Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Тавқити зуҳур

Аз wikishia
Нишонаҳои зуҳур

Тавқити зуҳур (форсӣ: توقیت ظهور) ё таъини замони зуҳур (форсӣ: تغیین زمان ظهور) ба маънои таъини замони мушаххас барои зуҳури Имом Маҳдӣ (а), масалан таъини сол, моҳ, рӯз ё соати зуҳур аст. Дар ривоёти шиа, аз таъини замони зуҳур наҳй шуда ва касоне, ки барои он вақт муайян мекунанд, дурӯғгӯ муаррифӣ шудаанд. Бар асоси ин ривоёт, замони зуҳур аз умури ғайбӣ аст ва илми он назди Худованд аст.

Ҷойгоҳи тавқит дар маорифи шиа

Тавқити зуҳур ба маънои мушаххас кардани замони дақиқе мананди соат, рӯз, моҳ ё сол барои зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (а), имоми дувоздаҳуми шиаён, аст.[1]

Дар сарчашмаҳои ривоии шиа, ривоёте дар бораи номаълум будани замони зуҳур, наҳй аз таъини вақт ва дурӯғгӯ будани вақтгузорон нақл шудааст.[2] Шайхи Тӯсӣ бо истинод ба ин ривоёт, замони зуҳурро номаълум дониста ва тасреҳ кардааст, ки инсонҳо аз замони он огоҳӣ надоранд.[3] Баъзе низ парҳез аз таъини замони зуҳур ва такзиби вақтгузоронро аз вазифаҳои шиаён дар давраи ғайбат донистаанд.[4]

Дар шуморе аз ривоёт, замони зуҳур аз умури ғайбӣ дониста шуда ва илм ба он махсуси Худованд аст.[5] Дар баъзе аз ин ривоёт, зуҳури Имом Маҳдӣ (а) ба соат (қиёмат) ташбеҳ шуда, ки касе ҷуз Худо аз замони он огоҳӣ надорад.[6]

Ҳикмати наҳй аз тавқит

Баъзе пажӯҳишгарон бо истинод ба ривоёт,[7] ҳифзи умед ва омодагии муъминонро аз ҳикматҳои номаълум будани замони зуҳур донистаанд. Бар ин асос, таъини замони мушаххас ва таҳаққуқ наёфтани зуҳур дар он замон метавонад боиси ноумедӣ ё тардиди баъзе афрод дар бораи таълимоти маҳдавият шавад.[8] Баъзе уламо низ ин масъаларо бо бадо марбут донистаанд. Бар асоси ин дидгоҳ, метавонад замони таҳаққуқи баъзе умур, бар асоси маслиҳати Илоҳӣ тағйир кунад; аз ин рӯ, таъини замони зуҳур ва таҳаққуқ наёфтани он дар замони эъломшуда метавонад заминаи шакку тардидро фароҳам кунад.[9] Ҳамчунин ҳифзи замони зуҳур аз фош шудани он, дар баъзе сарчашмаҳо ҳамчун яке аз ҳикматҳои номаълум будани он матраҳ шудааст.[10]

Тавқит ва ривоёти марбут ба замони зуҳур

Дар баъзе ривоёти маҳдавӣ, замони вуқуи рухдодҳое мисли хуруҷи Суфёнӣ ва сайҳаи осмонӣ ва низ рӯзи ҷумъа ё Ошуро зикр шудааст. Гоҳе ин ривоёт ба унвони навъе таъини вақт барои зуҳур талқӣ шудаанд.[11] Дар муқобил, баъзе уламо ин бардоштро напазируфта ва миёни таъини замони зуҳур ва баёни замон ё вижагии рухдодҳои марбут ба зуҳур тафовут гузоштаанд. Бар асоси ин дидгоҳ, зикри замони баъзе нишонаҳо ё рухдодҳои зуҳур ба маънои таъини санаи мушаххас барои зуҳур нест.[12]

Намунаҳое аз тавқит

Бар асоси гузоришҳо, тавқити зуҳур гоҳе дар қолаби татбиқи нишонаҳои зуҳур бар ашхос, ҳукуматҳо ё ҳодисаҳои муосир матраҳ шудааст. Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, дар баъзе осори Аллома Маҷлисӣ,[13] шуморе аз нишонаҳои зуҳур бар давлати Сафавӣ татбиқ шудааст. Сайид Муҳаммади Мирлавҳӣ, аз муосирони Маҷлисӣ ин намуди татбиқро нақд карда ва онро аз намунаҳои тавқит донистааст.[14]

