Jump to content

Тақрири маъсум

Аз wikishia

Бо тақрирнависӣ иштибоҳ нашавад.

Тақрири маъсум, сукути маъсум (а) дар баробари гуфтор ё рафторе аст, ки дар ҳузураш анҷом мешавад ва нишонаи адами мухолифат ӯ бо он аст. Тақрири маъсум дар канори қавл ва феъли маъсум зермаҷмӯаи суннат қарор мегирад, ки аз яке аз манобеи чаҳоргонаи истинботи аҳком исломӣ аст. Аз назари шиа, тақрири маъсум тақрири Пайғамбари Ислом (с), ҳазрати Фотима (с) ва имомони дувоздаҳгона (а)-ро шомил мешавад.

Ба гуфтаи усулиён, тақрири маъсум дар шароити хоссе ҳуҷҷият дорад, ки аз он миён, тавваҷуҳи маъсум ба амали анҷомшуда ва имкони изҳориназри ӯ дар бораи он аст. Далели ҳуҷҷияти тақрир ҳам яке ин баён шуда аст, ки бар имом воҷиб аст бо мункар бархӯрд кунад ва тарки ин кор бо исмати ӯ мунофот дорад.

Маъношиносӣ

«Тақрири маъсум» иборат аст аз сукути маъсум (а) дар баробари гуфтор ва рафторе, ки дар ҳузури ӯ матраҳ мешавад.[1] Дар илми усули фиқҳ, тақрири маъсум бо шароите, далолат бар ҷоиз будан ё сиҳҳати гуфтор ё рафторе дорад, ки назди ӯ баён ё амал шудааст;[2] бо ин далел, ки маъсум муваззаф аст хатокорро аз анҷоми мункар боз дорад ва агар ноогоҳ аст, ба вай роҳи дурустро нишон диҳад.[3]

Барои намуна, агар шахсе дар ҳузури маъсум вузӯъ бигирад ва маъсум онро бибинаду сухане нагӯяд, ин сукутро тақрири маъсум мегӯянд ва онро нишонаи дуруст будани чунин вузӯе медонанд.[4] Тақрир дар луғат ба маънои иқрор, тасвиб ва имзо кардан аст.[5]

Ҷойгоҳ

Тақрири маъсум (а) аз мавзӯоти илми усул аст[6] ва монанди гуфтор ва рафтори маъсум, зермаҷмӯаи суннат қарор мегирад.[7] Суннат дар канори Қуръон, ақл ва иҷмоъ, яке аз чаҳор манбаи аслии истинботи аҳкоми динӣ аст.[8]

Тақрир ба шиа ихтисос надорад. Аҳли суннат ҳам барои истинботи аҳкоми фиқҳӣ, ба он истинод мекунанд.[9] Шиаён, тақрири Пайғамбар (с), ҳазрати Фотима (с) ва имомони дувоздаҳгонаро ҳуҷҷат медонанд,[10] аммо дар мазҳаби аҳли суннат, тақрири Расули Худо (с) ҳуҷҷат дониста мешавад.[11] Бар асоси назари бархе аз уламои аҳли суннат, тақрири халифаи аввалу дувум ва тибқи дидгоҳи бархеи дигар, тақрири ҳамаи асҳоби Пайғамбар (с) ҳуҷҷат аст.[12]

Далоили ҳуҷҷияти тақрири маъсум

Барои исботи ҳуҷҷияти тақрири маъсум далоиле матраҳ шудааст: бархе гуфтаанд ҷойгоҳи маъсумон (а) нишондиҳандаи он аст, ки онон дар садади муроқибат аз аҳдофи динӣ ҳастанд. Бинобарин, набояд дар муқобили амал ё гуфтори ғайридинӣ сукут кунанд.[13]

Гурӯҳе низ истидлол кардаанд, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бар маъсум воҷиб аст. Аз онҷо ки ҳеҷ гоҳ аз маъсум тарки воҷиб сар намезанад, сукути ӯ, дар баробари рафтор ё гуфторе, ки имкони ироаи назар дар бораи он вуҷуд дорад, далолат мекунад, ки он амал ё гуфтор, ҷоиз ё саҳеҳ будааст.[14]

Анвоъи тақрир

Дар бархе аз навиштаҳои усулӣ, тақрир - баста ба амале, ки сукут дар баробари он анҷом мешавад ба ду навъи феълӣ ва гуфторӣ (ё ҳукмӣ) тақсим шуда[15] ва дар бархеи дигар, тақрири ақидатӣ ба ин ду қисм афзуда шудааст;[16] яъне шахсе дорои эътиқодоти вижа дар бораи масоиле ҳамчун Худо, маод ва монанди онҳо бошад ва ба ҳузури маъсум бирасаду маъсум дар муқобили ин эътиқодот сукут кунад.[17]

Шароити ҳуҷҷияти тақрир

Усулиён, сукути маъсум дар баробари як рафтор ё гуфторро дар сурати бархӯрдорӣ аз шароити зер ҳуҷҷат медонанд:

