Имом Содиқ алайҳиссалом
шашумин имоми шиаён | |
---|---|
Нақш | Имоми шашуми шиаён |
Куния | Абуабдиллоҳ |
Зодрӯз | 17 рабиулаввали соли 83ҳ.қ. |
Муддати имомат | 34 сол (114-148ҳ.қ.) |
Шаҳодат | 25 шавволи соли 148ҳ.қ. |
Мадфан | Мадина - мазори Бақиъ |
Маҳалли зиндагӣ | Мадина |
Лақабҳо |
|
хешу табор | |
Падар | Имом Боқир (а) |
Модар | Уммифарва |
Ҳамсарон | |
Фарзандон | |
Тӯли умр | 65 сол |
Имомони шиа | |
Имом Алӣ . Имом Ҳасани Муҷтабо . Имом Ҳусайн . Имом Саҷҷод . Имом Боқир . Имом Содиқ . Имом Козим . Имом Ризо . Имом Ҷавод . Имом Ҳодӣ . Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳиссалом . Имом Маҳдӣ |
Ҷаъфар ибни Муҳаммад (арабӣ: جعفر بن محمد) маъруф ба Имом Ҷаъфари Содиқ (а) (83 – 148ҳ.қ.) шашумин имоми шиаёни исноашарӣ баъд аз падараш Имом Боқир (а) аст. Ӯ ба муддати 34 сол (114 то 148ҳ.қ.) имомати шиаёнро бар ӯҳда дошт, ки бо хилофати панҷ халифаи охири умавӣ, яъне аз Ҳишом ибни Абдулмалик ба баъд ва ду халифаи нахусти аббосӣ - Саффоҳ ва Мансури Давониқӣ, ҳамзамон буд. Имом Содиқ (а) ба хотири заъфи ҳукумати умавӣ, фаъолияти илмии бисёр бештаре нисбат ба дигар имомони шиа дошт. Шумори шогирдон ва ровиёни ӯро 4000 нафар донистаанд. Бештари ривоёти Имом Содиқ (а), аз Имом Содиқ (а) аст ва аз ин рӯ, мазҳаби шиаи имомиро мазҳаби Ҷаъфарӣ низ мехонанд.
Имом Содиқ (а) байни пешвоёни фиқҳии аҳли суннат низ ҷойгоҳи болое дорад. Абуҳанифа ва Молик ибни Анас аз ӯ ривоят кардаанд. Абуҳанифа ӯро олимтарин фард дар миёни мусулмонон донистааст.
Имом Содиқ бо вуҷуди заъфи ҳукумати умавӣ ва дархости шиаён, бар зидди ҳукумат қиём накард. Ӯ дархостҳои Абумуслими Хуросонӣ ва Абусаламаро барои бар уҳда гирифтани хилофат рад кард. Имом Содиқ (а) дар қиёми амакаш Зайд ибни Алӣ иштирок накард ва шиаёнро низ аз қиём парҳез медод, бо ин ҳама, равобити ҳасанае бо ҳокимони замони худ надошт. Ӯ ба хотири фишорҳои сиёсии ҳукуматҳои умавӣ ва аббосӣ аз равиши тақия истифода мекард ва ба ёронаш низ чунин тавсия менамуд.
Имом Содиқ (а) ба манзури иртиботи бештар бо шиаён, посух ба суолоти шаръии онҳо, дарёфти вуҷуҳи шаръӣ ва расидагӣ ба мушкилоти шиаён, созмони ваколатро ташкил дод. Фаъолияти ин созмон дар замони имомони баъд густариш пайдо кард ва дар ғайбати суғро ба авҷ расид. Дар замони ӯ фаъолияти ғолиён густариш ёфт. Эшон бо андешаи ғулув ба шиддат бархӯрд карда, ғолиёнро кофир ва мушрик муаррифӣ кард.
Дар бархе манобеъ омадааст, Имом Содиқ (а) ба иллати эҳзори ҳукумат, ба Ироқ сафар карда, ба Карбало, Наҷаф ва Кӯфа рафтааст. Ӯ қабри Имом Алӣ (а)-ро, ки то пеш аз он пинҳон буд, ба ёронаш нишон дод. Бархе аз уламои шиа муътақиданд, ки Имом Содиқ (а) ба дастури Мансури Давониқӣ ва бар асари масмумият шаҳид шудааст. Бартибқи манобеи ривоии шиа, ӯ Имом Козим (а)-ро ба унвони имоми баъд аз худ ба асҳобаш шиносонда буд, аммо ба манзури ҳифзи ҷони ӯ, панҷ нафар, аз ҷумла Мансур халифаи аббосиро васийи худ муаррифӣ кард. Пас аз шаҳодати Имом Содиқ (а) фирқаҳои мухталифе дар шиа шакл гирифт, ки исмоилия, фатаҳия ва новусия аз он ҷумлаанд.
Дар бораи Имом Содиқ (а) аз ҳаштсад китоб ном бурдаанд, ки китобҳои Ахбор-ус-Содиқ маъа Абиҳанифа ва Ахбор-ус-Содиқ маъа-л-Мансур аз Муҳаммад ибни Ваҳбони Дабилӣ (қарни 4ҳ.қ.) аз қадимитарини онҳост. Бархе дигар аз китобҳо дар бораи Имом Содиқ (а) иборат аст аз: Зиндагонии Имом Содиқ Ҷаъфар ибни Муҳаммад (а) навиштаи Сайид Ҷаъфари Шаҳидӣ, ал-Имом-ус-Содиқ (а) ва ал-Мазоҳиб-ул-арбаъа навиштаи Асад Ҳайдар, Пешвои Содиқ аз Сайид Алии Хоманаӣ ва Мавсуъат-ул-Имом-ис-Содиқ, таълифи Боқиршарифи Қурашӣ.
Ном, насаб ва алқоб
- Lua error in Модул:Main at line 55: attempt to call field 'formatPageTables' (a nil value).
Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб, шашумин имоми мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ[1]аст. Мазҳаби исмоилия эшонро панҷумин имоми худ медонад.[2] Падари ӯ Имом Муҳаммади Боқир (а) ва модараш Уммуфарва духтари Қосим ибни Муҳаммад ибни Абубакр буд.[3] Бар тибқи нақли Кашф-ул-ғумма аз уламои суннӣ, аз он ҷо ки насаби модари Имом Содиқ (а) ҳам аз падар ва ҳам аз модар ба Абубакр мерасид, Имом Содиқ (а) гуфтааст: «لَقَدْ وَلَدَنِي أَبُو بَكْرٍ مَرَّتَيْن»; ман ду бор аз Абубакр мутаваллид шудаам.[4] Аммо Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ ин ривоятро аз Эҳқоқ-ул-ҳаққи Шуштарӣ нақл уарда ки ин ривоят ҷаълист.[5]
Кунияи машҳури Имом Содиқ (а) Абоабдиллоҳ (нозир ба дуюмин фарзандаш Абдуллоҳи Афтаҳ) аст. Бо кунияҳои Абуисмоил (нозир ба фарзанди аршадаш Исмоил) ва Абумусо (нозир ба дигар фарзандаш Имом Мусои Козим (а)) низ аз ӯ ном бурдаанд.[6]
Машҳуртарин лақаби ӯ «Содиқ» аст.[7] Тибқи ривоёт, Пайғамбари Ислом (с) ин лақабро ба ӯ додааст, то аз Ҷаъфари каззоб фарқ шавад.[8] Аммо бархе гуфтаанд, Имом Содиқ (а) ба хотири парҳез аз ширкат дар қиёмҳои асри худ, Содиқ лақаб гирифтааст; чароки дар он замон ба касе, ки мардумро гирди худ ҷамъ ва ба қиём бар зидди ҳукумат таҳрик мекард, каззоб (дурӯғгӯ) мегуфтанд.[9] Дар ҳамон даврони имомон ин лақаб барои Имом Содиқ (а) ба кор мерафтааст.[10]
Бар асоси гузориши Ибни Шаҳрошӯби Мозандаронӣ дар Маноқиб лақаби "Содиқ"-ро Мансури Аббосӣ замоне ба Имом Содиқ (а) дод, ки пешгӯии ҳазрат дар бораи ошкор шудани қабри Имом Алӣ (а) таҳаққуқ ёфт ва низ гуфта шуда ки ӯ Содиқ лақаб ёфта чун ҳеҷ лағзишу каҷӣ дар ӯ дида нашудааст.[11] Ба нақл аз Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, бархе аз уламои аҳли суннат, ҳамчун Молик ибни Анас, Аҳмад ибни Ҳанбал ва Ҷоҳиз низ аз ӯ бо ин лақаб ном бурдаанд.[12]