Ҳамчунин, сухане ба Муҳаммадтақии Баҳҷат мансуб дониста шуда, ки ба пирамардон барои дарки зуҳур башорат додааст[15] ва ҳамчун намунае аз тавқит матраҳ шудааст; албатта дафтари ӯ ин нисбатро такзиб кардааст.[16] Дар мустанад «Зуҳур хеле наздик аст», ки дар соли 2010 тавлид шуд, баъзе нишонаҳои ривоӣ бар ҳодисаҳо ва шахсиятҳои сиёсии вақт татбиқ дода шуд ва зуҳури Имом Маҳдӣ (а) наздик дониста шуд.[17] Ин мустанад бо вокуниши мароҷеи тақлид[18] ва марказҳои тахассусии маҳдавият[19] рӯ ба рӯ шуд.

Эзоҳ

  1. Салимиён, «تحلیل مفهومی توقیت ظهور حضرت مهدی(عج) و کارکرد آن در تعیین مصداق», саҳ.174.
  2. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.368; Ибни Бобавайҳ, ал-Имомату ва-т-табсирату мин-ал-ҳайра, саҳ.95; Нуъмонӣ, ал-Ғайба, саҳ.289; Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъма, ҷ.2, саҳ.483.
  3. Тӯсӣ, ал-Ғайба, саҳ.425.
  4. Исфаҳонӣ, Микёл-ул-макором, ҷ.2, саҳ.387.
  5. Ҳиллӣ, Мухтасар-ул-басоир, саҳ.434; Шайхи Ҳурри Омилӣ, Исбот-ул-ҳудо, ҷ.5, саҳ.261; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.53, саҳ.3.
  6. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.431.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.369; Нуъмонӣ, ал-Ғайба, саҳ.296.
  8. Гудразӣ, «تعیین وقت برای ظهور(توقیت)», саҳ.57.
  9. Исфаҳонӣ, Микёл-ул-макором, ҷ.2, саҳ.390 - 391.
  10. Исфаҳонӣ, Микёл-ул-макором, ҷ.2, саҳ.375.
  11. Салимиён, «تحلیل مفهومی توقیت ظهور حضرت مهدی(عج) و کارکرد آن در تعیین مصداق», саҳ.181.
  12. Салимиён, «تحلیل مفهومی توقیت ظهور حضرت مهدی(عج) و کارکرد آن در تعیین مصداق», саҳ.182.
  13. Маҷлисӣ, Китоби раҷъат, саҳ.53-64; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.52, саҳ.243.
  14. Ҷаъфариён, «نظریه اتصال دولت صفویه با دولت صاحب الزمان علیه السلام (نمونه های تاریخی) به ضمیمه رساله شرح حدیث دولتنا فی آخرالزمان», саҳ.748.
  15. «درباره‌ی سخنان آیت‌الله بهجت و ناصری پیرامون ظهور», Cомонаи Инсофнюс.
  16. «مطلب هشتم: تعیین وقت ظهور؛ بررسی برخی از شایعات منتسب به آیت الله بهجت قدس‌سره», Сомонаи дафтари Оятуллоҳ Баҳҷат.
  17. «همه چیز درباره مستندی به نام ظهور بسیار نزدیک است», Сомонаи Пурсиш.
  18. «پاسخ آیت الله مکارم شیرازی به سؤالاتی پیرامون مستند ظهور نزدیک است», Хабаригузории Ҳавза; «نظر علما در مورد مستند ظهور بسیار نزدیک است», Сомонаи Муассисаи фарҳангии Дор-ус-Содиқ.
  19. «انتقاد مدیر مرکز تخصصی مهدویت از یک مستند جنجالی», Хабаригузории Форс.

