Оминабегим Маҷлисӣ

Аз wikishia
Оминабегим Маҷлисӣ
Номи комилОминахотун
Маҳалли зиндагӣИсфаҳон
НасабХонадони Маҷлисӣ
Санаи вафотасри 12ҳ.қ.
Шаҳри вафотИсфаҳон
Маҳалли дафнқабристони Тахтифулод
ХешовандонМуҳаммадтақии Маҷлисӣ (падар), Аллома Маҷлисӣ (бародар), Муллосолеҳи Мозандаронӣ, (ҳамсар)
УстодонМуҳаммадтақии Маҷлисӣ, Аллома Маҷлисӣ
ТаълифотШарҳ бар Алфияи Ибни Молик, Шарҳ бар Шавоҳиди Суютӣ ва Маҷмуъаи масоили фиқҳӣ
Дигаркумак ба бародараш дар ҷамъоварии китоби Биҳор-ул-анвор


Оминабегим Маҷлисӣ (форсӣ: آمنه بیگم مجلسی) ё Оминахотун (ваф. қарни 12ҳ.қ.) аз занони олими шиа дар давраи сафавӣ аст. Ӯ духтари Муҳаммадтақии Маҷлисӣ, хоҳари Аллома Маҷлисӣ ва ҳамсари Муллосолеҳи Мозандаронӣ (ваф.1081ҳ.қ.) буд. Оминабегим дар ҷамъоварӣ аҳодиси Биҳор-ул-анвор ба Аллома Маҷлисӣ кумак кард. Китобҳое чун шарҳ бар Алфияи Ибни Молик, шарҳ бар Шавоҳиди Суютӣ ва Маҷмуъаи масоили фиқҳӣ аз осор ӯст.

Зиндагинома

Оминабегим Маҷлисӣ ё Оминахотуни духтари Муҳаммадтақии Маҷлисӣ ва хоҳари Аллома Маҷлисӣ будааст.[1] Модараш духтари Садриддин Муҳаммад Ҳусайнӣ Ошурии Қумӣ будааст.[2] Нависандагон ӯро шинохташуда ба илму фазл дар замони худ донистаанд.[3] Аз ҷумла Абдуллоҳи Афандӣ нависандаи китоби Риёз-ул-уламои ва ҳиёз-ул-фузало, ки тақрибан ҳамъасри Оминабегим аст, ӯро соҳиби фазл, илм ва тақво муаррифӣ мекунад.[4]

Сарчашмаҳо ба соли вилодат ва вафоти ӯ ишора накардаанд,[5] аммо бо ин ҳол, вафоти ӯро дар қарни 12 қамарӣ донистаанд.[6]

Оминабегим дар Исфаҳон даргузашт ва дар мақбараи Тахтифӯлод дафн шуд.[7] Бархе муҳаққиқон, маконҳои дигареро маҳали дафни Оминабегим донистаанд.[8]

Ҳамсару фарзандон

Оминахотун ба пешниҳоди падараш бо Муллосолеҳи Мозандаронӣ издивоҷ кард.[9] Муллосолеҳ шогирди Маҷлисии аввал буд[10] ва баъдҳо китобҳои бисёре аз ҷумла шарҳ бар ал-Кофиро навишт.[11] Оминахотун ва Муллосолеҳ шаш писар доштанд ки ҳама аҳл илм будаанд.[12] Ҳамчунин як ё ду духтар низ доштаанд.[13] Ваҳиди Беҳбаҳонӣ ва Оятуллоҳ Буруҷердӣ аз насли Оминабегим ва Муллосолеҳи Мозандаронӣ ҳастанд.[14]

Ҷойгоҳи илмӣ

Оминахотун дар фиқҳ ва ҳадис шогирди падараш Маҷлисии аввал ва бародараши Аллома Маҷлисӣ буд.[15] Аз ӯ осори мактубе низ нақл шудааст:

  • Шарҳ бар Алфияи Ибни Молик
  • Шарҳ бар Шавоҳиди Суютӣ
  • Маҷмӯъаи масоили фиқҳӣ
  • Девони шеър.[16]

