Таҳрифнопазирии Қуръон

Аз wikishia

Мақолаи Таҳрифнопазирии Қуръон бо мақолоти Эъҷози Қуръон ва Асолати Қуръон иртибот дорад.

Таҳрифнопазирии Қуръон (форсӣ: تحریف‌ناپذیری قرآن) аз боварҳои умуми мусулмонон аст ки бар асоси он, Қуръони мавҷуд назди мусулмонон, ҳамон Қуръоне аст, ки бар Пайғамбар (с) ваҳй шуда ва таҳриф нашудааст.

Ҳамаи мусулмонони иттифоқи назар доранд ки бар Қуръони мавҷуд назд мусулмонон чизеи афзуда нашудааст; вале дар бораи нуқсон дар он ихтилофи назар вуҷуд дорад. Иддаи андаке аз олимони мусулмон бар ин назаранд ки дар Қуръон нуқсон роҳ ёфтааст. Ҳуҷҷат ва далели онон дастае аз ривоёт аст ки дар бархе манобеи ривоии аҳли суннат ва шиа ворид шудааст; бо ин ҳол, бархе ваҳҳобиён, қавл ба таҳрифи Қуръонро ба шиаён нисбат додаанд.

Дидгоҳи машҳур назд олимони шиа ин аст ки ҳеҷ гуна таҳрифе аз ҷиҳати зиёдату костӣ дар Қуръон роҳ наёфта ва Қуръони мавҷуд назди мусулмонон ҳамон Қуръоне аст, ки бар Пайғамбар (с) нозил шудааст. Онон барои исботи таҳриф нашудани Қуръон ба зиёдату костӣ, ба ояти ҳифз, ҳадиси сиқлайн ва бархе дигар аз ривоёти нақлшуда аз имомони маъсум (а) ва далели ақлӣ истинод кардаанд. Олимони шиа ҳамчунин ривоёти далолаткунанда бар нуқсонро, ки дар бархе манобеи аҳли суннат ва шиа нақл шуда аз ҷиҳати санад ва далолат мавриди нақду баррасӣ қарор дода ва бар ин назаранд, ки бо истинод ба ин ривоёт наметавон вуқуъи нуқсон дар Қуръонро исбот намуд.

Осори фаровоне дар радди қавл ба таҳрифи Қуръон аз сӯи муфассирон, фақиҳон ва қуръонпажӯҳони шиа таълиф шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз: Бурҳони равшан; ал-Бурҳону ало адами таҳриф-ил-Қуръон, таълифи Мирзо Маҳдӣ Буруҷердӣ ва Сиёнат-ул-Қуръони мин-ат-таҳриф, навиштаи Муҳаммадҳодии Маърифат.

Маънои таҳриф ва ақсоми он

Таҳриф ба маънои табдил ва тағир додани калом аз вазъу ҳолати аслӣ он аст.[1] Барои он ақсоме зикр кардаанд,[2] ки ба шарҳи зер аст:

Таҳрифи лафзӣ

Тағйир дар алфози калом аст, ки ақсоме дорад ва муҳимтарин ақсоми он иборатанд аз:[3]

Таҳриф ба зиёдат: ин навъи таҳриф дар робита бо Қуръон, бад-ин маъност, ки бахше аз Қуръоне ки акнун дар дасти мусулмонон аст, ҳамон Қуръони нозилшуда бар Пайғамбар (с) нест.[4]

Таҳриф ба нуқсону костӣ: бад-ин маъност, ки Қуръони мавҷуд назд мусулмонон, шомили ҳамаи он чи бар Пайғамбар (с) нозилшуда, нест.[5]

Таҳрифи маънавӣ

Манзур аз таҳрифи маънавӣ ё муҳтавоӣ ин аст ки таҳрифкунанда маънои дилхоҳи худашро ба калом бор кунад ва таваҷҷуҳ ба мақсуди соҳиби гуфтор надошта бошад.[6] Ба баёни дигар, тафсиру таъвили калом ба ғайр аз маъное аст, ки калом дар он зуҳур дорад.[7]

Дигар маъноҳои таҳриф

Риоят накардани тартиби ҷойгоҳи сураҳо бар асоси тартиби нузули онҳо (таҳрифи мавзеъӣ), табдили калимае ба калимаи муродифи он (таҳрифи табдили калима) ва қироати калимоти Қуръон бар хилофи қироатҳои маъмул(таҳриф дар қироат)-ро аз дигари ақсоми мухталиф таҳриф бар шумурдаанд.[8]

