Шайхи Муфид

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шайх Муфид)
Шайхи Муфид
Номи комилМуҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон
ЛақабИбнулмуаллим • Шашхи Муфид
Санаи таваллуд11 зулқаъдаи соли 336ҳ.қ. ё 338ҳ.қ.
Санаи вафотрӯзи ҷумъа, 3 рамазони соли 413ҳ.қ.
Шаҳри вафотБағдод
Маҳалли дафнҲарами козимайн
ХешовандонАбуяъло Ҷаъфарӣ (домоди Шайхи Муфид)
УстодонШайхи СадуқИбни Ҷунайди ИскофӣИбни Қулавайҳи Қумӣ
ШогирдонШайхи ТӯсӣСайид МуртазоСайид РазӣАҳмад ибни Алии Наҷошӣ
Маҳалли таҳсилБағдод
Таълифотал-МуқниаАвоил-ул-мақолотал-Иршоду фи маърифат-ил-лоҳи ала-л-ибоддавом...


Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон (форсӣ: محمد بن محمد بن نعمان) машҳур ба Шайхи Муфид (336 ё 338ҳ.қ. - 413ҳ.қ.) мутакаллим ва фақеҳи имомия дар қарнҳои чорум ва панҷуми қамарӣ буд. Дар бораи Шайх Муфид гуфта шудааст, ӯ бо тадвини илми усули фиқҳ, равишии ҷадид дар иҷтиҳоди фиқҳӣ ироа дод, ки роҳи миёнае буд дар баробари ду равиши ақлгароии ифротӣ ва иктифо кардан ба ривоёт бидуни тавваҷуҳ ба ақл. Шайхи Садуқ, Ибни Ҷунайди Искофӣ ва Ибни Қуливайҳ машҳуртарин устодони Шайх Муфид буданд. Шайхи Тӯсӣ, Сайиди Муртазо, Сайиди Разӣ ва Наҷошӣ назди ӯ дарс хондаанд. Ал-Муқниъа дар илми фиқҳ, Авоил-ул-мақолот дар илми калом ва ал-Иршод дар шарҳи ҳоли имомони шиа маъруфтарин осори Шайхи Муфид аст.

Табор ва зиндагӣ

Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон[1] дар 11 зилқаъдаи соли 336ҳ.қ.[2] ё 338ҳ.қ.[3] дар Укбарии атрофи Бағдод ба дунё омад.[4]

Падараш шуғли муаллимӣ дошт ва ба ин ҷиҳат Шайхи Муфид ба «Ибн-ул-муаллим» машҳур будааст. Укбарӣ ва Бағдодӣ низ ду лақаби дигари ӯ ҳастанд.[5] Дар хусуси мулаққаб шудан ба Муфид ҳам гуфтаанд: дар мунозирае, ки бо Алӣ ибни Исои Румонӣ, донишманди муътазилӣ дошт, тавонист истидлолоти тарафи муқобилро ботил кунад; пас аз он Румонӣ ӯро «Муфид» хонд.[6]

Дар манобеи таърихӣ, ду фарзанд барои Муфид зикр шудааст; яке Абулқосими Алӣ ва дигарӣ духтаре, ки исмаш дар манобеъ наёмада ва ҳамсари Абуяъло Ҷаъфарӣ будааст.[7]

Шайхи Муфид дар ҷумъа, дувум ё сеюми моҳи рамазони сол 413 қамарӣ даргузашт.[8] Шайхи Тӯсӣ, издиҳоми мардуми ҳамаи мазоҳиб барои намози ҷаноза ва гиристан дар марги ӯро бесобиқа тавсиф кардааст.[9] Ӯ чанд соле дар хонааш мадфун буд ва сипас ба самти қабристони Қурайш, наздики қабри Имом Ҷавод (а) бурда шуд.[10] Мақбараи ӯ акнун дар ҳарами Козимайн қарор дорад.