- Барои иттилои бештар бубинед: Содиқ (лақаб)
Зиндагинома
Имом Содиқ (а) дар 17 рабиулаввали соли 83 ҳиҷрии қамарӣ дар Мадина ба дунё омад ва дар соли 148ҳ.қ., дар 65-солагӣ ҳамон ҷо ба шаҳодат расид.[13] Бархе вилодаташро дар соли 80ҳ.қ., навиштаанд.[14] Ҳамчунин Ибни Қутайбаи Динаварӣ вафоташро дар соли 146ҳ.қ., сабт кардааст,[15] ки онро хатои дар забт медонанд.[16] Дар хусуси рӯз ва моҳи шаҳодати Имом Содиқ (а) ихтилофи назар вуҷуд дорад. Дидгоҳи машҳури уламои мутақаддими шиа[17] ин аст, ки ӯ дар моҳи шаввол ба шаҳодат расидааст, аммо дар манобеи мутақаддим, рӯзи шаҳодат наёмадааст.[18]
Бо ин ҳама манобеи мутааххир 25 шавволро рӯзи шаҳодати ӯ донистаанд.[19] Дар муқобили дидгоҳи машҳур, Табарсӣ дар Эълом-ул-варо[20] ва Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор ба нақл аз китоби Мисбоҳи Кафъамӣ шаҳодати Имом Содиқ (а)-ро дар 15 раҷаб гузориш кардаанд, аммо муҳаққиқони китоби Биҳор-ул-анвор ин матлабро дар китоби Мисбоҳ наёфтаанд.[21] Шайх Аббоси Қумӣ бидуни зикри манбаъ вафоти Имом Содиқ (а) дар нимаи раҷабро нақл кардааст.[22]
Ҳамсарон ва фарзандон
Шайхи Муфид барои Имом Содиқ (а) даҳ фарзанд ва чанд ҳамсар баршумурдааст:[23] Дар порае аз манобеъ ба нақл аз Имом Козим (а) ба духтари дигаре барои Имом Содиқ (а) ба номи Ҳакима ё Ҳалима ишора шудааст.[24]
ҳамсар | насаб | фарзандон | эзоҳ |
---|---|---|---|
Ҳамида | духтари Соид ё Солеҳ | Имом Козим (а), Исҳоқ ва Муҳаммад | Имом Козим (а) ҳафтумин имоми шиаёни имомия аст.[25] |
Фотима | духтари Ҳусайн ибни Алӣ ибни Ҳусайн (а) | Исмоил, Абдуллоҳи Афтаҳ ва Уммуфарва | Абдуллоҳ пас аз даргузашти падар иддаои имомат кард ва пайравони ӯ Фатаҳия ном гирифтанд.[26] Исмоил дар замони ҳаёти Имом Содиқ (а) даргузашт, вале иддае марги ӯро напазируфтанд ва фирқаи Исмоилияро ташкил доданд.[27] |
Ҳамсарони дигар | - | Аббос, Алӣ, Асмо ва Фотима | Ба гуфтаи Шайхи Муфид ҳар як аз ин фарзандон аз як каниз (уммивалад) буда аст.[28] |
Даврони имомат
Хилофат дар давраи Имом Содиқ (а) | |
Халифаҳои даврони пеш аз имомат | |
халифа Абдулмалик ибни Марвон |
сол 83-86ҳ.қ. |
Халифаҳои давраи имомат | |
халифа Ҳишом ибни Абдулмалик |
сол 114-125ҳ.қ. |
Ҳаёти Имом Содиқ (а), бо хилофати даҳ халифаи охири Банӣ Умайя аз ҷумла Умар ибни Абдулазиз ва Ҳишом ибни Абдулмалик ва ду халифаи нахусти аббосӣ, Саффоҳ ва Мансури Давониқӣ ҳамзамон буд.[29] Ӯ дар сафари Имом Боқир ба Шом, ки ба дархости Ҳишом ибни Абдулмалик сурат гирифт, ҳамроҳи падар буд.[30] Дар имомати Имом Содиқ (а) панҷ халифаи охири умавӣ; яъне аз Ҳишом ибни Абдулмалик ба баъд [Ёддошт 1] ва Саффоҳу Мансур - хулафои аббосӣ, ҳукумат карданд.[31] Дар ин даврон ҳукумати Банӣ Умая заиф ва саранҷом сарнагун шуд ва пас аз он Банӣ Аббос сари кор омаданд. Заъф ва адами назорати ҳукуматҳо фурсати муносибе барои Имом Содиқ (а) ҷиҳати анҷоми фаъолиятҳои илмӣ фароҳам кард.[32] Албатта ин озодӣ танҳо дар даҳаи сеюми қарни дувуми қамарӣ, вуҷуд дошт ва пеш аз он дар замони Банӣ Умая ва пас аз он ба ҷиҳати қиёми Нафси Закия ва бародараш Иброҳим фишорҳои сиёсии фаровоне бар зидди Имом Содиқ (а) ва пайравонаш вуҷуд дошт.[33]
Нусуси имомат
Аз дидгоҳи шиа, имом аз ҷониби Худо таъин мешавад ва аз роҳҳои шинохти ӯ, нас (тасреҳи Пайғамбар (с) ё имоми қаблӣ ба имомати имоми пас аз худ) аст.[34] Кулайнӣ дар китоби Кофӣ ривоётеро ба манзури исботи имомати Имом Содиқ (а) матраҳ кардааст.[35]
Созмони ваколат
- Навиштори аслӣ: Созмони ваколат
Ба сабабҳое ҳамчун парокандагии шиаён дар манотиқи мухталифи исломӣ, душвор будани иртибот бо шиаён ба иллати фишорҳои сиёсӣ ва дастрасӣ надоштани шиаён ба Имом Содиқ (а), ӯ маҷмуае аз намояндагонро дар манотиқи мухталифи исломӣ таъин кард, ки аз он бо номи созмони ваколат ёд мешавад.[36] Ин созмон вазоифе ҳамчун дарёфти вуҷуҳи шаръие, монанди хумс, закот, назр ва ҳадяҳои шиаён ва таҳвили онҳо ба Имом, расидагӣ ба мушкилоти шиаён, эҷоди иртибот байни имомон ва шиаён ва посух ба суолоти шаръии онҳоро бар ӯҳда дошт.[37] Созмони ваколат дар замони аиммаи баъд густариш ёфт ва дар ғайбати суғро бо чаҳор ҷонишини Имоми Замон ба авҷ расид ва бо оғози давраи ғайбати куброи Имоми Замон ва марги вакили чаҳоруми ӯ – Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ поён ёфт.[38]
Бархурд бо ғолиён
- Навиштори аслӣ: Ғолиён
Дар замони Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) фаъолияти ғулот, афзоиш ёфт.[39] Онҳо мақомии рубубӣ барои аимма қоил буданд ё онҳоро пайғамбар медонистанд. Имом Содиқ (а) андешаи ғулувро ба шиддат радд намуда ва мардумро аз ҳамнишинӣ бо ғолиён наҳй мекарданд[40] ва ононро фосиқ, кофир ва мушрик медонистанд.[41]
Дар ҳадисе аз ӯ дар хусуси ғолиён ба шиаён тавсия шудааст: «бо онҳо ҳамнишинӣ накунед, ғизо нахӯред, наёшомед ва ба онҳо даст надиҳед».[42] Имом Содиқ (а) дар хусуси ҷавонон ба шиаён чунин ҳушдор дод: «муроқиб бошед ғулот ҷавононатонро фосид накунанд. Онҳо бадтарин душманони Худо ҳастанд; Худоро кучак мекунанд ва барои бандагони Худо рубубият қоил мешаванд».[43]
Фаъолияти илмӣ
Дар даврони имомати Имом Содиқ (а), ба иллати заъфи ҳукумати умавӣ, озодии бештаре барои ибрози ақида ба вуҷуд омад ва баҳсҳои илмии бисёре дар мавзӯъҳои мухталиф даргирифт.[44] Ин озодии илмиву диние, ки барои камтар имоме аз имомони дувоздаҳгона вуҷуд дошт, сабаб шуд, то шогирдони имом озодона дар мабоҳиси илмӣ ширкат кунанд.[45]