Дидгоҳи мусулмонон дар бораи таҳрифи Қуръон

Ба гуфтаи Сайид Абулқосим Хуӣ (ваф.1371ҳ.ш.), тибқи зарурати дин ва иҷмоъу иттифоқи ҳамаи мусулмонон, таҳриф ба зиёдат, яъне афзудани лафзе ба Қуръон, дар Қуръон воқеъ нашудааст.[9] Дар хусуси таҳриф ба нуқсон, яъне ҳазф шудан бархе алфоз ва иборат аз Қуръон, миёни олимони мусулмон ихтилофи назар аст: бештари олимони мусулмон муътақиданд ин навъи таҳриф низ дар Қуръон воқеъ нашуда; дар муқобил, иддаи андаке бар ин боваранд, ки воқеъ шудааст.[10]

Дар бораи таҳрифи маънавии Қуръон, Сайид Абулқосим Хуӣ дар китоби ал-Баёну фи тафсир-ил-Қуръон навиштааст байни мусулмонон ихтилофе нест ки ин навъи таҳриф воқеъ шуда ва бархе макотиби фосид, оёти Қуръонро мутобиқи орову дидгоҳҳои худ ба таъвил бурдаву маънои онҳоро тағйир додаанд.[11] Дар забони шариъат, аз ин навъи таҳриф, бо унвони тафсир ба раъй ёд шуда ва аз он наҳй шудааст.[12]

Бино ба назари бархе қуръонпажӯҳон, дигар маъноҳои таҳриф, ҳамчун табдили калимае ба калимаи муродифи он ва қироати калимоти Қуръони бар хилофи қироатҳои маъмул ҳам дар Қуръон воқеъ нашудаанд.[13]

Ақидаи шиа дар бораи таҳрифи Қуръон

Дидгоҳи машҳур назд олимони шиа ин аст, ки на танҳо таҳриф ба зиёдат, балки таҳриф ба нуқсону костӣ низ дар Қуръон воқеъ нашудааст ва Қуръоне ки байни мусулмонон роиҷ аст, ҳамон Қуръоне аст ки аз сӯи Худованд бар Пайғамбар (с) нозил шудааст.[14] Шайхи Садуқ дар китоб ал-Эътиқодот гуфтааст эътиқоди шиа бар ин аст ки Қуръони нозилшуда бар Пайғамбар (с) ҳамон Қуръони мавҷуд дар дасти мардум аст ва беш аз он нест ва касоне ки ба шиа нисбат медиҳанд ки Қуръони нозилшуда беш аз Қуръон мавҷуд аст, дурӯғ мегӯянд.[15]

Шайхи Тӯсӣ дар муқаддамаи тафсири ат-Тибён гуфта аз мазҳаби саҳеҳи имомия ба даст меояд ки нуқсон дар Қуръон роҳ наёфтааст ва ривоёте, ки аз шиа ва аҳли суннат дар нуқсони Қуръон нақл шуда, хабарҳои воҳидианд, ки илмовар нестанд ва беҳтар аст аз онҳо эъроз шавад.[16]

Муҳаммадҷаводи Балоғӣ (ваф.1352ҳ.қ.) низ дар китоби Оло-ур-раҳмон аз Муҳаққиқи Каракӣ чунин нақл кардааст: ривоёте, ки қоилон ба нуқсони Қуръон ба онҳо истинод кардаанд, аз он ҷо ки мухолифи далелҳои қуръонӣ, суннати мутавотир ва иҷмоъ ҳастанд, агар имкони таъвили онҳо вуҷуд надошта бошад, бояд канор гузошта шаванд.[17]

Кошифулғито (ваф.1228ҳ.қ.) аз дигари олимон ва фақиҳони шиа аст ки бо радди таҳриф ба нуқсон аз Қуръон гуфтааст: сариҳи Қуръон ва иҷмоъи уламои ҳар асре бар ин амр гувоҳӣ медиҳад, ки дар Қуръон нуқсон роҳ наёфта ва эътиборе ба мухолифати андаке нест ва бадеҳӣ будани эминии Қуръон аз таҳриф, амал ба зуҳури ривоёте, ки бар таҳриф далолат дорандро рад мекунад.[18]

Нисбат додани ақидаи таҳрифи Қуръон ба шиа

Табарсӣ дар Маҷмаъ-ул-баён (ваф.548ҳ.қ.) гуфтааст бархе шиаён ва ҷамъе аз Ҳашвия (фирқае аз аҳли суннат ки завоҳири ривоётро меъёр қарор медиҳанд), ривоёте зикр кардаанд, ки бар асоси онҳо, нуқсон дар Қуръон роҳ ёфтааст.[19] Қоилон ба таҳриф ва нуқсон дар оёти Қуръон, ба ривоёте истинод кардаанд ки дар манобеи ҳадисии шиа[20] ва аҳли суннат[21] нақл шудаанд.[22] Гуфта мешавад иддаи андаке аз ахбориён[23] бо такя ба ҳамин ривоёт қоил шудаанд, ки дар Қуръон нуқсон роҳ ёфта ва Қуръони мавҷуд назди мусулмонон, ҳамаи он чизе нест, ки бар Пайғамбар (с) нозил шудааст.[24] Ҳамин амр сабаб шудааст, то бархе ваҳҳобиён бовар ба ақидаи таҳрифро ба ҳамаи шиа нисбат диҳанд.[25]

