Ҳизб (Қуръон)
Ҳизб аз воҳидҳои тақсими Қуръон аст.[1] Ҳар ҷузъи Қуръон ба чанд ҳизб тақсим мешавад.[2] Дар бархе аз Қуръонҳо, ҳар ҷузъ ба ду ҳизб тақсим шудааст,[3] ки тибқи ин тақсим, Қуръон дорои 60 ҳизб хоҳад буд.[4] Бархеи дигар ҳар ҷузъро ба чаҳор ҳизб тақсим кардаанд, ки бар асоси он, Қуръон дорои 120 ҳизб хоҳад буд.[5] Ҳамчунин ҳар ҳизб ба чаҳор қисмат тақсим мешавад, ки ҳар қисмати он, рубъ номида мешавад.[6] Ин тақсимбандӣ бар асоси оёт анҷом шудааст.[7] Бино бар ривояте, ки бархе аз манобеи ҳадисии аҳли суннат аз Умар ибни Хаттоб нақл шудааст, истилоҳи ҳизб дар замони Пайғамбар (с) ва дар таъбирҳои ӯ будааст ва мусулмонон ҳар рӯз як ҳизб аз Қуръон мехонданд. Албатта дар ин ривоят ба миқдори ҳизб ишорае нашудааст.[8]
Дар бархе кишварҳо ҳамчун Эрон ҳар ҳизби Қуръон ҷудогона чоп мешавад ба маҷмуи ин чопҳо Қуръони яксаду бист пора мегӯянд. Аз ин Қуръонҳо дар маросими тарҳим истифода мешавад.[9] Албата Сайид Муҳаммадҳусайн Теҳронӣ (ваф.1416ҳ.қ.) бо пахши Қуръон ба сурати ҷузва дар маҷлисҳои хатм мухолиф буд. Ӯ ривоҷи ин равишро аз замони Язид ибни Муъовия медонист ва бар ин бовар буд, ки дар маҷолиси хатм, бояд аз Қуръони комил истифода шавад.[10]
Ҳадаф аз тақсими Қуръон ба ҷузъҳо ва ҳизбҳои мухталиф, тарғиби қорӣ ба тиловати бештар[11] ва осонӣ дар ҳифз[12] ва омӯзиши Қуръон дониста шудааст.[13] Фикри тақсими Қуръон ба ҷузъ ва ҳизб, ба Маъмуни Аббосӣ (ваф.218ҳ.қ.) нисбат дода шудааст; агарчӣ бархе онро ба Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ (ваф.95ҳ.қ.) мунтасаб кардаанд.[14] Аз маъоиби тақсими Қуръон ба ҷузъ ва ҳизб, поён ёфтани тиловат дар аснои калом ва ё оғози тиловат аз миёнаи матлаб унвон шудааст.[15]
Ба гуфтаи нависандаи китоби аз-Зиёдату ва-л-эҳсон фи улум-ил-Қуръон, саҳобаи Пайғамбар (с) барои хатми Қуръон дар як ҳафта, онро ба ҳафт қисмат тақсим карда буданд, ки ба ҳар қисмати он як ҳизб мегуфтанд.[16] Ин тақсим бар асоси сураҳо анҷом шуда буд.[17] Тибқи ин навъ тақсим, ҳизби аввал, шомили се сураи аввали Қуръон (бо сарфи назар аз сураи Ҳамд) мешуд. Ҳизби дувум панҷ сураи баъд, ҳизби сеюм ҳафт сураи баъд, ҳизби чаҳорум нуҳ сураи баъд, ҳизби панҷум ёздаҳ сураи баъд, ҳизби шашум сездаҳ сураи баъд ва ҳизби ҳафтум, ки онро ҳизби муфассал меномиданд, мобақии сураҳо (аз сураи Қоф то охири Қуръон)-ро шомил мешуд.[18] Тақсимбандии ҳафтгонаҳои дигаре низ аз бархе саҳоба нақл шудааст.[19] Ба ҳамин муносибат гуфта мешавад, ҳар бахш аз Қуръон, ки шахс худро мулзам ба хондани он мекунад, ҳизб номида мешавад.[20]
