Ташйиъ ва тадфини ҳазрати Фотима (с)
Ин мақола дар бораи ташйиъ ва тадфини ҳазрати Фотима (с) аст. Барои итилоъ аз воқеаҳои ба ин мавзуъ дахлдор ба мақолаҳои маҳалли дафни ҳазрати Фотима (с) ва шаҳодати ҳазрати Фотима (с)-ро руҷуъ кунед.
Ташйиъ ва тадфини ҳазрати Фотима (с) ба ташйиъ ва дафни шабона ва пинҳонии ҷанозаи ҳазрати Фотима (с) дар соли 11 ҳиҷрии қамарӣ ишора дорад. Фотима (с) васият карда буд ӯро шабона ва пинҳонӣ дафн кунанд, то Абубакр ибни Абуқаҳофа ва Умар ибни Хаттоб дар хоксупории ӯ ҳузур надошта бошанд. Ин васият нишонаи эътирози Фотима ба халифа ва норизоятии ӯ аз иттифоқоти баъд аз реҳлати Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дониста шудааст.
Ҷанозаи Фотима бо ҳузури теъдоди каме ҳамчун Имом Алӣ (а), Ҳасанайн (а), Ақил ибни Абитолиб, Аббос ибни Абдулмуталлиб, Аммори Ёсир, Миқдод ибни Асвад, Зубайр ибни Авом, Абузари Ғифорӣ ва Салмони Форсӣ ва бидуни ҳузури Абубакру Умар ба хок супорида шуд. Маҳали дафни Фотима (с) номаълум аст.
Пас аз итилоъи мардум аз дафни шабонаи ҳазрати Фотима (с), Умар ибни Хаттоб хостори набши қабр ва намози дубора бар Фотима шуд, вале пас аз таҳдиди Имом Алӣ (а), аз хостаи худ сарфи назар кард.
Шаҳодати ҳазрати Фотима (с)
Мақолаи аслӣ: Шаҳодати ҳазрати Фотима (с)
Фотима (с) духтари Пайғамбари Акрам (с) пас аз муддате беморӣ ва дар асари садамоти ҷисмии ношӣ аз ҳаводиси пас аз реҳлати Пайғамбар, дар соли 11 ҳиҷрӣ даргузашт.[2] Дар бораи таърихи шаҳодати ӯ байни чиҳил шаб то ҳашт моҳ баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) ихтилофи назар аст.[3] 95 рӯз баъд аз реҳлати Пайғамбар (с)[4] яъне сеюми ҷамодиссонӣ[5]-ро машҳуртарин қавл назди шиа донистаанд[6] ва 75 рӯз баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) яъне 13 ҷамодилаввал[7] аз дигар нақлҳост.
Иҷтимои мардум барои ташйиъи ҷаноза
Ҳазрати Фотима пас аз ғуруби офтоб аз дунё рафт.[8] Бино бар нақли Фатоли Нишобурӣ дар китоби Равзат-ул-воъизин мардуми Мадина нолакунон ба хонаи Имом Алӣ (а) рафтанд ва мунтазир монданд, то бар ҷаноза намоз бихонанд, вале Абузар ба назди мардум рафта гуфт, ташйиъи духтари Пайғамбар ба таъхир афтодааст ва мардум пароканда шуданд.[9]
Аббос амаки Пайғамбар (с) аз Имом Алӣ (а) хост, ки муҳоҷирон ва ансорро барои ташйиъ ва намози ҷаноза ҷамъ кунад, ки дар ин кор, зебоие барои дин аст. Имом Алӣ (а) дар посухи ӯ гуфт, ки наметавонад ба ин тавсияи ӯ амал кунад; зеро Фотима (с) васият кардааст, намоз ва ташйиъи ӯ пинҳонӣ бошад.[10] Бар асоси нақли Салим ибни Қайс, дар шаби вафоти Фотима, Абубакру Умар аз Имом Алӣ (а) хостанд, ки дар намоз хондан бар ҷанозаи Фотима (с) бар он ду пешӣ нагирад.[11]
Ғусл, кафан ва намоз
Фотима (с) васият кард, ки ҳамсараш Имом Алӣ (а) бадани ӯро ғусл диҳад.[13] Ҳамчунин аз Асмо бинти Умайс хост, ки дар ғусли бадани ӯ ба Имом Алӣ (а) кумак кунад.[14] Имом Алӣ ва Асмо бар тибқи васияти Фотима, ӯро ғусл дода[15] кафан карданд.[16]
