Бонуи биҳишт (филм)

Аз wikishia
Намоди филми Бонуи биҳишт

Бонуи биҳишт (англисӣ: The Lady of Heaven) филмест, ки ба рӯйдодҳои таърихии ибтидои Ислом бахшида шудааст. Дар ин филм зимни намоиши ҷиноятҳои гурӯҳи ДИИШ аз рӯйдодҳои таърихӣ, аз қабили воқеаи Ғадири Хум, ҳамла ба хонаи ҳазрати Алӣ (а), оташ задани дари хона ва шаҳодати ҳазрати Заҳро (а) сухан меравад.

Ин филм дар марҳалаи пеш аз сохт, бо интиқод ва вокуниши теъдоде аз уламо ва мароҷеи тақлиди шиа рӯ ба рӯ шуд. Баъзе аз олимони шиа кумак дар таҳия, пахш ва тамошои ин филмро ҳаром хонда, онро сабаби ҷудоиандозии байни шиаён ва аҳли суннат медонанд.

Номи ин филм дар соли 2018 "Явм-ул-азоб" (Рӯзи озору шиканҷа) эълом шуд ва баъд аз таҳия, номи он ба "Бануи биҳишт" табдил шуд. Бонуи биҳишт 10-уми декабри 2021 дар кинотеатрҳои Амрико намоиш дода шуд.

Созмони танзими садо ва тасвири фарогир дар фазои маҷозӣ нашри онро дар ҳамаи расонаҳои садо ва тасвири фарогири Ҷумҳурии исломии Эрон мамнуъ кардааст.

Дар бораи филм

Номи аввалияи ин филм дар 2018 ва дар мароҳили пеш аз сохт, Явму-л-азоб (рӯзи озору шиканҷа) эълом шуд ва баъд аз сохт ба Бонуи биҳишт (The Lady of Heaven) тағйири ном ёфт.[1] Бонуи биҳишт аз 10 декабри 2021 мелодӣ дар синамоҳои Амрико ба намоиши умум гузошта шуд.[2]

Будҷети ин филм ҳудуди понздаҳ миллион доллар будааст[3].

Достони филм

Бонуи биҳишт ривояти ду достон бо фосилаи 1400 сол аст; бар ин асос, баъд аз ин ки кудаки ироқие дар як кишвари ҷангзада, модари худро аз даст медиҳад ва бо шунидани моҷарои таърихие роҷеъ ба ҳазрати Фотима (с), ки аз забони як зани солманди шиа ривоят мешавад, аҳамият ва қудрати сабрро ёд мегирад.[4]

Ин филм дар зимни намоиши ҷиноёти гурӯҳи ДИИШ, ба рӯйдодҳои таърихие чун воқеаи Ғадири Хум, ҳамла ба хонаи ҳазрати Алӣ (а), оташ задан дари хона ва шаҳодати ҳазрати Заҳро (с) мепардозад.[5]

Дар филми Бонуи биҳишт чеҳраи Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а) ба ҳолае аз нур ва ба таври ошкору равшан нишон дода шудааст, аммо чеҳраи ҳазрати Фотима (с) дар он намоён нест.[6]

Гуфта шудааст филм илқокунандаи ин таҳлил аст, ки ДИИШ аз андешаи аҳли суннат ба вуҷуд омадааст[7] ва ҳадафи он низ ғайримумкин донистани ваҳдати шиа ва аҳли суннат аст.[8]

Созандагони филм

Коргардони филми Бонуи биҳишт - Эли Кинг, ва таҳиякунандаи он ҳайъати «Худдом-ул-Маҳдӣ» мансуб ба Ёсир ал-Ҳабиб аст.[9] Ҳамчунин, нависандаи ин филм - Ёсир ал-Ҳабиб, рӯҳонии шиаи кувайтии сокини Англия аст,[10] ки дар соли 2013 баъд аз суханони ӯ бар зидди Оиша - ҳамсари Пайғамбари Акрам (с), Сайид Алии Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар фатвое, тавҳин ба муқаддасот ва бузургони мазҳабҳои дигар, аз ҷумла ҳамсарони ҳамаи пайғамбаронро ҳаром эълом кард.[11]

