Хотам-ун-набийин (лақаб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хотамун-набиин (лақаб))
Масҷидун-набӣ (Мадина).
Ин мақола дар бораи лақаби хотам-ун-набийин аст. Барои ошноӣ бо зиндагӣ ва шахсияти Паёмбари Ислом, мадхали ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро бибинед.

Хотам-ун-набийин (арабӣ:خاتَم‌ُ النَّبیین) ва хотамул-анбиё (арабӣ:خاتَم الاَنبیاء), яке аз лақабҳои ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ аст, ки баёнгари поёни набувват баъд аз Паёмбари Ислом аст.

Таъбири хотам-ун-набийин дар ояти 40-и сураи Аҳзоб машҳур ба ояти Хотамият омадааст. Яке аз далелҳои бовари мусулмонон ба хотамият ва ба поён расидани силсилаи набувват, ҳамин иборати қуръонӣ аст.[1]

Ин ду таъбир дар матнҳои ҳадисӣ ва ибороти нақлшуда аз аимма (а) монанди дуои ҳабдаҳуми Саҳифаи Саҷҷодия, бархе аз хутбаҳои Имом Алӣ (а) дар ҷанги Сиффин,[2] дар ҳадисе аз Имом Алӣ (а) дар китоби Қурб-ул-аснод,[3] ва дар ривояте дар Усули кофӣ[4] низ ба кор рафтааст.

Баҳоиён, ки дар қарни 12-уми қамарӣ муддаии зуҳури дини наве шудаанд, гоҳ гуфтаанд, таъбири хотам ба маънои нигини ангуштар аст,[5] ки нишондиҳандаи ҷойгоҳи вижаи Пайғамбари Акрам (с) аст ва эшонро зинати паёмбарон тавсиф кардааст, на ба маънои тамомкунанда.[6] Бархе низ гуфтаанд, Қуръон таъбири хотам-ун-набийинро ба кор бурдааст на, хотамул-мурсалин. Аз ин рӯ, Пайғамбар охирин набӣ аст, на охирин расул, ва мумкин аст баъд аз ӯ расули дигаре мабъус шавад.[7]

Олимони мусулмон дар ҷавоб гуфтаанд, хотам дар асл ба маънои василаи хатм кардан аст ва ангуштарро ҳам ба ин далел хотам номидаанд, ки дар гузашта номаҳоро бо ангуштар муҳр мезаданд ва хатм мекарданд. Бинобар ин истифода аз лафзи «хотам» ба маънои «зинат», бархилофи маъное аст, ки аз оят ба зеҳн мерасад.[8] Ҳамчунин чунон ки дар Тафсири Намуна омадааст, мартабаи рисолат фаротар аз набувват аст ва касе ба рисолат мерасад, ки пештар набӣ буда бошад. Дар натиҷа вақте набувват поён ёбад, ба тариқи авло рисолат низ поён меёбад.[9]

Дар Эрон ва дигар кишварҳои исломӣ, бархе аз масҷидҳо, мадрасаҳои илмия, донишгоҳҳо ва ғ. бо унвони хотам-ун-набийин ва хотамул-анбиё номгузорӣ шудаанд.[10] Ҳамчунин иборатҳое баргирифта аз ин лақаб монанди «ас-салому ала хотам-ин-набийин» бар нигини ангуштарҳо ҳак мешавад.

Ҷусторҳои вобаста

Раҳматун лил-оламин (лақаб)

Эзоҳ

  1. Ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.166.
  2. Наср ибни Музоҳим, Вақъат-ус-Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.224 ва 236.
  3. Ҳимярӣ, Қурб-ул-аснод, 1413ҳ.қ., саҳ.9.
  4. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, чопи исломия, ҷ.2, саҳ.585.
  5. Мирзо Ҳусайн Алӣ Баҳо, Абқон, саҳ.136; ба нақл аз Орифӣ, Хотамият, 1386ҳ.ш., саҳ.65.
  6. Ҳусайнии Таботабоӣ, Моҷарои Боб ва Баҳо, саҳ.163: ба нақл аз Орифӣ, Хотамият, 1386ҳ.ш., саҳ.62.
  7. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.338.
  8. Мисбоҳ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.180.
  9. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.338.
  10. Барои намуна ниг.: “Ҳавзаи илмияи Хотам-ун-набийин (с)”, сайти расмии ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Муҳсинӣ (раҳ); «Муаррифии донишгоҳ», вебгоҳи донишгоҳи Хотам-ун-набийин (с).

Сарчашма

  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, чопи исломия, Теҳрон, 1363ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Дорул-кутубил-исломия, Теҳрон, 1374ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, муассисаи омӯзишӣ ва пажуҳишии имом Хумайнӣ, Қум, 1376ҳ.ш.
  • Наср ибни Музоҳим, Вақъат-ус-Сиффин, тасҳеҳ: Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, Қум, 1404ҳ.қ.
  • Орифии Ширдоғӣ, Муҳаммадисҳоқ, Хотамият ва пурсишҳои нав, Машҳад, донишгоҳи улуми исломии Разавӣ, 1386ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, таҳқиқи Луҷнатун минал-уламои вал-муҳаққиқинал-ахиссоийин, муқаддимаи Сайидмуҳсини Амин, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, алтабъатул-уло, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Ҳавзаи илмияи Хотам-ун-набийин (с)”, сайти расмии ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Муҳсинӣ (раҳ), боздид: 27 обони 1402ҳ.ш.
  • Ҳимярӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-аснод, муассисаи Олулбайт, Қум, 1413ҳ.қ.