Китоб-ул-ғайба (Шайхи Тӯсӣ)
Нависанда | Шайхи Тӯсӣ (ваф.460ҳ.қ.) |
---|---|
Мавзуъ | маҳдавият, охируззамон, Имом Маҳдӣ (аҷ), аломатҳои зуҳур |
Сабк | ривоӣ |
Забон | арабӣ |
Маҷмуа | 1 ҷилд |
Ношир | Дор-ул-маориф-ил-исломия |
Санаи нашр | 1411ҳ.қ. |
Китоб-ул-ғайба (арабӣ: کتابُ الغیبة) китобе дар бораи ғайбати имоми дувоздаҳуми шиаён, аз Шайхи Тӯсӣ. Ин китоб аз манобеи муҳим дар заминаи шинохти Имом Маҳдӣ (аҷ) ва масъалаи ғайбат аст. Китоб-ул-ғайба дар ҳашт фасл, дидгоҳҳои шиа дар бораи ҳазрати Маҳдӣ (аҷ)-ро матраҳ карда ва ба шубаҳоту ишколоте, ки дар бораи ғайбати он ҳазрат матраҳ буда, бо далелҳои қуръонию ҳадисӣ ва ақлӣ посух додааст.
Ин асар дорои нусхаҳои хаттии мутааддид аст ва нахустин бор дар соли 1323ҳ.қ. дар Табрез чоп гардид. Ҷадидтарин чопи он дар соли 1411ҳ.қ., бо таҳқиқи Ибодуллоҳ Саршори Теҳронӣ ва Алӣ Аҳмади Носеҳ, ба василаи интишороти Дор-ул-маъориф-ил-исломия дар Қум анҷом шудааст.
Китоб-ул-ғайба ба қалами Муҷтабои Азизӣ ба форсӣ тарҷума шуда ва аз сӯи интишороти Масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, чоп ва интишор ёфтааст.
Дар бораи муаллиф
Мақолаи аслӣ: Шайхи Тӯсӣ
Муҳамад ибни Ҳасан, машҳур ба Шайхуттоифа ва Шайхи Тӯсӣ, муаллифи ду китоб аз кутуби арбааи шиа, дар рамазони соли 385ҳ.қ., дар Тӯс - яке аз шаҳрҳои Хуросон, зода шуд.[1] Вай дар дар 23-солгӣ ба Ироқ рафт ва дар шаҳри Бағдод сукунат гузид ва аз бузургони илмии он ҷо, аз ҷумла Шайхи Муфид ва Сайиди Муртазо, баҳра бурд.[2]
Шайхи Тӯсӣ пас аз вафоти Сайиди Муртазо, заомати мазҳаби ҷаъфариро бар ӯҳда гирифт, ҳазорон шогирд тарбият кард ва даҳҳо асари мондагори илмӣ дар ҳавзаҳои калом, тафсир, ҳадис, фиқҳ ва усули фиқҳ навишт.[3]
Аҳаммияти китоб
Китоб-ул-ғайбаро аз беҳтарин китобҳое донистаанд, ки дар бораи Имоми Замон (а) ва дафъи шубҳаҳои ғайбати кубро нигошта шудааст.[4] Оқобузурги Теҳронӣ ин китобро дарбаргирандаи мустаҳкамтарин далелҳои ақлӣ ва нақлӣ бар вуҷуди Имоми Замон ва иллати ғайбати ӯ ва нишонаҳои зуҳур дар охируззамон муаррифӣ кардааст.[5] Ин китоб аз замони нигориш то кунун, мавриди тавваҷуҳи олимони шиа ва муҳаққиқон қарор гирифта ва дар нигоштаҳои бисёр ба он истинод шудааст.[6]
Замон ва ангезаи таълиф
Ба гуфта Оқобузурги Теҳронӣ, китоби ал-Ғайба дар соли 447ҳ.қ. таълиф шудааст.[7] Шайхи Тӯсӣ дар муқаддимаи китоб, ангезааш аз таълифро иҷобати дархости устодаш баён карда ки аз ӯ дархост намуда буд китобе дар боби ғайбати Соҳибуззмон (а) бинависад ва дар он, аз сабаби ғайбати он Имом ва иллати тӯлонӣ шудани ғайбаташ, бо вуҷуди ниёзи шадид ба ҳузури вай ва баррасии монеаҳои зуҳури он ҳазрат баҳс шавад ва ба шубаҳоти мухолифон ва таънаи бадхоҳон посух дода шавад.[8]
Сохтори китоб
Китоб-ул-ғайба дар ҳашт фасли танзим шудааст:
- Фасли аввал: сухан дар бораи ғайбат аст.[9] Муаллиф дар ин фасл ба исботи ду иддаои зарурати вуҷуди имоми маъсум дар ҳар асре барои ҳидояти мардум ва имоми аср будани Имоми дувоздаҳум пардохта ва дидгоҳи дигари фирқаҳои шиа монанди кайсония, новусия, воқифия ва фатаҳияро рад кардааст, ки имомат ва исматро дар ғайри Имоми дувоздаҳум пазируфтаанд.[10] Ҳамчунин дар ин фасл, ба шубаҳоти мухолифон дар бораи вилодати Имоми Замон, ҳикмати ғайбат, вазъияти иҷрои ҳудуд дар замони ғайбат, чигунагии ташхиси эътиқоди ба ҳақ дар замони ғайбат, иллати ғайбати он Ҳазрат аз шиаёну дӯстон ва дигар шубҳаҳо посух дода шудааст.[11]
- Фасли дувум: дар бораи вилодати Имоми дувоздаҳум ва исботи он ба василаи далели ақлӣ ва ривоятҳои таърихӣ аст.[12] Нависанда дар ин фасл ахбори касонеро ки шоҳиди таваллуди Имоми аср будаанд ё ба наҳве бар вилодати он ҳазрат огоҳӣ ёфтаанд, зикр кардааст.[13]
- Фасли сеюм: ин фасл дарбардорндаи ахбори касонест, ки Имоми дувоздаҳумро дидаанд; вале ӯро нашинохтаанд ва баъдан ба вай таваҷҷуҳ намудаанд.[14]
- Фасли чорум: дар бораи муъҷизаҳое аз Имом Маҳдӣ (а) аст, ки бар имомати вай дар асри ғайбат далолат дорад.[15]
- Фасли панҷум: муаллиф дар ин фасл ба зикри омилҳое, ки монеъи зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (а) ҳастанд пардохта[16] ва бист ривоят дар ин хусус нақл кардааст.[17] Вай иллати умдаи зуҳур накардану махфӣ мондани вайро тарси ҷонӣ донистааст.[18]
- Фасли шашум: ин фасл ба зикри ахбори сафирони Имом дар асри ғайбат бахшида шудааст.[19] Нависанда дар ин фасл, ноибони хосси Имоми Замон, мансубони нуввоби арбаа ва бархе сафиронро, ки мавриди сарзаниши Ҳазрат будаандро зикр кардааст.[20]
- Фасли ҳафтум: ин фасл дар бораи умри Имом Маҳдӣ (а) аст.[21] Шайхи Тӯсӣ дар ин фасл бо зикри ҳафт ривоят, бар ин эътиқод аст, ки Ҳазрат дар ҳангоми зуҳур, дар симои марди ҷавоне зоҳир мешавад.[22] Ӯ ҳамчунин бархе аз нишонаҳои пеш аз зуҳуру қиёми Ҳазратро зикр намуда ва 59 ривоят дар ин хусус нақл кардааст.[23]
- Фасли ҳаштум: дар ин фасл, дар зимни 23 ривоят, ба бархе аз авсофу мақомоти ҳазрати Маҳдӣ (а) ва сираи вай, тавваҷуҳ шудааст.[24]
Манбаъ
Сарчашмаҳо ва манбаъҳое, ки Шайхи Тӯсӣ дар тадвини Китоб-ул-ғайба аз онҳо баҳра бурда, ду дастаанд:
- Манбаъҳое, ки акнун дар дастрас ҳастанд. Бархе аз ин манобеъ иборатанд аз:
- Китоби Салим ибни Қайси Ҳилолӣ: ин китоб аз куҳантарин сарчашмаҳои ривоятиест, ки Шайхи Тӯсӣ аз он баҳра бурдааст;[25]
- Кофӣ: муаллиф барои исботи вилодати Имом Маҳдӣ (а) ва дидори шиаён бо он ҳазрат, аз бахши «Китоб-ул-ҳуҷҷа»-и китоби Кофӣ навиштаи Кулайнӣ баҳра ҷӯстааст;[26]
- Китоб-ул-ғайба, навиштаи Муҳамад ибни Иброҳими Нуъмонӣ;
- Камол-уд-дин, навиштаи Шайхи Садуқ.[27]
