Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Воҷиби кифоӣ

Аз wikishia

Вoҷиби кифоӣ (форсӣ: واجب کفایی) гунае аз вoҷиботи динӣ аст, ки гарчанде анҷоми он бар ҳамаи мукаллафон лозим аст, аммо агар иддае онро анҷом диҳанд, таклиф аз дигарон соқит мешавад. Вoҷиби кифоӣ, дар муқобили вoҷиби айнӣ қарор дорад. Анҷоми вoҷиби айнӣ бар якояки мукаллафҳо вoҷиб аст ва агар иддае онро анҷом диҳанд, таклиф аз бақия соқит намешавад. Таҷҳизи майит, ҷиҳод, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аз вoҷиботи кифоӣ, ва хондани намозҳои явмия ва рӯзаи моҳи рамазон аз вoҷиботи айнӣ ба шумор меояд.

Вoҷиби кифоӣ дар бештари маворид марбут ба маслиҳати умумии ҷомеа аст; ба ҳамин далел, вoҷибҳои кифоиро роҳкори Ислом барои ҳифзи манофеи ҷомеа муаррифӣ кардаанд. Дар мавориде мумкин аст вoҷиби кифоӣ ба вoҷиби айнӣ табдил шавад; чунонки агар танҳо як қозӣ вуҷуд дошта бошад, қазоват бар ӯ вoҷиби айнӣ мешавад. Ба гуфтаи уламои усули фиқҳ, замоне, ки шак вуҷуд дорад вoҷибе кифоӣ аст ё айнӣ, бояд биноро бар айнӣ будани он гузошт.

Таърифи фиқҳӣ

Вoҷиби кифоӣ бахше аз вoҷиботи динӣ аст, ки ҳадафи дин танҳо анҷом шудани он кор аст ва фарқе надорад кӣ онро анҷом диҳад.[1] Дар ин вoҷиб, ҳамaи мукаллафон, ба сурати яксон мухотаби он дастур ҳастанд, аммо агар иддае онро анҷом диҳанд, таклиф аз дигарон соқит мешавад.[2] Аз ҷумлаи аъмоле, ки вуҷуби кифоӣ доранд, метавон ба корҳои вoҷибе чун пок кардани наҷосат аз масҷид, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, таҷҳизи майит, ҷиҳод ва ёдгирӣ ва анҷоми шуғлҳое, ки зиндагии мардум ба онҳо вобаста аст, ишора кард.[3] Вoҷиби кифоӣ дар бештари маворид марбут ба маслиҳати умумии ҷомеа аст; аз ин рӯ, вoҷибҳои кифоиро роҳкори Ислом барои ҳимоят аз хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ҳифозат аз манобеи ҷомеа донистаанд.[4]

Дар баёни илмии ин масъала, ки вoҷиби кифоӣ дақиқан бар кӣ ё киҳо вoҷиб аст, ақволи мухталифе вуҷуд дорад;[5] якояки афроди мукаллаф (дидгоҳи Охунди Хуросонӣ[6]), фарди ғайримуайян (дидгоҳи Имом Хумайнӣ[7]), яке аз афроди мукаллаф ба сурати ала-л-бадал (назарияи Сайид Муҳаммадбоқир Садр[8]), умуми мукаллафин (назарияи мансуб ба Қутбуддини Шерозӣ[9]) аз ҷумлаи дидгоҳҳое, ки дар ин масъалаи усулӣ зикр шудааст.

