Эъҷози илмии Қуръон

Аз wikishia

Эъҷози илмии Қуръон (форсӣ:اعجاز علمی قرآن) як назарияе аст, ки бо муқоисаи мундариҷаи Қуръон бо кашфиёти илмҳои таҷрибавӣ, муъҷиза будани Қуръонро исбот мекунад.

Тибқи ин назария, Қуръон аз ҳақиқатҳое дар арсаи улум, ба хусус улуми таҷрибӣ сухан гуфтааст, ки дар асри нозил шудани Қуръон кашф нашуда буд ва аз онҷо ки баёни чунин ҳақиқатҳои илмие дар он замон аз тавони инсон берун будааст, бояд Қуръонро муъҷизаи Пайғамбари Ислом (с) ва китобе аз сӯи Худованд донист.

Ишораи Қуръон ба масоиле чун ҳаракати вазъӣ ва интиқолии замин, пайдоиши зиндагӣ аз об, неруи ҷозибаи замин ва ҷуфт будани гиёҳону ҷонварон, намунаҳои эъҷози илмӣ ва муъҷизаи илмии Қуръони Карим дониста шудааст.

Муҳаммад ибни Аҳмади Искандаронӣ, Рашид Ризо ва Тантовӣ аввалин мусулмононе будаанд, ки дар ин соҳа навиштаанд. Пешгомони ин масъала дар Эрон Муҳаммадтақии Шариатӣ, Сайид Маҳмуди Толиқонӣ ва Маҳдии Бозоргон буданд.

Бархе аз олимони мусалмон бо тафсири илмии Қуръон мухолифанд ва муътақиданд, ки назарияҳои илмӣ ҳамвора дар маърази тағйиру таҳаввулу ибтол қарор доранд ва агар назарияҳо ботил шаванд, Қуръон низ зери суол меравад, аммо мувофиқон, татбиқи оёти Қуръонро ба кафшиёти улуми таҷрибавӣ роҳе барои исботи ҳаққонияти Қуръон медонанд.

Муаррифии назария

Бино бар назарияи эъҷози илмии Қуръон, ин китоб аз ҳақоиқе дар заминаи улум, ба хусус улуми таҷрибӣ сухан гуфтааст, ки дар асри нузули Қуръон кашф нашуда буд. Ба илова, бар хилофи бисёре аз китобҳои илмӣ, ки бо гузари замон назарияҳои онҳо ибтол мешавад, Қуръон дарбаргирандаи матолиби илмие аст, ки ҳеҷгоҳ нақз нашудааст. Аз онҷо ки баёни чунин ҳақоиқи илмӣ дар он замон, аз тавони инсон берун будааст, бояд Қуръонро муъҷизаи Пайғамбари Ислом (с) ва китобе аз сӯи Худованд донист.[1]

Пешина

Тафсири илмии Қуръон дар ҷаҳони Ислом пешинаи дарозе дорад. Гуфтаанд, нахустин бор Ибни Сино (370 - 428ҳ.қ.) бо татбиқи бархе аз гузораҳои фалсафӣ бо оёти Қуръон, талош кард тафсирии илмие аз баъзе оёт ироа диҳад; Фахри Розӣ (544 - 606ҳ.қ.) низ иборати қуръонии «сабъа самовот» (осмонҳои ҳафтгона)-ро бар сайёроти ҳафтгона, ки дар илми нуҷуми Юнони бостон исбот шуда буд, татбиқ дод.[2] Бо ин ҳол, исботи эъҷози илмии Қуръон ба қарни ахир бармегардад, ки ба далели кашфиёти ҷадид дар улуми таҷрибӣ, тафсири илмии Қуръон мавриди тавваҷуҳи бисёре қарор гирифт.[3]

Дар ин давра, бисёре аз муфассирон ва донишмандони шиаву суннӣ талош карданд эъҷози илмии Қуръонро исбот кунанд.[4] Китобҳои фаровоне ҳам дар заминаи тафсири илмии Қуръон ва эъҷози он нигориш ёфт.[5] Муҳаммад ибни Аҳмади Искандаронӣ, Рашид Ризо ва Тантовӣ аз нахустин касонеанд, ки дар ин замина осореро мунташир карданд.[6] Пешгомони ин масъала дар Эрон низ Муҳаммадтақии Шариатӣ, Сайид Маҳмуди Толиқонӣ ва Маҳдии Бозаргон буданд.[7]