- аш-Шофӣ фи-л-имомат, навиштаи Сайиди Муртазо: гуфта мешавад бархе мабоҳиси каломии китоб аз ин китоб таъсир пазируфтааст.[28]
- Бархе дигар аз сарчашмаҳое, ки муаллиф дар тадвини китоб аз онҳо баҳра бурда дар дастрас нестанд.[29] Ин манобеъ иборатанд аз: «аз-Зиёу фи-р-радди ала-л-муҳаммадийяти ва-л-ҷаъфарийя» аз Саъд ибни Абдуллоҳи Ашъарии Қумӣ, «Китоб-ур-раҷъа» ва «Китоб-ул-қоим» осори Фазл ибни Шозон, китоби «Ахбор-ул-вукало-ил-арбаа» аз Ибни Нӯҳи Сирофӣ ва Китоб-ул-ғайба асари Муҳаммад ибни Алии Шалмағонӣ.[30]
Нусхаҳо ва чопҳо
Аз Китоб-ул-ғайба чанд нусхаи хаттӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин ин китоб дар чопҳои мутааддиде мунташир ва низ тарҷума шудааст:
Нусхаҳо
Бархе аз нусхаҳои хаттии китоб иборатанд аз:
- Ду нусхаи китобхонаи Остони қудси разавӣ ки яке дар соли 1074ҳ.қ. ва дигарӣ дар соли 1089ҳ.қ. китобат шудааст;[31]
- Нусхае ба хатти Халаф ибни Юсуф ибни Наҷми Наҷафӣ дар соли 1085ҳ.қ., дар китобхонаи Мадрисаи файзия;[32]
- Нусхае ба хатти Муллоаббосқулии Шамсулъуламо, дар китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ.[33]
Тарҷума ва чоп
Китоб-ул-ғайба, нахустин бор, дар соли 1323ҳ.қ. дар Табрез, ҳамроҳ бо китоби ал-Баёну фи ахбори Соҳиб-из-замон ба шакли сангӣ ба чоп расид.[34] Пас аз он, дар чопҳои дигар мунташир шуд; аз ҷумла:
- Дар соли 1385ҳ.қ. дар Наҷафи ашраф дар Матбааи ан-Нуъмон ва бо муқаддимаи Оқобузурги Теҳронӣ дар 292 сафҳа мунташир ва дар ҳамон сол, аз тарафи Мактабату Найнаво ал-ҳадиса, дар Теҳрон чопи офсет шуд.
- Дар соли 1411ҳ.қ. бо таҳқиқи Ибодуллоҳи Саршори Теҳронӣ ва Алӣ Аҳмади Носеҳ, ба ҳамроҳи муқаддимае аз ин ду муҳаққиқ ва муқаддимаи Оқобузурги Теҳронӣ, дар 570 сафҳа аз тарафи Муассисаи ал-Маориф-ул-исломия дар Қум ба чоп расид.[35]
- Дар соли 1386ҳ.ш. Китоб-ул-ғайба ба қалами Муҷтабо Азизӣ ва бо унвони «Китоби ғайбат» ба форсӣ тарҷума ва ба василаи интишороти Масҷиди муқаддаси Ҷамкарон дар Қум чоп шуд.[36]
Такнигорӣ
Китоб «Баррасии тавсифӣ ва таҳлилии китоби ал-Ғайбаи Шайхи Тӯсӣ», навиштаи Сайид Алии Рустамӣ, аз ҷумла осорест, ки дар бораи Китоб-ул-ғайба навишта шудааст. Ин таҳқиқ зери назари Пажӯҳишгоҳи улуму фарҳанги исломӣ анҷом шуда ва онро интишороти Бӯстони китоб дар соли 1392ҳ.ш чоп кардааст.[37]
Эзоҳ
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-уш-шиъа, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.161
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-уш-шиъа, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.161
- ↑ Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1398ҳ.ш., саҳ.183
- ↑ Саршори Теҳронӣ, Носеҳ, «Муқаддама», дар Китоб-ул-ғайба, таълифи Шайхи Тӯсӣ, 1411ҳ.қ., саҳ.9.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, «Муқаддама», дар Китоб-ул-ғайба, таълифи Шайхи Тӯсӣ, 1411ҳ.қ.,саҳ.24.