Ин тӯҳмат, ба вижаи пас аз нашри китоби Фасл-ул-хитоб таълифи Мирзо Ҳусайни Нурӣ дар соли 1292ҳ.қ., бештар шуд[26] ва то имрӯз (қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ) низ аз манобеъе ба шумор меравад, ки бо истинод ба он, ба шиа нисбати таҳриф медиҳанд.[27] Барои намуна, Эҳсон Илоҳӣ Заҳир, нависандаи ваҳҳобии аҳли Покистон, дар китобаш бо унвони «аш-Шиату ва-л-Қуръон», пас аз ишора ба китоби Фасл-ул-хитоб, дидгоҳи таҳриф, ҳатто таҳриф ба зиёдатро ба ҳамаи олимони шиа нисбат дода ва гуфтааст Мирзо Ҳусайни Нурӣ дар бовар ба таҳрифи Қуръон танҳо нест ва ӯ парда аз ақидае бардошта ки дигар олимон шиа ба он бовар доранд ва аз рӯй тақия пинҳон мекунанд.[28]

Посухи олимони шиа

Ба гуфтаи Мирзо Маҳдӣ Буруҷердӣ (ваф.1347ҳ.ш.), фақиҳи шиа ва аз шогирдони шайхи Абдулкарим Ҳоирии Яздӣ дар китоби Бурҳони равшан; ал-Бурҳону ало адами таҳриф-ил-Қуръон, бештари ривоёти таҳрифи Қуръон, аз ҷумла 188 ривоят аз ривоёте, ки дар китоби Фасл-ул-хитоби Мирзо Ҳусайни Нурӣ омада, аз китоби Аҳмад ибни Муҳаммад Сайёрӣ будааст.[29] Абулқосим Хуӣ гуфтааст уламои илми риҷол, Сайёриро каззоб муаррифӣ карда ва бар фасоди ақидааш иттифоқи назар доранд.[30]

Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ (ваф.1389ҳ.қ.) дар аз-Зариъа, китоби Фасл-ул-хитоб, аз ҳамон ибтидои таълиф, мавриди мухолифати олимони шиа қарор гирифт;[31] ба тавре ки гуфта мешавад Муҳаммадҳусайни Кошифулғито ки муосири нависандаи китоб буд, пас аз мутолиаи китоб, ба ҳаром будани чопи он фатво содир кард[32] ва осори зиёде чи ба таври мустақил[33] ва чи дар зимни мабоҳис ва осори марбут ба тафсири Қуръон[34] аз сӯи фақиҳон, муфассирон ва қуръонпажӯҳони шиа, дар радди ин китоб нигошта шуд.

Сайид Камол Ҳайдарӣ дар китобе бо унвони «Қуръон ва масуният аз таҳриф», 32 тан аз муфассирон, фақиҳон ва қуръонпажӯҳони машҳури шиаро ном мебарад, ки ҳаргуна таҳриф ба зиёдат ва костӣ аз Қуръонро рад кардаанд.[35] Дар мақолае бо унвони «Ғолиён ва андешаи таҳрифи Қуръон» низ чунин иддао шудааст, ки аз маҷмӯи ривоёте, ки дар боби таҳрифи Қуръони ворид шуда, теъдоди зиёде (тақрибан аз се ду ҳиссаи) онҳо аз тариқи ғолиён нақл шудааст.[36]

Далоили таҳрифнопазирии Қуръон

Қоилон ба эминии Қуръон аз таҳриф, барои исботи суханашон, ба далелҳои зер истинод кардаанд:

Ояти ҳифз

Бино ба назари муфассирон, калимаи «зикр» дар ояти нуҳуми сураи Ҳиҷр (إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ) ба маънои Қуръон аст ки Худованд онро бар Пайғамбар (с) нозил карда ва худашро ӯҳдадори ҳифзи он аз таҳриф ба зиёдату костӣ муаррифӣ кардааст.[37]

