Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Мақоми раъс-ул-Ҳусайн

Аз wikishia
Мақоми раъс-ул-Ҳусайн дар Қоҳира

Мақоми раъс-ул-Ҳусайн (а) (форсӣ: مقام رأس‌الحسین(ع)) ба маконҳое гуфта мешавад, ки бар асоси гузоришҳои таърихӣ ва ривоӣ, сари Имом Ҳусайн дар онҳо дафн шуда ё муддате нигаҳдорӣ шудааст. Карбало, Наҷаф, Кӯфа, Мадина, Димишқ, Асқалон, Қоҳира, Марв ва шаҳри ҳазрати Имом Соҳиб аз маконҳои мансуб ба дафни сари Имом Ҳусайн (а) ҳастанд. Ҳамчунин, маконҳое монанди Машҳадуннуқта дар шаҳри Ҳалаб ва Масҷиди Ҳаннона дар шаҳри Наҷаф, аз маҳалҳои мансуб ба нигаҳдории муваққати сари Имом Ҳусайн (а) дар масири интиқоли он аз Карбало ба Кӯфа ва Шом ба шумор мераванд.

Дар миёни гузоришҳои марбут ба дафни сари Имом Ҳусайн (а), дидгоҳи расондани он ба пайкари Имом дар Карбало дар арбаини соли 61 ҳиҷрӣ шуҳрати бештар дорад.

Таъриф ва ҷойгоҳ

Мақомҳои раъс-ул-Ҳусайн ба маконҳое гуфта мешавад, ки бар асоси баъзе гузоришҳои таърихӣ ва ривоӣ, сари Имом Ҳусайн (а) дар онҳо дафн ё муддате нигаҳдорӣ шудааст.[1] Бино ба гузоришҳои таърихӣ, сари Имом Ҳусайн (а) пас аз шаҳодат, аз Кӯфа ба Шом интиқол шуд ва дар масири интиқол ва мақсад, дар маконҳое нигаҳдорӣ шуд.[2]

Маконҳои мансуб ба дафни сари Имом Ҳусайн (а)

Дар бораи маҳалли дафни сари Имом Ҳусайн (а), гузоришҳои мутафовите вуҷуд дорад, аз ҷумла:

Карбало

Бисёре аз муаррихон ва андешмандони шиа ва аҳли суннат муътақиданд Язид сари Имом Ҳусайн (а)-ро ба Имом Саҷҷод (а) супорид ва он ҳазрат, сарро дар арбаъини соли 61 ҳиҷрӣ ба Карбало бурд ва ба бадани Имом Ҳусайн (а) расонда ҳамроҳи он дафн намуд.[3] Шайхи Садуқ,[4] Сайиди Муртазо,[5] Ибни Шаҳрошуб,[6] Фаттоли Нишопурӣ,[7] Сайид ибни Товус,[8] Аллома Маҷлисӣ,[9] Ибни Намoи Ҳиллӣ[10] ва Сибт ибни Ҷавзӣ[11] аз тарафдорони ин назарияанд. Аллома Маҷлисӣ ин қавлро машҳур миёни уламои имомия донистааст.[12] Баъзе низ истиҳбоби зиёрати Имом Ҳусайн дар рӯзи арбаинро бо ин гузориш марбут донистаанд.[13]