Тафовути вoҷиби кифоӣ ва айнӣ

Вoҷиби кифоӣ дар муқобили вoҷиби айнӣ қарор дорад; вoҷиби айнӣ, вoҷибест, ки анҷоми он бар якояки мукаллафин вoҷиб аст ва агар иддае онро анҷом диҳанд, таклиф аз бақия соқит намешавад, монанди хондани намозҳои явмия ва рӯзаи моҳи рамазон.[10] Дар вoҷиби кифоӣ, танҳо ба анҷомдиҳандаи кор савоб медиҳанд, вале агар ҳеҷ як аз мукаллафон, вoҷиби кифоиро анҷом надиҳанд, ҳама гуноҳкор хоҳанд буд.[11] Ёдгирии баъзе улум, вoҷиби айнӣ ва омӯхтани баъзе дигар вoҷиби кифоӣ аст. Донишҳое, ки омӯхтани онҳо муқаддимае барои таъмини ниёзҳои иҷтимоӣ аст (монанди омӯхтани улуми пизишкӣ) вуҷуби кифоӣ дорад, аммо ёдгирии аҳком ва ақоид, ки омӯхтани онҳо муқаддимае барои худсозӣ аст, вуҷуби айнӣ дорад.[12]

Табдил шудани вoҷиби кифоӣ ба вoҷиби айнӣ

Дар сурате, ки дар байни афроди мукаллаф, танҳо як фард тавонад вoҷиби кифоиро анҷом диҳад, анҷоми он амал ҳамчун анҷоми дигар вoҷибҳои айнӣ бар шахс вoҷиб мешавад; масалан шоҳидӣ додан дар додгоҳ ҳарчанд вoҷиби кифоӣ аст, аммо агар танҳо як шахс шоҳиди воқеае бошад, адои шоҳидӣ бар он шахс, ҳамчун вoҷиботи айнии дигар, вoҷиб хоҳад буд.[13]

Вoҷиби кифоӣ ба ин маъно нест, ки ҳар шахсе тавонад он вoҷибро анҷом диҳад, балки барои анҷоми он, ибтидо бояд аҳлият ёбад; масалан агарчи қозӣ шудан вуҷуби кифоӣ дорад, аммо шахс барои қазоват, нахуст бояд аҳлияти қазоват дошта бошад.[14] Аз ин рӯ дар мавориде, ки танҳо як шахс аҳлияти анҷоми вoҷиби кифоиро дорад, он вoҷиби кифоӣ нисбат ба он шахс, ба вoҷиби айнӣ табдил мешавад.[15]

Ақсом

Вoҷибҳои кифоӣ ақсоме дорад:

  1. Вoҷибҳое, ки анҷоми дубораи он мумкин нест, монанди вуҷуби куштани собб-ун-набӣ (зеро наметавон шахсеро дубор ба қатл расонд);
  2. Вoҷибҳое, ки ҳарчанд анҷоми дубораи онҳо имкон дорад, аммо анҷоми дубораи он аз назари шаръӣ манъ аст, монанди вуҷуби дафни майит (гарчи метавон набши қабр кард ва майитро дубора дафн кард, аммо набши қабр ҳаром аст);
  3. Вoҷибҳое, ки анҷоми дубораи он на матлуб аст ва на манъ, монанди кафан кардани майит (чандин бор кафан кардани майит, на мустаҳаб аст ва на ҳаром);
  4. Вoҷибҳое, ки анҷоми дубораи он матлуб аст, монанди хондани намози майит, ки анҷоми дубораи он мустаҳаб аст.[16]

