Наҳну маошир-ал-анбиё ло нуваррис
| Содиршуда аз | мансуб ба ҳазрати Муҳаммад (с) |
|---|---|
| Ровии аслӣ | Абубакр |
| Ровиён | Умар ибни Хаттоб ва баъзе саҳобаи дигар |
| Эътибори санад | ғайримуътабар дар назди шиъа/муътабар дар назди аҳли суннат |
| Сарчашмаи суннӣ | Муснади Ибни Ҳанбал, Саҳеҳи Бухорӣ |
| Ҳадисҳои машҳур | |
| Ҳадиси Силсилат-уз-заҳаб ● Ҳадиси Сақалайн ● Ҳадиси Кисо ● Мақбулаи Умар ибни Ҳанзала ● Ҳадиси Қурби навофил ● Ҳадиси Меъроҷ ● Ҳадиси Вилоят ● Ҳадиси Висоят ● Ҳадиси Ҷунуди ақлу ҷаҳл ● Ҳадиси Шаҷара | |
Наҳну маъошир-ул-анбиё ло нуваррис (арабӣ: نَحنُ مَعاشِرَ الانبیاءِ لا نُوَرِّثُ яъне: Мо пайғамбарон мерос намегузорем) иборатест, ки Абубакр онро ба ҳазрати Муҳаммад (с) нисбат дод ва бо истинод ба он аз бозгардондани Фадак ба Фотима (с), ки Пайғамбар (с) онро ба ӯ бахшида буд, худдорӣ кард. Ин иқдом, ки бо эътирози шадиди Фотима, духтари Пайғамбар, рӯ ба рӯ шуд, заминасози яке аз муҳимтарин муноқишаҳои таърихии шиаён ва аҳли суннат гардид. Ин рафтори Абубакр боиси пайдоиши яке аз мавзуоти ихтилофи фикрӣ, фиқҳӣ ва тафсирӣ миёни шиа ва аҳли суннат шуд, ки бо масъалаи мероси Пайғамбари Ислом (с) ва моҷарои Фадак пайванд дорад.
Аҳли суннат ин ҳадисро саҳеҳ ва қатъию-с-судур дониста, онро мабнои нафйи меросбарӣ аз Пайғамбар (с) медонанд. Дар муқобил, шиаён ҳадисро аз назари санад ва муҳтаво номуътабар арзёбӣ карда, онро мухолифи насси Қуръон мешуморанд. Ихтилоф дар бораи ин ривоят, ба тафсири оёти Қуръон низ кашида шуд; шиа оёти марбут ба мероси анбиёро марбут ба мероси молӣ медонад, дар ҳоле ки муфассирони аҳли суннат онро ба мероси маънавӣ чун илм ва нубувват тафсир кардаанд.
Ҳазрати Фотима (с) бо баёни суханоне, ки хутбаи Фадакия номида мешавад, ҳангоми радди интисоби чунин ҳадисе ба Пайғамбар, ба оёте аз Қуръон истинод кард, ки дар онҳо асли меросбарӣ аз пайғамбарон тасдиқ мешавад, ва ба ин тартиб иқдоми Абубакрро мухолифи адолат ва таълимоти исломӣ донист. Гузоришҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки ҳазрати Заҳро (с) то поёни умр аз ин рафтор нохурсанд буд. Уламои шиа бо таъкид бар бехабар будани хешовандони Пайғамбар аз ин ҳадис, инҳисори нақли он ба Абубакр, тазодди ин гузориш бо Қуръон ва ҳатто рафтори мутаноқизи худи Абубакр, эътибори ривоятро ба чолиш кашидаанд. Дар муқобил, баъзе уламои аҳли суннат кӯшидаанд бо дифоъ аз ҳадис, онро ҳукми хос ва истисноии Пайғамбари Ислом муаррифӣ кунанд.
