Усмония
Усмония (форсӣ: عثمانیه) фирқаест, ки вижагии аслии онҳо душманӣ ва мухолифат бо Имом Алӣ (а) ва Аҳли Байт (а) дар заминаҳои сиёсӣ, низомӣ ва илмӣ аст. Хостгоҳи ин фирқаро ба воқеаҳое аз ҷумла байъат накардан бо Имом Алӣ (а) пас аз қатли Усмон ва пазируфтани хилофати Муовия баргардондаанд. Гуфта шудааст ки пайдоиши истилоҳи «усмонӣ» дар баробари истилоҳи шиа дар ҷараёни ҷанги Ҷамал будааст.
Ба гуфтаи гурӯҳе аз муҳаққиқон, усмония ду ҷанги Ҷамал ва Сиффинро бар Имом Алӣ (а) ва шиаёни ӯ таҳмил карданд. Дар давраҳои баъд, онҳо илова бар ҷанги бевосита бо шиаён, ба лаън ва сабби Аҳли Байт (а) ва куштан, зиндонӣ кардан ва табъиди шиаён низ мепардохтаанд.
Усмония дар арсаҳои мухталифи илмӣ дар ҷаҳони Ислом, аз ҷумла ҳадис, фиқҳ, калом ва таърих, таъсиргузор будааст. Гароиши ғолиби усмония дар ин улуми исломӣ пешниҳоди тафсири нав аз Ислом бар асоси нигариши эътиқодӣ ва сиёсӣ дар даврони хилофати халифаҳои сегона ва Муовия будааст. Даврони тасаллути илмии усмония бо ҳузури донишмандоне ҳамроҳ аст ки бо Имом Алӣ (а) ва Аҳли Байт (а) душманӣ доштанд.
Охирин огоҳиҳо дар бораи усмония марбут ба қарни чоруми ҳиҷрии қамарӣ аст.
Усмония, фирқае дар муқобили Имом Алӣ (а)
Ба гуфтаи Таърихи Табарӣ, фирқаи усмония пас аз кушта шудани Усмон ва худдории гурӯҳе аз байъат бо Имом Алӣ (а)[1] ё шикастани байъати худ[2] оғоз шуд.[3] Дар китоби Масоил-ул-имома гуфта шудааст, ки онҳо дар даргириҳои миёни Имом Алӣ (а) ва Муовия, ба Муовия майл пайдо карданд.[4]
Афроде аз саҳоба аз ҷумла Талҳа, Зубайр, Оиша ва Муовия, аз фирқаи усмония талаққӣ шудаанд.[5] Вилфрид Маделунг, исломшинос ва нависандаи китоби Ҷонишинии Муҳаммад, муҳимтарин вижагии ҷараёни ғолиби усмонияро муқобила бо имоми аввалини шиаён хондааст.[6] Бино бар он чи дар мақолае мунташиршуда дар «Пажӯҳишномаи таърихи ташайюъ» омадааст, онҳо хилофати Имом Алӣ (а)-ро низ номашруъ медониста[7] ва халифаи барҳақ баъд аз Усмонро Муовия мешумурдаанд ва далели онро хешовандии Муовия бо Усмон ва авлавияти ӯ ба унвони валии дами Усмон баршумурдаанд.[8]
Гуфта шудааст ки усмония аҳли душмании сиёсӣ, низомӣ ва илмӣ бо Имом Алӣ (а) ва Аҳли Байт (а) будаанд.[9] Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, таърихнигори шиа, усмония ду ҷанги Ҷамал ва Сиффинро бар Имом Алӣ (а) ва шиаёни ӯ таҳмил кард[10] ва гарчи дар ҷанги Ҷамал шикаст хӯрд, аммо таъсири худро бо усмонимазҳаб кардани Басра ҳифз кард ва баъд аз ҷанги Сиффин, бар Ироқ тасаллути ёфт ва гуфтори худро дар хилофати Банӣ Умайя собит кард.[11]
