Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа (китоб)
Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа фи аҳком-иш-шариъа (арабӣ: جامِعُ أحادیثِ الشّیعَة فی احکام الشریعه) китобе ба забони арабӣ ки аҳодиси фиқҳии шиаро дарбар дорад.
Китоб бо пешниҳоди Оятуллоҳ Буруҷердӣ (ваф.1380ҳ.қ.) - марҷаъи тақлид ва бо кӯшиши гуруҳе аз шогирдонаш ба хусус Исмоил Муъизии Малоерӣ таълиф шудааст.
Навиштани ин китоб дар соли 1370 ҳиҷрии қамарӣ бо ҳадафи бартараф кардани баъзе аз нуқсонҳои китоби "Васоил-уш-шиъа" оғоз шуда ва баъдан манобеъи дигари ривоии фиқҳи шиа низ ба он афзуда шудаанд.
Ҷомеъ будан, адами тақтиъ (набуридани ҳадисҳо), тақсими бобҳо, зикри оётул-аҳком ва ҷудо кардани ҳадисҳои фиқҳӣ аз ривоёти одобу сунан аз ҷумлаи вижагиҳои ҷомеъи аҳодиси шиа мебошанд.
Навиштани китоб дар соли 1370 ҳиҷрии қамарӣ оғоз шуда ва баъд аз даҳ сол ҷилди аввали он чоп ва нашр шуд.
Ҷомеъи аҳодис дар маҷмӯаҳои 26-ҷилдӣ ва 31-ҷилдӣ чоп шудааст. Чопи 31-ҷилдии он бо унвони «Манобеи фиқҳи шиа» ба забони форсӣ тарҷума шудааст.
Нависандагон
Ҷомеъ-ул-аҳодис таҳти назорати Оятуллоҳ Буруҷердӣ (ваф.1380ҳ.қ.) аз мароҷеъи тақлид ва ҳамкории бист нафар аз шогирдони ӯ [Ёддошт 1] навишта шудааст.[1] Фишбардории китоб баъд аз ҳафт сол ба поён расид. Исмоил Муъизии Малоерӣ, Алипаноҳ Иштиҳордӣ ва Муҳаммад Воъиззодаи Хуросонӣ онро бозбинӣ карданд. Боббандии китоб ҳам тавассути Исмоил Муъизии Малоерӣ таҳия шуд.[2]
Оятуллоҳ Буруҷердӣ дар соли 1370 ҳиҷрии қамарӣ навиштани китобро пешниҳод кардааст.[3]
Аҳамият
Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, аҳодиси беш аз сад манбаи ривоии фиқҳи шиа аз садаҳои дувум то чаҳордаҳуми қамариро дарбар мегирад.[4] Аз ин рӯй, тарҷумаи он «Манобеи фиқҳи шиа» ном гирифтааст.[5] Теъдоди аҳодис дар ин китоб ба 48342 ҳадис мерасад.[6]
Оятуллоҳ Буруҷердӣ Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъаро самараи умри хеш мехонд.[7] Бархе аз мароҷеъи тақлид ҳамчун имом Хумайнӣ аз ин китоб истифода мекарданд.[8] Оятуллоҳ Субҳонӣ - марҷаъи тақлид, боббандӣ, назму тартиб ва ҷомеъияти Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъаро сутуда, муътақид аст, ин китоб, фақеҳро аз муроҷиа ба дигар ҷавомеъи ҳадисии шиа бениёз мекунад.[9]
Ангезаи таълиф
Ангезаи пешниҳоди нигориши Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, бартараф кардани заъфҳо ва ишколоти китоби Васоил-уш-шиъа зикр шудааст,[10] ки иҷтиҳодро бо кундӣ мувоҷеҳ мекард.[11] Аз ҷумлаи ин ишколот тақтиъи аҳодис буд, ки сабаби такрори аҳодис, густарда шудани ҳаҷми китоб ва қатъи иртиботи аввал ва охири ривоёт бо якдигар мешуд.