Сарчашма

  • Гудразӣ, Муҷтабо, «تعیین وقت برای ظهور(توقیت)» (Таъйини вақт барои зуҳур (тавқит))', Ҳамоиши байналмилалии доктринаи маҳдавият, Маҳдавият ва чолишҳо (ҷ. 1), Қум, 1398ҳ.ш.
  • Ибни Бобавайҳ, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Имомату ва-т-табсирату мин-ал-ҳайра, мусаҳҳеҳ: Мактаби Имом Маҳдӣ (а), Қум, Мактабат-ул-Имом-ил-Маҳдӣ (аҷ), 1404ҳ.қ.
  • Исфаҳонӣ, Муҳаммадтақӣ, Микёл-ул-макором фи фавоид-ид-дуо ли-л-қоим, Қум, Муассисат-ул-Имом-ил-Маҳдӣ (а), 1428ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ Алиакбар ва Охундӣ, Муҳаммад, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ул-ҷомеъату ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атрор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Китоби раҷъат, таҳқиқ: Сайид Ҳасани Мусавӣ, Қум, Далели мо, 1386ҳ.ш.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайба, мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.
  • Салимиён, Худомурод, «تحلیل مفهومی توقیت ظهور حضرت مهدی(عج) و کارکرد آن در تعیین مصداق» (Таҳлили мафҳумии тавқити зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) ва коркарди он дар таъйини масодиқ), Маҷаллаи Ҷомеаи маҳдавӣ, №11, баҳор ва тобистони 1404ҳ.ш., саҳ.-ҳои 167 - 190.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Китоб-ул-ғайба ли-л-ҳуҷҷа, мусаҳҳеҳ: Теҳронӣ, Ибодуллоҳ ва Носиҳ, Алӣ Аҳмад, Қум, Дор-ул-маориф-ил-исломия, 1411ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Сулаймон, Мухтасар-ул-басоир, мусаҳҳеҳ: Музаффар, Муштоқ, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1421ҳ.қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, «نظریه اتصال دولت صفویه با دولت صاحب الزمان علیه السلام (نمونه های تاریخی) به ضمیمه رساله شرح حدیث دولتنا فی آخرالزمان» (Назарияи иттисоли давлати Сафавия бо давлати Cоҳибуззамон (а) (намунаҳои таърихӣ) бо замимаи рисолаи шарҳи ҳадиси давлатуна фи охир-из-замон), Маҷаллаи Паёми Баҳористон, соли севум — №11, баҳори 1390ҳ.ш., саҳ.-ҳои 735 - 780
  • Шайх Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Исбот-ул-ҳудо би-н-нусус ва-л-муъҷизот, Бейрут, Аъламӣ, 1425ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъма, мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Исломия, 1395ҳ.қ.
  • «انتقاد مدیر مرکز تخصصی مهدویت از یک مستند جنجالی» («Интиқоди мудири Маркази тахассусии маҳдавият аз як мустанади ҷанҷолӣ»), Хабаригузории Форс, санаи дарҷи хабар: 8 апрели 2011, санаи боздид: 9 сентябри 2026.
  • «مطلب هشتم: تعیین وقت ظهور؛ بررسی برخی از شایعات منتسب به آیت الله بهجت قدس‌سره» («Матлаби ҳаштум: таъини вақти зуҳур; баррасии баъзе аз шоеоти мансуб ба Оятуллоҳ Баҳҷат»), Сомонаи дафтари Оятуллоҳ Баҳҷат, санаи дарҷи хабар: 6 ноябри 2019, санаи боздид: 9 сентябри 2026.
  • «نظر علما در مورد مستند ظهور بسیار نزدیک است» («Назари уламо дар мавриди мустанади "Зуҳур хеле наздик аст"»], Сомонаи Муассисаи фарҳангии Дор-ус-Содиқ, санаи боздид: 9 сентябри 2026.
  • «درباره‌ی سخنان آیت‌الله بهجت و ناصری پیرامون ظهور» («Дар бораи суханони Оятуллоҳ Баҳҷат ва Носирӣ перомуни зуҳур»), Сомонаи Инсофнюс, санаи дарҷи хабар: 28 августи 2022, санаи боздид: 9 сентябри 2026.
  • «پاسخ آیت الله مکارم شیرازی به سؤالاتی پیرامون مستند ظهور نزدیک است» («Посухи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ба саволҳое перомуни мустанади "Зуҳур наздик аст"»], Хабаригузории Ҳавза, санаи дарҷи хабар: 19 апрели 2011, санаи боздид: 9 сентябри 2026.
  • «همه چیز درباره مستندی به نام ظهور بسیار نزدیک است» («Ҳама чиз дар бораи мустанаде ба номи "Зуҳур хеле наздик аст"»), Сомонаи Пурсиш, санаи дарҷи хабар: 12 апрели 2011, санаи боздид: 9 сентябри 2026.