Ҷойгоҳи ривоят дар ихтилофоти мазҳабии шиаён ва аҳли суннат
Ривояти Наҳну маъошир-ил-анбиё ло нуваррис, аз ривоятҳоест, ки аз садри Ислом мавриди ихтилофи шиаён ва аҳли суннат будааст.[1] Абубакр, халифаи аввали мусалмонон, Фадакро, ки дар ихтиёри Фотима Заҳро (с) буд, мусодира кард ва дар посух ба эътирози духтари Пайғамбар, ривояте аз он ҳазрат нақл кард: «Наҳну маъошир-ил-анбиё ло нуваррису, мо таракно садақатун; яъне Мо пайғамбарон мерос намегузорем; он чи аз мо боқӣ мемонад, садақа аст.» Абубакр дар ҳамин росто Фадакро ба Фотима боз нагардонд.[2]
Аҳли суннат бо истинод ба ин ривоят, мероси ҳазрати Муҳаммад (с) ба ворисони ӯро манъ медонанд, ва аз сӯи дигар, шиаён ин ривоятро ҷаълӣ шумурда, меросбарӣ аз Пайғамбарро саҳеҳ мешуморанд.[3] Ихтилоф дар бораи ин ҳадис, ба тафсири шиаён ва аҳли суннат дар оёти марбут ба мероси анбиё низ тавсеа пайдо кард;[4] ба ин тартиб ки муфассирони имомия меросро дар ояти 16 сураи Намл ва ояти 6 сураи Марям, мероси молӣ дониста[5] ва муфассирони аҳли суннат онро ба мероси ғайримолӣ баргардондаанд.[6]
Фадак сарзамине дар Ҳиҷоз ва дар наздикии Хайбар буд.[7] Ин минтақа, ки дар садри Ислом, маҳалли сукунати яҳудиён буд,[8] дар ҷанги Хайбар бидуни даргирӣ дар ихтиёри мусалмонон қарор гирифт[9] ва Пайғамбар онро ба духтараш Заҳро (с) бахшид.[10]
Уламое аз шиаён, ба баррасӣ ва радди ҳадиси манқул аз Абубакр пардохтаанд; аз ҷумла Шайхи Муфид дар Рисолату ҳавл-ил-ҳадиси наҳну маъошир-ал-анбиё ло нуваррис[11] ва Аллома Ҳиллӣ дар Наҳҷ-ул-ҳақ[12] ва Кашф-ул-мурод.[13] Бо ин ҳол, уламое аз аҳли суннат чун Фахри Розӣ дар китоби ат-Тафсир-ул-кабир[14] ва Ибни Таймия дар Минҳоҷ-ус-суннат-ун-набавия[15] аз ин ҳадис дифоъ кардаанд.

Рӯйкарди ҳазрати Фотима
Аҳли Байт (а), аз ҷумла ҳазрати Фотима (с) ҳеч гоҳ дурустии ривояти Наҳну маъошир-ил-анбиё ло нуваррисро тасдиқ накарданд ва ба мухолифат бо он бархостанд.[16] Тибқи гузориши Аҳмад ибни Ҳанбал ва Бухорӣ, Фотима (с) ба сабаби ин рафтори Абубакр, аз ӯ хашмгин шуд ва то поёни умр, ин норозигиро дар дил дошт.[17]
Фотима дар ин бора ба баёни хутбае пардохт, ки хутбаи Фадакия хонда мешавад, ва ба ибораи Наҳну маъошир-ил-анбиё посух дод.[18] Ӯ дар ин хутба ба маҳрум шуданаш аз мероси падар ва ғасби Фадак эътироз кард ва ин иқдомро бар хилофи усули динӣ ва адолат донист.[19] Ҳамчунин дар хутбаи худ ба оёте аз Қуръон истинод кард, ки дар онҳо ба мероси пайғамбарон[20], авлавияти хонавода дар мерос[21] ва таъкид бар асли меросбарӣ[22] ишора шудааст.[23]
Ҳазрати Заҳро (с) истидлол кард, ки ҳеҷ далеле барои маҳрум шуданаш аз мерос вуҷуд надорад ва муносибати хешовандӣ ва иштироки динӣ бо Пайғамбар, далели кофе бар ҳаққонияти ӯст.[24] Вай ин иқдоми Абубакрро нишонае аз бозгашт ба сунатҳои ноодилонаи ҷоҳилият муаррифӣ кард ва бо интиқод аз сукути ансор, аз онон хоҳиш кард, ки нисбат ба ин зулм бепарво набошанд.[25]
