Ҷаъфар писари Имом Ҳодӣ
Ин навиштор дар бораи Ҷаъфар ибни Алӣ маъруф ба Ҷаъфари каззоб аст. Барои дигар корбурдҳо, Ҷаъфар ибни Алӣро бибинед.
Ҷаъфар ибни Алӣ (даргузаштаи 271ҳ.қ.), маъруф ба Ҷаъфари каззоб фарзанди Имом Ҳодӣ (а) ва аз муддаиёни имомати баъд аз шаҳодати бародараш Имом Ҳасани Аскарӣ (а) буд; из ин рӯ, шиаёни дувоздаҳ имомӣ, вайро каззоб (дурӯғгӯ) лақаб доданд.
Ҷаъфар барои тасбити имомати худ, таваллуди Имоми Замон (аҷ)-ро инкор кард ва муддаии мероси Имом Аскарӣ шуд. Ҳамчунин мехост бар ҷанозаи имоми ёздаҳум намоз бихонад, аммо Имоми Замон монеи ӯ шуд.
Пайравони Ҷаъфарро ҳам ҷаъфария мегуфтанд. Онон дар бораи инки ӯ пас аз кадоми имом, ба имомат расидааст, ихтилоф доштанд. Бархе ӯро ҷонишини Имом Ҳодӣ (а), бархе ҷонишини Сайид Муҳаммад ва бархеи дигар ҷонишини Имом Аскарӣ (а) медонистанд.
Насаб ва лақабҳо
Ҷаъфар, фарзанди Имом Ҳодӣ (а), имоми даҳум ва бародари Имом Ҳасани Аскарӣ (а) имоми ёздаҳум аст.[1] Таърихи вилодати ӯ дар манобеъ зикр нашудааст, аммо бархе бо истидлол ба инки Имом Ҳасани Аскарӣ (а) аз ӯ бузургтар буда, гуфтаанд, пас аз соли 232 қамарӣ, ба дунё омадааст.[2] Ӯ дар соли 271 қамарӣ, дар Сомирро даргузашт ва дар хонаи падараш дафн шуд.[3] Маҳалли дафни ӯ дар Ҳарами Аскарияйн воқеъ шудааст.[4]
Шиаён ӯро ба хотири иддаои имомат, каззоб (бисёр дурӯғгӯ) лақаб додаанд.[5] Бино бар ривояте, Пайғамбар ӯро ба хотири иддаои дурӯғинаш дар имомат ба каззоб мулаққаб кард ва аз таваллуд ва аъмоле, ки аз ӯ сар хоҳад зад, хабар дод ва имоми шашумро Содиқ лақаб дод, то аз ӯ мутамойиз шавад.[6]
Ҳамчунин гуфтаанд, мулаққаб шудани ӯ ба каззоб, ба ҷиҳати иддаои ворис будан барои имоми ёздаҳум ва низ инкори вуҷуди фарзанде барои ӯ будааст.[7] Бо ин ҳама пайравонаш вайро закӣ (поку покиза) мехонданд.[8]
Кунияи Ҷаъфар, Абуабдулло буд,[9] вале ба хотири онки аз насли вай 120 фарзанд ба дунё омад, ба Абукаррайн низ мулаққаб буд.[10]
Ҷаъфарро ба зуққулхамр (зарф ва машки шароб) мулаққаб кардаанд; зеро ӯ ба шаробхорӣ муттаҳам буд.[11] Бархе эҳтимол додаанд, ки ин нисбат аз душмании байни шиаёни дувоздаҳимомӣ ва пайравони Ҷаъфар нашъат гирифта бошад;[12] чунонки пайравони Ҷаъфар низ ба Имом Аскарӣ (а) ва ёронаш нисбатҳои нораво медоданд.[13]
Иддаои имомат
Ҷаъфар пас аз шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ (а) иддаои имомат кард.[14] Дар бораи инки ӯ ҷонишини кадом имом аст, байни тарафдоронаш, ихтилофоте вуҷуд дошт.[15] Иддае Ҷаъфарро ҷонишини Имом Ҳодӣ[16] ва бархе ӯро ҷонишини бародараш Сайид Муҳаммад медонистанд, ки дар замони ҳаёти падараш аз дунё рафта буд. Онон мӯътақид буданд, ки Сайидмуҳаммад пас аз Имом Ҳодӣ имом будааст.[17] Гурӯҳе дигар ҳам вайро ҷонишини Имом Аскарӣ донистаанд.[18]
