Радди мазолим
- Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Радди мазолим (форсӣ:رَدِّمَظالِم), баргардонидани амвол ва адо кардани қарзҳое аст, ки бар уҳдаи инсон аст. Дар ривоёти шиа, радди мазолим яке аз шартҳои қабули тавба маҳсуб мешавад. Тибқи фатвои фақеҳони шиа радди мазолим фарз аст.
Дар радди мазолим, молу мулки соҳибаш номаълумро бояд бо иҷозати марҷаъи тақлид ба ниёзмандон садақа дод. Дар китобҳои фиқҳӣ аз радди мазолим дар бахшҳои, хумс, амри ба маъруф, аҳкоми маййит, васият ва ғасб баҳс шудааст.
Таърифҳои мутафовит
Манзур аз радди мазолим, бозгардондан ва адо кардани амволу қарзҳо аст,[1] аммо дар хусуси инки бозгардондани чӣ амволу қарзҳое дар мадди назар аст, таърифҳои мухталифе матраҳ шудааст:
Асадуллоҳи Шуштарӣ – олими қарни сездаҳуми қамарӣ, навиштааст: мазолим ҷамъи мазлима, ба маънои амвол ва ҳуқуқе аст, ки аз дигарон дар амволи инсон ё бар уҳдаи ӯ боқӣ мондааст; монанди моле ки аз роҳи ғасб ё дуздӣ ба даст омадааст.[2] Бар асоси бархе аз таълимоти динӣ низ, мазолим аъами аз ҳуқуқи молӣ ва дигар ҳуқуқи маънавӣ аст, ки бар уҳдаи инсон аст.[3] Носир Макорими Шерозӣ мазолимро амволи ҳароме донистааст, ки назди фард аст ва соҳиби онҳоро намешиносад.[4]
Ба гуфтаи Оқомуҳаммадъалӣ Кирмоншоҳӣ - фарзанди Ваҳиди Беҳбаҳонӣ, мазолим ба он даста аз амвол ва ҳуқуқ мегӯянд, ки бо амволи инсон махлут шудааст, аммо на миқдори он маълум аст, на соҳиби он.[5] Сайидалии Систонӣ мазолимро амволе таъриф кардааст, ки фард ба зулм аз дигарон гирифта ё аз онҳо зоеъ кардааст; хоҳ соҳиби он амвол маълум бошад ё на.[6]
Дар таърифи Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, манзур аз мазолим, амволе аст, ки миқдори он маълум аст, вале соҳибаш маълум нест.[7]
Ҷойгоҳ дар аҳодис ва фиқҳ
Дар ривоёти шиа, радди мазолим аз шароити пазириши тавба муаррифӣ[8] ва тарки он, аз гуноҳоне шуморида шудааст, ки мӯҷиби нозил шудани бало мешавад.[9] Аз радди мазолим дар манобеи ҳадисӣ дар бахши амри ба маъруф[10] ва дар китобҳои фиқҳӣ дар бахшҳои аҳкоми таҳорат (аҳкоми маййит),[11] хумс,[12] ғасб, васият[13] ва амри ба маъруф[14] сухан ба миён омадааст.
Ҳукми шаръӣ
Фақеҳони шиа, радди мазолимро монанди хумсу закот, воҷиб медонанд.[15] Бархе ҳамчун Муҳаммадисҳоқи Файёз онро воҷиби фаврӣ донистаанд,[16] аммо бархеи дигар ҳамчун имом Хумайнӣ, гуфтаанд, дар сурате, ки инсон нишонаҳои маргро дар худ бибинад, воҷиб аст, фавран радди мазолим кунад.[17]
Шеваи радди мазолим
Ба фатвои мароҷеъи тақлид, агар моле, ки аз дигарон бар уҳдаи мост, соҳибаш маълум набошад ё моликаш дар дастрас набошад, бояд бо иҷозати ҳокими шаръ ё марҷаъи тақлид, он мол ё нархаш (дар сурате ки асли он аз байн рафтааст)-ро ба ниёзмандон садақа дод.[18] Фатвои бархе аз мароҷеъи тақлид ҳамчун Софии Гулпойгонӣ ин аст, ки танҳо ба ғайри сайид пардохт шавад.[19]
Фақеҳон дар бораи ҳукми инки агар баъд аз онки молро садақа додем, соҳиби он пайдо шуд, ихтилофи назар доранд. Бино бар назари имом Хумайнӣ, эҳтиёти воҷиб ин аст, ки миқдори онро ба соҳибаш баргардонем, аммо тибқи назари бархеи дигар монанди Оятуллоҳ Хуӣ, лозим нест чизе ба соҳиби он бидиҳем.[20]
Бино бар фатвои мароҷеъи тақлид, дар радди мазолим агар миқдори мол мушаххас набошад, бояд бо молики он мусолиҳа кунем;[21] яъне якдигарро розӣ кунем,[22] аммо агар соҳиби мол розӣ нашуд, бояд танҳо он миқдорро ки яқин дорем бар уҳдаи мост, ба ӯ бидиҳем.[23] Албатта эҳтиёти мустаҳаб он аст, ки миқдоре бештар аз он, ба ӯ пардохт кунем.[24]
Такнигорӣ
«Масрафи радди мазолим» ба забони форсӣ аз оқои Муҳаммадалии Беҳбаҳонӣ
Эзоҳ
- ↑ Кирмоншоҳӣ, Мақомиъ-ул-фазл, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.105.