Матни ривоят ва нақлҳои гуногуни он
Ривояти Ло нуваррису мо таракно садақа, дар сарчашмаҳои гуногуни аҳли суннат аз Пайғамбар (с) нақл шудааст.[26] Бар асоси ин ривоёт омадааст: لاَ نُورَثُ (لا نُوَرِّثُ) مَا تَرَكْنَا (فَهُوَ) صَدَقَةٌ («Ло нурасу (ло нуваррису) мо таракно (фа ҳува) садақатун.» тарҷума: Мерос бурда намешавем [мерос намегузорем] он чиро бар ҷо мегузорем; садақа аст). Дар баъзе нақлҳо, ин ҳадис бо ибораи «Инно (наҳну) маъошир-ал-анбиё» оғоз шудааст.[27] Аммо ба гуфтаи Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ҳадисшиноси аҳли суннат дар қарни нуҳуми қамарӣ, агарчи оғози ҳадис бо ибораи «Инно маъошир-ал-анбиё» машҳур аст, аммо баъзе ҳадисшиносон чунин нақлро инкор кардаанд.[28]
Ин ҳадис бо ибораҳои кӯтоҳ ва дароз, дар якчанд воқеа аз Абубакр ибни Абиқуҳофа[29] ва Умар ибни Хаттоб[30] нақл шудааст:
- Воқеаи аввал: пас аз даргузашти Пайғамбар (с), Фотима (с) аз Абубакр хоҳиш кард, то саҳмаш аз хумси Хайбар ва заминҳои Фадак, ки Пайғамбар (с) ба ӯ бахшида буд, ба ӯ бозгардонад; аммо Абубакр худдорӣ кард ва аз қавли Пайғамбар ин ҳадисро нақл кард.[31]
- Воқеаи дувум: ҳангоме, ки баъзе ҳамсарони Пайғамбар, мероси худ аз Пайғамбарро дархост карданд, Абубакр бо хондани ин ҳадис аз иҷобати дархости онон худдорӣ кард.[32]
- Воқеаи севум: Умар ибни Хаттоб дар доварӣ миёни Имом Алӣ (а) ва Аббос ибни Абдулмутталиб, ки бар сари Фадак ихтилоф доштанд, ин ҳадисро аз Пайғамбар (с) нақл кард.[33]
Эътиборсанҷӣ
Ин ҳадис дар миёни аҳли суннат ҳадиси қатъию-с-судур аст, аммо имомия ин ҳадисро, ҳам аз назари санад ва ҳам аз назари муҳтаво, заиф арзёбӣ мекунанд.[34] Ба гуфтаи пажӯҳишгарони шиа, ин ҳадис бо ҳадафи тасарруфи Фадак ҷаъл шудааст.[35] Уламои шиа, бо далоили гуногуне эътибори ин гузоришро ба чолиш кашидаанд:
Мухолиф бо Қуръон
Ин ҳадис мухолифи Қуръон дониста шудааст.[36] Дар китоби ат-Табақот-ул-кубро, таълифи Ибни Саъди Бағдодӣ, таърихнигори суннимазҳаб, омадааст: ҳангоме ки Абубакр бо нақли ҳадиси Ло нуваррису мо таракно садақа, аз вогузории Фадак худдорӣ кард, Алӣ ибни Абитолиб (а) бо хондани ояти 16 сураи Намл ва ояти 6 сураи Марям даъвои ӯро мухолифи Қуръон донист; чунки дар ин ду оят, масъалаи меросбарӣ аз пайғамбарони пешин баён шудааст.[37]
Ибни Ошур, аз муфассирони суннимазҳаб дар қарни чордаҳум, барои рафъи тазодди ин ҳадис бо Қуръон, эътиқод дорад, агарчи дар оёти Қуръон меросбарӣ аз пайғамбарон матраҳ шуда ва пайғамбарон барои ворисони худ мерос барҷо мегузоштанд, аммо ин ҳадис нишон медиҳад, ки мерос набурдан аз ҳазрати Муҳаммад (с) аз аҳкоми махсуси Пайғамбар будааст.[38] Аммо муҳаққиқони шиа эътиқод доранд, ки аҳкоми хосси Пайғамбар танҳо дар мавориде пазируфта мешавад, ки далели қатъӣ вуҷуд дошта бошад, ва дар мавориди шубҳанок бояд Пайғамбар ва дигар мардумро дар аҳкоми шаръӣ муштарак донист.[39]