Ҳамчунин тақтиъи ривоёт сабаб мешуд, ки муаллиф барои пешгирӣ аз такрор, дар ҳар қитъа танҳо ба як санади ҳадис ишора кунад, дар ҳоле ки овардани санадҳои мухталиф фавоиде дорад. Барои мисол дар мавориде бар мустафиз будани ҳадис далолат мекунад.[12]
Ба гуфтаи Муҳаммади Воъиззода - яке аз нависандагони китоб, нигориши китоб бо ин нигоҳ оғоз шуд, ки танҳо нозир ба аҳодиси китоби Васоил-уш-шиъа бошад. Аз ин рӯ, дар ибтидо аз он бо номи «Таҳзиб-ул-васоил» ёд мешуд,[13] аммо дар идома, тасмим бар он шуд, ки тамоми аҳодиси фиқҳии шиа аз Кутуби арбаъа, Мустадрак-ул-васоил ва дигар мутуни ҳадисиро дарбар бигирад.[14] Аз ин рӯ, Оятуллоҳ Буруҷердӣ онро Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа номид.[15]
Оятуллоҳ Буруҷердӣ яксол баъд аз шурӯи кор тасмим гирифт, ки дар поёни ҳар боб, аҳодиси аҳли суннатро низ зикр кунад. Гуфта шудааст, далели ӯ ин буд, ки ба аҳли суннат бифаҳмонад фурӯъеро ки онҳо аз қиёсу истеҳсон ба даст овардаанд, метавон аз ривоёт ба даст овард.[16] Ӯ ҳамчунин муътақид буд, ки фиқҳи шиа нозир бар фиқҳи аҳли суннат аст ва огоҳӣ аз фатвоҳои уламои аҳли суннат ва ривоёти онҳо, дар фаҳми беҳтари ривоёт таъсир дорад.[17]
Ин кор то поёни китоби таҳорат анҷом гирифт, аммо дар идома Оятуллоҳ Буруҷердӣ аз тасмими худ мунсариф шуд. Гуфтаанд, инсирофи ӯ таҳти таъсири фарзандаш Муҳаммадҳасан будааст, ки муътақид буд, мардум хоҳанд гуфт: уламои шиа аҳодиси Аҳли Байтро аз аҳодиси дигарон ҷудо карданд, аммо Оятуллоҳ Буруҷердӣ онҳоро бо ҳам махлут кард.[18]
Муҳтаво
Китоб, муқаддимае дорад, ки бо сайри тадвини ҳадиси шиа, оғоз мешавад.[19] Ҳуҷҷияти суннати Пайғамбари Ислом (с) ва Аҳли Байти ӯ,[20] ҷоиз набудани қиёс ва вуҷуби ният дар ибодот аз дигар мабоҳиси муқаддимаи китоб аст.[21]
Нигориши муқаддимаро худи Оятуллоҳ Буруҷердӣ оғоз кард ва баъд аз вафоти ӯ, фарзандаш Сайид Муҳаммадҳасан онро такмил намуд.[22]
Китоб ба тартиби абвоби фиқҳ, аз ибодот то қисосу диёт тадвин шудааст.[23] Нахустин боби китоб, ки ба унвони бобҳои муқаддимотӣ ва пеш аз шурӯи абвоби фиқҳӣ матраҳ шудааст; дар робита бо воҷиб будани талаби илм ва ҳуҷҷат дар аҳкоми шаръӣ ва низ ҳаром будани фатво додану қазоват кардан ва амал кардан бидуни илм ва ҳуҷҷат аст. Ин боб бо ояти 129 сураи Бақара шурӯъ шудааст «رَبَّنَا وَابْعَثْ فِيهِمْ رَسُولًا مِنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِكَ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَيُزَكِّيهِمْ ۚ إِنَّكَ أَنْتَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ» Парвардигоро, байнашон, фиристодае аз худашон барангез, то оёти туро бар онон бихонад, ва китобу ҳикмат ба онон биомузад ва покизаашон кунад; зеро ки ту худ, шикастнопазири ҳакимӣ!».[24] Ва охирин матлаби ин боб ривояте аз Имом Содиқ (а) хитоб ба Ҳошим Соҳибулбарид аст, ки фармуд: огоҳ бошед, ки агар чизеро ки аз мо нашунидаед ба мо нисбат бидиҳед, бароятон боиси шар ва дарди сару азият) хоҳад шуд.[25] [Ёддошт 2]
Вижагиҳо
Дар муқаддимаи Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, 23 вижагӣ барои он зикр шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:
- Тақтиъ нашудани аҳодис: ҳар ҳадис бо санад ва матни комил дар муносибтарин боб зикр шудааст.
- Гирдоварии ҳамаи ривоёт як масъалаи фиқҳӣ дар канори ҳам.
- Талфиқи аснод ва матни аҳодис: агар ҳадисе бо ҳадиси қаблӣ иштироки санадӣ дошта бошад, бахшҳои муштараки санад такрор нашуда ва бо иборати «би ҳозиҳи-л-аснод» мушаххас шудааст.
- Зикри оёти марбут ба мавзӯи ҳар боб дар ибтидои боб ба тартиби қуръонӣ.