Намунаҳои эъҷози илмии Қуръон

Муфассирон, матолиби илмии фаровонеро ба Қуръон нисбат дода ва эъҷози илмии он ба шумор овардаанд; аз ҷумла ҳаракати вазъӣ ва интиқолии замин, пайдоиши ҳаёт аз об, неруи ҷозибаи замин, завҷ будани гиёҳону ҷонварон ва гардиши карот дар мадорҳои муайян.[8]

Бархе аз оёте, ки аз дар исботи эъҷози илмии Қуръон мавриди истифода қарор гирифтаанд, иборатанд аз:

  • وَجَعَلْنَا مِنَ الْمَاءِ کلَّ شَیءٍ حَی: «ҳар чизи зиндаеро аз об ба вуҷуд оварадем» (сураи Анбиё, ояти 30).

Бархе бо истинод ба ёфтаҳои ҷадиди улуми таҷрибӣ мабнӣ бар пайдоиши ҳаёт аз об, ин оярто аз эъҷозҳои илмии Қуръон донистаанд.[9]

  • وَمِن کلِّ الثَّمَرَ‌اتِ جَعَلَ فِیهَا زَوْجَینِ اثْنَینِ: «ва аз ҳаргуна мевае дар он, ҷуфт-ҷуфт қарор дод» (сураи Раъд, ояти 3).

Ба навиштаи Тафсири Намуна, завҷ будани бархе аз гиёҳон, дар гузашта шинохта шуда буд, аммо танҳо дар миёнаҳои асри ҳаждаҳуми милодӣ, донишмандони улуми таҷрибӣ кашф карданд, ки ин як қонуни куллӣ аст ва дар бораи ҳамаи гиёҳон сидқ мекунад.[10]

  • ثُمَّ اسْتَوَیٰ إِلَی السَّمَاءِ وَهِی دُخَانٌ: «сипас оҳанги [офариниши] осмон кард, ва он бухор буд» (сураи Фуссилат, ояти 11).

Бархе аз муфассирон гуфтаанд, ки ин оят назарияи Маҳбонг (инфиҷори бузург), пайдоиши ҷаҳонро баён мекунад. Онҳо бар ин боваранд, ки бухоре, ки оят аз он сухан гуфтааст, ҳамон тудаи бузурги бухор аст, ки ба гуфтаи донишмандон, бар асари инфиҷори бузург ба вуҷуд омада буд.[11]

  • وَمَن یُرِ‌دْ أَن یضِلَّهُ یجْعَلْ صَدْرَ‌هُ ضَیقًا حَرَ‌جًا کأَنَّمَا یصَّعَّدُ فِی السَّمَاءِ: «ва ҳаркасеро бихоҳад гумроҳ кунад, дилашро сахт танг мегардонад; чунонки гӯӣ ба заҳмат дар осмон боло меравад» (сураи Анъом, ояти 125).

Гуфтаанд, имрӯза собит шудааст, ки инсон ҳар андоза аз сатҳи кураи замин болотар равад, танаффус барои ӯ душвортар мешавад, то ҷое ки дучори камбуди кислород ва беҳушӣ мешавад ва ин аз муъҷизоти илмии Қуръон аст.[12]

Мухолифони назарияи эъҷози илмӣ

Мухолифони тафсири илмии Қуръон мегӯянд, Қуръон китоби ҳидоят аст ва набояд аз он интизор дошт, ки назарияҳои илмӣ ва қавонини физику шимиро баён кунад. Онҳо бар ин боваранд, ки назарияҳои илмӣ ҳамвора дар маърази тағйиру таҳаввулу ибтол қарор доранд ва дар сурати ибтоли назарияҳо, Қуръон зери суол меравад. Дар муқобил, мувофиқон истидлол кардаанд, ки татбиқи ёфтаҳои илмӣ бо оёти Қуръони мунофоте бо китоби ҳидоят будани он надорад; баръакс, нишон додани ҳақоиқи илмии Қуръон, ҳаққонияти онро исбот карда ва ба ҳидоятгарии он кумак мекунад.[13]