Вижагиҳои ахлоқӣ

Гуфтаанд, Шайхи Муфид бисёр садақа медод, фурутан буд, бисёр намоз мехонду рӯза мегирифт ва либоси дурушт бар тан мекард, то он ҷо ки ӯро «Шайхи Машойихуссуфия» (устоди устодони суфиён) хонданд.[11] Абуяъло Ҷаъфарӣ, домоди ӯ, гузориш кардааст, ки ӯ шабҳо кам мехобид ва бештари вақташ сарфи мутолиа, намоз, тиловати Қуръон ва ё тадрис мешуд.[12] Дар номае, ки Имом Замон (а) барои Шайхи Муфид навишта, ӯро бо унвонҳое монанди: садид (устувору рост), валийи рашид хитоб кардааст.[13]

Таҳсилот

Муфид, Қуръон ва улуми муқаддамотиро назди падар фаро гирифт. Сипас барои идомаи таҳсил, ҳамроҳи ӯ ба Бағдод рафт ва аз муҳаддисон, мутакаллимон ва фуқаҳои барҷастаи шиа ва суннӣ баҳра бурд.[14]

Шайхи Садуқ (ваф.381ҳ.қ.), Ибни Ҷунайди Искофӣ (ваф.381ҳ.қ.), Ибни Қуливайҳ (ваф.369ҳ.қ.), Абуғолиби Зурорӣ (ваф.368ҳ.қ.) ва Абубакр Муҳаммад ибни Умари Ҷиъобӣ (ваф.355ҳ.қ.) аз машҳуртарин устодони шиъии ӯ будаанд.[15]

Шайхи Муфид назди Ҳусайн ибни Алии Басрӣ маъруф ба Ҷуъал аз устодони бузурги муътазила ва Абуёсир шогирди мутакаллими номии Абулҷайши Балхӣ илми калом омӯхт. Ӯ ҳамчунин бо пешниҳоди Абуёсир дар маҷлиси дарси Алӣ ибни Исои Румонӣ, донишманди маъруфи муътазилӣ иштирок кард.[16]

Вай аз ҳудуди 40-солагӣ, раёсати шиаёнро дар фиқҳ, калом ва ҳадис ӯҳдадор шуд ва дар дифоъ аз ақоиди шиа, бо уламои дигар мазоҳиб мунозира мекард.[17]

Ҷойгоҳи илмӣ

Мақбараи Шайхи Муфид дар ҳарами Козимайн
Оятуллоҳ Хоманаӣ:

«Шайхи Муфид дар силсилаи уламои имомия, фақат як мутакаллим ва фақиҳи саромад ва барҷаста нест, балки фаротар аз ин, вай муассис ва сарҳалқаи ҷараёни илмии рӯ ба такомулест, ки дар ду риштаи калом ва фиқҳ, то имрӯз дар ҳавзаҳои илмии шиъа имтидод ёфтааст ва бо вуҷуди бар канор намондан аз таассуроти таърихӣ, ҷуғрофиёӣ ва мактабӣ, вижагиҳои аслӣ ва хутути сиёсии он ҳамчунон побарҷо мондааст. Шайхи Муфид нақши муассир ва таъинкунандае дар тасбити ҳувияти мустақилли мактаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, бунёнгузории шакл ва қолаби илмии саҳиҳ барои фиқҳи шиъа, офариниши шеваи ҷамъи мантиқӣ миёни ақлу нақл дар фиқҳ ва калом дошт.»

Шайхи Тӯсӣ дар китоби ал-Феҳрист, Муфидро фарде тезфаҳм, ҳозирҷавоб, пештоз дар илмҳои калом ва фиқҳ муаррифӣ кардааст.[18] Ибни Надим аз Муфид бо иборати раиси мутакаллимони шиа ёд карда, дар илми калом бар дигарон муқаддам дониста ва беҳамто тавсиф кардааст.[19]

Шайхи Муфидро намояндаи мактаби каломии Бағдод ва барҷастатарин шахсияти он шуморидаанд, ки ба нақди андешаҳои мактаби каломии Қум мепардохт.[20] Гуфта шудааст мактаби фикрии Бағдод дар Шайхи Муфид ба авҷ расид.[21] Гуфта шуда, Шайхи Муфид, на ақлгарои ифротӣ буд ва на ҳадисгарои ифротӣ, балки ӯ, як рӯйкарди эътидолӣ ва миёна дошт.[22]

