Маликаи Сабаъ
Маликаи Сабаъ (арабӣ: ملکۀ سَبا) ягона подшоҳи зан аст, ки дар Қуръон ва Аҳдайн аз ӯ ёд шудааст. Номи маликаи Саборо Билқис (بِلْقِیس) донистаанд. Ӯ, ки подшоҳии минтақаи Сабо (Ямани имрӯзӣ)-ро бар уҳда дошт, аввал офтобпараст буд, вале баъд аз дидори ҳазрати Сулаймон имон оварда яктопараст шуд.
Имрӯза бархе аз пажӯҳишгарон бо назардошти рӯйкарди мусбати Қуръон ба мудирияти маликаи Сабо, бар нақш ва ҳузури фаъоли занон дар ҷомеъа истидлол кардаанд.
Достони огоҳии ҳазрати Сулаймон аз қавми Сабо ва маликаи онҳо, интиқоли тахти маликаи Сабо ба назди ҳазрати Сулаймон дар камтар аз як мижа задан ва ҳузури маликаи Сабо дар кохи ӯ аз қиссаҳои қуръонӣ аст.
Гузориши дидори маликаи Сабо ва ҳазрати Сулаймон дар Қуръон ва Аҳди Атиқ дар баъзе мавридҳо муштарак аст, аммо ба гуфтаи пажӯҳишгарони мусалмон, ихтилофоти муҳиме ҳам байни ин ду гузориш вуҷуд дорад, ки муҳимтаринаш ин аст, ки гузориши Қуръон рӯйкарди ҳидоятгарӣ дорад.
Муҳаққиқон мегӯянд, ки достони маликаи Сабо дар манобеъи исломӣ бо такя ба исроилиёт, шарҳ ва басти фаровон ёфтааст.
Дар адабиёти арабӣ ва форсӣ, ба достони маликаи Сабо зиёд ишора шудааст. Дар шеърҳо аз маликаи Сабо ҳамчун намоди ҳикмату хирад, ақл ва сарват ёд мешавад.
Дар мавзӯи маликаи Сабо китобҳои гуногуне навишта шудааст, ки дар байни онҳо “ал-Малика Билқис”; «ат-Таърих ва-л-устура ва-р-рамз”-ро Билқис Иброҳим Ал-Ҳазронӣ навиштааст.
Аҳамият
Маликаи Сабаъ подшоҳи минтақаи Сабо буд ва достони дидори ӯ бо Сулаймони набӣ, дар Қуръон, дар сураи Намл[1] ва низ дар Китоби Муқаддас, омадааст.[2] Маликаи Сабаъ танҳо зани ҳоким бо тавоноиҳои вижа аст, ки Қуръон аз ӯ ёд кардааст.[3] Ӯро аз хирадмандтарини занон донистаанд.[4] Бо тавваҷуҳ ба достони маликаи Сабаъ дар Қуръон, мақолоте дар баррасии нигоҳи Қуръон ба мудирияти занон ва дар ростои исботи нақш ва ҳузури фаъоли занон дар ҷомеъа навишта шудааст.[5] Гуфта шудааст, дар ҷараёни тадвини қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, бархе аъзо барои баёни ҷойгоҳи мудириятии занон, ба достони маликаи Сабаъ дар Қуръон истидлол кардаанд.[6] Бар асоси таҳқиқот, достони маликаи Сабаъ дар манобеи исломӣ шарҳу басти фаровон ёфта ва бархе нукоти он аз исроилиёт баргирифта шудааст.[7]
Ном, насаб ва ҳукумати маликаи Сабаъ
Номи маликаи Сабаъ дар Қуръон ва дар Аҳди Атиқ нест,[8] аммо ба гуфтаи бисёре аз муфассирон ва муаррихон, Билқис будааст.[9] Дар аҳодиси мутааддиди шиа низ ҳамин ном омадааст.[10] Бо ин ҳол дар бархе манобеъ, барои маликаи Сабаъ номҳои дигаре монанди Ялмақа сабт шудааст.[11] Мегӯянд, маликаи Сабаъ дар Маъриб ба дунё омад.[12] Номҳои мухталифе чун Шарҳ[13] ва Ҳаддод ибни Шароҳил барои падараш зикр кардаанд.[14] Дар бархе манобеъ омадааст, ӯ аз насли Сом ибни Нуҳ будааст.[15] Ҳамчунин гуфта шудааст, модари ӯ аз ҷинниён будааст,[16] вале чунин матлабе инкор шудааст.[17]
