Үндана:Арзаи дин ба имом
Арзаи дин ба имом (форсӣ: عرضه دین به امام) ба ироаи боварҳо ва маорифи динӣ назди имоми маъсум (а) барои таъйид ё тасҳеҳи онҳо гуфта мешавад. Ин шева дар баъзе аз ривоёти шиа гузориш шуда ва дар давраи ҳузури имомон (а) роиҷ будааст.
Мазмуни ин ривоёт аз усули эътиқодӣ монанди тавҳид, нубуввати Пайғамбар (с) ва имомат то вилояти Аҳли Байт (а), аҳкоми ибодӣ ва иҷтимоӣ монанди намоз, рӯза, ҳаҷ ва ҷиҳодро дар бар мегирад. Дар баъзе ривоёт низ мавзуъҳое чун маод ва растохез, биҳишт ва дӯзах, ҷабр ва ихтиёр, ғайбати Имом Маҳдӣ (а) ва миъроҷи Пайғамбар (с) матраҳ шудааст.
Бар асоси сарчашмаҳои шиӣ, шуморе аз асҳоби имомон, аз ҷумла Ҳамрон ибни Аъян, Сафвони Ҷаммол ва Абдулазим Ҳасанӣ, дини худро бар имоми замони худ арза кардаанд. Арзаи дини Абдулазим Ҳасанӣ назди Имом Ҳодӣ (а) аз гузоришҳои муфассали ин маҷмуа аст.
Муаррифӣ ва аҳамият
Арзаи дин ба имом, равише барои санҷиш ва таъйиди дурустии боварҳои динӣ назди имоми маъсум (а) аст.[1] Ин шева дар давраи ҳузури имом роиҷ будааст.[2] Бар асоси манобеи шиӣ, шуморе аз асҳоби имомон (а) боварҳои динии худро назди имоми маъсум (а) арза кардаанд, то дар сурати вуҷуди хато, ба бовари дуруст роҳнамоӣ шаванд.[3] Исмоил ибни Ҷобири Ҷуъфӣ[4] ва Абулҷоруд[5] ин корро назди Имом Боқир (а) анҷом додаанд. Ҳамрон ибни Аъян,[6] Амр ибни Ҳурайс,[7] Холид Баҷалӣ,[8] Ҳасан ибни Зиёд Аттор,[9] Ибни Абияъфур,[10] Сафвони Ҷаммол,[11] Мансур ибни Ҳозим,[12] Юсуф[13] ва Иброҳим Мухориқӣ,[14] низ боварҳои худро бар Имом Содиқ (а) арза кардаанд. Абдулазим Ҳасанӣ низ дини худро бар Имом Ҳодӣ (а) арза кардааст.[15]
Нахустин гузориши арзаи дини Исмоил ибни Ҷобир дониста шудааст[16] Арзаи дини Абдулазим Ҳасанӣ низ аз муфассалтарин гузоришҳои ин маҷмуа аст.[17]
Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, аз мароҷеи тақлид дар қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ, арзаи дин тавассути ровиёнро нишонаи аҳамияти баррасӣ ва тасҳеҳи боварҳои динӣ дониста ва муътақид аст, ки дигарон низ бояд боварҳои худро назди имоми маъсум (а) ё уламои динӣ арза кунанд.[18]
Муҳтавои арзаҳо
Мазмуни ривоёти арзаи дин, усули эътиқодӣ, омӯзаҳо ва аҳкоми амалиро дар бар мегирад. Дар бештари ин ривоёт, тавҳид, нубуввати Пайғамбар (с), имомат ва муаррифии имомон омадааст.[19] Дар баъзе аз онҳо, вилояти Аҳли Байт (а), бароат аз душманони онҳо[20] ва вуҷуби тоати имом[21] матраҳ шудааст. Намоз, закот, рӯза, ҳаҷ[22] ҷиҳод ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дар баъзе гузоришҳо зикр шудааст.[23]
Мавзуоте монанди маод, растохез, биҳишт, дӯзах, сирот, мизон ва саволи қабр низ дар теъдоде аз ин ривоёт омадааст.[24] Ҳамчунин дар баъзе гузоришҳо, амрун байн-ал-амрайн, нафйи ҷабр ва тафвиз,[25] ғайбат, ва зуҳури Қоим (аҷ)[26] ва меъроҷи Пайғамбар (с) матраҳ шудааст.[27]
Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадкозими Сайид Таботабоӣ, ҳадиспажӯҳи шиа, арзаҳои нахустин, монанди арзаҳои Исмоил ибни Ҷобир, Иброҳим Мухориқӣ, Ҳасан ибни Зиёд Аттор ва Холид Баҷалӣ, бештар бар тавҳид, нубувват ва имомат мутамаркиз будаанд. Дар баъзе арзаҳои баъдӣ низ мавзуоте монанди сифоти Илоҳӣ, нафйи ташбеҳ ва таътил, ҷабр ва тафвиз, маод ва аҳкоми шаръӣ матраҳ шудааст.[28] Ӯ таваҷҷуҳи бештар ба масъалаи имоматро бо фазои пас аз қиёми Зайд ибни Алӣ, таблиғоти зайдиён ва тардидҳои падидомада дар бораи имомат марбут медонад.[29]
Эзоҳ
- ↑ Софии Гулпойгонӣ, Шарҳи ҳадиси арзаи дини ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ (а), саҳ.23; Биринҷкор, «آموزه های حدیث عرض دین», ҷ.1, саҳ.132.