Наҷаф

Бар асоси ривоёте, ки Абон ибни Тағлиб, Юнус ибни Забён ва Язид ибни Умар ибни Талҳа аз Имом Содиқ (а) нақл кардаанд, он ҳазрат ҳангоми зиёрати қабри Имом Алӣ (а) ду намоз хонд ва дар посух ба иллати он гуфт, ки яке барои Имом Алӣ (а) ва дигаре барои сари Имом Ҳусайн (а) аст, ки дар канори қабри Имом Алӣ (а) дафн шудааст.[14] Аллома Маҷлисӣ низ бо истиндод ба ин ривоёт, сари Имом Ҳусайн (а) ва пайкари Одам (а), Нӯҳ (а), Ҳуд (а) ва Солеҳ (а)-ро дафншуда дар канори марқади Имом Алӣ (а) дониста ва зиёрати ҳамаи онҳоро пас аз зиёрати Имом Алӣ (а) шоиста шумурдааст.[15] Албатта баъзе таърихпажӯҳон ин ривоётро аз назари санад ва муҳтаво нақд карда[16] ва гуфтаанд уламои шиа ба мазмуни онҳо эътимод накардаанд.[17] Дар муқобил, баъзе пажӯҳишгарон, ин қавлро бо таваҷҷуҳ ба ривоёт, мақбул дониста ва бо таваҷҷуҳ ба шуҳрати дафни сар дар Карбало, таъйини қатъии маҳалли дафни онро душвор донистаанд.[18]

Кӯфа

Сибт ибни Ҷавзӣ нақл кардааст, ки Амр ибни Ҳурайс Махзумӣ сари Имом Ҳусайнро аз Ибни Зиёд гирифт ва дар хонаи худ дар Кӯфа ки ба «Дор-ул-хазз» маъруф буд, дафн кард.[19]

Мадина

Бар асоси гузориши баъзе аз муаррихони аҳли суннат, Язид сари Имом Ҳусайн (а)-ро барои Амр ибни Саид, волии Мадина, фиристод, то онро ба мардум нишон диҳад ва Абдуллоҳ ибни Зубайрро битарсонад. Волии Мадина сарро кафан кард ва дар канори қабри Фотимаи Заҳро (а) дар Бақеъ дафн кард.[20] Баъзе низ навиштаанд, ки волии Мадина сарро назди Банӣ Ҳошим фиристод ва онҳо онро дар Бақеъ дафн карданд.[21]

Димишқ

Зариҳи раъс-ул-Ҳусайн дар Масҷиди ҷомеи умавӣ

Бар асоси гузорише, сарҳои шаҳидони Карбалоро се рӯз бар дор овехтанд ва сипас поён оварданд. Сари Имом Ҳусайн (а) муддате дар хазинаи Димишқ нигаҳдорӣ шуд то ин ки Сулаймон ибни Абдулмалик онро дар қабристони мусулмонон дафн кард.[22] Дар гузоришҳои дигар, Дор-ул-амораи Димишқ, мақбараи Муовия,[23] дарвозаи Фародис ва Масҷиди ҷомеи умавӣ низ маҳалли дафни сар дониста шудаанд.[24] Сибт ибни Ҷавзӣ аз Ибни Асокир нақл кардааст, ки Язид, сари Имом Ҳусайн (а)-ро барои хонадони Абимуъайт ба ивази сари Усмон ибни Аффон фиристод ва онҳо онро дар хонае дафн карданд, ки баъдҳо бахше аз масҷиди ҷомеъ шуд.[25]

Зиёратгоҳи раъс-ул-Ҳусайн дар Фаластин

Асқалон

Бар асоси баъзе гузоришҳо, гурӯҳе аз аҳолии Асқалон аз Язид хостанд сари Имом Ҳусайн (а)-ро ба шаҳри онҳо бифиристад. Онҳо сарро дафн карданд ва бар мазори он боргоҳе сохтанд.[26] Дар гузориши дигар омадааст, ки дар давраи Мустансир Биллоҳи Фотимӣ, шахсе дар хоб маҳалли дафни сарро дид ва Бадрулҷамолӣ дастури сохтани боргоҳе бар онро дод.[27]

Қоҳира

Бар асоси баъзе манбаъҳо, хулафои фотимӣ аз бими тасарруфи Асқалон ба дасти салибиён, сари Имом Ҳусайн (а)-ро ба Қоҳира интиқол дода ва дар он ҷо дафн карданд.[28] Сибт ибни Ҷавзӣ низ қавлеро нақл кардааст, ки сар аз Димишқ ба Асқалон ва сипас ба Қоҳира интиқол шуд ва дар он ҷо боргоҳе барои он сохтанд.[29]

