Ҷузъ (Қуръон)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷузъ)

Ҷузъ аз меъёрҳои тақсими Қуръон аст.

Ҳар ҷузъ баробари як сиюми Қуръони Карим ва тақрибан баробари бист саҳифаи он ба хатти Усмон-Тоҳо аст.

Ҳар ҷузъ ба чаҳор ҳизб тақсим мешавад. Ҷузъи сиюм бо доштани 37 сура бештарини теъдоди сураро дорад.

Дар баъзе фарҳангҳо, ҷузъҳои қуръониро ба номи шумораи он ҷузъ ё ба номи калимаи оғозкунандаи ҷузъ мехонанд.

Мафҳумшиносӣ

“Ҷузъ” аз тақсимот қуръонӣ аст. Мусулмонон Қуръонро ба сӣ ҷузъ, яъне сӣ пора, сӣ бахш тақсим кардаанд.[1] Дар баъзе фарҳангҳо, ҷузъҳои қуръониро ба номи шумораи он ҷузъ ё ба номи калимаи оғозкунандаи ҷузъ мехонанд; масалан «ҷузъи амма/عَمّ جُزء» ба маънои ҷузъи сиюм аст, ки бо «амма ятасоалун/عَمَّ يَتَسَاءَلُونَ» оғоз мешавад.[2] Ҳар ҷузъ шомили чаҳор ҳизб аст ва дар расмулхати Усмонтоҳо, бист саҳифаро шомил мешавад.[3]

Таърихчаи ҷузъбандии Қуръон

Ҷузъи нуҳуми Қуръони сӣ пора

Бархе асли ҷузъбандии Қуръонро баргирифта аз ривояте аз Пайғамбар (с) медонанд, ки дар он ба қироати Қуръон дар ҳар моҳи қамарӣ ишора шудааст.[4]

Аммо дар бораи таърихи шуруи тақсимбандии Қуръон ба сӣ ҷузъ, назароти мухталифе вуҷуд дорад. Гуфта шудааст, ин тақсимбандӣ дар замони Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ (ваф.95ҳ.қ.) оғоз шуд,[5] то дар ҳар рӯзи моҳи Рамазон як пора аз он қироат шавад.[6] Баъзе низ гуфтаанд, Маъмуни Аббосӣ (ҳукумат 198 - 218ҳ.қ.) амр кард, ки Қуръонро ин гуна тақсимбандӣ кунанд.[7] Заркашӣ, муфассири қарни ҳаштум, ривоҷи тақсими Қуръон ба 30 пораро аз мадрасаҳои динӣ медонист.[8]

Ҷузхонӣ

Мақолаи аслӣ: Ҷузхонӣ

Маросими ҷузхонии Қуръон дар Ҳарами Имом Ҳусайн (Рамазони 1443ҳ.қ.)[9]

Дар Эрон ва баъзе аз дигар кишварҳои исломӣ, мусулмонон дар моҳи Рамазон, Қуръонро хатм мекунанд. Аз ин рӯ, дар ҳар рӯз як ҷузъ аз Қуръонро мехонанд, ки ба ин суннат, ҷузъхонӣ гуфта мешавад. Телевизиони Эрон баъзе ҷузъхониҳо дар амокини муқаддасро, бо таври мустақим аз садо ва симо пахш мекунад.[10]

Дар бархе кишварҳои исломие ҳамчун Эрон, ҷузъҳои Қуръон ба сурати мустақил низ чоп мешаванд. Ин Қуръонҳо ба сӣ пора хонда мешаванд ва дар маросими хатм аз он истифода мешавад.[11]