Шайхи Муфид шогирдони бисёре парвариш дод, ки бархе аз онон уламои соҳибноми шиа будаанд. Афроди зер аз ҷумлаи онҳо ҳастанд:[23]

Таълифот

Мақолаи аслӣ: Феҳристи осори Шайхи Муфид

Таълифоти Шайхи Муфид бар асоси феҳристи Наҷҷошӣ 175 китобу рисола аст.[25] Гуфта шуда ниме аз ин осор дар бораи имомат аст.[26] Маъруфтарин асари Шайхи Муфид дар илми фиқҳ ал-Муқниа, дар илми калом Авоил-ул-мақолот ва дар шарҳиҳолнигории имомон, ал-Иршод аст.[27]

Маҷмуъаи осори мактуби Шайхи Муфид дар маҷмуъаи чордаҳҷилдӣ бо унвони мусаннафоти Шайхи Муфид чоп шудааст. Ин маҷмуъа дар соли 1371ҳ.ш., барои баргузории Конгресси ҷаҳонии Шайхи Муфид мунташир шуд.[28]

Равиши ҷадиди фиқҳӣ

Шайхи Муфид равише мутафовит бо давраи пеш аз худ дар фиқҳи шиа поягузорӣ кард. Ба гуфтаи Субҳонӣ ва Гурҷӣ, пеш аз Шайхи Муфид ду равиши фиқҳӣ ривоҷ дошт: равиши нахуст ба сурати ифротӣ фақат бар ривоёт такя мекард ва дар он равиш дар хусуси санад ва матни ривоёт диққати кофӣ сурат намегирифт.[29] Равиши дувум ба ривоёт тавваҷуҳи лозимро надошт ва беш аз ҳад бар қавоиди ақлӣ таъкид мекард, ҳарчанд монанди қиёс бо нусуси динӣ дар таоруз бошанд.[30] Шайхи Муфиди роҳи миёнаеро эҷод кард ва равиши фиқҳии ҷадиде бино кард, ки дар он ибтидо ба кумаки ақл усул ва қавоиде барои истинботи аҳком тадвин мешуд. Сипас ба василаи ин усул, истинботи аҳком аз мутуни динӣ анҷом мегирифт.[31] Ба ин ҷиҳат ӯро тадвинкунандаи илми усули фиқҳ донистаанд.[32]

Пас аз Шайхи Муфид, шогирдонаш Сайиди Муртазо дар китоби аз-Зариъату ило усул-иш-шариъат ва Шайхи Тӯсӣ дар китоби ал-Уддату фи-л-усул, ин роҳро идома доданд.[33]

Ҳузур дар мунозироти илмӣ

Китоби ал-Иршод навиштаи Шайхи Муфид

Дар давраи Шайхи Муфид гуфтугӯҳои илмие байни уламои бузурги мазоҳиби мухталифи исломӣ дар Бағдод баргузор мешуд. Бисёре аз ин мунозирот дар ҳузури хулафои аббосӣ сурат мегирифт. Шайхи Муфид дар ин ҷаласот ҳозир шуда, ба нақдҳое ки ба мазҳаби шиа мешуд, посух медод.[34]

Дар хонаи Шайхи Муфид низ маҷлиси баҳс барпо мешуд, ки уламои мазоҳиби гуногуни исломӣ аз ҷумла муътазила, зайдия ва исмоилия дар он иштирок мекарданд.[35]

Моҷарои ислоҳи иштибоҳ дар фатво

Бар асоси гузорише иддао шуда Шайхи Муфид дар судури фатвое хато карда ва Имоми Замон (аҷ) онро ислоҳ кардааст.[36] Гуфта шуда куҳантарин манбаи ин гузориш 150 соли гузашта аст.[37] Заъфи манбаи тавқиъ, таорузи фатво бо ривоёт ва фатовои машҳур, тӯҳмати бесаводӣ ё аҷала дар судури фатво ба Шайхи Муфид, аз далоили дуруст набудани чунин ривояте муаррифӣ шудааст;[38] илова бар ин ки Шайхи Муфид, дар китоби фиқҳии худ, ал-Муқниъа, ба фатвои машҳур дар ин масъала тасреҳ карда ва бар ин асос, судури чунин иштибоҳе аз вай ба достонсароӣ монанд дониста шудааст.[39]