- ↑ Ҳазор, «حدیث عرض دین و مفاد آن», саҳ.137.
- ↑ Ҳазор, «حدیث عرض دین و مفاد آن», саҳ.137.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.188 ва ҷ.2, саҳ.405.
- ↑ Қутби Ровандӣ, ад-Даъавот, саҳ.135.
- ↑ Шайхи Садуқ, Маони-ул-ахбор, саҳ.212 - 213.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Ихтиёр маърифат-ур-риҷол, ҷ.5, саҳ.717.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Ихтиёр маърифат-ур-риҷол, ҷ.5, саҳ.719.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Ихтиёр маърифат-ур-риҷол, ҷ.5, саҳ.722.
- ↑ Айёшӣ, Китоб-ут-тафсир, ҷ.1, саҳ.327.
- ↑ Ҳумайрӣ, Қурб-ул-иснод, саҳ.62.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.188.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Ихтиёр маърифат-ур-риҷол, ҷ.5, саҳ.721.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, саҳ.222.
- ↑ Ибни Шозон, Исбот-ур-раҷъа, саҳ.38 - 40; Шайхи Садуқ, ат-Тавҳид, саҳ.81 - 82.
- ↑ Таботабоӣ, «پیشینه عرض دین و حدیث», ҷ.1, саҳ.198 - 199.
- ↑ Таботабоӣ, «پیشینه عرض دین و حدیث», ҷ.1, саҳ.205.
- ↑ Софии Гулпойгонӣ, Шарҳи ҳадиси арзаи дини ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ (а), саҳ.44 - 45.
- ↑ Ниг.: Шайхи Садуқ, ат-Тавҳид, саҳ.81 - 82; Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, саҳ.222; Шайхи Тӯсӣ, Ихтиёр маърифат-ур-риҷол, ҷ.5, саҳ.717;
- ↑ Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.2, саҳ.405; Қутби Ровандӣ, ад-Даъавот, саҳ.135.
- ↑ Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.188; Шайхи Тӯсӣ, Ихтиёр маърифат-ур-риҷол, ҷ.5, саҳ.719.
- ↑ Ниг.: Ибни Шозон, Исбот-ур-раҷъа, саҳ.38 - 40; Қутби Ровандӣ, ад-Даъавот, саҳ.135.
- ↑ Ниг.: Ибни Шозон, Исбот-ур-раҷъа, саҳ.38 - 40; Шайхи Садуқ, ат-Тавҳид, саҳ.81 - 82.
- ↑ Ниг.: Шайхи Садуқ, Маони-ул-ахбор, саҳ.212 - 213; Шайхи Тӯсӣ, Ихтиёр маърифат-ур-риҷол, ҷ.5, саҳ.717.
- ↑ Шайхи Садуқ, Маони-ул-ахбор, саҳ.212 - 213.
- ↑ Ниг.: Ибни Шозон, Исбот-ур-раҷъа, саҳ.38 - 40; Шайхи Садуқ, ат-Тавҳид, саҳ.81 - 82; Қутби Ровандӣ, ад-Даъавот, саҳ.135.
- ↑ Ибни Шозон, Исбот-ур-раҷъа, саҳ.38 - 40; Шайхи Садуқ, ат-Тавҳид, саҳ.81 - 82.
- ↑ Таботабоӣ, «پیشینه عرض دین و حدیث», ҷ.1, саҳ.208 - 209.
- ↑ Таботабоӣ, «پیشینه عرض دین و حدیث», ҷ.1, саҳ.208 - 209.
Сарчашма
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Китоб-ут-тафсир, таҳқиқи Сайидҳошими Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Мактабат-ул-илмият-ул-исломия, 1339ҳ.ш.
- Биринҷкор, Ризо, «آموزه های حدیث عرض دین» («Омӯзаҳои ҳадиси арзаи дин»), Маҷмуаи мақолоти конгресси ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ (а), Қум, Дор-ул-ҳадис, 1382ҳ.ш.
- Ибни Шозон, Фазл ибни Шозон, Исбот-ур-раҷъа, Қум, Дор ал-Муҷтабо, 1392ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1363ҳ.ш.
- Қутби Ровандӣ, Саъид ибни Ҳибатуллоҳ, ад-Даъавот, Қум, Мадраса ал-Имом ал-Маҳдӣ (а), 1366ҳ.ш.
- Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Шарҳи ҳадиси арзаи дини ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ (а), Қум, Дафтари танзим ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, 1390ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадкозим, «پیشینه عرض دین و حدیث» («Пешинаи арзаи дин ва ҳадис»), Маҷмуаи мақолоти конгресси ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ (а), Қум, Дор-ул-ҳадис, 1382ҳ.ш.
- Ҳазор, Алиризо, «حدیث عرض دین و مفاد آن» (Ҳадиси арзаи дин ва муфоди он), маҷаллаи Улуми ҳадис, №27, баҳори 1382ҳ.ш.
- Ҳумайрӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-иснод, Қум, Муассиса Оли-л-Байт (а) ли-эҳё-ит-турос, 1371ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тавҳид, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1374ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маони-ул-ахбор, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1361ҳ.ш.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дор-ус-сақофа, 1372ҳ.ш.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ихтиёр маърифат-ур-риҷол, тасҳеҳи Муҳаммадбоқири Мирдомод, таҳқиқи Сайид Маҳдии Раҷоӣ, Қум, Муассиса Оли-л-Байт (а) ли-эҳё-ит-турос, 1363ҳ.ш.