Ҷаъфар барои тасбити иддаои имомати худ иқдомоте анҷом дод, аммо ба гуфтаи Шайхи Муфид ҳеҷ як аз талошҳои ӯ натиҷа надод.[19] Бархе аз иқдомот ӯ иборат аст аз:
- Мехост бар ҷанозаи Имом Аскарӣ намози маййит бихонад, аммо Имоми Замон (аҷ), ки тифли хурдсол буд, вайро канор зад ва худ бар ҷанозаи падар намоз хонд.[20] Бархе аз нависандагон ин иқдоми Ҷаъфарро барои тасбити иддаои имомати худ донистаанд.[21]
- Муътамиди Аббосиро таҳрик кард, ки хонаи Имом Аскариро барои ёфтани фарзандаш ҷустуҷӯ кунад ва бо ҳамкории ӯ буд, ки яке аз канизони Имом Аскарӣ (а) зиндонӣ шуд.[22] Ин иқдоми Ҷаъфар, баъд аз он сурат гирифт, ки гурӯҳе аз қумиҳо барои дидор бо Имом Аскарӣ ба Сомирро рафта буданд ва бо хабари шаҳодати Имом Аскарӣ мувоҷеҳ шуданд[23] ва Ҷаъфарро ба унвони имоми баъд аз ӯ ба онон муаррифӣ карданд. Шайх Садуқ мегӯяд: онон бо пурсишҳое аз Ҷаъфар ӯро шоистаи имомат надонистанд ва посухҳои худро аз Имом Маҳдӣ дарёфт карданд.[24]
- Ҷаъфар баъд аз дафни Имом Ҳасани Аскарӣ (а), бо инки модари имом зинда буд, муддаии мероси имоми ёздаҳум шуд,[25] дар ҳоле ки бар асоси фиқҳи шиа дар сурате, ки яке аз табақаи аввал дар ирс мисли волидайн зинда бошад, ирс ба табақаи дувум мисли бародар намерасад.[26]
- Ҳозир шуд солиёна маблағе ба ҳукумати вақт бидиҳад, то имомати ӯро таъйид кунад.[27]
Мавзеи шиаён
Ба гуфтаи Шайхи Садуқ, шиаён, Ҷаъфарро ба шеваҳои мухталифе озмуданад.[28] Онҳо иддаои имомати Ҷаъфарро рад карданд ва ӯро шоистаи ин мансаб надиданд.[29] Онон ҳамчунин дар ради иддаои Ҷаъфар, ба аҳодисе, ки дар ради фатаҳия буд низ истинод мекарданд.[30] Бар асоси ин ривоёт имомат ҷуз дар мавриди Ҳасанайн, дар ду бародар ҷоиз нест.[31]
Хусусиёт
Дар манобеъ, Ҷаъфар, фарди хатокору фосиқе муаррифӣ шудааст.[32] Ба гузориши Шайхи Тӯсӣ дар китоби ал-Ғайбат, Имом Ҳодӣ (а) ҳангоми таваллуди Ҷаъфар аз гумроҳии афроде ба василаи ӯ хабар дода буд.[33]
Дар ривояте аз Имоми Замон (аҷ), дар посух ба номаи яке аз шиаён, Ҷаъфар, фарде беитилоъ аз аҳкоми дин ва касе муаррифӣ шудааст, ки қодир ба ташхиси ҳалол аз ҳаром нест. Бар асоси ин ривоят, Ҷаъфар барои ёдгирии сеҳр, 40 шабонарӯз намози худро тарк кардааст.[34]
Ҳамчунин гуфтаанд Ҷаъфар аз Форис ибни Ҳотам (фосид ва мӯътақид ба ғулув) ҷонибдорӣ кард, дар ҳоле ки Имом Ҳодӣ (а) Форисро лаън ва фармони қатлашро содир карда буд.[35]