- Ҷудо кардани ривоёти сунан, одоб ва дуоҳо аз аҳодиси марбут ба аҳкоми фиқҳӣ ва овардани онҳо дар ҷилди ҷудогона.
- Аҳодиси манқул аз кутуби арбаъа, бо нусхаҳои хаттӣ муқобила шудаанд.
- Ҷомеъият: тамоми абвоби фиқҳ аз боби таҳорат то диётро дарбар дорд. [26]
Равиш
Нависандагони Ҷомеъ-ул-аҳодис, дар ҳар боб, аввал оёти фиқҳии марбут ба онро овардаанд. Сипас аҳодисе, ки бар тибқи онҳо фатво дода шудааст, пеш аз аҳодиси муъориз ва ривоёти ому мутлақ пеш аз ривоёти хосу муқайяд омадааст. Ҳамчунин ҳар боб, фаслҳое дорад, ки дар зайли онҳо масоили фиқҳӣ ва дар зайли ҳар масъалаи фиқҳӣ аҳодиси муртабит бо он нақл шудааст.[27] Дар нигориши ин маҷмӯа, мабонии Оятуллоҳ Буруҷердӣ монанди марҷаияти Қуръон ва суннати маъсумон дар санҷиши ривоёт ва шинохти калимаҳои аҳодис мавриди тавваҷуҳ будааст.[28]
Муқоиса бо ҷавомеъи ҳадисии дигар
Ҷавомеъи муҳими ҳадисии шиа | муаллиф | мутаваффои | теъдоди аҳодис | тавзеҳот |
---|---|---|---|---|
Ал-Маҳосин | Аҳмад ибни Муҳаммади Барқӣ | 274ҳ.қ. | ҳудуди 2604 | маҷмӯаи ривоёте бо мавзӯоти мухталиф монанди фиқҳ ва ахлоқ |
Кофӣ | Муҳаммад ибни Яъқуби Кулайнӣ | 329ҳ.қ. | ҳудуди 16000 | ақсоми аҳодиси эътиқодӣ, ахлоқӣ, одоб ва фиқҳӣ |
Китоби Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ | Шайх Садуқ | 381ҳ.қ. | ҳудуди 6000 | аҳодиси фиқҳӣ |
Таҳзиб-ул-аҳком | Шайхи Тусӣ | 460ҳ.қ. | ҳудуди 13600 | аҳодиси фиқҳӣ |
Ал-Истибсор фимо-хтулифа мин-ал-ахбор | Шайхи Тусӣ | 460ҳ.қ. | ҳудуди 5500 | аҳодиси фиқҳӣ |
Ал-Вофӣ | Файзи Кошонӣ | 1091ҳ.қ. | ҳудуди 50000 | дарбардорндаи аҳодиси кутуби арбаъа бо ҳазфи мукаррарот ва шарҳи баъзе аз онҳо |
Васоил-уш-шиъа | Шайх Ҳурри Омилӣ | 1104ҳ.қ. | 35850 | аҳодиси фиқҳии кутуби арбаъа ва беш аз ҳафтод китоби ҳадисии дигар |
Биҳор-ул-анвор | Аллома Маҷлисӣ | 1110ҳ.қ. | ҳудуди 85000 | ҷамъоварии аксари ривоёти маъсумин дар мавзӯъҳои мухталиф |
Мустадрик-ул-васоил | Мирзоҳусайни Нурӣ | 1320ҳ.қ. | 23514 | такмили аҳодиси фиқҳии Васоил-уш-шиъа |
Сафинат-ул-биҳор | Шайх Аббоси Қумӣ | 1359ҳ.қ. | 10 ҷилд | ироаи феҳристи мавзӯӣ бар асоси алифбо барои китоби Биҳорул-анвор |
Мустадрики сафинат-ул-биҳор | Шайх Алии Намозӣ | 1405ҳ.қ. | 10 ҷилд | такмили Сафинат-ул-биҳор |
Ҷомеъи аҳодиси шиа | Оятуллоҳ Буруҷердӣ | 1380ҳ.қ. | 48342 | гирдоварӣ ва боббандии аҳодиси фиқҳии шиа |
Мизон-ул-ҳикмат | Муҳаммадии Рейшаҳрӣ | муосир | 23030 | 564 унвони ғайри фиқҳӣ |
Ал-Ҳаёт | Муҳаммадризо Ҳакимии Хуросонӣ | муосир | 12 ҷилд | 40 фасл дар мавзӯъоти мухталифи фикрӣ амалӣ |
Интишор ва тарҷума
Чопи нахустин ҷилди китоби Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа ки абвоби муқаддимот ва таҳоратро дарбар дошт, дар 1380ҳ.қ., дар замони ҳаёти Оятуллоҳ Буруҷердӣ оғоз шуд ва чанд рӯз баъд аз вафоти ӯ чопу мунташир шуд.[29] Дар 1385ҳ.қ., ҷилди дувуми китоб чоп шуд, ки бобҳое аз мабоҳиси намозро шомил мешуд.[30]