Аксулъамалҳо

Филми Бонуи биҳишт, аксулъамалҳои гуногунеро пеш аз итмоми сохт ва пас аз он дар пай доштааст:

Аксулъамалҳо пеш аз сохт

Баъд аз интишори хабари оғози сохти филми Явм-ул-азоб ва матраҳ шудани мавзуъ ва муҳтавои он дар соли 2016 мелодӣ, ин филм бо интиқоди бархе мароҷеъи тақлид ва уламои шиа рӯ ба рӯ шуд; аз ҷумла:

  • Носир Макорими Шерозӣ дар ҷавоб ба суоле, ҳар гуна кумак ба таҳия, нашр ва тамошои ин филмро гуноҳи кабира донист.[12] Дар ҷавоби ин суол ва истифтоъ омадааст, созандагони ин филм душманони Исломанд, ва касоне ки ҳомии чунин филмҳои тафриқаангезанд, аз шиаён нестанд ва паёми онҳо низ паёми Ислому шиа нест.[13]
  • Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ сохти ин филмро ба салоҳи уммати исломӣ надониста ва ҳар гуна мусоидат ва тавваҷуҳ ба он ва тамошои онро ҳаром ва хилофи шаръ эълом кард.[15]
  • Ҷаъфари Субҳонӣ сохти ин филмро таъминкунандаи хостаи душманони Ислом ва дур аз ақлу тақво хонд. Ҳамчунин сохт ва кумаки молӣ ба онро ҳаром эълом кард.[16]

Аксулъамалҳо баъд аз сохт

Баъд аз эъломи хабари поёни сохти филм, ҷамъияти уламои Ҷабали Омил бо судури баёнияе иқдоми Ёсир ал-Ҳабиб барои тавлид ва пахши ин филмро бо ҳимояти созмонҳои иттилоотии Англия донист, ки бо ҳадафи эҷоди ихтилоф байни мусулмонон анҷом шудааст.[17]

Созмони танзими муқаррароти савт ва тасвири фарогир дар фазои маҷозӣ (Сотро) дар Эрон низ соли 2020, бо судури баёнияе филми Бонуи биҳиштро ба далели доштани муҳтавое бо мавзуоти нафратпарокан, тафриқаафкан, барангехтани таассуботи нажодӣ ки бо тавҳин ба мазоҳиби исломӣ, ваҳдати ҷаҳони Исломро мавриди ҳамла қарор медиҳад, нақзкунандаи дастурулъамалҳои муҳтавоии Сотро донист ва интишори онро дар ҳамаи расонаҳои савту тасвири фарогири Ҷумҳурии исломии Эрон мамнуъ эълом кард.[18]

Созмони танзими муқаррарот ва иртибототи радиои Покистон (PTA) дар 3 январи 2021, аз шабакаҳои иҷтимоӣ хост, барои пок кардани ҳар гуна муҳтавои марбут ба филми Бонуи биҳишт иқдом кунанд.[19]