Ба гуфтаи Муҳаммадмуҳсин Муруҷии Табасӣ, бо собит шудани сиёсати усмония дар давраи Умавиён, онҳо илова бар ҷанг бо шиаён, ба лаън ва сабби Аҳли Байт (а) ва куштан, зиндонӣ кардан ва табъиди шиаён ва низ аҳли суннати ровии фазоили Аҳли Байт (а) мепардохтаанд.[12]
Ба гуфтаи Патрисия Крон, мусташриқ ва таърихнигори даниягӣ, охирин иттилооти марбут ба усмония дар манобеи таърихӣ[13] марбут ба гузоришҳои маъдуде дар бораи гароишҳои усмония дар қарни чоруми ҳиҷрии қамарӣ аст.[14]
Истилоҳшиносӣ
Расули Ҷаъфариён дар китоби Таърихи ташайюъ дар Эрон, пайдоиши истилоҳи «усмонӣ» дар баробари истилоҳи шиаро марбут ба ҷанги Ҷамал донистааст.[15] Дар раҷазҳои ҷанги Ҷамал, бархе аз сипоҳиёни Ҷамал ёрони Имом Алӣ (а)-ро бар «дини Алӣ» хондаанд[16] ва ба гуфтаи Ҷаъфариён, истилоҳи «дини Усмон» дар муқобили истилоҳи «дини Алӣ» дар ҳамон даврон сохта шудааст.[17]
Ҳамчунин дар ҷанги Сиффин, иддае аз шоирони ҳозир дар сипоҳи Шом, шомиёнро бар «дини Усмон» хондаанд.[18] Дар муқобил, Рифоа ибни Шаддод, аз ёрони Имом Алӣ (а), дар абёташ худро бар «дини Алӣ» хондааст.[19]
Истифодаи истилоҳи «дини Усмон» ҳамчунин дар ҷараёни вақеъаи Ошӯро аз сӯи сипоҳи Кӯфа гузориш шудааст.[20] Ин гароиш дар давраҳои баъдӣ бо унвони «усмония» шинохта шуд[21] ва бино бар шоҳидони таърихӣ, қабл аз соли 145 ҳиҷрӣ аз ин унвон истифода шудааст.[22] Ҳамчунин Масъудӣ дар китоби худ, ат-Танбиҳ ва-л-ашроф, аз усмония бо унвони «шиаи усмония» ёд кардааст.[23]
Сайри таърихӣ
Патрисия Крон дар мақолаи худ бо унвони «Усмония», таърихи усмонияро ба чор давра тақсим кардааст: 1. вафодорӣ ба Усмон, 2. назарияи се халифа, 3. иттифоқи назар бар чор халифа, ва 4. тарафдорӣ аз Умавиён.[24]
Бовар ба ҳаққонияти хилофати Усмон ва золимона будани қатли ӯ
Вижагии давраи аввалини усмония, бовар ба ҳаққонияти хилофати Усмон ва золимона будани қатли ӯ,[25] машруият надоштани хилофати Имом Алӣ (а) ба далели мушорикати ӯ дар қатли Усмон (аз назари онҳо)[26] ва тасарруфи хилофат аз сӯи ӯ бидуни машварат бо уммат[27] баён шудааст.[28]
Ба гуфтаи Патрисия Крон, эҳтимолан бештари касоне ки дар воқеаи шӯриш бар Усмон ширкат надоштаанд усмонимазҳаб будаанд[29] ва то соли 70 ҳиҷрӣ дидгоҳи усмония дидгоҳи ғолиб дар ҷаҳони Ислом будааст.[30] Ба гуфтаи Ҷаъфариён, оммаи мардум дар ин давра усмонимазҳаб будаанд.[31]
Дар давраи мазкур, поягузорӣ ва таҳмили ду ҷанги Ҷамал ва Сиффин,[32] ғасби хилофат ва поягузории ҳукумати Умавӣ,[33] сабби Имом Алӣ (а),[34] шаҳодати Имом Ҳасан (а),[35] вақеъаи Ошӯро[36] ва фишор бар шиаён[37] аз ҷумлаи фаъолиятҳои сиёсии усмония қаламдод шудааст.
