Ҳиёзат

Аз wikishia

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Рисолаи амалия

Ҳиёзат (арабӣ: الحيازة) ё ҳиёзти мубоҳот ба тасарруф даровардани амволи мубоҳи манқуле (амволе, ки ҷобаҷоии онҳо аз маконе ба макони дигар имконпазир бошад) аст, ки молики хоссе надорад ва ҳамаи мардум дар ҳаққи истифода аз он муштараканд, монанди моҳигирӣ, бардоштани об аз рӯдхонаҳои умумӣ, истифода аз чарогоҳҳо, шикор, ҳезум ва алафҳои заминҳои бемолик.

Аз назари фуқаҳо ва мутобиқи қоидаи ҳиёзат, касе ки чизе аз амволи мубоҳро ҳиёзат кунад, соҳиби он мешавад. Барои машруияти ин ҳукму қоида ба Қуръон, ривоёт ва сираи уқало истинод шудааст. Аз назари бархе аз фуқаҳо, касе ки ҳиёзат мекунад бояд болиғ, оқил ва рашид бошад, то битавонад молики моли ҳиёзатшуда маҳсуб шавад ва моли ҳиёзатшуда низ бояд аз амволи манқул бошад; чароки ҳиёзат дар амволи ғайриманқул ҷоиз нест.

Дар дуруст будани иҷора, ширкат ва ваколат ба ҳиёзат байни фуқаҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад. Китоби “Қоидаи ҳиёзат бо рӯйкарди иқтисодӣ” таълифи Ҳасани Назарӣ ба баррасии қоидаи «ман ҳоза малика/مَن حازَ مَلِکَ» (ҳарки ҳиёзат кард молики он мешавад) пардохтааст.

Таъриф

Ҳиёзат ба маънои аз они худ кардани мубоҳоти манқул аст.[1] Манзур аз мубоҳоти манқул, манобеи табиие аст, ки соҳиби хоссе надошта ва ҳамаи мардум дар ҳаққи истифода аз он муштараканд ва монеъи шаръие барои баҳрабардорӣ ё тамаллуки он ба шакли мутаораф вуҷуд надорад. Монанди моҳигирӣ, гирифтани об аз дарёҳои умумӣ, чарогоҳҳо, шикорҳои хушкӣ ва дарёӣ, ҳезум ва алафҳои заминҳои бемолик.[2]

Дар матнҳои фиқҳӣ, ҳиёзат ба унвони мавзуи ҷудогонае баҳс нашудааст, аммо дар зимни унвонҳое монанди иҷора, ширкат ва ваколат мавриди баҳс қарор гирифтааст.[3]

Аҳком

Ҳиёзати мубоҳот сабаби моликят мешавад; маслан касе ки аз рӯдхона ё дарё моҳӣ сайд кунад, молики он моҳӣ мешавад.[4] Аммо дар чигунагии ба даст омадани моликият, байни фуқаҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад.[5] Бархе аз онҳо бар ин назаранд, ки ба даст омадани моликят машрут ба ният ва қасди тамаллук аст ва бархеи дигар муътақиданд, ҳиёзат ниёз ба қасду ният надорад ва сирфи ҳиёзат дар молик шудан кофӣ аст.[6]

Ҳиёзати чарогоҳ, ҳезум, ҳайвоноти ғайриаҳлӣ, манобеи об ва ғайра бар асоси урф анҷом мегирад.[7] Масалан ҳиёзати чарогоҳ бо истифодаи алафҳои он барои ҳайвонот ва ҳиёзати ҳайвоноти ваҳшӣ бо шикори онҳо сурат мегирад.[8]

Шароити ҳиёзат

  • Касе ки чизеро ҳиёзат мекунад, барои он ки молики он шавад, бояд оқил, болиғ ва рашид бошад.[9] Албатта бархе аз фуқаҳо муътақиданд, ҳиёзат ба далели он ки дохил дар уқуд ва иқоот нест, ниёз ба қасд надорад, аз ин рӯ, тифлҳо низ молики моли ҳиёзатшуда мешаванд.[10]
  • Моли ҳиёзатшуда, аз амволи мубоҳи манқул бошад; ҳиёзати амволи ғайриманқул ҷоиз нест.[11]

Ҳиёзат ба ваколат

Бархе аз фуқаҳои шиа монанди Шайхи Тӯсӣ ва Ибни Идриси Ҳиллӣ ҳиёзат ба ваколат аз дигаронро дуруст намедонанд.[12] Дар муқобил, Оятуллоҳ Хуӣ аз фуқаҳои муосири шиа, ҳиёзат ба ваколат аз дигаронро ҷоиз дониста, муътақид аст, ки дар ваколат ба ҳиёзат, муваккил, молики моли ҳиёзатшуда мешавад.[13]