Ҳусайн ибни Абдулваҳҳоб дар китоби Уюн-ул-муъҷизот[17] ва Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар китоби Далоил-ул-имомат,[18] аз олимони шиа дар қарни панҷуми ҳиҷрӣ, нақл кардаанд, ки фақат Имом Алӣ (а) ба ҳамроҳи Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а), бар ҷанозаи Фотима (с) намоз хонданд. Дар бархе манобеъ теъдоди нафароти ширкаткунанда бештар зикр шудааст, аз ҷумла Фатоли Нишобурӣ, олими шиаи қарни панҷуму шашум, дар Равзат-ул-воъизин,[19] ва Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, олими қарни шашум дар китоби Эълом-ул-варо[20] нақл кардаанд, ки афзун бар Имом Алӣ (а) ва Ҳасанайн (а), Ақил бародари Имом Алӣ (а), Аммор, Миқдод, Зубайр, Абузар, Салмон, Бурайда ибни Ҳусайб ва теъдоде аз Банӣ Ҳошим низ бар ҷанозаи ҳазрати Фотима (с) намоз хонда, ӯро дафн карданд. Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор ривояте нақл кардааст, ки афроди ҳозир дар дафни ҳазрати Фотима (с), Салмони Форсӣ, Миқдод, Абузари Ғифорӣ, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Аббос ибни Абдулмуталлиб ва Зубайр ибни Авом будаанд.[21] Дар китоби Салим ибни Қайс омадааст, ки Аббос амаки Пайғамбар дар намоз бар ҷанозаи ҳазрати Фотима (с) пешнамоз будааст.[22]
Иллати бохабар накардани мардум
Иллати махфиёна будани маросими намоз ва хоксупорӣ, васияти Фотима (с) будааст; бино бар нақли Фатоли Нишобурӣ, Фотима (с) ба Имом Алӣ (а) васият кард, ҳеҷ як аз афроде, ки ба ӯ зулм карда, ҳаққашро ғасб намуда буданд, бар ӯ намоз нахонанд ва дар ташйиъи ҷанозааш ширкат накунанд.[23] Ҳамчунин васият кард, ки ӯро дар торикии шаб ва замоне, ки мардум хобанд, дафн кунанд.[24]
Шайхи Садуқ низ ривоят кардааст, ки вақте аз Имом Алӣ (а) иллати дафни шабона ва махфиёнаи Фотима (с)-ро пурсиданд, Имом дар ҷавоб фармуд: Фотима аз гурӯҳе хашмгин буд ва дӯст намедошт онон дар ташйиъи ҷанозааш ширкат кунанд.[25] Ибни Қутийбаи Динаварӣ, олим ва муҳаддиси аҳли суннат дар қарни сеюми ҳиҷрӣ низ нақл кардааст, ки Фотима васият кард, шабона дафн шавад, то Абубакр дар дафни ӯ ҳозир нашавад.[26]
Хоксупорӣ
Мақолаи аслӣ: Маҳали дафни ҳазрати Фотима (с)
Имом Алӣ (а) пас аз дафни ҳазрати Фотима хитоб ба қабри Пайғамбари Ислом:
«Эй Расули Худо, бар марги духтари баргузидаи ту, шикебоии ман андак аст ва тоқату тавонам аз даст рафта... Он вадиат бозгардонда шуд ва он амонат ба соҳибаш расид. Андӯҳи маро поёне нест; ҳамаи шаб хоб ба чашмам наравад, то онгоҳ, ки Худованд барои ман сароеро, ки ту дар он ҷо гирифтаӣ, ихтиёр кунад. Ба зудӣ, духтарат туро хабар диҳад, ки чигуна умматат гирд омаданд ва бар ӯ ситам карданд!».[27]
Дар таърихи Яъқубӣ, аз манобеи торихии қарни сеюм омадааст, ки ҷанозаи Фотима (с) шабона дафн шуд ва ҳангоми хоксупорӣ, фақат Салмону Абузару Миқдод ҳузур доштанд.[28] Фатоли Нишобурӣ теъдоди ҳозиронро каме беш аз ин дониста аст.[29] Бар асоси сухане аз Имом Алӣ (а) ҳангоми дафни Фотима (с), ду даст монанди дастони Пайғамбари Худо аз даруни қабр зоҳир шуда, ба ӯ дар дафни Фотима (с) кумак кардааст. [Ниёзманди манбаъ]
Имом Алӣ (а) пас аз дафни Фотима (с), осори қабрро аз байн бурд, то қабр мушаххас набошад.[30]
Қабри Фотима (с) ва ҳатто маконе, ки қабр дар он қарор дорад номаълум аст. Дар бораи маҳали дафн нақлҳои мухталифе вуҷуд дорад,[31] аз ҷумла:
- Равзат-ун-набӣ[32]
- Хонаи ҳазрати Фотима ва Имом Алӣ (а). Ин макон бо густариши Масҷидуннабӣ дар замони Банӣ Умайя, бахше аз масҷид шуд.[33]
- Бархе манобеъ ба сурати мутлақ қабристони Бақиъро ба унвони маҳали дафни ҳазрати Фотима зикр кардаанд.[34]
- Хонаи Ақил ибни Абитолиб[35] хонаи Ақил, хонае бузург, дар канори қабристони Бақиъ буд,[36] ки пас аз дафн шудани Фотима бинти Асад, Аббос ибни Абдулмуталлиб ва чанд тан аз имомони шиа (а) дар он, аз ҳолати маскунӣ ба сурати зиёратгоҳ тағйир ёфт.[37]
Вақоеъи баъд аз хоксупорӣ
Ҳамчунин бибинед: Сохтани қабрҳое барои пинҳон мондани қабри Фотима (с)
Имом Алӣ (а) барои пинҳон мондани қабри Фотима (с) ва ҷилавгирӣ аз ёфта шудани он, илова бар аз байн бурдани осори қабр,[38] ҳафт қабр[39] ва ба қавле чиҳил қабри[40] дигар низ дуруст кард.
Дар китоби Салим ибни Қайс омадааст, субҳи рӯзи баъд аз дафни Фотима (с), Абубакру Умар ибни Хаттоб ба ҳамроҳи мардум, барои намоз хондан бар ҷаноза рафтанд ва Миқдод ба онҳо гуфт, ки ҷанозаро дишаб дафн кардаанд.[41]
Мардум бо итилоъ аз дафни Фотима (с) аз инки натавонистаанд дар ташйиъ ва намози ҷаноза бар танҳо фарзанди Пайғамбар (с) ҳозир шаванд, нороҳат шуда, якдигарро маломат мекарданд.[42] Бино бар нақли Салим ибни Қайс, Умар ибни Хаттоб пас аз итилоъ аз намоз ва дафни махфиёна, ба Абубакр гуфт: ба ту гуфта будам, ки инон чунин хоҳанд кард.[43] Ҳамчунин Умар мушоҷирае бо Аббос ибни Абдулмуталлиб дошт ва Банӣ Ҳошимро ба ҳасодат муттаҳам кард. Аббос низ инро васияти Фотима донисту гуфт, ӯ васият кард шумо ду нафар бар ӯ намоз нахонед.[44]
Бино бар ончӣ дар Биҳор-ул-анвор омадааст, Умар ибни Хаттоб[Ёддошт 1] гуфт бархе аз занони мусулмонро биоваред, то ин қабрҳоро набш кунанд ва ҷанозаи Фотимаро пайдо кунанд, то мо бар он намоз бихонему дубора дафн кунем ва қабрашро зиёрат кунем.[45] Вақте ин хабар ба Имом Алӣ (а) расид, бисёр хашмгин шуд ва шамшерашро бардошту ба Бақиъ рафт[46] ва пас аз мушоҷирае, ки байни ӯ ва Умар даргирифт,[47] ба Умар гуфт агар шамшери худро аз ғилоф берун биоварам, ба ҷояш барнамегардонам, магар инки туро кушта бошам.[48] Ӯ ҳамчунин хитоб ба афроде, ки хоҳони набши қабр буданд, гуфт, ки агар касе сангеро аз рӯи ин қабрҳо ҷобаҷо кунад, ӯро хоҳад кушт.[49] Пас аз ин таҳдидҳо, Умар аз тасмими худ мунсариф шуд.[50] Бар асоси бархе нақлҳо пас аз ин гуфтугӯ, Абубакр Имом Алӣ (а)-ро ором карда гуфт, коре ки Алӣ (а) дӯст надошта бошадро анҷом нахоҳад дод.[51]
Эзоҳ
- ↑ “Лоҳут дар тобут”, пойгоҳи ортибишн.
- ↑ Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.793.
- ↑ Шаҳидӣ, Зиндагонии Фотимаи Заҳро, 1363ҳ.ш., саҳ.154.
- ↑ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.300.
- ↑ Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.793.
- ↑ Шубайрӣ, “Шаҳодати Фотима (с)”, саҳ.347.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.241 ва 458.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.200.
- ↑ Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воъизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151 - 152.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.156.