Ривоёт

Дар бархе ривоёт ба таҳриф нашудани Қуръон тасреҳ шудааст.[38] Ҳадиси сиқлайн аз ривоёте аст, ки барои исботи таҳрифнопазирии Қуръон ба он истинод кардаанд.[39] Бар асоси ин ҳадис ки аз Пайғамбар (с) нақл шуда,[40] имкони чанг задан ба Қуръон дар ҳар асре вуҷуд дорад; дар ҳоле ки эътиқод ба таҳрифи Қуръон, монеъи чанг задан ба он аст ва агар Қуръон таҳриф шуда бошад, зарурате надошт ки Пайғамбар ба тамассуки он амр карда бошад.[41] Ҳамчунин дар бархе ривоёт, яке аз роҳҳои ташхиси ривоёти муътабар аз ривоёти номуътабар, арза кардани онон бар Қуръон аст[42] ва агар Қуръон таҳриф шуда бошад, арзаи ривоёт бар он беҳуда ва чунин дастур низ беҳуда буд.[43]

Ба гуфтаи Шайхи Садуқ дар китоби ал-Эътиқодот, ривоёте, ки аз имомони маъсум (а) дар бораи фазилати сураҳо, савоби қироати Қуръон ва савоби қироат ҳар сура аз он нақл шуда[44] ва ҳамчунин ривоёти марбут ба савоби хатми Қуръон[45] ҳама бар эминии Қуръон аз таҳриф далолат мекунанд.[46]

Далели ақлӣ

Ба гуфтаи Мирзо Маҳдӣ Буруҷердӣ, Пайғамбар (с) пас аз беъсат се иддао матраҳ намуд: аввал ин ки ӯ барои ҳамаи тавоифи башар мабъус шудааст. Дувуми ин ки ҳамаи шариъатҳои собиқ мансух шуда ва бояд ба шариъати вай амал шавад. Сеюм ин ки унвони хотамият дорад ва пас аз вай пайғамбаре нахоҳад омад.[47] Бо тавваҷуҳ ба ин муқаддамот, ақл ҳукм мекунад Қуръоне ки Худованд бар охирин фиристодааш барои ҳидояти башар то қиёмат, нозил карда бояд аз ҳаргуна таҳриф ба зиёдату костӣ пероста бошад.[48]

Бархе низ бо тамассук ба қоидаи лутф чунин истидлол кардаанд ки фиристодани пайғамбарон ва нозил кардани китобҳои осмонӣ аз сӯи Худованд барои саодати дунявӣ ва ухравии башар, лутф маҳсуб мешавад ва китоби Қуръон ки охирин китоби нозилшуда барои ҳидояти башар аст, ба муқтазои қоидаи лутф, бояд аз ҳаргуна зиёдӣ ва нуқсон дур бошад ва агар зиёдату костӣ дар он воқеъ шавад, мухолифи муқтазои лутф аст.[49]

Қоил набудани шиа ба таҳриф аз нигоҳи олимони аҳли суннат

Бархе олимони аҳли суннат ба дур будани шиа аз ақидаи таҳрифи Қуръон тасреҳ кардаанд.[50] Барои намунаи Абулҳасани Ашъарӣ (ваф.324ҳ.қ.) дар Мақолот-ул-исломийин, қавл ба нуқсони Қуръонро танҳо ба фирқае аз шиа нисбат дода ва гуфтааст бархе дигар аз шиа ки ба имомат муътақиданд (имомия) бар ин назаранд, ки дар Қуръон, на зиёдат роҳ ёфтааст ва на нуқсон.[51]

Раҳматуллоҳ Деҳлавӣ (ваф.1308ҳ.қ.), олими аҳли суннат ва аҳли Ҳиндӯстон, дар китоби «Изҳор-ул-ҳақ» гуфтааст Қуръон назди бештари уламои шиаи имомия аз ҳаргуна тағйиру табдил маҳфуз монда ва танҳо иддаи андаке сухан аз костӣ ба миён овардаанд, ки назарашон назди онон мардуд аст.[52]

Муҳаммад Абдуллоҳ Дароз (ваф.1337ҳ.ш.), олим ва муфассири мисрӣ, дар китобаш бо унвони «Мадхалу ила-л-Қуръон-ил-карим» бо зикри дидгоҳи Шайхи Садуқ дар таҳриф нашудани Қуръон изҳор кардааст имомия бар ин боваранд ки дар Қуръони мавҷуд назди мусулмонон, ҳеҷ таҳрифе аз ҷиҳати зиёдату костӣ воқеъ нашудааст.[53] Муҳаммад Муҳаммад ал-Маданӣ (ваф.1388ҳ.қ.), олими мисрӣ ва аз устодони Донишгоҳи ал-Азҳар, дар зимни мақолае ки дар маҷалла «Рисолат-ул-Ислом» чоп шуда, навиштааст аз муҳаққиқони шиаи имомия ва аҳли суннат, касе ба таҳрифи Қуръон муътақид нест.[54]