Аз шахсиятҳои муассири усмония дар ин давра, ғайр аз Талҳа, Зубайр, Муовия ва Оиша, аз Абдуллоҳ ибни Салом ва Муғира ибни Шуъба ёд шудааст ки бо Имом Алӣ (а) байъат накарданд ва ба Шом назди Муовия рафтанд.[38] Аз миёни ансор, аз Ҳассон ибни Собит, Каъб ибни Молик, Абӯсаиди Худрӣ, Муҳаммад ибни Маслама, Нуъмон ибни Башир ва Зайд ибни Собит ёд шудааст, ки бар хилофи аксари ансор, бо Имом Алӣ (а) байъат накарданд.[39]
Бовар ба халифаҳои сегона
Дар давраи дуюм ки ҳамзамон бо давраи Марвониён (64–132ҳ.қ.) аст, асҳоби ҳадис халифаҳои рошидинро маҳдуд ба халифаҳои сегона карданд.[40] Ба гуфтаи Патрисия Крон, усмония дар ин давра сукут дар бораи халифаи баъд аз Усмонро тарҷеҳ медоданд ва хилофати Имом Алӣ (а)-ро давраи фитна мехонданд[41] ва усмония дар ин давра касоне чун Абдуллоҳ ибни Умар ва Саъд ибни Абиваққосро, ки ба назари худ аз дарафтодан дар фитна канора гирифта буданд, ҳаммаслак ва усмонимазҳаб мешумурданд.[42]
Бовар ба чор халифа
Дар давраи сеюм, усмонимазҳаб ба касе гуфта мешуд ки қоил ба бартарии Усмон бар Имом Алӣ (а) буд ва ҳар халифаро афзали замони худ медонист ва маротиби фазлро бо тартиби ҷонишинӣ яксон қаламдод мекард.[43] Усмония дар ин давра дар муқобили шиаёни сиёсӣ[Ёддошт 1] ё сунниёни мутамоил ба шиа қарор мегирифт; ду гурӯҳе ки Имом Алӣ (а)-ро бартар аз Усмон медонистанд.[44] Ба гуфтаи Крон, заминасози ин назария дар ин давра, собит шудани назарияи тарбиъ (назарияи чор халифа) дар миёнаи қарни сеюми қамарӣ бо гароиши Аҳмад ибни Ҳанбал будааст.[45]
Тарафдорӣ аз Умавиён
Бино бар мақолаи Патрисия Крон, аз миён рафтани асҳоби ҳадиси усмонимазҳаб дар охири қарни сеюми қамарӣ боис шуд, ки гурӯҳе ба усмония машҳур шаванд ки қоил ба ҳаққонияти хилофати Умавиён ва идомаи он дар миёни Умавиёни Андалус буданд.[46] Абулфарҷи Исфаҳонӣ аз ҳузури усмония дар қарни чоруми қамарӣ ёд кардааст, ки барои худ масҷиде дар Кӯфа доштанд ва шиаён аз намоз хондан дар он ҷо дурӣ меҷустанд.[47]
Осори усмония дар улуми исломӣ
Гуфта шудааст ки усмония, аз оғози пайдоиш, дар арсаҳои мухталифи илмӣ дар ҷаҳони Ислом, аз ҷумла ҳадис, фиқҳ, калом ва таърих таъсиргузор будааст.[48] Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, нигариши ғолиби усмония дар ин мавридҳо, пешниҳоди тафсири нав аз Ислом, бар асоси нигариши эътиқодӣ ва сиёсӣ дар даврони халифаҳои сегона ва Муовия будааст.[49] Ҳузури муҳаддисон, фақеҳон, мутакаллимон ва муаррихоне, ки бо Имом Алӣ (а) ва Аҳли Байт (а) душманӣ доштанд, аз шохисаҳои муҳими даврони тасаллути илмии усмония баён шудааст.[50]
Ҳадис ва фиқҳ
Ба гуфтаи Маҳдӣ Фармониён, пажӯҳишгари таърихи фирқаҳо, бар асоси гузоришҳои таърихӣ, донишварони усмония дар қаламрави ҳадис ва фиқҳ дар муҳимтарин марказҳои илмии ҷаҳони Ислом дар қарнҳои нахустини ҳиҷрӣ фаъолият доштаанд.[51] Ин марказҳо ба тартиби авлавият чунин баршумурда шудаанд: Мадина, Басра, Кӯфа, Макка ва Шом.[52] Ба ин тартиб, муҳимтарин саҳобаи мавриди эътимоди аҳли суннат дар Мадина аз усмония ба ҳисоб меомадаанд;[53] аз ҷумла Оиша,[54] Абдуллоҳ ибни Умар[55] ва Абӯҳурайра.[56]