Иҷора дар ҳиёзат

Дар ҷоиз будани иҷора барои ҳиёзат байни фуқаҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бархе монанди Шайхи Тӯсӣ ва Муҳаққиқи Ҳиллӣ онро ҷоиз донистаанд.[14] Аллома Ҳиллӣ ба хотири ин ки маълум нест моли ҳиёзатшуда мутааллиқ ба иҷорадиҳанда аст ё иҷорагиранда, иҷора дар ҳиёзатро ҷоиз намедонад.[15]

Бархеи дигар аз фуқаҳо гуфтаанд, агар сирфи ҳиёзат сабаби моликият шавад, дар ин сурат шахсе ки барои ҳиёзати мубоҳӣ аҷир шудааст, молики моли ҳиёзатшуда аст. Бинобар ин, иҷора дар ҳиёзат дуруст нест, аммо агар ба сарфи ҳиёзат, моликият воқеъ нашавад ва ниёзманд ба қасд ва ё нияти тамаллук бошад, дар ин сурат иҷора дуруст аст.[16]

Ширкат дар ҳиёзат

Ҳиёзат ба сурати широкат низ анҷом мешавад.[17] Ширкат дар ҳиёзат бо шарик шудани чанд нафар дар бардоштани обе бо як зарф ё кандани дарахте ё сайди моҳие бо як тури моҳигирӣ ва монанди он муҳаққақ мешавад.[18] Дар инки саҳми ҳар як аз тарафайни широкат - дар сурати набудани таайюни саҳм - ба таври баробар аст ё ба андозаи талош ва нақши ҳар кадом аз онҳо бошад, ихтилофи назар вуҷуд дорад.[19]

Қоидаи ҳиёзат

Қоидае дар фиқҳ аст бо унвони «Ман ҳоза малик/ مَن حازَ مَلِکَ» ки бар асоси он ҳаркасе чизи мубоҳеро «ҳиёзат» кунад, соҳиби он мешавад.[20] Бинобар назари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ аз мароҷеъи тақлид, нас ё ҳадиси хоссе бо унвони «Ман ҳоза малик» вуҷуд надорад, балки ин унвон аз ривоёти мухталифе ба даст меояд.[21] Мустафо Муҳаққиқи Домод дар китоби «Қавоиди фиқҳ» мегӯяд:

«Соҳиби Ҷавоҳир пиндоштааст, ки ҷумлаи «Ман ҳоза малик» дар ҳадисҳо ворид шудааст, дар ҳоле ки ҷумлаи фавқ, на дар ҳадисҳои аҳли суннат вуҷуд дорад ва на дар манобеи шиа, балки сирфан баёнгари ҳукме аст, ки фуқаҳо аз ривоёте, ки бо таъбирҳои дигар ворид шудааст, истинбот кардаанд».[22]

Далелҳо ва мустанадоти қоидаи ҳиёзат

Далелҳои қоидаи ҳиёзат аз назари фуқаҳо иборатанд аз:

  • Қуръон

Машҳури фуқаҳо барои қоидаи ҳиёзат ба ояти 29 сураи Бақара «Ӯст, ки ҳамаи он чиро дар замин аст барои шумо офарид!»[23] истинод мекунанд. Мутобиқи ин оят, ҳамаи мубоҳоти мавҷуд дар замин, барои онки инсон онро тамаллук кунад, офарида шудааст ва касеки чизе аз онҳоро ба даст биоварад, молик ва соҳиби он мешавад.[24]

  • Ривоёт

Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст «Ҳаркасе мол ё ҳайвонеро дар биёбоне биёбад, ки соҳибаш ӯро раҳо карда ва онро эҳё кунад, молик ва соҳиби он хоҳад шуд ва ин гуна чизҳо ҳамчун ашёъи мубоҳ маҳсуб мегарданд».[25] Дар ривояти дигаре аз Имом Содиқ (а) омадааст «Касе ки бар чизи (мубоҳе) даст мегузорад (бар он чиз тасаллут меёбад), молики он чиз мешавад».[26] Фуқаҳо бо тавваҷуҳ ба ин ривоёт ва ривоёти дигаре, ки дар он ҳукм ба моликияти ашёъе монанди парандагон, ҳайвоноти шикоршуда ва моҳиёни дарё шудааст, истинбот кардаанд, ки ҳар моли мубоҳе аз тариқи ҳиёзат дар моликяти ҳиёзаткунанда қарор мегирад.[27]