Китобшиносӣ

Китоби Сиёнат-ул-Қуръони мин-ат-таҳриф асари Муҳаммадҳодии Маърифат

«Китобшиносии адами таҳрифи Қуръон», унвони китобе дар 275 сафҳа ва шомили беш аз 500 асар перомуни мавзуи таҳрифнопазирии Қуръон аст ки тавассути Козими Устодӣ танзим шуда ва дар соли 1392ҳ.ш., аз сӯи созмони ҳаҷҷу зиёрат интишор ёфтааст.[55] Бархе аз муҳимтарин осоре, ки аз сӯи олимони шиа дар мавзуи таҳрифнопазирии Қуръони нигошта шуда ба шарҳи зер аст:

  • Кашф-ул-иртиёби ан таҳриф-ил-китоб, навиштаи шайх Маҳмуди Теҳронӣ: гуфта мешавад аввалин асаре аст ки пас аз интишори Фасл-ул-хитоб ва дар радди он навишта шуд.[56] Оқобузурги Теҳронӣ гуфтааст вақте муаллифи китоби Фасл-ул-хитоб (Мирзо Ҳусайни Нурӣ) ин асарро мутолиа кард, рисолае ба форсӣ дар радди он навишт ва суфориш кард ки бо китоби Фасл-ул-хитоб чоп шавад.[57] Ӯ дар ин рисола гуфта манзураш аз таҳриф ин нест, ки ба Қуръони мавҷуд назди мусулмонон ки дар замони Усмон гирдоварӣ шуда, чизе изофа ё кам шудааст; балки манзур ин аст ки қисмате аз ваҳйи Илоҳӣ ки бар Пайғамбар (с) нозил шуда, соқит гашта ва дар Қуръони мавҷуд, сабт нашудааст.[58]
  • Бурҳони равшан; ал-Бурҳону ало адами таҳриф-ил-Қуръон, таълифи Мирзо Маҳдӣ Буруҷердӣ: нависанда, дар ин китоб, далелҳое бар радди таҳрифи Қуръон ироа кардааст.[59] Ӯ ҳамчунин ривоёте, ки дар китоби Фасл-ул-хитоб барои исботи нуқсони Қуръон ба он истинод шударо аз лиҳози санад ва далолат мавриди нақду баррасӣ қарор додааст.[60] Нависанда дидгоҳи беш аз 40 нафар аз муфассирон, фақиҳон ва қуръонпажӯҳони шиа дар радди таҳрифи Қуръон ба зиёдат ва костиро дар ин китоб баён кардааст.[61]
  • Сиёнат-ул-Қуръони мин-ат-таҳриф, таълифи Муҳаммадҳодии Маърифат: ин китоб шомили ҳашт фасл ва дарбардорндаи ин мабоҳис аст: таърифи луғавӣ ва истилоҳии «таҳриф», далелҳои таҳриф нашудани Қуръон, дидгоҳи бархе олимони шиа дар мувофиқат бо адами таҳрифи Қуръон, гувоҳии бархе соҳибназарони аҳли суннат ба перостагии шиа аз қавл ба таҳрифи Қуръон, таҳрифе ки дар кутуби аҳдайн воқеъ шуда, таҳриф назди фирқаи Ҳашвия, таҳриф назд ахбориён ва нақду баррасии дидгоҳи нависандаи Фасл-ул-хитоб.[62] Ин китоб тавассути Алӣ Насирии Гелонӣ ба форсӣ тарҷума шуд ва аз сӯи интишороти САМТ, дар санаи 1379ҳ.ш., бо унвони «Таҳрифнопазирии Қуръон» чоп гардид.[63]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Муин, Фарҳанги Муин, зайли вожаи «таҳриф»
  2. Барои намуна ниг.: Хуӣ, ал-Бурҳони фи тафсир-ил-Қуръон, Муассисату эҳёи осор-ил-имом ал-Хуӣ, саҳ.197 - 200; Маърифат, Сиёнат-ул-Қуръони мин-т-таҳриф, 1428ҳ.қ., саҳ.19 - 23
  3. Рашидризо, Тафсиру ал-манор, ҷ.5, саҳ.114
  4. Хуӣ, ал-Бурҳони фи тафсир-ил-Қуръон, Муассисату эҳёи осор-ил-имом ал-Хуӣ, саҳ.200
  5. Хуӣ, ал-Баёну фи тафсир-ил-Қуръон, Муассисату эҳёи осор-ил-имом ал-Хуӣ, саҳ.200
  6. Насирӣ, «Муқаддама», бар Таҳрифнопазирии Қуръон, таълифи Муҳаммадҳодии Маърифат, саҳ.4
  7. Маърифат, Сиёнат-ул-Қуръони мин-т-таҳриф, 1428ҳ.қ., саҳ.20; Рашидризо, Тафсиру ал-манор, 1990, ҷ.5, саҳ.114
  8. Маърифат, Сиёнат-ул-Қуръони мин-т-таҳриф, 1428ҳ.қ., саҳ.20 - 21
  9. Хуӣ, ал-Бурҳони фи тафсир-ил-Қуръон, Муассисату эҳёи осор-ил-имом ал-Хуӣ, саҳ.200
