Тарҷумаи Қуръон
Тарҷумаи Куръон баргардондани забони Куръон ба забонхои дигар аст. Ин масъала яке аз мавзуъхои улуми қуръонӣ аст, ки доираи он ба ахкоми шаръӣ ва эътикодоти исломӣ низ кашида шудааст.
Баъзеҳо бо истинод ба ҳодисаҳои таърихи аввали Ислом ва зарурати интиқоли паёми Қуръон тарҷумаи Қуръонро ҷоиз донистанд ва дар муқобил, бархеи дигар бо тамассук ба далелҳое ҳамчун эъҷози баёнии Қуръон ва бартарии забони арабӣ бар забонҳои дигар, бо тарҷумаи Қуръон мухолифат кардаанд.
Мегӯянд, таърихи тарҷумаи Қуръон ба ҳодисаҳои рӯзҳои аввали Ислом, аз қабили номаи Пайғамбари Акрам (с) ба сарони баъзе кишварҳо бармегардад. Дар байни забонҳои аврупоӣ, оғози тарҷумаи Қуръон, аз ҷониби рӯҳониёни насронӣ ва бо ҳадафи ёфтани хатоҳои он будааст.
Муҳаққиқон бар ин боваранд, ки аввалин тарҷумаи форсии Қуръон ба қарни чаҳоруми қамарӣ бармегардад. Баъзеҳо, феҳристи тарҷумаҳои форсиро дар се дастаи тарҷумаҳои куҳан, тарҷумаҳои имрӯзин ва тарҷумаҳои манзум мураттаб кардаанд.
Тарҷумаи айнан (таҳтуллафз), тарҷумаи озод ва тарҷумаи тафсирӣ аз ҷумлаи равишҳои тарҷумаи Қуръон аст. Тарҷумаҳои Қуръон, фарқҳое бо якдигар доранд, ки мегӯянд, иллати он масъалаҳое ҳамчун ихтилофи назарҳои фиқҳӣ, адабӣ ва каломӣ аст.
Масъалаи тарҷумаи Қуръон
Тарҷумаи Қуръон ба маънои баргардондани забони Қуръон ба забонҳои дигар аст.[1] Масъалаи тарҷумаи Қуръон, яке аз масоили пургуфтугӯ дар миёни мусулмонон буда ва дар ғолиби китобҳои улуми қуръонӣ, фасле ба ин мавзӯъ ихтисос дода шудааст.[2] Ба бовари мусулмонон, лафзҳо ва маъноҳои Қуръон ба забони арабӣ ва аз ҷониби Худованд нозил шудааст.[3] Бархе бо назар ба қидосати зотии забони арабӣ, онро шоистаи ҳамли маъноҳои ваҳй дониста ва дар муқобил, бархеи дигар маҷозгӯии Қуръонро ношӣ аз маҳдудиятҳои ин забон баршумурдаанд.[4] Тарҳи масоиле чун эъҷози Қуръон ва ҳудусу қидами он, доманаи баҳсро ба масъалаи тарҷумаи Қуръон низ кашондааст.[5]
Анвоъи тарҷума
Пажӯҳишгарони қуръонӣ тақсимбандиҳои мухталифе аз тарҷумаҳои Қуръон ироа додаанд, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба тарҷумаи татбиқӣ, тафсирӣ, таҳтуллафзӣ, мазмунӣ ё озод ва манзум ишора кард:[6]
- Тарҷумаи татбиқӣ: ҳам дар кайфият (муҳтаво) ва ҳам дар каммият (ҳаҷм) бо матни Қуръон интибоқ дорад.
- Тарҷумаи таҳтуллафзӣ: ба маънои ҷойгузорӣ ва табдили ҳар калимаю сохтор бо шабеҳтарин калимаю сохтор дар забони мақсад аст. Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Кӯшо, чунин тарҷумаҳое аз мақулаи тарҷумаи мусталаҳ хориҷ ва дар воқеъ дар чаҳорчуби фарҳанги луғоти Қуръон қарор мегирад.[7]
- Тарҷумаи озод ё мазмунӣ: дар ин гуна тарҷума, мутарҷим танҳо мазмуни оётро дар қолаби забони мақсад мегунҷонад ва муқайяд ба татбиқи ҷумла ба ҷумла нест. Муҳаммадҳодии Маърифат ин навъ тарҷумаро ҳамон тарҷумаи маънавие медонад, ки ҳадафи аслии он интиқоли маъно ба беҳтарин шакл ва сохтори мумкин аст.[8]
- Тарҷумаи тафсирӣ: бо тавзеҳ ва тафсири кӯтоҳ омехтааст.