Оминахотун дар ҷамъоварии ривоёти бархе аз ҷилдҳои Биҳор-ул-анвор ба Аллома Маҷлисӣ кумак кард.[17] Ҳамчунин нақл шуда ки Муллосолеҳи Мозандаронӣ дар ҳалли бархе ибороти китоби Қавоид-ул-аҳкоми Аллома Ҳиллӣ бо ӯ машварат мекардааст.[18]

Эзоҳ

  1. Амин, Аъён-уш-шиа, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.95
  2. Ҳошимӣ, «Гавҳаре аз хонадони Маҷлисӣ», саҳ.94
  3. Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, Муқаддимаи муҳаққиқ, 1382ҳ.қ., саҳ.2
  4. Афандӣ, Риёз-ул-уламо, 1431ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.407
  5. Риёҳӣ, Нақши бонувони шиаи Исфаҳон дар фарҳангу тамаддуни Эрон ва Ислом, саҳ.218 ва 222
  6. Бонувони олима ва осори онҳо, 1379ҳ.ш., саҳ.42
  7. Мавсуату муаллифи-л-имомия, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.90
  8. Ҳошимӣ, «Гавҳаре аз хонадони Маҷлисӣ», саҳ.94
  9. Афандӣ, Риёз-ул-уламо, 1431ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.407
  10. Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, Муқаддимаи муҳаққиқ, 1382ҳ.қ., саҳ.2
  11. Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, Муқаддимаи муҳаққиқ, 1382ҳ.қ., саҳ.2
  12. Амин, Мустадрикоту Аъён-иш-шиа, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.8
  13. Ҳошимӣ, «Гавҳаре аз хонадони Маҷлисӣ», саҳ.100
  14. Ҳошимӣ, «Гавҳаре аз хонадони Маҷлисӣ», саҳ.97
  15. Мавсуату муаллифи-л-имомия, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.90
  16. Амин, Мустадрикоту Аъён-иш-шиа, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.8
  17. Риёҳӣ, Нақши бонувони шиаи Исфаҳон дар фарҳангу тамаддуни Эрон ва Ислом, саҳ.221
  18. Афандӣ, Риёз-ул-уламои ва ҳиёз-ул-фузало, Матбаат-ул-Хайём, ҷ.5, саҳ.408; Амин, Аъён-уш-шиа, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.95

Сарчашма

  • Амин, Сайид Ҳасан, Мустадрикоту Аъён-иш-шиа, Бейрут, Дор-ут-таоруф, 1408ҳ.қ.
  • Амини Омилӣ, Сайид Муҳсин, Аъён-уш-шиа, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуъот, 1406ҳ.қ.
  • Афандӣ, Абдуллоҳ ибни Исо, Риёз-ул-уламои ва ҳиёз-ул-фузало, Матбаат-ул-Хайём, бе то, беҷо.
  • Афандӣ, Абдуллоҳ ибни Исо, Риёз-ул-уламои ва ҳиёз-ул-фузало, муҳаққиқ: Аҳмад Ҳусайнӣ Ашкиварӣ, Бейрут, Муассисат-ут-таърих-ил-ъарабӣ, 1431ҳ.қ.
  • Бонувони олима ва осори онҳо, Қум, Маркази мудирияти ҳавзаҳои илмияи хоҳарон, 1379ҳ.ш.
  • Мавсуату муаллифи-л-имомия, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, 1428ҳ.қ.
  • Мозандаронӣ, Муҳаммадсолҳ ибни Аҳмад, Шарҳи ал-Кофӣ, тасҳеҳи Абулҳасани Шаъронӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-уал-Исломия, 1382ҳ.қ.
  • Риёҳӣ, Муҳаммадҳусайн, «Нақши бонувони шиаи Исфаҳон дар фарҳангу тамаддуни Эрон ва Ислом», маҷаллаи Бонувони шиа, №10, зимистони 1385ҳ.ш.
  • Ҳошимӣ, Муҳаммадқосм, «Гавҳаре аз хонадони Маҷлисӣ», маҷаллаи Фарҳанги Исфаҳон, №№ 5 ва 6, баҳору тобистони 1376ҳ.ш.