  10. Хуӣ, ал-Бурҳони фи тафсир-ил-Қуръон, Муассисату эҳёи осор-ил-имом ал-Хуӣ, саҳ.200
  11. Хуӣ, ал-Бурҳони фи тафсир-ил-Қуръон, Муассисату эҳёи осор-ил-имом ал-Хуӣ, саҳ.197
  12. Барои намуна ниг.: Ибни Абиҷумҳур, Авоил-ул-лаолӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.104; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.202 - 203; Маърифат, Сиёнат-ул-Қуръони мин-т-таҳриф, 1428ҳ.қ., саҳ.20
  13. Барои намуна ниг.: Заркашӣ, ал-Бурҳони фи улум-ил-Қуръон, 1376ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.256 - 260; Суютӣ, ал-Итқони фи улум-ил-Қуръон, 1394ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.216 - 217; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.186; Маърифат, ат-Тамҳиди фи улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.318
  14. Хуӣ, ал-Баёну фи тафсир-ил-Қуръон, Муассисату эҳёи осор-ил-имом ал-Хуӣ, саҳ.200
  15. Шайхи Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.84
  16. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибёну фи тафсир-ил-Қуръон, Эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, ҷ.1, саҳ.3
  17. Балоғӣ, Оло-ур-раҳмон, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.26
  18. Кошифулғито, Кашф-ул-ғитои ан мубҳамот-иш-шариъат-ил-ғарро, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.453
  19. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30
  20. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437у ҷ.2, саҳ.633 - 634; Айёшӣ, Тафсир-ул-айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.293
  21. Барои намуна ниг.: Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, 1416ҳ.қ., ҷ.35, саҳ.133 - 134 ва 305 ва 501; Ибни Моҷа, Сунани Ибни Моҷа, Дору эҳё-ил-кутуб-ил-ъарабия, ҷ.1, саҳ.625; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1414ҳ.қ., ҷ.6, 559 - 560
  22. Ҳайдарӣ, Қуръон ва масуният аз таҳриф, 1392ҳ.ш., саҳ.56
  23. Балоғӣ, Оло-ур-раҳмон, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25 - 26
  24. Маърифат, Сиёнат-ул-Қуръони мин-т-таҳриф, 1428ҳ.қ., саҳ.171
  25. Барои намуна ниг.: «عقیدة الشیعة الإمامیة فی القرآن الكریم» Сайти Машруъ-ул-ҳисн
  26. Маърифат, Сиёнат-ул-Қуръони мин-т-таҳриф, 1428ҳ.қ., 102; Муаддаб, Ҳаддодиён, «Баррасии далолии ривоёти таҳрифнамо дар китоби Кофӣ», саҳ.32
  27. Барои намуна ниг.: ал-Қафорӣ, Усулу мазҳаб-иш-шиат-ил-имомияти ал-исна ашария (арзу нақд), 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.214 ва 234
  28. Заҳир, аш-Шиату ва-л-Қуръон, Идорату тарҷумон-ус-сунна, саҳ.111
  29. Буруҷердӣ, Бурҳони равшан; ал-Бурҳону ало адами таҳриф-ил-Қуръон, 1375ҳ.қ., саҳ.70
  30. Хуӣ, ал-Баёну фи тафсир-ил-Қуръон, Муассисату эҳёи осор-ил-имом ал-Хуӣ, саҳ.226
  31. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиа, 1408ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.231
  32. Муаддаб, Ҳаддодиён, «Баррасии далолии ривоёти таҳрифнамо дар китоби Кофӣ», саҳ.32
  33. Барои намуна ниг.: Устодӣ, Китобшиносии адами таҳрифи Қуръон, 1392ҳ.ш., саҳ.19 - 20
  34. Барои намуна ниг.: Балоғӣ, Оло-ур-раҳмон, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25 - 29; Хуӣ, ал-Баёну фи тафсир-ил-Қуръон, Муассисату эҳёи осор-ил-имом ал-Хуӣ, саҳ.220 - 259