Марв

Дар китоби Ниҳоят-ул-араб омадааст, ки Абумуслими Хуросонӣ пас аз тасаллут бар Димишқ, сари Имом Ҳусайн (а)-ро ба Марв бурд ва дар Дор-ул-амора дафн кард. Албатта Нувайрӣ худи ин гузоришро баид донистааст.[30]

Ҳазрати Имом Соҳиб

Дар шаҳри ҳазрати Имом Соҳиб дар вилояти Қундузи Афғонистон, зиёратгоҳе мансуб ба сари Имом Ҳусайн (а) вуҷуд дорад. Бар асоси сангнавиштаи вуруди он, сари Имом Ҳусайн (а) пас аз интиқол ба Асқалон, дар қарни шашуми қамарӣ ба Миср интиқол шуд; аммо гурӯҳе аз туркон онро ба Тухористон бурданд ва дар маҳалле ба номи Арҳанг дафн карданд[31]

Маконҳои нигаҳдории сари Имом Ҳусайн

Сахрае дар Машҳадуннуқта ки бинобар баъзе манбаъҳо чандин қатра аз хуни сари Имом Ҳусайн (а) бар он ҷорӣ шуда буд.
Зариҳи мақоми раъс-ул-Ҳусайн дар Масҷиди Ҳаннона

Бино ба гузоришҳои таърихӣ, сарҳои шаҳидони Карбало, аз ҷумла сари Имом Ҳусайн (а), ҳангоми интиқол аз Кӯфа ба Шом дар баъзе минтақаҳо барои муддате нигаҳдорӣ шудаанд. Аз ҷумлаи ин маконҳо метавон ба Тикрит, Водиюннахла, Мавсил, Нусайбин, Айнулварда, Ҳимс, Ҳамот, Баълбак[32] Масҷиди умавӣ дар Димишқ, Масҷиди Ҳаннона дар Наҷаф ишора кард.[33]

Машҳад-ун-нуқта

Масҷидуннуқта маконест дар шаҳри Ҳалаб ки бар асоси баъзе гузоришҳо, сари Имом Ҳусайн (а) ҳангоми интиқол аз Карбало ба Димишқ бар сахрае дар он қарор дода шуд ва чанд қатра хун аз он бар сахра чикид.[34] Баъдҳо бар ин сахра, зиёратгоҳе сохта шуд.[35]