Рафторҳои мутаноқизи Абубакр
Баъзе пажӯҳишгарон ба руйдодҳои таърихӣ ишора кардаанд, ки Абубакр бар хилофи мазмуни ҳамин ҳадис рафтор кардааст:[40]
- Дар ихтилофи миёни Имом Алӣ (а) ва Аббос бар сари шамшер, зиреҳ ва қотири Пайғамбар, Абубакр онҳоро ҳамчун мероси Пайғамбар ба Алӣ вогузор кард.[41]
- Абубакр ба ҳамсарони Пайғамбар иҷоза дод дар хонаҳояшон сукунат дошта бошанд ва онҳоро мусодира накард.[42]
- Абубакр барои дафн шудан дар канори қабри Пайғамбар, аз духтараш Оиша, ҳамсари Пайғамбар, иҷоза гирифт,[43] на аз мусалмонони дигар.[44]
Бехабар будани наздикони Пайғамбар аз ин ҳадис
Баъзе аз пажӯҳишгарон, инҳисори нақли ин ҳадис ба Абубакрро падидаи тааҷҷубоваре донистаанд; зеро дур ба назар мерасад, ки духтар ва ҳамсарони Пайғамбар, наздиктарин хешовандони Пайғамбар ва ворисони табиии ӯ, аз чунин сухане бехабар монда бошанд.[45] Аллома Ҳиллӣ низ бо ишора ба ангезаи шахсии Абубакр, ки аз мусодираи Фадак суд мебурд, дурустии ин ҳадисро бо тардиди бештаре мувоҷеҳ донистааст.[46]
Баъзе аз нависандагони суннимазҳаб, ин ишколро саҳеҳ намедонанд ва эътиқод доранд, ки нақли ин ривоят хосси Абубакр набуда ва саҳобаи дигар низ онро нақл кардаанд.[47] Аммо ба гуфтаи Ибни Абилҳадид, аз уламои суннимазҳаб, дар замони Абубакр, ин ҳадис танҳо аз ҷониби ӯ нақл шуд, ҳарчанд пас аз даргузашти ӯ, саҳобаи дигар низ ба нақли ин ривоят пардохтаанд.[48]
Эзоҳ
- ↑ Бустонӣ, «ارزیابی حدیث نحن معاشر الانبیاء لا نورث», саҳ.85.
- ↑ Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.543; Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, саҳ.16-23.
- ↑ Ал-Ғафурӣ, «معالجة منهجیة لحدیث لا نورث، القسم الاول», саҳ.222.
- ↑ Фаҳимитобор, «بررسی تطبیقی روایت «لا نُوَرِّثُ ماترکنا صَدَقَه» از منظر فریقین», саҳ.50-51.
- ↑ Барои намуна Ниг.: Тӯсӣ, ат-Табён, ҷ.7, саҳ.105; ҷ.8, саҳ.82; Табарсӣ, Маҷма-ул-баён, ҷ.6, саҳ.776; ҷ.7, саҳ.334; Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.15, саҳ.349.
- ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.16, саҳ.37; ҷ.19, саҳ.87; Байзовии Шерозӣ, Анвор-ут-танзил, ҷ.4, саҳ.6 ва 156; Шавконӣ, Фатҳ-ул-қадир, ҷ.3, саҳ.381; ҷ.4, саҳ.149.
- ↑ Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, ҷ.4, саҳ.238.
- ↑ Билодӣ, Муъҷаму маъолим-ил-Ҳиҷоз, ҷ.2, саҳ.206 ва 205; ҷ.7, саҳ.23.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, ҷ.3, саҳ.15.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.543; Суюти, ад-Дур-ул-мансур, ҷ.5, саҳ.273.
- ↑ Шайхи Муфид, Рисолату ҳавли ҳадиси наҳну маъошир-ил-анбиё, саҳ.20.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, саҳ.265-270.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, саҳ.197-198.
- ↑ Фахри Розӣ, Тафсири кабир, ҷ.9, саҳ.514; ҷ.21, саҳ.510.
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ун-набавия, ҷ.4, саҳ.193-225.
- ↑ Бустонӣ, «ارزیابی حدیث نحن معاشر الانبیاء لا نورث», саҳ.86.