Тавба
Гуфтаанд, ки Ҷаъфар пеш аз марг тавба кардааст.[36] Дар ин замина ба тавқеъе аз Имоми Замон (аҷ) ки дар он кори Ҷаъфарро ба амали бародарони Юсуф ташбеҳ кардааст,[37] истинод кардаанд.[38] Албатта бархе бо истинод ба суханони Шайхи Муфид дар хусуси иддаои имомати Ҷаъфар,[39] манзури Имоми Замон (аҷ)-ро дар ин тавқиъ, танҳо собиқа доштани гумроҳӣ дар фарзандони анбиё, донистаанд.[40]
Фирқаи ҷаъфария
Пайравони Ҷаъфар дар таърих ба ҷаъфария маъруфанд.[41] Албатта пеш аз ин унвони ҷаъфария бештар барои ишора ба пайравони Имом Ҷаъфари Содиқ ба кор мерафт.[42] Бар фарзандони Ҷаъфари Тайёр ва низ пайравони Ҷаъфар ибни Ҳарби Ҳамдонӣ (аз сарони мӯътазилаи даргузаштаи 236ҳ.қ.) ва Ҷаъфар ибни Мубашшири Сақафӣ (аз раисони мӯътазилаи Бағдод даргузштаи 234ҳ.қ.) ҳам гуфта мешуд.[43]
Фатаҳия, ки имомати ду бародарро қабул доштанд, ба Ҷаъфар руҷӯъ карданд.[44] Ба ҳамин ҷиҳат, Шайхи Садуқ, Ҷаъфарро имоми фатаҳияи дувум лақаб додааст.[45]
Пас аз даргузашти Ҷаъфар, бархе аз пайравонаш ба фарзанди ӯ, Абулҳасани Алӣ, ки нақиби аршади содоти Бағдод буд,[46] руҷӯъ карданд.[47] Бархеи дигар мӯътақид буданд, ки имомат байни Абулҳасан ва хоҳараш Фотима тақсим шуда ва пас аз он ду, ба дигар бозмондагони Ҷаъфар расидааст.[48] Саъд ибни Абдуллоҳи Ашъарӣ, китоби ал-Зиёъ фи-р-радди ала-л-Муҳаммадияти ва-л-Ҷаъфарияро дар радди ороъи фирқаи ҷаъфария навиштааст.[49] Алӣ ат-Тоҳин аз сардамдорони фирқаи ҷаъфария дониста шудааст.[50]
Фарзандони Ҷаъфарро, ба сабаби интисобашон ба Имом Ризо (а), Бану-р-Разӣ[51] ё Разавиюн[52] мегуфтанд. Шайхи Муфид гуфтааст, ки дар замони таълифи осораш ҳеҷ як аз фарзандони Ҷаъфарро наёфтааст, ки ба мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ напайваста бошад.[53] Бурайҳа, ҳамсари Муҳаммад ибни Мусои Мубарқаъ, ки мазори ӯ дар имомзода чиҳил ахтарони Қум қарор дорад духтари ӯст.[54]
Такнигорӣ
Китоби «Туҳри мутаҳҳар» дар татҳири Ҷаъфар ва радди инҳирофи ӯ навишта шудааст. Нависандаи китоб бисёре аз ривоёти мазамматкунандаи Ҷаъфарро сохтагӣ медонад. Дар ин китоб бархе аз иддаоҳои Ҷаъфар, аз боби тақия ва барои ҳифзи ҷони Имоми Замон арзёбӣ шудааст.[55]
Ҷусторҳои вобаста
Муҳаммад ибни Алӣ-л-Ҳодӣ(а) (Сайид Муҳаммад)
Эзоҳ
- ↑ Умрӣ, ал-Маҷдӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.134 - 135.
- ↑ Ҳушангӣ, “Ҷаъфар ибни Алӣ", саҳ.169.
- ↑ Умрӣ, ал-Маҷдӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.134 - 135.