  • Маъсум ба гуфтор ва рафторе, ки дар баробараш анҷом мешавад, огоҳӣ ва тавваҷуҳ дошта бошад.[18]
  • Барои маъсум (а) имкони изҳориназр вуҷуд дошта бошад. Барои мисол, фарде, ки рафтореро дар ҳузури маъсум анҷом дода, билофосила онҷоро тарк накарда бошад.[19]
  • Барои маъсум монеъе дар изҳориназр вуҷуд надошта бошад. Масалан имом ба сабаби тарс аз ҷони худ ё шиаёнаш ночор ба сукут набошад.[20]
  • Маъсум қабл аз сукут, сухане дар радди он рафтор ё гуфтор нагуфта бошад.[21]

Эзоҳ

  1. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, Исмоилиён, ҷ.3, саҳ.66.
  2. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, Исмоилиён, ҷ.3, саҳ.66.
  3. Ширвонӣ, Таҳрири усули фиқҳ, 1385ҳ.ш., саҳ.210–211/ Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, Исмоилиён, ҷ.3, саҳ.66.
  4. Асғарӣ, Усул-ул-фиқҳ бо шарҳи форсӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.133.
  5. Асғарӣ, Усул-ул-фиқҳ бо шарҳи форсӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.133.
  6. Баҳронӣ, Шарҳ-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.15.
  7. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, Исмоилиён, ҷ.3, саҳ.61.
  8. Муҳаммадӣ, Шарҳи усули фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.285/ Шаҳобӣ, Тақрироти усул, 1321ҳ.ш., саҳ.15.
  9. Абушаҳба, ал-Васит фи улум ва мусталаҳ-ил-ҳадис, Дорулфикрилъарабӣ, ҷ.1, саҳ.204.
  10. Муҳаққиқи Домод, Мабоҳисе аз усули фиқҳ, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.45.
  11. Абушаҳба, ал-Васит фи улум ва мусталаҳ-ил-ҳадис, Дорулфикрилъарабӣ, ҷ.1, саҳ.204.
  12. Мусавии Буҷнурдӣ, Илми усул, 1379ҳ.ш., саҳ.286 - 287.
  13. Маркази иттилоот ва мадорики исломӣ, фарҳангномаи усули фиқҳ, 1389ҳ.ш., саҳ.399/ Шаҳраконӣ, ал-Муфид, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.91 - 93.
  14. Муҳаққиқи Домод, Мабоҳисе аз усули фиқҳ, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.48 - 50.
  15. Ширвонӣ, Таҳрири усули фиқҳ, 1385ҳ.ш., саҳ.211.
  16. Муҳаммадӣ, Шарҳи усули фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.111.
  17. Муҳаммадӣ, Шарҳи усули фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.111.
  18. Муҳаммадӣ, Шарҳи усули фиқҳ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.111 - 112.
  19. Асғарӣ, Усул-ул-фиқҳ бо шарҳи форсӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.133.
  20. Муҳаммадӣ, Шарҳи усули фиқҳ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.112.
  21. Нароқӣ, Анис-ул-муҷтаҳидин, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.334/ Нароқӣ, Таҷрид-ул-усул, 1384ҳ.ш., саҳ.71/ Ансорӣ, Хулосат-ул-қавонин, 1397ҳ.қ., саҳ.134.

Сарчашма

  • Абушаҳба, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Васит фи улум ва мусталаҳ-ил-ҳадис, Қоҳира, Дорулфикрилъарабӣ, бе то.
  • Асғарӣ, Абдуллоҳ, Усул-ул-фиқҳ (бо шарҳи форсӣ), Қум, чопи дувум, 1386ҳ.ш.
  • Ансорӣ, Аҳмад, Хулосат-ул-қавонин, Қум, ал-Матбаъатул-аъламия, чопи дувум, 1397ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Муҳаммад Санқур Алӣ, Шарҳ-ул-усули мин-ал-ҳалқат-ис-сония, Қум, нашри муаллиф, чопи сеюм, 1428ҳ.қ.
  • Шаҳобӣ, Маҳмуд, Тақрироти усул, Теҳрон, чопхонаи Ҳоҷи Муҳаммадалии Илмӣ, чопи ҳафтум, 1321ҳ.ш.
  • Шаҳраконӣ, Иброҳим Исмоил, ал-Муфид фи шарҳи усул-ил-фиқҳ, Қум, нашри Завилқурбо, 1430ҳ.қ.
  • Ширвонӣ, Алӣ, Таҳрири усули фиқҳ, Қум, Дорулъилм, чопи дувум, 1385ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Домод, Мустафо, Мабоҳисе аз усули фиқҳ, Теҳрон, маркази нашри улуми исломӣ, 1362ҳ.ш.
  • Муҳаммадӣ, Алӣ, Шарҳи усули фиқҳ, Қум, Дорулфикр, чопи даҳум, 1387ҳ.ш.
  • Маркази иттилоот ва мадорики исломӣ, Фарҳангномаи усули фиқҳ, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1389ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, Исмоилиён, бе то.
  • Мусавии Буҷнурдӣ, Муҳаммад, Илми усул, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1379ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ ибни Абузар, Анис-ул-муҷтаҳидин, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ ибни Абузар, Таҷрид-ул-усул, Қум, нашри Сайиди Муртазо, 1384ҳ.ш.