Шумораи ҳизб | ҷуз-ҳизб | аз ибтидои оят | то интиҳои оя |
---|---|---|---|
1 | 1 - 1 | ояти 1 сураи Ҳамд | ояти 43 сураи Бақара |
2 | 1 - 2 | ояти 44 сураи Бақара | ояти 74 сураи Бақара |
3 | 1 - 3 | ояи 75 сураи Бақара | ояи 105 сураи Бақара |
4 | 1-4 | ояти 106 сураи Бақара | ояти 141 сураи Бақара |
5 | 2 - 1 | ояи 142 сураи Бақара | ояти 176 сураи Бақара |
6 | 2 - 2 | ояи 177 сураи Бақара | ояи 202 сураи Бақара |
7 | 2 - 3 | ояи 203 сураи Бақара | ояи 232 сураи Бақара |
8 | 2 - 4 | ояи 233 сураи Бақара | ояи 252 сураи Бақара |
9 | 3 - 1 | ояи 253 сураи Бақара | ояи 271 сураи Бақара |
10 | 3 - 2 | ояи 272 сураи Бақара | ояи 14 сураи Оли Имрон |
11 | 3 - 3 | ояи 15 сураи Оли Имрон | ояи 51 сураи Оли Имрон |
12 | 3 - 4 | ояи 52 сураи Оли Имрон | ояи 92 сураи Оли Имрон |
13 | 4 - 1 | ояи 93 сураи Оли Имрон | ояи 132 сураи Оли Имрон |
14 | 4 - 2 | ояи 133 сураи Оли Имрон | ояи 170 сураи Оли Имрон |
15 | 4 - 3 | ояи 171 сураи Оли Имрон | ояи 200 сураи Оли Имрон |
16 | 4 - 4 | ояи 1 сураи Нисо | ояи 23 сураи Нисо |
17 | 5 - 1 | ояи 24 сураи Нисо | ояи 57 сураи Нисо |
18 | 5 - 2 | ояи 58 сураи Нисо | ояи 87 сураи Нисо |
19 | 5 - 3 | ояи 88 сураи Нисо | ояи 113 сураи Нисо |
20 | 5 - 4 | ояи 114 сураи Нисо | ояи 147 сураи Нисо |
21 | 6 - 1 | ояи 148 сураи Нисо | ояи 176 сураи Нисо |
22 | 6 - 2 | ояи 1 сураи Моида | ояи 26 сураи Моида |
23 | 6 - 3 | ояи 27 сураи Моида | ояи 50 сураи Моида |
24 | 6 - 4 | ояи 51 сураи Моида | ояи 81 сураи Моида |
25 | 7 - 1 | ояи 82 сураи Моида | ояи 108 сураи Моида |
26 | 7 - 2 | ояи 109 сураи Моида | ояи 35 сураи Анъом |
27 | 7 - 3 | ояи 36 сураи Анъом | ояи 73 сураи Анъом |
28 | 7 - 4 | ояи 74 сураи Анъом | ояи 110 сураи Анъом |
29 | 8 - 1 | ояи 111 сураи Анъом | ояи 140 сураи Анъом |
30 | 8 - 2 | ояи 141 сураи Анъом | ояи 165 сураи Анъом |
31 | 8 - 3 | ояи 1 сураи Аъроф | ояи 46 сураи Аъроф |
32 | 8 - 4 | ояи 47 сураи Аъроф | ояи 87 сураи Аъроф |
33 | 9 - 1 | ояи 88 сураи Аъроф | ояи 141 сураи Аъроф |
34 | 9 - 2 | ояи 142 сураи Аъроф | ояи 170 сураи Аъроф |
35 | 9 - 3 | ояи 171 сураи Аъроф | ояи 206 сураи Аъроф |
36 | 9 - 4 | ояи 1 сураи Анфол | ояи 40 сураи Анфол |
37 | 10 - 1 | ояи 41 сураи Анфол | ояи 75 сураи Анфол |
38 | 10 - 2 | ояи 1 сураи Тавба | ояи 33 сураи Тавба |
39 | 10 - 3 | ояи 34 сураи Тавба | ояи 59 сураи Тавба |
40 | 10 - 4 | ояи 60 сураи Тавба | ояи 92 сураи Тавба |
41 | 11 - 1 | ояи 93 сураи Тавба | ояи 121 сураи Тавба |