Фазои бози илмӣ сабаб шуд, аз Имом Содиқ (а) ривоёти фаровоне дар заминаҳои гуногуни фиқҳ, калом ва ғайра нақл шавад.[46] Ба гуфтаи Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, мардум аз ӯ донишҳои фаровон нақл мекарданд ва овозаи ӯ ба ҳамаи ҷо расида буд.[47] Абубаҳри Ҷоҳиз ҳам навиштааст дониш ва фиқҳи ӯ дунёро пур карда буд.[48] Ҳасан ибни Алии Вашшоъ ҳам гуфтааст, ки нуҳсад нафарро дар масҷиди Кӯфа дидааст, ки аз Имом Содиқ (а) ҳадис нақл мекарданд.[49] Сайид Муҳаммадҳусайни Теҳронӣ муътақид аст, ки пас аз реҳлати Пайғамбар (с) ва ҳаводиси талхе, ки дар робита бо таҳрифи ҳақиқати Ислом ва инҳирофи он аз мактаби Аҳли Байт (а) рух дод, ҷомеаи муслимин ниёз ба ду шок ва наҳзат дошт: 1- шоки амалӣ ба манзури бедор сохтани уммат, ки тавассути Имом Ҳусайн (а) ва наҳзати ӯ сурат гирифт; 2- шоки илмӣ барои зинда кардани маорифи Қуръон ва дин, ки ин кор тавассути Имом Содиқ (а) сурат гирифт.[50] [Ёддошт 2]
Мазҳаби Ҷаъфарӣ
- Навиштори аслӣ: Мазҳаби Ҷаъфарӣ
Дар миёни имомони шиа, чи дар усули дин ва чи дар фурӯи дин, бештарин ривоят аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст.[51] Ӯ ҳамчунин бештарин адади ровиёнро доштааст. Ирбилӣ адади ривояткунандагон аз ӯро 4000 тан донистааст.[52] Ба гуфтаи Абон ибни Тағлиб шиаён ҳаргоҳ дар сухани Пайғамбар (с) ихтилофи назар пайдо мекарданд, ба сухани ҳазрати Алӣ (а) тамассук мекарданд, он гоҳ ки дар сухани Алӣ ихтилофи назар доштанд ба сухани Имом Содиқ (а) руҷуъ мекарданд.[53] Ба хотири нақли бештарин ривоёти фиқҳӣ ва каломӣ аз Имом Содиқ (а), мазҳаби шиаи имомиро мазҳаби Ҷаъфарӣ низ мехонанд.[54] Имрӯза, Имом Содиқ (а) ба номи раиси мазҳаби Ҷаъфарӣ машҳур аст.[55]
Соли 1378 ҳиҷрии қамарӣ Шайх Маҳмуди Шалтут - раиси Донишгоҳи ал-Азҳари Миср, дар пайи мукотиботе бо Оятуллоҳ Буруҷердӣ, мазҳаби Ҷаъфариро ба расмият шинохт ва амал ба онро аз лиҳози шаръӣ ҷоиз донист.[56]
Мунозирот ва гуфтугӯҳои илмӣ
Дар матнҳои ҳадисии шиа мунозирот ва гуфтугӯҳое байни Имом Содиқ (а) ва мутакаллимони мазоҳиби дигар ва низ бархе аз мункирони вуҷуди Худо гузориш шудааст.[57] Дар бархе аз мунозирот шогирдони Имом Содиқ (а) дар ҳузури ӯ дар заминае, ки тахассус доштаанд, бо дигарон мунозира кардаанд. Дар ин ҷаласот Имом Содиқ (а) бар мунозира назорат карда, гоҳ худ низ вориди баҳс шудааст.[58] Барои мисол дар гуфтугӯ бо олиме аз аҳли Шом, ки худ дархости мунозира бо шогирдони Имом Содиқ (а)-ро дошт, Имом аз Ҳишом ибни Солим хост, то дар заминаи калом бо ӯ гуфтугӯ кунад.[59] Ҳамчунин аз фарде, ки қасди мунозира бо ӯро дошт, хост то дар ҳар заминае, ки мехоҳад, ибтидо бо шогирдонаш гуфтугӯ кунад ва дар сурати ғалаба бар онҳо бо ӯ мунозира кунад. Он фард дар заминаи Қуръон бо Ҳумрон ибни Аъян, дар заминаи адабиёти арабӣ бо Абон ибни Тағлиб, дар фиқҳ бо Зурора ва дар калом бо Муъмини Тоқ ва Ҳишом ибни Солим мунозира карда, мағлуб шуд.[60]
Аҳмад ибни Алии Табарсӣ дар китоби ал-Эҳтиҷоҷ, маҷмуае аз мунозироти Имом Содиқ (а)-ро гирд овардааст, ки бархе аз онҳо иборат аст аз:
- Мунозира бо яке аз мункирони Худо дар бораи вуҷуди Худо[61]
- Мунозира бо Абушокири Дайсонӣ дар бораи вуҷуди Худо[62]
- Мунозира бо Ибни Абилъавҷо дар бораи вуҷуди Худо[63]
- Мунозира бо Абни Абилъавҷо дар бораи ҳудуси олам[64]
- Мунозираи тӯлонӣ бо яке аз мункирони вуҷуди Худо дар бораи масоили мухталифи динӣ[65]
- Мунозира бо Абуҳанифа дар бораи шеваи истинботи аҳкоми фиқҳӣ, ба хусус қиёс[66]
- Мунозира бо бархе аз уламои муътазила дар бораи шеваи интихоби ҳоким ва бархе аҳкоми фиқҳӣ[67]
Сираи сиёсӣ
Ҳаёти Имом Содиқ (а) бо хилофати даҳ халифаи охири Банӣ Умая аз ҷумла Умар ибни Абдулазиз ва Ҳишом ибни Абдулмалик ва ду халифаи нахусти аббосӣ, Саффоҳ ва Мансури Давониқӣ ҳамзамон буд.[68] Ӯ дар сафари Имом Боқир (а) ба Шом, ки ба дархости Ҳишом ибни Абдулмалик сурат гирифт, ҳамроҳи падар буд.[69] Дар имомати Имом Содиқ (а), панҷ халифаи охири умавӣ; яъне аз Ҳишом ибни Абдулмалик ба баъд ва Саффоҳу Мансур, хулафои аббосӣ ҳукумат карданд.[70]
Дурӣ аз қиёми мусаллаҳона
Бо вуҷуди он ки имомати Имом Содиқ (а) бо заъф ва фурӯпошии умавиён ҳамроҳ буд, ӯ аз даргириҳои низомию сиёсӣ дурӣ ҷуст ва ҳатто даъват ба хилофатро напазируфт. Шаҳристонӣ дар ал-Милал ва-н-ниҳал гузориш кардааст, ки Абумуслими Хуросонӣ пас аз марги Иброҳими Имом, дар номае Имом Содиқ (а)-ро шоистатарин фард барои хилофат хонд ва аз ӯ даъват кард, то хилофатро бипазирад, аммо Имом Содиқ (а) дар посух навишт: «На ту аз ёрони ман ҳастӣ, ва на замона, замонаи ман аст!».[71] Ӯ посухи даъвати Абусалама барои хилофатро низ бо сӯзондани номааш дод.[72] Ӯ ҳамчунин дар қиёмҳое, ки бар зидди ҳукумат рӯй дод, аз ҷумла қиёми амӯяш Зайд ибни Алӣ, ширкат накард.[73] Тибқи ҳадисе, Имом Содиқ (а) набуди ёрони ростинро иллати худдорӣ аз қиём шуморидааст.[74] Дар бархе ривоёт ҳазрат теъдоди 17 нафар ва гоҳ 5 нафарро барои қиёми кофӣ донистааст ва дар баробари исрори бархе аз ёрон барои қиём ба онҳо мефармуд, мо беҳтар аз шумо ва дигарон медонем, ки чӣ замоне ва чӣ вазифае дорем.[75] [Ёддошт 3]
- Ихтилоф бо Абдуллоҳ ибни Ҳасани Мусанно
Дар солҳои поёнии ҳукумати Банӣ Умая, гурӯҳе аз Банӣ Ҳошим аз ҷумла Абдуллоҳ ибни Ҳасани Мусанно ва писаронаш ва Саффоҳ ва Мансур дар Абвоъ ҷамъ шуданд, то барои қиём бар зидди ҳукумат, бо яке аз худашон байъат кунанд. Дар ин ҷаласа Абдуллоҳ писараш Муҳаммадро Маҳдӣ муаррифӣ кард ва аз ҳозирон хост бо ӯ байъат кунанд.
Имом Содиқ (а) вақте аз ин достон бохабар шуд, гуфт: писари ту Маҳдӣ нест ва акнун низ ҳангоми зуҳури Маҳдӣ нест. Абдуллоҳ аз суханони ӯ хашмгин шуд ва ӯро ба ҳасодат муттаҳам кард. Имом Содиқ (а) қасам хӯрд, ки аз рӯи ҳасодат сухан намегӯяд ва гуфт, ки писарони ӯ кушта мешаванд ва хилофат ба Саффоҳ ва Мансур мерасад.[76] Расули Ҷаъфариён решаи ихтилофи байни фарзандони Имом Ҳасан (а) ва фарзандони Имом Ҳусайн (а)-ро ҳамин достон донистааст.[77]
Робита бо ҳокимон
Бо вуҷуди дурии Имом Содиқ (а) аз қиёми мусаллаҳона бар зидди ҳукуматҳо, ӯ равобити ҳасанае бо ҳокимони замони худ надоштааст. Замоне, ки ҳамроҳи падараш Имом Муҳаммади Боқир (а) ба Ҳаҷ рафта буд, дар маросими Ҳаҷ, Аҳли Байт (а)-ро баргузидагони Худо муаррифӣ ва ба душмании халифа - Ҳишом ибни Абдулмалик, бо Аҳли Байт (а) ишора кард.[78] Ӯ дар посух ба Мансури Давониқӣ, ки аз ӯ хост монанди дигар мардум назди ӯ биравад, навишт: Мо чизе надорем, ки ба хотири он аз ту битарсем ва ту чизе аз умури ухравӣ надорӣ, ки мо ба хотири он ба ту умедвор бошем; на ту дар неъмате ҳастӣ, ки мо онро ба ту табрик гӯем ва на бовар дорӣ, ки дар мусибате ҳастӣ, ки онро ба ту таслият гӯем. Пас чаро назди ту биёем?![79]
Оташ задани хонаи Имом Содиқ (а)
Бино бар ривояте аз китоби Кофӣ, ҳангоме, ки Ҳасан ибни Зайд волии Макка ва Мадина буд, ба дастури Мансури Аббосӣ, хонаи Имом Содиқ (а)-ро оташ зад. Тибқи ин ривоят дар ин оташсӯзӣ дар ва даҳлези хонаи Имом (а) дар оташ сӯхт ва Имом (а) дар ҳоле, ки аз мобайни оташ мегузашт, аз хона баромаду гуфт:
- Ман фарзанди Аъроқуссаро (اَعراق الثَّرَی - лақаби ҳазрати Исмоил ба маънои касе, ки фарзандон ва наслаш монанди рагу реша дар замин парокандаанд) ҳастам. Ман фарзанди Иброҳими Халилуллоҳ ҳастам.[80]
Албатта ба гузориши Таърихи Табарӣ, Мансур дар соли 150 ҳиҷрии қамарӣ; яъне ду сол баъд аз шаҳодати Имом Содиқ (а), Ҳасан ибни Зайдро ҳукмрони Мадина кардааст.[81]
Ба коргирии равиши тақия
Ба ҷуз даҳаи сеюми қарни дувуми қамарӣ, ки бо фурӯпошии хилофати Банӣ Умая ҳамзамон буд, хулафои умавию аббосӣ ҳамвора фаъолиятҳои Имом Содиқ (а) ва ёронашро зери назар доштанд. Фишорҳои сиёсӣ дар авохири зиндагии Имом Содиқ (а) беш аз пеш шуд.[82] Тибқи бархе ривоёт, маъмурони Мансури Давониқӣ касонеро, ки бо шиаёни Имом Содиқ (а) дар иртибот буданд, шиносоӣ мекарданд ва гардан мезаданд. Из ин рӯ, Имом Содиқ (а) ва ёронаш аз равиши тақия истифода мекарданд.[83]
Бинобар ривояте ки аз Имоми Содиқ дар китоби Кофӣ нақл шудааст он ҳазрат дар рӯзе ки барои мардум явмушшак буд ва ҳазрат он рӯзро аввали моҳи рамазон медонист ба дархости Саффоҳ - халифаи вақт, аз боби тақия ғизо хӯрд ва дар посухи фарде, ки ба ӯ эътироз кард, ки «оё рӯзеро ки мусалламан аз моҳи рамазон аст рӯзаи худатро мешиканӣ ва ғизо мехӯрӣ?!» Гуфт: «Оре, савганд ба Худо агар ман як рӯз рӯзаи моҳи рамазонро бихӯрам назди ман писандидатар аст аз он ки гарданам зада шавад!»[84] Имом Содиқ (а) ба Суфёни Саврӣ, ки ба дидори ӯ омада буд, тавсия кард ба хотири он ки ҳардуи онҳоро ҳукумат таҳти назар гирифтааст, биравад.[85] Дар ҳадиси дигаре Имом Содиқ (а) аз Абон ибни Тағлиб хостааст, ки дар посух ба пурсишҳои фиқҳии мардум, барои он ки мушкилие пеш наояд, дидгоҳҳои уламои аҳли суннатро барояшон нақл кунад.[86] Ҳамчунин ривоёте аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки бар тақия таъкид мекунанд. Дар бархе аз онҳо тақия дар ҷойгоҳе баробар бо намоз қарор гирифтааст.[87] Аз назари Оятуллоҳ Хоманаӣ - таҳлилгари сираи маъсумон, намудорҳои муҳим ва барҷастаи зиндагии Имом Содиқ (а) иборатанд аз:
- Табйин ва таблиғи масъалаи имомат ба манзури нафйи мустақим ва сареҳи ҳуккоми замон ва муаррифии хештан ба унвони соҳиби ҳаққи воқеии вилояту имомат ба мардум.
- Таблиғ ва баёни аҳкоми дин ба равиши фиқҳи шиа низ тафсири Қуръон ба риволи биниши шиа ба шакли сареҳтар аз дигар имомон.
- Ташкил ва раҳбарии пинҳонии шабакаи таблиғотӣ васеъ барои имомати Оли Алӣ (а) ва табйини дурусти масъалаи имомат; ин шабака дар бисёре аз нуқоти дурдаст ба хусус дар ноҳияҳои Ироқ ва Хуросон, фаъолиятҳои чашмгиру самарабахше дар бораи масъалаи имомат ӯҳдадор буд.[88]
Хусусиёти ахлоқӣ, каромот ва фазоил
Дар манобеи ривоӣ дар заминаи вижагиҳои ахлоқии Имом Содиқ (а) гузоришҳое аз зуҳд, инфоқ, илми фаровон, ибодати бисёр ва тиловати Қуръон омадааст. Муҳаммад ибни Талҳа, Имом Содиқ (а)-ро аз бузургтарин афроди Аҳли Байт, дорои илми фаровон, бисёр аҳли ибодату зуҳд ва тиловати Қуръон тавсиф кардааст.[89]
Молик ибни Анас аз имомони фиқҳии аҳли суннат гуфтааст: дар муддате, ки пеши Имом Содиқ (а) мерафта, ҳамеша ӯро дар яке аз се ҳолати намоз хондан, рӯзадорӣ ва зикр гуфтан дидааст.[90]
Ба гузориши Биҳор-ул-анвор, Имом дар посух ба дархости фақире, чорсад дирҳам ба ӯ дод ва чун сипосгузории ӯро дид, ангуштарашро ҳам, ки даҳ ҳазор дирҳам меарзид, ба ӯ бахшид.[91] Ривоятҳое низ аз инфоқҳои пинҳонии Имом Содиқ (а) дар даст аст. Ба навиштаи китоби Кофӣ, ӯ шабҳо миқдоре нону гӯшту пул дар киса мерехт ва ба сурати ношинос ба дари хонаи камбизоатони шаҳр мебурд ва байнашон тақсим мекард.[92] Абуҷаъфари Хасъамӣ нақл кардааст, ки Имом Содиқ (а) кисаи пулеро ба ӯ доду аз ӯ хост онро ба фарде аз Банӣ Ҳошим диҳаду нагӯяд, ки кӣ онро фиристодааст. Ба гуфтаи Хасъамӣ ҳангоме, ки он фард пулро гирифт, барои фиристандаи он дуо карда, аз Имом Содиқ (а) гила кард, ки бо вуҷуди сарваташ чизе ба ӯ намедиҳад.[93] Абуабдуллоҳи Балхӣ низ нақл кардааст, ки рӯзе Имом Содиқ (а) ба дарахти нахли пусидае хитоб кард, ки эй нахле, ки мутеъи Парвардигорат ҳастӣ аз он чи Худованд дар ту қарор додааст, моро итъом кун, дар он ҳол аз он дарахт хурмоҳои рангоранг бар мо борид.[94]
Сафар ба Ироқ
Имом Содиқ (а) дар замони ҳукумати Саффоҳ ва низ ҳукумати Мансури Давониқӣ ба иллати эҳзори ҳукумат, сафарҳое ба Ироқ доштааст. Ӯ дар ин сафарҳо ба Карбало, Наҷаф, Кӯфа ва Ҳира ҳам рафтааст.[95] Муҳаммад ибни Маъруфи Ҳилолӣ нақл кардааст, ки дар сафари Имом Содиқ (а) ба Ҳира, мардум ба шиддат аз ӯ истиқбол кардаанд, ба гунае, ки то чанд рӯз ба хотири издиҳоми мардум, натавонистааст Имомро мулоқот кунад.[96]
Меҳроби Имом Содиқ (а) дар масҷиди Кӯфа, ки дар бахши шарқии масҷид, наздики қабри Муслим ибни Ақил қарор дорад ва меҳроби ӯ дар масҷиди Саҳла аз ҷумлаи ёдгорҳои ӯ дар Ироқ аст.[97] Имом Содиқ (а) қабри Имом Ҳусайн (а) дар Карбалоро зиёрат кардааст.[98] Дар соҳил руди ҳусайния дар шаҳри Карбало, биное аст, ки меҳроби мансуб ба Имом Содиқ (а) дар он қарор дорад.[99]
- Нишон додани қабри ҳазрати Алӣ (а)
Дар бархе ривоёт аз зиёратҳои Имом Содиқ (а) аз қабри Имом Алӣ (а) сухан омадааст.[100] Ӯ қабри Имом Алӣ (а)-ро, ки то пеш аз он пинҳон буд, ба ёронаш нишон дод. Ба гуфтаи Кулайнӣ, ӯ рӯзе Язид ибни Амр ибни Талҳаро ба маконе байни Ҳира ва Наҷаф бурд ва қабри ҷаддаш Имом Алӣ (а)-ро ба ӯ нишон дод.[101] Шайхи Тӯсӣ низ нақл кардааст, Имом Содиқ (а) назди қабри Имом Алӣ (а) омад, намоз хонд ва сипас макони қабрро ба Юнус ибни Забён нишон дод.[102]
Шогирдон ва ровиён
- Lua error in Модул:Main at line 55: attempt to call field 'formatPageTables' (a nil value).