- ↑ Салимиён, Фарҳангномаи маҳдавият, 1388ҳ.ш., саҳ.357.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариату ило тасониф-иш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.79
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.1
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.3
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.3 - 4
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.76 ва 86 ва 94-95 ва саҳ.98
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ.,саҳ.229
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.229 - 253
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.253
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.281
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.329
- ↑ Аҳмадии Качоӣ, «Таҳлиле бистаршиносона дар бораи китоби «ал-Ғайба»-и Шайхи Тӯсӣ», саҳ.73
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.329
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.345
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.351 ва 353 ва 397
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.419
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.419- 422
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.433
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Китоб-ул-ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.467
- ↑ Аҳмадии Качоӣ, «Таҳлиле бистаршиносона дар бораи китоби «ал-Ғайба»-и Шайхи Тӯсӣ», саҳ.69
- ↑ Аҳмадии Качоӣ, «Таҳлиле бистаршиносона дар бораи китоби «ал-Ғайба»-и Шайхи Тӯсӣ», саҳ.69
- ↑ Аҳмадии Качоӣ, «Таҳлиле бистаршиносона дар бораи китоби «ал-Ғайба»-и Шайхи Тӯсӣ», саҳ.69 - 70
- ↑ Аҳмадии Качоӣ, «Таҳлиле бистаршиносона дар бораи китоби «ал-Ғайба»-и Шайхи Тӯсӣ», саҳ.69
- ↑ Аҳмадии Качоӣ, «Таҳлиле бистаршиносона дар бораи китоби «ал-Ғайба»-и Шайхи Тӯсӣ», саҳ.70
- ↑ Аҳмадии Качоӣ, «Таҳлиле бистаршиносона дар бораи китоби «ал-Ғайба»-и Шайхи Тӯсӣ», саҳ.70
- ↑ Аҳмадии Нурободӣ, Раҳматӣ, Таърихи ҳадиси шиа дар садаҳои чорум то ҳафтуми ҳиҷрӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.285
- ↑ Аҳмадии Нурободӣ, Раҳматӣ, Таърихи ҳадиси шиа дар садаҳои чорум то ҳафтуми ҳиҷрӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.285
- ↑ Аҳмадии Нурободӣ, Раҳматӣ, Таърихи ҳадиси шиа дар садаҳои чорум то ҳафтуми ҳиҷрӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.285
- ↑ Саршори Теҳронӣ, Носеҳ, «Муқаддима», дар Китоб-ул-ғайба, таълифи Шайхи Тӯсӣ, 1411ҳ.қ., саҳ.10
- ↑ Саршори Теҳронӣ, Носеҳ, «Муқаддима», дар Китоб-ул-ғайба, таълифи Шайхи Тӯсӣ, 1411ҳ.қ., саҳ.11
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Китоби ғайбат, тарҷумаи Муҷтабо Азизӣ, 1387ш, саҳ.1
- ↑ «بررسی توصیفی و تحلیلی کتاب الغیبه شیخ طوسی», сайти Пойгоҳи иттилоърасонии ҳадиси шиа
Сарчашма
- «بررسی توصیفی و تحلیلی کتاب الغیبه شیخ طوسی», сайти Пойгоҳи иттилоърасонии ҳадиси шиа, санаи боздид: 13 мурдоди 1402ҳ.ш.
- Аҳмадии Качоӣ, Маҷид, «تحلیلی بسترشناسانه درباره کتاب «الغیبة» شیخ طوسی», пажӯҳишҳои Маҳдавӣ, № 10, поизи 1393ҳ.ш.
- Аҳмадии Нурободӣ, Маҳдӣ ва Муҳаммадкозими Раҳматӣ, Таърихи ҳадиси шиа дар садаҳои чорум то ҳафтуми ҳиҷрӣ, Қум, интишороти Дор-ул-ҳадис, 1389ҳ.ш.
- Гурҷӣ, Абулқосим, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, Теҳрон, интишороти САМТ, чопи ҳабдаҳум, 1398ҳ.ш.
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, «Муқаддима», дар Китоб-ул-ғайба, таълифи Шайхи Тӯсӣ, Қум, Дор-ул-маориф-ил-исломия, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариату ило тасониф-иш-шиа, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1403ҳ.қ.
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, Табақоту аълом-уш-шиъа, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1430ҳ.қ.
- Салимиён, Худомурод, Фарҳангномаи маҳдавият, Теҳрон, Бунёди фарҳангии ҳазрати Меҳдии мавъуд (аҷ), 1388ҳ.ш.
- Саршори Теҳронӣ, Ибодуллоҳ ва Алӣ Аҳмади Носеҳ, «Муқаддима», дар Китоб-ул-ғайба, таълифи Шайхи Тӯсӣ, Қум, Дор-ул-маориф-ил-исломия, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳамад ибни Ҳасан, Китоби ғайбат, тарҷумаи Муҷтабои Азизӣ, Қум, интишороти Масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, 1387ш.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳамад ибни Ҳасан, Китоб-ул-ғайба, Қум, Дор-ул-маориф-ил-исломия, чопи аввал, 1411ҳ.қ.