42 | 11 - 2 | ояи 122 сураи Тавба | ояи 25 сураи Юнус |
43 | 11 - 3 | ояи 26 сураи Юнус | ояи 70 сураи Юнус |
44 | 11 - 4 | ояи 71 сураи Юнус | ояи 5 сураи Ҳуд |
45 | 12 - 1 | ояи 6 сураи Ҳуд | ояи 40 сураи Ҳуд |
46 | 12 - 2 | ояи 41 сураи Ҳуд | ояи 83 сураи Ҳуд |
47 | 12 - 3 | ояи 84 сураи Ҳуд | ояи 6 сураи Юсуф |
48 | 12 - 4 | ояи 7 сураи Юсуф | ояи 52 сураи Юсуф |
49 | 13 - 1 | ояи 53 сураи Юсуф | ояи 100 сураи Юсуф |
50 | 13 - 2 | ояи 101 сураи Юсуф | ояи 18 сураи Раъд |
51 | 13 - 3 | ояи 19 сураи Раъд | ояи 9 сураи Иброҳим |
52 | 13 - 4 | ояи 10 сураи Иброҳим | ояи 52 сураи Иброҳим |
53 | 14 - 1 | ояи 1 сураи Ҳиҷр | ояи 99 сураи Ҳиҷр |
54 | 14 - 2 | ояи 1 сураи Наҳл | ояи 50 сураи Наҳл |
55 | 14 - 3 | ояи 51 сураи Наҳл | ояи 89 сураи Наҳл |
56 | 14 - 4 | ояи 90 сураи Наҳл | ояи 128 сураи Наҳл |
57 | 15 - 1 | ояи 1 сураи Исро | ояи 49 сураи Исро |
58 | 15 - 2 | ояи 50 сураи Исро | ояи 98 сураи Исро |
59 | 15 - 3 | ояи 99 сураи Исро | ояи 31 сураи Каҳф |
60 | 15 - 4 | ояи ояи 32 сураи Каҳф | ояи 74 сураи Каҳф |
61 | 16 - 1 | ояи 75 сураи Каҳф | ояи 21 сураи Марям |
62 | 16 - 2 | ояи 22 сураи Марям | ояи 98 сураи Марям |
63 | 16 - 3 | ояи 1 сураи Тоҳо | ояи 82 сураи Тоҳо |
64 | 16 - 4 | ояи 83 сураи Тоҳо | ояи 135 сураи Тоҳо |
65 | 17 - 1 | ояи 1 сураи Анбиё | ояи 50 сураи Анбиё |
66 | 17 - 2 | ояи 51 сураи Анбиё | ояи 112 сураи Анбиё |
67 | 17 - 3 | ояи 1 сураи Ҳаҷ | ояи 37 сураи Ҳаҷ |
68 | 17 - 4 | ояи 38 сураи Ҳаҷ | ояи 78 сураи Ҳаҷ |
69 | 18 - 1 | ояи 1 сураи Муъминун | ояи 74 сураи Муъминун |
70 | 18 - 2 | ояи 75 сураи Муъминун | ояи 20 сураи Нур |
71 | 18 - 3 | ояи 21 сураи Нур | ояи 52 сураи Нур |
72 | 18 - 4 | ояи 53 сураи Нур | ояи 20 сураи Фурқон |
73 | 19 - 1 | ояи 21 сураи Фурқон | ояи 77 сураи Фурқон |
74 | 19 - 2 | ояи 1 сураи Шуъаро | ояи 110 сураи Шуъаро |
75 | 19 - 3 | ояи 111 сураи Шуъаро | ояи 227 сураи Шуъаро |
76 | 19 - 4 | ояи 1 сураи Намл | ояи 55 сураи Намл |
77 | 20 - 1 | ояи 56 сураи Намл | ояи 11 сураи Қасас |
78 | 20 - 2 | ояи 12 сураи Қасас | ояи 50 сураи Қасас |
79 | 20 - 3 | ояи 51 сураи Қасас | ояи 88 сураи Қасас |
80 | 20 - 4 | ояи 1 сураи Анкабут | ояи 45 сураи Анкабут |
81 | 21 - 1 | ояи 46 сураи Анкабут | ояи 30 сураи Рум |
82 | 21 - 2 | ояи 31 сураи Рум | ояи 21 сураи Луқмон |
83 | 21 - 3 | ояи 22 сураи Луқмон | ояи 30 сураи Саҷда |
84 | 21 - 4 | ояи 1 сураи Аҳзоб | ояи 30 сураи Аҳзоб |
85 | 22 - 1 | ояи 31 сураи Аҳзоб | ояи 59 сураи Аҳзоб |
86 | 22 - 2 | ояи 60 сураи Аҳзоб | ояи 23 сураи Сабаъ |