Бар асоси нақли мазкур, ки ба манобеи мактуби муосир ҳам роҳ ёфтааст,[40] марди рустоие назди Шайхи Муфид рафта, аз ӯ пурсид, ки агар зани бордоре аз дунё бираваду ҷанин дар шикамаш зинда монда бошад, бояд ҷанинро бо зан дафн кард, ё онро баровард? Шайхи Муфид ба мард гуфт, ки занро бе баровардани фарзанд аз шикамаш дафн кунед. Дар роҳи бозгашт, аспсаворе аспи худро ба марди рустоӣ расонду гуфт, ки Шайх гуфтааст шиками занро шикфота, тифлро берун оварда, пасон занро дафн кунед. Аммо чанде баъд, ки марди рустоӣ, достонро барои Шайхи Муфид нақл кард, Шайх таъаҷҷуб карда, фиристодани фарде барои ислоҳи фатворо инкор кард ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки он фард, Имоми Замон будааст. Шайхи Муфид сипас даст аз фатво додан бардошт, то он ки дар тавқиъе аз Имом Замон, ба ӯ гуфта шуд, ки ту фатво бидеҳ ва мо онро ислоҳ ва устувор мекунем.[41][Ёддошт 1]

Осор дар бораи Шайхи Муфид

Тамри Конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид

Дарбораи Шайхи Муфид китобҳо ва мақолоти нигориш ва мунташир шудааст. Аз ҷумла:

  • Шайхи Муфид парчамдори озодии андеша, Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ
  • Андешаҳои каломии Шайхи Муфид, Мартин Мак Дермотт
  • Шайхи Муфид, Алиакбари Вилоятӣ
  • Мудофеъи ҳарими ташайюъ (муруре бар зиндагӣ ва осори Шайхи Муфид), Қосмалии Кучунонӣ
  • Шайхи Муфид; муаллими уммат, Аҳмади Луқмонӣ.[42]

Дар 28 - 30 фарвардини 1372ҳ.ш. (24 то 26 шаволи 1413ҳ.қ./17-19 апрели 1993) Конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид дар Қум баргузор шуд. Дар ин Конгресс беш аз 250 тан аз шахсиятҳои илмӣ аз 23 кишвари ҷаҳон дар қолаби ироаи мақола ба баррасии андешаҳои каломӣ, фиқҳӣ, таърихӣ ва ҳадисии Шайхи Муфид ва вижагиҳои асри ӯ пардохтанд. Ин мақолот дар қолаби чандин ҷилд китоб нашр шуд.[43]

Ҳамчунин дар соли 1373 ҳ.ш. маҷмуаи телевизионӣ дар бораи зиндагии Шайхи Муфид бо унвони Хуршеди шаб ва бо нивисандагии Маҳмуди Ҳасанӣ ва коргардонии Сируси Муқаддам сохта шуд ва дар соли 1374 ҳ.ш. аз шабакаи дувуми симои Ҷумҳурии исломии Эрон пахш шуд.[44]