Дар соли 1396 ҳиҷрии қамарӣ, бо ҳимояти Оятуллоҳ Хуӣ чопи комили китоб дар Қум оғоз шуд ва дар соли 1415 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 1373ҳ.ш., дар 26 ҷилд ба поён расид.[31] Ҷомеъ-ул-аҳодис дар маҷмӯаи 31-ҷилдӣ ҳам чоп шудааст.[32] Ин чоп дар 1371ҳ.ш., оғоз шуд ва дар 1383ҳ.ш., ба поён расид. Дар ин чоп ҳудуди ҳазор ҳадис, ки дар Васоил-уш-шиъа ва Мустадрак-ул-васоил наёмада буд, ба китоб афзуда шуд. Ҳамчунин маъноҳои калимот ва тавзеҳи бархе аҳодис низ дар он омад.[33]
Китоби Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, ки ба забони арабӣ навишта шудааст, бо ном «Манобеи фиқҳи шиа» тавассути Маҳдӣ Ҳусайниёни Қумӣ ва Муҳаммадҳусайн Сабурӣ ба забони форсӣ тарҷума шудааст. Интишороти Фарҳанги сабз, ин тарҷумаро дар соли 1429ҳ.қ., дар Теҳрон чоп ва мунташир кардааст.[34]
Нақдҳо
Бархе, ишколоте ба китоби Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа ворид кардаанд; аз ҷумла гуфтаанд: дар он, ҳамаи оётул-аҳком наёмада ва бархе аз онҳо тақтиъ шудааст. Мушаххас накардани манзур аз «аҳадун мин асҳобино» (бархе аз шиаён) дар китоби Кофӣ, адами таъйини асноди китобҳои Таҳзиб-ул-аҳком ва Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, мафҳум набудани бархе аз аломатҳо ва адами муроҷиа ба манобеи аслӣ, аз дигар ишколоте аст, ки ба ин китоб матраҳ шудааст.[35]
Эзоҳ
- ↑ Табрезӣ, “Ҷомеъу аҳодиси шиъа, имтиёзҳо, заъфҳо ва равиши истифода аз он”, саҳ.145.
- ↑ Табрезӣ, “Ҷомеъу аҳодиси шиъа, имтиёзҳо, заъфҳо ва равиши истифода аз он”, саҳ.146 - 147.
- ↑ Табрезӣ, “Ҷомеъу аҳодиси шиъа, имтиёзҳо, заъфҳо ва равиши истифода аз он”, саҳ.142 - 143.
- ↑ Ҳусайниёни Қумӣ ва Сабурӣ, Манобеи фиқҳи шиа, 1429ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.12.
- ↑ Ҳусайниёни Қумӣ ва Сабурӣ, Манобеи фиқҳи шиа, 1429ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.12.
- ↑ Фарзандваҳй ва Фаттоҳӣ, “Нигоҳе дигар ба Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа”, саҳ.90.
- ↑ Таботабоии Буруҷердӣ, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, 1371ҳ.ш., ҷ.1, муқаддимаи саҳ.11.
- ↑ “Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа; ёдгори арзишманди Оятуллоҳилъузмо Буруҷердӣ қуддиса сируҳ”, хабаргузории расмии Ҳавза.
- ↑ Субҳонӣ, Масодир-ул-фиқҳ-ил-исломӣ ва манобеъуҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.367.
- ↑ Таботабоии Буруҷердӣ, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, 1380ҳ.ш. - 1422ҳ.қ., ҷ.1, муқаддимаи Сайид Муҳаммадҳасан Буруҷердӣ, саҳ.17.
- ↑ Табрезӣ, “Ҷомеъу аҳодиси шиъа, имтиёзҳо, заъфҳо ва равиши истифода аз он”, саҳ.143.
- ↑ Табрезӣ, “Ҷомеъу аҳодиси шиъа, имтиёзҳо, заъфҳо ва равиши истифода аз он”, саҳ.145 - 146.
- ↑ Воъиззода, Зиндагии Оятуллоҳилъузмо Буруҷердӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.86 ва 92.
