Банӣ Исроил

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Бани Исроил)
Қолини дастии марбут ба воқеаҳои Банӣ Исроил дар биёбони Сино

Банӣ Исроил ба дувоздаҳ фарзанд ё қавме гуфта мешавад, ки ба номи падар ва ҷаддашон - Исроил (Яъқуб) номгузорӣ шудаанд.

Дар Қуръон 41 бор аз ин вожа ёд шудааст ва аз неъматҳо, фармонҳои Худованд ба Банӣ Исроил ва сарзанишҳои фаровонашон аз сӯи Худо сухан омадааст.

Исроил ва писаронаш аз қаҳтию гуруснагие, ки Канъонро фаро гирифта буд, аз Канъон баромада, ба Миср рафтанд ва наслашон то замони Мусо (а) дар Миср монд. Дар ин замон аз зулми Фиръавн Мисрро тарк карданд. Онҳо баъд аз онки Мусо (а) ба Тури Сино рафту муддате ғоиб буд, ба гӯсолапарастӣ рӯй оварданд.

Баъд аз вафоти Мусо (а) ва Юшаъ, асри қозиёни Банӣ Исроил шурӯъ шуд. Онҳо подшоҳ набуданд ва фақат ба ҳалли ихтилофот мепардохтанд. Солҳо баъд, асри подшоҳони Банӣ Исроил бо Толут, сипас Довуд ва Сулаймон (а) оғоз шуд.

Баъд аз Сулаймон (а) фарзандаш ба подшоҳӣ расид, аммо даҳ тоифа аз байни дувоздаҳ тоифаи Банӣ Исроил аз ӯ пайравӣ накарданд ва фақат ду тоифаи Бинёмину Яҳудо аз ӯ итоат карданд. Инҳо дар сарзамине ба номи Яҳудо дар Уршалим сокин шуданд. Номи яҳудӣ аз ҳамин тоифа реша гирифтааст.

Дар даврони Сулаймон (а), маъбаде ба номи Ҳайкали Сулаймон барои ибодат сохта шуда буд, ки ба сабаби ихтилоф байни қавмҳои Банӣ Исроил ва ишғоли Уршалим, чанд бор вайрон шуд.

Вожашиносӣ

«Банӣ Исроил», дар луғат ба маънои фарзандони Яъқуб (а) аст, аммо дар корбурди роиҷаш ба қавми яҳуд гуфта мешавад,[1] ки ба унвони лақаби Яъқуб, яъне Исроил, Банӣ Исроил номгузорӣ шудаанд.[2] Дар забони ибрӣ Исроил ба маънои баргузидаи Худо ва ё бандаи Худо аст.[3]

Таърихча

Яъқуб (Исроил) ва писаронаш ба сабаби қаҳтие, ки дар Канъон омада буд, ба Миср рафтанд.[4] Насли онҳо то замони Мусо (а) дар Миср монд. Дар ин замон, ба раҳбарии Мусо (а) аз фишори ҳукумати Фиръавн фирор карданд ва дубора ба Канъон баргаштанд. Онҳо ҳудуди чиҳил сол дар саҳрои Сино саргардон буданд[5] то инки пас аз вафоти Мусо, Юшаъ ҷонишини ӯ шуд ва ба тадриҷ Канъонро фатҳ кард.[6]

Ин қавм дар нигоҳи араби пеш аз Ислом ба хотири бархӯрдорӣ аз китоби осмонӣ, маносики динии хос ва пешинаи таърихӣ, ақаллияти фарҳхтатар дониста мешуданд. Бо вуҷуди фарҳанги қуръонии садри Ислом, Банӣ Исроил ба манзалаи гуруҳе бо ҳувияти рақиб қарор гирифтанд.[7]

Доварони Банӣ Исроил

Пас аз Юшаъ (а), шахсиятҳои мутааддиде Банӣ Исроилро раҳбарӣ карданд, ки доварони Банӣ Исроил номида мешаванд. Онон подшоҳ набуданд ва фақат ба ҳали ихтилофоти дохилии Банӣ Исроил мепардохтанд. Охирин довари Банӣ Исроил Самуел буд. Баъд аз ӯ, асри подшоҳони Банӣ Исроил бо Толут ва сипас Довуду Сулаймон (а) оғоз шуд.[8]

Наққошии Густав, давраи наққоши маъруфи фаронсавӣ аз Куруш, фатҳи Бобул ва озодии Банӣ Исроил.