- Тарҷумаи манзум: дар ин навъ тарҷума, мафҳум ва муҳтавои оёт дар қолаби шеър ироа мешавад.[9]
Мувофиқат ва мухолифат бо тарҷумаи Қуръон
Тарҷумаи Қуръон мувофиқон ва мухолифоне дорад. Мегӯянд, мухолифатҳо бо тарҷумаи Қуръон, ба баҳонаи дастури Мустафо Камол Ототурк - раиси ҷумҳури Туркия дар солҳои 1923-1938 мелодӣ, мабнӣ бар ҷонишин кардани тарҷумаи туркии Қуръон ба ҷои асли арабии он, ба наҳви ҷиддитаре матраҳ шуд.[10] Рашид Ризо - муфассири мисрӣ, дар исботи ҷоиз набудани тарҷума, понздаҳ далел баён кардааст.[11]
Бархе аз далоили мувофиқон ва мухолифони тарҷумаи Қуръон ба ин шарҳ аст:
Далелҳои мувофиқони тарҷумаи Қуръон
- Ирсоли нома аз тарафи Пайғамбар (с) ба сарони бархе кишварҳо.[12]
- Амали Салмони Форсӣ дар тарҷумаи бахше аз Қуръон.[13]
- Бовари Абдуллоҳ ибни Масъуд ба ҷонишинпазирии калимоти Қуръон.[14]
- Тарҷумаи Қуръони Ҳасани Басрӣ барои мустамиъони форсизабон.[15]
- Ҷаҳоншумулии паёми Қуръон ва зарурати иблоғи он.[16]
Далелҳои мухолифони тарҷумаи Қуръон
- Интиқол нашудани ваҷҳи эъҷози баёнии Қуръон дар сурати тарҷума.[17]
- Зиёнбор будани тарҷумаи Қуръон, ба хотири бартарии забони арабӣ бар забонҳои дигар.[18]
- Нафаҳмидани забони Қуръон, хориҷ аз фарҳанги арабӣ.[19]
- Нафаҳмидани фаҳми забони Қуръон, хориҷ аз маҳдудаи тафаккур ва ақли арабӣ.[20]
- Вуҷуди ҳақоиқ ва рамзҳои пинҳон дар арабии Қуръон.[21]
- Муодил надоштани бархе аз лафзҳои Қуръон.[22]
Бархе муътақиданд, тарҷумаи Қуръон дар сурате пазируфтанӣ аст, ки илова бар маънои аслии ҷумла, маънои тобеии он ҳам дар назар гирифта шавад; яъне масалан агар таъкид ё ҳасре дар ҷумлае вуҷуд дорад, он ҳам ба забони мақсад мунтақил шавад.[23]
Пешинаи тарҷумаи Қуръони Карим
Пешинаи тарҷумаи Қуръонро ба садри Ислом ва зарурати иблоғи паёми ин дин ба ғайри арабзабонон мерасонанд[24] ва мегӯянд, ин кор бештар дар се воқеа намоён шудааст:
- Ирсоли номаҳое ба сарони бархе кишварҳо аз сӯи Пайғамбари Ислом (с) ки ҳовии оёте аз Қуръон буд.[25]
- Тарҷумаи бахше аз Қуръон тавассути Салмони Форсӣ.[26] Гуфтаанд: вай Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳимро «ба номи Яздони бахшоянда» тарҷума кард.[27]
- Тарҷумаи бахше аз сураи Марям ба забони ҳабашӣ, тавассути Ҷаъфар ибни Абитолиб.[28]
Тарҷумаи Қуръон ба забонҳои аврупоӣ, дар оғоз, тавассути кашишон ва роҳибони масеҳӣ анҷом шуд. Онҳо ба манзури хато гирифтан ба Ислом дар мабоҳиси каломӣ, иборатҳое аз Қуръонро тарҷума карданд.[29] Нахустин тарҷумаи комили лотини Қуръон, дар қарни шашуми қамарӣ (дувоздаҳуми мелодӣ) тадвин шудааст.[30]
Қуръон ба ағлаби забонҳо тарҷума шуда ва аз он миён метавон забонҳои африқоӣ (монанди савоҳилӣ, ҳусоӣ ва юрубоӣ), забонҳои шибҳи қорраи Ҳинд (монанди урдӯ ва банголӣ), забони туркӣ (монанди озарӣ ва истанбулӣ), забони чинӣ ва забони ҷопониро ном бурд.[31]
Пешинаи тарҷумаҳои форсии Қуръон
Ба гуфтаи Озарнуш - нависандаи мақолаи «Тарҷумаҳои форсии Қуръон» дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, аввалин тарҷумаи расмии Қуръон ба забони форсӣ, дар қарни чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ ва бо истифтои Амир Нуҳ - подшоҳи силсилаи Сомонӣ аз олимони замони хеш сурат гирифт, ки баъдҳо ба иштибоҳ ба тарҷумаи Тафсири Табарӣ машҳур шуд.[32]
То қарни ҳаштум ва тарҷумаи Тафсири Гозур, тарҷумае арза нашуд ва ин фақри тарҷума, ба гумони бархе, ношӣ аз ҳамлаи муғул ба ҷаҳони Ислом буд.[33] Дар қарни дувоздаҳум, таҳаввуле дар амри тарҷума бо воситаи тарҷумаи Фатҳурраҳмон, навиштаи Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ эҷод шуд,[34] ки ба гуфтаи бархе, ба хотири сабки нигориш ва муаррифии шеваи тарҷума, дар шумори беҳтарин тарҷумаҳои Қуръон қарор мегирад.[35] Аз қарни чаҳордаҳум ба унвони даврони мавҷи тарҷумаи Қуръон ёд шудааст.[36]
Феҳристи тарҷумаҳои форсии Қуръон
Мақолаи аслӣ: Феҳристи тарҷумаҳои форсии Қуръон
Тарҷумаҳои форсии Қуръони Каримро ба се бахши имрӯзин, куҳан ва манзум тақсимбандӣ кардаанд:[37]
- Тарҷумаҳои куҳан: монанди тарҷумаи Тафсири Табарӣ, Маъонӣ китобуллоҳи Таъоло ва тафсири ал-Мунири Абунаср Аҳмад ибни Муҳаммади Ҳаддодӣ ва тарҷумае мавзун аз ду ҷузъи Қуръон аз мутарҷиме номаълум, ки бо унвони «Пуле миёни шеъри ҳиҷоӣ ва арӯзии форсӣ», дар соли 1353 шамсӣ чоп ва мунташир шудааст.
- Тарҷумаҳои имрӯзин: (марбут ба қарни чаҳордаҳум ва понздаҳуми қамарӣ) монанди тарҷумаи Тоҳира Саффорзода, Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Макорими Шерозӣ, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, Ҳусайни Устодвалӣ, Сайидалӣ Мусавии Гарморӯдӣ, Ҳусайни Ансориён, Алиасғари Барзӣ, Абулфазл Баҳромпӯр ва Сайидкозим Арфаъ.
- Тарҷумаҳои манзум: монанди тарҷумаи Мирзоҳасани Исфаҳонӣ (Сафиалӣ Шоҳ), Умеди Маҷд, Муҳаммади Шоиқ, Сайид Муҳаммадалии Маҳмадӣ (Мусавии Ҷазоирӣ).
Сабабҳои ихтилоф дар тарҷумаҳо
Бархе аз муҳаққиқони улуми қуръонӣ, авомили ихтилоф дар тарҷумаҳои Қуръонро ингуна баршумурдаанд:
- Фиқҳ: тафовути мабонии фиқҳии шиаён ва аҳли суннат, хусусан дар оётул-аҳком.
- Луғат: ихтилоф дар интихоби муодили муносиб барои вожагон.
- Таркибот: хусусан дар таркиботи васфӣ, изофӣ ва васфӣ-изофие ки сохтори яксоне бо забонҳои мақсад надоранд.
- Ҷумлаҳо ва сохторҳо: хусусан дар ҷумалоти пуртаркибу печида.
- Эҷози ҳазф: ҳазфи ҳарф, исм, калима ва ҷумла ба хотири санъати эҷоз дар оёти бисёр.
- Марҷаъи замир: адами шаффофияти марҷаъи замир дар бархе оёт.