Эзоҳ

  1. Наҷҷошӣ, Риҷол, 1407ҳ.қ., саҳ.399, рақами 1067.
  2. Наҷҷошӣ, Риҷол, 1407ҳ.қ., саҳ.402.
  3. Ибни Надим, ал-Феҳрист, 1350ҳ.ш., саҳ.197; Тӯсӣ, ал-Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.239.
  4. Шубайрӣ, Гузаре бар ҳаёти Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ., саҳ.8 - 7.
  5. Шубайрӣ, Гузаре бар ҳаёти Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ., саҳ.8 - 7.
  6. Шубайрӣ, Гузаре бар ҳаёти Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ., саҳ.8 - 9.
  7. Шубайрӣ, Гузаре бар ҳаёти Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ., саҳ.37; Шубайрӣ, Ногуфтаҳое аз ҳаёти Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ., саҳ.118.
  8. Шубайрӣ, Гузаре бар ҳаёти Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ., саҳ.39.
  9. Тӯсӣ, ал-Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.239.
  10. Наҷҷошӣ, Риҷол, 1407ҳ.қ., саҳ.403 - 402.
  11. Шубайрӣ, Гузаре бар ҳаёти Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ., саҳ.26.
  12. Шубайрӣ, Гузаре бар ҳаёти Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ., саҳ.26 - 27.
  13. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1386ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.322.
  14. Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш., саҳ.143.
  15. Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш., саҳ.143.
  16. Шубайрӣ, Гузаре бар ҳаёти Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ., саҳ.8 - 9.
  17. Шубайрӣ, Гузаре бар ҳаёти Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ., саҳ.23 - 24.
  18. Тӯсӣ, ал-Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.238.
  19. Ибни Надим, ал-Феҳрист, 1350ҳ.ш., саҳ.226 ва саҳ.247.
  20. Ҷаъфарӣ, “Муқоиса байни ду мактаби фикрии шиаи Қум ва Бағдод, қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ”, саҳ.14-15.
  21. Ҷаъфарӣ, “Муқоиса байни ду мактаби фикрии шиаи Қум ва Бағдод, қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ”, саҳ.15.
  22. Фармониён ва Содиқии Кошонӣ, Нигоҳе ба таърихи тафаккури имомия, 1394ҳ.ш., саҳ.61; Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа, 1389ҳ.ш., саҳ.198 ва 199.
  23. Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш., саҳ.143.
  24. Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш., саҳ.143 то 144.
  25. Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1407, саҳ.399 - 402.
  26. Фармониён ва Содиқии Кошонӣ, Нигоҳе ба таърихи тафаккури имомия, 1394ҳ.ш., саҳ.54.
  27. Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш., саҳ.143 - 144.
  28. Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш.
  29. Субҳонӣ, Мавсуъату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., саҳ.245 – 246; Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш., саҳ.145.
  30. Субҳонӣ, Мавсуъату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., саҳ.246; Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш., саҳ.145.
  31. Субҳонӣ, Мавсуъату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., саҳ.245; Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш., саҳ.145.
  32. Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш., саҳ.146.
  33. Субҳонӣ, Мавсуъату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., саҳ.245; Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш., саҳ.145.
  34. Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш., саҳ.146.
  35. Мунтазам, ҷ.8, саҳ.11, ба нақли Шубайрӣ, Гузаре бар ҳаёти Шайхи Муфид, саҳ.23 - 24.
  36. Каримиён, “Воковии фатвои мансуб ба Шайхи Муфид”, саҳ.30.
  37. Каримиён, “Воковии фатвои мансуб ба Шайхи Муфид”, саҳ.30.
  38. Каримиён, “Воковии фатвои мансуб ба Шайхи Муфид”, саҳ.33 - 37
  39. Каримиён, “Воковии фатвои мансуб ба Шайхи Муфид”, саҳ.39.
  40. Барои намуна ниг.: Муҳаммадии Иштиҳордӣ, Ҳазрати Маҳдӣ, фурӯғи тобони вилоят, 1387ҳ.ш., саҳ.212 – 213; Наҳовандӣ, ал-Абқарий-ил-ҳисон, 1386ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.447.
  41. Каримиён, “Воковии фатвои мансуб ба Шайхи Муфид”, саҳ.31 - 32.
  42. Ниг.: «57 унвон китоб саҳми андаки Шайхи Муфид аз осори муаллифон пас аз инқилоби исломӣ/ Соли 1392 ҳ.ш. рекорди тавлиди осор дар даҳаи ахир», Хабаргузории Китоби Эрон
  43. «Гузорише аз Кунгураи ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид», саҳ.98-99.
  44. “Хуршеди шаб дар ойфилм”, торнамои хабарии дунёи синамо.