Ба гуфтаи Фармониён, рӯйкарди ғолиб дар миёни фақеҳон ва муҳаддисони усмонии Мадина, нақли маноқиби халифаҳои сегона ва душманӣ бо Имом Алӣ (а) будааст[57] ва бархе фақеҳони ҳафтгонаи Мадина[58][Ёддошт 2] бо дараҷоти мухталиф дорои гароиши усмонӣ будаанд.[60]
Ҳамчунин бино бар гузориши Ибни Абдурраббаҳ дар китоби ал-Ақд-ул-фарид, мардумони Басра ғолибан усмонимазҳаб будаанд.[61] Анас ибни Молик[62] ва Муҳаммад ибни Сирин (ваф.110ҳ.қ.)[63] ба тартиб аз сӯи Ибни Абилҳадид ва Ибни Ҷавзӣ, аз машҳуртарин фақеҳон ва муҳаддисони усмонии Басра дониста шудаанд.[64] Ба гуфтаи Фармониён, рӯйкарди ғолиби фақеҳон ва муҳаддисони усмонии Басра, сукут дар бораи Имом Алӣ (а) ва эътиқод надоштан ба ҷойгоҳи ӯ будааст.[65]
Дар Кӯфа, алорағми аксарият будани шиаён ва сунниёни майлдошта ба ташайюъ, аз вуҷуди фақеҳон ва муҳаддисони усмонимазҳаб, чун Шақиқ ибни Салама (ваф.82ҳ.қ.)[66] ёд шудааст.[67] Бархе аз фақеҳон ва муҳаддисони Макка, аз ҷумла Маймун ибни Миҳрон (ваф.116ҳ.қ.),[68] аз усмония дониста шудаанд.[69] Гуфта шудааст ки фақеҳони зиёде дар Шом таҳти ҳукумати Умавиён дорои гароиши усмонӣ будаанд, ки ривоятҳои зиёде дар бораи фазоили Умавиён аз онҳо нақл шудааст.[70]
Таърих
Дар арсаи таърихнигорӣ, аз вуҷуди «мактаби таърихнигории усмония» ёд шуда[71] ва гуфта шудааст ки муаррихони усмонимазҳаби таҳти ҳимояти Умавиён, бо таҳрифи таърих, дар эҷоди машруият барои Умавиён кӯшидаанд.[72] Ба ин тартиб, ин рӯйдод боис шуд, ки нақлҳои муаррихони усмония дар ҳавзаи таърих аз нуфузи чашмгир бархӯрдор гардад.[73]
Хусусияти мактаби таърихнигории усмония, зиддият бо Имом Алӣ (а) дар қолаби худдорӣ аз нақли фазоили ӯ ва ҷаъли ҳадис дар мазаммати ӯ, фазилатсозӣ барои Усмон ва бархе дигар аз саҳоба ва муқобила бо ансор ва худдорӣ аз нақли фазоили онҳо дониста шудааст.[74] Абон ибни Усмон ва Сайф ибни Умари Тамимӣ, аз ҷумлаи муаррихони мактаби таърихнигории усмония дониста мешаванд.[75] Ба гуфтаи Ҷаъфариён, мактаби таърихнигории усмония, дар қарни сеюм, бо қудрат гирифтани муаррихони шиӣ дучори заъф шудааст.[76]
Калом
Яке аз арсаҳои муҳимми чолиши каломӣ миёни усмония ва мухолифонашон, китоби Мақолот-ул-усмония, асари Ҷоҳиз (160–255ҳ.қ.) дониста шудааст.[77] Ҳасан Ансорӣ, пажӯҳишгари таърихи Ислом, гуфтааст ки Ҷоҳиз дар ин китоб, каломи усмонияро дар баробари каломи шиа қарор медиҳад[78] ва истидлолҳои усмония алайҳи далелҳои имомия дар бораи имомат, зарурати вуҷуди нас барои имом, афзалияти Имом Алӣ (а) ва барҳақ будани ӯ дар ҷанги Ҷамал, Сиффин ва Наҳравонро ба тафсил нақл мекунад.[79]
