Куллу явмин Ошуро
| Сӯгвории муҳаррам | |
|---|---|
Тасвири асри Ошӯро — яке аз осори наққошии Маҳмуди Фаршчиён | |
| Рӯйдодҳо | |
| Номаҳои кӯфиён ба Имом Ҳусайн (а) • Номаи Имом Ҳусайн (а) ба ашрофи Басра • Рӯзи Ошӯро • Воқеаи Карбало • Ошӯро аз нигоҳи омор • Рӯзшумори воқеаи Ошӯро • Асирони Карбало | |
| Шахсиятҳо | |
| Имом Ҳусайн (а) • Алиакбар • Алиасғар • Аббос ибни Алӣ • Ҳазрати Зайнаб (с) • Сукайна бинти Ҳусайн • Фотима бинти Ҳусайн • Муслим ибни Ақил • Шаҳидони Карбало • Асирони Карбало | |
| Маконҳо | |
| Ҳарами Имом Ҳусайн (а) • Талли Зайнабия • Ҳарами ҳазрати Аббос (а) • Гӯдоли қатлгоҳ • Байналҳарамайн • Наҳри Алқама | |
| Мавридҳо | |
| Тасуо • Ошӯро • Даҳаи муҳаррам • Арбаин • Даҳаи сафар | |
| Маросимҳо | |
| Марсияхонӣ • Навҳахонӣ • Таъзияхонӣ • Равзахонӣ • Занҷирзанӣ • Синазанӣ • Сақохона • Дастаи азодорӣ • Шоми ғарибон • Таштгузорӣ • Нахлгардонӣ • Қамазанӣ • Роҳпаймоии арбаин • Тобутгардонӣ • Маросими тобут | |
Куллу явмин Ошуро ва куллу арзин Карбало (арабӣ: کُلُّ یَومٍ عاشوراء و کُلُّ أرضٍ کَربَلاء тарҷума: Ҳамаи рӯзҳо Ошуро ва ҳамаи заминҳо Карбалост) ибораи маъруфест, ки ба Имом Содиқ (а) нисбат дода шуда ва гурӯҳе аз уламои дин низ дар суханони худ аз он истифода кардаанд. Бо ин ҳол, пажӯҳишгарон гуфтаанд, ки ин ҷумла дар ҳеҷ яке аз манбаъҳои ҳадисии шиа наомадааст.
Ба гуфтаи Имом Хумайнӣ, ин ибора баёнгари зарурати муборизаи ҳамешагӣ бо зулм аст. Муртазо Мутаҳҳарӣ, онро ба маънои доимӣ будани мубориза бо зулм ва эҳёи ҳақ дар тӯли таърих дониста, ва Сайид Алӣ Хоманаӣ тасреҳ карда, ки агар инсонҳо дар ҳар давра нақши худро ба дурустӣ анҷом диҳанд, ҳама чиз ба сомон хоҳад расид.
Таърихча
Мушаххас нест нахустин бор ибораи Куллу явмин Ошуро ва куллу арзин Карбало дар кадом сарчашма баён шудааст, аммо Муҳаммад ибни Саиди Санҳоҷии Бусирӣ (ваф.694ҳ.қ), ҷумлаи «Куллу явмин ва куллу арзин ли-карбӣ / Минҳуму Карбало ва Ошуро» (ба тоҷикӣ: Ҳар рӯзе ва ҳар сарзамине барои андуҳи ман аст, / Аммо аз ҳама бештар, Карбало ва Ошуро)-ро дар қасидаи худ маъруф ба Ҳамзия баён кардааст.[1] Ҳамчунин як байт дар қасидаи Роияи Абдулҳусайни Аъсам (ваф.1247ҳ.қ) ишора ба ҳамин мафҳум дорад: «Каанна кулла маконин Карбало ладо айни / Ва куллу замонин явму Ошуро» (ба тоҷикӣ: Гӯё ҳар маконе пеши чашмам Карбалост, / Ва ҳар замоне, рӯзи Ошуро).[2]
Ҳамчунин Алии Шариатӣ (ваф.1977) дар китоби Ҳусайн вориси Одам, ҷумлаи мазкурро ба Имом Содиқ (а) нисбат додааст.[3] Илова бар ин, ин ибора дар суханони баъзе аз уламои дин ба кор рафтааст. Имом Хумайнӣ дар суханрониҳо ва паёмҳои худ ин ибораро ба кор бурда,[4] ва низ Сайид Алӣ Хоманаӣ, бидуни он ки онро ҳадис бидонад, ба ин ибора ишора кардааст.[5] Муртазо Мутаҳҳарӣ низ (бидуни ишора ба ҳадис будан ё набудани ин ҷумла) дар зимни таҳлили ин матлаб, ки Имом Ҳусайн (а) барои эҳёи фикри исломӣ ҷанг кард ва тавонист ин фикрро дар дунё зинда кунад, баён мекунад ки 1300 сол аст, ки наҳзати ҳусайнӣ ҳар сол як пирӯзии нав ба даст меорад; яъне ҳар сол Ошурост ва маънии «куллу явмин Ошуро» ин аст, ки ҳар рӯз ба номи Имом Ҳусайн (а) бо зулм ва ботиле мубориза мешавад ва ҳаққу адолате эҳё мешавад.[6]
Манбаъ
