Хутбаи Фадакия
![]() Бахше аз хутбаи Фадакия ба хатти муҳаққақ. Хаттот: Муҳсини Ибодӣ | |
Номҳои дигар | Хутбаи Лумма |
---|---|
Мавзуъ | Ҳамди Илоҳӣ, фалсафаи аҳком, ғасби Фадак, ғасби хилофат |
Содиршуда аз | Ҳазрати Фотима (с) |
Ровиён | Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а), Зайнаб (с), Имом Боқир (а), Имом Содиқ (а), Оиша, Абдуллоҳ ибни Аббос ва... |
Эътибори санад | Мутавотир |
Сарчашмаи шиа | Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Биҳор-ул-анвор |
Сарчашмаи суннӣ | Балоғот-ун-нисо, Шарҳи Наҳҷулбалоғаи Ибни Абилҳадид |
Мақолаи Хутбаи Фадакия бо мақолаҳои: Фадак, Моҷарои Фадак ва Ҳайтони сабъа иртибот дорад.
Хутбаи Фадакия (форсӣ: خُطبه فدکیه) ё хутбаи Лумма (форсӣ: خطبة لُمَّة) суханронии ҳазрати Фотима (с) дар Масҷид-ун-набӣ, ки дар эътироз ба ғасби Фадак ироа шуд. Абубакр баъд аз расидан ба хилофат бо нисбат додани ривояте ба Пайғамбар (с) мабнӣ бар ин ки паёмбарон аз худ ирс намегузоранд, деҳкадаи Фадакро, ки Пайғамбар (с) ба Фотима (с) бахшида буд, ба нафъи хилофат мусодира кард. Фотима (с) баъд аз он ки дархосташ бенатиҷа монд, ба масҷиди Пайғамбар рафту хутбае хонд, ки ба хутбаи Фадакия машҳур шуд. Ӯ дар ин хутба соҳиби Фадак будани худашро тасреҳ кард. Ҳамчунин аз ҳаққи Алӣ (а) дар бора хилофат дифоъ карда, мусулмононро ба хотири хомӯш мондан дар ситам ба Аҳли Байт (а) сарзаниш кард.
Хутбаи Фадакия, як силсила таълимот дар бахшҳои Худошиносӣ, маодшиносӣ, нубувват ва беъсати Паёмбари Ислом (с), азамати Қуръон, фалсафаи аҳком ва вилоятро дарбар дорад.
Матни ин хутба дар манобеи шиа ва аҳли суннат нақл шудааст. Сайид Иззуддин Ҳусайнии Занҷонӣ, Ҳусайнъалии Мунтазирӣ ва Муҷтабо Теҳронӣ, Носир Макорими Шерозӣ, Халили Камараӣ ва Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ бар ин хутба шарҳ навиштаанд.
Арзиши хутба ва ҷойгоҳи он
Хутбаи Фадакияи мавзеъи сиёсии ҳазрати Фотима (с) алайҳи низоми ҳоким ва сарзаниши мусодиракунандагони Фадак ва хилофатро дарбар дорад.[1] Дар ин хутба бар эҷоди ваҳдат дар ҷомеъаи исломӣ ва дурӣ аз тафрифақаю нифоқ, зайли пазириши имомат ва вилояти Аҳли Байт (а) таъкид шудааст.[2] Ин хутба ба далели дарбар доштани як силсила таълимот дар заминаҳои тавҳид, маод, набувват ва беъсати Пайғамбари Ислом (с), азамати Қуръон, фалсафаи аҳком ва вилоят,[3] аз нафистарин меросҳои динии ҳазрати Фотима (с) муаррифӣ шудааст.[4]
Ҳамчунин ҳамтароз донистани хутбаи Фадакия бо хутбаҳои Имом Алӣ (а) аз назари фасоҳату балоғат[5] ва истифода аз шохисаҳои мантиқии машҳур дар фанни хитоба, яке аз далелҳои аҳамияти ин хутба дониста шудааст.[6] Аз ин рӯ, дар китоби Балоғот-ун-нисои Ибни Тайфур, ҷузви суханрониҳои дорои балоғату фасоҳат муаррифӣ шудааст.[7]
Аз хутбаи Фадакия барои исботи ҷавози мушорикати занони мусулмон дар иҷтимооти сиёсӣ истифода мешавад.[8] Ба гуфтаи Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ - марҷаъи тақлиди шиа, хутбаҳое монанди хутбаи ҳазрати Заҳро (с) бояд ба унвони дарси расмӣ дар ҳавзаҳои илмия тадрис шавад.[9]
Ангезаи эроди хутба: дифоъ аз вилоят ва имомат
Мақолаҳои аслӣ: Моҷарои Фадак, Фадак ва Наҳну маошир-ал-анбиё ло нуваррис
Баъд аз вафоти Пайғамбар (с), Абубакр бо нисбат додани ҳадисе ба Пайғамбар (с), муддаӣ шуд паёмбарон ирс намегузоранд;[10] аз ин рӯ, деҳкадаи Фадакро, ки Пайғамбар (с) пас аз нузули ояти «وَآتِ ذَا الْقُرْبَیٰ حَقَّهُ; ва ҳаққи хешовандро бидеҳ!»[11] ба Фотима (с) бахшида буд[12] ва дар дасти Фотима будро[13] ба нафъи хилофат мусодира кард.[14] Фотима (с) барои исботи ин ки Фадак ирс набуда балки бахшиш аст, Имом Алӣ (а) ва Умми Айманро бар ин суханаш шоҳид овард.[15] Бино ба нақле, Абубакр дар варақе моликяти Фотимаро бар Фадак таъид кард, аммо Умар он варақро пора-пора кард.[16] Бино бар баъзе манобеи аҳли суннат, Абубакр шоҳидони Фотимаро қабул накард ва ду мардро барои шаҳодат хост.[17] Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, аз мароҷеи тақлиди шиа, халифаҳо Фадакро мусодира карданд, то ки ин манбаи иқтисодӣ сабаби қудрати Имоми Алӣ ва хонадонаш нашавад.[18]
