Тафсири мавзуӣ
Тафсири мавзуӣ (форсӣ: تفسیر موضوعی) баёни нуктаҳо ва омӯзаҳои вобаста ба як мавзуи хос дар оёти Қуръон Карим аст. Муфассир дар ин шева, ҳамаи оёти парокандаи Қуръон дар бораи як мавзуи хосро гирдоварӣ ва ба баррасии он мепардозад. Сайид Муҳаммадбоқири Садр, тафсири мавзуиро танҳо абзори истихроҷи назарияҳои исломӣ аз Қуръони Карим дониста ва Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ низ танҳо ин шеваро барои арзаи низомманди маорифи Қуръон муносиб медонад.
Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон, мавзуоти фаровонеро мавриди баррасии тафсирӣ қарор дода ва аз ҳамин рӯ пешгом дар тафсири мавзуӣ дониста шудааст. Бо ин ҳол ба бовари Ҷаъфари Субҳонӣ, Алломаи Маҷлисиро метавон нахустин касе донист ки ба иҷмол аз тафсири мавзуӣ баҳра бурдааст.
Осори фаровоне ба таври мустақил бо рӯйкарди тафсири мавзуӣ таълиф шудааст; аз ҷумла Маншури ҷовид, асари Ҷаъфари Субҳонӣ, Тафсири мавзуии Қуръони Карим, навиштаи Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ва Маорифи Қуръон, навиштаи Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ. Осоре низ барои осонии дастрасӣ ба оёти вобаста ба як мавзуи хос таълиф шуда ки мӯъҷами мавзуии Қуръони Карим хонда мешаванд; аз ҷумлаи Фарҳанги мавзуии Қуръони Карим, аз Маҳмуди Ромёр ва ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси лиалфоз-ил-Қуръон ал-карим, навиштаи Муҳаммад фуод Абдулбоқӣ.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
Тафсири мавзуӣ, баёни омӯзаҳои вобаста ба як мавзуи хос, бо тавваҷуҳ ба оёти мухталифи Қуръони Карим дар як ё чанд сура аст.[1] Гирдоварии оёти вобаста ба як мавзу дар Қуръони Карим ва баррасии онҳо барои ба даст овардани назари Қуръон низ тафсири мавзуӣ хонда шудааст.[2]
Бисёре аз муфассирону муҳаққиқони улуми қуръонӣ, бар аҳамияту ҷойгоҳи тафсири мавзуӣ таъкид кардаанд;[3] Сайид Муҳаммадбоқири Садр, тафсири мавзуиро муҳимтар аз тафсири тартибӣ[4] ва истифода аз онро танҳо роҳ барои истихроҷи назарияҳои исломӣ аз Қуръони Карими дониста[5] ва бар ин бовар аст, ки тафсири тартибӣ ҳаргиз аз фаҳми маънои зоҳирии алфозу оёти Қуръон фаротар намеравад ва муваффақияти чандоне дар густариши андешаҳои исломӣ надоштааст.[6] Вай ҳамчунин густариши илми фиқҳро вомдори рӯйкарди мавзуӣ ба аҳодиси маъсумон медонад ва муътақид аст барои посухгуӣ ба ниёзҳои густардаву печида, бояд аз равиши тафсири мавзуӣ баҳра бурд.[7]
Ба бовари Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, танҳо бо истифода аз тафсири мавзуӣ ва арзаи маорифи Қуръон ба сурати низомманд метавон низоми фикрии якпорчае бар асоси Қуръони Карим фароҳам сохт ва бо низомҳои фикрии инҳирофӣ муқобила кард.[8] Оятуллоҳ Субҳонӣ бо таъкид бар зарурати рӯйкард ба тафсири мавзуӣ ва парҳез аз такрори тафсири тартибӣ, тафсири мавзуиро маҷоле барои гушӯда шудани офоқи азиме дар улум ва маориф дониста ки ҳеҷ гоҳ аз тафсири тартибӣ ҳосил намешаванд.[9]
Пешина
Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, муфассири шиа, дар тафсири ал-Мизон, мавзуъоти фаровоне аз ҷумлаи тавҳид,[10] имомат,[11] ва шафоатро[12] аз манзари Қуръони Карим, мавриди баррасии тафсирӣ қарор дода[13] ва аз ҳамин рӯ пешгоми тафсири мавзуӣ хонда шудааст.[14]