Ба гуфтаи Аҳди Атиқ, пас аз марги Сулаймон (а), фарзандаш ҳукуматро ба даст гирифт, аммо ба иллати ситамкории ӯ даҳ тоифа аз тоифаҳои дувоздаҳгонаи Банӣ Исроил аз фармони ӯ сар боз заданд ва танҳо наберагони Яҳудо ва Бинёмин дар сарзамини майдае ба номи Яҳудо, ки шомили шаҳри Уршалим (Қудс) мешуд, барои ӯ боқӣ монд. Номи яҳудӣ аз инҷо реша гирифтааст. Даҳ тоифаи дигар ҳукумати мустақиле ба номи Исроил ба раҳбарии яке аз сардорони Сулаймон (а) ташкил доданд.[9]

Ҳайкали Сулаймон

Ҳайкали Сулаймон ном маъбаде аст, ки Сулаймон (а) дар ҳафту ним сол онро сохт. Ин маъбад дар Уршалим бар кӯҳи Муриё сохта шуда буд.[10] Баъд аз ҷудоии Банӣ Исроил аз якдигар, Бухтуннаср - подшоҳи Бобул ин маъбадро тахриб кард ва ин қавм ба асорат ба Бобул бурда шуданд.[11] Муддате баъд, Эрон қудрат ёфт ва Куруш Бобулро фатҳ кард ва ба Банӣ Исроил иҷоза дод ба сарзамини худ баргарданд. Онҳо дубора маъбадро бозсозӣ карданд, вале баъд аз муддате байнашон ихтилоф эҷод шуд ва румиҳо, ки аз ҳузурашон эҳсоси хатар мекарданд, дар соли 70 мелодӣ Уршалимро ишғол ва маъбади Сулаймон (а)-ро барои бори дувум тахриб карданд. Пас аз он, Банӣ Исроил ба куллӣ дар манотиқи мухталиф пароканда шуданд.[12]

Банӣ Исроил дар Қуръон

Дар Қуръон, вожаи «Банӣ Исроил» 41 бор истифода шудааст.[13] Ончӣ дар Қуръон бештар мухотаби ин ном қарор гирифтааст, пайравони Мусо (а) ва ба иборати дигар, насли Яъқуб баъд аз Мусо аст.[14] Бархе аз мавзӯъҳои матраҳшуда дар Қуръон дар хусуси Банӣ Исроил иборатанд аз: нақибони Банӣ Исроил, неъматҳои Худованд барои Банӣ Исроил, дастурҳои Худо ба онон ва мазаммати онон:

Дувоздаҳ нақиб

Дар Қуръон, дувоздаҳ «нақиб» ба Банӣ Исроил нисбат дода шудааст, ки муфассирони мусулмон барои он, маъноҳои гуногуне зикр кардаанд:[15] аз ҷумла:

  • Раисони Банӣ Исроил[16]
  • Шоҳидоне, ки дар баробари онҳо Худо ё Мусо (а) бо Банӣ Исроил байъат карданд.[17] Шайх Тусӣ чаҳор қавл дар бораи нақиб нақл кардааст, ки иборатанд аз: зомин, амин, шоҳид ва раиси коргузорон.[18]
  • Зоминоне, ки Худо ё Мусо (а) аз онҳо аҳд гирифт[19]
  • Фарзандони Яъқуб (Исроил).[20]

Неъматҳои Худованд ба Банӣ Исроил

Банӣ Исроил аз ақвоме ҳастанд, ки Қуръон дар мавориди гуногун ба неъматҳое, ки аз он бархӯрдор шудаанд, ишора намудааст.[21] Ин неъматҳо иборатанд аз:

  • Эътои ҳукм (ташхиси хайру шар), набуввату китоб.[22]
  • Баҳрамандӣ аз ризқи покиза.[23]
  • Соя андохтани абр барои ҳифзи Банӣ Исроил аз гармои биёбон.[24]
  • Бартарӣ бар оламиён.[25]
  • Наҷот аз душманон.[26]
  • Эҷоди беҳтарин макон барои зиндагӣ.[27]
  • Нишон додани мӯъҷизоти Илоҳӣ.[28]
  • Нузули ману салво.[29] (Салво: парандаи пургӯшт монанди кабутар)[30] Тафсири Намуна эҳтимол додааст, ки «ман» навъе асали табиъӣ будааст, ки дар даруни кӯҳҳои муҷовир вуҷуд дошта ва ё шираҳои махсуси гиёҳе будааст, ки дар дарахтоне ки дар гӯшаю канори биёбони ҷои иқомати Банӣ Исроил мерӯида ва зоҳир мешудааст, ва «салво» ҳам навъе парандаи ҳалолгӯште монанд ба кабутар будааст.[31]