Сайид Муҳаммадбоқир Садр дар китоби «Фадак фи-т-таърих» бовар дорад, ки талаб намудани Фадак масъалаи шахсӣ ва низои моддӣ набуда, балки як навъ эълони мухолифат бар зидди ҳокимияти он замон ва беасос донистани пояҳои он, яъне Сақифа будааст.[19] Ӯ ин талабро нуқтаи оғози наҳзати ҳазрати Фотима (с) бар зидди ҳокимият ва яке аз марҳилаҳои дифои ӯ аз имомат ва вилоят мешуморад.[20] Фотима (с) вақте мутолибаи Фадакро бенатиҷа дид, ба ҳамроҳи ҷамъе аз занони хешовандаш ба масҷид рафт.[21] Тибқи гузориши Ибни Тайфур дар китоби Балоғот-ун-нисо, замоне, ки Фотима ба масҷид расид, Абубакр ва гурӯҳе аз муҳоҷирон ва ансор дар масҷид нишаста буданд. Байни Фотима (с) ва ҳозирон чодар овехтанд. Духтари Пайғамбар, аввал нолае кард, ки ҳозирон ба гиря афтоданд, сипас қадре хомӯш монд, то мардум ором гирифтанду онгоҳ суханони худро эрод кард.[22] Чун ин хутба дар вокуниш ба моҷарои мусодираи Фадак ва дар бораи он хонда шудааст, хутбаи Фадакия ном гирифтааст;[23] албатта, гоҳ ба эътибори ин ки ҳазрати Фотима қабл аз эроди хутба бо гурӯҳе аз хешонаш вориди масҷид шуд, «وَ أقْبَلَتْ فی لُمَّةٍ مِنْ حَفَدَتِها وَ نِساءِ قَوْمِها», аз он бо унвони хутбаи Лумма низ ёд шудааст.[24] [Ёддошт 1]
Санади хутба
Аллома Маҷлисӣ, хутбаи Фадакияро аз хутбаҳои машҳуре донистааст, ки шиа ва аҳли суннат бо санадҳои гуногуне онро нақл кардаанд.[25] Шайхи Садуқ дар китоби Ман ло яҳзур бахше аз ин хутбаро нақл кардааст.[26] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Мунтазирӣ, қадимитарин санади ин хутба, китоби Балоғот-ун-нисо, асари Аҳмад ибни Абитоҳири Марвазӣ, машҳур ба Ибни Тайфур (204 - 280ҳ.қ.) - олими аҳл суннат аст, ки дар замони Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а) мезистааст.[27] Ибни Тайфур ин хутбаро бо ду ривоят забт карда,[28] аммо ба гуфтаи Сайид Ҷаъфари Шаҳидӣ, дар санадҳои мутааххир, ҳар ду фақара дарҳам омехта ва ба як сурат нақл шудааст.[29] Барои хутбаи Фадакия беш аз 16 манбаъ зикр шудааст.[30]
Гуфта шудааст, Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а), Зайнаб (с), Имом Боқир (а), Имом Содиқ (а), Оиша, Абдуллоҳ ибни Аббос дар зумраи ровиёни ин хутба қарор доранд.[31]
Мазмуни хутба
Хутбаи Фадакия бо ҳамд ва тавсифи Худо оғоз шуда, беъсати Пайғамбар (с)-ро ёдовар мешавад ва сипас ба наздикии Имом Алӣ (а) бо Пайғамбар (с) ва сарварии ӯ байни авлиёи Илоҳӣ ва шуҷоатҳои бемонандаш дар дифоъ аз Пайғамбар (с) ва Ислом ишора мекунад ва саҳобаро ба хотири ин ки баъд аз вафоти ӯ пайрави шайтон шуда, нифоқ дар миёни онҳо ошкор шудааст ва ҳақро раҳо кардаанд, сарзаниш мекунад. Дар ин хутба ҳамчунин ба воқеаи ғасби хилофат ишора шуда, сухани Абубакр, ки паёмбарон ирс намегузоранд, мухолифи оятҳое аз Қуръон муаррифӣ мешавад. Фотима (с) дар ин хутба Абубакрро ба додгоҳи Худованд дар рӯзи растохез вогузор мекунад ва ёрони Пайғамбарро мухотаб қарор медиҳад, ки чаро дар муқобили ин ситамҳо хомуш нишастаанд?! Ӯ мегӯяд, ки он чи онҳо кардаанд, шикастани паймонашон бо Расули Худост ва дар фарози поёнии хутба, нанги кори ононро ҷовидонӣ ва саранҷоми онро дӯзах медонад.[32]
Матн ва тарҷумаи хутбаи фадакия
матни арабии хутба | ||
اَلْحَمْدُللَّـهِ عَلی ما اَنْعَمَ، وَ لَهُ الشُّكْرُ عَلی ما اَلْهَمَ، وَ الثَّناءُ بِما قَدَّمَ، مِنْ عُمُومِ نِعَمٍ اِبْتَدَاَها، وَ سُبُوغِ الاءٍ اَسْداها، وَ تَمامِ مِنَنٍ اَوْلاها، جَمَّ عَنِ الْاِحْصاءِ عَدَدُها، وَ نَأی عَنِ الْجَزاءِ اَمَدُها، وَ تَفاوَتَ عَنِ الْاِدْراكِ اَبَدُها، وَ نَدَبَهُمْ لاِسْتِزادَتِها بِالشُّكْرِ لاِتِّصالِها، وَ اسْتَحْمَدَ اِلَی الْخَلائِقِ بِاِجْزالِها، وَ ثَنی بِالنَّدْبِ اِلی اَمْثالِها. وَ اَشْهَدُ اَنْ لااِلهَ اِلاَّ اللَّـهُ وَحْدَهُ لاشَریكَ لَهُ، كَلِمَةٌ جَعَلَ الْاِخْلاصَ تَأْویلَها، وَ ضَمَّنَ الْقُلُوبَ مَوْصُولَها، وَ اَنارَ فِی التَّفَكُّرِ مَعْقُولَها، الْمُمْتَنِعُ عَنِ الْاَبْصارِ رُؤْیتُهُ، وَ مِنَ الْاَلْسُنِ صِفَتُهُ، وَ مِنَ الْاَوْهامِ كَیفِیّتُهُ. اِبْتَدَعَ الْاَشْیاءَ لامِنْ شَیءٍ كانَ قَبْلَها، وَ اَنْشَاَها بِلاَاحْتِذاءِ اَمْثِلَةٍ اِمْتَثَلَها، كَوَّنَها بِقُدْرَتِهِ وَ ذَرَأَها بِمَشِیّتِهِ، مِنْ غَیرِ حاجَةٍ مِنْهُ اِلی تَكْوینِها، وَ لافائِدَةٍ لَهُ فی تَصْویرِها، اِلاَّ تَثْبیتاً لِحِكْمَتِهِ وَ تَنْبیهاً عَلی طاعَتِهِ، وَ اِظْهاراً لِقُدْرَتِهِ وَ تَعَبُّداً لِبَرِیّتِهِ، وَ اِعْزازاً لِدَعْوَتِهِ، ثُمَّ جَعَلَ الثَّوابَ عَلی طاعَتِهِ، وَ وَضَعَ الْعِقابَ عَلی مَعْصِیتِهِ، ذِیادَةً لِعِبادِهِ مِنْ نِقْمَتِهِ وَ حِیاشَةً لَهُمْ اِلی جَنَّتِهِ. وَ اَشْهَدُ اَنَّ اَبی مُحَمَّداً عَبْدُهُ وَ رَسُولُهُ، اِخْتارَهُ قَبْلَ اَنْ اَرْسَلَهُ، وَ سَمَّاهُ قَبْلَ اَنْ اِجْتَباهُ، وَ اصْطَفاهُ قَبْلَ اَنْ اِبْتَعَثَهُ، اِذ الْخَلائِقُ بِالْغَیبِ مَكْنُونَةٌ، وَ بِسَتْرِ الْاَهاویلِ مَصُونَةٌ، وَ بِنِهایةِ الْعَدَمِ مَقْرُونَةٌ، عِلْماً مِنَ اللَّـهِ تَعالی بِمائِلِ الْاُمُورِ، وَ اِحاطَةً بِحَوادِثِ الدُّهُورِ، وَ مَعْرِفَةً بِمَواقِعِ الْاُمُورِ. اِبْتَعَثَهُ اللَّـهُ اِتْماماً لِاَمْرِهِ، وَ عَزیمَةً عَلی اِمْضاءِ حُكْمِهِ، وَ اِنْفاذاً لِمَقادیرِ رَحْمَتِهِ، فَرَأَی الْاُمَمَ فِرَقاً فی اَدْیانِها، عُكَّفاً عَلی نیرانِها، عابِدَةً لِاَوْثانِها، مُنْكِرَةً للَّـهِ مَعَ عِرْفانِها. فَاَنارَ اللَّـهُ بِاَبی مُحَمَّدٍ صَلَّی اللَّـهُ عَلَیهِ و الِهِ ظُلَمَها، وَ كَشَفَ عَنِ الْقُلُوبِ بُهَمَها، وَ جَلی عَنِ الْاَبْصارِ غُمَمَها، وَ قامَ فِی النَّاسِ بِالْهِدایةِ، فَاَنْقَذَهُمْ مِنَ الْغِوایةِ، وَ بَصَّرَهُمْ مِنَ الْعِمایةِ، وَ هَداهُمْ اِلَی الدّینِ الْقَویمِ، وَ دَعاهُمْ اِلَی الطَّریقِ الْمُسْتَقیمِ. ثُمَّ قَبَضَهُ اللَّـهُ اِلَیهِ قَبْضَ رَأْفَةٍ وَ اخْتِیارٍ، وَ رَغْبَةٍ وَ ایثارٍ، فَمُحَمَّدٌ صَلَّی اللَّـهُ عَلَیهِ و الِهِ مِنْ تَعَبِ هذِهِ الدَّارِ فی راحَةٍ، قَدْ حُفَّ بِالْمَلائِكَةِ الْاَبْرارِ وَ رِضْوانِ الرَّبِّ الْغَفَّارِ، وَ مُجاوَرَةِ الْمَلِكِ الْجَبَّارِ، صَلَّی اللَّـهُ عَلی أَبی نَبِیهِ وَ اَمینِهِ وَ خِیرَتِهِ مِنَ الْخَلْقِ وَ صَفِیهِ، وَ السَّلامُ عَلَیهِ وَ رَحْمَةُاللَّـهِ وَ بَرَكاتُهُ. اَنْتُمْ عِبادَ اللَّـهِ نُصُبُ اَمْرِهِ وَ نَهْیهِ، وَ حَمَلَةُ دینِهِ وَ وَحْیهِ، وَ اُمَناءُ اللَّـهِ عَلی اَنْفُسِكُمْ، وَ بُلَغاؤُهُ اِلَی الْاُمَمِ، زَعیمُ حَقٍّ لَهُ فیكُمْ، وَ عَهْدٍ قَدَّمَهُ اِلَیكُمْ، وَ بَقِیةٍ اِسْتَخْلَفَها عَلَیكُمْ: كِتابُ اللَّـهِ النَّاطِقُ وَ الْقُرْانُ الصَّادِقُ، و النُّورُ السَّاطِعُ وَ الضِّیاءُ اللاَّمِعُ، بَینَةً بَصائِرُهُ، مُنْكَشِفَةً سَرائِرُهُ، مُنْجَلِیةً ظَواهِرُهُ، مُغْتَبِطَةً بِهِ اَشْیاعُهُ، قائِداً اِلَی الرِّضْوانِ اِتِّباعُهُ، مُؤَدٍّ اِلَی النَّجاةِ اسْتِماعُهُ، بِهِ تُنالُ حُجَجُ اللَّـهِ الْمُنَوَّرَةُ، وَ عَزائِمُهُ الْمُفَسَّرَةُ، وَ مَحارِمُهُ الْمُحَذَّرَةُ، وَ بَیّناتُهُ الْجالِیةُ، وَ بَراهینُهُ الْكافِیةُ، وَ فَضائِلُهُ الْمَنْدُوبَةُ، وَ رُخَصُهُ الْمَوْهُوبَةُ، وَ شَرائِعُهُ الْمَكْتُوبَةُ. فَجَعَلَ اللَّـهُ الْایمانَ تَطْهیراً لَكُمْ مِنَ الشِّرْكِ، وَ الصَّلاةَ تَنْزیهاً لَكُمْ عَنِ الْكِبْرِ، وَ الزَّكاةَ تَزْكِیةً لِلنَّفْسِ وَ نِماءً فِی الرِّزْقِ، وَ الصِّیامَ تَثْبیتاً لِلْاِخْلاصِ، وَ الْحَجَّ تَشْییداً لِلدّینِ، وَ الْعَدْلَ تَنْسیقاً لِلْقُلُوبِ، وَ طاعَتَنا نِظاماً لِلْمِلَّةِ، وَ اِمامَتَنا اَماناً لِلْفُرْقَةِ، وَ الْجِهادَ عِزّاً لِلْاِسْلامِ، وَ الصَّبْرَ مَعُونَةً عَلَی اسْتیجابِ الْاَجْرِ. وَ الْاَمْرَ بِالْمَعْرُوفِ مَصْلِحَةً لِلْعامَّةِ، وَ بِرَّ الْوالِدَینِ وِقایةً مِنَ السَّخَطِ، وَ صِلَةَ الْاَرْحامِ مَنْساءً فِی الْعُمْرِ وَ مَنْماةً لِلْعَدَدِ، وَ الْقِصاصَ حِقْناً لِلدِّماءِ، وَ الْوَفاءَ بِالنَّذْرِ تَعْریضاً لِلْمَغْفِرَةِ، وَ تَوْفِیةَ الْمَكائیلِ وَ الْمَوازینِ تَغْییراً لِلْبَخْسِ. وَ النَّهْی عَنْ شُرْبِ الْخَمْرِ تَنْزیهاً عَنِ الرِّجْسِ، وَ اجْتِنابَ الْقَذْفِ حِجاباً عَنِ اللَّـعْنَةِ، وَ تَرْكَ السِّرْقَةِ ایجاباً لِلْعِصْمَةِ، وَ حَرَّمَ اللَّـهُ الشِّرْكَ اِخْلاصاً لَهُ بِالرُّبوُبِیةِ. فَاتَّقُوا اللَّـهَ حَقَّ تُقاتِهِ، وَ لاتَمُوتُنَّ اِلاَّ وَ اَنْتُمْ مُسْلِمُونَ، وَ اَطیعُوا اللَّـهَ فیما اَمَرَكُمْ بِهِ وَ نَهاكُمْ عَنْهُ، فَاِنَّهُ اِنَّما یخْشَی اللَّـهَ مِنْ عِبادِهِ الْعُلَماءُ. ثم قالت: اَیهَا النَّاسُ! اِعْلَمُوا اَنّی فاطِمَةُ وَ اَبی مُحَمَّدٌ، اَقُولُ عَوْداً وَ بَدْءاً، وَ لااَقُولُ ما اَقُولُ غَلَطاً، وَ لااَفْعَلُ ما اَفْعَلُ شَطَطاً، لَقَدْ جاءَكُمْ رَسُولٌ مِنْ اَنْفُسِكُمْ عَزیزٌ عَلَیهِ ما عَنِتُّمْ حَریصٌ عَلَیكُمْ بِالْمُؤْمِنینَ رَؤُوفٌ رَحیمٌ. فَاِنْ تَعْزُوهُ وَتَعْرِفُوهُ تَجِدُوهُ اَبی دُونَ نِسائِكُمْ،وَ اَخَا ابْنِ عَمّی دُونَ رِجالِكُمْ، وَ لَنِعْمَ الْمَعْزِی اِلَیهِ صَلَّی اللَّـهُ عَلَیهِ وَ الِهِ. فَبَلَّغَ الرِّسالَةَ صادِعاً بِالنَّذارَةِ، مائِلاً عَنْ مَدْرَجَةِ الْمُشْرِكینَ، ضارِباً ثَبَجَهُمْ، اخِذاً بِاَكْظامِهِمْ، داعِیاً اِلی سَبیلِ رَبِّهِ بِالْحِكْمَةِ و الْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ، یجُفُّ الْاَصْنامَ وَ ینْكُثُ الْهامَّ، حَتَّی انْهَزَمَ الْجَمْعُ وَ وَ لَّوُا الدُّبُرَ. حَتَّی تَفَرَّی اللَّـیلُ عَنْ صُبْحِهِ، وَ اَسْفَرَ الْحَقُّ عَنْ مَحْضِهِ، و نَطَقَ زَعیمُالدّینِ، وَ خَرَسَتْ شَقاشِقُ الشَّیاطینِ، وَ طاحَ وَ شیظُ النِّفاقِ، وَ انْحَلَّتْ عُقَدُ الْكُفْرِ وَ الشَّقاقِ، وَ فُهْتُمْ بِكَلِمَةِ الْاِخْلاصِ فی نَفَرٍ مِنَ الْبیضِ الْخِماصِ. وَ كُنْتُمْ عَلی شَفا حُفْرَةٍ مِنَ النَّارِ، مُذْقَةَ الشَّارِبِ، وَ نُهْزَةَ الطَّامِعِ، وَ قُبْسَةَ الْعِجْلانِ، وَ مَوْطِیءَ الْاَقْدامِ، تَشْرَبُونَ الطَّرْقَ، وَ تَقْتاتُونَ الْقِدَّ، اَذِلَّةً خاسِئینَ، تَخافُونَ اَنْ یتَخَطَّفَكُمُ النَّاسُ مِنْ حَوْلِكُمْ، فَاَنْقَذَكُمُ اللَّـهُ تَبارَكَ وَ تَعالی بِمُحَمَّدٍ صَلَّی اللَّـهُ عَلَیهِ وَ الِهِ بَعْدَ اللَّـتَیا وَ الَّتی، وَ بَعْدَ اَنْ مُنِی بِبُهَمِ الرِّجالِ، وَ ذُؤْبانِ الْعَرَبِ، وَ مَرَدَةِ اَهْلِ الْكِتابِ. كُلَّما اَوْقَدُوا ناراً لِلْحَرْبِ اَطْفَأَهَا اللَّـهُ، اَوْ نَجَمَ قَرْنُ الشَّیطانِ، اَوْ فَغَرَتْ فاغِرَةٌ مِنَ الْمُشْرِكینَ، قَذَفَ اَخاهُ فی لَهَواتِها، فَلاینْكَفِیءُ حَتَّی یطَأَ جِناحَها بِأَخْمَصِهِ، وَ یخْمِدَ لَهَبَها بِسَیفِهِ، مَكْدُوداً فی ذاتِ اللَّـهِ، مُجْتَهِداً فی اَمْرِ اللَّـهِ، قَریباً مِنْ رَسُولِاللَّـهِ، سَیداً فی اَوْلِیاءِ اللَّـهِ، مُشَمِّراً ناصِحاً مُجِدّاً كادِحاً، لاتَأْخُذُهُ فِی اللَّـهِ لَوْمَةَ لائِمٍ. وَ اَنْتُمَ فی رَفاهِیةٍ مِنَ الْعَیشِ، و ادِعُونَ فاكِهُونَ آمِنُونَ، تَتَرَبَّصُونَ بِنَا الدَّوائِرَ، وَ تَتَوَكَّفُونَ الْاَخْبارَ، وَ تَنْكُصُونَ عِنْدَ النِّزالِ، وَ تَفِرُّونَ مِنَ الْقِتالِ. فَلَمَّا اِختارَ اللَّـهُ لِنَبِیهِدار اَنْبِیائِهِ وَ مَأْوی اَصْفِیائِهِ، ظَهَرَ فیكُمْ حَسْكَةُ النِّفاقِ، وَ سَمَلَ جِلْبابُ الدّینِ، وَ نَطَقَ كاظِمُ الْغاوینَ، وَ نَبَغَ خامِلُ الْاَقَلّینَ، وَ هَدَرَ فَنیقُ الْمُبْطِلینَ، فَخَطَرَ فی عَرَصاتِكُمْ، وَ اَطْلَعَ الشَّیطانُ رَأْسَهُ مِنْ مَغْرَزِهِ، هاتِفاً بِكُمْ، فَأَلْفاكُمْ لِدَعْوَتِهِ مُسْتَجیبینَ، وَ لِلْغِرَّةِ فیهِ مُلاحِظینَ، ثُمَّ اسْتَنْهَضَكُمْ فَوَجَدَكُمْ خِفافاً، وَ اَحْمَشَكُمْ فَاَلْفاكُمْ غِضاباً، فَوَسَمْتُمْ غَیرَ اِبِلِكُمْ، وَ وَرَدْتُمْ غَیرَ مَشْرَبِكُمْ. هذا، وَ الْعَهْدُ قَریبٌ، وَالْكَلْمُ رَحیبٌ، وَ الْجُرْحُ لَمَّا ینْدَمِلُ، وَ الرَّسُولُ لَمَّا یُقْبَرُ، اِبْتِداراً زَعَمْتُمْ خَوْفَ الْفِتْنَةِ، اَلا فِی الْفِتْنَةِ سَقَطُوا، وَ اِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحیطَةٌ بِالْكافِرینَ. فَهَیهاتَ مِنْكُمْ، وَ كَیفَ بِكُمْ، وَ اَنَّی تُؤْفَكُونَ، وَ كِتابُ اللَّـهِ بَینَ اَظْهُرِكُمْ، اُمُورُهُ ظاهِرَةٌ، وَ اَحْكامُهُ زاهِرَةٌ، وَ اَعْلامُهُ باهِرَةٌ، و زَواجِرُهُ لائِحَةٌ، وَ اَوامِرُهُ واضِحَةٌ، وَ قَدْ خَلَّفْتُمُوهُ وَراءَ ظُهُورِكُمْ، أَرَغْبَةً عَنْهُ تُریدُونَ؟ اَمْ بِغَیرِهِ تَحْكُمُونَ؟ بِئْسَ لِلظَّالمینَ بَدَلاً، وَ مَنْ یبْتَغِ غَیرَ الْاِسْلامِ دیناً فَلَنْ یقْبَلَ مِنْهُ، وَ هُوَ فِی الْاخِرَةِ مِنَ الْخاسِرینِ. ثُمَّ لَمْ تَلْبَثُوا اِلی رَیثَ اَنْ تَسْكُنَ نَفْرَتَها، وَ یسْلَسَ قِیادَها،ثُمَّ اَخَذْتُمْ تُورُونَ وَ قْدَتَها، وَ تُهَیجُونَ جَمْرَتَها، وَ تَسْتَجیبُونَ لِهِتافِ الشَّیطانِ الْغَوِی، وَ اِطْفاءِ اَنْوارِالدّینِ الْجَلِی، وَ اِهْمالِ سُنَنِ النَّبِی الصَّفِی، تُسِرُّونَ حَسْواً فِی ارْتِغاءٍ، وَ تَمْشُونَ لِاَهْلِهِ وَ وَلَدِهِ فِی الْخَمَرِ وَ الضَّرَّاءِ، وَ نَصْبِرُ مِنْكُمْ عَلی مِثْلِ حَزِّ الْمَدی، وَ وَخْزِ السنان فی الحشا. وَ اَنْتُمُ الانَ تَزْعُمُونَ اَنْ لااِرْثَ لَنا أَفَحُكْمَ الْجاهِلِیةِ تَبْغُونَ، وَ مَنْ اَحْسَنُ مِنَ اللَّـهِ حُكْماً لِقَومٍ یوقِنُونَ، أَفَلاتَعْلَمُونَ؟ بَلی، قَدْ تَجَلَّی لَكُمْ كَالشَّمْسِ الضَّاحِیةِ أَنّی اِبْنَتُهُ. اَیهَا الْمُسْلِمُونَ! أَاُغْلَبُ عَلی اِرْثی؟ یابْنَ اَبیقُحافَةَ! اَفی كِتابِ اللَّـهِ تَرِثُ اَباكَ وَ لااَرِثُ اَبی؟ لَقَدْ جِئْتَ شَیئاً فَرِیّاً، اَفَعَلی عَمْدٍ تَرَكْتُمْ كِتابَ اللَّـهِ وَ نَبَذْتُمُوهُ وَراءَ ظُهُورِكُمْ، إذْ یقُولُ ﴿وَوَرِثَ سُلَیْمَانُ دَاوُدَ﴾ [نمل:16] وَ قالَ فیما اقْتَصَّ مِنْ خَبَرِ زَكَرِیا اِذْ قالَ: ﴿فَهَبْ لِي مِنْ لَدُنْكَ وَلِيًّا ٥ يَرِثُنِي وَيَرِثُ مِنْ آلِ يَعْقُوبَ﴾ [مریم:5–6] وَ قالَ: ﴿وَأُولُو الْأَرْحَامِ بَعْضُهُمْ أَوْلَى بِبَعْضٍ فِي كِتَابِ اللَّهِ﴾ [انفال:75] وَ قالَ ﴿يُوصِيكُمُ اللَّهُ فِي أَوْلَادِكُمْ لِلذَّكَرِ مِثْلُ حَظِّ الْأُنْثَيَيْنِ﴾ [نساء:11] وَ قالَ ﴿إِنْ تَرَكَ خَيْرًا الْوَصِيَّةُ لِلْوَالِدَيْنِ وَالْأَقْرَبِينَ بِالْمَعْرُوفِ حَقًّا عَلَى الْمُتَّقِينَ ١٨٠﴾ [بقره:180] وَ زَعَمْتُمْ اَنْ لاحَظْوَةَ لی، وَ لااَرِثُ مِنْ اَبی، وَ لارَحِمَ بَینَنا، اَفَخَصَّكُمُ اللَّـهُ بِایةٍ اَخْرَجَ اَبی مِنْها؟ اَمْ هَلْ تَقُولُونَ: اِنَّ اَهْلَ مِلَّتَینِ لایتَوارَثانِ؟ اَوَ لَسْتُ اَنَا وَ اَبی مِنْ اَهْلِ مِلَّةٍ واحِدَةٍ؟ اَمْ اَنْتُمْ اَعْلَمُ بِخُصُوصِ الْقُرْانِ وَ عُمُومِهِ مِنْ اَبی وَابْنِ عَمّی؟ فَدُونَكَها مَخْطُومَةً مَرْحُولَةً تَلْقاكَ یوْمَ حَشْرِكَ. فَنِعْمَ الْحَكَمُ اللَّـهُ، وَ الزَّعیمُ مُحَمَّدٌ، وَ الْمَوْعِدُ الْقِیامَةُ، وَ عِنْدَ السَّاعَةِ یخْسِرُ الْمُبْطِلُونَ، وَ لاینْفَعُكُمْ اِذْ تَنْدِمُونَ، وَ لِكُلِّ نَبَأٍ مُسْتَقَرٌّ، وَ لَسَوْفَ تَعْلَمُونَ مَنْ یأْتیهِ عَذابٌ یخْزیهِ، وَ یحِلُّ عَلَیهِ عَذابٌ مُقیمٌ. ثم رَمت بطَرفها نحو الانصار، فقالت: یا مَعْشَرَ النَّقیبَةِ وَ اَعْضادَ الْمِلَّةِ وَ حَضَنَةَ الْاِسْلامِ! ما هذِهِ الْغَمیزَةُ فی حَقّی وَ السِّنَةُ عَنْ ظُلامَتی؟ اَما كانَ رَسُولاللَّـهِ صَلَّی اللَّـهُ عَلَیهِ وَ الِهِ اَبی یقُولُ: «اَلْمَرْءُ یحْفَظُ فی وُلْدِهِ»، سَرْعانَ ما اَحْدَثْتُمْ وَ عَجْلانَ ذا اِهالَةٍ، وَ لَكُمْ طاقَةٌ بِما اُحاوِلُ، وَ قُوَّةٌ عَلی ما اَطْلُبُ وَ اُزاوِلُ. اَتَقُولُونَ ماتَ مُحَمَّدٌ؟ فَخَطْبٌ جَلیلٌ اِسْتَوْسَعَ وَ هْنُهُ، وَاسْتَنْهَرَ فَتْقُهُ، وَ انْفَتَقَ رَتْقُهُ، وَ اُظْلِمَتِ الْاَرْضُ لِغَیبَتِهِ، وَ كُسِفَتِ الشَّمْسُ وَ الْقَمَرُ وَ انْتَثَرَتِ النُّجُومُ لِمُصیبَتِهِ، وَ اَكْدَتِ الْامالُ، وَ خَشَعَتِ الْجِبالُ، وَ اُضیعَ الْحَریمُ، وَ اُزیلَتِ الْحُرْمَةُ عِنْدَ مَماتِهِ. فَتِلْكَ وَاللَّـهِ النَّازِلَةُ الْكُبْری وَ الْمُصیبَةُ الْعُظْمی، لامِثْلُها نازِلَةٌ، وَ لابائِقَةٌ عاجِلَةٌ اُعْلِنَ بِها، كِتابُ اللَّـهِ جَلَّ ثَناؤُهُ فی اَفْنِیتِكُمْ، وَ فی مُمْساكُمْ وَ مُصْبِحِكُمْ، یهْتِفُ فی اَفْنِیتِكُمْ هُتافاً وَ صُراخاً وَ تِلاوَةً وَ اَلْحاناً، وَ لَقَبْلَهُ ما حَلَّ بِاَنْبِیاءِ اللَّـهِ وَ رُسُلِهِ، حُكْمٌ فَصْلٌ وَ قَضاءٌ حَتْمٌ. ﴿وَمَا مُحَمَّدٌ إِلَّا رَسُولٌ قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلِهِ الرُّسُلُ أَفَإِنْ مَاتَ أَوْ قُتِلَ انْقَلَبْتُمْ عَلَى أَعْقَابِكُمْ وَمَنْ يَنْقَلِبْ عَلَى عَقِبَيْهِ فَلَنْ يَضُرَّ اللَّهَ شَيْئًا وَسَيَجْزِي اللَّهُ الشَّاكِرِينَ ١٤٤﴾ [آل عمران:144] اَیها بَنی قیلَةَ! ءَ اُهْضَمُ تُراثَ اَبی وَ اَنْتُمْ بِمَرْأی مِنّی وَ مَسْمَعٍ وَ مُنْتَدی وَ مَجْمَعٍ، تَلْبَسُكُمُ الدَّعْوَةُ وَ تَشْمَلُكُمُ الْخُبْرَةُ، وَ اَنْتُمْ ذَوُو الْعَدَدِ وَ الْعُدَّةِ وَ الْاَداةِ وَ الْقُوَّةِ، وَ عِنْدَكُمُ السِّلاحُ وَ الْجُنَّةُ، تُوافیكُمُ الدَّعْوَةُ فَلاتُجیبُونَ، وَ تَأْتیكُمُ الصَّرْخَةُ فَلاتُغیثُونَ، وَ اَنْتُمْ مَوْصُوفُونَ بِالْكِفاحِ، مَعْرُوفُونَ بِالْخَیرِ وَ الصَّلاحِ، وَ النُّخْبَةُ الَّتی انْتُخِبَتْ، وَ الْخِیرَةُ الَّتِی اخْتیرَتْ لَنا اَهْلَ الْبَیتِ. قاتَلْتُمُ الْعَرَبَ، وَ تَحَمَّلْتُمُ الْكَدَّ وَ التَّعَبَ، وَ ناطَحْتُمُ الْاُمَمَ، وَ كافَحْتُمُ الْبُهَمَ، لانَبْرَحُ اَوْ تَبْرَحُونَ، نَأْمُرُكُمْ فَتَأْتَمِرُونَ، حَتَّی اِذا دارَتْ بِنا رَحَی الْاِسْلامِ، وَ دَرَّ حَلَبُ الْاَیامِ، وَ خَضَعَتْ نُعْرَةُ الشِّرْكِ، وَ سَكَنَتْ فَوْرَةُ الْاِفْكِ، وَ خَمَدَتْ نیرانُ الْكُفْرِ، وَ هَدَأَتْ دَعْوَةُ الْهَرَجِ، وَ اسْتَوْسَقَ نِظامُ الدّینِ، فَاَنَّی حِزْتُمْ بَعْدَ الْبَیانِ، وَاَسْرَرْتُمْ بَعْدَ الْاِعْلانِ، وَ نَكَصْتُمْ بَعْدَ الْاِقْدامِ، وَاَشْرَكْتُمْ بَعْدَ الْایمانِ؟ بُؤْساً لِقَوْمٍ نَكَثُوا اَیمانَهُمْ مِنْ بَعْدِ عَهْدِهِمْ، وَ هَمُّوا بِاِخْراجِ الرَّسُولِ وَ هُمْ بَدَؤُكُمْ اَوَّلَ مَرَّةٍ، اَتَخْشَوْنَهُمْ فَاللَّـهُ اَحَقُّ اَنْ تَخْشَوْهُ اِنْ كُنْتُمْ مُؤمِنینَ. اَلا، وَ قَدْ أَری اَنْ قَدْ اَخْلَدْتُمْ اِلَی الْخَفْضِ، وَ اَبْعَدْتُمْ مَنْ هُوَ اَحَقُّ بِالْبَسْطِ وَ الْقَبْضِ، وَ خَلَوْتُمْ بِالدَّعَةِ، وَ نَجَوْتُمْ بِالضّیقِ مِنَ السَّعَةِ، فَمَجَجْتُمْ ما وَعَبْتُمْ، وَ دَسَعْتُمُ الَّذی تَسَوَّغْتُمْ، فَاِنْ تَكْفُرُوا اَنْتُمْ وَ مَنْ فِی الْاَرْضِ جَمیعاً فَاِنَّ اللَّـهَ لَغَنِی حَمیدٌ. اَلا، وَ قَدْ قُلْتُ ما قُلْتُ هذا عَلی مَعْرِفَةٍ مِنّی بِالْخِذْلَةِ الَّتی خامَرْتُكُمْ، وَ الْغَدْرَةِ الَّتِی اسْتَشْعَرَتْها قُلُوبُكُمْ، وَ لكِنَّها فَیضَةُ النَّفْسِ، وَ نَفْثَةُ الْغَیظِ، وَ حَوَزُ الْقَناةِ، وَ بَثَّةُ الصَّدْرِ، وَ تَقْدِمَةُ الْحُجَّةِ، فَدُونَكُمُوها فَاحْتَقِبُوها دَبِرَةَ الظَّهْرِ، نَقِبَةَ الْخُفِّ، باقِیةَ الْعارِ، مَوْسُومَةً بِغَضَبِ الْجَبَّارِ وَ شَنارِ الْاَبَدِ، مَوْصُولَةً بِنارِ اللَّـهِ الْمُوقَدَةِ الَّتی تَطَّلِعُ عَلَی الْاَفْئِدَةِ. فَبِعَینِ اللَّـهِ ما تَفْعَلُونَ، وَ سَیعْلَمُ الَّذینَ ظَلَمُوا اَی مُنْقَلَبٍ ینْقَلِبُونَ، وَ اَنَا اِبْنَةُ نَذیرٍ لَكُمْ بَینَ یدَی عَذابٌ شَدیدٌ، فَاعْمَلُوا اِنَّا عامِلُونَ، وَ انْتَظِرُوا اِنَّا مُنْتَظِرُونَ. فأجابها أبوبكر عبداللَّـه بن عثمان، و قال: یا بِنْتَ رَسُولاللَّـهِ! لَقَدْ كانَ اَبُوكِ بِالْمُؤمِنینَ عَطُوفاً كَریماً، رَؤُوفاً رَحیماً، وَ عَلَی الْكافِرینَ عَذاباً اَلیماً وَ عِقاباً