Муҳаммад Сиҳҳатии Сардрӯдӣ, муаллифи осоре дар бораи Имом Ҳусайн (а), бар он аст ки ибораи «Куллу явмин Ошуро ва куллу арзин Карбало», на танҳо дар аҳодис наомада, балки мухолифи боварҳои шиаён аст; зеро ҳеҷ сарзамине арзиши Карбалоро надорад ва ҳеҷ рӯзе низ қобили муқоиса бо рӯзи Ошуро нест.[7] Аз ҳамин рӯ эҳтимол додааст, ки ин сухан аз зайдия сарчашма гирифта бошад.[8]
Тафсир
Имом Хумайнӣ дар суханони худ тасреҳ карда, ки мақсуд аз «Куллу явмин Ошуро ва куллу арзин Карбало», зарурати гиристани ҳамешагӣ бар мусибати Имом Ҳусайн (а) нест, балки муътақид аст ин ҷумла баёнгари зарурати муборизаи ҳамешагӣ бо зулм аст.[9] Ҳамчунин Муртазо Мутаҳҳарӣ дар шарҳу баёни пирӯзии воқеии Имом Ҳусайн (а) дар наҳзати Ошуро, мегӯяд ин наҳзат ҳамеша дар ҳоли касби пирӯзиҳои нав ба нав аст ва маънии «Куллу явмин Ошуро» ин аст, ки ҳар рӯз ба номи Имом Ҳусайн (а) бо зулм ва ботиле мубориза мешавад ва ҳақ ва адолате эҳё мешавад.[10] Сайид Алӣ Хоманаӣ низ ин ҷумларо чунин тафсир мекунад, ки «Дар ҳар даврае инсонҳо нақше доранд, ки агар он нақшро ба дурустӣ, дар лаҳзаи муносиб, дар замони худ ифо кунанд, ҳама чиз ба сомон хоҳад расид, миллатҳо рушд хоҳанд кард, инсоният густарда хоҳад шуд.»[11]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Қатифӣ, ар-Расоил-ул-аҳмадия, ҷ.2, саҳ.273; Амин, Аъён-уш-шиа, таҳқиқи Ҳасан Амин, ҷ.1, саҳ.652.
- ↑ Шуббар, Адаб-ут-тафф, ҷ.1, саҳ.12.
- ↑ Шариатӣ, Ҳусайн вориси Одам, саҳ.49.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, ҷ.9, саҳ.445; ҷ.10, саҳ.10 ва 122 ва 191 ва 315; ҷ.16, саҳ.151.
- ↑ «بیانات در مراسم مشترک دانشآموختگی دانشجویان دانشگاه امام حسین(ع)», Пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Ҳақ ва ботил (Маҷмуаи осор, ҷ.3), саҳ.434 - 435.
- ↑ Сиҳҳатии Сардрӯдӣ, «بازخوانیِ چند حدیث مشهور درباره عاشورا», саҳ.136 - 137.
- ↑ Сиҳҳатии Сардрӯдӣ, «بازخوانیِ چند حدیث مشهور درباره عاشورا», саҳ.137.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, ҷ.9, саҳ.445; ҷ.10, саҳ.10 ва 122 ва 315.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Ҳақ ва ботил (Маҷмуаи осор, ҷ.3), саҳ.434 - 435.
- ↑ «بیانات در مراسم مشترک دانشآموختگی دانشجویان دانشگاه امام حسین(ع)», Пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ.
Сарчашма
- Амин, Сайид Муҳсин, Аъён-уш-шиа, таҳқиқи Ҳасан Амин, Бейрут, Дор-ут-таоруф ли-л-матбуот, бетаърих.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.
- Қатифӣ, Аҳмад Оли Таъъон, ар-Расоил-ул-аҳмадия, таҳқиқи Дор ал-Мустафо (с) ли-эҳё-ит-турос, Қум, Дор ал-Мустафо ли-эҳё-ит-турос, 1419ҳ.қ.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Набарди ҳақ ва ботил (дар Маҷмуаи осор, ҷ.3), Теҳрон, Интишороти Садро, 1375ҳ.ш.
- Сиҳҳатии Сардрӯдӣ, Муҳаммад, «بازخوانیِ چند حدیث مشهور درباره عاشورا» (Бозхонии чанд ҳадиси маъруф дар бораи Ошуро), дар Маҷаллаи Улуми ҳадис, №26.
- Шариатӣ, Алӣ, Ҳусайн вориси Одам (дар Маҷмуаи осор, №19), Теҳрон, Интишороти Қалам, 1380.
- Шуббар, Ҷавод, Адаб-ут-тафф, Бейрут, Дор ал-Муртазо, 1409ҳ.қ.
- «بیانات در مراسم مشترک دانشآموختگی دانشجویان دانشگاه امام حسین(ع)» (Баёнот дар маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни Донишгоҳи Имом Ҳусайн (а)), Пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ.