Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Модари ҳазрати Марям

Аз wikishia

Модари Ҳазрати Марям (с) (форсӣ: (س) مادر حضرت مریم) аз занонест, ки бахше аз зиндагии ӯ дар Қуръон гузориш шудааст. Номи ӯ дар Қуръон наомадааст, аммо оятҳои 35 ва 36 сураи Оли Имрон ба ӯ ва таваллуди Марям (с) ишора дорад.[1] Дар сарчашмаҳои таърихӣ, номи ӯ Ҳанна зикр шудааст.[2] Дар баъзе манобеи тафсирӣ омадааст, ки Ҳанна солҳо фарзанде надошт ва аз Худованд дархости фарзанд кард. Дуои ӯ пазируфта шуд ва Марям (с) ба дунё омад.[3] Бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а), Ҳанна бо дарёфти башорати Илоҳӣ дар бораи таваллуди паёмбаре аз наслu худ, гумон мекард фарзандаш писар хоҳад буд.[4] Аз ин рӯ, фарзандашро барои ибодат ва хизмат дар ибодатгоҳ назр кард.[5] Дар баъзе нақлҳо, Байт-ул-муқаддас маҳали ин хизмат дониста шудааст.[6] Пас аз таваллуди Марям (с), мушаххас шуд, ки фарзанди мавъуд, Исо (а) аст, ки аз Марям (с) мутаваллид хоҳад шуд.[7]

Дар бораи насаб ва хонаводаи Ҳанна низ гузоришҳое нақл шудааст. Дар китоби Таърихи Табарӣ, ӯ духтари Фоқуд ибни Қубайл ва аз наслu Ҳазрати Сулаймон (а) муаррифӣ шудааст.[8] Баъзе муфассирон бо истинод ба ояти 28 сураи Марям, Ҳанна ва шавҳарашро аз хонаводаҳои покдоманu Банӣ Исроил донистаанд.[9] Бар асоси ривояте, ки аз Имом Боқир (а) нақл шудааст, ҳамсари Ҳанна Имрон ном дошт ва аз пайғамбарони Банӣ Исроил буд. Дар ҳамин ривоят, Ҳанна, ҳамсари ҳазрати Закариё (а), хоҳари Ҳанна муаррифӣ шудааст,[10] ки барои ӯ номҳои дигаре[11] низ зикр шудааст. Дар ривояте, ки Алломаи Маҷлисӣ нақл карда, Ҳанна холaи ҳазрати Яҳё (а) низ муаррифӣ шудааст.[12]

Эзоҳ

  1. ↑ Ниг.: Алломаи Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.3, саҳ.170 ва 171; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.2, саҳ.522.
  2. ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, ҷ.1, саҳ.585.
  3. ↑ Ниг.: Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.2, саҳ.523.
  4. ↑ Наҳовандӣ, ал-Абқари-л-ҳисон, ҷ.4, саҳ.761.
  5. ↑ Айёшӣ, Тафсири Айёшӣ, ҷ.1, саҳ.170 - 172.
  6. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.2, саҳ.283.
  7. ↑ Наҳовандӣ, ал-Абқари-л-ҳисон, ҷ.4, саҳ.761.
  8. ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, ҷ.1, саҳ.585.
  9. ↑ Ниг.: Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.13, саҳ.50.
  10. ↑ Қутби Ровандӣ, Қисас-ул-анбиё, саҳ.214.
  11. ↑ Алломаи Маҷлисӣ, Ҳаёт-ул-қулуб, ҷ.2, саҳ.1061; Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.2, саҳ.522; Балoғӣ, Ҳуҷҷат-ут-тафосир, ҷ.0 (муқаддима), саҳ.540.
  12. ↑ Ниг.: Алломаи Маҷлисӣ, Ҳаёт-ул-қулуб, ҷ.2, саҳ.1061.

Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсири Айёшӣ, Теҳрон, Мактаб-ул-илмият-ил-исломия, 1380ҳ.қ.
  • Алломаи Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҳаёт-ул-қулуб, Қум, Сурур, 1384ҳ.ш.
  • Алломаи Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1393ҳ.қ.
  • Балoғӣ, Абдулҳуҷҷа, Ҳуҷҷат-ут-тафосир ва балоғ-ул-иксир, Қум, чопхонаи Ҳикмат, 1344ҳ.ш.
  • Қутби Ровандӣ, Саъид, Қисас-ул-анбиё, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони қудси разавӣ 1409ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Наҳовандӣ, Алиакбар, ал-Абқари-л-ҳисон фи аҳволи мавлоно соҳиб-уз-замон, Қум, Масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, 1386ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1415ҳ.қ.