ الاعتقاد) китобе дар дониши калом аз Шайхи Муфид (ваф.413ҳ.қ.) аст. Ин китоб, шарҳ ва нақдест бар китоби «ал-Эътиқодот», навиштаи Шайхи Садуқ. Бар хилофи Шайхи Садуқ, ки барои исботи матолиб танҳо бар оёти Қуръон ва ривоёт такя кардааст, Шайхи Муфид аз равиши ақлӣ баҳра бурдааст.

Бадо, савол дар қабр, қазову қадар, маънои арш, раҷъат ва чигунагии нузули ваҳй аз ҷумла масоили китоб аст. Дар Тасҳиҳ-ул-эътиқод интиқоди умдаи Шайхи Муфид бар Шайхи Садуқ ин аст, ки вай дар исботи эътиқодот ва тафсири оёту ривоёт диққати ақлонии кофӣ надорад.

Чанд нусхаи хаттӣ аз Тасҳиҳ-ул-эътиқод дар китобхонаҳои Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва Остони қудси Разавӣ мавҷуд аст. Китоб чанд бор чоп шуда ва ба форсӣ ҳам тарҷума шудааст.

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Шайхи Муфид

Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон машҳур ба Шайхи Муфид аз уламои шиаи дувоздаҳимомӣ дар қарни чаҳоруму панҷуми қамарӣ аст.[1] Вай аз шогирдони Шайх Садуқ будааст ва Сайиди Разӣ, Сайиди Муртазо ва Шайхи Тӯсӣ аз шогирдони ӯ будаанд.[2]

Шайхи Тӯсӣ барои ӯ ҷойгоҳи баланде дар донишҳои калом ва фиқҳ қоил шудааст.[3] Ибни Надим ҳам вайро падари каломи шиа муаррифӣ кардааст.[4]

ал-Муқниъа дар фиқҳ, Авоил-ул-мақолот дар калом ва ал-Иршод дар шарҳи ҳоли имомони шиа аз маъруфтарин таълифоти Шайх Муфид аст.[5]

Шарҳи китоби ал-Эътиқодот

Китоби Тасҳиҳ-ул-эътиқодот, шарҳест бар китоби ал-Эътиқодот ё Эътиқодот-ул-имомия навиштаи Шайхи Садуқ ки дар он муҳимтарин эътиқодоти шиаи имомия омадааст.[6] Ҳамон тавр ки аз унвони Тасҳиҳ-ул-эътиқодот пайдоаст, талоши Шайхи Муфид бар он будааст, то дидгоҳҳои устодаш Шайхи Садуқро дар бораи эътиқодоти шиаи имомия нақд ва тасҳеҳ кунад.[7] Шайхи Садуқ дар китоби ал-Эътиқодот барои исботи эътиқодоти шиа аз оёти Қуръон ва аҳодис кумак гирифтааст; аммо Шайхи Муфид дар шарҳи ин китоб аз равиши ақлӣ ҳам баҳра гирифтааст.[8]

Аз ҷумла имтиёзоти китоби Тасҳиҳ-ул-эътиқодро он медонанд ки ду равиши фикрии мутафовит дар каломи шиаро инъикос мекунад мекунад: равише ки ба истидлолҳои ақлӣ тавваҷуҳ намекунад ва бар ривоёт вобаста аст ва мактабе ки ба ақл баҳо медиҳад ва онро ба лиҳози шаръӣ муътабар медонад.[9]

Муҳтавои китоб

Шайхи Муфид дар Тасҳиҳ-ул-эътиқодот борҳо бар Шайхи Садуқ хурда гирифтааст, ки ҳамчун асҳоби ҳадис ба истидлолҳои ақлӣ беэътиност ва танҳо бар ривоёт такя мекунад.[10] Бархе ишколоти Шайхи Муфид бар Шайхи Садуқ дар ин китоб иборат аст аз: тафсири нодурусти оёти Қуръон, ба ривоёти саҳиҳ истинод накардан, бетаваҷҷӯҳӣ аз маънои дурусти бархе алфози Қуръон ва ривоёт, пайравӣ аз шеваи аҳли ҳадис дар бардошт аз ривоёт, яъне талоши ақлонии кофӣ дар маънои ривоёт накардан.[11]

Нахустин матлаби китоб ба тафсири ояти يَوْمَ يُكْشَفُ عَنْ سَاقٍ (рӯзе ки кор, зору раҳоӣ душвор шавад.) мепардозад. Шайхи Муфид дар тафсири оят гуфта ки дар рӯзи қиёмат аз мавзӯии бузургу сахт пардабардорӣ мешавад, ки ҳамон ҳисобрасии аъмолу подошу кайфар додан бар онҳо ва низ ошкор шудани асрору зоҳир шудани ботинҳост.[12]

Назароти хос

  • Шайхи Муфид бар ин бовар аст тиб, шинохти ҳақиқати беморӣ ва дору аст, ки ҷуз аз тариқи Худованд ба даст намеояд. Табибони ин илмро аз анбиё омӯхтаанду анбиё низ онро аз тариқи ваҳй аз Худованд дарёфт кардаанд ва ривоёти имомон (а) низ тафсиркунандаи ин илм аст.[13]
  • Шайхи Муфид дар мавриди исмати анбиё ва имомон чунин мегуяд ки онон пас аз мақоми рисолату имомат, дорои исмат мебошанд. Аммо қабл аз расидан ба ин мақом далеле бар исмат вуҷуд надорад ва дар ин замина таваққуф мекунад.[14]
  • Дар мавриди шаҳодати имомони шиа низ Шайхи Муфид муътақид аст, ки Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а) ва Имом Мӯсои Козим (а) қатъан шаҳид шудаанд ва дар мавриди Имом Ризо (а) низ қавли қавӣ бар шаҳодати эшон аст. Аммо дар мавриди имомони дигари далеле бар шаҳодати онҳо вуҷуд надорад.[15]