Дастурҳои Худо ба Банӣ Исроил

Худованд дар Қуръон дар баробари неъматҳое, ки ба Банӣ Исроил додааст, фармонҳое ҳам ба онон додааст; аз ҷумла:

  • Вафои ба аҳд.[32]
  • Тарс аз Худо.[33]
  • Имон ба ваҳй.[34]
  • Омехта накардани ҳаққу ботил ва катмон (пинҳон) накардани ҳақ.[35]
  • Иқомаи намоз ва адои закот.[36]
  • Ибодати Худо, эҳсон ба волидайн ва дастгирӣ аз ятимону бенавоён.[37]
  • Гуфтори некӯ.[38]
  • Парҳез аз зиёдаравӣ.[39]

Мазаммати Банӣ Исроил

Банӣ Исроил дар оёти сершуморе мазаммат шудаанд ва дар ин оёт ба азобҳое монанди лаън, кӯрдилӣ ва расвоӣ дар дунёву охират ишора шуда ва далели ин азоб, гуноҳони ин қавм дониста шудааст;[40] аз ҷумла:

  • Гумроҳӣ бо вуҷуди оёт ва нишонаҳои фаровон.[41]
  • Нофармонии паёмбарон.[42]
  • Инкори набуввати Паёмбари Ислом (с).[43]
  • Амал накардан ба китоби осмонӣ.[44]
  • Исроф.[45]
  • Ширк.[46]
  • Зараррасонӣ ва озори паёмбарон ва инкори онон.[47]
  • Тафриқаю ихтилоф бо вуҷуди неъматҳои Илоҳӣ.[48]
  • Фасод дар замин.[49]
  • Амри дигарон ба маъруф, ва тарки он.[50]
  • Гӯсолапарастӣ.[51]
  • Дархости руяти Худо.[52]
  • Баҳонагирӣ.[53] [Ёддошт 1]
  • Пулдӯстӣ ва фахрфурӯшӣ.[54]
  • Хунрезӣ.[55]
  • Кибру такаббурварзӣ дар баробари паёмбарони Илоҳӣ.[56]

Банӣ Исроил дар Китоби Муқаддас

Агарчӣ вожаи «Банӣ Исроил» ба сурати мураккаб нахустин бор дар Қуръон ба кор рафтааст,[57] дар бахшҳои мухталифи Китоби Муқаддас аз фарзандон ва наберагони Яъқуб (а) сухан ба миён омадааст.[58] Дар Китоби Муқаддас, бо мафоҳиме чун насли Исроил (Яъқуб), гуруҳе аз муъминон, ки фарзандони рӯҳонии Худо ҳастанд ва мулки Исроил аз Банӣ Исроил ёд шудааст. Албатта мафҳуми нахуст ривоҷи бештаре доштааст.[59]

Дар Аҳди Атиқ, моҷарои Банӣ Исроил ва падарашон - Исроил, аз қаҳтии Канъон, ҳиҷрати Яъқуб (а) ба Миср ва дидори ӯ бо Юсуф оғоз мешавад.[60] Дар идома ҳам аз мушкилоти пешравии онон ва ҳузури паёмбарони мутааддид дар мобайнашон сухан меравад.[61]

Паёмбарони Банӣ Исроил

Ба нақл аз бархе аҳодиси шиа, Банӣ Исроил шашсад паёмбар доштаанд, ки аввалинашон Мусо (а) ва охиринашон Исо (а) будааст.[62] Аз ин миён, Мусо (а) ва Исо (а)-ро улулъазм мегӯянд; яъне паёмбароне, ки шариъати наве доштанд, ки Худо ба онҳо ваҳй карда буд.[63] Бархеи дигар аз паёмбарони Банӣ Исроил иборатанд аз: Яъқуб, Юсуф, Юшаъ, Ҳорун, Довуд, Сулаймон, Илёс, Алясаъ, Юнус, Узайр ва Закариё.[64]

Иди Писаҳ

Ба гузориши Аҳди Атиқ, баъд аз қатлу фишори ҳокимони Миср ба Банӣ Исроил, Мусо (а) ба дастури Худованд раҳбарони қавмро ҷамъ карда, аз онҳо хост барои наҷоти худ ба Канъон баргарданд то аз неъматҳои он баҳраманд шаванд. Мусо ва бародараш - Ҳорун ба Миср рафта, бо муъҷиза мушкилоте барои Фиръавн ба вуҷуд оварданд, ки ӯ маҷбур шуд Банӣ Исроилро озод кунад. Яҳудиён ин рӯзи раҳоиро ба унвони иди Писаҳ ҷашн мегиранд.[65][Ёддошт 2]

Гӯсолапарастӣ

Мақолаи аслӣ: Гӯсолаи Сомирӣ

Моҷарои гӯсолапарастии Банӣ Исроил ҳам, дар Қуръон ва ҳам, дар Китоби Муқаддас ривоят шудааст. Бино бар гузориши Аҳди Атиқ, Мусо (а) дар баргашт аз Тури Сино таъхир кард. Банӣ Исроил назди Ҳорун (а) рафта, аз ӯ хостанд, ки барояшон худое бисозад. Саранҷом Сомирӣ барояшон гӯсолае аз тилло сохт, онҳо онро ибодат карданд. Мусо (а) бо дидани гӯсолапарастии Банӣ Исроил нороҳат шуд ва лавҳи сангиро шикасту дубора барои дарёфти он чиҳил рӯз ибодат кард, то онки ин лавҳ бори дигар ба ӯ дода шуд.[66] Қуръон ин достонро тақрибан ба ҳамин шакл ривоят мекунад, ҷуз инки Ҳорун (а)-ро аз сохтани бут мубарро медонад ва созандаи гӯсоларо фарде ба номи Сомирӣ муаррифӣ мекунад.[67]