عَظیماً، اِنْ عَزَوْناهُ وَجَدْناهُ اَباكِ دُونَ النِّساءِ، وَ اَخا اِلْفِكِ دُونَ الْاَخِلاَّءِ، اثَرَهُ عَلی كُلِّ حَمیمٍ وَ ساعَدَهُ فی كُلِّ اَمْرٍ جَسیمِ، لایُحِبُّكُمْ اِلاَّ سَعیدٌ، وَ لایُبْغِضُكُمْ اِلاَّ شَقِی بَعیدٌ. فَاَنْتُمْ عِتْرَةُ رَسُولاللَّـهِ الطَّیبُونَ، الْخِیرَةُ الْمُنْتَجَبُونَ، عَلَی الْخَیرِ اَدِلَّتُنا وَ اِلَی الْجَنَّةِ مَسالِكُنا، وَ اَنْتِ یا خِیرَةَ النِّساءِ وَ ابْنَةَ خَیرِ الْاَنْبِیاءِ، صادِقَةٌ فی قَوْلِكِ، سابِقَةٌ فی وُفُورِ عَقْلِكِ، غَیرَ مَرْدُودَةٍ عَنْ حَقِّكِ، وَ لامَصْدُودَةٍ عَنْ صِدْقِكِ. وَ اللَّـهِ ما عَدَوْتُ رَأْی رَسُولِللَّـهِ، وَ لاعَمِلْتُ اِلاَّ بِاِذْنِهِ، وَ الرَّائِدُ لایكْذِبُ اَهْلَهُ، وَ اِنّی اُشْهِدُ اللَّـهَ وَ كَفی بِهِ شَهیداً، اَنّی سَمِعْتُ رَسُولاللَّـهِ یقُولُ: «نَحْنُ مَعاشِرَ الْاَنْبِیاءِ لانُوَرِّثُ ذَهَباً وَ لافِضَّةً، وَ لاداراً وَ لاعِقاراً، وَ اِنَّما نُوَرِّثُ الْكِتابَ وَ الْحِكْمَةَ وَ الْعِلْمَ وَ النُّبُوَّةَ، وَ ما كانَ لَنا مِنْ طُعْمَةٍ فَلِوَلِی الْاَمْرِ بَعْدَنا اَنْ یحْكُمَ فیهِ بِحُكْمِهِ». وَ قَدْ جَعَلْنا ما حاوَلْتِهِ فِی الْكِراعِ وَ السِّلاحِ، یقاتِلُ بِهَا الْمُسْلِمُونَ وَ یجاهِدُونَ الْكُفَّارَ، وَ یجالِدُونَ الْمَرَدَةَ الْفُجَّارَ، وَ ذلِكَ بِاِجْماعِ الْمُسْلِمینَ، لَمْ اَنْفَرِدْ بِهِ وَحْدی، وَ لَمْ اَسْتَبِدْ بِما كانَ الرَّأْی عِنْدی، وَ هذِهِ حالی وَ مالی، هِی لَكِ وَ بَینَ یدَیكِ، لاتَزْوی عَنْكِ وَ لانَدَّخِرُ دُونَكِ، وَ اَنَّكِ، وَ اَنْتِ سَیدَةُ اُمَّةِ اَبیكِ وَ الشَّجَرَةُ الطَّیبَةُ لِبَنیكِ، لایدْفَعُ مالَكِ مِنْ فَضْلِكِ، وَ لایوضَعُ فی فَرْعِكِ وَ اَصْلِكِ، حُكْمُكِ نافِذٌ فیما مَلَّكَتْ یدای، فَهَلْترین اَنْ اُخالِفَ فی ذاكَ اَباكِ (صَلَّی اللَّـهُ عَلَیهِ وَ الِهِ وَ سَلَّمَ). فقالت: سُبْحانَاللَّـهِ، ما كانَ اَبی رَسُولُ اللَّـهِ عَنْ كِتابِ اللَّـهِ صادِفاً، وَ لالِاَحْكامِهِ مُخالِفاً، بَلْ كانَ یتْبَعُ اَثَرَهُ، وَ یقْفُو سُوَرَهُ، اَفَتَجْمَعُونَ اِلَی الْغَدْرِ اِعْتِلالاً عَلَیهِ بِالزُّورِ، وَ هذا بَعْدَ وَفاتِهِ شَبیهٌ بِما بُغِی لَهُ مِنَ الْغَوائِلِ فی حَیاتِهِ، هذا كِتابُ اللَّـهِ حُكْماً عَدْلاً وَ ناطِقاً فَصْلاً، یقُولُ: «یرِثُنی وَ یرِثُ مِنْ الِیعْقُوبَ»، وَ یقُولُ: «وَ وَرِثَ سُلَیمانُ داوُدَ». بَینَ عَزَّ وَ جَلَّ فیما وَزَّعَ مِنَ الْاَقْساطِ، وَ شَرَعَ مِنَ الْفَرائِضِ وَالْمیراثِ، وَ اَباحَ مِنْ حَظِّ الذَّكَرانِ وَ الْاِناثِ، ما اَزاحَ بِهِ عِلَّةَ الْمُبْطِلینَ وَ اَزالَ التَّظَنّی وَ الشُّبَهاتِ فِی الْغابِرینَ، كَلاَّ بَلْ سَوَّلَتْ لَكُمْ اَنْفُسُكُمْ اَمْراً، فَصَبْرٌ جَمیلٌ وَ اللَّـهُ الْمُسْتَعانُ عَلی ما تَصِفُونَ. فقال أبوبكر: صَدَقَ اللَّـهُ وَ رَسُولُهُ وَ صَدَقَتْ اِبْنَتُهُ، مَعْدِنُ الْحِكْمَةِ، وَ مَوْطِنُ الْهُدی وَ الرَّحْمَةِ، وَ رُكْنُ الدّینِ، وَ عَینُ الْحُجَّةِ، لااَبْعَدُ صَوابَكِ وَ لااُنْكِرُ خِطابَكِ، هؤُلاءِ الْمُسْلِمُونَ بَینی وَ بَینَكِ قَلَّدُونی ما تَقَلَّدْتُ، وَ بِاتِّفاقٍ مِنْهُمْ اَخَذْتُ ما اَخَذْتُ، غَیرَ مَكابِرٍ وَ لامُسْتَبِدٍّ وَ لامُسْتَأْثِرٍ، وَ هُمْ بِذلِكَ شُهُودٌ. فالتفت فاطمة علیهاالسلام الی النساء، و قالت: مَعاشِرَ الْمُسْلِمینَ الْمُسْرِعَةِ اِلی قیلِ الْباطِلِ، الْمُغْضِیةِ عَلَی الْفِعْلِ الْقَبیحِ الْخاسِرِ، اَفَلاتَتَدَبَّرُونَ الْقُرْانَ اَمْ عَلی قُلُوبٍ اَقْفالُها، كَلاَّ بَلْ رانَ عَلی قُلُوبِكُمْ ما اَسَأْتُمْ مِنْ اَعْمالِكُمْ، فَاَخَذَ بِسَمْعِكُمْ وَ اَبْصارِكُمْ، وَ لَبِئْسَ ما تَأَوَّلْتُمْ، وَ ساءَ ما بِهِ اَشَرْتُمْ، وَ شَرَّ ما مِنْهُ اِعْتَضْتُمْ، لَتَجِدَنَّ وَ اللَّـهِ مَحْمِلَهُ ثَقیلاً، وَ غِبَّهُ وَبیلاً، اِذا كُشِفَ لَكُمُ الْغِطاءُ، وَ بانَ ما وَرائَهُ الضَّرَّاءُ، وَ بَدا لَكُمْ مِنْ رَبِّكُمْ ما لَمْ تَكُونُوا تَحْتَسِبُونَ، وَ خَسِرَ هُنالِكَ الْمُبْطِلُونَ. ثم عطفت علی قبر النبی صلی اللَّـه علیه و آله، و قالت: قَدْ كانَ بَعْدَكَ اَنْباءٌ وَهَنْبَثَةٌ لَوْ كُنْتَ شاهِدَها لَمْ تَكْثِرِ الْخُطَبُ اِنَّا فَقَدْناكَ فَقْدَ الْاَرْضِ وابِلَها وَ اخْتَلَّ قَوْمُكَ فَاشْهَدْهُمْ وَ لاتَغِبُ وَ كُلُّ اَهْلٍ لَهُ قُرْبی وَ مَنْزِلَةٌ عِنْدَ الْاِلهِ عَلَی الْاَدْنَینِ مُقْتَرِبُ اَبْدَتْ رِجالٌ لَنا نَجْوی صُدُورِهِمُ لمَّا مَضَیتَ وَ حالَتْ دُونَكَ التُّرَبُ تَجَهَّمَتْنا رِجالٌ وَ اسْتُخِفَّ بِنا لَمَّا فُقِدْتَ وَ كُلُّ الْاِرْثِ مُغْتَصَبُ وَ كُنْتَ بَدْراً وَ نُوراً یسْتَضاءُ بِهِ عَلَیكَ تنْزِلُ مِنْ ذِی الْعِزَّةِ الْكُتُبُ وَ كانَ جِبْریلُ بِالْایاتِ یؤْنِسُنا فَقَدْ فُقِدْتَ وَ كُلُّ الْخَیرِ مُحْتَجَبُ فَلَیتَ قَبْلَكَ كانَ الْمَوْتُ صادِفُنا لَمَّا مَضَیتَ وَ حالَتْ دُونَكَ الْكُتُبُ.