Билқисро аз қабилаи Ҳимяр муаррифӣ карда[18] гуфтаанд, дар сарзамини Сабаъ (Ямани кунунӣ),[19] ҳукумати қудратмандона ва бошукӯҳе дошта[20] ва пойтахти ҳукуматаш Маъраб будааст.[21] Ба гузориши Ибни Асокир, муҳаддиси қарни шашуми қамарӣ, ӯ пеш аз дидор бо ҳазрати Сулаймон нуҳ сол ва пас аз он чаҳор сол аз тарафи ӯ бар Яман ҳукумат кард.[22] Албатта солҳои дигареро ҳам барои муддати ҳукумати ӯ зикр кардаанд.[23] Бар асоси гузорише, ки Абулфутуҳи Розӣ, муаллифи китоби Равз-ул-ҷинон нақл кардааст, маликаи Сабаъ садди Аримро сохт, ки баъдҳо дар сейли Арим вайрон шуд.[24] Сохти ин сад, ба афроди дигаре ҳам нисбат дода шудааст.[25]
Бархе нависандагон, бо тавваҷуҳ ба ҳамаср будани маликаи Сабаъ бо ҳазрати Сулаймон, даврони ҳукумати Билқисро марбут ба нимаи қарни даҳуми пеш аз мелод донистаанд.[26] Бар ҳамин асос, шак дар вуҷуд доштани маликаи Сабаъро ба далели набудани номи ҳеҷ подшоҳи зане дар катибаҳои кашфшуда дар Яман, носаҳеҳ донистаанд; зеро ин катибаҳо марбут ба қарни ҳаштуми пеш аз мелод аст.[27] Ба гуфтаи бархе пажӯҳишгарон, дар фосилаи 120 километрии шарқи Санъо, боқимондаҳое аз сутунҳои қасри Билқис вуҷуд дорад.[28] Ҷавод Алӣ, таърихпажӯҳи қарни чаҳордаҳум навиштааст, ҳабашиҳо худро аз насли Билқис, маликаи Сабаъ медонанд.[29]
Имон овардан ба Сулаймони набӣ ва издивоҷ бо ӯ
Бар асоси оёти Қуръон, маликаи Сабаъ дар ибтидо офтобро мепарастид,[30] вале пас аз дидор бо Сулаймон, ба Худо имон овард.[31] Тибқи бархе манобеи тафсирӣ, ӯ бо ҳазрати Сулаймон издивоҷ кард.[32] Бар асоси ончи доиратулмаорифи форсӣ аз бархе манобеи яҳуд нақл кардааст, Бухтуннаср, самараи издивоҷи Сулаймон ва Билқис будааст,[33] вале тибқи сухани баъзе, ӯ бо фарди дигаре ғайр аз Сулаймон издивоҷ кард[34] ва бар асоси бархе гузоришҳо ӯ ҳаргиз издивоҷ накард.[35]
Гузориши Қуръон ва Аҳдайн аз дидори Сулаймон ва маликаи Сабаъ
Қуръон, достони дидори ҳазрати Сулаймон ва Билқисро нақл кардааст.[36] Ҳазрати Сулаймон тавассути ҳудҳуд аз сарзамине огоҳӣ ёфт, ки зани соҳибмекнате бар он ҳукумат мекард, ки ҳамроҳи қавмаш хуршедро мепарастид.[37] Сулаймон номае ба маликаи Сабаъ навишта, ӯро ба пайравӣ аз худ даъват кард.[38] Малика дар посух ба нома, барои пешгирӣ аз фасод ва кушта шудани мардум, ҳадяе барои Сулаймон фиристод, аммо Сулаймон ҳадяро қабул накард.[39]
Малика барои гуфтугӯ бо Сулаймон назди ӯ рафт ва ҳазрати Сулаймон ба василаи шахсе ки «ба бахше аз китоб огоҳ буд», тахти подшоҳии маликаро камтар аз мужа задане, пеш аз расидани малика ҳозир кард.[40] Малика ба дарбори Сулаймон омада ба Худо имон овард.[41] Гуфта шудааст, тахти ӯ, бисёр бошукӯҳу бузург буд ва ҷавоҳироти бисёре дошт.[42]