87 | 22 - 3 | ояи 24 сураи Сабаъ | ояи 14 сураи фотир |
88 | 22 - 4 | ояи 15 сураи фотир | ояи 27 сураи Ёсин |
89 | 23 - 1 | ояи 28 сураи Ёсин | ояи 21 сураи Соффот |
90 | 23 - 2 | ояи 22 сураи Соффот | ояи 144 сураи Соффот |
91 | 23 - 3 | ояи 145 сураи Соффот | ояи 51 сураи Сод |
92 | 23 - 4 | ояи 52 сураи Сод | ояи 31 сураи Зумар |
93 | 24 - 1 | ояи 32 сураи Зумар | ояи 75 сураи Зумар |
94 | 24 - 2 | ояи 1 сураи Ғофир | ояи 40 сураи Ғофир |
95 | 24 - 3 | ояи 41 сураи Ғофир | ояи 8 сураи Фуссилат |
96 | 24 - 4 | ояи 9 сураи Фуссилат | ояи 46 сураи Фуссилат |
97 | 25 - 1 | ояи 47 сураи Фуссилат | ояи 26 сураи Шуро |
98 | 25 - 2 | ояи 27 сураи Шуро | ояи 23 сураи Зухруф |
99 | 25 - 3 | ояи 24 сураи Зухруф | ояи 16 сураи Духон |
100 | 25 - 4 | ояи 17 сураи Духон | ояи 37 Ҷосия |
101 | 26 - 1 | ояи 1 сураи АҳқоФ | ояи 9 сураи Муҳаммад |
102 | 26 - 2 | ояи 10 сураи Муҳаммад | ояи 17 сураи Фатҳ |
103 | 26 - 3 | ояи 18 сураи Фатҳ | ояи 13 сураи Ҳуҷурот |
104 | 26 - 4 | ояи 14 сураи Ҳуҷурот | ояи 30 сураи Зориёт |
105 | 27 - 1 | ояи 31 сураи Зориёт | ояи 25 сураи Наҷм |
106 | 27 - 2 | ояи 26 сураи Наҷм | ояи 55 сураи Қамар |
107 | 27 - 3 | ояи 1 сураи Арраҳмон | ояи 74 сураи Воқеа |
108 | 27 - 4 | ояи 75 сураи Воқеа | ояи 29 сураи Ҳадид |
109 | 28 - 1 | ояи 1 сураи Муҷодала | ояи 10 сураи Ҳашр |
110 | 28 - 2 | ояи 11 сураи Ҳашр | ояи 14 сураи Сафф |
111 | 28 - 3 | ояи 1 сураи Ҷумъа | ояи 18 сураи Тағобун |
112 | 28 - 4 | ояи 1 сураи Талоқ | ояи 12 сураи Таҳрим |
113 | 29 - 1 | ояи 1 сураи Мулк | ояи 52 сураи Қалам |
114 | 29 - 2 | ояи 1 сураи Ҳоққа | ояи 28 сураи Нуҳ |
115 | 29 - 3 | ояи 1 сураи Ҷин | ояи 56 сураи Муддассир |
116 | 29 - 4 | ояи 1 сураи Қиёмат | ояи 50 сураи Мурсалот |
117 | 30 - 1 | ояи 1 сураи Набаъ | ояи 29 сураи Таквир |
118 | 30 - 2 | ояи 1 сураи ИнФитор | ояи 17 сураи Ториқ |
119 | 30 - 3 | ояи 1 сураи Аъло | ояи 11 сураи Зуҳо |
120 | 30 - 4 | ояи 1 сураи Шарҳ | ояи 6 сураи Нос |
Эзоҳ
- ↑ Тайёр, ал-Муҳаррар фи улум-ил-Қуръон, 1429ҳ.қ., саҳ.249.
- ↑ Солеҳ, Мабоҳис фи улуми-л-Қуръон, 1372ҳ.ш., саҳ.97.
- ↑ Зарқонӣ, Маноҳил-ул-ирфон, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.403.
- ↑ Ҷермӣ, Муъҷаму улум-ил-Қуръон, 1422ҳ.қ., саҳ.14.
- ↑ Мустафид, Тақсимоти қуръонӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.41.
- ↑ Зарқонӣ, Маноҳил-ул-ирфон, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.403.
- ↑ Дахил, Иқро-ул-Қуръон-ил-Карим, 1429ҳ.қ., саҳ.120 - 121.