Эзоҳ

  1. ↑ Гурӯҳе аз пажӯҳишгарон, Нигоҳе нав ба ҷараёни Ошуро, саҳ.364.
  2. ↑ Ҳусайнӣ Ҷалолӣ, Мазорот аҳл-ил-байт ва таърихуҳо, саҳ.270.
  3. ↑ Қозӣ Таботабоӣ, Таҳқиқ дар бораи аввалин арбаини ҳазрати Сайидушшуҳадо (а), саҳ.165; Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Шаҳодатномаи Имом Ҳусайн (а)..., саҳ.727; Гурӯҳе аз таърихпажӯҳон, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеи Сайидушшуҳадо, ҷ.2, саҳ.574 - 578 ва 587 - 589.
  4. ↑ Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, саҳ.168.
  5. ↑ Сайиди Муртазо, Расоил аш-Шариф ал-Муртазо, ҷ.3, саҳ.130.
  6. ↑ Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб Оли Абитолиб, ҷ.4, саҳ.77.
  7. ↑ Фаттоли Нишопурӣ, Равзат-ул-воизин, саҳ.192.
  8. ↑ Ибни Товус, ал-Луҳуф, саҳ.225.
  9. ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.45, саҳ.144 - 145.
  10. ↑ Ибни Намoи Ҳиллӣ, Мусир-ул-аҳзон, саҳ.157.
  11. ↑ Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, ҷ.2, саҳ.206.
  12. ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.45, саҳ.145.
  13. ↑ Оли Баҳрулъулум, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), саҳ.471 - 472.
  14. ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.4, саҳ.571 - 572; Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, саҳ.35 - 36.
  15. ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.100, саҳ.251.
  16. ↑ Гурӯҳе аз нависандагон, Нигоҳе нав ба ҷараёни Ошуро, саҳ.367 - 368; Гурӯҳе аз таърихпажӯҳон, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеи Сайидушшуҳадо, ҷ.2, саҳ.588.
  17. ↑ Гурӯҳе аз таърихпажӯҳон, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеи Сайидушшуҳадо, ҷ.2, саҳ.588.
  18. ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Шаҳодатномаи Имом Ҳусайн (а), саҳ.728.
  19. ↑ Сибти Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, ҷ.1, саҳ.191 - 192.
  20. ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, ҷ.10, саҳ.492 - 493; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, ҷ.8, саҳ.204.
  21. ↑ Нувайрӣ, Ниҳоят-ул-араб, ҷ.20, саҳ.480.
  22. ↑ Заҳабӣ, Таърих-ул-ислом, ҷ.5, саҳ.107; Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн, ҷ.2, саҳ.83.
  23. ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.3, саҳ.219.
  24. ↑ Гурӯҳе аз таърихпажӯҳон, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеи Сайидушшуҳадо, ҷ.2, саҳ.574 ва 587.
  25. ↑ Сибти Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, ҷ.2, саҳ.208.
  26. ↑ Petersen, Bones of Contention: Muslim Shrines in Palestine, p108-110; Умронӣ, ал-Анбо фи таърих-ил-хулафо, саҳ.54; Қазвинӣ, Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод, саҳ.222; Гурӯҳи нависандагон, Таърихи Имом Ҳусайн, ҷ.5, саҳ.553.
  27. ↑ Нувайрӣ, Ниҳоят-ул-араб, ҷ.20, саҳ.478.
  28. ↑ Ибни Абдуззоҳир, ар-Равзат-ул-баҳият-из-зоҳира, саҳ.30.
  29. ↑ Сибти Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, ҷ.2, саҳ.209.
  30. ↑ Нувайрӣ, Ниҳоят-ул-араб, ҷ.20, саҳ.477 - 481.
  31. ↑ Грутсбох, Ҷуғрофиёи шаҳрӣ дар Афғонистон, саҳ.101.
  32. ↑ Байзун, Мавсуат-ул-Карбало, ҷ.2, саҳ.334 - 338.
  33. ↑ Ҳусайнӣ Ҷалолӣ, Мазорот аҳл-ил-байт ва таърихуҳо, саҳ.236; Биниш, Бо корвони ҳусайнӣ, ҷ.5, саҳ.15; Хомаёр, «راس‌الحسین», ҷ.19, саҳ.190.
  34. ↑ Ҳусайнӣ Ҷалолӣ, Мазорот аҳл-ил-байт ва таърихуҳо, саҳ.236.
  35. ↑ ал-Ғаззӣ, Наҳр-уз-заҳаб, ҷ.2, саҳ.212.

