Аломатҳои зуҳур
Аломатҳои зуҳур (форсӣ: علامتهای ظهور) ё нишонаҳои зуҳур, ҳодисаҳое ҳастанд, ки дар остонаи зуҳур ё қиёми Имоми Замон (аҷ) рух медиҳанд. Аломатҳои зуҳур ба ҳатмӣ ва ғайриҳатмӣ тақсим мешаванд. Аломатҳои ҳатмӣ, аломатҳое аст, ки пеш аз зуҳур қатъан иттифоқ меафтад; монанди сайҳаи осмонӣ, хуруҷи Суфёнӣ, қиёми Ямонӣ, қатли Нафси Закия ва Хасфи байдоъ. Нишонаҳои ғайриҳатмӣ аломатҳое аст, ки бе вуҷуди онҳо ҳам имкони зуҳури Имоми Замон вуҷуд дорад. Дар бархе аз манобеи ривоӣ, нишонаҳои зуҳури Маҳдӣ (аҷ) бо аломатҳои барпоии қиёмат омехта шудааст.
Бархе аз андешмандон нишонаҳои зуҳур, монанди Суфёнӣ ва Даҷҷолро рамзӣ ва намодин донистаанд. Ба унвони мисол Даҷҷолро намоди инҳироф аз Ислом ва Суфёниро намоди инҳироф дар ҷомеъаи исломӣ медонанд; агарчӣ ин назарро хилофи зоҳири ҳадисҳо ва лағви коркарди аломатҳои зуҳур донистаанд.
Манбаи нишонаҳои зуҳур ҳадисҳое аст, ки дар ҷавомеъи ривоии фариқайн нақл шудааст. Дар китоби Муқаддас барои зуҳури мунҷӣ аломатҳое зикр шудааст, ки бархе аз онҳо бо нишонаҳои зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) дар манобеи ривоии мусулмонон муштарак аст.
Мафҳумшиносӣ
Аломатҳои зуҳур ба ҳодисаҳое мегӯянд, ки вуқуъи онҳо наздик шудани зуҳури Имом Маҳдӣ (а)-ро нишон медиҳад. Гуфтаанд ба василаи ин ҳодисаҳо аст, ки Имом Маҳдӣ (аҷ) аз муддаиёни Маҳдавият шинохта мешавад.[1]
Замон ва наҳваи таҳаққуқ
Бар асоси ривоёт вуқуъи теъдоде аз нишонаҳо пеш аз зуҳур ва муттасил ба он хоҳад буд ва теъдоде дар тули даврони ғайбати кубро иттифоқ меафтад.[2] Ҳамчунин бар пояи ривояте, ки дар Камол-уд-дини Садуқ нақл шудааст сайҳаи осмонӣ, хуруҷи Суфёнӣ, қиёми Ямонӣ, қатли Нафси Закия ва Хасфи Байдоъ қабл аз қиёми Имом Маҳдӣ (а) ба вуқуъ мепайванданд.[3] Шайхи Муфид аз онҳо ба аломатҳои қиёми Қоим ёд кардааст.[4] Аз ин рӯ, ин аломатҳо нишонаҳои қиёми Имом Маҳдӣ (а) низ номида шудаанд.[5]
Бархе аз нишонаҳои зуҳур монанди соири падидаҳо ба риволи табиъӣ таҳаққуқ меёбад ва таҳаққуқи бархеи дигар, монанди сайҳаи осмонӣ, ба таври оддӣ мумкин нест ва дар қолаби муъҷиза хоҳад буд.[6]
Нишонаҳои ҳатмӣ ва ғайриҳатмӣ
Нишонаҳои зуҳур ба ҳатмӣ ва ғайриҳатмӣ тақсим мешаванд.[7] Нишонаҳои ҳатмӣ аломатҳое аст, ки падидор шудани онҳо қатъист ва то онҳо воқеъ нашавад, ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) зуҳур нахоҳад кард. Нишонаҳои ғайриҳатмӣ алоиме аст, ки ба қатъӣ будани онҳо тасреҳ нашуда ва имкон дорад бе таҳаққуқи онҳо ҳам Имоми Замон зуҳур кунад.[8]
Бар пояи ривояте, ки Шайх Садуқ нақл кардааст, хуруҷи Суфёнӣ, қиёми Ямонӣ, сайҳаи осмонӣ, қатли Нафси Закия ва Хасфи Байдоъ аз аломатҳои ҳатмии зуҳуранд.[10] Шайхи Муфид дар китоби ал-Иршод феҳристе аз аломатҳои зуҳур ироа кардааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз: хусуфу кусуф, маргу мирҳо, ҷанг ва ошӯбҳои фарогир, парчамҳои сиёҳ аз машриқ ва боронҳои паёпай.[11] Бархе бо истинод ба иборати «Валлоҳи аълам/ والله اعلم», ки Шайхи Муфид дар поёни феҳристи мазкур овардааст,[12] гуфтаанд, Шайхи Муфид нисбат ба бархе аз ин аломатҳо тардид кардааст.[13]
- Он гуна ки дар бархе манобеъ зикр шудааст баъзе аз нишонаҳои ғайриҳатмӣ иборатанд аз:
- Ихтилофи Банӣ Аббос дар раёсати дунё ва заволи ҳукумати эшон;
- Кушта шудани охирин подшоҳи Банӣ Аббос ба номи Абдуллоҳ;
- Хуршедгирифтагӣ дар нимаи моҳи Рамазон, бар хилофи одат;
- Моҳгирифтагӣ дар оғоз ё охири моҳи Рамазон, бар хилофи одат;
- Хуруҷи марде аз Қазвин, ки ҳамноми яке аз пайғамбарон аст ва ситами бисёре ба мардум мекунад;
- Фурӯ рафтани бахши ғарбии масҷиди Димишқ;
- Фурӯ рафтани яке аз рӯстоҳои Шом ба номи Харешно дар замин;
- Вайронии Басра;
- Куштани фарде, ки алайҳи Суфёнӣ қиём карда дар пушти Кӯфа ҳамроҳи ҳафтод нафар аз ёронаш;
- Вайрон шудани девори масҷиди Кӯфа;
- Ба эҳтизоз даромадани парчамҳои сиёҳ аз ҷониби Хуросон. Ин лашкар дар минтақае наздики Шероз бо лашкари Суфёнӣ хоҳад ҷангид ва аввалин шикастро бар онон таҳмил хоҳад кард. Ин парчамҳо то замоне, ки ба Байт-ул-муқаддас бирасанд, поин оварда нахоҳанд шуд
- Тулуъи ситораи дурахшон дар самти машриқ, ки монанди моҳ медурахшад; сипас ду ҷониби он ба қадре хам мешавад, ки наздик аст ду тарафи он ба ҳам бирасад;
- Падид омадани сурхие дар осмон, ки дар ҳаво пароканда шавад;
- Вайронии густарда дар Шом ва Ироқ;
- Кашмакаши се гурӯҳ дар Шом (Асҳаб, Аблақ ва Суфёнӣ);
- Ба ҷумбиш даромадани байрақҳои Қайс аз Миср;
- Барафрошта шудани парчамҳои сиёҳ аз ҷониби машриқ ба сӯи Ҳайра;
- Туғёни оби Фурот ба тавре, ки дар кӯчаҳои Кӯфа сарозер шавад;
- Хуруҷи дувоздаҳ нафар аз нажоди Абутолиб, ки ҳамаи онҳо халоиқро ба итоати хеш даъват мекунанд;
- Сӯзондани марде баландмақом аз шиаёни Банӣ Аббос байни сарзамини Ҷалавлоъ (воқеъ дар ҳафтфарсахии Хониқин) ва сарзамини Хониқин;
- Бархостани боди сиёҳе дар Бағдод, дар оғози рӯз;
- Кам шудани ғаллот ва маҳсулоти гиёҳӣ ва бурузи қаҳтӣ;
- Ихтилоф ва кашмакаши ду синф аз аҷам (ғайриараб) ва хунрезии бисёр байнашон;
- Харобии шаҳри Рай;
- Ҷанги байни ҷавонони арманӣ ва озарбойҷонӣ
- Масх шудани гурӯҳе аз бидъатгузорон ба маймуну хук
- Нидои ғайриодӣ аз осмон бар ҳамаи ҷаҳон ба тавре, ки ҳар касе дар ҳар забоне бошад он нидоро ба забони худаш мешунавад;
- Дар кул 5 овоз аз осмон шунида хоҳад шуд, ки фақат мавриди чаҳорум (ки дар моҳи Рамазон аст) ҳатмӣ аст. 3 садои аввал дар моҳи раҷаб ва ба ин шакл хоҳад буд:
- Нидои аввал: «ألا لعنة الله علی القوم الظالمین»; «Бидонед, лаънати Худо шомили ҳоли ҷамъияти золиму ситамкор мешавад!»;
- Нидои дуввум: «یا معاشرالمؤمنین أزفة الآزفة; «Эй гурӯҳи муъминон! Қиёмат (зуҳур) наздик шудааст!»;
- Нидои сеюм: (ки ҳамроҳ бо бадани ошкору намоёне аст): «ألا إن الله بعث مهدی آل محمد للقضاء علیالظالمین»; «Бидонед, ки Худованд Маҳдии Оли Муҳаммад (с)-ро барои иҷрои қазои худ бар ситамкорон барангехт ва фиристод!»;
- Садои чаҳорум, ки дар моҳи Рамазон (эҳтимолан саҳаргоҳи бисту сеюм) аст ва аз тарафи Ҷабраил хоҳад буд, дар ҳимоят аз Аҳли Байт шаҳодат хоҳад дод;
- Садои панҷум, ки аз тарафи шайтон аст (эҳтимолан ғуруби бисту сеюм) ба тарафдорӣ аз Суфёнӣ хоҳад буд;
- Мурдагоне зинда аз қабрҳо берун оянд ва ба дунё бозгарданд ва ба диду боздиди якдигар бипардозанд.[14]
Омехтагӣ бо нишонаҳои қиёмат
Дар баъзе аз манобеи ривоӣ, нишонаҳои зуҳури Маҳдӣ (аҷ) бо аломатҳои барпоии қиёмат омехта шудааст. Ба унвони намуна тулӯи хуршед аз мағриб, ки дар ривоёт аз нишонаҳои қиёмат дониста шуда[15] бархе онро ба унвони нишонаи зуҳур пиндоштаанд.[16]
Ҳамчунин аз бархе нишонаҳои зуҳур монанди хуруҷи Суфёнӣ дар канори бархе аз нишонаҳои қиёмат монанди Доббат-ул-арз, хуруҷи Исо, қиёми Имоми Замон ва тулӯи хуршед аз мағриб ба унвони нишонаи барпоии қиёмат ёд шудааст.[17] Гуфта шудааст, аз он ҷо ки дар манобеи динӣ, қиёми ҳазрати Маҳдӣ, аз нишонаҳои барпоии қиёмат шуморида шудааст,[18] порае аз нишонаҳои зуҳур, нишонаҳои қиёмат низ ба ҳисоб меояд.[19]
Воқеӣ ё намодин будани аломатҳои зуҳур
Сайид Муҳаммади Садр (1322 - 1377ҳ.ш.) - аз мароҷеъи тақлиди қарни чаҳордаҳуми шамсӣ, дар китоби Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро бархе аз нишонаҳои зуҳур монанди Суфёнӣ ва Даҷҷолро рамзӣ ва намодин донистааст. Ӯ Даҷҷолро намоди инҳироф аз Ислом ва Суфёниро намоди инҳироф дар ҷомеъаи исломӣ донистааст.[20] Дар посухи ӯ гуфтаанд, рамзӣ донистани аломатҳои зуҳур хилофи зоҳири аҳодис аст. Ҳамчунин сабаб мешавад, ки коркарди аломатҳои зуҳур лағв бошад;[21] чароки коркарди алоими зуҳур, шинохти Имом Маҳдӣ (аҷ) аз муддаиёни дурӯғин аст.[22]
Нишонаҳои зуҳури Мунҷӣ дар адёни дигар
Дар яҳудият ва масеҳият нишонаҳое барои зуҳури Мунҷӣ баён шудааст, ки бархе аз онҳо бо нишонаҳои зуҳур дар аҳодиси исломӣ муштараканд. Яҳудиён густариши фасод ва фарогир шудани ҷангу ошӯбро аз нишонаҳои зуҳур Мошиҳ медонанд.[23]
Ҳамчунин ба эътиқоди масеҳиён, зидди Масеҳ ё Даҷҷол фард ё афродеанд, ки Масеҳ будани Исоро инкор ё такзиб мекунанд.[24] Даҷҷол дар охир-уз-замон қиём карда ва ҳангоме, ки Масеҳ зуҳур кунад, ӯро аз байн мебарад.[25] Густариши фасод, фарогир шудани ҷанг, ошӯб, зилзила, беморӣ, қаҳтӣ ва падидор шудани нишонаҳое дар хуршед, моҳ ва ситорагон аз дигар ҳодисаҳост, ки ба эътиқоди масеҳиён пеш аз омадани Масеҳ рух медиҳад.[26]
Татбиқи алоими зуҳур бар афроде ғайр аз Имоми Замон
Дар давраҳои мухталиф нишонаҳои зуҳурро бар падидаҳо ё афроде татбиқ кардаанд. Ин татбиқҳо аз сӯи афрод ё ҳукуматҳо бо ангезаҳои мухталифе сурат гирифтааст. Барои мисол, тулӯи хуршед аз мағриб бар шаклгирии ҳукумати Фотимиён дар Миср ва Нафси Закия бар Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасани Мусанно татбиқ шудааст.[27]
Китобшиносӣ