- ↑ Қоидон, Атаботи олиёти Ироқ, 1387ҳ.ш., саҳ.206.
- ↑ Ибни Анба, Умдат-ут-толиб, 1417ҳ.қ., саҳ.180; Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404ҳ.қ., саҳ.95, понависи 1.
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.319 - 320.
- ↑ Баҳронӣ, Ҳилят-ул-аброр, 1411ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.90, понависи 3.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Аршӣ, Булуғ-ул-маром, 1939м., саҳ.51.
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404ҳ.қ., саҳ.95, понависи 1.
- ↑ Ибни Анба, Умдат-ут-толиб, 1417ҳ.қ., саҳ.180; Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404ҳ.қ., саҳ.95, понависи 1.
- ↑ Умрӣ, ал-Маҷдӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.131.
- ↑ Саидӣ, “Ҷаъфар ибни Алӣ», ҷ.1, саҳ.4700.
- ↑ Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.113; Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.199 - 200.
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.319.
- ↑ Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.102-116.
- ↑ Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.101.
- ↑ Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.112.
- ↑ Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.101.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.337.
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.475.
- ↑ Абулҳусайнӣ, «Маҳдӣ аз нигоҳи аҳли суннат», саҳ.84.
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.475.
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.475.
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.475.
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.43.
- ↑ Насируддини Тӯсӣ, Ҷавоҳир-ул-фароиз, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.19.
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.43 - 44.
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.476.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.84 - 85.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.84.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.285-286; Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.414-417.
- ↑ Умрӣ, ал-Маҷдӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.131, 136.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.226-227.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.50, саҳ.228-231.
- ↑ Ибни Қуббаи Розӣ, ан-Нақз, 1375ҳ.ш., с.200 ба нақл аз Саидӣ, “Ҷаъфар ибни Алӣ», ҷ.1, саҳ.4700.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Умрӣ, ал-Маҷдӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.130.
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.484 (أما سبیل عمی جعفر فسبيل إخوة يوسف).
- ↑ Ибни Анба, Умдат-ут-толиб, 1417ҳ.қ., саҳ.180, понавис; Баҳронӣ, Ҳилят-ул-аброр, 1411ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.90, понависи 3; Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404ҳ.қ., саҳ.95, понависи 1.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-ашара, 1413ҳ.қ., саҳ.61 - 62.
- ↑ Саидӣ, “Ҷаъфар ибни Алӣ», ҷ.1, саҳ.4700.
- ↑ Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.101; Фахри Розӣ, Эътиқодоту фирақ-ил-муслимин ва-л-мушрикин, 1413ҳ.қ., саҳ.43.
- ↑ Мударрисӣ Таботабоӣ, Мактаб дар фроянди такомул, 1375ҳ.ш., саҳ.115 ба нақл аз Саидӣ, “Ҷаъфар ибни Алӣ», ҷ.1, саҳ.4700.
- ↑ Самъонӣ, ал-Ансоб, 1382ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.290.
- ↑ Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.110.
- ↑ Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.65.
- ↑ Фахри Розӣ, аш-Шаҷарат-ул-муборака, 1419ҳ.қ., саҳ.93.
- ↑ Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.200.
- ↑ Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.200.
- ↑ Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.177.
- ↑ Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.199 - 200.
- ↑ Умрӣ, ал-Маҷдӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.134.
- ↑ Ибни Анба, Умдат-ут-толиб, 1417ҳ.қ., саҳ.180.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-ашара, 1413ҳ.қ., саҳ.65.
- ↑ Фақиҳ Ҷалолии Баҳрулъулуми Гелонӣ, Муҳаммад Маҳдӣ, Анвори пароканда дар зикри аҳволи имомзодагон ва буқоъи мутабаррикаи Эрон, ҷ.1, саҳ.437.
- ↑ «Туҳри мутаҳҳар дар дифоъ аз амуи Имоми Замон (аҷ)», хабаргузории Икно.
Сарчашма
- Ибни Анбаи Ҳасанӣ, Умдат-ут-толиб фи ансоби Оли Абитолиб, Қум, Ансориён, 1417ҳ.қ.