  35. Ҳайдарӣ, Қуръон ва масуният аз таҳриф, 1392ҳ.ш., саҳ.17 - 22
  36. Аҳмадӣ, «Ғолиён ва андешаи таҳрифи Қуръон», саҳ.220
  37. Барои намуна ниг.: Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.123; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.101; Қуртубӣ, Тафсир-ул-Қуртубӣ, Дору эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, ҷ.1, саҳ.84; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.105; Ибни Ошур, ат-Таҳриру ва-т-танвир, 1421ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.17
  38. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.286 - 287у ҷ.2, саҳ.627
  39. Барои намуна ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибёну фи тафсир-ил-Қуръон, Эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, ҷ.1, саҳ.3 - 4; Хуӣ, ал-Баёну фи тафсир-ил-Қуръон, Муассисату эҳёи осор-ил-имом ал-Хуӣ, саҳ.216
  40. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.294
  41. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибёну фи тафсир-ил-Қуръон, Эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, ҷ.1, саҳ.3 - 4; Ҳайдарӣ, Қуръон ва масуният аз таҳриф, 1392ҳ.ш., саҳ.44
  42. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.69
  43. Маърифат, Сиёнат-ул-Қуръони мин-т-таҳриф, 1428ҳ.қ., саҳ.47 - 48
  44. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмоли ва иқоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.100, 125 - 129
  45. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмоли ва иқоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.99 - 104
  46. Шайхи Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.84
  47. Буруҷердӣ, Бурҳони равшан; ал-Бурҳону ало адами таҳриф-ил-Қуръон, 1375ҳ.қ., саҳ.12
  48. Буруҷердӣ, Бурҳони равшан; ал-Бурҳону ало адами таҳриф-ил-Қуръон, 1375ҳ.қ., саҳ.13
  49. Тоҳирии Хуррамободӣ, Адами таҳрифи Қуръон, 1385ҳ.ш., саҳ.106
  50. Маърифат, Сиёнат-ул-Қуръони мин-т-таҳриф, 1428ҳ.қ., саҳ.73
  51. Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломийин, 1400ҳ.қ., саҳ.47
  52. Деҳлавӣ, Изҳор-ул-ҳақ, 1413ҳ.қ., саҳ.354
  53. Дароз, Мадхалу ила-л-Қуръон-ил-карим, 1404ҳ.қ., саҳ.39 - 40
  54. ал-Маданӣ, «Риҷҷат-ул-баҳси фи куллият-иш-шариъа», саҳ.381
  55. Устодӣ, Китобшиносии адами таҳрифи Қуръон, 1392ҳ.ш., саҳ.43
  56. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъату ила-т-тасониф-иш-шиа, 1408ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.231
  57. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъату ила-т-тасониф-иш-шиа, 1408ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.231
  58. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъату ила-т-тасониф-иш-шиа, 1408ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.231 - 232
  59. Буруҷердӣ, Бурҳони равшан; ал-Бурҳону ало адами таҳриф-ил-Қуръон, 1375ҳ.қ., саҳ.9 - 12
  60. Буруҷердӣ, Бурҳони равшан; ал-Бурҳону ало адами таҳриф-ил-Қуръон, 1375ҳ.қ., саҳ.53 - 88
  61. Барои намуна ниг.: Буруҷердӣ, Бурҳони равшан; ал-Бурҳону ало адами таҳриф-ил-Қуръон, 1375ҳ.қ., саҳ.106 - 160
  62. Маърифат, Сиёнат-ул-Қуръони мин-т-таҳриф, 1428ҳ.қ., саҳ.280
  63. Маърифат, Таҳрифнопазирии Қуръон, 1379ҳ.ш., саҳ.13 - 14

