Булуғ
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Булуғ (форсӣ: بلوغ) ё балоғат (форсӣ: بلاغت) истилоҳи фиқҳӣ ва ба маънои расидан ба марҳилае аз зиндагӣ аст, ки таклифи шаръӣ бар ӯҳдаи шахс меояд ва ба риояи қавонини шаръӣ мулзам мешавад. Фақеҳон, бо таваҷҷӯҳ ба ривоятҳое, ки аз имомони маъсум (а) нақл шудааст, нишонаҳое барои балоғат зикр кардаанд. Банобар назари машҳури фақеҳони шиа, писарон бо поёни понздаҳ соли қамарӣ ва духтарон бо поёни нӯҳ соли қамарӣ, ба синни балоғат мерасанд. Албатта, бархе фақеҳон синни балоғати духтаронро сенздаҳсолагӣ медонанд.
Эҳтилом ва рӯйидани мӯи зебр дар зери шикам низ аз нишонаҳои табиии муштараки балоғат байни духтарон ва писарон муаррифӣ шудааст. Дидани хуни ҳайз ҳам нишонаи хоси балоғати духтарон аст. Ҳар яке аз ин нишонаҳо, ки дар шахс зуҳур кунад, ӯ болиғ маҳсуб мешавад. Пас аз он ки инсон ба синни балоғат мерасад, ӯҳдадори таклифҳои Илоҳӣ ва мухотаби аҳком ва дастурҳои динӣ, аз ҷумлаи таклифҳои ибодӣ, ҳуқуқӣ, кайфарӣ, иқтисодӣ ва ғайра мешавад.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
Булуғ истилоҳи фиқҳӣ аст, ба маънои расидан ба синне, ки дар он таклифи шаръӣ бар ӯҳдаи шахс меояд ва бояд қавонини шаръиро риоя кунад.[1] Аз он ҷо ки булуғ муҷиби таклиф ба ӯҳдаи шахс мешавад, ҷойгоҳи вижае дар илми фиқҳ дорад ва фақеҳон дар бораи ҳақиқат, нишонаҳо ва аҳкоми он ба баҳс пардохтаанд.[2] Аз назари фақеҳон, балоғат дар канори ақл ва тавоноии анҷоми таклиф, аз шартҳои умумии таклиф аст; яъне аз шартҳое аст, ки бояд дар ҳамаи таклифҳо вуҷуд дошта бошад.[3] Ба ин ҷиҳат, дар бештари абвоби фиқҳӣ, аз он сухан ба миён омадааст.[4]
Нишонаҳои булуғ
Дар фиқҳ, бо таваҷҷӯҳ ба ривоятҳое, ки аз имомони маъсум (а) нақл шудааст, шартҳои синнӣ ва ҳамчунин нишонаҳои табиӣ барои балоғат зикр шудааст, ки бо таҳаққуқи яке аз онҳо балоғат собит мешавад: Бар асоси назари машҳури фақеҳони шиа, писарон дар поёни понздаҳ соли қамарӣ (муодили тақрибан 14 солу 6 моҳу 12 рӯзи шамсӣ) ва духтарон дар поёни нӯҳ соли қамарӣ (муодили тақрибан 8 солу 8 моҳу 20 рӯзи шамсӣ) болиғ маҳсуб мешаванд.[5] Албатта, бархе аз фақеҳон, чун Муҳаммадисҳоқи Файёз[6] ва Юсуфи Сонеӣ[7] бо истинод ба ривоятҳое[8] синни таклифи духтаронро сенздаҳсолагӣ медонанд.
Бархе аз нишонаҳои табиии булуғ миёни писарон ва духтарон муштарак аст. Инҳо иборатанд аз: хориҷ шудани манӣ (эҳтилом)[9] ва рӯйидани мӯи зебр дар зери шикам.[10] Дидани хуни ҳайз аз нишонаҳои балоғати духтарон аст.[11] Албатта, бархе фақеҳон мегӯянд хуне, ки пеш аз нӯҳсолагӣ дида мешавад, ҳатто агар авсофи хуни ҳайзро дошта бошад, хуни ҳайз нест ва он чи баъд аз нӯҳсолагӣ дида мешавад хуни ҳайз аст ва аҳкоми онро дорад; аз ҳамин рӯ, дар нигоҳи ин фақеҳон танҳо нӯҳсолагӣ меъёри балоғати духтарон аст.[12]
Роҳҳои исботи булуғ
Агар касе иддао кунад, ки ба синни балоғат расидааст, дар яке аз се сурати зерин, иддаояш пазируфта мешавад:
- Агар иллати балоғаташро эҳтилом (дар духтарон ва писарон) ё ҳайз (дар духтарон) бидонад, бояд ин умур дар бораи ӯ эҳтимол дода шавад.[13]
- Агар иллати балоғаташро рӯйидани мӯи зебр дар зери шикам муаррифӣ кунад, бо мушоҳида пазируфта мешавад.[14]
- Агар иллати балоғаташро синн баён кунад, фақат бо ироаи байина (гувоҳони муътабари шаръӣ) аз ӯ пазируфта мешавад.[15]
Осори фиқҳӣ ва ҳуқуқии булуғ
Пас аз он ки инсон ба синни балоғат мерасад, таклифҳои Илоҳӣ бар ӯҳдааш меояд ва мухотаби аҳком ва дастурҳои динӣ мешавад; аз ҷумлаи таклифҳои ибодӣ, ҳуқуқӣ, кайфарӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ.[16] Албатта, ба нақл аз китоби ал-Ановин навиштаи Мирабдулфаттоҳи Мароғӣ, фақеҳ ва усулии қарни сенздаҳум, бисёре аз аҳкоми вазъӣ монанди аҳкоми марбут ба мерос, диёт, замон, ҳиёзат ва бисёр дигар аз ин қабил аҳком, балоғат шарт нест ва бар шахсони ғайри болиғ ҳам ҷорӣ мегардад.[17]
Булуғи зудрас ва булуғи деррас
Булуғи зудрас падидае физиологист, ки дар бархе писарон ва духтарон дида мешавад. Дар ин ҳолат, бар асари омилҳое чун виросат, обу ҳаво, беҳдошт ва ғизо, аломатҳо ва осори балоғат зудтар аз ҳамсолон, дар шахс зуҳур мекунад.[18] Булуғи деррас низ дар ҳар ду ҷинси писар ва духтар дида мешавад ва шуюи он дар писарҳо беш аз духтарон аст. Гуфта мешавад ҳаргоҳ то синни 17-солагӣ осор ва нишонаҳои балоғат дар шахс зуҳур накунад, ӯ дучори балоғати деррас шудааст.[19]
