Тафсири ривоӣ

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи тафсири ривоӣ аст. Барои мушоҳидаи феҳристе аз тафсирҳои ривоӣ, мадхали феҳристи тафсирҳои ривоии шиаро бибинед.

Тафсири ривоӣ (форсӣ:تَفسيرِ رِوایی), маъсур (форсӣ: مَأثور) ё нақлӣ (نَقلی), як навъ тафсири Қуръон бо истифода аз ҳадисҳои тафсирӣ мебошад.

Шиъаҳо дар тафсирҳои ривоӣ аз ҳадисҳои Пайғамбар (с) ва имомони маъсум истифода мекунанд. Ба эътиқоди муфассирони шиа, ривоятҳое, ки дар тафсир ва табйини Қуръони карим ба Пайғамбари Ислом ва имомони маъсум нисбат додаанд, аз беҳтарин ва устувортарин навъҳои тафсир аст, аммо дар байни ҳадисҳои тафсирӣ ҳадисҳои ҷаълию сохтагӣ низ омадаанд.

«Тафсири Айёшӣ», «Тафсири Қумӣ», «Тафсири Нур-ус-Сақлайн» ва «Тафсири ал-Бурҳон» намунаҳое аз тафосири ривоии шиа ва «Тафсири Ҷомеъ-ул-баён» намунае аз тафсири ривоии аҳли суннат мебошанд. Ба гуфтаи Муҳаммадҳодии Маърифат, муҳимтарин осори тафсирӣ дар ҷаҳони Ислом, нахуст бо такя ба ривоятҳои тафсирӣ шакл гирифтааст.


Мафҳумшиносӣ

Тафсири ривоӣ, тафсири маъсур ё тафсир нақлӣ,[1] бинобар назари шиаён, гунае аз тафсири Қуръон, мубтанӣ бар ривоёти нақлшуда аз Пайғамбари Ислом (с) ва имомони шиа аст.[2] Аҳли суннат, каломи саҳоба ва тобеинро низ мабнои истифода дар тафсири ривоӣ донистаанд.[3]

Аҳамият ва эътибори ривоёти тафсирӣ

Ба бовари муфассирони мусулмон, Пайғамбари Ислом, илова бар иблоғи ваҳй, вазифаи тафсир, табйин ва тавзеҳи каломи Худоро низ бар ӯҳда доштааст.[4] Инҳо, ин бовари худро муттакӣ ба ояти 44 ва 64 сураи Наҳл донистаанд.[5] Бар ин асос, муфассирони шиа ва суннӣ муътақиданд, ки суханон ё аҳодиси тафсирии мансуб ба Пайғамбар (с), дар сурати исботи саҳеҳ буданашон, яке аз беҳтарин ва устувортарин гунаҳои тафсир аст.[6] Шиаён, бо истинод ба ҳадиси Сақалайн, ривоёти имомони шиаро низ аз манобеи тафсири ривоӣ донистаанд.[7]

Бо вуҷуди аҳамияти ривоёти тафсирӣ, муфассирон муътақиданд, ривоётҳои ҷаълию сохтагӣ ҳам дар мобайни ҳадисҳои мазкур вуҷуд дорад, ки бо ҳадафи иртиқои мақом ва манзалати яке аз саҳоба ё мардуд шумурдани онҳо ҷаъл ва сохта шудааст.[8]

Ҷаъли шаъни нузул барои ояи 113 сураи Тавба, яке аз ин маворид дониста шудааст, ки Табарӣ ва Бухорӣ, аз муфассирони аҳли суннат, онро ҷаълӣ донистаанд.[9] Бар асоси шаъни нузули мазкур, ояти 113 сураи Тавбаро дар бораи Абутолиб, падари Имом Алӣ (а) донистаанд, ки ҳангоми марги вай нозил шуда ва баёнгари ширки ӯ то поёни умр аст, дар ҳоле ки Табарӣ ва Бухорӣ муътақиданд, Абутолиб се сол қабл аз ҳиҷрат, вафот кард ва ин оят дар соли нуҳуми ҳиҷрат нозил шудааст.[10] Ба ин гуна ривоёти ҷаълӣ, ки муҳаққиқон муътақиданд ғолибан тавассути яҳудиёни мусулмоншуда ҷаъл шудаанд, исроилиёт гуфта мешавад.[11]

Намунаҳое аз тафсири ривоӣ

Ҷилди китоби тафсир, навиштаи Муҳаммад ибни Масъуди Айёшӣ.