|
Бархе китобҳо барои ин хутба идомае нақл кардаанд, ки ҳазрати Заҳро (с) пас аз бозгашт ба хона аз ҳазрати Алӣ (а) гилоя кард.[34] Бархе ин бахши санадро аз маъсум надониста ва онро мурсал донистаанд. Иддае аз олимони динӣ низ мазмуни онро напазируфтаанд.[35]
матни арабии хутба | ||
یابْنَ اَبیطالِبٍ! اِشْتَمَلْتَ شِمْلَةَ الْجَنینِ، وَ قَعَدْتَ حُجْرَةَ الظَّنینِ، نَقَضْتَ قادِمَةَ الْاَجْدَلِ، فَخانَكَ ریشُ الْاَعْزَلِ. هذا اِبْنُ اَبی قُحافَةَ یبْتَزُّنی نِحْلَةَ اَبی وَ بُلْغَةَ ابْنَی! لَقَدْ اَجْهَرَ فی خِصامی وَ اَلْفَیتُهُ اَلَدَّ فی كَلامی حَتَّی حَبَسَتْنی قیلَةُ نَصْرَها وَ الْمُهاجِرَةُ وَصْلَها، وَ غَضَّتِ الْجَماعَةُ دُونی طَرْفَها، فَلا دافِعَ وَ لامانِعَ، خَرَجْتُ كاظِمَةً، وَ عُدْتُ راغِمَةً. اَضْرَعْتَ خَدَّكَ یوْمَ اَضَعْتَ حَدَّكَ، اِفْتَرَسْتَ الذِّئابَ وَ افْتَرَشت التُّرابَ، ما كَفَفْتَ قائِلاً وَ لااَغْنَیتَ باطلاً وَ لاخِیارَ لی، لَیتَنی مِتُّ قَبْلَ هَنیئَتی وَ دُونَ ذَلَّتی، عَذیرِی اللَّـهُ مِنْكَ عادِیاً وَ مِنْكَ حامِیاً. وَیلای فی كُلِّ شارِقٍ، وَیلای فی كُلِّ غارِبٍ، ماتَ الْعَمَدُ وَ وَهَنَ الْعَضُدُ، شَكْوای اِلی اَبی وَ عَدْوای اِلی رَبّی، اَللَّـهُمَّ اِنَّكَ اَشَدُّ مِنْهُمْ قُوَّةً وَ حَوْلاً، وَ اَشَدُّ بَأْساً وَ تَنْكیلاً. فقال امیرالمؤمنین علیه السلام: لا وَیلَ لَكِ، بَلِ الْوَیلُ لِشانِئِكِ، نَهْنِهْنی عَنْ وُجْدِكِ، یا اِبْنَةَ الصَّفْوَةِ وَ بَقِیةَ النُّبُوَّةِ، فَما وَنَیتُ عَنْ دینی، وَ لااَخْطَأْتُ مَقْدُوری، فَاِنْ كُنْتِ تُریدینَ الْبُلْغَةَ فَرِزْقُكِ مَضْمُونٌ، وَ كَفیلُكِ مَأْمُونٌ، وَ ما اُعِدَّ لَكِ اَفْضَلُ مِمَّا قُطِعَ عَنْكِ، فَاحْتَسِبِی اللَّـهَ. فقالت: حَسْبِی اللَّـهُ، و أمْسَكَتْ.
|
Шарҳҳо

Бар хутбаи Фадакия шарҳҳое навишта шудааст. Оқобузурги Теҳронӣ дар китоби аз-Зариъа бархе аз онҳоро ном бурдааст: аз ҷумла Кашф-ул-муҳаҷҷа фи шарҳи хутбат-ил-лумма, асари Сайид Абдуллоҳ Шуббар, Шарҳи хутбат-ул-лумма, навиштаи Кирмонии Машҳадӣ, Шарҳи хутбат-ул-лумма, навиштаи Алӣ Нақавии Лакнҳуӣ ва Шарҳи хутбат-ул-лумма, асари Фазлалӣ Қазвинӣ аст.[37] Ҳамчунин Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ дар китоби Биҳор-ул-анвор баъд аз баёни хутба ва масодири он ба шарҳ ва тафсири он пардохтааст.[38] Гуфта шудааст, шарҳи Аллома Маҷлисӣ аз муҳимтарини шарҳҳо дар ин замина аст.[39]
Бархеи дигар аз шарҳҳои хутбаи Фадакия иборатанд аз:
- Маликаи Ислом, шарҳи хутбаи Фадакия ва хутбаи ҳазрати Заҳро (с) дар ҷамъи занони Мадина. Навиштаи Мирзохалил Камараӣ аз интишороти Дор-ул-ирфон
- Хутбаи ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ва моҷарои Фадак, навиштаи Ҳусайнъалии Мунтазирӣ аз интишороти Хиради ово.
- Хутбаи оташини бонуи Ислом дар бистари шаҳодат, таълифи Носир Макорими Шерозӣ
- Шарҳи хутбаи ҳазрати Заҳро (с) асари Сайид Иззуддин Ҳусайнии Занҷонӣ аз интишороти Бустони китоб.
- Баҳси кӯтоҳе перомуни хутбаи Фадакия тавассути Муҷтабо Теҳронӣ аз муассисаи пажуҳишии Масобиҳ-ул-ҳудо.
- Расотарин додхоҳӣ ва равшангарӣ (шарҳи хутбаи ҳазрати Заҳрои Марзия алайҳо салом, маъруф ба хутбаи Фадакия) Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ, аз интишороти Муассисаи омӯзишӣ ва пажуҳишии Имом Хумайнӣ
- Хутбаи Фадакия, мабонии маърифатӣ ва заминаҳои таърихӣ, асари Сайид Муҳаммадмаҳдӣ Мирбоқирӣ аз нашри Тамаддуни навини исломӣ.
Хутбаи Фадакия дар ашъор
Мазмунҳои матраҳшуда дар хутбаи Фадакияи ҳазрати Заҳро (с) тавассути шоирон дар қолаби назм низ ривоят шудааст. Бархе аз ин осор иборатанд аз:
- Қиссаи дард: тарҷумони манзум ва шарҳи хутбаи Фадакияи ҳазрати Заҳро (с) тавассути Маҳдии Малакутифар, нашри Шодиёх 1397ҳ.ш.
- Хутбаи Фадакияи манзум, асари Ақдаси Козимӣ, нашри Бустони китоб
- Бидонед мардум, манам Фотима! Исо Соқиб Бахшоиш, муассисаи фарҳангӣ ва ҳунарии паёми Фотима алайҳо салом, нашри Мисо 1393ҳ.ш.
- Хутбаи манзумаи маликаи Ислом Фотимаи Заҳро алайҳо салом (форсӣ). Муҳаммад Ифтихории Соваҷӣ. Тарҷумаи хутбаи Фадакия ба назм, 1354ҳ.ш.
- Нахли Майсам, Ғуломризо Созгор.
- Ду дарёи раҳмат, Муҳаммадалии Мардонӣ.
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ آموزههای هفتگانه خطبه تاریخی حضرت زهراء, Пойгоҳи итиилоърасонии Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
- ↑ Мирзоӣ, “Аҳамияти зарурат ва ҷойгоҳи имомат дар нигоҳи ҳазрати Сидиқаи Тоҳира (с)”, саҳ.41 ва 45.
- ↑ آموزههای هفتگانه خطبه تاریخی حضرت زهراء, Пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
- ↑ Пӯрсайидоқоӣ, “Хутбаҳои Фотимӣ”, саҳ.47.
- ↑ Шарафиддини Мусавӣ, ал-Муроҷаъот, 1402ҳ.қ., саҳ.392.
- ↑ Надарии Абёна, “Вижагиҳои хитобии хутбаи Фадакия”, саҳ.133.
