Абулъос ибни Рабиъ

Аз wikishia
Абулъос ибни Рабиъ
Номи комилАбулъос ибни Рабиъ ибни Абдулъуззо ибни Абдушамс ибни Абдуманоф
КунияАбулъос
Маҳалли зиндагӣМакка/Мадина
ЗодгоҳМакка
ХешовандонҲазрати Хадиҷа (хола), Зайнаб духтари Пайғамбар (с) (ҳамсар), Умома (духтар)


Абулъос ибни Рабиъ (арабӣ: اَبوالْعاص بن رَبیع) (ваф.12ҳ.қ.) ки бо номи Лақит ибни Рабиъ низ шинохта мешавад, домоди Пайғамбар (с), хоҳарзодаи Хадиҷа ва ҳамсари Зайнаб духтари Расул Худо будааст.

Абулъос пеш аз беъсат бо Зайнаб духтари Пайғамбар издивоҷ кард ва ҳангоме ки ҳазрати Муҳаммад (с) ба пайғамбарӣ мабъус шуд, мушрикони Қурайш аз ӯ хостанд ки ҳамсарашро талоқ бидиҳад, аммо ӯ напазируфт бо ин ҳол нагузошт, ки Зайнаб ҳамроҳи мусулмонон ба Мадина ҳиҷрат кунад то ин ки дар ҷанги Бадр ба асорати мусулмонон даромад ва бар асоси таъаҳҳуде ки ба Пайғамбар (с) дода буд, Зайнабро ба Мадина фиристод.

Ӯ дар соли 6 қамарӣ ислом оварад ва ба Мадина муҳоҷират кард ва бо ҳамон ақди пешин бо Зайнаб зиндагӣ кард. Умома ҳамсари Имом Алӣ (а) духтари Абулъос ва Зайнаб аст.

Муаррифӣ

Абулъос ибни Рабиъ ибни Абдулъуззо ибни Абдушамс ибни Абдуманоф аз қабилаи Қурайш, хоҳарзодаи ҳазрати Хадиҷа ва ҳамсари Зайнаб духтари Пайғамбар буд.[1] Абулъос кунияи ӯст. Ба гуфтаи ибни Абдулбарр, саҳобанигор қарни панҷуми қамарӣ, аз ӯ бештар бо номи Лақит ёд шудааст.[2] Бо ин ҳол, номи ӯро Қосим[3] ё Муқассим,[4] ва Ҳашим ё Муҳашшим низ гуфтаанд.[5]

Абулъос, бозаргон, сарватманд, амонатдор ва аз машоҳири Макка буд.[6] Ҳангоме ки Пайғамбар ба набувват мабъус шуд, мушрикони Қурайш дар садади озору азияти ӯ баромаданд ва аз Утба ибни Абилаҳаб ва Абулъос хостанд то духтарони Пайғамбарро талоқ бидиҳанд; Абулъос бар хилофи Утба, дархости ононро напазируфт.[7] Пайғамбар низ аз ӯ ба некӣ ёд мекард.[8]

Абулъос дар соли 12 қамарӣ даргузашт.[9]

Асорат ба дасти мусулмонон

Абулъос пеш аз беъсат, бо Зайнаб духтари Пайғамбар, издивоҷ кард.[10] Пас аз беъсат, бо он ки Хадиҷа ва духтаронаш имон овараданд, Абулъос ислом наёвард.[11] Ба гузориши Муқаддасӣ, Пайғамбари Акрам (с) пас аз ҳиҷрат ба Мадина, Абурофеъ ва Зайд ибни Ҳорисаро ба Макка фиристод то духтаронашро ба Мадина биоваранд; аммо Абулъос, иҷоза надод Зайнаб ба Мадина баравад.[12]