Муҳаммадҳодии Маърифат, аз қуръонпажӯҳон ва муфассирони муосир, муътақид аст, муҳимтарин китобҳои тафсирии гузаштагон, бо такя бар ривоёти тафсирии шаклгирифта ва иттико ба маъонии фалсафӣ, каломӣ ва адабии Қуръон, танҳо дар теъдоди андаке аз ин тафосири аввалия ба чашм мехӯрад.[12] Муҳимтарин тафосири ривоӣ аз назари Маърифат, иборатанд аз:

  • Тафсири Айёшӣ, навиштаи Муҳаммад ибни Масъуди Айёшӣ, аз фақеҳони шиа дар қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ ва устоди Муҳаммад ибни Умари Кашшӣ.[13] Айёшӣ дар тафсири худ, ривоёти тафсирии нақлшуда аз имомони шиаро ҳамроҳ бо санад нақл кардааст.[14] Бо ин ҳол, танҳо бахшҳои андаке аз тафсири Айёшӣ дар дастрас аст.[15]
  • Тафсири Қумӣ, мансуб ба Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ аст, ки шогирди вай, Абулфазли-л-Аббос ибни Муҳаммад, аз наводагони Имом Мусои Козим (а), таълиф карда ва аз ривоёти нақлшуда тавассути Алӣ ибни Иброҳим ва низ тафсириАбиҷоруд Баҳра бурдааст.[16] Дар бораи Абулфазли-л-Аббос ибни Муҳаммад, нависандаи китоб, ҷуз онки алавӣ ва аз шогирдони Алӣ ибни Иброҳим будааст, иттилооте дар даст нест.[17] Ин тафсир гарчи дар маҷмӯъ бе ишкол дониста шудааст, аммо мавориди маъдуде аз ривоёти заъиф низ дар он гузориш шудааст.[18]
  • Ҷомеъ-ул-баён, навиштаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, аз муфассирони аҳли суннат. Табарӣ, ба эътибори ҷомеъият ва густардагии китоби тафсираш, падари илми тафсир дониста шудааст.[19] Гарчӣ ба нақли ривоёти заъифу ҷаълӣ ва эътимод ба ровиёни маҷҳул муттаҳам шудааст.[20]
  • Тафсири ал-Бурҳон, навиштаи Сайидҳошими Баҳронӣ (ҳудуди 1050ҳ.қ. - 1107ҳ.қ. ё 1109ҳ.қ.) Баҳронӣ дар муқаддимаи тафсираш онро китобе баршумурдааст, ки мухотабро бар бисёре аз асрори улуми Қуръон, масоили улуми шаръӣ, қасас ва ахбори анбиё ва фазоили Аҳли Байт (а) огоҳ месозад; зеро аз ривоёти Аҳли Байт (а) гирифта шудааст, ки ваҳй дар хонаи онон нозил шудааст. Вай ривоёти ал-Бурҳонро аз кутуби муътабар ва қобили эътимод интихоб кардааст, ки нависандагони онҳо аз устодони муътабар ҳастанд ва ағлаби ривоётро аз тариқи имомия нақл кардааст, ва дар мавориде, ки ривоёти аҳли суннат мувофиқи ривоёти Аҳли Байт (а), ё дар баёни фазоили Аҳли Байт (а) ҳастанд, аз онҳо низ нақл намудааст. Аз Ибни Аббос низ (ба ин далел, ки шогирди Имом Алӣ (а) будааст) миқдори каме дар тафсири оёт, нақл кардааст.[21]