Шайхи Тӯсӣ дар Риҷоли худ аз ҳудуди 3200 ровӣ барои Имом Содиқ (а) ном мебарад.[103] Шайхи Муфид дар китоби ал-Иршод, адади ровиёни ӯро ба чаҳор ҳазор нафар мерасонад.[104] Гуфтаанд Ибни Уқда китобе дар хусуси ровиёни Имом Содиқ (а) доштааст, ки дар он номи 4000 ровӣ омадааст.[105]
Бештари нависандагони Усули арбаъамиа (усули чаҳорсадгонаи шиа), шогирдони Имом Содиқ (а) будаанд.[106] Ҳамчунин дар муқоиса бо дигар имомон, ӯ бештарин шогирдро аз миёни асҳоби иҷмоъ доштааст, ки мавриди эътимодтарин ровиёни имомон ҳастанд.[107] Бархе аз машҳуртарин шогирдони Имом Содиқ (а) ки ҷузви асҳоби иҷмоъ ҳастанд, иборатанд аз:
Аз ривояте, ки Кашшӣ дар бораи мунозираи шогирдони Имом Содиқ (а) нақл кардааст, ба даст меояд, ки бархе шогирдони ӯ дар заминаҳои хоссе тахассус доштаанд.[109] Тибқи ин ривоят Ҳумрон ибни Аъян дар улуми қуръонӣ, Абон ибни Тағлиб дар адабиёти араб, Зурора дар фиқҳ ва Муъмин ат-Тоқ ва Ҳишом ибни Солим дар калом тахассус доштаанд.[110] Бархе дигар аз шогирдони Имом Содиқ (а) ки дар заминаи калом тахассус доштанд, иборатанд аз Ҳумрон ибни Аъян, Қайс Мосир ва Ҳишом ибни Ҳакам.[111]
Аҳли суннат
Бархе аз уламо ва имомони фиқҳии аҳли суннат, шогирдони Имом Содиқ (а) будаанд. Шайхи Тӯсӣ дар китоби Риҷоли худ, Абуҳанифаро дар шумори шогирдон ва асҳоби Имом ном бурдааст.[112] Ибни Абилҳадиди Муътазилӣ низ ӯро аз шогирдони Имом Содиқ (а) донистааст.[113] Шайхи Садуқ аз Молик ибни Анас нақл кардааст, ки ӯ муддате назди Имом Содиқ (а) мерафта ва аз ӯ ҳадис мешунидааст.[114] Молик ибни Анас дар китоби Муваттаъ аз Имом Содиқ (а) ҳадис нақл кардааст.[115]
Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ навиштааст, олимони бузурги аҳли суннат, ҳамчун Абӯҳанифа, Яҳё ибни Саид, Ибни Ҷурайҳ, Молик ибни Анас, Суфён ибни Уяйна, Суфёни Саврӣ, Шуъба ибни ал-Ҳаҷҷоҷ ва Айюби Сахтиёнӣ аз Имом Содиқ (а) ривоят кардаанд.[116] Дар китоби «ал-Аиммат-ул-арбаъа» ҳам ҳузури Молик ибни Анас дар Мадина ва истифода аз дарси касоне чун Имом Содиқ (а), аз авомили рушди илмии ӯ шуморида шудааст.[117]
Аҳодиси машҳур
Бархе аз аҳодиси машҳури Имом Содиқ (а) ба шарҳи зер аст:
- Ҳадиси ҷунуди ақл ва ҷаҳл, ин ҳадис гузорише аст аз Имом Соиқ (а) ба ривояти Самона ибни Меҳрон дар бораи хилқати ақл ва лашкариёне ки Худованд ба ҷиҳати ҷойгоҳи ақл ва итоату таслимаш барои ӯ қарор додааст.[119]
- Ҳадиси ҳаҷ: Имом Содиқ (а) кайфияти ҳаҷҷи Пайғамбарро аз падари худ ривоят кардааст. Ин ҳадиси дар манобеъи шиа[120] ва суннӣ[121] нақл шудааст.[122]
- Ҳадиси тавҳиди Муфаззал: ҳадисе, ки Имом Содиқ (а) дар чор ҷаласа дар бораи масоиле чун офариниши ҷаҳон, хилқати инсон ва шигифтиҳову ҳикматҳои онҳо ба Муфаззал ибни Умар имло кардааст.[123]
- Ҳадиси Инвони Басрӣ: дар ин ҳадис Имом Содиқ (а) пас аз таърифи убудият, дастуруламалҳоеро дар заминаҳои риёзати нафс, бурдборӣ ва илм, ба шахсе ба номи Инвони Басрӣ гуфтааст.[124]
- Мақбулаи Умар ибни Ҳанзала:[125] бархе аз фақеҳони шиа, аз ин ҳадис меъёрҳое барои ҳалли таорузи ривоёт ба даст овардаанд.[126] Тарафдорони назарияи вилояти фақеҳ низ барои исботи он ба ин ҳадис истинод мекунанд.[127]
- Салоҳи зиндагонии шахсӣ ва муоширати иҷтимоӣ, паймонаи пурест, ки аз се ду ҳиссааш зиракӣ ва як ҳиссааш чашмпӯшӣ аст.[128]
- Арбобгуна ба айбҳои дигарон нанигаред, балки чун бандае фурутан айбҳои худро ворасӣ кунед.[129]
- Мабодо бо якдигар ҳасад варзед, зеро куфру бединӣ аз ҳасад бармехезад.[130]
- Бародарони худро бо ду сифат имтиҳон кунед, ки агар он ду сифатро доштанд ба дӯстӣ ва рафоқати худ бо онҳо идома диҳед вагарна аз онон дурӣ кунед, дурӣ кунед, дурӣ кунед: 1 - муроқибат бар намози аввали вақт; 2 - некӣ ба бародарон чи дар сахтию тангдастӣ, чи дар ҳангоми осоишу фарохӣ.[131]
Дидгоҳи аҳли суннат
Имом Содиқ (а) назди бузургони аҳли суннати ҷойгоҳи болое доштааст. Абуҳанифа аз пешвоёни аҳли суннат, Имом Содиқ (а)-ро фақеҳтарин ва донотарин фард дар миёни мусулмонон донистааст.[132] Ба нақли Ибни Шаҳрошӯб, Молик ибни Анас гуфтааст: аз ҷиҳати фазл, илм, ибодат ва вараъ, ҳеҷ чашму гӯше бартар аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад на дида ва на шунидааст.[133] Аз назари Шаҳристонӣ дар китоби ал-Милал ва ан-ниҳал, Имом Содиқ (а) «дорои илме аст, касиру фаровон дар умури дин, донишу дирояти комил дар ҳикмат, ва зуҳди баландмартабае дар дунё, вараъ ва худдории тому тамом аз шаҳавот, ки муддате дар Мадина иқомат кард, ва шиаён ва мунтасабини ба худро аз илми худ баҳраманд сохта бар муволиён ва хосони худ, асрори улум ва махфиёти донишро ифоза кард. Ва ӯ касе аст, ки дар уқёнуси бекарони маърифат ғарқ буду тамаъе дар шатти об надошт, ва ба болотарин дараҷаи ҳақиқат иртифоъ ёфта буд ва аз суқуту нузул дар дараҷоти дунявӣ тарсу воҳима надошт.»[134]
Ба гуфтаи Ибни Абилҳадид, уламои аҳли суннат аз ҷумла, пешвоёни фиқҳии онон чун Абуҳанифа, Аҳмад ибни Ҳанбал ва Шофеӣ бо восита ё бевосита шогирди Имом Содиқ (а) будаанд ва из ин рӯ, фиқҳи аҳли суннат дар фиқҳи шиа реша дорад.[135] Бо ин ҳама, дар фиқҳи аҳли суннат, бо вуҷуди тавваҷуҳи фаровон ба фақеҳони муосири Имом Содиқ (а) ҳамчун Авзоъӣ ва Суфёни Саврӣ, ба дидгоҳҳои ӯ тавваҷуҳ нашудааст.[136] Бархе аз уламои шиа чун Сайид Муртазо ба ин ҷиҳат ба уламои аҳли суннат интиқод кардаанд.[137]
Шаҳодат
Шайхи Садуқ тасреҳ кардааст, ки Имом Содиқ (а) ба дастури Мансури Давониқӣ ва бар асари масмумият ба шаҳодат расидааст.[138] Ибни Шаҳрошӯб низ дар Маноқиб ва Муҳаммад ибни Ҷарири Табарии сеюм дар Далоил-ул-имомат низ ҳамин назарро матраҳ кардаанд.[139] Барои шаҳодати ӯ ба ривояти Валлоҳи мо минно илло мақтулун шаҳид истинод шудааст.[140] Дар муқобил, Шайхи Муфид мӯътақид аст, ки далели қотеъе бар чигунагии шаҳодати он ҳазрат вуҷуд надорад.[141] Сайид Ҷаъфар Муртазо Омили - таърихпажӯҳ, сухани Шайхи Муфидро аз рӯи тақия донистааст.[142] Мадфани ӯ қабристони Бақиъ дар канори қабри падараш Имом Боқир ва Имом Саҷҷод ва Имом Ҳасан алайҳимуссалом аст.[143]
Васияти Имом Содиқ
Бинобар аҳодис, Имом Содиқ (а) борҳо Имом Козим (а)-ро ба унвони имоми баъд аз худ ба асҳоби хоссаш муаррифӣ карда буд,[144] аммо ба хотири сахтгириҳои аббосиён ва ба манзури ҳифзи ҷони Имом Козим (а), панҷ нафар, аз ҷумла, халифаи аббосиро васийи худ муаррифӣ кард.[145] Аз ин рӯ, бархе аз асҳоби барҷастаи Имом Содиқ (а) монанди Мӯъмини Тоқ ва Ҳишом ибни Солим низ дар бораи ҷонишини Имом Содиқ (а) мураддад буданд. Онон ибтидо суроғи Абдуллоҳи Афтаҳ рафта аз ӯ суолоте пурсиданд, аммо посухҳои Абдуллоҳ онҳоро қонеъ накард. Сипас бо Мусо ибни Ҷаъфар (а) мулоқот карда, бо посухҳои ӯ қонеъ шуда, имомати ӯро пазируфтанд.[146]
Ба шохаҳо тақсим шудани шиа
Пас аз шаҳодати Имом Содиқ (а) фирқаҳои мухталифе дар шиа ба вуҷуд омад ва ҳар гурӯҳ яке аз писарони ӯро имом шумориданд. Бештари шиаён, имомати Имом Мусои Козим (а)-ро ба унвони имоми ҳафтум пазируфтанд.[147] Гурӯҳе аз шиаён, марги Исмоил - писари аршади Имом Содиқ (а)-ро инкор карда, ӯро имом медонистанд. Шуморе аз ин гурӯҳ, ки аз ҳаёти Исмоил маъюс шуданд, писари Исмоил, Муҳаммадро имом донистанд. Ин гурӯҳ ба исмоилия шуҳрат ёфтанд. Бархеи дигар, Абдуллоҳи Афтаҳ - дуюмин писари Имом Содиқ (а)-ро имом дониста, ба фатаҳия машҳур шуданд, аммо пас аз марги ӯ ки ҳудуди 70 рӯз баъд аз шаҳодати Имом Содиқ (а) рух дод, ба имомати Мусо ибни Ҷаъфар (а) мӯътақид шуданд. Шуморе низ ба пайравӣ аз шахсе ба номи Новус дар имомати ҳазрати Содиқ (а) таваққуф карда, фирқаи новусияро ба вуҷуд оварданд. Иддае ҳам ба имомати Муҳаммади Дибоҷ, дигар фарзанди Имом Содиқ (а), мӯътақид шуданд.[148]
Таълифоти Имом Содиқ (а)
Дар бархе аз китобҳои ҳадисии шиа рисолаҳо ё номаҳое аз Имом Содиқ (а) гузориш шудааст, ки дар сиҳҳати баъзе аз онҳо тардид шудааст, аммо баъзеи дигар дар киобҳое ҳамчун ал-Кофӣ омада ва аз эътибори болое бархӯрдоранд.[149] Бархе аз ин рисолаҳо иборатанд аз:
- Рисолаи Имом Содиқ (а) ба асҳоб. Ин рисола шомили тавсияҳое ба шиаён дар заминаҳои мухталиф аст ва дар китоби Кофӣ омадааст.[150]
- Рисолаи Шароеъ-уд-дин ба ривояти Аъмаш. Ин рисола дар бораи усул ва фуруи дин аст. Онро Шайхи Садуқ нақл кардааст.