Мутобиқи гузориши Аҳди Атиқ, маликаи Сабаъ, ки овозаи бисёре аз ҳазрат Сулаймон шунида буд, назди ӯ омаду саволҳоеро матраҳ кард ва посухҳои муносибе аз Сулаймон шунид.[43] Илова бар ин, дидани кохи зебо, хӯроки шоҳона, ташрифоти дарбориёну мақомот, хизмати муназзами хидматкорону соқиён ва қурбониҳое, ки дар хонаи Худованд тақдим шуд, ӯро моту мабҳут кард.[44] Дар ниҳоят, маликаи Сабаъ Сулаймон ва Худояшро ситоиш кард[45] ва ду тараф, ҳадяҳои бисёр гаронбаҳое ба якдигар доданд ва маликаи Сабаъ ба сарзамини худ бозгашт.[46] Дар бахшҳое аз Аҳди Ҷадид ҳам ба маликаи Сабаъ ишора шудааст.[47]
Тибқи пажӯҳише, гузориши Қуръон ва гузориши Аҳди Атиқ дар баъзе маворид муштарак аст, аммо ихтилофоти муҳимме низ доранд.[48] Аз ҷумлаи ин ихтилофҳо муфассал будани гузориши Қуръон нисбат ба гузориши Аҳди Қадим ва рӯйкарди ҳидоятӣ доштани Қуръон ишора кард.[49] Ҳамчунин дар Қуръон, ба макони дидори Сулаймон ва маликаи Сабаъ ишора нашудааст,[50] аммо дар Аҳди Атиқ, Уршалим зикр шудааст.[51] Бо ин ҳол, мутобиқи ончӣ дар бархе манобеи исломӣ омадааст, ин дидор дар ҷое ғайр аз Уршалим ва дар ҷараёни сафари ҳазрати Сулаймон ба Макка анҷом шудааст.[52]
Даргузашт ва макони дафн
Бар пояи бархе манобеи торихӣ, Билқис баъд аз ҳафт солу чанд моҳ пас аз дидор бо Сулаймон даргузашт ва ӯро дар шаҳри Тадмури Шом ба хок супурданд.[53] Ҳеҷ кас аз макони қабри ӯ хабар надошт, то онки дар замони ҳукумати Валид ибни Абдулмалик, қабраш ошкор гардид ва ба дастури ӯ, биное бар он сохта шуд.[54]
Бозтоби маликаи Сабаъ дар адабиёт
Шеъре аз Мавлавӣ, ки дар он ба маликаи Сабаъ ишора шудааст:
Раҳмати сади ту бар он Билқис бод
Ки Худояш ақли сад марда бидод
Ҳудҳуде нома биоварду нишон
Аз Сулаймон чанд ҳарфе бо баён
Хонд ӯ он нуктаҳои бо шумул
Бо ҳақорат нанигаред андар расул
Мавлавӣ, Маснавии маънавӣ, дафтари дувуми бахши 33.
Достони маликаи Сабаъ, дар адабиёти арабӣ ва форсӣ бозтобҳои бисёре доштааст.[55] Дар шеър, Билқис намоди сарват, ҳикмат ва ақл аст.[56] Бархе аз шоирон, маснавиҳои мустақиле дар ин замина навиштаанд. Аз ҷумла: Ҳаётии Гелонӣ, дар қарни даҳум, маснавии мустақилеро бо унвони «Сулаймону Билқис» падид овард.[57] Аҳмадхони Суфӣ низ дар қарни дувоздаҳум, маснавии «Билқису Сулаймон»-ро ба тақлид аз «Хисраву Ширин», асари Низомӣ суруд.[58]
Такнигориҳо
Парванда: Китоби ал-Малика Билқис. jpg
Китоби «ал-Малика Билқис» ба қалами Билқис Иброҳим ал-Ҳазронӣ
Дар мавзӯи маликаи Сабаъ, китобҳои мухталифе навишта шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:
- Ал-Малика Билқис; ал-Торих ва-л-устура ва-р-рамз, ба қалами Билқис Иброҳим ал-Ҳазронӣ. Дар ин китоб, нақши маликаи Сабаъ аз назари адён, таърих ва адабиёти Яман баррасӣ шудааст.[59] Ин асарро интишорот эй.Ам. График дар соли 1994м., дар Қоҳира чоп кард.[60]
- Билқис; имраату-л-алғоз ва шайтонат-ул-ҷинс, навиштаи Зиёд Мино. Ин китоб дар ҳашт фасл ва 347 саҳифа танзим шудааст. Дар он, шахсияти маликаи Сабаъ дар таърих, Ислом, масеҳият ва яҳудият баррасӣ шудааст.[61] Интишороти Риёзурраиси Бейрут ин китобро дар соли 1998м., чоп ва мунташир кард.[62]
Эзоҳ
- ↑ Сураи Намл, оёти 20 - 44.