Масъудӣ аз китоби усмония бо унвони «ал-Бароҳин фи-л-имомат-ил-умавийин» ёд мекунад, ки дар он аз имомати Банӣ Умайя дифоъ шудааст.[80] Ба гузориши Масъудӣ, дар ин китоб, хилофати Умавиёни Андалус идомаи хилофати Усмон ва хилофати Умавиён талаққӣ шудааст.[81]
Эзоҳ
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.4, саҳ.429–430
- ↑ Ношеъулакбар, Масоил-ул-имома, 1971ҳ.қ., саҳ.15–16
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.4, саҳ.429–430
- ↑ Ношеъулакбар, Масоил-ул-имома, 1971ҳ.қ., саҳ.16
- ↑ Ношеъулакбар, Масоил-ул-имома, 1971ҳ.қ., саҳ.16
- ↑ Маделунг, Фирқаҳои исломӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.37
- ↑ Хайрхоҳи Алавӣ ва дигарон, «Алӣ ва хилофати ӯ аз нигоҳи мактаби таърихнигории усмония», саҳ.51
- ↑ Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.40
- ↑ Муруҷии Табасӣ, «Таъсири тафаккури усмония...», саҳ.134
- ↑ Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.40
- ↑ Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.40
- ↑ Муруҷии Табасӣ, «Таъсири тафаккури усмония...», саҳ.134–135
- ↑ Крон, «Усмония», саҳ.231
- ↑ Абулфарҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.167
- ↑ Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.40
- ↑ Шайх Муфид, ал-Ҷамал, 1413ҳ.қ., саҳ.346
- ↑ Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.40
- ↑ Манқари, Вақъати Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.556; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.43
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.6, саҳ.50
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.435
- ↑ Хайрхоҳи Алавӣ ва дигарон, «Алӣ ва хилофати ӯ аз нигоҳи мактаби таърихнигории усмония», саҳ.53
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.4, саҳ.429–430
- ↑ Масъудӣ, ат-Танбиҳ ва-л-ашроф, 1893 м., саҳ.337
- ↑ Крон, «Усмония», саҳ.227
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.4, саҳ.449
- ↑ Ибни Қутайбаи Динварӣ, ал-ихтилоф фи-л-лафз, 1412ҳ.қ., саҳ.54
- ↑ Ибни Қутайбаи Динварӣ, ал-ихтилоф фи-л-лафз, 1412ҳ.қ., саҳ.54
- ↑ Крон, «Усмония», саҳ.227
- ↑ Крон, «Усмония», саҳ.227
- ↑ Крон, «Усмония», саҳ.227
- ↑ Ҷаъфариён, Дарсҳое дар бораи фирақи исломӣ, 1401ҳ.ш., саҳ.215
- ↑ Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.40
- ↑ Муруҷии Табасӣ, «Таъсири тафаккури усмония...», саҳ.134–135
- ↑ Хайрхоҳи Алавӣ, «Усмония ва шиа дар ду қарни нахустини ҳиҷрӣ», саҳ.108
- ↑ Хайрхоҳи Алавӣ, «Усмония ва шиа дар ду қарни нахустини ҳиҷрӣ», саҳ.109
- ↑ Ҳидоятпаноҳ, Бозтоби тафаккури усмония дар воқеаи Карбало, 1388ҳ.ш., саҳ.149; Ҷаъфариён, Дарсҳое дар бораи фирақи исломӣ, 1401ҳ.ш., саҳ.216; Ҷаъфариён, «شکلگیری مذهب شیعی و عثمانی و ادامه آن با روی کار آمدن دولت عباسی»
- ↑ Муруҷии Табасӣ, «Таъсири тафаккури усмония...», саҳ.134–135
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.4, саҳ.430