Сарчашма

  • Қуръон
  • «Ақидат-уш-шиат-ил-имомияти фи-л-Қуръон-ил-карим», сайти машруъи алҳсн, таърихи боздид: 20 исфанди 1402ҳ.ш.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-айёшӣ, Теҳрон, 1380ҳ.қ.
  • Ашъарӣ, Абулҳасан, Мақолот-ул-исломийин, Олмон, Франс штоинр, 1400ҳ.қ.
  • Аҳмад ибни Ҳанбал, Абуабдуллоҳи Аҳмад ибни Муҳаммад, Муснади Аҳмад, Қоҳира, Дор-ул-ҳадис, 1416ҳ.қ.
  • Аҳмадӣ, Муҳаммадҳасан, «Ғолиён ва андешаи таҳрифи Қуръон», нашрияи улуми ҳадис, №2, шаҳривари 1389ҳ.ш.
  • Балоғӣ, Муҳаммадҷавод, Оло-ур-раҳмони фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, бунёди беъсат, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
  • Буруҷердӣ, Маҳдӣ, Бурҳони равшан; ал-Бурҳону ало адами таҳриф-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти бўзрҷмҳрӣ, чопи аввал, 1375ҳ.қ.
  • Дароз, Муҳаммади Абдуллоҳ, Мадхалу ила-л-Қуръон-ил-карим, Кувайт, дори алқлм, 1404ҳ.қ.
  • Деҳлавӣ, Раҳматуллоҳ, Изҳор-ул-ҳақ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1413ҳ.қ.
  • Заркашӣ, Абуабдуллоҳ, ал-Бурҳони фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ил-кутуб-ил-арабийя, 1376ҳ.қ.
  • Ибни Абиҷумҳур, Муҳаммад ибни Зайнулъобидин, Авоил-ул-лаолӣ, таҳқиқи Муҷтабо Ироқӣ, бе ҷо, бе но, 1403ҳ.қ.
  • Ибни Моҷа, Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Язид, Сунани Ибни Моҷа, Бейрут, Дору эҳё-ил-кутуб-ил-ъарабия, бе то.
  • Ибни Ошур, Муҳаммадтоҳр, ат-Таҳриру ва-т-танвир, Бейрут, муассисаи ат-таърих-ил-арабӣ, 1421ҳ.қ.
  • Илоҳии Заҳир, эҳсон, аш-Шиату ва-л-Қуръон, Лоҳур, Идорату тарҷумон-ус-сунна, бе то.
  • Кошифулғито, Ҷаъфар, Кашф-ул-ғитои ан мубҳамот-иш-шариъат-ил-ғарро, Қум, Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, 1420ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Сиёнат-ул-Қуръони мин-т-таҳриф, Қум, муассисаи фарҳангии интишоротии ат-Тамҳид, чопи аввал, 1428ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳиди фи улум-ил-Қуръон, Қум, Муассисаи фарҳангии интишоротии ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, таҳрифнопазирии Қуръон (Сиёнат-ул-Қуръони мин-т-таҳриф), тарҷумаи алии насирӣ, Теҳрон, интишороти самт, 1379ҳ.ш.
  • Муаддаб, Сайид Ризоу абдурризои Ҳаддодиён, «Баррасии далолии ривоёти таҳрифнамо дар китоби Кофӣ», ҳадиспажӯҳӣ, №2, пойизу зимистони 1388ҳ.ш.
  • Муин Муҳаммад, Фарҳанги Муин, Теҳрон, китоби роҳи нав, 1381ҳ.ш.
  • Насирӣ, Алӣ, «Муқаддама», бар Таҳрифнопазирии Қуръон (тарҷумаи Сиёнат-ул-Қуръони мин-т-таҳриф), таълифи Муҳаммадҳодии Маърифат, Теҳрон, интишороти САМТ, 1379ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиа, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Рашидризо, Муҳаммад, Тафсиру ал-манор, Миср, ал-Ҳайат-ул-мисрият-ил-ъоммати ли-л-китоб, 1990м.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абубакр, ад-Дурр-ул-мансур, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1414ҳ.қ.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абубакр, ал-Итқони фи улум-ил-Қуръон, Миср, ал-Ҳайат-ул-мисрият-ил-ъоммати ли-л-китоб, 1394ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, Муассисат-ул-аълмии ли-л-матбуот, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи-т-тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти Исмоилиён, 1363ҳ.ш.
  • Тоҳирии Хуррамободӣ, Сайид Ҳасан, Адами таҳрифи Қуръон, Қум, Бӯстони китоб, 1385ҳ.ш.
  • Устодӣ, Козим, Китобшиносии адами таҳрифи Қуръон, Теҳрон, Созмони ҳаҷҷу зиёрат, бе то.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, ал-Бурҳони фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Муассисату эҳёи осор-ил-имом ал-Хуӣ, бе то.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмоли ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Дор-уш-Шариф-ир-Разӣ ли-н-нашр, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Эътиқодот, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибёну фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, бе то.
  • ал-Маданӣ, Муҳаммади Муҳаммад, «Риҷҷат-ул-баҳси фи куллият-иш-шариъа», Рисолат-ул-Ислом, №44, рабиулаввал, 1379ҳ.қ.
  • ал-Қафорӣ, Носир ибни Абдуллоҳ, Усул-ул-мазҳаб-иш-шиат-ил-исна-л-ъашария (арзу нақд), Арабистон, Дор-ун-нашр, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Қртбӣ, Шамсуддин, Тафсир-ул-Қуртубӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, бе то.
  • Ҳайдарӣ, Саидкамол, Қуръон ва масуният аз таҳриф, Теҳрон, нашри машъар, 1392ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисату Ол-ил-Байт, 1416ҳ.қ.