Ҷаъфари Субҳонӣ, бар ин бовар аст, ки шояд битавон Алломаи Маҷлисиро нахустин касе донист, ки ба иҷмол аз равиши тафсири мавзуӣ баҳра бурдааст; чароки Маҷлисӣ дар оғози ҳар мавзуъ аз Биҳор-ул-анвор, оёти вобаста ба он мавзуъро гирд овардаву тафсири иҷмолӣ аз онҳоро баён кардааст.[15] Муҳаммадҳодии Маърифат низ тафсири мавзуии Алломаи Маҷлисиро дақиқтарину ҷомеътарин дастабандии оёти Қуръон дар боби маорифи гуногуни исломӣ донистааст, ки ба бовари ӯ ҳамчунон беназир аст.[16]
Оғозгари тафсири мавзуӣ дар аҳли суннат, Шайх Муҳаммади Абда (1266 - 1323ҳ.қ.) дониста шудааст.[17] Ҳамчунин Шайх Маҳмуди Шалтут (1310 - 1383ҳ.қ.), аз фақиҳони аҳли суннат, дар тафсири фиқҳии худ аз ин равиш баҳра гирифта[18] ва осоре аз ҷумла ал-Қуръону ва-л-қитол ва ал-Қуръону ва-л-маръа, дар ҳамин росто таълиф шудааст.[19]
Китобшиносӣ
Осори тафсирии фаровоне бо рӯйкарди мавзуӣ таълиф шудааст; ҳамчунин мӯъҷамҳои мавзуии Қуръони Карим, бо ҳадафи ҷамъоварӣ ва тадвини оёти вобаста ба як мавзуъ, тадвин шудааст ки ба мавориде аз онҳо ишора мешавад:
Тафсири 14-ҷилдии Маншури ҷовид, асари Ҷаъфари Субҳонӣ ки муаллиф, онро аввалин тафсири мавзуии форсӣ дониста,[20] аз дигар тафосири мавзуӣ аст. Ҳамчунин Паёми Қуръон, асари Носир Макорими Шерозӣ дар даҳ ҷилд, Тафсири мавзуии Қуръони Карим, навиштаи Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ дар 17 ҷилд ва китоби Маорифи Қуръон аз Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ ки дар даҳ меҳвари куллӣ тадвин шудааст;[21] худошиносӣ, ҷаҳоншиносӣ, инсоншиносӣ, роҳшиносӣ, роҳнамошиносӣ, қуръоншиносӣ, ахлоқ, барномаҳои ибодӣ, аҳкоми фардӣ ва аҳкоми иҷтимоӣ.[22]
Илова бар тафосири мавзуӣ, осор бисёре барои осонии дастрасӣ ба оёти вобаста ба як мавзуи хос таълиф шудааст;[23] мӯъҷамҳои мавзуӣ монанди Тафсил-ул-оёт аз Жул Бум, ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси лиалфози ал-Қуръон ал-карим аз Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ, ал-Мадхалу ила-т-тафсир-ил-мавзуӣ ли-л-Қуръон-ил-карим асари Сайид Муҳаммадбоқири Абтаҳӣ, Фарҳанги мавзуии Қуръон аз Маҳмуди Ромёр, Фарҳанги мавзуии Қуръони Маҷид аз Комрони Фонӣ ва Баҳоуддини Хуррамшоҳ ва Фурӯғи бепоён аз Абдулмаҷиди Маъодихоҳ.[24] Ҳамчунин Фарҳанги Қуръон асари Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ки бо ҳамкории Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръони Карими таълиф шудааст.[25] Гурӯҳи корварзии тафсири мавзуии Муассисаи Имом Хумайнӣ (раҳ) дар мақолае бо унвони Манбашиносии тафсири мавзуии Қуръон, феҳристе аз кутуб, мақолот ва рисолаҳоеро ки дар мавзуи тафсири мавзуӣ то соли 1384 шамсӣ/2005 нигошта шудааст, ироа кардааст.[26]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Муслим, Мабоҳисун фи-т-тафсир-ил-мавзуӣ, 1410ҳ.ш., саҳ.16
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовиди Қуръон, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.23; Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.21
- ↑ Саид, ал-Мадхалу ила-т-тафсир-ил-мавзуӣ, 1411ҳ.қ., саҳ.40 - 55; Муслим, Мабоҳисун фи-т-тафсир-ил-мавзуӣ, 1410ҳ.ш., саҳ.30 - 33; Ядуллопур, Мабоонӣ ва сайри таърихии тафсири мавзуии Қуръон, 1383ҳ.ш., саҳ.157; Ҷалилӣ, Тафсири мавзуӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.24 - 30
- ↑ Садр, ал-Мадрусат-ул-қуръония, 1421ҳ.қ., саҳ.20 - 43
- ↑ Садр, ал-Мадрусат-ул-қуръония, 1421ҳ.қ., саҳ.28 - 37
- ↑ Садр, ал-Мадрусат-ул-қуръония, 1421ҳ.қ., саҳ.34 - 35
- ↑ Садр, ал-Мадрусат-ул-қуръония, 1421ҳ.қ., саҳ.25 - 28