  • Сираи уқало

Молик шудани амволи мубоҳ аз тариқи ҳиёзат аз умури уқалоӣ аст[28] ва шаръ низ онро имзо кардааст.[29] Ба гуфтаи Имом Хумайнӣ сираи мусаллам аз ибтидои тамаддуни башарӣ бар ин будааст, ки моликият аз тариқи эҳё ва ҳиёзат сурат мегирад ва ҳеҷ як аз анбиё ва авлиёъ ва муъминин онро инкор накардаанд.[30]

Такнигорӣ

Китоби «Қоидаи ҳиёзат бо рӯйкарди иқтисодӣ» асари Ҳасани Назарӣ дар бораи ҳиёзат навишта шудааст. Дар ин асар ҳиёзат аз ҷанбаҳои фиқҳӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ баррасӣ шудааст. Интишороти Бустони китоб ин китобро дар соли 1385 ҳиҷрии шамсӣ, чоп ва мунташир кардааст.

Эзоҳ

  1. Муассисаи Доират-ул-маорифи ал-фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.390.
  2. Муассисаи Доират-ул-маорифи ал-фиқҳ-ул-исломӣ, ал-мувсуъат-ул-фиқҳия, 1423ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.304; Макорими Шерозӣ, Хутути иқтисоди исломӣ, 1360ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.72.
  3. Муассисаи Доират-ул-маорифи ал-фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.391 - 390.
  4. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.321.
  5. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.321.
  6. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.328.
  7. Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.130 - 129.
  8. Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.130 - 129.
  9. Размӣ, Набиниё, “Баррасии қоидаи “ман ҳоза малик” дар фиқҳ ва ҳуқуқи мавзуаи Эрон”, саҳ.24.
  10. Исфаҳонӣ, Василат-ун-наҷот, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.483; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.120.
  11. Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.259.
  12. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.363; Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.85.
  13. Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.203.
  14. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.358; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.153.
  15. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.290.
  16. Муассисаи Доират-ул-маорифи ал-фиқҳ-ул-исломӣ, ал-мувсуъат-ул-фиқҳия, 1423ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.159 - 162.
  17. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1430ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.290.
  18. Муассисаи Доират-ул-маорифи ал-фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.391.
  19. Муассисаи Доират-ул-маорифи ал-фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.391.
  20. Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1370ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.121.
  21. Макорими Шерозӣ, ал-Қавоид-ул-фиқҳия, 1370ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.121.
  22. Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.250.
  23. Сураи Бақара, ояти 29.
  24. Мустафавӣ, ал-Қавоид-ул-фиқҳия, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.280 - 281.
  25. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1424ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.364.
  26. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1424ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.366.
  27. Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.250.
  28. Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.251.
  29. Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1370ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.122.
  30. Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.38.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком, Қум, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Китоб-ул-байъ, Қум, муассисаи Исмоилиён, 1407ҳ.қ./1987м.
  • Исфаҳонӣ, Сайид Абулҳасан, Василат-ун-наҷот, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1434ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, ал-Қавоид-ул-фиқҳия, Қум, мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1383ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Хутути иқтисоди исломӣ, Қум, Мадрасат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб, чопи аввал, 1360ҳ.ш.
  • Муассисаи Доират-ул-маорифи ал-фиқҳ-ул-исломӣ, ал-Мавсуат-ул-фиқҳия, Қум, муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1423ҳ.қ.
  • Муассисаи Доират-ул-маорифи ал-фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Мустафавӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Қавоид-ул-фиқҳия, Қум, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, чопи чаҳорум, 1421ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Домод, Сайиди Мустафо, Қавоиди фиқҳ, ҷ.1, Теҳрон, нашри улуми исломӣ, 1406ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, муассисаи Исмоилиён, чопи дуввум, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1430ҳ.қ.
  • Размӣ, Муҳсин ва Холид Набиниё, «Баррасии қоидаи «ман ҳоза малика» дар фиқҳ ва ҳуқуқи мавзуаи Эрон, пажӯҳишҳои фиқҳ ва ҳуқуқи исломӣ, шумораи 31, баҳори 1392ҳ.ш.
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, Дор-ут-тафсир.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, нашри мадинат-ул-ъилм, 1368ҳ.ш./1410ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут, Теҳрон, чопи Муртазавӣ, 1387ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом, Қум, муассисаи ал-Маъориф-ул-исломия, 1413ҳ.қ.