Шак доштан дар айнӣ ё кифоӣ будани вoҷиб

Ба гуфтаи уламои усули фиқҳ, дар мавориде, ки маълум нест дастури Худо, ба сурати кифоӣ вoҷиб шуда ё ба сурати айнӣ, асл бар ин гузошта мешавад, ки он вoҷиб айнӣ аст;[17] зеро дар мавориде, ки маълум нест анҷоми амали вoҷиб аз сӯи шахсе, таклифро аз ӯҳдаи мукаллафони дигар соқит мекунад ё не, мутобиқи ҳукми ақл, он амал бояд дубора анҷом шавад.[18]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. ↑ Сайфӣ, Бадоиъ-ул-буҳус фи илм-ил-усул, ҷ.3, саҳ.393.
  2. ↑ Гурӯҳе аз муҳаққиқон, Фарҳангномаи усули фиқҳ, саҳ.871.
  3. ↑ Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, ҷ.1, саҳ.86.
  4. ↑ Алавӣ, «خدمات اجتماعی از منظر وجوب کفایی», саҳ.38 - 40.
  5. ↑ Лутфӣ, Мабодии фиқҳ, саҳ.70 - 71.
  6. ↑ Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, саҳ.143.
  7. ↑ Мусавӣ Хумайнӣ, Таҳзиб-ул-усул, ҷ.1, саҳ.367.
  8. ↑ Садр, Дурус фи илм-ил-усул, ҷ.2, саҳ.339 - 341.
  9. ↑ Торимӣ, ал-Ҳошия ала-л-қавонин-ил-усул, ҷ.1, саҳ.222.
  10. ↑ Лутфӣ, Мабодии фиқҳ, саҳ.69.
  11. ↑ Муҳаммадӣ, Шарҳи усули фиқҳ, ҷ.1, саҳ.172.
  12. ↑ Муҳаммадӣ Райшаҳрӣ, Илм ва ҳикмат дар Қуръон ва ҳадис, ҷ.1, саҳ.440 - 441.
  13. ↑ Сайфӣ, Бадоиъ-ул-буҳус фи илм-ил-усул, ҷ.3, саҳ.399.
  14. ↑ Сафарӣ, Баррасии фиқҳӣ ҳуқуқии идораи моли ғайр, саҳ.254
  15. ↑ Мусавӣ Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, саҳ.378, масъалаи 13.
  16. ↑ Субҳонӣ, ал-Маҳсул, ҷ.2, саҳ.137.
  17. ↑ Ниг.: Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, саҳ.252; Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, ҷ.1, саҳ.72; Субҳонӣ, ал-Васит, ҷ.1, саҳ.100.
  18. ↑ Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, ҷ.1, саҳ.72.

Сарчашма

  • Алавӣ, Сайид Юсуф, «خدمات اجتماعی از منظر وجوب کفایی» (Хадамоти иҷтимоӣ аз манзари вуҷуби кифоӣ), дар маҷаллаи Пажӯҳишҳои фиқҳ ва ҳуқуқи исломӣ, №12, зимистони 1382ҳ.ш.
  • Гурӯҳе аз муҳаққиқон, Фарҳангномаи усули фиқҳ, Қум, Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1389ҳ.ш.
  • Лутфӣ, Асаддуллоҳ, Мабодии фиқҳ, Қум, Ҳиҷрат, 1380ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, Маркази интишороти Дафтари таблиғоти исломӣ, 1370ҳ.ш.
  • Мусавӣ Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳзиб-ул-усул, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1363ҳ.ш.
  • Мусавӣ Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ (раҳ), 1379ҳ.ш.
  • Муҳаммадӣ Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Илм ва ҳикмат дар Қуръон ва ҳадис, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1382ҳ.ш.
  • Муҳаммадӣ, Алӣ, Шарҳи усули фиқҳ, Қум, Дор-ул-фикр, 1387ҳ.ш.
  • Охунди Хуросонӣ, Муҳаммадкозим, Кифоят-ул-усул, Қум, Ол-ил-Байт (а), 1409ҳ.қ.
  • Садр, Сайид Муҳаммадбоқир, Дурус фи илм-ил-усул, Қум, Марказ-ул-абҳос ва-д-диросот-ит-тахассусия ли-ш-шаҳид ас-Садр, 1424ҳ.қ.
  • Сайфӣ, Алиакбар, Бадоиъ-ул-буҳус фи илм-ил-усул, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1429ҳ.қ.
  • Сафарӣ, Исфандиёр, Баррасии фиқҳӣ ҳуқуқии идораи моли ғайр, Машҳад, Донишгоҳи улуми исломии Разавӣ, 1391ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Васит фи усул-ил-фиқҳ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1388ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Маҳсул фи илм-ил-усул, гирдоваранда: Маҳмуд Ҷалолӣ Мозандаронӣ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1414ҳ.қ.
  • Торимӣ, Ҷавод, ал-Ҳошия ала-л-қавонин-ил-усул, Теҳрон, Иброҳим Босамчӣ, 1306ҳ.қ.