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Маорифи Қуръон, 1373ҳ.ш., саҳ.8 - 10
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовиди Қуръон, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.11
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.86 - 91
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.270 - 276
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.157 - 186
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.157 - 186, 270 - 276; ҷ.2, саҳ.260 - 278; ҷ.6, саҳ.86 - 104
- ↑ Маркази фарҳангу маорифи Қуръон, Доират-ул-маорифи Қуръони Карим, 1389ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.365
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовиди Қуръон, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.24
- ↑ Маърифат, Тафсир ва муфассирон, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.531
- ↑ Умарӣ, Диросотун фи-т-тафсир-ил-мавзуъӣ, 1406ҳ.қ., саҳ.56 - 57
- ↑ Умарӣ, Диросотун фи-т-тафсир-ил-мавзуъӣ, 1406ҳ.қ., саҳ.63
- ↑ Маркази фарҳангу маорифи Қуръон, Доират-ул-маорифи Қуръони Карим, 1389ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.364
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовиди Қуръон, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.2
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Маорифи Қуръон, 1373ҳ.ш., саҳ.14 - 16
- ↑ Раҷабӣ, «Тафсири мавзуии Қуръон аз манзари устод Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ», саҳ.130 - 142
- ↑ Маркази фарҳангу маорифи Қуръон, Доират-ул-маорифи Қуръони Карим, 1389ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.367
- ↑ Маркази фарҳангу маорифи Қуръон, Доират-ул-маорифи Қуръони Карим, 1389ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.367
- ↑ Маркази фарҳангу маорифи Қуръон, Доират-ул-маорифи Қуръони Карим, 1389ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.367
- ↑ منبع شناسی تفسیر موضوعی قرآن
Сарчашма
- Қуръони Карим.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Қум, Мадрисаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1374ҳ.ш.
- Маркази фарҳангу маорифи Қуръон, Доират-ул-маорифи Қуръони Карим, ҷ.8, Қум, Бӯстони китоб, 1389ҳ.ш.,
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Тафсир ва муфассирон, Қум, ат-Тамҳид, 1373ҳ.ш.
- Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Маорифи Қуръон, Қум, Дар роҳи ҳақ, 1373ҳ.ш.
- Муслим, Мустафо, Мабоҳисун фи-т-тафсир-ил-мавзуӣ, Димишқ, Дор-ул-қалам, 1410ҳ.қ.
- Раҷабӣ, Маҳмуд, «Тафсири мавзуии Қуръон аз манзари устод Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ», дар маҷаллаи Қуръоншинохт, №4, пойизу зимистони 1388ҳ.ш.
- Садр, Сайид Муҳаммадбоқир, ал-Мадрусат-ул-қуръония, Марказ-ул-абҳоси ва-д-диросот, 1421ҳ.қ.
- Саид, Абдусаттор Фатҳуллоҳ, ал-Мадхалу ила-т-тафсир-ил-мавзуӣ, Қоҳира, Дор-ут-тавзиъи ва-н-нашр-ил-исломия, 1411ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовиди Қуръон, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1383ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фии Тафсир-ул-Қуръон, Бейрут, Аъламӣ, 1393ҳ.қ.
- Умарӣ, Аҳмад Ҷамол, Диросотун фи-т-тафсир-ил-мавзуъӣ ли-л-қасас-ил-қуръонӣ, Қоҳира, Матбаат-ул-маданӣ, 1406ҳ.қ.
- Ядуллоҳпур, Беҳрӯз, Мабоонӣ ва сайри таърихии тафсири мавзуии Қуръон, Қум, Дор-ул-илм, 1383ҳ.ш.
- Ҷалилӣ, Сайид Ҳидоят, Тафсири мавзуӣ: чистӣ, бунёнҳо ва пешфарзҳо, Қум, Бӯстони китоб, 1387ҳ.ш.