- ↑ Китоби Муқаддас, китоби аввали подшоҳон, боби 10.
- ↑ Каримиён ва Ҳушангӣ, «Билқис», саҳ.74.
- ↑ Ибни Ҳабиб ал-Бағдодӣ, ал-Муҳаббар, Дорул-офоқилҷадида, саҳ.367.
- ↑ Барои намуна руҷуъ кунед ба: Ақилӣ, “Баррасии ҳокимияти зан аз нигоҳи Аҳди Қадим ва Қуръони Карим бо такя бар достони маликаи Сабаъ”, 1394ҳ.ш.; Руҳониманиш, “Улгӯҳои мудирияти занон дар Қуръон”, 1393ҳ.ш.; Раъоӣ, «Билқис ишорате бар зан аз дидгоҳи Қуръон», 1377ҳ.ш.; Каримӣ ва дигарон, «Коромадии занон дар арсаҳои сиёсӣ - иҷтимоӣ», 1400ҳ.ш.
- ↑ Зокирӣ, “Вилояти занон”, саҳ.56.
- ↑ Ал-Ҳазронӣ, ал-Малика Билқис, 1994м., саҳ.144.
- ↑ Нофеъ, Асру мо қабл-ил-Ислом, 2018м., саҳ.72.
- ↑ Ҷавод Алӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.264.
- ↑ Р.к: Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.208, 209 ва 210; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.230; Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.327; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.103; Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.213.
- ↑ Автабӣ Саҳорӣ, ал-Ансоб, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.209.
- ↑ Шабистарӣ, Аълом-ул-Қуръон, 1379ҳ.ш., саҳ.191.
- ↑ Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.128.
- ↑ Исфаҳонӣ, Таъриху сунай мулук-ил-арз, Дору мактабатилҳаёт, саҳ.99.
- ↑ Хатиб Умрӣ, ар-Равзат-ул-файҳо, 1420ҳ.қ., саҳ.96.
- ↑ Автабӣ Саҳорӣ, ал-Ансоб, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.209.
- ↑ Нававӣ, Таҳзиб-ул-асмои ва-л-луғот, 1430ҳ.қ., саҳ.481.
- ↑ Ибни Соиди Анделусӣ, ат-Таъриф би табақот-ил-умам, 1376ҳ.ш., саҳ.204.
- ↑ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.161.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.341.
- ↑ Шабистарӣ, Аълом-ул-Қуръон, 1379ҳ.ш., саҳ.191.
- ↑ Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.69, саҳ.67.
- ↑ Исфаҳонӣ, Таъриху сунай мулук-ил-арз, Дору мактабатилҳаёт, саҳ.99.
- ↑ Абулфутуҳ Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.61.
- ↑ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.161.
- ↑ Нофеъ, Асру мо қабл-ил-Ислом, 2018м., саҳ.72.
- ↑ Хазоилӣ, Аъломи Қуръон, 1371ҳ.ш., саҳ.376.
- ↑ Беозори Шерозӣ, Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи торихии қасаси Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.322.
- ↑ Ҷавод Алӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.237.
- ↑ Сураи Намл, ояти 24.
- ↑ Сураи Намл, ояти 44.
- ↑ Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.128.
- ↑ Мусоҳиб ва дигарон, “Билқис”, саҳ.527.
- ↑ Ибни Калбӣ, Насабун муъад ва ал-Яман-ул-кабир, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.546.
- ↑ Автабӣ Саҳорӣ, ал-Ансоб, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.210.
- ↑ Сураи Намл, оёти 20 - 44.
- ↑ Сураи Намл, оёти 23 - 24.
- ↑ Сураи Намл, оёти 28 - 31.
- ↑ Сураи Намл, оёти 35 - 36.
- ↑ Сураи Намл, оёти 38 - 40.
- ↑ Сураи Намл, оёти 42 - 44.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.341.
- ↑ Китоби Муқаддас, аввали подшоҳон, боби 10, оёти 1 - 3.
- ↑ Китоби Муқаддас, аввали подшоҳон, боб10, оёти 4 - 5.
- ↑ Китоби Муқаддас, аввали подшоҳон, боби 10, ояти 9.
- ↑ Китоби Муқаддас, аввали подшоҳон, боби 10, оёти 10 - 13.