Феҳристи ҷузъҳои Қуръон

Ҷузъҳои Қуръон
Ҷузъ ояти шуруи ҷузъ шомили сураҳои
1 ояти 1 сураи Фотиҳа: "الحمد لله..." сураи Фотиҳа ва Бақара (141 ояти аввал)
2 ояти 142 сураи Бақара: "سیقول السفهاء..." Бақара (оятҳои 142-253)
3 ояти 253 сураи Бақара: «تلک الرسل...» Бақара (ояти 253 то поёни сура) ва Оли Имрон (92 ояти нахуст )
4 ояти 93 сураи Оли Имрон: «کل الطعام...» Оли Имрон (ояти 93 то поён) ва Нисо (23 ояти нахуст)
5 ояти 24 сураи Нисо: «و المحصنات...» Нисо (ояти 24 то 148)
6 ояти 148 сураи Нисо: «لا یحب الله...» Нисо (ояти 148 то поён) ва Моида (81 ояти нахуст)
7 ояти 82 сураи Моида: «لتجدن...» Моида (ояти 82 то поён) ва Анъом (111 ояти нахуст)
8 ояти 112 сураи Анъом: «و لو أننا نزلنا...» Анъом (ояти 112 то поён) ва Аъроф (88 ояти нахуст)
9 ояти 89 сураи Аъроф: «قال الملأ...» Аъроф (ояти 90 то поён) ва Анфол (40 ояти нахуст)
10 ояти 41 сураи Анфол: «و اعلموا...» Анфол (ояти 41 то поён) ва Тавба (92 ояти нахуст)
11 ояти 93 сураи Тавба: «إنما السبیل...» Тавба (ояти 93 то поён), Юнус ва Ҳуд (5 ояти нахуст)
12 ояти 6 сураи Ҳуд: «و ما من دابة...» Ҳуд (ояти 6 то поён) ва Юсуф (53 ояти нахуст)
13 ояти 54 сураи Юсуф: «و ما أبرئ...» Юсуф (ояти 54 то поён), Раъд ва Иброҳим
14 ояти 1 сураи Ҳиҷр: «الر...» Ҳиҷр ва Наҳл
15 ояти 1 сураи Исро: «سبحان الذی...» Исро ва Каҳф (74 ояти нахуст)
16 ояти 75 сураи Каҳф: «قال ألم...» Каҳф, Марям ва Тоҳо
17 ояти 1 сураи Анбиё: «اقترب للناس...» Анбиё ва Ҳаҷ
18 ояти 1 сураи Муъминун: «قد أفلح...» Муъминун, Нур ва Фурқон (20 ояти нахуст)
19 ояти 21 сураи Фурқон: «و قال الذين...» Фурқон (ояти 21 то поён), Шуаро ва Намл (55 ояти нахуст)
20 ояти 56 сураи Намл: «فما کان...» Намл, Қасас ва Анкабут (45 ояти нахуст)
21 ояти 46 сураи Анкабут: «و لا تجادلوا...» Анкабут (ояти 46 то поён), Рум, Луқмон, Саҷда ва Аҳзоб (30 ояти нахуст)
22 ояти 31 сураи Аҳзоб: «و من یقنت...» Аҳзоб (ояти 31 то поён), Сабаъ, Фотир ва Ёсин (27 ояти нахуст)
23 ояти 28 сураи Ёсин: «و ما أنزلنا...» Ёсин, Соффот, Сод ва Зумар (31 ояти нахуст)
24 ояти 32 сураи Зумр: «فمن أظلم...» Зумар (ояти 32 то поён), Ғофир ва Фуссилат (46 ояти нахуст)
25 ояти 47 сураи Фуссилат: «إلیه یرد...» Фуссилат (ояти 47 то поён), Шуро, Зухруф, Духон ва Ҷосия
26 ояти 1 сураи Аҳқоф: «حـم...» АҳқоФ, Муҳаммад, Фатҳ, Ҳуҷарот, Қоф, Зориёт (30 ояти нахуст)
27 ояти 31 сураи Зориёт: «قال فما خطبکم...» Зориёт (ояти 31 то поён), Тур, Наҷм, Қамар, Арраҳмон, Воқеа ва Ҳадид
28 ояти 1 сураи Муҷодала: «قد سمع...» Ҳашр, Мумтаҳана, Саф, Ҷумъа, Мунофиқун, Тағобун, Талоқ ва Таҳрим
29 ояти 1 сураи Мулк: «تبارک الذی...» Қалам, Ҳоққа, Маъориҷ, Нуҳ, Ҷин, Музаммил, Муддассир, Қиёмат, Инсон ва Мурсалот
30 ояти 1 сураи Набаъ: «عَمَّ يَتَسَاءَلُونَ...» Нозиъот, Абас, Таквир, Инфитор, Мутаффифин, Иншиқоқ, Буруҷ, Ториқ, Аъло, Ғошия, Фаҷр, Балад, Шамс, Лайл, Зуҳо, Шарҳ, Тин, Алақ, Қадр, Баййина, Зилзила, Одиёт, Қориъа, Такосур, Аср, Ҳумаза, Фил, Қурайш, Моъун, Кавсар, Коифрун, Наср, Масад, Ихлос, Фалақ, Нос

Эзоҳ

  1. Муинӣ, “Ҷузъ”, саҳ.836.
  2. Муинӣ, “Ҷузъ”, саҳ.836.
  3. Ризопур, Донистаниҳои Қуръон, Эрондова.
  4. Аҳмад ибни Аҳмад ибни Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Тавил, Фанн-ут-тартил ва улумуҳ, 1420ҳ.қ., саҳ.65.
  5. Файзи Кошонӣ, Муҳаҷҷат-ул-байзоъ, 1428ҳ.қ., саҳ.224.
  6. Муинӣ, “Ҷузъ”, саҳ.836.
  7. Маърифат, ат-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.364.
  8. Заркашӣ, ал-Бурҳон, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.250.
  9. «Тасовири/ маросими ҷузъхонии Қуръони Карим дар Ҳарами Имом Ҳусайн (а)», хабаргузории Ҳавза.
  10. Барномаи ҷузъхонии садо ва симо, Товуси биҳишт.
  11. Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, зайли вожаи сӣ пора.

Сарчашма

  • Аҳмад ибни Аҳмад ибни Муҳаммади Абдуллоҳи ат-Тавил, ат-Тартил ва улумуҳ, ал-авқоф-ус-Саъудийя, 1420ҳ.қ./1999м.
  • "Барномаи ҷузъхонии садо ва симо", Товуси биҳишт, таърихи дарҷи матлаб: 2 урдибиҳишти 1400ҳ.ш., таърих боздид: 6 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Деҳхудо, Алиакбар, Луғатномаи Деҳхудо.
  • Заркашӣ, Бадруддин Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, «ал-Бурҳон фи улум-ил-Қуръон», Бейрут, интишороти Дорулҷил, 1408ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳид, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Муинӣ, Муҳсин, “Ҷузъ”, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ (ҷ.1), Теҳрон, Дӯстон ва Ноҳид, 1377ҳ.ш.
  • Ризопур, Муҳаммадтақӣ, Донистаниҳои Қуръон, Эрондова. Таърихи дарҷи матлаб: 3 хурдоди 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 11 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • "Тасовир/ маросими ҷузъхонии Қуръони Карим дар Ҳарами Имом Ҳусайн (а)", хабаргузории Ҳавза, таърихи дарҷи матлаб: 8 фарвардини 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 6 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳсин, «ал-Муҳаҷҷат-ул-байзоъ», Қум, Дафтари интишороти Исломӣ, чопи дувум, 1428ҳ.қ.

Пайванд ба берун

Чигунагии тақсими Қуръон ба сӣ ҷузъ.

Чаро Қуръони Карими сӣ ҷузъ дорад.