- Қитъае аз як нома дар заминаи тафсир
- Қитъае аз як нома ба аҳли қиёс дар нақди онон
- Ар-Рисолат-ул-аҳвозийя. Ин нома барои Наҷҷошӣ- волии Аҳвоз навишта шудааст. Матни он дар китоби Кашф-ур-рийба навиштаи Шаҳиди Сонӣ омадааст.
- Тавҳиди ал-Муфаззал ё китоби Факкир. Ин рисола ҳосили суханони Имом Содиқ (а) дар бораи Худошиносӣ барои Муфаззал ибни Умар аст, ки ба хотири такрори иборати «факкир ё Муфаззал» (фикр кун эй Муфаззал) дар он, дар гузашта ба «китоби Факкир» шӯҳрат дошт.[151]
- Рисолаи Аҳлилаҷа. Дар ин рисола Имом Содиқ (а) бо пизишки ҳиндие дар бораи исботи вуҷуди Худо гуфтугӯ кардааст. Ба гуфтаи Сайид Муҳсини Амин, Сайид ибни Товус ин китобро муътабар донистааст. Ҳамчунин ӯ аз Ибни Надим - нависандаи ал-Феҳрист, нақл карда ки нигориши ин китоби тавассути Имом содиқ (а) аз маҳолот аст.[152]
- Матни машҳур ба тафсири Имом Содиқ (а)
- Тафсири ан-Нуъмонӣ.[153]
Китобҳое низ вуҷуд дорад, ки шогирдони Имом Содиқ (а) аз суханони ӯ таълиф кардаанд. Бархе аз онҳо, ки ба чоп расидаанд, иборатанд аз:
- «Ал-Ҷаъфариёт» ё «ал-Ашъасийёт» навиштаи Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Ашъас
- Наср-уд-дурар. Матни ин китобро Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ дар Туҳаф-ул-уқул овардааст.
- Ал-Ҳикам-ул-Ҷаъфария
- Маҷмуае аз калимоти қисор (ҷумлаҳои кӯтоҳ) ба ривояти Салмон ибни Айюб, ки матни он дар китоби Фароид-ус-симтайни Ҷувайнӣ омадааст.[154]
Китобшиносӣ
Китобҳои фаровоне дар бораи Имом Содиқ (а), нигориш ёфтааст. Дар китоби «Китобшиносии Имом Ҷаъфари Содиқ (а)», ҳудуди ҳаштсад унвон китоби чопӣ ном бурда шудааст.[155] Китобҳои «Ахбор-ус-Содиқ маъа Абиҳанифа» ва «Ахбор-ус-Содиқ маъа-л-Мансур» аз Муҳаммад ибни Ваҳбони Дабилӣ (қарни 4) ва «Ахбору Ҷаъфар ибни Муҳаммад» аз Абдулазиз Яҳё Ҷалудӣ (қарни 4) қадимитарини китобҳо дар ин замина аст.[156] Бархе аз китобҳо дар бораи Имом Содиқ (а) иборатанд аз:
- Ал-Имом-ус-Содиқ (а) ва-л-мазоҳб-ул-арбаъа, навиштаи Асад Ҳайдар. Ин китоб бо унвони Имом Содиқ (а) ва мазоҳиби чаҳоргона, ба забони форсӣ тарҷума шудааст;[157]
- Китобномаи Имом Содиқ (а) аз Ризо Устодӣ
- Ал-Имом-ус-Содиқ, навиштаи Муҳаммадҳусайни Музаффар. Ин китобро Сайидиброҳими Сайидъалавӣ бо унвони Сафаҳоте аз зиндагонии Имом Ҷаъфари Содиқ (а), ба забони форсӣ баргардондааст.[158]
- Ал-Имом Ҷаъфар-ус-Содиқ, таълифи Абдулҳалим ал-Ҷундӣ
- Зиндагонии Имом Содиқ Ҷаъфар ибни Муҳаммад (а), навиштаи Сайид Ҷаъфари Шаҳидӣ
- Партаве аз зиндагонии Имом Содиқ (а), навиштаи Нуруллоҳи Алидӯсти Хуросонӣ
- Пешвои Содиқ, аз Сайид Алии Хоманаӣ
- Мавсуъат-ул-Имом-ис-Содиқ, таълифи Боқиршарифи Қарашӣ
- Мавсуъат-ул-Имом Ҷаъфар-ис-Содиқ, навиштаи Сайид Муҳаммадкозими Қазвинӣ. То кунун понздаҳ ҷилди ин китоб чоп шудааст. Ин маҷмӯа қарор аст 60 ҷилд бошад.[159]
- Мавсуъат-ул-Имом Ҷаъфар-ис-Содиқ, навиштаи Ҳишом Оли Қутайт
- Мағзи мутафаккири ҷаҳони шиа, навиштаи Забеҳуллоҳ Мансурӣ. Нависанда, нигориши китобро ба маркази мутолиоти исломии Страсбург нисбат дода ва худро мутарҷими он муаррифӣ кардааст, аммо бархе ин суханро нодуруст дониста, гуфтаанд, чунин китобе вуҷуди хориҷӣ надорад.[160]
Эзоҳ
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, 1393ҳ.ш., саҳ.391.
- ↑ Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.110, 119.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.180.
- ↑ Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.161
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.29, саҳ.651, 652.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», саҳ.181.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», саҳ.181.
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1359ҳ.ш., саҳ.319; «Алқоб-ур-Расули ва Итратиҳ», саҳ.60, 61; Баҳронӣ, Ҳилят-ул-аброр, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.11.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», саҳ.181.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», саҳ.181.
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.273
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», саҳ.181.
- ↑ Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, саҳ.597, Табарсӣ, Эълом-ул-варо, Муфид, ал-Иршод, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.180.
- ↑ Ирблӣ, Кашф-ул-ғумма, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.691.
- ↑ Ибни Қутайбаи Динаварӣ, ал-Маъориф, 1992м, саҳ.215.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», саҳ.187.
- ↑ Покатчӣ, "Ҷаъфари Содиқ (а), Имом", саҳ.187
- ↑ Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.472; Муфид, ал-Иршод, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.180; Табарсӣ, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.514.
- ↑ Ниг.: Шайх Табарсӣ, Тоҷ-улмаволид, 1422ҳ.қ., саҳ.44; Қумӣ, Вақоеъ-улайём, нури матоф, саҳ.310; Шуштарӣ, Рисолаи фи таворих-ин-набийи ва-л-ол, 1423ҳ.қ., саҳ.68; Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», саҳ.187.
- ↑ Табарсӣ, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.514.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.47, саҳ.2
- ↑ Қумӣ, Таърибу мунтаҳа-л-омоли фи таворих-ин-набийи ва-л-ол, анношир: Ҷамоат-ул-мударрисин, ҷ.2, саҳ.243
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.209.
- ↑ Ибни Ҳамзаи Тӯсӣ, ас-Соқиб фи-л-маноқиб, 1411ҳ.қ., саҳ.443; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.487, саҳ.74
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307 - 311.
- ↑ Шаҳристонӣ, Милал ва ниҳал, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.148.
- ↑ Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.213, 214.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.209
- ↑ Шаҳидӣ, Зиндагонии Имом Содиқ, 1378ҳ.ш., саҳ.4.