Манбаи алоими зуҳур аҳодисе аст, ки дар манобеи ривоии шиа ва суннӣ нақл шудааст. Албата дар эътибори бархе аз онҳо тардид карда, гуфтаанд, бархе аз ин ривоёт аз маъсум содир нашудааст.[28] Дар китобҳои ал-Ғайбати Нуъмонӣ,[29] Камол-уд-дини Садуқ,[30] ал-Ғайбати Шайхи Тӯсӣ[31] ва ал-Иршоди Шайхи Муфид[32] бахше хоси ривоёти алоими зуҳур аст. Дар манобеи аҳли суннат ҳам бахшҳое бо номи малоҳим ва фитан аз ин масъала сухан омадааст. Ҳамчунин китобҳое ба ҳамин ном монанди ал-Малоҳим ва-л-фитан, тавассути Ибни Ҳаммод навишта шудааст.[33]
- Дар бораи нишонаҳои зуҳур осоре ба сурати мустақил низ навишта шудааст. Бархе аз онҳо сирфан гирдоварии аҳодис аст ва бархеи дигар бо рӯйкарди таҳлилӣ навишта шудааст; аз ҷумла:
- Диросотун фи аломот-из-зуҳур, асари Ҷаъфар Муртазо Омилӣ аст, ки бо рӯйкарди таҳлилӣ ва интиқодӣ алоими зуҳурро баррасӣ кардааст.[34]
- Навоиб-уд-дуҳур фи алоим-из-зуҳур, асари Муҳаммадҳасан Мирҷаҳонӣ аст, ки дар соли 1383 қамарӣ, дар ду ҷилд чоп шудааст.
- Миатон ва хамсуна аломат, навиштаи Муҳаммадалӣ Таботабоӣ аст. Дар ин китоб 250 аломат барои зуҳур зикр шудааст.[35]
- Тааммуле дар нишонаҳои ҳатмии зуҳур, асари Нусратуллоҳ Оятӣ дар хусуси панҷ нишонаи ҳатмии зуҳур аст, ки Муассисаи Ояндаи равшан онро дар соли 1390 шамсӣ мунташир кардааст.[36]
Ҳамчунин китобҳои Иқд-уд-дурар фи ахбор-ил-Мунтазар (аҷ), ал-Урф-ул-вардӣ фи ахбор-ил-Маҳдӣ алайҳиссалом ва ал-Бурҳон фи аломоти Маҳдӣ охир-из-замон, аз осори аҳли суннат ба алоими зуҳур пардохтаанд.[37]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Оятӣ, Тааммуле дар нишонаҳои ҳатмии зуҳур, 1390ҳ.ш., саҳ.15.
- ↑ Салимиён, Фарҳангномаи Маҳдавият, ҷ.1, саҳ.445.
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.650, ҳадиси 7.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.368.
- ↑ Салимиён, Фарҳангномаи Маҳдавият, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.445 (понавис).
- ↑ Ниг.: Садр, таърихи ал-Ғайбат-ул-кубро, 1412ҳ.қ., саҳ.480.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.370.
- ↑ Салимиён, Фарҳангномаи Маҳдавият, 1388ҳ.ш., саҳ.446.
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.650, ҳадиси 7.
- ↑ Шайх Садуқ, Камол-уд-дин, ҷ.2, саҳ.650.
- ↑ Ниг.: Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.368 - 369.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.370.
- ↑ Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.425.
- ↑ Нуъмонӣ, ал-Ғайбаҳ, 1397ҳ.қ., саҳ.429; Шайх Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., саҳ.650; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.53, саҳ.182; Тӯсӣ, ал-Ғайбаҳ, 1425ҳ.қ., саҳ.445.
- ↑ Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., саҳ.357; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.371.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.368; Исмоилӣ, “Баррасии нишонаҳои зуҳур”, саҳ.224.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Ғайбаҳ, 1411ҳ.қ., саҳ.436.