Сохтори китоб

Тасҳиҳ-ул-эътиқод 28 фасли дорад. Бархе аз фаслҳои он ба шарҳи зер аст:

Нусхаҳои хаттии китоб

Чанд нусхаи хаттӣ аз китоби Тасҳиҳ-ул-эътиқод вуҷӯд дорад ки чопҳои китоби барасоси он сӯрат гирифтааст. Бархе аз онҳо иборатаст аз:

Тарҷума ва чоп

Китоб «Тасҳиҳ-ул-эътиқод» дар соли 1371ҳ.қ., тавассути Сайид Алӣ Мударрисии яздӣ ба форсӣ тарҷума ва чоп шудааст. Бархе дигар аз чопҳои Тасҳиҳ-ул-эътиқод иборатанд аз:

Чопи интишороти Разӣ бо муқаддама ва таълиқоти Сайид Ҳибатуддини Шаҳристонӣ дар соли 1363ҳ.ш.

Чопи Конгресси бузургдошти Шайхи Муфид, дар соли 1371ҳ.ш., бо таҳқиқи Ҳусайни Даргоҳӣ ва муқаддамаву таълиқоти Сайид Ҳибатуддини Шаҳристонӣ.

Чопи Муассисаи фарҳанги ҷаъфарӣ, бо муқаддамаи Муҳаммадризо ҷаъфарӣ дар соли ‍1387ҳ.ш.

Эзоҳ

  1. Шубайрӣ, «Гузаре бар ҳаёти Шайхи Муфид», 1372ҳ.ш., саҳ.7, 8, 39
  2. Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш., саҳ.143 ва 144
  3. Тӯсӣ, ал-Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.238
  4. Ибни Надим, ал-Феҳрист, 1350ҳ.ш., саҳ.226 ва саҳ.247
  5. Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш., саҳ.143 - 144
  6. Исботӣ, «Баррасии орои каломии Шайхи Садуқ ва муқоисаи он бо орои Шайхи Муфид», саҳ.47 ва 48
  7. Таботабоӣ, «Баррасии китоби Тасҳиҳ-ул-эътиқоди Шайхи Муфид», саҳ.39
  8. Таботабоӣ, «Баррасии китоби Тасҳиҳ-ул-эътиқоди Шайхи Муфид», саҳ.39
  9. Таботабоӣ, «Баррасии китоби Тасҳиҳ-ул-эътиқоди Шайхи Муфид», саҳ.42
  10. Таботабоӣ, «Баррасии китоби Тасҳиҳ-ул-эътиқоди Шайхи Муфид», саҳ.42
  11. Таботабоӣ, «Баррасии китоби Тасҳиҳ-ул-эътиқоди Шайхи Муфид», саҳ.39 - 42
  12. Шайхи Муфид, Тасҳиҳ-ул-эътиқодот-ил-имомия, 1371ҳ.ш., саҳ.28 - 29
  13. Шайхи Муфид, Мусаннафоти Шайхи Муфид, Тасҳиҳ-ул-эътиқод, 1413ҳ.қ., саҳ.144
  14. Шайхи Муфид, Мусаннафоти Шайхи Муфид, Тасҳиҳ-ул-эътиқод, 1413ҳ.қ., саҳ.130
  15. Шайхи Муфид, Мусаннафоти Шайхи Муфид, Тасҳиҳ-ул-эътиқод, 1413ҳ.қ., саҳ.132
  16. Ниг.: Шайхи Муфид, Тасҳиҳ-ул-эътиқод, 1371ҳ.ш.
  17. Даргоҳӣ, Муқаддамаи Тасҳиҳ-ул-эътиқод, саҳ.4 ва 5

Сарчашма

  • Ибни Надим, Муҳаммад ибни Абияъқуб Исҳоқ, ал-Феҳрист, таҳқиқ: Ризои Таҷаддуд, Теҳрон, бе то, 1350ҳ.ш.
  • Исботӣ, Исмоил, «Баррасии орои каломии Шайхи Садуқ ва муқоисаи он бо орои Шайхи Муфид», Ҳадису андеша, №9 ва 10, 1383ҳ.ш.
  • Даргоҳӣ, Ҳусайн, Муқаддамаи Тасҳиҳ-ул-эътиқод, дар Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Нӯъмон, Тасҳиҳ-ул-эътиқод, таҳқиқи Ҳусайни Даргоҳӣ, конгресси Бузургдошти Шайхи Муфид, чопи аввал, 1371ҳ.ш.
  • Шубайрӣ, Сайид Муҳаммадҷавод, «Гузаре бар ҳаёти Шайхи Муфид», дар мақолоти форсии конгресси ҷаҳонии Ҳазораи Шайхи Муфид, №55, 1372ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Нӯъмон, Тасҳиҳ-ул-эътиқод, таҳқиқи Ҳусайни Даргоҳӣ, конгресси бузургдошти Шайхи Муфид, чопи аввал, 1371ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Ҳодӣ, «Баррасии китоби Тасҳиҳ-ул-эътиқоди Шайхи Муфид», дар китоби Моҳи дин, №184, баҳмани 1391ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Феҳрист, таҳқиқи Ҷавод ал-Қайюмӣ, беҷо, муассисаи нашри ал-Фақоҳа, 1417 қ.
  • Гурҷӣ, Абулқосим, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, Теҳрон, самт, 1385ҳ.ш.