- ↑ Ибни Ҳанбал, Муснади Ибни Ҳанбал, ҷ.1, саҳ.179 ва 189; Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, ҷ.8, саҳ.149.
- ↑ Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, саҳ.16-25.
- ↑ Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, саҳ.21-23.
- ↑ Ниг.: Сураи Намл, ояти 16; Сураи Марям, ояти 6.
- ↑ Сураи Анфол, ояти 75.
- ↑ Сураи Нисо, ояти 11.
- ↑ Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, саҳ.21.
- ↑ Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, саҳ.21.
- ↑ Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, саҳ.21-23.
- ↑ Ниг.: Ибни Ҳанбал, Муснади Ибни Ҳанбал, ҷ.1, саҳ.188, 222 ва 225; Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, ҷ.5, саҳ.20; ҷ.8, саҳ.149.
- ↑ Ибни Ҳанбал, Муснади Ибни Ҳанбал, ҷ.16, саҳ.47; Насоӣ, ас-Сунан-ул-кубро, ҷ.6, саҳ.47.
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ, ҷ.12, саҳ.8.
- ↑ Ибни Ҳанбал, Муснади Ибни Ҳанбал, ҷ.1, саҳ.179; Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, ҷ.4, саҳ.79.
- ↑ Ибни Ҳанбал, Муснади Ибни Ҳанбал, ҷ.1, саҳ.237; Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, ҷ.5, саҳ.89.
- ↑ Ибни Ҳанбал, Муснади Ибни Ҳанбал, ҷ.1, саҳ.188, 222 ва 225; Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, ҷ.5, саҳ.20; ҷ.8, саҳ.149.
- ↑ Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, ҷ.5, саҳ.89.
- ↑ Ибни Ҳанбал, Муснади Ибни Ҳанбал, ҷ.3, саҳ.301; Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, ҷ.5, саҳ.89.
- ↑ Соябон ва дигарон, «بررسی اندیشه امامیه و اهلسنت در مورد ارث پیامبران», саҳ.276.
- ↑ Соябон ва дигарон, «بررسی اندیشه امامیه و اهلسنت در مورد ارث پیامبران», саҳ.276.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, саҳ.268.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, ҷ.2, саҳ.215.
- ↑ Ибни Ошур, ат-Таҳрир ва-т-танвир, ҷ.16, саҳ.12.
- ↑ Ал-Ғафурӣ, «معالجة منهجیة لحدیث لا نورث، القسم الاول», саҳ.223.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, саҳ.268.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, саҳ.268.
- ↑ Садр, ал-Фадак фи-т-таърих, саҳ.114.
- ↑ Садр, ал-Фадак фи-т-таърих, саҳ.114.
- ↑ Ал-Ғафурӣ, «معالجة منهجیة لحدیث لا نورث، القسم الثالث», саҳ.316.
- ↑ Ҷалолии Ҳусайнӣ, «Муқаддима», Рисолату ҳавл-ил-ҳадиси наҳну маъошир-ил-анбиё ло нуваррис, саҳ.4.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, саҳ.268.
- ↑ Барроҷ, Аҳком-ул-мирос фи-ш-шариъат-ил-исломия, саҳ.271.
- ↑ Ибни Абил-Ҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, ҷ.16, саҳ.227.
Сарчашма
- Қуръони Карим.
- Ёқути Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дор Содир, 1995м.
- Ал-Ғафурӣ, Холид, «معالجة منهجیة لحدیث لا نورث، القسم الاول» («Муолиҷа манҳаҷия ли ҳадис Ло нуваррис, ал-Қисм-ул-аввал.»), ал-Иҷтиҳод ва-т-таҷдид, №28 ва 29, тирамоҳу зимистони 1392ҳ.ш.
- Ал-Ғафурӣ, Холид, «معالجة منهجیة لحدیث لا نورث، القسم الثالث» («Муолиҷа манҳаҷия ли ҳадис Ло нуваррис, ал-Қисм-ус-солис.»), ал-Иҷтиҳод ва-т-таҷдид, №32 ва 33, тирамоҳу зимистони 1394ҳ.ш.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ул-эътиқод, Қум, Муассисат-ул-Имом-ис-Содиқ (а), 1382ҳ.ш.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳаққ ва кашф-ус-сидқ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-лубнонӣ, 1982м.