- ↑ Тустарии Козимӣ, Миқбос-ул-анвор, муассисаи Олулбайт, саҳ.264.
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Оини дониш, 1390ҳ.ш., саҳ.54
- ↑ Макорими Шерозӣ, Истифтоъоти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.561.
- ↑ Кирмоншоҳӣ, Мақомиъ-ул-фазл, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.105.
- ↑ “Пурсишу посух; радди мазолим”, вебгоҳи Дафтари марҷаъи олиқадр оқои Сайидалӣ Ҳусайнии Систонӣ, таърихи дастрасӣ: 7 исфанди 1395ҳ.ш.
- ↑ Софии Гулпойгонӣ, Ҷомеъ-ул-алком, 1417, ҷ.1, саҳ.161.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.52; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.113.
- ↑ Абуҳанифаи Мағрибӣ, Даъоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., саҳ.270.
- ↑ Барои намуна ниг.: Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.181.
- ↑ Сайид ибни Товус, Фалоҳ-ус-соил, 1406ҳ.қ., саҳ.64.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Китоб-ул-хумс, 1415ҳ.қ., саҳ.268; имом Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, Дорул-илм, ҷ.1, саҳ.363.
- ↑ Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, 1419ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.290.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.461.
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Ансорӣ, Сияғ-ул-уқуди ва-л-иқоъот, 1421ҳ.қ., саҳ.141; имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил, 1426ҳ.қ., саҳ.578; Баҳҷат, Рисолаи Тавзеҳул-масоил, 1428ҳ.қ., саҳ.436.
- ↑ Файёз, Рисолаи Тавзеҳул-масоил, 1426ҳ.қ., саҳ.119.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.676.
- ↑ Барои намуна ниг.: имом Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, Дорул-илм, ҷ.1, саҳ.363; Софии Гулпойгонӣ, Ҷомеъ-ул-алком, 1417, ҷ.1, саҳ.161; Макорими Шерозӣ, Истифтоъоти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.561.
- ↑ Софии Гулпойгонӣ, Ҷомеъ-ул-алком, 1417, ҷ.1, саҳ.161.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.49 - 50.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, Дорул-илм, ҷ.1, саҳ.363.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.48.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.48.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.48.
Сарчашма
- Абуҳанифа Мағрибӣ, Нуъмон ибни Муҳаммад, Даъоим-ул-Ислом, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1385ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайидмуҳаммадҳасан, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, мутобиқ бо фатоваии сездаҳ нафар аз мароҷеъи муаззами тақлид, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 424ҳ.ш.
- Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Рисолаи Тавзеҳул-масоил, Қум, Шафақ, чопи наваду дувум, 1428ҳ.қ.
- Дафтари Оятуллоҳ Систонӣ; пурсишу посух, ради мазолим, дастрасӣ, 7 исфанди 1395ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Тавзеҳул-масоил, тасҳеҳи Муслим Қулипӯри Гелонӣ, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Таҳрирул-васила, Қум, муассисаи матбуотии Дорул-илм, бе то.
- Кирмоншоҳӣ, Муҳаммадалӣ, Мақомиъ-ул-фазл, Қум, муассисаи Алломаи муҷаддад Ваҳиди Беҳбаҳонӣ, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтоъоти ҷадид, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абулқосим Алиённажодӣ, Қум, интишороти мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб, чопи дувум, 1427ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббос Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
- Омилӣ, Сайидҷавод ибни Муҳаммад Ҳусайнӣ, Мифтоҳ-ул-каромат фии шарҳи қавоид-ил-аломат, тасҳеҳи Муҳаммадбоқир Холисӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1419ҳ.қ.
- Сайид ибни Товус, Разиюддин, Фалоҳ-ус-соил ва наҷоҳ-ул-масоил, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1406ҳ.қ.
- Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Ҷомеъ-ул-алком, Қум, интишороти ҳазрати Маъсума, чопи чаҳорум, 1417ҳ.қ.
- Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
- Тустарии Козимӣ, Асадуллоҳ, Миқбос-ул-анвор ва нафоис-ул-асрор фи аҳком-ин-наби-ил-мухтор ва итратат-ил-ахёр, Қум, муассисаи Олулбайт (а), бе то.
- Файёз Кобулӣ, Муҳаммадисҳоқ, Рисолаи Тавзеҳул-масоил, Қум, интишороти Маҷлисӣ, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1409ҳ.қ.
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо ибни Муҳаммад Амин, Китоб-ул-хумс, Қум, конгресси бузургдошти Шайх Ансорӣ, 1415ҳ.қ.
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо ибни Муҳаммад Амин, Сиғат-ул-уқуди ва-л-иқоъот, Қум, Маҷмаъи андешаи исломӣ, чопи аввал, 1421ҳ.қ.