Сарчашма

  • ал-Ғаззӣ, Комил Болӣ Ҳалабӣ, Наҳр-уз-заҳаб фи таърихи Ҳалаб, Ҳалаб, Дор-ул-қалам ал-арабӣ, 1411ҳ.қ.
  • Байзун, Лабиб, Мавсуат-ул-Карбало, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, бетаърих.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз-уз-Заркалӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1417ҳ.қ.
  • Биниш, Абдулҳусайн, Бо корвони ҳусайнӣ, Қум, Замзами Ҳидоят, 1386ҳ.ш.
  • Грутсбох, Эрвин, Ҷуғрофиёи шаҳрӣ дар Афғонистон, тарҷумаи Муҳсин Муҳсиниён, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1368ҳ.ш.
  • Гурӯҳе аз пажӯҳишгарон, Нигоҳе нав ба ҷараёни Ошуро, зери назари Сайид Алиризо Восеӣ, Қум, Бӯстони китоб, чопи ҳафтум, 1390ҳ.ш.
  • Гурӯҳе аз таърихпажӯҳон, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеи Сайидушшуҳадо, зери назари Маҳдӣ Пешвоӣ, Қум, Интишороти Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, чопи ёздаҳум, 1395ҳ.ш.
  • Гурӯҳи нависандагон, Таърихи Имом Ҳусайн (а), Теҳрон, Созмони пажӯҳиш ва барномарезӣ омӯзишӣ - Дафтари интишороти кумаки омӯзишӣ, 1378 - 1390ҳ.ш.
  • Заҳабӣ, Шамсуддин, Таърих-ул-ислом ва вафаёт-ул-машоҳир ва-л-аълом, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Абдуззоҳир, Абдуллоҳ, ар-Равзат-ул-баҳият-из-зоҳира фи хутат-ил-муъаррабат-ил-Қоҳира, Миср, Мактаба ад-Дор-ул-арабия ли-л-китоб, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, мусанниф Абдулҳусайн Аминӣ, Наҷаф, Дор-ул-муртазавия, 1356ҳ.қ.
  • Ибни Намои Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Мусир-ул-аҳзон, Бейрут, Дор-ул-улум, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Қузовуғлӣ, Тазкират-ул-хавос мин-ал-умма би-зикри хасоис-ил-аимма, Қум, Интишороти Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт, 1426ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиб Оли Абитолиб, муҳаққиқ Муҳаммадҳусайн Оштиёнӣ ва Ҳошим Расулӣ Маҳаллотӣ, Қум, Нашри Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қазвинӣ, Закариё ибни Муҳаммад, Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод, Бейрут, Дор содир, 1998.
  • Қозӣ Таботабоӣ, Муҳаммадалӣ, Таҳқиқ дар бораи аввалин арбаини ҳазрати Сайидушшуҳадо алайҳиссалом, Теҳрон, Созмони чоп ва интишори Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1383ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисат-ул-вафо, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Шаҳодатномаи Имом Ҳусайн бар пояи манбаъҳои муътабар баргирифта аз Донишномаи Имом Ҳусайн алайҳиссалом, Қум, Муассисаи Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Нувайрӣ, Аҳмад ибни Абдулваҳҳоб, Ниҳоят-ул-араб фи фунун-ил-адаб, Миср (Қоҳира), Вазорат-ус-сақофа ва-л-иршод-ил-қавмӣ, ал-Муассиса ал-мисрия ал-омма, бетаърих.
  • Оли Баҳрулъулум, Муҳаммадтақӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн алайҳиссалом, Бейрут, Дор аз-Заҳро, 1427ҳ.қ.
  • Сайиди Ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, ал-Малҳуф ало қатла-т-туфуф, муҳаққиқ Форс Табрезиён, Қум, Дор-ул-усват ли-т-тибоа ва-н-нашр, 1417ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Расоил аш-Шариф ал-Муртазо, Қум, нашри Дор-ул-Қуръон ал-карим, 1405ҳ.қ.
  • Фаттоли Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воизин, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1375ҳ.ш.
  • Хомаёр, Аҳмад, «راس‌الحسین» («Раъс-ул-Ҳусайн»), дар Донишномаи ҷаҳони ислом, ҷилди 19, Теҳрон, Бунёди Доират-ул-маорифи ҷаҳони Ислом, 1393ҳ.ш.
  • Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, Мақтал-ул-Ҳусайн, Қум, нашри Анвор-ул-ҳудо, 1423ҳ.қ.
  • Ҳусайнӣ Ҷалолӣ, Муҳаммадҳусайн, Мазорот аҳл-ил-байт ва таърихуҳо, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
  • Petersen, Andrew, Bones of Contention: Muslim Shrines in Palestine, Springer, Singapore, 2017.