Нузули тадриҷӣ

Аз wikishia

Нузули тадриҷӣ ё нузули тафсилӣ нозил шудани Қуръон дар муддати 23 соли рисолати Пайғамбари Ислом ба сурати як оят ё теъдоде аз оёт дар шароити замонӣ ва маконӣ мухталиф аст. Бештари муффасирон муътақиданд нузули дафъии Қуръон, дар шаби Қадр рӯй дод ва нузули тадриҷии он, бо оёти оғозини сураи Алақ дар рӯзи беъсати Пайғамбар (с) оғоз шуд ва бо сураи Наср низ ба поён расид. Бархе аз муффасирон ҳам бо инкори нузули дафъӣ, муътақиданд Қуръон танҳо нузули тадриҷӣ дошта ва оғози он низ дар шаби Қадр будааст. Барои нузули тадриҷӣ, ҳикматҳое ҳамонанди оромиш додан ва устувор сохтани қалби Пайғамбар (с) ва ёронаш ва ошноии тадриҷии мусулмонон бо аҳкоми динӣ зикр шудааст.

Мафҳумшиносӣ

Бар асоси сухани муффасирон, Қуръони Карим дар тӯли рисолати Пайғамбар (с), кам кам ва тибқи шароити замонӣ ва маконии муносиб, тавассути Ҷабраил (а) бар Пайғамбар, ҳазрати Муҳаммад (с) нозил шуд, ки дар истилоҳи улуми қуръонӣ, ба он «нузули тадриҷӣ» ё «нузули тафсилӣ» мегӯянд,[1] дар муқобили нузули дафъии Қуръон, ки дар шаби Қадр иттифоқ афтод ва Қуръон, якбора бар Пайғамбар (с) нозил гардид.[2]

Бештари муффасирон, даврони нузули тадриҷиро 23 сол зикр карданд.[3] Иддае низ муддати онро 20 сол донистанд.[4] Аз нузули тадриҷии Қуръон, бо таъбирҳои дигаре монанди «нузули тафсилӣ», «нузули мафрақӣ», «Қуръони танзилӣ», «танҷими Қуръон», «тадарурҷи нузул», «таҷаддуди нузул» ва «таназзули тадриҷӣ» низ ёд шудааст.[5]

Оғози нузул

Бештари муффасирони шиаву аҳли суннат, муътақиданд нузули Қуръони Карим, ҳамзамон бо беъсати Пайғамбари акрам (с) рух дод ва оёти оғозини сураи Алақ, нахустин оёте буданд, ки нозил шуданд.[6] Ҳамчунин охирин сурае, ки бар Пайғамбар нозил шуд низ сураи Наср будааст.[7] Дар ривоёти андаке низ омада, ки сураи Ҳамд ё сураи Зуҳо ё сураи Наҷм, нахустин сураи нозилшуда ва ояти «Икмол» ва сураи Моида низ охирин оят ва сураи нозилшуда бар Пайғамбар (с) аст.[8]

Шайхи Муфид, Сайиди Муртазо, Замахшарӣ ва Ибни Шаҳрошуб, нузули дафъии Қуръонро инкор карда, муътақиданд: Қуръон танҳо ба сурати тадриҷӣ бар Пайғамбар (с) нозил шудааст.[9] Тибқи бовари ин идда, оёте, ки мегӯянд: «Мо Қуръонро дар шаби Қадр нозил кардем»[10] ё «Моҳи Рамазон, ки дар он, Қуръон фуру фиристода шудааст»,[11] нишонгари оғози нузули Қуръон дар шаби Қадр ва моҳи Рамазон ҳастанд.[12]

Далелҳо ва ҳикматҳо

Муффасирон муҳимтарин далели қуръонӣ бар нузули тадриҷиро ояти 106 сураи Исроъ медонанд, ки мефармояд: «Ва Қуръоне бахш бахш бар ту нозил кардем, то ту онро ба оромӣ бар мардум бихонӣ ва онро ба тадриҷ нозил кардем».[13] Бар пояи оёти Қуръон ва ривоёт, яке аз ҳикматҳои нузули тадриҷӣ, ин буд, ки мусулмонон якбора бо анбӯҳе аз аҳком мувоҷеҳ нашаванд, балки ба тадриҷ ва дар тӯли замон, ба муносибати ҳаводисе, ки пеш меомад, бо дастурот ва эътиқодоти динӣ ошно гарданд.[14] Ҳамчунин ба ин шева, фаҳми оёти Қуръон ва амал кардан ба онҳо низ роҳаттар гардад.[15] Ҳикматҳои дигаре низ дар Қуръон ва ривоёт, барои нузули тадриҷӣ зикр шудааст, аз ҷумла:

  • Осон кардани ҳифзи оёти Қуръон ва сиёнат аз он
  • Устувор сохтани дили ёрони Пайғамбар (с) ва афзудан бар имони онон
  • Оромиш додан ба Пайғамбари Ислом
  • Посухгӯӣ ба суолоти мусулмонон дар замони муносиб[16]
  • Эҷоди шӯру нишот дар ҷомеаи исломӣ
  • Ошноии мусулмонон бо эътиқодоти исломӣ бар асоси шароити замонӣ ва маконӣ

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Фарҳангномаи улуми Қуръон, «Нузули тадриҷии Қуръони Карим», саҳ.983.
  2. Ансорӣ, “Нузули дафъии Қуръони Карим», саҳ.2226.
  3. Носеҳиён, Улуми қуръонӣ дар мактаби Аҳли Байт, 1389ҳ.ш., саҳ.118.
  4. Носеҳиён, Улуми қуръонӣ дар мактаби Аҳли Байт, 1389ҳ.ш., саҳ.118.
  5. Фарҳангномаи улуми Қуръон, «Нузули тадриҷии Қуръони Карим», саҳ.983.
  6. Носеҳиён, “Нузули дафъии Қуръон, шубаҳот ва посухҳо», саҳ.74.
  7. Носеҳиён, Улуми қуръонӣ дар мактаби Аҳли Байт, 1389ҳ.ш., саҳ.110.
  8. Носеҳиён, Улуми қуръонӣ дар мактаби Аҳли Байт, 1389ҳ.ш., саҳ.114.
  9. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.191/ Носеҳиён, Улуми қуръонӣ дар мактаби Аҳли Байт, 1389ҳ.ш., саҳ.72.
  10. Сураи Қадр, ояти 1.
  11. Сураи Бақара, ояти 185.
  12. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.191.
  13. وَقُرْآنًا فَرَقْنَاهُ لِتَقْرَأَهُ عَلَى النَّاسِ عَلَى مُكْثٍ وَنَزَّلْنَاهُ تَنْزِيلًا: сураи Исро, ояти 106.
  14. Ансорӣ, Масъуд, «Нузули тадриҷии Қуръони Карим», саҳ.2228.
  15. Ансорӣ, Масъуд, «Нузули тадриҷии Қуръони Карим», саҳ.2228.
  16. Исмоилизода, «Асрор ва ҳикматҳои нузули тадриҷӣ аз дидгоҳи Қуръон», саҳ.72 - 90.

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Исмоилизода, Аббос, «Асрор ва ҳикматҳои нузули тадриҷӣ аз дидгоҳи Қуръон», дар нашрияи Илоҳиёт ва ҳуқуқи донишгоҳи Разавӣ, шумораи 5, зимистони 1383ҳ.ш.
  • Ансорӣ, Масъуд, «Нузули тадриҷии Қуръони Карим», дар маҷмуаи мақолоти донишномаи Қуръон, Теҳрон, нашри Дӯстон, 1377ҳ.ш.
  • Ансорӣ, Масъуд, “Нузули дафъии Қуръони Карим», дар маҷмуаи мақолоти донишномаи Қуръон, Теҳрон, нашри Дӯстон, 1377ҳ.ш.
  • Ромёр, Маҳмуд, Таърихи Қуръон, Теҳрон, муассисаи интишороти Амири Кабир, 1369ҳ.ш.
  • Бе но, мақолаи «Нузули тадриҷии Қуръони Карим» дар фарҳангномаи улуми Қуръон, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1394ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Таърихи Қуръон, Теҳрон, интишороти Самт, 1383ҳ.ш.
  • Носеҳиён, Алиасғар, Улуми қуръонӣ дар мактаби Аҳли Байт, Машҳад, нашри донишгоҳи улуми исломии Разавӣ, 1389ҳ.ш.
  • Носеҳиён, Алиасғар, «Ковише нав дар чигунагии Қуръони Карим», дар нашрияи улуми Қуръону ҳадис, шумораи 5, зимистони 1376ҳ.ш.
  • Носеҳиён, Алиасғар, “Нузули дафъии Қуръон, шубаҳот ва посухҳо», дар нашрияи Илоҳиёту ҳуқуқ, шумораи 17, пойизи 1384ҳ.ш.