Миёни мувофиқони тафсири илмии Қуръон ҳам ихтилофи назар ҳаст: бархе бар ин боваранд, ки ҳамаи улум дар Қуръон вуҷуд дорад ва талош кардаанд илмҳое чун тиббу пизишкӣ, риёзиёт, ҳандаса, ҷабр ва нуҷумро аз он истихроҷ кунанд.[14] Тантовӣ, Муҳаммад Абдулнаъим ал-Ҷамол, Муҳаммад ибни Аҳмади Искандаронӣ ва Сайид Аҳмадхони Ҳиндӣ аз ин дастаанд.[15] Гуруҳи дигаре аз онҳо муътақиданд, дастаи нахуст дар заминаи тафсири илмӣ, ифрот карда ва бидуни риояти равишҳои илмии тафсир, назарияҳои улуми таҷрибиро ба Қуръон таҳмил кардааст. Ба бовари инон, Қуръон аз ҳамаи улум сухан нагуфтааст, аммо дар бархе аз оёти Қуръон ҳақоиқе баён шудааст, ки донишмандони улуми таҷрибӣ қарнҳо баъд онҳоро кашф кардаанд. Ин оёт нишондиҳандаи эъҷози илмии Қуръон ҳастанд.[16] Сайиди Қутб, Рашид Ризо, Муҳаммадтақии Шариатӣ, Сайид Маҳмуди Толиқонӣ ва Маҳдии Бозаргон аз ин гуруҳанд.[17]

Аллома Таботабоӣ, дар муқаддимаи ал-Мизон, тафсири илмии Қуръонро таҳмили назарияҳои улуми таҷрибӣ бар Қуръон дониста ва онро татбиқ номидааст.[18]

Китобшиносӣ

Китобҳо ва мақолот ва нашриёти илмии фаровоне дар заминаи тафсири илмии Қуръон интишор ёфтааст.[19] Се китоби «Кашф-ул-асрор-ин-нуроният-ил-қуръония», «ал-Бароҳин-ул-баййинот фи баёни ҳақоиқ-ил-ҳайвонот», ва «Тибён-ул-асрор-ир-раббония фи-н-набототи ва-л-маъодин ва-л-хавос-ил-ҳайвония», аз Муҳаммад ибни Аҳмади Искандаронӣ, «ал-Минор» навиштаи Рашид Ризо ва «Ҷавоҳир-ул-Қуръон»-и Тантовӣ, нахустин тафсирҳои илмии Қуръон ҳастанд.[20] Тафсири навин, навиштаи Муҳаммадтақии Шариатӣ низ аз китобҳои барҷаста дар ин замина дониста шудааст, ки талош карда бо дурӣ аз ифрот, намунаҳое аз эъҷози Қуръонро нишон диҳад.[21] Муҳаммадҳодии Маърифат ҳам дар ҷилди шашуми ал-Тамҳид, ба ин мавзӯъ пардохтааст.[22]

Бархеи дигар аз муҳимтарини китобҳо дар ин замина иборат аст аз:

  • Пажуҳише дар эъҷози илмии Қуръон: Муҳаммадалӣ Ризоии Исфаҳонӣ
  • Ал-Эъҷоз-ут-тарбавӣ ли-л-Қуръон: Мустафо Раҷаб
  • Мавсуъат-ул-эъҷоз-ил-илмӣ фи-л-Қуръон-ил-Карим ва-с-суннат-ил-мутаҳҳара: Юсуф ал-Ҳоҷ Аҳмад
  • Ал-Мавсуъат-ул-илмия фи эъҷоз-ил-Қуръон-ил-Карим ва-с-суннат-ин-набавия: Амҷад Фатҳӣ ва Ҳонӣ ибни Маръо ал-Қулайнӣ
  • Мавсуъат-ул-заҳабия фи эъҷоз-ил-Қуръон-ил-Карим ва-л-суннат-ин-набавия: Аҳмад Мустафо Мутаваллӣ
  • Мин-ал-эъҷоз-ил-илмӣ фи-л-Қуръон-ил-Карим: Ҳасан Абулъайнайн.[23]

Фаслномаи «ал-Эъҷоз-ул-илмӣ фи-л-Қуръони ва-л-суннат» аз нашриёти илмие аст, ки дар беш аз сӣ шумора, аз эъҷози илмии Қуръон дар заминаҳои пизишкӣ, нуҷум, заминшиносӣ, зистшиносӣ, риёзӣ, иқтисод, тарбият ва ҷомеъашиносӣ баҳс кардааст.[24]