- ↑ Молик, ал-Муваттаъ, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.280.
- ↑ Деҳхудо, Луғатнома, зайли вожаи саду бист пора.
- ↑ “Дидгоҳи Аллома Теҳронӣ нисбат ба баргузории маҳофили ҷашну арусӣ ва тарҳим”, мактаби Ваҳй.
- ↑ Суютӣ, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, 1394ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.222; Мисрӣ, Фиқҳу қироат-ил-Қуръон, 1418ҳ.қ., саҳ.15.
- ↑ Хузайрӣ, Тафсир-ут-тобеъин, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.1145.
- ↑ Мустафид, Тақсимоти қуръонӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.41.
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.360.
- ↑ Тайёр, ал-Муҳаррар фи улум-ил-Қуръон, 1429ҳ.қ., саҳ.249.
- ↑ Ақила, аз-Зиёдату ва-л-эҳсон, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.253.
- ↑ Дахил, Иқро-ул-Қуръон-ил-Карим, 1429ҳ.қ., саҳ.120 - 121.
- ↑ Ҳаддод, ат-Таҷдид фи-л-итқони ва-т-таҷвид, 1424ҳ.қ., саҳ.65.
- ↑ Мустафид, Тақсимоти қуръонӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.30 - 32.
- ↑ Маҷидӣ, Изҳоб-ул-ҳазан, Дорул-имон, саҳ.429.
Сарчашма
- Ақила, Муҳаммад ибни Аҳмад, аз-Зиёдату ва-л-эҳсон фи улуми-л-Қуръон, Шориқа, маркази пажӯҳишҳо ва мутолиъоти донишгоҳи Шориқа, чопи аввал, 1427ҳ.қ.
- Дахил, Абдуллоҳ, Иқро-ул-Қуръон-ил-Карим, Ҷадда, марказул-диросоти вал-маълумотил-Қуръония би маъҳадил-имом ал-Шотибӣ, 1429ҳ.қ.
- Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома.
- "Дидгоҳи Аллома Теҳронӣ нисбат ба баргузории маҳофили ҷашну арусӣ ва тарҳим”, мактаби Ваҳй, боздид: 9 обони 1402ҳ.ш.
- Зарқонӣ, Муҳаммад Абдулазим, Маноҳил-ул-ирфон фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1424ҳ.қ.
- Маҷидӣ, Абдусалом, Изҳоб-ул-ҳузн ва шифо-ус-садр-ис-сақим, Искандария, Дорул-имон, бе то.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, Қум, муассисаи фарҳангии интишоротии ат-Тамҳид, 1388ҳ.ш.
- Мисрӣ, Саид, Фиқҳу қироат-ил-Қуръон, Қоҳира, мактабатул-Қудсӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
- Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, таҳқиқ: Муҳаммад Мустафо ал-Аъзамӣ, муассисаи Зоид ибни Султон Оли Наён лил-аъмолил-хайрийяти вал-инсонийя -Абузабӣ – ал-Иморот, чопи аввал, 1425ҳ.қ.
- Мустафид, Муҳаммадризо, Тақсимоти қуръонӣ ва сувари маккӣ ва маданӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1384ҳ.ш.
- Солеҳ, Субҳӣ, Мабоҳис фи улуми-л-Қуръон, Қум, ал-Шариф ал-Разӣ, 1372ҳ.ш.
- Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ал-муҳаққиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, ал-Ношир: ал-ҳайъатул-мисриятил-ома лил-китоб, ал-табъа: 1394ҳ.қ., 1974м.
- Тайёр, Мусоид ибни Сулаймон, ал-Муҳаррар фи улум-ил-Қуръон, Ҷадда, марказул-диросот вал-маълумотил-қуръония би маъҳадил-имом ал-Шотибӣ, чопи дувум, 1429ҳ.қ.
- Фозил Муваҳҳидии Ланкаронӣ, Муҳаммад, Муқаддимоти бунёдини илми тафсир, Теҳрон, Бунёди Қуръон, 1381ҳ.ш.
- Хузайрӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Тафсир-ут-тобеъин, Риёз, Дорул-ватан лин-нашр, 1420ҳ.қ.
- Ҳаддод, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Таҷдид фи-л-итқони ва-т-таҷвид, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1424ҳ.қ.
- Ҷермӣ, Иброҳим, Муъҷаму улум-ил-Қуръон, Димишқ, Дорул-қалам, чопи аввал, 1422ҳ.қ.