Абулъос дар ғазваи Бадр дар сафи мушрикон ҳузур дошт ва ба асорати мусулмонон даромад.[13] Ҳангоме ки мардуми Макка барои озодии асирон фидя пардохтанд, Зайнаб ҳам фидяе барои Абулъос ба Мадина фиристод ки зимни он гарданбанде аз они Хадиҷа буд. Гуфтаанд ки чун чашми Пайғамбар (с) бар он афтод, мутаъассир шуд ва пас аз касби мувофиқати мусулмонон, Абулъосро озод сохт ва амволи Зайнабро пас фиристод ва аз Абулъос паймон гирифт, ки Зайнабро озод гузорад.[14] Ӯ низ пас аз бозгашт ба Макка, Зайнабро ҳамроҳ бо ёрони Пайғамбар (с) ба Мадина фиристод.[15] Бо ин ҳол ривояте вуҷуд дорад, ки бар асоси он Зайнаб, ҳамроҳи Пайғамбар ба Мадина муҳоҷират кардааст.[16]

Мусулмон шудан

Абулъос дар соли 6 қамарӣ, пас аз паноҳ бурдан ба Зайнаб, ҳамсари қаблиаш ва духтари ҳазрати Муҳаммад (с), мусулмон шуд.[17] Ӯ дар ҷамодиюлаввали соли 6 қамарӣ ҳамроҳ бо корвоне аз Қурайш барои тиҷорат роҳии Шом шуда буд[18] ва дар роҳи бозгашт, миёни онон ва мусулмонон ба фармондеҳии Зайд ибни Ҳориса, сарияе рух дод, бархе аз корвонён гурехтанд ва бархе дигар асири мусулмонон шуданд. Абулъос гурехт ва худро шабона ба Мадина расонад ва ба Зайнаб духтари расули Худо паноҳанда шуд. Зайнаб ӯро паноҳ дод, вале хабари онро дар масҷид дар ҳузури мусулмонон ба итилоъи Пайғамбар (с) расонад. Пайғамбар (с) паноҳандагии Зайнабро пазируфт ва дастур дод амволи корвонро бозгардонанд аммо ба ӯ гуфт то замоне, ки Абулъос мушрик бошад бар ӯ ҳалол нахоҳад буд. Абулъос ҳамроҳ бо амвол ба Макка бозгашт ва зимни бозгардондани амвол, шаҳодатайнро бар забон ҷорӣ кард ва хабар дод, ки дар Мадина ба Ислом гиравидааст.[19]

Абулъос пас аз чанде ба Мадина бозгашт ва Пайғамбар (с) дар муҳаррами соли 7 қамарӣ Зайнабро бо ҳамон ақди заношӯии пешин назд ӯ фиристод.[20] Ҳарчанд баъзе гуфтаанд ки Зайнаб бо никоҳи дубора ба ҳамсарии Абулъос даромад.[21]

Зайнаб барои Абулъос писаре ба номи Алӣ ва духтаре ба номи Умома ба дунё оварад.[22] Умома пас аз шаҳодати ҳазрати Заҳро,[23] бино ба суфориши он ҳазрат, бо Имом Алӣ (а), нахустин имоми шиаён, издивоҷ кард[24] ва Муҳаммади Авсатро барои ӯ ба дунё оварад.[25]

Эзоҳ

  1. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.222
  2. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1701
  3. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.222
  4. Ибни Қутайба, ал-Маориф, 1969, саҳ.141
  5. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1701
  6. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.651
  7. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.652
  8. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.652
  9. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.222
  10. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.25
  11. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.652
  12. Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабат-ус-сақофат-ид-динийя, ҷ.5, саҳ.18
  13. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.652 - 653
  14. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.653; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.26
  15. Ниг.: ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.653
  16. Ниг.: Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.26
  17. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.553 ва 554
  18. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.553; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м, ҷ.1, саҳ.377, 398
  19. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.553 ва 554
  20. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.554; ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.659; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.27
  21. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.222
  22. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.130; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.25
  23. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.25
  24. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.222
  25. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.397

Сарчашма

  • Балозурӣ, Аҳмад ибни яҳё, Ансоб-ул-ашроф, ба кӯшиши Муҳаммад Ҳамидуллоҳ, Қоҳира, бе но, 1959м.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, ба кӯшиши Морсиден Ҷонес, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоу фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқ: Алӣ Муҳаммади Баҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усуд-ул-ғоба, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, дори содир, 1385ҳ.қ./1965м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маориф, ба кӯшиши Сирват Акоша, Қоҳира, бе но, 1969м.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, ба кӯшиши Мустафо Саққо ва дигарон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бе то.
  • Муқаддасӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бурсаъид, Мактабат-ус-сақофат-ид-динийя, бе то