- ↑ Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, 1326ҳ.қ., саҳ.16.
- ↑ Баҳром, “Фаъолиятҳои иҷтимои занон аз дидгоҳи фиқҳу ҳуқуқ”, саҳ.118.
- ↑ “جوادي آملي: علم ها را از هياتها برداريد”, Тобнок.
- ↑ Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956м., саҳ.40 ва 41.
- ↑ Сураи Исро, ояти 26.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.6, саҳ.468; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.633 - 634: Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.438 - 439; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.177.
- ↑ Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.91; Сайидҷаъфар Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.241.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.543; Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.289 ва 290.
- ↑ Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабийя, 1971м., ҷ.3, саҳ.512.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.543; Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабийя, 1971м., ҷ.3, саҳ.512.
- ↑ Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956м., саҳ.40.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Амиралмуъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.202
- ↑ Садр, Фадак фи-т-таърих, 1415ҳ.қ., саҳ.63-66
- ↑ Садр, Фадак фи-т-таърих, 1415ҳ.қ., саҳ.113-117
- ↑ Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.353 - 364.
- ↑ Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, 1326ҳ.қ., саҳ.16.
- ↑ Алвирӣ, “Хутбат-ул-лумма, санадуҳо ва маконатуҳо инда-ш-шиъа”, 15.
- ↑ Алвирӣ, “Хутбат-ул-лумма, санадуҳо ва маконатуҳо инда-ш-шиъа”, 15.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.215.
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзур, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.567 - 568.
- ↑ Мунтазирӣ, Хутбаи ҳазрати Заҳро алайҳос-салом, 1385ҳ.ш., саҳ.37.
- ↑ Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо 1326ҳ.қ., саҳ.17 - 25.
- ↑ Шаҳидӣ, Зиндагонии Фотимаи Заҳро, 1362ҳ.ш., саҳ.122.
- ↑ Озарбодгон, “Нигоҳе гузаро ба аснод ва манобеи мактуби хутбаи Фадак” портали ҷомеъи улуми инсонӣ.
- ↑ Пӯрсайидоқоӣ, “Хутбаҳои Фотимӣ”, саҳ.51.
- ↑ Шаҳидӣ, Зиндагонии Фотимаи Заҳрои ълиҳоолслом, 1362ҳ.ш., саҳ.126 - 135
- ↑ Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷи ала аҳли-л-лаҷҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.97 - 107.
- ↑ Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷи ала аҳли-л-лаҷҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107 ва 108; Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолб, 1376ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.50.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.234; сайти Валиаср
- ↑ Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷи ала аҳли-л-лаҷҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107 ва 108.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.13, ссаҳ.224 ва ҷ.18, саҳ.58.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.215 - 335.
- ↑ Пӯрсайидоқоӣ, “Хутбаҳои Фотимӣ”, саҳ.58.
Ёддошт
- ↑ Аз чигунагии ҳузури Фотима (с) ва муқаддимоте, ки ӯ барои хондани хутба риоят кардааст, нукотеро истифода кардаанд, монанди: 1 - (ولاثت خِمارها علی رأسها، واشتملت بجلبابها, рӯймолашро ба худаш печиду чодарашро бар худаш афканд) ҳиҷоб ва ифоф, монеъи ҳузури зан дар арсаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ нест. 2 - (واقبلت فی لُمّة من حفدتها و نساء قومها, ва бо гурӯҳе аз занони хешутабор ва хидматкорони худ ба сӯи масҷид равона шуд) шаъну манзалати сиёсӣ доштан, зиддияте бо тавозуъу мардумӣ будан надорад. 3 - (تطاء ذیولها) аҳамияти ҳиҷоб барои Фотима (с) то ба он ҳад буд, ки чодараш он қадар баланд буд, ки рӯи пояшро мепӯшонд ва ба ҳангоми роҳ рафтан бар замин кашида мешуд. 4 - (ما تخرم مشیتها مشیة رسولالله صلی الله علیه وآله, роҳ рафтани ӯ ҳамонанди роҳ рафтани Пайғамбари Худо буд) ҳазрати Фотима (с) натанҳо Расулуллоҳ (с)-ро аз назари фикрӣ, маънавӣ ва сиёсӣ улгӯи худ қарор дода буд, балки аз назари рафторӣ низ он чунон Пайғамбар (с) улгӯи вай буд, ки роҳ рафтану гом бардоштанаш низ ҳамонанди Расулуллоҳ (с) будааст. (گزارش چگونگی ورود حضرت فاطمه سلام الله علیها به مسجدالنبی)
Сарчашма
- Алвирӣ, Муҳсин, «خطبة اللمة-سندها و مکانتها عند الشیعه», ад-Диросот фи-л-улум-ил-инсонийя, ассана 16, № 4, шаволи 1430ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дору мактабатил-ҳилол, 1988м.
- Баҳром, Фарида, “Фаъолиятҳои иҷтимоии занон аз дидгоҳи фиқҳ ва ҳуқуқ”, маҷаллаи Фиқҳ ва ҳуқуқи навин, № 3, 1399ҳ.ш.
- Билодӣ, Отиқ ибни Ғайс, Муъҷаму маъолим-ил-Ҳиҷоз, Дору Макка/ муассисатул-Раён, 1431ҳ.қ.
- Ёқути Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, чопи дувум, 1995м.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Наҷаф, ал-Мактабат вал-матбаъатул-Ҳайдарийя, 1376ҳ.қ.
- Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Қум, Разӣ, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1363ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, «آموزههای هفتگانه خطبه تاریخی حضرت زهراء سلام الله علیها», Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
- Мақризӣ, Аҳмад, Имтоъ-ул-асмоъ би мо ли-н-набии мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал 1420ҳ.қ.
- Марвазӣ, Аҳмад ибни Абитоҳир, Балоғот-ун-нисо, Қоҳира, матбаъат мадраса волидату Аббос ал-Аввал, 1326ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
- Мирзоӣ, Алиризо, «Аҳамияти ҷойгоҳ ва зарурати имомат дар нигоҳи ҳазрати Сидиқаи Тоҳира (с)», дар ду фаслномаи Андешномаи вилоят, № 2, 1394ҳ.ш.
- Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Хутбаи ҳазрати Фотимаи Заҳро алайҳо салом ва моҷарои Фадак, Теҳрон, муассисаи фарҳангии Хиради ово, 1385.
- Надарии Абёна, Фаришта, “Вижагиҳои хитобии хутбаи Фадакия”, дар маҷаллаи Бонувони шиа, № 4, 1384ҳ.ш.
- Озарбодгон, Ҳусайнъалӣ, «نگاهی گذرا به اسناد و منابع مکتوب خطبه فدک», фаслномаи Улуми ҳадис, № 26, 1386ҳ.ш.
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1403ҳ.қ.
- Пӯрсайидоқоӣ, Масъуд, “Хутбаҳои Фотимӣ”, дар Донишномаи Фотимӣ, 1393ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Нашри исломӣ, 1404ҳ.қ.
- Сайидҷаъфар Муртазо Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-наби-ил-аъзам, Қум, Дорул-ҳадис, 1426ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фуруғи вилоят: таърихи таҳлилии зиндагонии амири муъминон Алӣ (а), Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), чопи шашум, 1380ҳ.ш.
- Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсири би-л-маъсур, Бейрут, Дорул-маърифат лил-табоъати ван-нашр, бе то.
- Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳли-л-лаҷоҷ, ба таҳқиқи Муҳаммадбоқир Хирсон, Машҳад, нашри Муртазо, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хиусрав, 1372ҳ.ш.
- Ҳалабӣ, Алӣ ибни Иброҳим, ас-Сират-ул-ҳалабийя, таҳқиқи Абдуллоҳ Муҳаммад Халилӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1971м.
- Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Аҳмад, Шавоҳид-ут-танзили ли қавоъид-ит-тафзил, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Теҳрон, Созмони чоп ва интишороти вазорати иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
- «جوادی آملی: علمها را از هیاتها بردارید», вебгоҳи Тобнок, таърихи дарҷи матлаб: 7 дейи 1386ҳ.ш., таърихи боздид: 8 шаҳривари 1402ҳ.ш.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Муқниъа, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, чопи дувум, 1410ҳ.қ.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
- Шарафиддини Мусавӣ, Сайид Абдулҳусайн, ал-Муроҷаъот, Бейрут, ал-Ҷамъиятул-исломийя, 1402ҳ.қ.
- Шаҳидӣ, Сайидҷаъфар, Зиндагонии Фотимаи Заҳрои алайҳо салом, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1362ҳ.ш.