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.4, саҳ.429–430
- ↑ Крон, «Усмония», саҳ.228–229
- ↑ Крон, «Усмония», саҳ.228–229
- ↑ Крон, «Усмония», саҳ.230
- ↑ Крон, «Усмония», саҳ.231
- ↑ Крон, «Усмония», саҳ.231
- ↑ Крон, «Усмония», саҳ.231
- ↑ Крон, «Усмония», саҳ.231
- ↑ Абулфарҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.167
- ↑ Хайрхоҳи Алавӣ ва дигарон, «Алӣ ва хилофати ӯ аз нигоҳи мактаби таърихнигории усмония», саҳ.52; Фармониён, «Усмония ва асҳоби ҳадис...», саҳ.144; Ҷаъфариён, Дарсҳое дар бораи фирақи исломӣ, 1401ҳ.ш., саҳ.215
- ↑ Ҷаъфариён, Дарсҳое дар бораи фирақи исломӣ, 1401ҳ.ш., саҳ.216
- ↑ Муруҷии Табасӣ, «Таъсири тафаккури усмония...», саҳ.135
- ↑ Фармониён, «Усмония ва асҳоби ҳадис...», саҳ.144
- ↑ Фармониён, «Усмония ва асҳоби ҳадис...», саҳ.144
- ↑ Фармониён, «Усмония ва асҳоби ҳадис...», саҳ.144–145
- ↑ Ибни Қутайба, ал-Имома ва-с-сиёса, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.71–72
- ↑ Сақафии Кӯфӣ, ал-Ғорот, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.569
- ↑ Сақафии Кӯфӣ, ал-Ғорот, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.569
- ↑ Фармониён, «Усмония ва асҳоби ҳадис...», саҳ.149–150
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.136
- ↑ Халил ал-Қаттон, Таърих-ут-ташриъ-ил-исломӣ, 1422ҳ.қ., саҳ.294
- ↑ Фармониён, «Усмония ва асҳоби ҳадис...», саҳ.145–146
- ↑ Ибни Абдурраббаҳ Андалусӣ, ал-Ақд-ул-фарид, 1999 м., ҷ.6, саҳ.264
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.74
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ар-Радду ала-л-мутаассиб-ил-анид, 1403ҳ.қ., саҳ.75
- ↑ Фармониён, «Усмония ва асҳоби ҳадис...», саҳ.150
- ↑ Фармониён, «Усмония ва асҳоби ҳадис...», саҳ.156
- ↑ Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.271; Ҳидоятпаноҳ, Бозтоби тафаккури усмония дар воқеаи Карбало, 1388ҳ.ш., саҳ.225–226
- ↑ Фармониён, «Усмония ва асҳоби ҳадис...», саҳ.157–159
- ↑ Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, ҷ.6, 1414ҳ.қ., саҳ.76–77
- ↑ Фармониён, «Усмония ва асҳоби ҳадис...», саҳ.168–170
- ↑ Фармониён, «Усмония ва асҳоби ҳадис...», саҳ.172–177; Ҷаъфариён, Дарсҳое дар бораи фирақи исломӣ, 1401ҳ.ш., саҳ.217–220
- ↑ Хайрхоҳи Алавӣ ва дигарон, «Алӣ ва хилофати ӯ аз нигоҳи мактаби таърихнигории усмония», саҳ.53
- ↑ Хайрхоҳи Алавӣ ва дигарон, «Алӣ ва хилофати ӯ аз нигоҳи мактаби таърихнигории усмония», саҳ.52–53
- ↑ Хайрхоҳи Алавӣ ва дигарон, «Алӣ ва хилофати ӯ аз нигоҳи мактаби таърихнигории усмония», саҳ.53
- ↑ Хайрхоҳи Алавӣ ва дигарон, «Алӣ ва хилофати ӯ аз нигоҳи мактаби таърихнигории усмония», саҳ.53
- ↑ Хайрхоҳи Алавӣ ва дигарон, «Алӣ ва хилофати ӯ аз нигоҳи мактаби таърихнигории усмония», саҳ.53
- ↑ Ҷаъфариён, Дарсҳое дар бораи фирақи исломӣ, 1401ҳ.ш., саҳ.217
- ↑ Ансорӣ, «درباره کتاب العثمانيه جاحظ و رديههای آن», торнамои Баррасиҳои таърихӣ