- Дидгоҳҳои каломӣ: ихтилоф дар бардоштҳои каломӣ, монанди масъалаи ҷабр, руъяти Худо ва исмат.[38]
Тарҷумаи гуруҳии Қуръон
Дар ибтидои садаи чаҳордаҳуми қамарӣ, масъалаи тарҷумаи Қуръон бар сари тарҷумаи англисии Муҳаммадалии Лоҳурӣ дар маҳофили илмии Миср, ба вижа донишгоҳи Алазҳар, боло гирифт ва то сад сол идома ёфт.[39] Дар соли 1355 қамарӣ, Муҳаммад Мустафо Мароғӣ - сарпарасти вақти Алазҳар, пешниҳоди тарҷумаи ҷамъӣ ва расмии Қуръон ба забони англисиро бо нахуствазири Миср дар миён ниҳод.[40]
Дар Эрон низ бархе бар ин боваранд, ки лозим аст тарҷумаи ҷамъие ба ҳиммати муҳаққиқони улуми қуръонӣ ва олимони улуми динӣ ва бо ҳимоятҳои ҳукуматӣ барои форсизабонон эҷод шавад.[41]
Ҳукми шаръии қироати тарҷумаи Қуръон дар намоз
Фуқаҳои шиа дар ҷоиз набудани қироати тарҷумаи Қуръон дар намоз иттифоқи назар доранд.[42] Фуқаҳои шофеӣ ва ҳанбалӣ ва моликӣ ҳам бар ҷоиз набудани ин кор иҷмоъ доранд,[43] аммо Абуҳанифа қоил ба ҷавози он шудааст.[44] Аз назари ӯ, забони Қуръон қидосати зотӣ надорад ва бо тавваҷуҳ ба ояти 196-и сураи Шуъаро матолиби Қуръон ба забонҳои дигар, дар китобҳои пешин низ мавҷуд аст. Дар натиҷа, тарҷумаи Қуръон низ ҳамон Қуръон хоҳад буд.[45]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Кӯшо, “Тарҷумаи Қуръон”, саҳ.425.
- ↑ Ҳошимӣ, “Тарҷумаи Қуръон (мабоҳиси назарӣ)”, саҳ.77.
- ↑ Изутсу, Худо ва инсон дар Қуръон, 1361ҳ.ш., саҳ.193-198.
- ↑ Ҳошимӣ, “Тарҷумаи Қуръон (мабоҳиси назарӣ)”, саҳ.73.
- ↑ Ниг.: Бағдодӣ, ал-Фарқ байна-л-фирақ, бе то, саҳ.132.
- ↑ Маърифат, Тафсир ва муфассирон, бе то, ҷ.1, саҳ.144-146; Кӯшо, “Тарҷумаи Қуръон”, саҳ.425; Беозори Шерозӣ, Қуръони нотиқ, ҷ.1, саҳ.229-269.
- ↑ Кӯшо, “Тарҷумаи Қуръон”, саҳ.425.
- ↑ Маърифат, Тафсир ва муфассирон, бе то, ҷ.1, саҳ.144-146.
- ↑ Маърифат, Тафсир ва муфассирон, бе то, ҷ.1, саҳ.144-146; Кӯшо, “Тарҷумаи Қуръон”, саҳ.425.
- ↑ Рашид Ризо, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Ҳаким, 1366ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.357-363.
- ↑ Баҳодурзода, “Тарҷумапазирии Қуръони Карим”, саҳ.61.
- ↑ Дар бораи ин номаҳо ниг.: Ибни Қудома, ал-Муғнӣ, бе то, ҷ.1, қисми 2, саҳ.15; Ҳамидуллоҳ, Маҷмуъат-ул-васоиқ-ис-сиёсийя, 1407ҳ.қ., саҳ. 100, 109-110 , 135 - 140.
- ↑ Сарахсӣ, Китоб ал-Мабсут, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.37.
- ↑ Ниг.: Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, Қоҳира, ҷ.1, саҳ.213.
- ↑ Муҳаммадии Малоерӣ, Таърих ва фарҳанги Эрон, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.26-27.
- ↑ Мибадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.226.
- ↑ Зарқонӣ, Маноҳил-ул-ирфон, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.40-41.
- ↑ Барои намуна ниг.: Ҷоҳиз, Китоб-ул-ҳайвон, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.75-78.
- ↑ Ғаззолӣ, ал-Ҷом-ул-авом, 1406ҳ.қ., саҳ.64-66.
- ↑ Аннора, Ҳадс-ул-аҳдос, бе то, саҳ.62-65.
- ↑ Баҳодурзода, “Тарҷумапазирии Қуръони Карим”, саҳ.61.
- ↑ Баҳодурзода, “Тарҷумапазирии Қуръони Карим”, саҳ.61.