- Ибни Қуббаи Розӣ, ан-Нақз ала Абилҳасан Алӣ ибни Аҳмад ибни Башшор фи ал-Ғайбат, дар Ҳусайн Мударрисии Таботабоӣ, Мактаб дар фроянди такомул: назаре бар татаввури мабонии фикрии ташайюъ дар се қарни нахустин, тарҷума: Ҳошими Эзадпаноҳ, Ню-Ҷерсӣ 1375ҳ.ш.
- Абулҳасанӣ, Раҳим, «Маҳдӣ (алайҳиссалом) аз нигоҳи аҳли суннат», равоқи андеша, шумораи 18, хурдоди 1382ҳ.ш.
- Ашъарӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, маркази интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1360ҳ.ш.
- Баҳронӣ, Сайидҳошим ибни Сулаймон, Ҳилят-ул-аброр фи аҳволи Муҳаммад ва Олиҳ-ил-атҳор алайҳимуссалом, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, 1411ҳ.қ.
- Саидӣ, Фарида, Ҷаъфар ибни Алӣ дар донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.1.
- Самъонӣ, Абдукарим ибни Муҳаммад, таҳқиқ: Абдурраҳмон ибни Яҳёи ал-Муаллимӣ ал-Ямонӣ, Ҳайдаробод, маҷлиси доиратулмаъорифил-усмония, 1382ҳ.қ./1962м.
- Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, таҳқиқ: Муҳаммад Бадрон, Қум, ал-Шариф ал-Разӣ, 1364ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Исломия, 1395ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1403ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, тасҳеҳ: муассисаи Олулбайт, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-ашара фи-л-ғайбат, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайбат, тасҳеҳ: Ибодуллоҳи Теҳронӣ ва Алиаҳмади Носеҳ, Қум, Дорулмаъорифил-исломия, 1411ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Насриддин Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ҷавоҳир-ул-фароиз, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, Қум, 1426ҳ.қ.
- Аршӣ, Ҳусайн ибни Аҳмад, Булуғ-ул-маром фи шарҳи миск-ил-хитом фи ман тавалло мулакал-яман мин мулкуин ва имом, чопи Инситос Марӣ Карамлӣ, Қоҳира, 1939м.
- Умрӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Маҷдӣ фи ансоб-ит-толибин, чопи Аҳмад Маҳдавии Домғонӣ, Қум, 1409ҳ.қ.
- Фахри розӣ, Муҳаммад ибни Умар, аш-Шаҷарат-ул-муборака фи ансоб-ит-толибия, Қум, мактабат оятуллоҳил Маръашӣ ал-Наҷафӣ, 1419ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Эътиқодот ва фирақ-ил-муслимин ва-л-мушрикин, Муҳаммад Зинҳум, мактабат Мадбулӣ, Қоҳира, 1413ҳ.қ.
- Қоидон, Асғар, Атаботи олиёти Ироқ, Теҳрон, Машъар, 1387ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
- Мударрисии Таботабоӣ, Ҳусайн, Мактаб дар фароянди такомул: назаре бар татаввури мабонии фикрии ташайюъ дар се қарни нахустин, тарҷума: Ҳошими Эзадпаноҳ, Ню-Ҷерсӣ 1375ҳ.ш.
- Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, Қум, муассисат алнашрул исломия алтобиъа лиҷамоъатил мударрисин би-Қумил мушаррафа, 1365ҳ.ш.
- Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мусо, Фирақ-уш-шиъа, Бейрут, Дорулазвоъ, Бейрут, 1404ҳ.қ.
- «Туҳри мутаҳҳар дар дифоъ аз амми Имоми Замон (аҷ)», хабаргузории Икно, интишор 22 хурдоди 1396ҳ.ш., бозбинӣ 14 озари 1397ҳ.ш.
- Фақиҳ Муҳаммадии Ҷалолии Баҳрулъулуми Гелонӣ, Муҳаммад Маҳдӣ, Анвори пароканда дар зикри аҳволи имомзодагон ва буқоъи мутабаррикаи Эрон, Қум, интишороти масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, чопи аввал, 1376ҳ.ш.