- ↑ Шаҳидӣ, Зиндагонии Имом Содиқ, 1378ҳ.ш., саҳ.6.
- ↑ Шаҳидӣ, Зиндагонии Имом Содиқ, 1378ҳ.ш., саҳ.4.
- ↑ Шаҳидӣ, Зиндагонии Имом Содиқ, 1378ҳ.ш., саҳ.47.
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, 1393ҳ.ш., саҳ.435.
- ↑ Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.337.
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.306, 307
- ↑ Ҷабборӣ, Созмони ваколати аимма, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.47 - 50.
- ↑ Ҷабборӣ, Созмони ваколати аимма, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.280, 320, 332.
- ↑ Баррасии татбиқии созмони даъвати аббосиён ва созмони ваколати имомия вебгоҳи сомонаи Нашриёт
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, 1393ҳ.ш., саҳ.407
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, 1393ҳ.ш., саҳ.407, 408
- ↑ Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.300
- ↑ Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.297.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Амолӣ, 1414, саҳ.650
- ↑ Шаҳидӣ, Зиндагонии Имом Содиқ, 1384ҳ.ш., саҳ.47 - 60.
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, 1393ҳ.ш., саҳ.435, 436.
- ↑ Шаҳидӣ, Зиндагонии Имом Содиқ (а), 1384ҳ.ш., саҳ.61.
- ↑ Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1429ҳ.қ./2008м, саҳ.551
- ↑ Ҷоҳиз, Расоил-ул-Ҷоҳиз, 2002м, саҳ.106
- ↑ Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1416ҳ.қ., саҳ.39.
- ↑ Теҳронӣ, Имомшиносӣ, ҷ.8, саҳ.266.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», саҳ.205.
- ↑ Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.701.
- ↑ Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1416ҳ.қ., саҳ.12.
- ↑ Шаҳидӣ, Зиндагонии Имом Содиқ, 1384ҳ.ш., саҳ.61.
- ↑ Наҷафӣ, “Имом Содиқ (а) раиси мазҳаби Ҷаъфарӣ», сайти созмони таблиғоти исломӣ, санаи дарҷ: 9 шаҳривари 1392, санаи боздид: 10 обони 1396
- ↑ Беозори Шерозӣ, Ҳамбастагии мазоҳиби исломӣ, 1377ҳ.ш., саҳ.344; «Шайх Маҳмуди Шалтут», сайти маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ; «Фатвои таърихии Шайх Шалтут, муфтии аъзами олами тасаннун ва раиси донишгоҳи Алазҳари Миср», Дарсҳое аз мактаби Ислом, №3, 1338.
- ↑ Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, Усули Кофӣ, ҷ.1, 1407ҳ.қ., саҳ.79, 80, 171 – 173; Шайхи Муфид, Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.189, 190
- ↑ Кулайнӣ, Усули Кофӣ, ҷ.1, 1407ҳ.қ., саҳ.171 - 173
- ↑ Кулайнӣ, Усули Кофӣ, ҷ.1, 1407ҳ.қ., саҳ.171 - 173.
- ↑ Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.275 - 277.
- ↑ Табарсӣ, Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.331 - 333
- ↑ Табарсӣ, Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.333
- ↑ Табарсӣ, Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.335, 336
- ↑ Табарсӣ, Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.336
- ↑ Табарсӣ, Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.336, 352
- ↑ Табарсӣ, Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.360 - 362
- ↑ Табарсӣ, Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.362 - 364
- ↑ Шаҳидӣ, Зиндагонии Имом Содиқ, 1378ҳ.ш., саҳ.4.
- ↑ Шаҳидӣ, Зиндагонии Имом Содиқ, 1378ҳ.ш., саҳ.6.
- ↑ Шаҳидӣ, Зиндагонии Имом Содиқ, 1378ҳ.ш., саҳ.4.
- ↑ Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.179.
- ↑ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.254.
- ↑ Покатчӣ, “Имом Ҷаъфари Содиқ», саҳ.183, 184.
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.237.
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.243 ва Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, ҷ.3, саҳ.363.
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1987м/1408ҳ.қ., саҳ.185, 186.
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, 1393ҳ.ш., саҳ.371.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.46, саҳ.306
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.47, саҳ.184.
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.473
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, Равоиҳ-ут-турос-ил-арабӣ, ҷ.8, саҳ.32
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, 1393ҳ.ш., саҳ.435.
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, 1393ҳ.ш., саҳ.435.
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.83
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.248.
- ↑ Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.330.
- ↑ Фаттоли Нишопурӣ, Равзат-ул-воизин, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.293.
- ↑ Имом Содиқ (а) марди илму дониш, марди мубориза, марди ташкилот, пойгоҳи итилоърасонии оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.691.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.47, саҳ.16.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.47, саҳ.61.
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.8.
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.273.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, Дору эҳё-ит-турос, ҷ.47, саҳ.76.
- ↑ Музаффар, ал-Имом-ус-Содиқ, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, ҷ.1, саҳ.126 ва 130.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.47, саҳ.93, 94.
- ↑ Музаффар, ал-Имом-ус-Содиқ, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, ҷ.1, саҳ.129.
- ↑ Музаффар, ал-Имом-ус-Содиқ, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, ҷ.1, саҳ.130.
- ↑ Музаффар, ал-Имом-ус-Содиқ, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, ҷ.1, саҳ.130.
- ↑ Барои намуна ниг.: Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.35 ва 36.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.571.
- ↑ Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.35.
- ↑ Тӯсӣ, Риҷол-ут-Тӯсӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.155 - 328.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.254.
- ↑ Муҳаддиси Қумӣ, ал-Куна ва-л-алқоб, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.358.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ, Имом», саҳ.187.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ, Имом», саҳ.187.
- ↑ Амин, Сираи маъсумон, 1376ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.66; Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ, Имом», саҳ.183.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», саҳ.199.
- ↑ Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.275 - 277.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», саҳ.199.
- ↑ Тӯсӣ, Риҷол-ут-Тӯсӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.315.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.18 ва ҷ.15, саҳ.274.
- ↑ Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., саҳ.168; Садуқ, ал-Амолӣ, 1417ҳ.қ., саҳ.169; Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., саҳ.234.
- ↑ Молик ибни Анас, Муваттаъ, 1425ҳ.қ., саҳ.10.
- ↑ Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.586.
- ↑ Шукъа, ал-Аиммат-ул-арбаъа, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.8.
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., саҳ.238
- ↑ ал-Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.20-21
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.245
- ↑ Муслими Нишопурӣ, Саҳеҳ Муслим, ҷ.8, саҳ.170
- ↑ Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.245; Муслими Нишопурӣ, Саҳеҳ Муслим, ҷ.8, саҳ.170.
- ↑ Муфаззал ибни Умар, Тавҳиди Муфаззал, 1379ҳ.ш., саҳ.41 (муқаддимаи оятуллоҳ Шуштарӣ).
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.224 - 226.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.67.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.59 - 61.
- ↑ Барои намуна ниг.: Имом Хумайнӣ, ал-Ҳукумат-ул-исломия, 1429ҳ.қ./2008м, саҳ.115 – 121; Мисбоҳи Яздӣ, Нигоҳе гузаро ба назарияи вилояти фақеҳ, 1391ҳ.ш., саҳ.100.
- ↑ Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.359
- ↑ Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.305
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.8
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.8.ю саҳ.503
- ↑ Заҳабӣ, Тазкират-ул-ҳуффоз, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.126.
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.248.
- ↑ Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, ҷ.1, саҳ.194.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.18.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», саҳ.206.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», саҳ.206.
- ↑ Садуқ, ал-Эътиқодот, 1413ҳ.қ., саҳ.98.
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.280; Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.246; Сайид Ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.214.
- ↑ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.132
- ↑ Муфид, Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомия, 1413ҳ.қ., саҳ.131 ва 132.
- ↑ Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.33, саҳ.185-191
- ↑ Шайхи Муфид, Иршод, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.180.
- ↑ Барои намуна ниг.: Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.282 ва 283.
- ↑ Пешвоӣ, Сираи пешвоён, 1383ҳ.ш., саҳ.414.
- ↑ Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.282 ва 283.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», саҳ.188.
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1353ҳ.ш., саҳ.66 - 79.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ, Имом», саҳ.218.
- ↑ Ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.2.
- ↑ Теҳронӣ, аз-Зариъа,1408ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.15
- ↑ Амин, Аъён-уш-шиа, Дор-ут-таоруф, ҷ.1, саҳ.663
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ, Имом», саҳ.218 ва 219.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ, Имом», саҳ.218 ва 219.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ, Имом», саҳ.219.
- ↑ Покатчӣ, “Ҷаъфари Содиқ, Имом», саҳ.219.
- ↑ Асад, Имом Содиқ (а) ва мазоҳиби аҳли суннат, тарҷумаи Муҳаммадҳусайни Саранҷом ва дигарон, 1390ҳ.ш.
- ↑ Музаффар, Сафаҳоте аз зиндагонии Имом Ҷаъфари Содиқ, тарҷумаи Сайидъалавӣ, 1372ҳ.ш.
- ↑ «Гузорише аз мавсуъат ал-Имом-ус-Содиқ алайҳиссалом», пойгоҳи итилоърасонии ҳавза, санаи боздид: 8 шаҳривари 1396.
- ↑ Ниг.: Муаммои ҳамоиши исломшиносии Стресбург, Маҳдии Шокирӣ ва Бобаки Фармоя, сайти имом Мусо Садрнюз.