- ↑ Шотибӣ, ал-Мувофиқот, 1411ҳ.қ., ҷ.1, ҷузъи 2, саҳ.51-52.
- ↑ Ниг.: Покатчӣ, Тарҷумашиносии Қуръони Карим, 1392ҳ.ш., саҳ.17.
- ↑ Дар бораи ин номаҳо ниг.: Ибни Қудома, ал-Муғнӣ, бе то, ҷ.1, қисми 2, саҳ.15; Ҳамидуллоҳ, Маҷмуъат-ул-васоиқ-ис-сиёсийя, 1407ҳ.қ., саҳ.100, 109-110, 135-140.
- ↑ Сарахсӣ, Китоб ал-Мабсут, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.37.
- ↑ Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.653.
- ↑ Муҳаммад Абушаъайшаъ, Баррасии фатвои Рашид Ризо, 1382ҳ.ш., № 14, саҳ.81.
- ↑ Раҳматӣ, “Тарҷумаи Қуръон (ба забонҳои дигар)”, саҳ.84.
- ↑ Раҳматӣ, “Тарҷумаи Қуръон (ба забонҳои дигар)”, саҳ.84.
- ↑ Ниг.: Раҳматӣ, “Тарҷумаи Қуръон (ба забонҳои дигар)”, саҳ.84 - 95.
- ↑ Озарнуш, “Тарҷумаҳои форсии Қуръон”, ҷ.15, саҳ.84 - 86.
- ↑ Ризоии Исфаҳонӣ, Мантиқи тарҷумаи Қуръон, Қум, 1391ҳ.ш., саҳ.57.
- ↑ Ниг.: Озарнуш, “Тарҷумаҳои форсии Қуръон”, саҳ.91.
- ↑ Ҳаддоди Одил, Тарҷумаи Қуръон, 1388ҳ.ш., саҳ.26-38.
- ↑ Ҳайдарии Обравон, Баррасии назарҳо ва назарияҳо дар рӯйкарде навин ба пешинаи таърихи тарҷумаи Қуръони Карим, саҳ.75.
- ↑ Барои ин манзур ниг.: муассисаи фарҳангии Тарҷумони ваҳй.
- ↑ Азимпӯр Муқаддам, “Тарҷумаи Қуръон ва авомили ихтилофи он”, саҳ.49-61.
- ↑ Шотир, Қавл-ус-садид фи ҳукми тарҷумат-ил-Қуръон-ил-Маҷид, 1355ҳ.қ., саҳ.35-36.
- ↑ Муҳанно, Диросатун ҳавла тарҷумат-ил-Қуръон-ил-Карим, бе то, саҳ.47 - 54.
- ↑ Ниг.: Муҷоҳидиён, “Нигоҳе ба бархе тарҷумаҳои Қуръони Карим”, саҳ.163.
- ↑ Ниг.: Тусӣ, Китоб-ул-хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.343-346; Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.246.
- ↑ Абуисҳоқи Шерозӣ, ал-Муҳаззаб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.80.
- ↑ Суютӣ, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, 1967м, ҷ.1, саҳ.377.
- ↑ Марғинонӣ, ал-Ҳидоя, бе то, ҷ.1, саҳ.47.
Сарчашма
- Абуисҳоқи Шерозӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Муҳаззаб фи фиқҳ-ил-имом-иш-Шофеъӣ, Бейрут, 1379ҳ.қ.
- Азимпӯр Муқаддам, Азим, Тарҷумаи Қуръон ва авомили ихтилофи он, маҷаллаи Паёми ҷовидон, № 2, соли 1382ҳ.ш.
- Аннора, Муҳаммадсалмон, Ҳадс-ул-аҳдос фи-л-Ислом: ал-Иқдом ала тарҷумат-ил-Қуръон, Миср, Матбаъатул-салафийя, бе то.
- Бағдодӣ, Абдулқоҳир ибни Тоҳир, ал-Фарқ байна-л-фирақ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, бе то.
- Баҳодурзода, Парвин, Тарҷумапазирии Қуръони Карим, Баййинот, № 24, фарвардини 1378ҳ.ш., саҳ.61.
- Беозори Шерозӣ, Абдукарим, Теҳрон, Қуръони нотиқ, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1377ҳ.ш.
- Ғаззолӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ҷом-ул-авом ан илм-ил-калом, Бейрут, чопи Муҳаммад Муътасим Биллоҳи Бағдодӣ, 1406ҳ.қ.