Ҷусторҳои вобаста

Қавми Самуд

Қавми Од

Гови Банӣ Исроил

Эзоҳ

  1. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Фарҳанги Қуръон, 1385ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.294.
  2. Меҳрваш, “Банӣ Исроил”, 1383ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.629.
  3. Деҳхудо, Луғатнома, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.2246.
  4. Пажӯҳишкадаи таҳқиқоти исломӣ, Фарҳанги шиа, 1386ҳ.ш., саҳ.262.
  5. Тавфиқӣ, Адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.83.
  6. Тавфиқӣ, Адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.83.
  7. Меҳрваш, “Банӣ Исроил”, 1383ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.629.
  8. Тавфиқӣ, Адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.91 ва 93.
  9. Тавфиқӣ, Адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.95.
  10. Ҳасанзода Омулӣ, Дуруси маърифати нафс, 1381ҳ.ш., саҳ.615.
  11. Файзи Кошонӣ, ас-Асфо фи тафсир-ил-Қуръон, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.409.
  12. Тавфиқӣ, Адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.83.
  13. Руҳӣ, “Симои Банӣ Исроил дар Қуръон ва Аҳдайн”, 1384ҳ.ш., саҳ.55.
  14. Руҳӣ, “Симои Банӣ Исроил дар Қуръон ва Аҳдайн”, 1384ҳ.ш., саҳ.58.
  15. Руҳӣ, “Симои Банӣ Исроил дар Қуръон ва Аҳдайн”, 1384ҳ.ш., саҳ.58.
  16. Тусӣ, ат-Тибён, бе то, ҷ.3, саҳ.465.
  17. Тусӣ, ат-Тибён, бе то, ҷ.3, саҳ.465.
  18. Тусӣ, ат-Тибён, 1376ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.465.
  19. Қумии Машҳадӣ, тафсири Канз-уд-дақоиқ, 1368ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.60.
  20. Ал-Арусӣ ал-Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.87.
  21. Руҳӣ, “Симои Банӣ Исроил дар Қуръон ва Аҳдайн”, 1384ҳ.ш., саҳ.58.
  22. Сураи Ҷосия, ояти 16.
  23. Сураи Ҷосия, ояти 16.
  24. Сураи Бақара, ояти 57.
  25. Сураи Бақара, ояти 122.
  26. Сураи Тоҳо, ояти 80.
  27. Сураи Исро, ояти 104.
  28. Сураи Юнус, ояти 90.
  29. Сураи Тоҳо, ояти 80.
  30. Дафтари таблиғоти исломӣ, Фарҳангномаи улуми Қуръон, ҷ.1, саҳ.819.
  31. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1396ҳ.қ., ҷ.6, ссаҳ.486 - 487.
  32. Сураи Бақара, ояти 45.
  33. Сураи Бақара, ояти 40.
  34. Сураи Бақара, ояти 41.
  35. Сураи Бақара, ояти 42.
  36. Сураи Бақара, ояти 43.
  37. Сураи Бақара, ояти 83.
  38. Сураи Бақара, ояти 83.
  39. Сураи Тоҳо, ояти 81.
  40. Руҳӣ, “Симои Банӣ Исроил дар Қуръон ва Аҳдайн”, 1384ҳ.ш., саҳ.60.
  41. Сураи Бақара, ояти 211.
  42. Сураи Бақара, ояти 246.
  43. Сураи Шуъаро, ояти 197.
  44. Сураи Бақара, ояти 85.
  45. Сураи Моида, ояти 32.
  46. Сураи Моида, ояти 72.
  47. Сураи Моида, ояти 110.
  48. Сураи Юнус, ояти 93.
  49. Сураи Исро, ояти 4.
  50. Сураи Бақара, ояти 44.
  51. Сураи Бақара, ояти 51.
  52. Сураи Бақара, ояти 55.
  53. Сураи Бақара, ояти 61.
  54. Сураи Бақара, ояти 247.
  55. Сураи Бақара, ояти 84 ва 85.
  56. Сураи Бақара, ояти 83 ва 87.
  57. Руҳӣ, “Симои Банӣ Исроил дар Қуръон ва Аҳдайн”, 1384ҳ.ш., саҳ.56.
  58. Барои намуна ниг.: Китоби Муқаддас, сифри хуруҷ, 1: 3 - 18; сифри пайдоиш 46 - 50, сифри аъдод, 11; сифри ловиён, 21.
  59. Руҳӣ, “Симои Банӣ Исроил дар Қуръон ва Аҳдайн”, 1384ҳ.ш., саҳ.56.
  60. Китоби Муқаддас, сифри пайдоиш, 46 - 47.
  61. Руҳӣ, “Симои Банӣ Исроил дар Қуръон ва Аҳдайн”, саҳ.56.
  62. Садуқ, Хисол, бе то, ҷ.2, саҳ.624.
  63. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.168.
  64. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.168.
  65. Руҳӣ, “Симои Банӣ Исроил дар Қуръон ва Аҳдайн”, 1384ҳ.ш., саҳ.56.
  66. Тавфиқӣ, Адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.89.
  67. Тавфиқӣ, Адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.89.

Ёддошт


Сарчашма

  • Ал-Арусӣ ал-Ҳувайзӣ, Абдуалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, Қум, Исмоилиён, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.
  • Қумии Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммадризо, тафсири Канз-уд-дақоиқ ва баҳр-ул-ғароиб, Теҳрон, нашри Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1368ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, 1396ҳ.қ.
  • Меҳрваш, Фарҳанг, “Банӣ Исроил”, дар доиратулмаорифи бузурги исломӣ, нашри маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, 1383ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осори устод шаҳид Мутаҳҳарӣ, Теҳрон, интишороти Садро, 1377ҳ.ш.
  • Пажӯҳишкадаи таҳқиқоти исломӣ, Фарҳанги шиа, Қум, нашри Замзами ҳидоят, чопи дувум, 1386ҳ.ш.
  • Руҳӣ, Абулфазл, “Симои Банӣ Исроил дар Қуръон ва Аҳдайн”, дар маҷаллаи Маърифат, № 95, обони 1384ҳ.ш.
  • Тавфиқӣ, Ҳусайн, Адёни бузург, Теҳрон, нашри Вазорати фарҳанг ва иршод, чопи сездаҳум, 1389ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Файзи Кошонӣ, Мулломуҳсин, ал-Асфо фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, маркази интишороти Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Ҳасанзода Омулӣ, Ҳасан, Дуруси маърифати нафс, Қум, интишороти Алиф-лом-мим, чопи аввал, 1381ҳ.ш.
  • Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Фарҳанги Қуръон, Қум, Бустони китоб, 1385ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found