Ҷусторҳои вобаста

Эъҷози Қуръон

Эъҷози ададии Қуръон

Эзоҳ

  1. Баруманд, “Баррасӣ ва нақди тавҷеҳи илмии эъҷози Қуръон”, саҳ.76 - 77.
  2. Ризоии Исфаҳонӣ, Пажуҳише дар эъҷози илмии Қуръон, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.26.
  3. Маориф, “Ҷойгоҳи эъҷози илмии Қуръон дар тафсири Навин”, саҳ.83, 84.
  4. Ризоии Исфаҳонӣ, Пажуҳише дар эъҷози илмии Қуръон, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.30.
  5. Маориф, “Ҷойгоҳи эъҷози илмии Қуръон дар тафсири Навин”, саҳ.83, 84.
  6. Ризоии Исфаҳонӣ, “Чистӣ ва чолишҳои эъҷози илмии Қуръон”, саҳ.12 ва 13.
  7. Пурҳасан, “Нақд ва баррасии равиши тафсири илмии Қуръон”, саҳ.90 ва 91.
  8. Маориф, “Ҷойгоҳи эъҷози илмии Қуръон дар тафсири Навин”, саҳ.87.
  9. Маърифат, ал-Тамҳид, 1417ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.33 - 35.
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.119 - 120.
  11. Ризоии Исфаҳонӣ, Пажуҳише дар эъҷози илмии Қуръон, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.97 - 100.
  12. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.435, 436.
  13. Баруманд, “Баррасӣ ва нақди тавҷеҳи илмии эъҷози Қуръон”, саҳ.77 - 78.
  14. Ризоии Исфаҳонӣ, Пажуҳише дар эъҷози илмии Қуръон, 1388ҳ.ш., саҳ.47 - 49.
  15. Пурҳасан, “Нақд ва баррасии равиши тафсири илмии Қуръон”, саҳ.90.
  16. Ризоии Исфаҳонӣ, Пажуҳише дар эъҷози илмии Қуръон, 1388ҳ.ш., саҳ.47 - 49.
  17. Пурҳасан, “Нақд ва баррасии равиши тафсири илмии Қуръон”, саҳ.90 - 91.
  18. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., саҳ.6 - 9.
  19. Ризоии Исфаҳонӣ, “Чистӣ ва чолишҳои эъҷози илмии Қуръон”, саҳ.13.
  20. Ризоии Исфаҳонӣ, “Чистӣ ва чолишҳои эъҷози илмии Қуръон”, саҳ.12.
  21. Маориф, “Ҷойгоҳи эъҷози илмии Қуръон дар тафсири Навин”, саҳ.84.
  22. Ризоӣ, “Манбаъшиносии эъҷози илмии Қуръон”, саҳ.204.
  23. Ризоии Исфаҳонӣ, “Чистӣ ва чолишҳои эъҷози илмии Қуръон”, саҳ.13.
  24. Ризоии Исфаҳонӣ, “Чистӣ ва чолишҳои эъҷози илмии Қуръон”, саҳ.13.

Сарчашма

  • Баруманд, Муҳаммадҳусайн, “Баррасӣ ва нақди тавҷеҳи илмии эъҷози Қуръон”, мақолот ва баррасиҳо, № 71, 1381ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, чопи аввал, Дорул-кутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маориф, Маҷид, “Ҷойгоҳи эъҷози илмии Қуръон дар тафсири Навин”, Саҳифаи мубин, № 37, 1385ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ал-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, Қум, муассисаи ал-нашрул-исломӣ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Пурҳасан, Қосим, “Нақд ва баррасии равиши тафсири илмии Қуръон”, паёми ҷовидон, № 6, 1384ҳ.ш.
  • Ризоӣ, Ҳасанризо, “Манбаъшиносии эъҷози илмии Қуръон”, Қуръон ва илм, № 7, 1389ҳ.ш.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, “Чистӣ ва чолишҳои эъҷози илмии Қуръон”, Қуръон ва илм, №7, 1389ҳ.ш.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Пажуҳише дар эъҷози илмии Қуръон, Рашт, китоби мубин, чопи панҷум, 1388ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти Исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.