Ёддошт
Сарчашма
- Ашъарӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, тасҳеҳи Муҳаммадҷаводи Машкур, интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон, 1360ҳ.ш.
- «Алқоб-ур-Расул ва Итратиҳ», Зимн ал-Маҷмуъат-ун-нафиса, Қум, 1406ҳ.қ.
- Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, Қум, Мактабату оятуллоҳ ал-Маръашии ан-Наҷафӣ, 1385ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа ала аҳл-ир-рафзи ва-з-залоли ва-з-зиндиқа, таҳқиқи Абдурраҳмон ибни Абдуллоҳ Туркӣ, Бейрут, муассисаи ар-Рисолат, 1417ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб, Қум, Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.ш.
- Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маъориф, таҳқиқи Сарват Аккоша, Қоҳира, ал-ҳайъат-ул-мисрият-ул-омма ли-л-китоб, аттабъат-ус-сония, 1992м.
- Ирбили, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Қум, аш-Шарифи ар-Разӣ, 1379ҳ.ш.
- Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, шарҳ ва таҳқиқи Аҳмади Сақр, Бейрут, муассиса-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1987м/1408ҳ.қ.
- Амин, Сайидмуҳсин, Сираи маъсумон, тарҷумаи Ҳусайни Виҷдонӣ ва Алӣ Ҳуҷҷатии Кирмонӣ, Теҳрон, интишороти Суруш, 1376ҳ.ш.
- Беозори Шерозӣ, Абдукарим, Ҳамбастагии мазоҳиби исломӣ (мақолоти Доруттақриб), Теҳрон, созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, 1377ҳ.ш.
- Покатчӣ, Аҳмад, “Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», Теҳрон, Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.18, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1389ҳ.ш.
- «Пиёдаравии мароҷеи изоми тақлид дар азои Содиқи оли Муҳаммад (а)», сайти хабаргузории Меҳр, санаи дарҷ: 9 шаҳривари 1392ҳ.ш., санаи боздид: 10 обони 1396ҳ.ш.
- Пешвоӣ, Маҳдӣ, Сираи пешвоён; нигарише бар зиндагонии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии имомони маъсум (а), Қум, муассисаи Имом Содиқ, чопи шонздаҳум, 1383ҳ.ш.
- Ҷоҳиз, Амр ибни Баҳр, Расоил-ул-Ҷоҳиз, Бейрут, Дору мактабат-ил-ҳилол, 2002м.
- Ҷабборӣ, Муҳаммадризо, Созмони ваколат ва нақши он дар асри аимма алайҳимуссалом, Қум, муассисаи омӯзиш ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, 1382ҳ.ш.
- Ҷабборӣ, Муҳаммадризо ва Малбубӣ, Муҳаммадкозим, «Баррасии татбиқии созмони даъвати аббосиён ва созмони ваколати имомия (мароҳили шаклгирӣ ва авомили пайдоиш)», фаслномаи таърих дар оинаи пажӯҳиш, соли ҳафтум, шумораи сеюм, поизи 1389ҳ.ш.
- Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, Теҳрон, илм, чопи сеюм, 1393ҳ.ш.
- Ҳайдар, Асад, Имом Содиқ ва мазоҳиби аҳли суннат, тарҷумаи Муҳаммадҳусайни Саранҷом ва дигарон, Қум, интишороти донишгоҳи адёну мазоҳиби Қум, 1390ҳ.ш.
- Хазози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исноъашар, таҳқиқи Абдуллатиф Ҳусайнии Куҳкамарӣ, Қум, нашри Бедор, 1401ҳ.қ.
- Розӣ, Муҳаммадшарӣф, «Расмӣ шудани шаҳодати Имом Содиқ (а) аз осори ҷовидонаи оятуллоҳ Кошониаст», пойгоҳи итилоърасонии маркази баррасиҳои исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 17 тири 1397ҳ.ш., санаи боздид: 9 хурдоди 1400ҳ.ш.
- Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Тазкират-ул-ҳуффоз, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, мактабат-ул-эълом-ил-исломӣ, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо ибни Муҳаммади Амин, Фароид-ул-усул, Қум, маҷмаи ал-Фикр-ул-исломӣ, 1419ҳ.қ.
- Шакиъа, Мустафо, ал-Аиммат-ул-арбаъа, Қоҳира, Дорулкитоб, чопи чаҳорум, 1418ҳ.қ.
- Шаҳидӣ, Сайидҷаъфар, Зиндагонии Имом Содиқ Ҷаъфар ибни Муҳаммад (а), Теҳрон, дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1384ҳ.ш.
- Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, таҳқиқи Амиралӣ Маҳно ва Алӣ Ҳасан Фоъур, Бейрут, Дорулмаърифат, 1415ҳ.қ.
- «Шайх Маҳмуд Шалтут», сайти маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ.
- Собирӣ, Ҳусайн, Таърихи фирақи исломӣ, Теҳрон, самт, 1388ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Эътиқодот, Қум, алмуътамарул-оламӣ лиалфият-иш-Шайх-ил-Муфид, 1379ҳ.ш./1413ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Қум, муассисаи ал-Беъсат, 1417ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, ал-Хисол, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, ҷомеъаи мударрисин, чопи аввал, 1362ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Илал-уш-шароеъ, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1385ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), таҳқиқи Маҳдии Лоҷавардизода, Теҳрон, интишороти Ҷаҳон, бе то.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, 1359ҳ.ш.
- Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтҷоҷ ала аҳл-ил-лаҷоҷ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммадбоқири Хирсон, Машҳад, нашри Муртазо, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни-л-Ҳасан, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, таҳқиқи муассисаи Олулбайт лиэҳёиттурос, Қум, 1417ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Равоиҳ-ут-турос-ил-арабӣ, бе то.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни-л-Ҳасан, ал-Амолӣ, таҳқиқи муассисаи Беъсат, Қум, Доруссақофа, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни-л-Ҳасан, Риҷол-ут-Тӯсӣ, тасҳеҳи Ҷаводи Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, дафтари нашри исломӣ, чопи сеюм, 1373ҳ.ш.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни-л-Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳасан ал-Мусавии Хирсон, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Иршод-ут-толибин ило наҳҷ-ил-мустаршидин, таҳқиқи Маҳдии Раҷоӣ, Қум, китобхонаи умумии ҳазрати оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1405ҳ.қ.
- Фатоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воъизин ва басират-ул-муттаъизин, Қум, интишороти Разӣ, чопи аввал, 1375ҳ.ш.
- Қумӣ, Аббос, ал-Куия ва ал-алқоб, Теҳрон, мактабат-ус-Садр, чопи панҷум, 1409ҳ.қ.
- Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, Ихтиёри маърифат-ир-риҷол, тасҳеҳи Шайхи Тӯсӣ ва Ҳасани Мустафавӣ, Машҳад, муассисаи нашри донишгоҳи Машҳад, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- «Гузорише аз мавсуъат-ул-Имом-ис-Содиқ алайҳиссалом», пойгоҳи итилоърасонии ҳавза, санаи боздид: 8 шаҳривари 1396.
- Молик ибни Анас, Муваттаъ-ул-имом Молик, таҳқиқи Муҳаммади Мустафо Аъзамӣ, Абузабӣ, муассиса Зоид бен Султон Олиниҳён, 1425ҳ.қ.
- Муаммои ҳамоиши исломшиносии Страсбург, Маҳдии Шокирӣ ва Бобаки Фармоя, сайти имом Мусо Садрнюз.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Доруэҳёиттуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, Қум, Дорулҳиҷрат, аттабъатуссония, 1415ҳ.қ.
- Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Нигоҳе гузаро ба назарияи вилояти фақеҳ, Қум, интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, чопи бисту шашум, 1391ҳ.ш.
- Музаффар, Муҳаммадҳусайн, ал-Имом-ус-Содиқ, Қум, муассисаи ан-Нашрулисломӣ, бе то.
- Музаффар, Муҳаммадҳусайн, Сафаҳоте аз зиндагонии Имом Ҷаъфари Содиқ, тарҷумаи Сайидиброҳими Сайидъалавӣ, Қум, Рисолат, чопи дувум, 1372ҳ.ш.
- Муфаззал ибни Умар, Тавҳиди Муфаззал, тарҷумаи Аллома Маҷлисӣ, Теҳрон, вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1379ҳ.ш.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Маҳмуди Муҳаррамии Зарандӣ, Қум, алмуътамар-ул-оламӣ лиалфият-иш-Шайх-ил-Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, Қум, алмуътамар-ул-оламӣ лиалфият-иш-Шайх-ил-Муфид, 1372ҳ.ш.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Тасҳеҳ-ул-эътиқод, тасҳеҳи Ҳусайни Даргоҳӣ, Қум, ал-Муътамар-ул-оламӣ лиалфият-иш-Шайх-ил-Муфид, 1413ҳ.қ.
- Мӯсавии Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, ал-Ҳукумат-ул-исломия, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи нуҳум, 1429ҳ.қ./2008м.
- Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1416ҳ.қ.
- Наҷафӣ, “Имом Содиқ (а) раиси мазҳаби Ҷаъфарӣ», сайти созмони таблиғоти исломӣ, санаи дарҷ: 9 шаҳривари 1392, санаи боздид: 10 обони 1396.
- Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мусо, Фирақ-уш-шиъа, тарҷумаи Муҳаммадҷаводи Машкур, бунёди фарҳанги Эрон, Теҳрон, 1353ҳ.ш.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found