Ёддошт:

  1. Бархе ба се далел судури ин фатворо нодуруст донистаанд 1 - вуҷуди ривоёте бар хилофи ин фатво. 2 - мухолифати ин фатво бо иҷмои фуқаҳо. 3 - мухолифати ин фатво бо ҳукми ақл бар вуҷуби ҳифзи ҷони инсон. [ниёзманди манбаъ]

Сарчашма

  • “Хуршеди шаб дар ойфилм”, торнамои хабарии дунёии синамо, таърихи боздид: 7 мурдоди ‎‎1398, таърихи дарҷ: 29 меҳри 1397.‎
  • Гурҷӣ, Абулқосим, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, Теҳрон, самт, 1385ҳ.ш.‎
  • Ибни Надим, Муҳаммад ибни Абияъқуб Исҳоқ, ал-Феҳрист, таҳқиқи Ризо Таҷаддуд, Теҳрон, бе ‎то, 1350ҳ.ш.‎
  • Ибни Тағарии Бардӣ, ан-Нуҷум-уз-зоҳира фи мулуки Мисри ва-л-Қоҳира, Қоҳира, Вазорат-ус-‎сақофати ва-л-иршод-ил-қавмӣ, бе то.‎
  • Каримиён, Маҳмуд, “Воковии фатвои мансуб ба Шайхи Муфид”, дар маҷаллаи ҳадиси ҳавза, ‎шумораи 9, поиз ва зимистони 1393ҳ.ш.‎
  • Муҳаммадии Иштиҳордӣ, Муҳаммад, Ҳазрати Маҳдӣ, фурӯғи тобони вилоят, Қум, масҷиди ‎муқаддаси Ҷамкарон, 1387ҳ.ш.‎
  • Наҳовандӣ, Алиакбар, ал-Абқарий-ил-ҳисон фи аҳволи мавлоно Соҳиб-из-замон, таҳқиқ ва ‎тасҳеҳи Ҳусайни Аҳмадии Қумӣ ва Содиқи Барзгар, Қум, масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, 1386ҳ.ш.‎
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, тасҳеҳи Сайидмусо Шубайрии Занҷонӣ, Қум, ‎дафтари интишороти исломӣ, 1407ҳ.қ.‎
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Мавсуъату табақот-ил-фуқаҳо, муқаддима (алқисмуссонӣ), муассисаи Имом ‎Содиқ (а), Қум, 1418ҳ.қ.‎
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни-л-Ҳасан, ал-Феҳрист, таҳқиқи Ҷавод Қайюмӣ, бе ҷо, муассисаи нашр-ул-‎фақоҳат, 1417ҳ.қ.‎
  • Фармониён, Маҳдӣ ва Мустафо Содиқии Кошонӣ, Нигоҳе ба таърихи тафаккури имомия; аз оғоз ‎то зуҳури сафавия, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, чопи аввал, 1394ҳ.ш.‎
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, таҳқиқи Ато, Мустафо Абдуқодир, нашри ‎Дорулкутубилъилмия, Бейрут, 1417ҳ.қ.‎
  • Ҷабраилӣ, Муҳаммадсафар, Сайри татаввури каломи шиа, дафтари дувум: аз асри ғайбат то ‎Хоҷанасири Тӯсӣ, Теҳрон, интишороти пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, чопи аввал, ‎‎1389ҳ.ш.‎
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, “Муқоиса байни ду мактаби фикрии шиаи Қум ва Бағдод, қарни чаҳоруми ‎ҳиҷрӣ”, дар мақолоти форсӣ (маҷмуаи мақолоти конгресси Шайхи Муфид, ҷ.69), Қум, конгресси ‎ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.‎
  • Шубайрӣ, Сайидмуҳаммадҷавод, «Гузаре бар ҳаёти Шайхи Муфид», дар мақолоти форсии ‎конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, шумораи 55, 1372ҳ.ш.‎
  • Шубайрӣ, Сайидмуҳаммадҷавод, «Ногуфтаҳое аз ҳаёти Шайхи Муфид», дар мақолоти форсии ‎конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1372ҳ.ш.‎