Эзоҳ

  1. «صدور قرار اتحادی بخصوص الاسم الإعلانی للفیلم العالمی», сайти расмии Шайх Ёсир ал-Ҳабиб.
  2. Вебсайти IMDB
  3. The Lady of Heaven, сайти IMDB
  4. «Бонуи биҳишт ба нависандагии Ёсир ал-Ҳабиб экрон мешавад», сайти Динонлайн
  5. «Оё филими Бонуи биҳишт дар иддаои худ содиқ аст?», хабаргузории Меҳр
  6. Ҷузъиёти бештар аз филми ҷанҷолии Бонуи биҳишт, хабаргузории Донишҷӯ
  7. Ҷузъиёти бештар аз филми ҷанҷолии Бонуи биҳишт, хабаргузории Донишҷӯ; Чаро бояд мусалмонон ва ҷомеаи шиӣ ба филми Бонуи биҳишт вокуниш нишон диҳанд?, пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза
  8. Чаро бояд мусалмонон ва ҷомеаи шиӣ ба филми Бонуи биҳишт вокуниш нишон диҳанд?, пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза
  9. «Оё филими Бонуи биҳишт дар иддаои худ содиқ аст?», хабаргузории Меҳр
  10. «Оё филими Бонуи биҳишт дар иддаои худ содиқ аст?», хабаргузории Меҳр
  11. «Тавҳин ба Оиша ва ҳар як аз намодҳои аҳли суннат ҳаром аст.», сайти хабаргузории Онлайн
  12. «Бознашри истифтоӣ дар мавриди як асари синамоӣ», хабаргузории дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
  13. «Бознашри истифтоӣ дар мавриди як асари синамоӣ», хабаргузории дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
  14. «Вокуниши Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ ба сохти филми Явм-ул-азоб», хабаргузории АБНО
  15. «Бознашри назари мароҷеи тақлид дар бораи филми синамоии Бонуи биҳишт + санад», хабаргузории расмии Ҳавза
  16. «Посухи Оятуллоҳ Субҳонӣ ба саволи перомуни сохти филми тафриқаангези Яам-ул-азоб», пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Субҳонӣ
  17. «تجمع علماء جبل عامل یستنکر انتاج فیلم سیدة الجنة السینمائی», сайти шабакаи ал-Олам
  18. «Сотро интишори филми тафриқаафканонаи англисиро мамнуъ эълом кард», вебсайти Сотиро
  19. PTA directs social media platforms to block trailers of sacriligous film 'LADY OF HEAVEN'

Сарчашма

  • «PTA directs social media platforms to block trailers of sacriligous film 'LADY OF HEAVEN», вебсайти расмии созмони танзими муқаррарот ва иртибототи радиои Покистон (PTA), санаи интишор: 3 январи 2021м.
  • «Бознашри истифтоъ дар мавриди як асари синамоӣ», пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи дарҷи матлаб: 8 дейи 1399ҳ.ш., санаи боздид: 10 дейи 1399ҳ.ш.
  • «Бознашри назари мароҷеъи тақлид дар бораи филми синамоии Бонуи биҳишти + санад», хабаргузории расмии Ҳавза, интишор, 8 дейи 1399ҳ.ш., боздид 13 баҳмани 1399ҳ.ш.
  • «Бонуи биҳишт ба нависандагии Ёсир ал-Ҳабиб экрон мешавад + трейлери филми Саййидат-ул-ҷаннат», сайти Динонлайн, санаи дарҷи матлаб: 7 дейи 1399ҳ.ш., санаи боздид: 10 дейи 1399ҳ.ш.
  • «Вокуниши Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ ба сохти филми Явм-ул-азоб», хабаргузории АБНО, санаи интишор: 14 тири 1395ҳ.ш.
  • «Оё филми Бонуи биҳишт дар иддаои худ содиқ аст?», хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 7 дейи 1399ҳ.ш., санаи боздид: 8 дейи 1400ҳ.ш.
  • «Посухи Оятуллоҳ Субҳонӣ ба суоли перомуни сохти филми тафриқаангези Явм-ул-азоб», пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Субҳонӣ.
  • «Сотиро интишори филми тафриқаафканонаи англисиро мамнуъ эълом кард», вебсайти Сотиро.
  • «Тавҳин ба Оиша ва ҳар як аз намодҳои аҳли суннат ҳаром аст», сайти хабаргузории Хабаронлайн, санаи дарҷи матлаб: 12 меҳри 1389ҳ.ш., санаи боздид: 10 дейи 1399ҳ.ш.
  • «Таҷаммуъи уламои Ҷабали Омил ястанкиру интоҷа филм Саййидат-ул-ҷаннат ас-синамоӣ», сайти шабакаи ал-Олам, санаи интишор: 28 декабри 2020.
  • «Чаро бояд мусулмонон ва ҷомеъаи шиъӣ ба филми Бонуи биҳишт вокуниш нишон диҳанд», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, санаи дарҷи матлаб: 15 дейи 1399ҳ.ш., санаи боздид: 8 дейи 1400ҳ.ш.
  • «Ҷузъиёти бештар аз филми ҷанҷолии Бонуи биҳишт», хабаргузории Донишҷӯ, санаи дарҷи матлаб: 7 дейи 1399ҳ.ш., санаи боздид: 8 дейи 1400ҳ.ш.