Омина бинти Шарид

Аз wikishia

Омина бинти Шарид ба арабӣ: آمِنَه بنت شرِید, ҳамсари Амр ибни Ҳамиқи Хузоъӣ (даргузашти 50ҳ.қ.) буд, ки ба дастури Муовия ибни Абусуфён зиндонӣ шуд ва ҳамин моҷаро сабаби шуҳрати ӯ гашт.

Нафрини Омина дар ҳаққи Муовия

«Эй Муовия, Худо фарзандонатро ятим, хонаводаатро аз ту дур гардонад ва ҳаргиз туро наёмурзад!».[1] Таърихи бойгонӣ

Омина бинти Шарид аз занони фасеҳи аҳли Кӯфа ва ҳамсари Амр ибни Ҳамиқи Хузоъӣ[2] ва аз шиаёни Имом Алӣ (а)[3] буд. Ибни Тайфур, муаррихи аҳли суннат (204 - 280ҳ.қ.) дар китоби Балоғот-ун-нисо, суханони ӯ хитоб ба Муовия ибни Абусуфёнро нақл кардааст.[4] Дар Аъён-уш-шиъа[5] ва Эълом-ун-нисо-ил-муъминот[6] низ матолиби Ибни Тайфур нақл шудааст.

Зириклӣ, таърихнигори қарни 14 қамарӣ, далели шуҳрати Оминаро моҷарои зиндонӣ шудани ӯ ва суханонаш хитоб ба Муовия донистааст.[7] Баъд аз шаҳодати Имом Алӣ (а), Муовия ибни Абусуфён бархе аз шиаён, аз ҷумла Амр ибни Ҳамиқи Хузоъиро мавриди таъқиб қарор дод. Амр гурехта, пинҳон шуд, аз ин рӯ, ба дастури Муовия, ҳамсари ӯ Омина дастгир ва ду сол дар Димишқ зиндонӣ шуд.[8] Баъд аз шаҳодати Амр ибни Ҳамиқи Хузоъӣ дар соли 50 қамарӣ, ба дастури Муовия сарашро ба Димишқ бурда, дар зиндон пеши рӯи Омина ниҳоданд, аммо Омина ба васфи шавҳари хеш ва нафрини Муовия пардохт.[9] Баъд аз он ӯро озод ва ба сӯи Кӯфа равона карданд. Омина дар соли 50 қамарӣ, дар миёни роҳ дар Ҳимс бар асари тоун даргузашт.[10]

Эзоҳ

  1. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, 1972м., саҳ.87.
  2. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.1, саҳ.26.
  3. Ҳасун, Аълом-ун-нисо-ил-муъминот, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107.
  4. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, 1972м., саҳ.87 - 89.
  5. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.95.
  6. Ҳасун, Аълом-ун-нисо-ил-муъминот, 1421ҳ.қ., саҳ.107 - 111.
  7. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.1, саҳ.26.
  8. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, 1972м., саҳ.87 - 89.
  9. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, 1972м., саҳ.87 - 89.
  10. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.1, саҳ.26.

Сарчашма

  • Ибни Тайфур, Аҳмад, Балоғот-ун-нисо, Бейрут, 1972м.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқи Ҳасан Амин, Бейрут, Дорултаъоруф лилматбуъот, 1403ҳ.қ.
  • Ҳасун, Муҳаммад ва Машкур, Уммуалӣ, Аълом-ун-нисо-ил-муъминот, Теҳрон, Усва, 1421ҳ.қ.
  • Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом, Бейрут, Дорулъилм лилмалоин, 1989м.