- ↑ Барои намуна ниг.: Тӯсӣ, ал-Ғайбаҳ, 1411ҳ.қ., саҳ.436.
- ↑ Салимиён, Фарҳангномаи Маҳдавият, 1388ҳ.ш., саҳ.448.
- ↑ Садр, Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро, 1412ҳ.қ., саҳ.484.
- ↑ Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.460.
- ↑ Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.414 - 415.
- ↑ Расулзода, “Охируззамон ва ҳаёти ухравӣ дар яҳудият ва масеҳият”, саҳ.76, ба нақл аз Ҷулиюс Геринстун, Интизори Масеҳо дар оини яҳуд, саҳ.62 ва Талмуди Бобулӣ, Шабот, 118 б.
- ↑ Номаи аввали Юҳанои Расул 2: 18 - 20.
- ↑ Тесолуникиён, 8: 2 ба нақл аз Динпаноҳ ва Хавос, «Баррасии пешгӯиҳои аҳдайн дар бораи кушторҳои ҷамъии пеш аз зуҳур», саҳ.331.
- ↑ Луқо, 21: 5 - 29.
- ↑ Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.452.
- ↑ Содиқӣ, «Тааммуле дар ривоятҳои алоими зуҳур», саҳ.322 - 323.
- ↑ Нуъмонӣ, ал-Ғайбаҳ, 1397ҳ.қ., саҳ.247 - 283.
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.649 - 656.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Ғайбаҳ, 1411ҳ.қ., саҳ.433 ба баъд.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.368 - 378.
- ↑ Содиқӣ, “Тааммуле дар ривоятҳои алоими зуҳур”, саҳ.322.
- ↑ Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.422.
- ↑ Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.422.
- ↑ «Тааммуле дар нишонаҳои ҳатмии зуҳур», Маркази пажӯҳишҳои тахассусии Имом Маҳдӣ (аҷ).
- ↑ Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.422.
Сарчашма
- Барорӣ, Муҳаммад, «Мманбаъшиносии ривоёти алоими зуҳур дар китоби ал-Ғайбати Шайхи Тӯсӣ», пажӯҳишҳои Маҳдавӣ, шумораи 17, тобистони 1395ҳ.ш.
- Динпаноҳ ва Хавос, Ҳасан ва Амир, «Баррасии пешгӯиҳои аҳдайн дар бораи кушторҳои ҷамъии пеш аз зуҳур», Машриқи мавъуд, №41, 1396ҳ.ш.
- Инҷил,и тарҷумаи Ҳазорнав.
- Исмоилӣ, Исмоил, “Баррасии нишонаҳои зуҳур”, дуфаслномаи Ҳавза, №70, поизи 1374ҳ.ш.
- Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ) бар пояи Қуръон (ҷ.7), ҳадис ва таърих, Қум, Муассисаи илмӣ-фарҳангии дор-ул-ҳадис, 1393ҳ.ш.
- Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайбат ли-н-Нуъмонӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.
- Оятӣ, Нусратуллоҳ, Тааммуле дар нишонаҳои ҳатмии зуҳур, Қум, Ояндаи равшан, 1390ҳ.ш.
- Расулзода, Аббос, “Охируззамон ва ҳаёти ухравӣ дар яҳудият ва масеҳият”, Маърифати адён, №2, баҳори 1389ҳ.ш.
- Садр, Сайидмуҳаммад, таърихи ал-Ғайбат-ул-кубро, Бейрут, Дор-ут-таоруф ли-л-матбуот, 1412ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Исломия, 1395ҳ.қ.
- Салимиён, Худомурод, Фарҳангномаи Маҳдавият, Қум, Бунёди фарҳангии Маҳдии Мавъуд (аҷ), 1388ҳ.ш.
- Содиқӣ, Мустафо, “Тааммуле дар ривоятҳои алоими зуҳур”, №№8 ва 9, тобистон ва поизи 1382ҳ.ш.
- Суютӣ, Абдурраҳмон, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсири би-л-маъсур, Қум, интишороти Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайбаҳ, мусаҳҳеҳ: Ибодуллоҳ Теҳронӣ ва Алиаҳмади Носеҳ, Қум, Дор-ул-маориф-ил-исломия, 1425ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, Теҳрон, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1395ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, тасҳеҳи муассисаи Ол-ул-байт алайҳимуссалом, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайбат ли-л-ҳуҷҷат, тасҳеҳи Ибодуллоҳ Теҳронӣ ва Алиаҳмади Носеҳ, Қум, Дор-ул-маориф-ил-исломия, 1411ҳ.қ.