Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Ояти 97 сураи Юсуф

Аз wikishia
Ояти 97 сураи Юсуф
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиСураи Юсуф
Шумораи оят97
Ҷузъ13
Макони нузулМакка
Мавзуъэътиқодӣ
Дар бораидархости бародарони Юсуф аз Яъқуб барои талаби бахшоишашон аз Худо
ДигарТавассул ва шафоат
Оёти муртабитОяти 64 сураи Нисо, Ояти 35 сураи Моида, Ояти 114 сураи Тавба


Ояти 97 сураи Юсуф (форсӣ: آیه ۹۷ سوره یوسف) ба дархости бародарони Юсуф аз падарашон Яъқуб ишора дорад, ки аз ӯ мехоҳанд барои омурзишашон назди Худованд шафоат кунад.

Олимони шиа барои исботи машруияти тавассул ба авлиёи Илоҳӣ ва шафоатхоҳӣ аз онҳо ба ин оят истинод мекунанд. Ҳамчунин аз ин оят барои радди даъвои ваҳҳобиён дар бораи ширк пиндоштани ин аъмол истифода мешавад, ба ин ки агар ин аъмол ширк буд, пайғамбари Худо бо дархости фарзандони худ мувофиқат намекард.

Муаррифӣ

Ояти 97 сураи Юсуф ба дархости фарзандони Яъқуб аз падарашон барои бахшиши гуноҳонашон аз ҷониби Худованд ишора дорад.[1] Аз ин оят дар мабоҳиси эътиқодӣ монанди машруияти тавассул ва шафоатхоҳӣ истифода шудааст.[2] Ривоёте низ дар иртиботи ин оят бо тавассул дар китобҳои фариқайн нақл шудааст.[3]


Ин оят ҷузъи оятҳои поёнии сураи Юсуф ва аз маҷмуаи оятҳои марбут ба достони Юсуф аст. Бар асоси ин оятҳо, бародарони Юсуф пас аз он ки худро хатокор (тавтеа алайҳи Юсуф, дурӯғгӯӣ ва озор додани падар) ёфтанд,[4] падарашонро восита қарор доданд, то барои онҳо аз Худованд талаби омурзиш кунад.[5] Дар ояти баъдӣ, ҳазрати Яъқуб бо ёдоварии бахшоишгарии Худо, ба фарзандони худ ваъда дод, ки барои онҳо аз даргоҳи Илоҳӣ талаби мағфират хоҳад кард.[6] Бар асоси назари муфассирон, бародарони Юсуф ба далели итминон аз иҷобати дуои пайғамбар ва баҳрамандӣ аз дуои падаронае, ки ҳамроҳ бо мақоми нубувват буд, Яъқубро ҳамчун шафии худ баргузиданд.[7]

Истинод ба оят барои машруияти тавассул ва шафоат

Ояти 97 сураи Юсуф аз оятҳоест, ки машруияти тавассул ва раво будани шафоат аз он бардошта шудааст.[8] Ин гуна далел оварда шуда, ки бародарони Юсуф, пайғамбареро, ки дар миёни онҳо буд, восита қарор доданд, то барои талаби бахшиш назди Худованд шафиъ бошад ва ҳазрати Яъқуб низ ин дархостро рад накард, балки ваъда дод барои онҳо истиғфор кунад.[9] Ин амал нишон медиҳад, ки талаби шафоат ва восита қарор додани шахсе, ҳеч зиддияте бо тавҳид надорад.[10]

Аз назари олимони шиа, ин оят, дидгоҳи Ибни Таймия ва ваҳҳобиятро, ки талаби шафоат ва тавассулро ширк мепиндоранд,[11] рад мекунад;[12] зеро ки онҳо тавассул ба авлиёи Илоҳӣ пас аз ҳаёташонро ҷоиз намедонанд,[13] аммо ин оят бе ҳеҷ қайду шарте, машруияти ин амалро исбот мекунад.[14]