- ↑ Табрезӣ, “Ҷомеъу аҳодиси шиъа, имтиёзҳо, заъфҳо ва равиши истифода аз он”, саҳ.145 - 146.
- ↑ Раҳмон Ситоиш, “Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа”, ҷ.1, саҳ.43 - 56.
- ↑ Табрезӣ, “Ҷомеъу аҳодиси шиъа, имтиёзҳо, заъфҳо ва равиши истифода аз он”, саҳ.146 - 147.
- ↑ Табрезӣ, “Ҷомеъу аҳодиси шиъа, имтиёзҳо, заъфҳо ва равиши истифода аз он”, саҳ.146 - 147.
- ↑ Воъиззода, Зиндагии Оятуллоҳилъузмо Буруҷердӣ, саҳ.95.
- ↑ Таботабоии Буруҷердӣ, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, 1380ҳ.ш. - 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.34 - 93.
- ↑ Таботабоии Буруҷердӣ, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, 1380ҳ.ш. - 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.34 - 93.
- ↑ Фарзандваҳй ва Фаттоҳӣ, “Нигоҳе дигар ба Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа”, саҳ.90.
- ↑ Фарзандваҳй ва Фаттоҳӣ, “Нигоҳе дигар ба Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа”, саҳ.90.
- ↑ Фарзандваҳй ва Фаттоҳӣ, “Нигоҳе дигар ба Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа”, саҳ.90.
- ↑ Буруҷердӣ, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.86.
- ↑ Буруҷердӣ, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.104.
- ↑ Таботабоии Буруҷердӣ, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, 1380ҳ.ш./1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.21 - 33.
- ↑ Раҳмон Ситоиш, “Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа”, ҷ.1, саҳ.43 - 56.
- ↑ Фарзандваҳй ва Фаттоҳӣ, “Нигоҳе дигар ба Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа”, саҳ.101 - 110.
- ↑ Воъиззода, Зиндагии Оятуллоҳилъузмо Буруҷердӣ, саҳ.133.
- ↑ Раҳмон Ситоиш, “Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа”, ҷ.1, саҳ.43 - 56.
- ↑ Воъиззода, Зиндагии Оятуллоҳилъузмо Буруҷердӣ, саҳ.133.
- ↑ Таботабоии Буруҷердӣ, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, 1380ҳ.ш. - 1422ҳ.қ.
- ↑ Раҳмон Ситоиш, “Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа”, ҷ.1, саҳ.43 - 56.
- ↑ Ҳусайниёни Қумӣ ва Сабурӣ, Манобеи фиқҳи шиа, 1429ҳ.қ.
- ↑ Фарзандваҳй ва Фаттоҳӣ, “Нигоҳе дигар ба Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа”, саҳ.94 - 101.
Ёддошт
Сарчашма
- Воъиззодаи Хуросонӣ, Муҳаммад, Зиндагии Оятуллоҳилъузмо Буруҷердӣ ва мактаби фиқҳӣ, усулӣ, ҳадисӣ ва риҷолии вай, Теҳрон, Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, 1379ҳ.ш.
- Раҳмон Ситоиш, Муҳаммадкозим, мадхали “Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа” дар Донишномаи ҷаҳони Ислом.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Масодир-ул-фиқҳ-ил-исломӣ ва манобеъуҳ, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1419ҳ.қ.
- Таботабоии Буруҷердӣ, Сайидҳусайн, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа фи аҳком-иш-шариъа, Қум, нашри ас-Саҳф, 1371ҳ.ш./1413ҳ.қ.
- Таботабоии Буруҷердӣ, Сайидҳусайн, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа фи аҳком-иш-шариъа, Қум, ал-Меҳр, 1380ҳ.ш. - 1422ҳ.қ.
- Табрезӣ, Муҳаммад, Ҷомеъи аҳодиси шиа, имтиёзҳо, заъфҳо ва равиши истифода аз он, Ковише нав дар фиқҳ, № 56, тобистони 1387ҳ.ш.
- Фарзандваҳй, Ҷамол ва Фаттоҳӣ, Амир, “Нигоҳе дигар ба Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа”, Сафина, № 56, 1396ҳ.ш.
- Ҳусайниёни Қумӣ ва Сабурӣ, Маҳдӣ ва Муҳаммадҳусайн, Манобеи фиқҳи шиа, Теҳрон, интишороти Фарҳанги сабз, 1429ҳ.қ.
- “Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа; ёдгори арзишманди Оятуллоҳилъузмо Буруҷердӣ қуддиса сируҳ”, хабаргузории расмии Ҳавза, интишор: 6 хурдоди 1389, бозбинӣ: 15 озари 1379ҳ.ш.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found