- ↑ Инҷили Матто, боби 12, ояти 42; Инҷили Луқо, боби 11, ояти 31.
- ↑ Ҳусайнии Биҷаднӣ, ва дигарон, “Баррасӣ ва таҳлили тафсирии достони Сулаймон (а) ва маликаи Сабаъ дар нигоҳи Қуръони Карим ва татбиқи он бо Аҳди Қадим”, саҳ.222.
- ↑ Ҳусайнии Биҷаднӣ, ва дигарон, “Баррасӣ ва таҳлили тафсирии достони Сулаймон (а) ва маликаи Сабаъ дар нигоҳи Қуръони Карим ва татбиқи он бо Аҳди Қадим”, саҳ.222 - 224.
- ↑ Сураи Намл, оёти 20 - 44.
- ↑ Китоби Муқаддас, китоби аввали подшоҳон, боби 10, ояти 2.
- ↑ Ибни Ҳишом, ат-Тиҷон фи мулуки Ҳимяр, 1347ҳ.қ., саҳ.163 - 170; Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, саҳ.1418ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.158.
- ↑ Диёрбикрӣ, Таърих-ул-хамис, Дорусодир, ҷ.1, саҳ.249.
- ↑ Диёрбикрӣ, Таърих-ул-хамис, Дорусодир, ҷ.1, саҳ.249.
- ↑ Каримиён ва Ҳушангӣ, “Билқис”, саҳ.75.
- ↑ Ҳамза, Нисоун ҳакамна-л-Яман, 1420ҳ.қ., саҳ.95.
- ↑ Исмоилизода, “Таҳқиқ дар маснавии Сулаймону Билқиси Ҳаётии Гелонӣ”.
- ↑ Пуштдор ва дигарон, “Муаррифии Маснавии Билқису Сулаймони Аҳмадхони Суфӣ”, саҳ.29.
- ↑ Ал-Ҳазронӣ, ал-Маликату Билқис, ат-торих ва-л-устурати ва-р-рамз, 1994м.
- ↑ Ал-Ҳазронӣ, ал-Маликату Билқис, ат-торих ва-л-устурати ва-р-рамз, 1994м.
- ↑ Зиёдмино, Билқис имраат-ул-алғоз ва шайтонат-ул-ҷинс, 1998м.
- ↑ Зиёдмино, Билқис имраат-ул-алғоз ва шайтонат-ул-ҷинс, 1998м.
Сарчашма
- Абулфутуҳ Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва руҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1408ҳ.қ.
- Автабӣ Саҳорӣ, Салма ибни Муслим, ал-Ансоб, тасҳеҳи Муҳаммад Эҳсон Нас, Аммон, вазоратул-туросил-қавмӣ вал-сақофа, 1427ҳ.қ.
- Ақилӣ, Фотима, “Баррасии ҳокимияти зан аз нигоҳи Аҳди Қадим ва Қуръони Карим бо такя бар достони маликаи Сабаъ”, дар маҷаллаи Ҳафт осмон, шумораи 65 ва 66, 1394ҳ.ш.
- Ал-Ҳазронӣ, Билқис Иброҳим, ал-Маликату Билқис, ат-торих ва-л-устурати ва-р-рамз, Қоҳира, А.М. График, 1994м.
- Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, саҳ.1418ҳ.қ.
- Беозори Шерозӣ, Абдукарим, Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи торихии қасаси Қуръон, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1382ҳ.ш.
- Диёрбикрӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Таърих-ул-хамис фи аҳвол-ин-нуфус-ин-нафис, Бейрут, Дорусодир, бе то.
- Зиёдмино, Билқис имраат-ул-алғоз ва шайтонат-ул-ҷинс, Бейрут, Риёзурраис, 1998м.
- Зокирӣ, Алиакбар, “Вилояти занон”, дар маҷаллаи Ҳавза, шумораи 163 ва 164, баҳор ва тобистони 1391ҳ.ш.
- Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, Бейрут, Дорулфикр, 1415ҳ.қ.
- Ибни Калбӣ, Ҳишом ибни Муҳаммад, Насабун муъад ва ал-Яман-ул-кабир, таҳқиқи Ноҷа Ҳасан, Лубнон, оламулкутуб, 1425ҳ.қ.
- Ибни Соид Анделусӣ, Соид ибни Аҳмад, ат-Таъриф би табақот-ил-умам, тасҳеҳи Ғуломризо Ҷамшеднажод, Теҳрон, маркази пажӯҳишии мироси мактуб, 1376ҳ.ш.