- Байзовии Шерозӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
- Барроҷ, Ҷумъа Муҳаммад Муҳаммад, Аҳком-ул-мирос фи-ш-шариъат-ил-исломия, Уммон, Дор Яфо-л-илмия, 1420ҳ.қ.
- Билодӣ, Отиқ ибни Ғайс, Муъҷаму маъолим-ил-Ҳиҷоз, Бейрут, Муассисату-р-раён, 1431ҳ.қ.
- Бустонӣ, Қосим, «ارزیابی حدیث نحن معاشر الانبیاء لا نورث» («Арзёбии ҳадиси наҳну маъошир-ул-анбиё ло нуваррис»), дар маҷаллаи Шиашиносӣ, №20, зимистони 1386ҳ.ш.
- Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, таҳқиқ: Муҳаммад ибни Зуҳайр ибни Носир, Димишқ, Дор тавқ-ин-наҷот, 1422ҳ.қ.
- Ибни Абил-Ҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ил-балоға, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ (р), 1404ҳ.қ.
- Ибни Ошур, Муҳаммад ибни Тоҳир, ат-Таҳрир ва-т-танвир, Бейрут, Муассисат-ут-таърих, 1420ҳ.қ.
- Ибни Саъди Бағдодӣ, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқ: Иҳсони Аббос, Бейрут, Дор Содир, 1968м.
- Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия фи нақзи калом-иш-шиъат-ил-қадария, Риёз, Ҷомеаи Имом Муҳаммад ибни Сауди Исломӣ, 1406ҳ.қ.
- Ибни Тайфур, Аҳмад ибни Абитоҳир, Балоғот-ун-нисо, Ал-Қоҳира, Мактабати Волидаи Аббоси Аввал, 1326ҳ.қ.
- Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Муснад, таҳқиқ: Шуайби Арнавут, Одили Муршид ва дигарон, Муассисат-ур-рисола, Бейрут, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
- Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Муснад, Қоҳира, Дор-ул-ҳадис, 1416ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Фатҳ-ул-борӣ шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ, Сайдо, Ал-мактабат-ул-асрия, 1420ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Насоӣ, Аҳмад ибни Шуайб, ас-Сунан-ул-кубро, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1421ҳ.қ.
- Садр, Муҳаммадбоқир, ал-Фадак фи-т-таърих, Бейрут, Дор-ут-таъориф ли-л-матбуот, 1410ҳ.қ.
- Соябон, Сайид Муҳаммадҷавод, ва Сайид Алӣ Ҳусайнпур ва Сайид Муҳаммадмаҳдӣ Ҳусайнпур, «بررسی اندیشه امامیه و اهلسنت در مورد ارث پیامبران» («Баррасии андешаи имомия ва аҳли суннат дар мавриди мероси паёмбарон»), дар Пажӯҳишномаи мутолиоти татбиқии мазоҳиби фиқҳӣ, №7, баҳору тобистони 1403ҳ.қ.
- Суюти, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ад-Дур-ул-мансур фи-т-тафсир б-ил-мансур, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1414ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷма-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, Бейрут, Равоиъ-ут-турос-ил-арабӣ, 1387ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1412ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Табён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Тафсири кабир, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Фаҳимитобор, Ҳамидризо, «بررسی تطبیقی روایت «لا نُوَرِّثُ ماترکنا صَدَقَه» از منظر فریقین» («Баррасии татбиқии ривоти "ло нуваррису мо таракно садақа" аз манзари фариқайн»), дар нашрияи Ҳадиспажӯҳӣ, №10, тирамоҳу зимистони 1392.
- Ҷалолии Ҳусайнӣ, Сайид Муҳаммадризо, «Муқаддима», Рисолату ҳавл-ил-ҳадиси наҳну маъошир-ил-анбиё ло нуваррис, таълифи Муҳаммад ибни Нуъмон, Қум, Конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шавконӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Фатҳ-ул-қадир, Димишқ-Бейрут, Дор Ибни Касир — Дор-ул-калим-ит-таййиб, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, Рисолату ҳавл-ил-ҳадиси наҳну маъошир-ил-анбиё ло нуваррис, муқаддима ва изофот: Сайид Муҳаммадризои Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, Конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.