- ↑ Ансорӣ, «کتاب العثمانيه جاحظ و اصالت تفکر شيعی درباره امامت», торнамои Баррасиҳои таърихӣ
- ↑ Ансорӣ, «کتاب العثمانيه جاحظ و اصالت تفکر شيعی درباره امامت», торнамои Баррасиҳои таърихӣ
- ↑ Масъудӣ, ат-Танбиҳ ва-л-ашроф, 1893 м., саҳ.336
- ↑ Масъудӣ, ат-Танбиҳ ва-л-ашроф, 1893 м., саҳ.336–337
Ёддошт
- ↑ шиаёни сиёсӣ ё ироқиро гурӯҳе аз шиаён дар ду қарни нахустини қамарӣ донистаанд ки ба авлавияти Имом Алӣ (а) бар Усмон танҳо аз манзари сиёсӣ, на эътиқодӣ, бовар доштанд (Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.22–27).
- ↑ Ҳафт фақеҳи ҳамасри сокини Мадина ки аз тобеин ҳастанд иборатанд аз: Абубакр ибни Абдурраҳмони Махзумӣ (ваф.94ҳ.қ.), Хориҷа ибни Зайд Ансорӣ (ваф.99ҳ.қ.), Саъид ибни Мусаййиб (ваф.91ҳ.қ.), Сулаймон ибни Ясор (ваф.107ҳ.қ.), Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ Махзумӣ (ваф.98ҳ.қ.), Урва ибни Зубайр (ваф.94ҳ.қ.), Қосим ибни Муҳаммад ибни Абубакр (ваф.108ҳ.қ.).[59]
Сарчашма
- Абулфарҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1415ҳ.қ.
- Ансорӣ, Ҳасан, «کتاب العثمانيه جاحظ و اصالت تفکر شيعی درباره امامت», торнамои Баррасиҳои таърихӣ (мақолаҳо ва навиштаҳои Ҳасан Ансорӣ дар ҳавзаи таърих ва фарҳанги Эрон ва Ислом), санаи дарҷ: 16 обони 1398ҳ.ш., санаи боздид: 29 обони 1402ҳ.ш.
- Ансорӣ, Ҳасан, «درباره کتاب العثمانيه جاحظ و رديههای آن», торнамои Баррасиҳои таърихӣ (мақолаҳо ва навиштаҳои Ҳасан Ансорӣ дар ҳавзаи таърих ва фарҳанги Эрон ва Ислом), санаи дарҷ: 16 обони 1398ҳ.ш., санаи боздид: 29 обони 1402ҳ.ш.
- Замахшарӣ, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, бе таърих, беҷо, бено.
- Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияру аълом-ин-нубало, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1414ҳ.қ.
- Ибн Ҳажари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таҳзибу-т-таҳзиб, Бейрут, Дори Содир, бе таърих.
- Ибни Абдурраббаҳ Андалусӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Ақд-ул-фарид, таҳқиқи Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1999 м.
- Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳиббатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳи Узмо Марашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодири Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ.
- Ибни Қутайбаи Динварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Имома ва-с-сиёса, таҳқиқи Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-азво, 1410ҳ.қ.
- Ибни Қутайбаи Динварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Ихтилоф фи-л-лафз ва-р-радду ала-л-ҷаҳмия ва-л-мушаббиҳа, таҳқиқи Умар ибни Маҳмуд Абуумар, Риёз, Дор-ур-роя ли-н-нашр ва-т-тавзеъ, 1412ҳ.қ.
- Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ар-Радду ала-л-мутаассиб-ил-анид, таҳқиқи Муҳаммадкозими Маҳмудӣ, беҷо, бено, 1403ҳ.қ.
- Крон, Патрисия, «عثمانیه» (мадхали Доиратулмаорифи Ислом ба забони англисӣ), тарҷумаи Маҳдӣ Фармониён, дар Пажӯҳишномаи ҳикмат ва фалсафаи исломӣ, №13 ва 14, баҳор ва тобистони 1384ҳ.ш.
- Маделунг, Вилфрид Фердинанд, Фирқаҳои исломӣ, тарҷумаи Абулқосим Сиррӣ, Теҳрон, Интишороти Асотир, 1381ҳ.ш.
- Маноъ ал-Қаттон, Маноъ ибни Халил, Таърих-ут-ташриъ-ил-исломӣ, Китобхонаи Ваҳба, чопи панҷум, 1422ҳ.қ., беҷо.
- Манқарӣ, Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, таҳқиқи Абдуссаломи Муҳаммад Ҳорун, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳ ва-л-ашроф, Лейден Ҳолланд, Матбааи Брил, 1893 м.
- Муруҷии Табасӣ, Муҳаммадмуҳсин, «تأثیر تفکر عثمانیه بر ابنتیمیه در تقابل با راویان فضایل اهلبیت(ع)», дар Фарҳанги зиёрат, №46, баҳори 1400ҳ.ш.
- Ношеъулакбар, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, Масоил-ул-имома, таҳқиқи Юзеф Фан Эс, Бейрут, бено, 1971 м.
- Сақафии Кӯфӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад, ал-Ғорот, таҳқиқи Мир Ҷалолуддини Муҳаддиси Армавӣ, Теҳрон, Анҷумани осори миллӣ, 1395ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ (Таърих-ул-умам ва-л-мулук), таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, бено, бе таърих.
- Фармониён, Маҳдӣ, «عثمانیه و اصحاب حدیث قرون نخستین تا ظهور احمد بن حنبل با تأکید بر سیر اعلام النبلاء ذهبى», Дуфаслномаи Ҳафт осмон, №39, озари 1387ҳ.ш.
- Хайрхоҳи Алавӣ, Сайид Алӣ, «عثمانیه و شیعه در دو قرن نخست هجری», дар маҷаллаи Фарҳанги пажӯҳиш, №9, зимистони 1389ҳ.ш.
- Хайрхоҳи Алавӣ, Сайид Алӣ; Неъматуллоҳ Сафарии Фурӯшонӣ; Усмон Юсуфӣ ва Абдуллоҳи Фираҳӣ, «علی و خلافت وی از نگاه مکتب تاریخنگاری عثمانیه», дар Пажӯҳишномаи таърихи ташайюъ, №87, тобистони 1399ҳ.ш.
- Хайёт, Абдурраҳим ибни Муҳаммад, ал-Интисор ва-р-радду ала Ибни-р-Рованди-ил-мулҳид, таҳқиқи Ҳенрик Самуэл Ниберг, Ҷабили Лубнон, Дор ва мактабат Библиюн, 2004ҳ.қ.
- Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод (ё Мадинат-ус-салом), таҳқиқи Мустафо Абдулқодири Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1417ҳ.қ.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ҷамал (ан-Нусра ли-Сайид-ил-Итра фи ҳарб-ил-Басра), таҳқиқи Сайид Алӣ Миршарифӣ, Қум, Мактаб-ул-эълом-ил-исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Ҳидоятпаноҳ, Муҳаммадризо, Бозтоби тафаккури усмония дар воқеаи Карбало, Қум, Пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ, 1388ҳ.ш.
- Ҷаъфариён, Расул, «شکلگیری مذهب شیعی و عثمانی و ادامه آن با روی کار آمدن دولت عباسی», торнамои китобхонаи тахассусии Ислом ва Эрон, санаи дарҷ: 7 урдибиҳишти 1399ҳ.ш., санаи боздид: 15 обони 1402ҳ.ш.
- Ҷаъфариён, Расул, Дарсҳое дар бораи фирақи исломӣ, Теҳрон, Нашри Илм, 1401ҳ.ш.
- Ҷаъфариён, Расул, Таърихи ташайюъ дар Эрон, Теҳрон, Нашри Илм, 1388ҳ.ш.