- Ибни Ҳабиб ал-Бағдодӣ, Муҳаммад, ал-Муҳаббар, таҳқиқи Элиза Лихтен Штейтр, Бейрут, Дорул-офоқилҷадида, бе то.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ат-Тиҷон фи мулуки Ҳимяр, Санъо, марказулдиросот вал абҳосил ямания, 1347ҳ.қ.
- Исмоилзода, Юсуф ва дигарон, “Таҳқиқ дар маснавии Сулаймону Билқиси Ҳаётии Гелонӣ”, дар маҷаллаи пажӯҳиши забон ва адабиёти форсӣ, шумораи 12, баҳори 1388ҳ.ш.
- Исфаҳонӣ, Ҳамза ибни Ҳасан, Ториху сунай мулук-ил-арзи ва-л-анбиё, Бейрут, Дору мактабатилҳаёт, бе то.
- Каримӣ, Фотима ва дигарон, «Коромадии занон дар арсаҳои сиёсӣ - иҷтимоӣ», дар маҷаллаи Сиёсати исломӣ, шумораи 20, 1400ҳ.ш.
- Каримиён, Муҳаммадбоқир ва Лайло Ҳушангӣ, “Билқис”, дар ҷилди 4 Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1377ҳ.ш.
- Китоби Муқаддас, Бейрут, Дорулмашриқ, 1994м.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Сайид Таййиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорулкитоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
- Қуръон.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, Қум, муассисаи Дорулҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
- Мусоҳиб Ғуломҳусайн ва дигарон, “Билқис”, дар ҷилди 1 доиратулмаорифи форсӣ, Теҳрон, Амири Кабир, 1381ҳ.ш.
- Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, Таҳзиб-ул-асмои ва-л-луғот, тасҳеҳи Омир Ғазабон ва Одил Муршид, Димишқ, Дорул-рисолатил-оламия, 1430ҳ.қ.
- Нофеъ, Муҳаммади Мабрук, Асру мо қабл-ил-Ислом, Қоҳира, муассисаи Ҳиндовӣ, 2017м.
- Пуштдор, Алӣ Муҳаммад ва дигарон, “Муаррифии Маснавии Билқис ва Сулаймони Аҳмадхони Суфӣ”, дар фаслномаи Мутолиоти шибҳи қорра, соли 4, шумораи 12, поизи 1391ҳ.ш.
- Раъоӣ, Фаҳима ва Марям Гулоббахш, «Билқис: ишорате бар зан аз дидгоҳи Қуръон», дар маҷаллаи Ҳикмати Синавӣ, шумораи 4, урдибиҳишти 1377ҳ.ш.
- Руҳониманиш, Маъсума, “Улгӯҳои мудирияти занон дар Қуръон”, фаслномаи Таҳқиқоти мудирияти омӯзишӣ, соли панҷум, шумораи сеюм, баҳори 1393ҳ.ш.
- Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад (с), 1404ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, 1372ҳ.ш.
- Хазоилӣ, Муҳаммад, Аъломи Қуръон, Теҳрон, Амири Кабир, 1371ҳ.ш.
- Хатиби Умрӣ, Ёсин, ар-Равзат-ул-файҳо фи таворих-ин-нисо, таҳқиқи Ҳисом Риёз Абдулҳаким, Лубнон, муассисаи алкутубис-сақофия, 1420ҳ.қ.
- Ҳамза, Иффат Висол, Нисоун ҳакамна-л-Яман, Бейрут, Дору Ибни Ҳазм, 1420ҳ.қ.
- Ҳусайнии Баҷаднӣ, Сайид Ҳусайн ва дигарон, “Баррасӣ ва таҳлили тафсирии достони Сулаймон (а) ва маликаи Сабаъ дар нигоҳи Қуръони Карим ва татбиқи он бо Аҳди Қадим”, дар маҷаллаи Пажӯҳишҳои тафсири татбиқӣ, шумораи 13, баҳор ва тобистони 1400ҳ.ш.
- Ҷавод Алӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб, Бейрут, Дорус-Соқӣ, 1422ҳ.қ.
- Шабистарӣ, Абдулҳусайн, Аълом-ул-Қуръон, Қум, Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1379ҳ.ш.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, Қум, ал-муътамарул-оламӣ лиалфиятиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1362ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), Теҳрон, нашри ҷаҳон, 1378ҳ.қ.