- ↑ Сулайм ибни Қайс, китоби Сулайм ибни Қайси Алҳилолӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.870.
- ↑ “Маҷмӯъаи осори устод Ризо Бадруссамо барои ҳазрати Заҳро (с)”, сайти Раҳёфта.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.115.
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.364.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.115.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.201.
- ↑ Ибни Абдулваҳҳоб, Уюн-ул-муъҷизот, Қум, саҳ.55.
- ↑ Табарии Омулӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.136.
- ↑ Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воъизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151 - 152.
- ↑ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.300.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.200.
- ↑ Сулайм ибни Қайс, китоби Сулайм ибни Қайси Алҳилолӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.870.
- ↑ Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воъизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151.
- ↑ Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воъизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151.
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1400ҳ.қ., саҳ.658.
- ↑ Ибни Қутайба, Таъвилу мухталаф-ил-ҳадис, 1999м., саҳ.427.
- ↑ Наҳҷулбалоға, хутбаи 193, 1377ҳ.ш., саҳ.420 - 421.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.115.
- ↑ Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воъизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151 - 152.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.193.
- ↑ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.300.
- ↑ Табарии Омулӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.136.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.461.
- ↑ Ибни Абдулваҳҳоб, Уюн-ул-муъҷизот, Қум, саҳ.55.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.599.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.33.
- ↑ Наҷмӣ, “Қабри Фотима (с) ё қабри Фотима бинти Асад”, саҳ.100.
- ↑ Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воъизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.152.
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.363.
- ↑ Ибни Абдулваҳҳоб, Уюн-ул-муъҷизот, Қум, саҳ.55.
- ↑ Сулайм ибни Қайс, китоби Сулайм ибни Қайси Алҳилолӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.870 - 871.
- ↑ Ибни Абдулваҳҳоб, Уюн-ул-муъҷизот, Қум, саҳ.55; Табарии Омулӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.136.
- ↑ Сулайм ибни Қайс, китоби Сулайм ибни Қайси Алҳилолӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.871.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.304.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.304.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.212.
- ↑ Табарии Омулӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.137.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.304.
- ↑ Табарии Омулӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.137.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.304.
- ↑ Табарии Омулӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.137.
Ёддошт
Сарчашма
- Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқ: Муҳаммад Абдуқодири Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошӯби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиби алайҳиссалом, Қум, интишороти Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
- Ибни Абдулваҳҳоб, Ҳусайн, Уюн-ул-муъҷизот, Қум, мактабатул-доварӣ, чопи аввал, бе то.
- Ибни Қутийбаи Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, Таъвилу мухталаф-ил-ҳадис, беҷо, алишроқ, 1999м.
- Сулайм ибни Қайс, китоби Сулайм ибни Қайс Алҳилолӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Муҳаммад Ансории Занҷонии Хуинӣ, Қум, нашри Алҳодӣ, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
- Шубайрӣ, Сайид Муҳаммадҷавод, “Шаҳодати Фотима (с)”, донишномаи Фотимӣ (с), ҷ.1, Теҳрон, пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, чопи аввал, 1393ҳ.ш.
- Шаҳидӣ, Сайидҷаъфар, Зиндагонии Фотимаи Заҳро (с), Теҳрон, дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1363ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, аъламӣ, Бейрут, чопи панҷум, 1400ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид ва силоҳ-ул-мутаъаббид, Бейрут, муассисаи фиқҳушшиъа, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Доруссақофа, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
- Табарии Омулӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Далоил-ул-имомат, Қум, Беъсат, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Иброҳим, Муҳаммад Абулфазл, Бейрут, Дорултурос, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
- Фаттоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воъизин ва басират-ул-муттаъизин, Қум, интишороти Разӣ, чопи аввал, 1375ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- “Лоҳут дар тобут”, пойгоҳи ортибишн, таърихи боздид: 13 хурдоди 1401ҳ.ш.
- “Маҷмӯъаи осори устод Ризо Бадруссамо барои ҳазрати Заҳро (с)”, сайти Раҳёфта, таърихи дарҷи матлаб: 12 исфанди 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 11 фарвардини 1401ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Наҷмӣ, Муҳаммадсодиқ, “Қабри Фотима (с) ё қабри Фотима бинти Асад”, Миқоти ҳаҷ, шумораи 7: баҳори 1373ҳ.ш.
- Наҳҷулбалоға, тарҷумаи Абдулмуҳаммади Оятӣ, Теҳрон, нашр ва пажӯҳиши Фарзонрӯз, 1377ҳ.ш.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, чопи аввал, бе то.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found