- Зарқонӣ, Муҳаммадабдулъазим, Маноҳил-ул-ирфон фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, 1412ҳ.қ.
- Ибни Қудома, ал-Муғнӣ, Қоҳира, Мактабат Ибни Таймийя, бе то.
- Марғинонӣ, Алӣ ибни Абибакр, ал-Ҳидоя шарҳи бидоят-ул-мубтадӣ, беҷо, ал-Мактабатул-сломийя, бе то.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Тафсир ва муфассирон, Қум, интишороти Тамҳид, бе то.
- Мибадӣ Рашидуддин, Кашф-ул-асрор ва иддат-ул-аброр, таҳқиқ: Алиасғари Ҳикмат, Теҳрон, интишороти Амири Кабир, 1371ҳ.ш.
- Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоъид, Қум, 1408-1411ҳ.қ.
- Муҳаммад Абушуъайшаъ, Муҳаммадалӣ, Баррасии фатвои Рашид Ризо дар мавриди тарҷумаи Қуръони Маҷид, тарҷумаи Аббос Имом, Тарҷумони ваҳй, поиз ва зимистон, 1382ҳ.ш.
- Муҳаммадии Малоерӣ, Муҳаммад, Таърих ва фарҳанги Эрон дар даврони интиқол аз асри сосонӣ ба асри исломӣ, Теҳрон, 1372ҳ.ш.
- Муҳанно, Аҳмад Иброҳим, Диросатун ҳавла тарҷумат-ил-Қуръон-ил-Карим, Қоҳира, Дорул-кутуб, бе то.
- Муҷоҳидиён, Сайид Муҷтабо, Нигоҳе ба бархе тарҷумаҳои Қуръони Карим, Баййинот, соли ҳафтум, № 27, 1379ҳ.ш.
- Озарнуш, Озартош, “Тарҷумаҳои форсии Қуръон”, Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1387ҳ.ш.
- Покатчӣ, Аҳмад, Тарҷумашиносии Қуръони Карим, Теҳрон, интишороти донишгоҳи Имом Содиқ, 1392ҳ.ш.
- Раҳматӣ, Муҳаммадкозим, “Тарҷумаи Қуръон (ба забонҳои дигар)”, Донишномаи ҷаҳони ислом (ҷ.7), Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
- Рашид Ризо, Муҳаммад, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Ҳаким (машҳур ба тафсири ал-Минор), Миср, 1366ҳ.қ.
- Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Мантиқи тарҷумаи Қуръон, Қум, Маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо, 1391ҳ.ш.
- Ромёр, Маҳмуд, Таърихи Қуръон, Теҳрон, Амир Кабир, чопи сеюм, 1369ҳ.ш.
- Сарахсӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад Шамсулаимма, Китоб ал-Мабсут, Бейрут, 1406ҳ.қ.
- Суютӣ, Абдураҳмон ибни Абибакр, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, Қоҳира, чопи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, 1967м.
- Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Китоб-ул-хилоф, Қум, 1407-1417ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Қоҳира, бе то.
- Ҳаддоди Одил, Ғуломалӣ, Тарҷумаи Қуръон, Қум, 1388ҳ.ш.
- Ҳайдарии Обравон, Заҳро, Баррасии назарҳо ва назарияҳо дар рӯйкарде навин ба пешинаи таърихи тарҷумаи Қуръони Карим, Мутолиъоти тарҷумаи Қуръон ва ҳадис, давраи 7, № 13, баҳор ва тобистон, 1399ҳ.ш.
- Ҳамидуллоҳ, Муҳаммад, Маҷмуъат-ул-васоиқ-ис-сиёсийя ли-л-аҳд-ин-набавӣ ва-л-хилофат-ир-рошида, Бейрут 1407ҳ.қ.
- Ҳошимӣ, Сайид Аҳмад, “Тарҷумаи Қуръон (мабоҳиси назарӣ)”, Донишномаи ҷаҳони Ислом (ҷ.7), Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
- Ҷоҳиз, Амр ибни Баҳр, Китоб-ул-ҳайвон, Миср, чопи Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, 1385-1389ҳ.қ.
- Шотибӣ, Иброҳим ибни Мусо, ал-Мувофиқот фи усул-иш-шариъат, Бейрут, 1411ҳ.қ.
- Шотир, Муҳаммад Мустафо, ал-Қавл-ус-садид фи ҳукми тарҷумат-ил-Қуръон-ил-Маҷид, Қоҳира, 1355ҳ.қ., саҳ.35-36.