Ҷусторҳои вобаста

Тафсири ба раъй

Муҳкам ва муташобеҳ

Эзоҳ

  1. Аёзӣ, ал-Муфассирун: ҳаётуҳум ва манҳаҷуҳум, 1414ҳ.қ., саҳ.36.
  2. Аёзӣ, ал-Муфассирун: ҳаётуҳум ва манҳаҷуҳум, 1414ҳ.қ., саҳ.36.
  3. Аёзӣ, ал-Муфассирун: ҳаётуҳум ва манҳаҷуҳум, 1414ҳ.қ., саҳ.36; Заҳабӣ, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, Дорул-кутубил-ҳадиса, ҷ.1, саҳ.152.
  4. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, ҷ.6, саҳ.398; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, Қоҳира, ҷ.20, саҳ.57; Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, ҷ.12, саҳ.284; Ибни Ошур, Тафсир-ут-таҳрир ва-т-танвир, 1984м., ҷ.14, саҳ.196.
  5. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, ҷ.6, саҳ.398; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, Қоҳира, ҷ.20, саҳ.57; Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, ҷ.12, саҳ.284; Ибни Ошур, Тафсир-ут-таҳрир ва-т-танвир, 1984м., ҷ.14, саҳ.196.
  6. Ибни Ошур, Тафсир-ут-таҳрир ва-т-танвир, 1984м., ҷ.6, саҳ.47, ҷ.14, саҳ.163 - 164.
  7. Аёзӣ, ал-Муфассирун: ҳаётуҳум ва манҳаҷуҳум, 1414ҳ.қ., саҳ.36 - 37.
  8. Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун фи савбиҳи-л-қашиб, 1418 - 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.3556; Заҳабӣ, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, Дорул-кутубил-ҳадиса, ҷ.1, саҳ.159 - 165.
  9. Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.208; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1322 - 1330ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.30.
  10. Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.208; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1322 - 1330ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.30.
  11. Нигоҳ кунед ба: Заҳабӣ, ал-Исроилиёт фи-т-тафсири ва-л-ҳадис, 1405ҳ.қ., саҳ.19.
  12. Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун фи савбиҳи-л-қашиб, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.312.
  13. Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун фи савбиҳи-л-қашиб, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.322.
  14. Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун фи савбиҳи-л-қашиб, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.322.
  15. Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун фи савбиҳи-л-қашиб, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.322.
  16. Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун фи савбиҳи-л-қашиб, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.325.
  17. Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун фи савбиҳи-л-қашиб, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.326.
  18. Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун фи савбиҳи-л-қашиб, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.327.
  19. Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун фи савбиҳи-л-қашиб, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.312 - 313.
  20. Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун фи савбиҳи-л-қашиб, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.312 - 313.
  21. Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, нашри муассисаи беъсат, ҷ.1, саҳ.6 ва 7.

Сарчашма

  • Аёзӣ, Муҳаммадалӣ, ал-Муфассирун: ҳаётуҳум ва манҳаҷуҳум, Теҳрон, вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1414ҳ.қ./1373ҳ.ш.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Истонбул, 1401ҳ.қ./1981м.
  • Заҳабӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Исроилиёт фи-т-тафсири ва-л-ҳадис, Димишқ, 1405ҳ.қ./1985м.
  • Заҳабӣ, Муҳаммадҳусайн, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, Қоҳира, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Ошур, Муҳаммадтоҳир ибни Муҳаммад, Тафсир-ут-таҳрир ва-т-танвир, Тунис, 1984м.
  • Қуръони Карим.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тафсир ва-л-муфассирун фи савбиҳи-л-қашиб, ҷ.2, Машҳад, ал-Ҷомеъатур-Разавия лилъулумил-исломия, 1419ҳ.қ.
  • Сағир, Муҳаммадҳусайн Алӣ, Диросотун қуръония, ҷ.2: ал-мабодӣ-л-оммат-ит-тафсир-ил-Қуръон-ил-Карим, Қум, 1413ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Булоқ, 1322 - 1330ҳ.қ./1994 - 1911м., чоп овести Бейрут, 1400 – 1403ҳ.қ./1980 - 1983м.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, 1390 - 1394ҳ.қ./1971 - 1974м.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Қоҳира, бе то, чоп овест, Теҳрон, бе то.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Ҳабиб Қусайр Омилӣ, Бейрут, бе то.