Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Оқибатбахайрӣ

Аз wikishia

Оқибатбахайрӣ (форсӣ: عاقبت‌به‌خیری) ё ҳусни оқибат (форсӣ: حُسن عاقبت) ба маънои поёни зиндагии ҳамроҳ бо имон ба Худованд аст. Ин мафҳум дар оёти Қуръон, ривоёт ва дуоҳои маъсумон (а) матраҳ шудааст. Аз назари бархе, арзиши аъмоли инсон ба чигунагии поёни он вобаста аст; ба ин маъно агар шахс дар поёни умри худ аҳли амали солеҳ бошад, гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешавад.

Дар манобеи динӣ, риояти тақво, некӣ ба дигарон, махсусан волидайн, тафаккур ва илмомӯзӣ, муҳаббат ба Аҳли Байт (а), сабр, тавба, доштани дӯстони хуб ва хондани бархе аз зикрҳо ва дуоҳоро аз ҷумлаи омилҳои муассир дар оқибатбахайрӣ дониста шудааст. Дар муқобил душманӣ бо Аҳли Байт (а), ситам ва беадолатӣ, тарки силаи раҳим, оқи волидайн, риоя накардани ҳуқуқи оила, дӯсту ҳамнишини бад ва тарки амри маъруф ва наҳйи мункар ҳамчун монеаи оқибати нек муаррифӣ шудаанд.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Оқибатбахайрӣ, некфарҷомӣ ё ҳусни оқибат ба нек будани поёни зиндагии ҳамроҳ бо имон ба Худо ва ҳифзи каромати инсонӣ гуфта мешавад ва дар баробари бадоқибатӣ қарор дорад.[1]

Расидан ба оқибати нек ва дурӣ аз оқибати бад аз омӯзаҳои динӣ аст.[2] Муфассирон зери оёте аз Қуръон аз ҷумла ояти 83 сураи Қасас, оёти 132 ва 193 сураи Бақара, оёти 8 ва 102 сураи Оли Имрон, оёти 126 ва 128 сураи Аъроф ва оёти 101 ва 109 сураи Юсуф ба мавзуъҳои вобаста ба он пардохтаанд.[3] Мавзуъҳое чун риояти тақво то поёни умр, супориши пайғамбарон ба пайвандӣ ба дин то поёни умр, дархости ҳидоят ва дурӣ аз гумроҳӣ ва талаби хайри дунё ва охират.[4]

Талаби оқибатбахайрӣ мазмуни аслии дуои ёздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия аст[5] ва ин дуо бо ҳамин унвон шинохта мешавад.[6] Дар бархе китобҳои ривоӣ низ бобҳое ба ҳадисҳои марбут ба ҳусни оқибат бахшида шудааст; монанди боби «حُسْنُ الْعاقِبَة وَإصْلاحُ السَّریرَةِ» (Ҳусн-ул-оқибати ва ислоҳ-ус-сарира) дар китоби Биҳор-ул-анвор.[7]

Дуо ва имдодҳои илоҳӣ

Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар Тафсири Роҳнамо зери фарозҳое чун: "Ва таваффано муслимин" («وَتَوَفَّنَا مُسْلِمِینَ») ё "Ва таваффано маа-л-аброр" («وَتَوَفَّنَا مَعَ الأَبْرَارِ») дар оёти 126 сураи Аъроф ва 193 сураи Оли Имрон дастёбӣ ба оқибати некро ниёзманди дуо ва мадади Илоҳӣ донистааст.[8] Дар достони имони соҳирони фиръавн ба ҳазрати Мусо (а), онон аз Худо хостанд ба онҳо сабр диҳад, то дар зумраи муъминон аз дунё бираванд ва оқибат ба хайр шаванд.[9]

Тавба

Тавба ба унвони яке аз муҳимтарин омили дастёбӣ ба ҳусни оқибат муаррифӣ шудааст.[10] Носир Макорими Шерозӣ, дар тафсири ояти 8 сураи Таҳрим, тавбаро нахустин гом барои наҷот аз оташи дӯзах донистааст; тавбае холис ки инсонро барои ҳамеша аз маъсият ҷудо кунад ва бозгаште дар он рух надиҳад.[11] Дар сарчашмаҳои динӣ намунаҳои зиёде аз шахсоне зикр шуда, ки бо тавба ба оқибати нек даст ёфтаанд, аз ҷумла Фузайл ибни Аёз, роҳзани маъруфи асри Имом Содиқ (а), ки бо тавба аз роҳзанӣ дар зумраи обидон ва орифони машҳур шуд[12] ва Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ ки дар рӯзи Ошӯро бо тавба ва шаҳодат дар канори Имом Ҳусайн (а) оқибат ба хайр шуд.[13]

Монеаҳо

Пажӯҳишгарон омилҳоеро, ки монеъ аз расидан ба оқибати нек мешаванд, чунин баршумурдаанд: душманӣ бо Аҳли Байт (а), дилбастагӣ ба дунё, шинохти ҳақ ва ёрӣ накардани он, такаббур, ситам ва беадолатӣ, тарки силаи раҳим, оқи волидайн, поймол кардани ҳуқуқи хонавода, ҳамнишини бад, тарки амри маъруф ва наҳйи мункар ва ривоҷи фасод дар ҷомеа.[14]

Эзоҳ

  1. Ҳусайнӣ, Оқибатбахайрӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.10
  2. Самадии Яздӣ, «Оқибатбахайрӣ аз нигоҳи оёт ва ривоёт», саҳ.189; Иллийинӣ, «Оқибатбахайрӣ дар омӯзаҳои исломӣ», саҳ.219
  3. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.81; Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири Роҳнамо, 1386ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.195 ва ҷ.6, саҳ.135; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.178; Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амирулмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.260
  4. Дониёрӣ, «Аҳамият ва ҷойгоҳи оқибатбахайрӣ дар оёт ва ривоёт ва адъия», саҳ.53-56
  5. Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.101-122; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.485-500
  6. Саҳифаи саҷҷодия, Дуои ёздаҳум, унвони дуо
  7. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.68, саҳ.361
  8. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири Роҳнамо, ҷ.6, саҳ.137
  9. Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири қуръонии Меҳр, ҷ.7, саҳ.204; Қароатӣ, Тафсири Нур, 1383ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.144
  10. Ҳусайнӣ, Оқибатбахайрӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.25
  11. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.289
  12. Ибни Халликон, Вафаёт-ул-аъён, Дор-ус-сақофа, ҷ.4, саҳ.47
  13. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.100-101
  14. Ҳусайнӣ, Оқибатбахайрӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.45-64

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Дониёрӣ, Муҳсин, و جایگاه عاقبت‌به‌خیری در آیات و روایات و ادعیه» («Аҳамият ва ҷойгоҳи оқибатбахайрӣ дар оёт ва ривоёт ва адъия»), Фаслномаи Раҳтӯша, вижаи рамазони 1443ҳ.қ., №9, 1401ҳ.ш.
  • Ибни Халликон, Аҳмад ибни Муҳаммад, Вафаёт-ул-аъён, Бейрут, Дор-ус-сақофа.
  • Иллийинӣ, Муҳаммад, در آموزه‌های اسلام» («Оқибатбахайрӣ дар омӯзаҳои исломӣ»), Нашрияи Раҳтӯша, вижаи рамазони 1442ҳ.қ., №5, 1400ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қароатӣ, Муҳсин, Тафсири Нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1388ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир ал-Қумӣ, Қум, Дор-ул-китоб, 1404ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Мишкоти ҳидоят, Қум, Интишороти мактабаи Имом Алӣ ибни Абутолиб (а), 1385ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амирулмуъминин (а), Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1386ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, муқаддимаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳ ала-л-ибод, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири қуръонии Меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми қуръонӣ, 1387ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), Теҳрон, Маншуроти Ҷаҳон, бетаърих.
  • Самадии Яздӣ, Алиакбар, از نگاه آیات و روایات» («Оқибатбахайрӣ аз нигоҳи оёт ва ривоёт»), Фаслномаи Раҳтӯша, вижаи муҳаррамулҳароми 1394ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
  • Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Тафсири Роҳнамо, Қум, Бӯстони китоб, 1386ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ, Сайид Ҳусайн, Оқибатбахайрӣ, Қум, Маркази пажӯҳишҳои исломии Садову симо, 1384ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ, Сайид Ҷавод, «اهمیت و جایگاه عاقبت‌به‌خیری در اسلام» («Аҳамият ва ҷойгоҳи оқибатбахайрӣ дар Ислом»), Нашрияи Посдори Ислом, №317, 1387ҳ.ш.
  • Шарифи Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷ-ул-балоға (ба тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ), Қум, Нашри Машҳур, 1379ҳ.ш.