Эзоҳ

  1. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.5, саҳ.403; Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.11, саҳ.245; Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, ҷ.3, саҳ.176; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.13, саҳ.42.
  2. Барои намуна ниг.: Субҳонӣ, Буҳус фи-л-милал ва-н-ниҳал, ҷ.4, саҳ.374; Макорими Шерозӣ, Шиа посух мегӯяд, саҳ.93.
  3. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, ҷ.1, саҳ.356; Макорими Шерозӣ, Оёт-ул-вилоя фи-л-Қуръон, саҳ.203 - 205.
  4. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.6, саҳ.195; Ҳаққӣ Бурусавӣ, Тафсири руҳ-ул-баён, ҷ.4, саҳ.318; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.10, саҳ.71.
  5. Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, ҷ.4, саҳ.356.
  6. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.10, саҳ.71.
  7. Ҳусайнии Шерозӣ, Тақриб-ул-Қуръон, ҷ.3, саҳ.42.
  8. Субҳонӣ, Буҳус фи-л-милал ва-н-ниҳал, ҷ.4, саҳ.374; Макорими Шерозӣ, Шиа посух мегӯяд, саҳ.93; Макорими Шерозӣ, ал-Амсал, ҷ.19, саҳ.98.
  9. Макорими Шерозӣ, Оёт-ул-вилоя фи-л-Қуръон, саҳ.201; Ҳусайнинасаб, Шиа посух медиҳад, саҳ.145; Ҳусайнии Авсатӣ, Давозада гуфтор дар бораи Ҳазрати Маҳдӣ (а), саҳ.123 - 124.
  10. Макорими Шерозӣ, Оёт-ул-вилоя фи-л-Қуръон, саҳ.201 - 205.
  11. Барои намуна ниг.: Ибни Таймия, Маҷмуъ-ул-фатово, ҷ.1, саҳ.159; Ибни Таймия, Маҷмуат-ур-расоил ва-л-масоил, ҷ.1, саҳ.22 - 23; Ибни Абдулваҳҳоб, ар-Расоил-уш-шахсия, саҳ.154; Мунҷид, Мавқеъ-ул-ислом суол ва ҷавоб, ҷ.1, саҳ.938.
  12. Субҳонӣ, Буҳус фи-л-милал ва-н-ниҳал, ҷ.4, саҳ.374; Макорими Шерозӣ, ал-Амсал, ҷ.7, саҳ.301.
  13. Ибни Таймия, Маҷмуат-ур-расоил ва-л-масоил, ҷ.1, саҳ.22 - 23.
  14. Ниг.: Макорими Шерозӣ, Оёт-ул-вилоя фи-л-Қуръон, саҳ.201 - 205.

Сарчашма

  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Ибни Абдулваҳҳоб, Муҳаммад, ар-Расоил-уш-шахсия, Риёз, Ҷомеъат-ул-Имом Муҳаммад ибни Сауд, бетаърих.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Маҷмуат-ур-расоил ва-л-масоил, бемакон, Луҷнат-ут-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Маҷмуъ-ул-фатово, Мадина, Маҷмаъ-ул-Малик Фаҳд ли тибоат-ил-Мусҳаф-иш-Шариф, 1416ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дор-ул-китоб, чопи сеюм, 1363ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, ал-Амсал фи тафсири китобиллоҳ-ил-мунзал, Қум, Мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1421ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Оёт-ул-вилоя фи-л-Қуръон, Қум, Мадрасат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1383ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Шиа посух мегӯяд, Қум, Мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи ҳафтум, 1386ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Буҳус фи-л-милал ва-н-ниҳал, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, бетаърих.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-Аъламӣ ли-л-матбуот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Ҳаққӣ Бурусавӣ, Исмоил, Тафсири руҳ-ул-баён, Бейрут, Дорул-фикр, бетаърих.
  • Ҳусайни Авсатӣ, Давозада гуфтор дар бораи Ҳазрати Маҳдӣ (а), Теҳрон, нашри Машъар, 1386ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Шерозӣ, Сайид Муҳаммад, Тақриб-ул-Қуръон ила-л-азҳон, Бейрут, Дор-ул-улум, 1424ҳ.қ.
  • Ҳусайнинасаб, Сайид Ризо, Шиа посух медиҳад, Теҳрон, нашри Машъар, чопи нуздаҳум, 1386ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Фи риҳоби Аҳл-ил-Байт (а), Қум, ал-Маҷмаъ-ул-оламӣ ли Аҳл-ил-Байт (а), чопи дувум, 1426ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.