Эзоҳ
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.135
- ↑ Субҳонӣ, ал-Булуғ ҳақиқатаҳу, аломотаҳу ва аҳкомаҳ, саҳ.6
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.472; Мунтазирӣ, Ниҳоят-ул-усул, 1415ҳ.қ., саҳ.174
- ↑ Нурмуфидӣ, Баррасии фиқҳии булуғи духтарон, 1395ҳ.ш., саҳ.20
- ↑ Барои намуна ниг.: Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.348
- ↑ «تغییر فتوای یکی از مراجع تقلید درباره سن تکلیف دختران», Хабаргузории Ҳавза
- ↑ Сонеӣ, Булуғи духтарон, 1386ҳ.ш., саҳ.35–36
- ↑ Раҷоӣ, ал-Масоил-ул-фиқҳия, 1421ҳ.қ., саҳ.168
- ↑ Барои намуна ниг.: Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.84; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳи Лумъат-ид-димашқия, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.144; Муҳаққиқ Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, Муассисаи нашри исломӣ, ҷ.9, саҳ.185; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, ҷ.2, саҳ.14
- ↑ Барои намуна ниг.: Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.84; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳи Лумъат-ид-димашқия, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.144; Муҳаққиқ Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, Муассисаи нашри исломӣ, ҷ.9, саҳ.185; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, ҷ.2, саҳ.14
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайх Тӯсӣ, ал-Мабсут, ҷ.2, саҳ.282; Муҳаққиқ Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, Муассисаи нашри исломӣ, ҷ.9, саҳ.191
- ↑ Барои намуна ниг.: Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.146; Раҷоӣ, ал-Масоил-ул-фиқҳия, 1421ҳ.қ., саҳ.175
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.35, саҳ.117
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.35, саҳ.118
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.35, саҳ.118
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.136; Маҳризӣ, «Булуғи духтарон», саҳ.127–128
- ↑ Ҳусайнӣ Марағӣ, ал-Ановин-ул-фиқҳия, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.660
- ↑ Муҳаммадиён, Булуғ таваллуде дигар, 1371ҳ.ш., саҳ.47
- ↑ Муҳаммадиён, Булуғ таваллуде дигар, 1371ҳ.ш., саҳ.49
Сарчашма
- Баҳронӣ, Юсуф, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳкоми ал-итрататут-тоҳира, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1363ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, бето.
- Маҳризӣ, Маҳдӣ, «Булуғи духтарон», дар китоби Балоғати духтарон (ба кӯшиши Маҳдӣ Маҳризӣ), Қум, Маркази мутолеот ва таҳқиқоти исломӣ, 1376ҳ.ш.
- Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Ниҳоят-ул-усул (тақрироти дарси усули Оятуллоҳ Буруҷердӣ), Теҳрон, Интишороти Тафаккур, 1415ҳ.қ.
- Муҳаммадиён, Маҳмуд, Булуғ таваллуде дигар, Теҳрон, Анҷумани овоё ва мураббиён, 1371ҳ.ш.
- Муҳаққиқ Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, бето.
- Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-ислом, Қум, Интишороти Исмоилиён, чопи дуввум, 1408ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Нурмуфидӣ, Сайид Муҷтабо, Баррасии фиқҳии булуғи духтарон, Қум, Маркази фиқҳии Аиммаи Атҳор (а), 1395ҳ.ш.
- Раҷоӣ, Сайид Муҳаммад, ал-Масоил-ул-фиқҳия, Қум, Интишороти илмия, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
- Сонеӣ, Юсуф, Булуғи духтарон, Қум, Майсами Тамор, 1386ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Булуғ ҳақиқатаҳу, аломотаҳу ва аҳкомаҳ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), чопи дуввум, 1439ҳ.қ.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия лиэҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом, Қум, Бунёди маорифи исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳи Лумъат-ид-димашқия, тасҳеҳ ва таълиқаи Сайид Муҳаммад Калонтар, Қум, Интишороти Доварӣ, 1410ҳ.қ.
- Ҳусайнӣ Марағӣ, Мир Абдулфаттоҳ, ал-Ановин-ул-фиқҳия, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, чопи дуввум, 1417ҳ.қ.
- Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, Доиратулмаорифи фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш.
- «تغییر فتوای یکی از مراجع تقلید درباره سن تکلیف دختران», Хабаргузории Ҳавза, санаи дарҷи матлаб: 30 урдибиҳишти 1400ҳ.ш., санаи мушоҳида: 27 исфанди 1403ҳ.ш.